Муаззин (қисса)

Гадое, талбандае, ки дар назди дарвозаи масҷид нишастааст, аз зери либосҳои кӯҳнаву даридааш, куртаи сафеди оҳариаш маълум шуда меистад. Ӯ низ корманди амният аст, ки вазифаи худро иҷро мекунад. Киҳо ҳар рӯз ба масҷид меоянд, фарзанд меоранд, хайр мекунанд, чӣ тарз намоз мегузоранд…

Аз фурӯшандагони гулбозор доимо қарздор будам. Гулҳо ҷозибае доштанд магар, ки пулам набошад ҳам, аз наздашон мегузаштам ва албатта тубакеро, ки ба даст мегирифтам,дилам намехост ба ҷояш гузорам. Онҳо дафтари насянависй надоштанд, зеро ман барин фанатҳои  гул фиреб ҳам намекунанд. Гулҳои ранго ба ранг бо умед ба сӯям нигоҳ мекарданд, ки ба хонаам барам. Як рӯз бо мӯйсафеди гулпарвар хеле сӯҳбат кардем. Гулшиносӣ ҳам домани фарох доштааст.

 

Аз масҷиди назди бозор садои муаззин баромад, ки даъвати намоз дошт. Садо беҳад форам буд, гӯши дилро навозиш мекард, имонро ба хурӯш меовард, ки беихтиёр намозгузорон сӯйи масҷид роҳ мегирифтанд. Азони намоз он қадар дурудароз ҳам нест, аммо гумон кардам, ҳамин лаҳза тамоми шаҳр гӯшу ҳуш ба ҳамин сӯ дорад.
Аллоҳу акбар! Аллоҳу акбар! Мегуфт муаззин, ба мағз – мағзи зеҳнам бо маънояш садо ворид мешуд  ва ақлу имон гӯё якҷоя тасдиқ мекарданд.
Бале Худо бузург аст! Худо бузург аст!

 

Ман нафаҳмидам, ки мӯйсафеди гулфурӯш кай баромада рафт. Дари дукони калони пур аз гулро боз монда рафт. Ман наметавонистам аз он ҷо равам, зеро ақалан намедонам, ки ба ман каме нигоҳ карда ист гуфт, ё ба Худо амонат супориду рафт. Тахминан бист дақиқа интизор шудам. Фурӯшанда баргашт.

 

Бо ҳайрат пурсид:
– Магар нарафтед?
– Дукон кушода буду?!
– Доим кушода меравам. Мардум қимати гулро ҳанӯз дарк накардаанд. Ғизои маънавӣ буданашро, маданият афзуданашро намефаҳманд.
– Як тубак қиматашро дуздида равам ҳам касе намефаҳмид.
– Шумо намедуздед, наметавонед ҳам. Касе ки азони муаззинро бо рағбати тамом мешунавад, магар дуздӣ карда метавонад?!
– Воқеан, ин муаззин кӣ буд?

– Ин муаззин ронандаи як мошини мусофиркашон аст.
– Аммо тарзи талаффузаш хеле саводнок барин. Ҳатто метавонад ба шунаванда маънои даъвати намозро расонад.
– Охир ду донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карда аст. Даҳ соли умраш донишҷӯй буд, боз маҷистр ҳам хонд.
– Баъд бо ду диплом ронандаи мусофиркашон шуд?
Мӯйсафед хандид. То охир қисмати он муаззинро фаҳмидан мехостам.  Гулфурӯш гулҳои назди дарро ба даруни дӯкон гирифту дарро пӯшид, вақти рафтанаш ҳам буд ба фикрам. Як маънидор ба кунҷе нигоҳ карда, бобати соҳиби овози хуш ду-се ҷумла илова намуд:

Аввал Донишгоҳи шарқшиносиро хатм кард, сонӣ ба ҳуқуқшиносй ҳуҷҷат супорид. Маҷистрро хатм карду бо дархост рост ба Кумитаи амнияти миллӣ даъват шуд. Саводнокиаш хеле кор дод. Аввалин вазифае, ки наздаш гузошта шуд, бояд ба як муллои номдори шаҳр, ки мардум хеле эҳтиромаш доштанд, шогирд меистод. Шогирди хуб, ки шуд, ба боварии мулло, ки даромад, бояд ҳар қадам ашроф ба роҳбари кумита хабар меовард

 

Аммо омади кор азони кӯшишкарда не, азони такдиркарда аст. Роҳбари амният худаш бехабар монд, ки беҳтарин кормандашро ба “Ҳариф” месупорад. Аслан нафароне, ки амнияти мардумро таъмин мекунанд, ҳамин намояндагони дин ҳастанд, ки талқини сабру тоқат, мурувват, муросо ва дигар хислатҳои некро аз асолати рисолати паёмбар (с) ба мардум мерасонанд.

 

Хулоса, шогирди нав зуд бо мулло унс гирифту ба бовариаш даромад, вале дигар набаромад ҳам. Зиндагии шогирд ранги дигар гирифт, бештари вақташро бо шунидани амри маъруф мегузаронид, ҳар куҷо мулло даъват мешуд, наздики минбари даъват ӯ ҳам ҳозир буд

 

Яке аз беҳтаринхо дар қироати Қуръон ҳам шуд. Ҷавон қариб фаромӯш карда буд, ки корманди амният аст, аниқтараш мехост фаромӯш кунад. Фурсати иҷрои вазифа ба охир расиду ба идора бояд меомад, аммо ду-се рӯз дер кард. Баъд барои бори охир омад. Ҳуҷҷатҳояшро, шаходатномаашро рӯйи мизи роҳбар гузошт. Аризаи аз кор рафтанаш ҳам буд. Ҳамин тавр маҷрои зиндагиаш самти дигар гирифт. Муаззини беҳтарин аст. Худованд ризқ ҳам, обруй ҳам додааст.
Нақли гулфурӯш хеле таъсирнок буд

 

Ман ба ваҷд омадаму илова кардам:
– Дониш, ки дошт, зуд ҳидоят ёфт.
Мӯйсафед илова кард:
– Не, муаллима, ин ҷо гап дар сари дониш ҳам нест, зеро калиди ҳидоят дар дасти Парвардигор аст. Гадое, талбандае, ки дар назди дарвозаи масҷид нишастааст, аз зери либосҳои кӯҳнаву даридааш, куртаи сафеди оҳариаш маълум шуда меистад. Ӯ низ корманди амният аст, ки вазифаи худро иҷро мекунад. Киҳо ҳар рӯз ба масҷид меоянд, фарзанд меоранд, хайр мекунанд, чӣ тарз намоз мегузоранд…

…ин ҳамаро ба идораи амният хабар мебарад. “Гадо” ҳам ду диплом дорад, дониш дорад. Фаромӯш накунед, ки шайтон низ дониши фаровон дошт, лекин аз неъмати ҳидоят бенасиб монд.

 

Дуруст мегуфт гулфурӯш. Он нақлу он овози муаззин то ҳанӯзам дар мағзи хотираҳо боқист. Худованд аз ганҷи ҳидоят бенасибамон накунад.

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад