29.1 C
Душанбе
Руз 07-Июн 2023 Соат 22:06

Муҳоҷирони тоҷик назди бинои Бундестаги Олмон даст ба тазоҳурот заданд (аксу видео)

 

 

 

 

Муҳоҷирони тоҷики муқими Аврупо ба назди Бундестаги Олмон расиданд ва тазоҳурот дар арафаи оғозёбист.

Баъди анҷҷоми тазоҳурот дар назди СафоратиТоҷикистон дар Берлин таҷаммӯъи гирдиҳам омадагон ба Бундестаг, назди бинои парлумони Олмон рафтанд.

Илҳомҷон Ёқубов, роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи марказӣ ба хабарнигори Ислоҳ гуфт, ки бо супоридани як баёния аз Бундестаги Олмон ва дар умум кишварҳои Иттиҳоди Аврупо талаб мекунем, ки аз кӯмак ба режими Тоҷикистон худдорӣ намоянд.

“Маблағҳое, ки Иттиҳодияи Аврупо аз буҷаи давлатҳои аврупоӣ, институтҳои молӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд ва бузургтарин бонки Олмон KFW  барои рушди демократия дар Тоҷикистон интиқол меёбанд, баръакс, барои устувории низоми диктаторӣ, саркӯби дигарандешон ва аз байн бурдани озодии баёну афкор истифода мешавадва қисми зиёди ин маблағҳо аз ҷониби мансабдорони баландпоя дуздида мешаванд ва ё ғайри мақсаднок истифода мегарданд”. – гуфт Илҳомҷон Ёқубов.

а

жж

Мақолаҳои монанд

Моро пайгири кунед

1,434Мухлисонимисли
188,534муштариёнОбуна

МАҚОЛАҲОИ ОХИРИН