Мулло Абдураҳим: «Раҳмонов номи Кулобро ҳаром кард»

Ислоҳ нет

ёде аз солгарди ҳамла ба дидбонгоҳи (заставаи) 12

30 сол муқаддам, дуруст дар соати 4.00 субҳи ана ҳамин рӯзи 13 июли соли 1993 дар дидбонгоҳи 12 дар мавзеъи сарҳадии Сариғори Шурообод муҷоҳидони Артиши Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон даст ба як амалиёте заданд, ки онро метавон ба ҳодисаи «Камонаки Курск» шабоҳат дод, ки дар Ҷанги ба истилоҳ Бузурги ватании солҳои 1941-1945 «ход»-и онро иваз кард. Қитъаи марзбонии №12-и отряди марзбонии Қӯшунҳои сарҳадии Федератсиюни Русия дар ноҳияи Московскийи вилояти Хатлон дар як шабехун ва ҳамлаи ғофилгиронаи муҷоҳидин бо хоку туроб мубаддал гардид. Русҳо, ки он замон ҳанӯз муҳофизати сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро раҳо накарда буданд, барои аввалин бор буд, ки як чунин ҳамлаи хунинро мутаҳаммил мешаванд.

Дар бораи далоил ва сабабҳои ин ҳамла ҳанӯз ҳамон солҳо ва то ба ҳол зиёд навиштаанду гуфтаанд:

-Ҳукумати дар табъиди мухолифини тоҷик русҳоро водор кард, ки онҳоро ба унвони як неру ва соҳиби Тоҷикистон бишиносад;

-Дар сурати ба таври якҷониба пуштибонӣ кардан аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов-ин дастнишондаи русҳо, неруҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон ба ҳеч ваҷҳ амният нахоҳанд дошт;

-Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон хостори берун рондани Неруҳои марзбонии Русия аз сарҳадоти Тоҷикистон аст, то ба ин васила битавонад вориди кишвар бишавад ва режими дастнишондаи русҳоро сарнагун кунад;

-Ҳамла ба посгоҳи марзии №12-и Неруҳои марзбонии Русия аз тарафи муҷоҳидини Артиши Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон барои он буд, ки Русия ҳақу ҳуқуқи мусалмонони Тоҷикистонро, ҳамчуноне дар солҳои 20-у 30 кард, муроот кунад ва дар роҳи бозгашти ҳудуди 1 миллион овораву муҳоҷири тоҷик монеа эҷод накунад;

-Ҳамла ба посгоҳи 12 барномаи аз қабл тарҳрезишудаи Ҳукумати дар табъиди Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд, ки ба гӯши ҷаҳониён бирасонад, ки Русияро водор кунанд аз шуруъи як ҷанги чирикии тулонӣ дар Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ кунанд;

-Ҳуҷуми ғофилгиронаи муҷоҳидини Артиши Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба посгоҳи 12 ситонидани қасд ба ҳамлаҳои нокоми аз зимистони соли 1993 то майи он сол дар посгоҳҳои дигари марзӣ, аз ҷумла посгоҳҳои №№ 11,13,14,15 ва 16 буд.

Ҳамчунин дар шумори авомил ва сабабҳои ин ҳамла, ки дар воқеъ натиҷааш барои Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон бисёр ҳам муфид ва босамар буд, ин ҳарфҳо низ гуфта мешавад, ки муҷоҳидин медонистанд, ки дар ин қитъаи марзӣ маблағи калоне баҷо карда шудааст. Қисмате аз маблағро худи муҷоҳидин барои халал нарасонидани русҳо барои ба дохили ватан интиқол додани неру ва лавозимоти низомӣ дода буданд ва қисмати дигари онро наркокурерҳои афғонӣ, ки аз қабл бо русҳо барои гузаронидани наркотик медодаанд.

Додаҳои интернетӣ мегуяд, ки дар воқеъ ҳамчунин маблағи калон дар ин застава мавҷуд будааст. Аммо дар ҷараёни даргирии рӯзи 13 июл ин маблағ, ки дар «Дом офитсеров»-и ин застава нигоҳдорӣ мешудааст, ба коми оташ рафтааст. Аммо солҳо баъд, ки МуллоАбдураҳим (Қумандон Абдураҳим), ки ҳамин мавзеъи сарҳадиро аз тарафи Артиши Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон контрол мекард, дар як сӯҳбати матбуотиаш мегӯяд, ки дар ҳақиқат «дар чанд ҷаъба маблағи зиёди доллар ва пули он вақти русиро онҳо ба як мошини Газ-66 бор карда ва то лаби рӯд меоваранд, то ки ба Афғонистон мунтақил диҳанд. Аммо ин мошин дар охирин лаҳзаҳо дар лаби рӯд ҳадафи тири чархболҳои ҷангандаи марзбонони Русия қарор мегирад ва он пулҳо ҳамааш сӯхтаву хокистар мешаванд».

Вале, мулло Абдураҳим, ҳамчуноне худаш ҳам мегӯяд, дар ҳамла ба заставаи 12 ҳузур надоштааст. Вай дар ин муддат дар сафари корӣ дар Покистон қарор доштааст.

Аммо, шоҳидони он солҳо мегӯянд, ки онки мулло Абдураҳим мегӯяд, ӯ мухолифи ҳамла ба посгоҳҳои марзии навоҳии собиқи вилояти Кулоб буд, дурӯғи маҳз аст. Баракс Мулло Абдураҳим дар талош ин будааст, ки тавассути ин марзҳо ба Кулоб дарояд ва навоҳии онро забт кунад ва худро дар оянда Президенти Тоҷикистон меҳисобидааст. Як нафар аз иштирокчиёни ин ҳамла ва муҷоҳиди собиқ дар суҳбати ихтисосӣ ба “Ислоҳ” гуфт, тавассути расонидани паёми лафзиву хаттии мулло Абдураҳим ба сокинони деҳаҳои Сари Ғор ва Порвори ноҳияи Масковский онҳо огоҳ карда шуда буданд, ки ба ҳангоми ҳамла деҳаро холӣ кунанд ва агар фурсат наёфтанд, аз манзилҳояшон берун набароянд. Ҳоло, ки баъзе аз ширкатдорони он набарди хунин аз ҷумла Андрей Мерзилкин, ки баъди дар дақоиқи аввали ба ҳалокат расидани сардори заставаи 12 Михаил Майборода масъулияти ӯро бар дӯш гирифт, сокинони ин деҳотро дар ҳамдастӣ ба муҷоҳидон муттаҳам мекунад, бесабаб нест. Ин муҷоҳиди собиқ гуфт, ки ҳамлаи рӯзи 13 июл ба қитъаи сарҳадии 12 ба обрӯ ва нуфузи Артиши Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон обрӯ ва манзалаи ғайримунтазираеро ба армуғон овард ва давлатҳову созмонҳои зиёде баъди он бо роҳбарияти Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон вориди гуфтугӯ шуданд. Бештар аз ин, акнун ҳар фармондеҳи танзимҳои ҷиҳодии Афғонистон ҳам ошкоро аз пуштибонии низомӣ ва молиявии худ мужда медод.

Як нафар аз собиқ фармондеҳони ариши Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳақиқат Хаттоби араб ва ҳоҷӣ Ҷамшед ҳам дар ҳайати ҳамин дастаи муҷоҳидоне буданд, ки МуллоАбдураҳим фармондеҳи он буд. Аммо Хаттаб ва арабҳои ҳамроҳи вай низ дар ин ҳамла ширкат надоштанд, чунки аллакай ӯ вориди Чеченистон шуда буд. Зимнан, худи МуллоАбдураҳим ҳам ба ҳайси муовин ва мушовир дар канори ӯ қарор доштани ин дуро дар ҳамон суҳбати матбуотиаш тасдиқ кардааст. Вале вай аз ҳоҷӣ Ҷамшед дар ин суҳбаташ зиёд носазо гуфтааст, ки гӯё ҳоҷӣ Ҷамшед бисёр мехост, ки сарҳадҳоро дарҳам шиканад ва вориди Тоҷикистон бишавад. Аммо, ин фармондеҳи пешини муҷоҳидин гуфт, ки иллати ихтилофи Мулло Абдураҳим бо ҳоҷӣ Ҷамшед ин буд, ки ҳоҷӣ Ҷамшед дар кори Мулло Абдураҳим фасод ва сирқати маблағҳоро ошкор карда ва ба роҳбарияти Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон гузориш додааст. Гап дар инҷо аст, ки ҳоҷӣ Ҷамшед дар асл як сарватманде будааст, ки танҳо ба хотири ширкат дар ҷиҳод ва озод кардани ватани бобоии худаш омада ва хеле ҳам барои муҷоҳидон кумак кардааст.

Ҳоҷӣ Ҷамшед аз набераҳои Иброҳимбеки лақай будааст, ки дар солҳои муқовимати 20-30-и асри гузашта бо Армияи сурх оқибат кушта мешавад. Ҳоҷӣ Ҷамшед дар Арабистони Саъудӣ зиндагӣ мекард. Аммо барои ширкат дар мубориза бар зидди ҳукумати дастнишондаи русҳо бо муҷоҳидони тоҷик пайваста буд. Бале, ҳамон Иброҳимбеки машҳур, ки дар мо бо номи босмачӣ шинохта мешавад. Ин ҳоҷӣ Ҷамшед ҳадаф доштааст, ки ватани бобоияшро аз дасти комунистҳо ва русҳо озод созад. Вай он вақт мегуфтааст, ки ман медарояму Қурған, Кулоб, Ҳисор, Кофарниҳон ва Душанбеву атрофи онро пас мегирам ва ту, мулло Абдураҳим, президент мешавӣ.

Мулло Абдураҳим ва ҳоҷӣ Ҷамшед пешакӣ бо сокинони дохили Тоҷикистон ҳам дар алоқа шуда онҳоро огоҳ карда буданд. Мулло Абдураҳим чандин бор дар вақти суханрониҳояш дар назди размандаҳо Эмомалӣ Раҳмоновро ватанфурӯш ва лӯхтаки дасти русҳо ва муртад эълон карда ва гуфта будааст, ки ҳамин Эмомалӣ кӣ буд, ки ҳоло дар Тоҷикистон раис шудаст: «Вақте ки маро дар Кулоб мешиносанду эҳтиром мекунанд ӯ кияй? Ма медарояму президент мешавам!»

Ин фармондеҳи пешини муҷоҳидин гуфт, ки мулло Абдураҳим ва ҳоҷӣ Ҷамшед ба сокинони маҳаллӣ яроқ ҳам тақсим карда буданд. Ҷанги дидбонгоҳи 12-ро асосан бачаҳои Себистон бо роҳбарии қумандон Яҳё кардаанд. Хуб, ҳоло аз он бигӯем, ки ҳамла ба заставаи 12 чи натоиҷе ба бор овард. Воқеият ин аст, ки ин шабехун ба дараҷаи баланди ҷангӣ омода шуда буд, ба ҳаде, ки тамоми ҷузъиёт омӯхта ва аксуламал ва роҳҳои зидди аксуламал ҳам таъйин шуда буд. Дар ягона роҳи икмолотӣ, ки имкон дошт неруҳои заставаи 12 кумак бигиранд, қисме аз муҷоҳидон шинак гирифта ва роҳ низ минкорӣ шуда буд. Ва, ҳамла ҳам ончунон ғофилгирона буд, ки як адад БМП-и ин застава шиллик накарда ба коми оташ кашида шуд ва ҳамин тавр афсару сарбозҳо ҳам бо либоси шаб дар даст силоҳ мегирифтанд, ки намедонистанд тирро кадом самт бизананд, чунки застава муҳосира шуда буд. Ва, хонандаи азиз, инҷо як суҳбатеро пешкашатон мекунем, ки бо яке аз ширкатдорони ин амалиёт анҷом додаем. Албатта, исми эшонро бо далоили амниятӣ тазаккур нахоҳем дод. Вале фишурдаи суҳбатҳояшон чунин аст:

-22 сол доштам. Қабл аз муҳоҷират ба Афғонистон аз хидмати сарбозӣ омада будам. Узви гурӯҳи «Ал-Бадр»-и Артиши Наҳзати Исломии Тоҷикистон шуда будам, ки фармондеҳии онро қумандон Мулло Абдураҳим бар ӯҳда дошт. Қабл аз амалиёти муқобили қитъаи сарҳадии 12 дар амалиёт алайҳи заставаҳои дигари ин навоҳии марзӣ, аз ҷумла 11 ва 13 ҳам ширкат доштам.

Мо, барои анҷоми амалиёт муқобили заставаи 12-и русҳо наздики 2 сол омода шуда будем. Задани заставаҳои ҳамҷивори заставаи 12 асосан барои фикру ҳуши русҳоро ба дигар самти ҷабҳа бурдан буд. Аммо асли ҳадаф заставаи 12 буд.

Дар ин ҷанг арабҳо ҳамроҳи мо набуданд. Ин дурӯғ аст, ки Хаттаб ва размандаҳояш ширкат карда бошанд. Теъдоди мо ҳам, ончуноне матбуоти Русия то ба имрӯз даруғпароканӣ дорад, 250 нафар набуд. Мо 75 кас будем, ки 25 нафари онҳо тоҷикҳои Афғонистон буданд ва боқӣ монда ҳама мо тоҷикҳо будем. Амалиёт соати 4-и субҳ шурӯъ шуд ва ҳамагӣ се соат идома кард. Инки мегӯянд 11 соат давом кард низ дурӯғи маҳз аст. Мо дар ҳақиқат роҳи икмолотӣ ва вурудӣ ба застава аз тарафи деҳаро минкорӣ карда будем. Ман ва 12 нафари дигар маҳз дар ҳамин роҳи вуруди шинак гирифта ва вазифаамон аз он иборат буд, ки ҳарчи тулонитар пеши роҳи неруҳои кумакӣ ба заставаро бигирем. Қумандонҳои мо Яҳё аз Себистони Данғара ва қорӣ Ҳамидулло аз Афғонистон буданд. Аммо афғонҳо дар ҷанг гӯё иштирок накрада буданд. Онҳо дар баландиҳои талу кӯҳҳои даври застава позитсия гирифта муқобили ҳамлаҳои ҳавоӣ бояд меҷангиданд. Ҳамчунин қумандон Қамариддин ҳам роҳбарӣ мекард. Мулло Абдураҳим омири ҷабҳаи «Ал-бадр», ҷабҳае, ки заставаро ба хок яксон кард буд, вале дар ҷанг ширкат надошт.

Саволи дигари мо аз ин разманда ин буд, ки чиро номи гурӯҳатон “Ал-бадр” буд?

Посух чунин буд: Як муҳандисе доштем, ки системаи вертолётро дуруст намуда буд, ки бо тирҳои вертолёт бо кумаки акамулятор тирро ба тарафи душман мепартофт. Русҳо ҳайрон мешуданд, ки чи хел ин тири вертолёт аст ва ҳеч чархболе несту аммо тир ба тарафашон меояд. Ин дастгоҳи худсохти “Ал-бадр” хело русҳоро ваҳшатзада карда буд дар ин амалиёт. Агарчи дақиқ мисли “минемёт” ё ҳовон дақиқ намезад, вале аҷибаш худи партоби тирҳои чархбол аз замин ба сӯйи маққари русҳо буд. Он муҳандиси тоҷик ҳоло зинда ва ҳаёт дар Тоҷикистон аст. Мо, давоми як соати аввали ҷанг заставаро комилан торумор карда бо коми оташ кашидем. Агарчи талафоти сарбозони русро 25 нафар гуфтанд, фикр мекунам, ки зиёдтар буданд. Мо ҳам 12 шаҳид додем. Мо барои озодии ватанамон меҷангидем. Мо барои он меҷангидем, ки Русия бифаҳмад, ки танҳо бо он гурӯҳе, ки ба сари ҳукумат овард, ин ҷоро идора карда наметавонад. Ҷасорат ва шуҷоати муҷоҳидони тоҷик дар ҳақиқат Русияро ларзонду тарсонд. Соати 10-и рӯз неруҳои ҳукуматӣ ба кумаки застава омаданд. Инҳо асосан тоҷикҳо буданд. Вертолетҳои 201 аз осмон моро ҳадаф гирифтанд. Мо ақибнишинӣ кардем. Ҷасади шаҳидонро бо худ бурда натавонистем. Захмиҳоро баргардонидем. Аммо худи ман захмӣ шуда натавонистам ҳамроҳи даста пас бигардам. Мо, се нафар дар як ғор панаҳ бурдем. Се рӯз мондем. Як каме мағзу мавиз ва орзуқ доштем, ки тамом шуд. Баъдтар, алафҳои кӯҳӣ ва як боғи пешинаи ангур буд аз он истифода кардем. Рӯзи дуввум, ки аз канори застава поин омадем, моҳӣ қапидем аз дарёи Панҷ ва низ ду кафтар зада онро тановул кардем. Мо аз застава ҳудуди як километр поин омада будем. Садои тир онҷо як чизи маъмулӣ буд. Ҳам сарбозони тоҷик аз тарс тир холӣ мекарданд ва ҳам афғонҳо садоии силоҳояшон ҳар бор баланд мешуд. Мо омадем назди деҳаи кӯҳна. Он параи об афғонҳо зиндагӣ мекунанд. Онҳо моро гузаронианд, чунки мо гуфтем муҷоҳид ҳастем. Мо, худамон лодка доштем, яъне дастаи мо. Аммо бо киштии афғонҳо гузаштем. Як моҳ зиёд давом кард табобати ман. Мо, метавонистем, ки боз ҷангро идома бидиҳем, аммо муқобили тоҷикҳои худамон ҷанг накардем. Вале чанде аз муҷоҳидони моро, мутаассифона, хоинҳо аз даруни Сариғор нишон гирифта ба шаҳодат расониданд. Сари ғор ва атрофи он пур аз ғор ва дараҳои душворгузар аст. Инҷо ғори зиёд дорад. Мо дар як ғор панаҳ шуда будем. Роҳи бозгаштамон ҳатман аз бари застава буд. Шабона бо инояти Худо муваффақ шудем, ки бигзарем. Мо метавонистем, ки чанд сарбози русро гаравгон бигирем. Вале, онҳо, ду нафаре, ки гурехтанд, пеш-пеши мову ба ҷангал паноҳ бурданд, мисли кудак гиря мекарданд. Русҳо успет накраданд, ки ҷанг кунанд. Мо онҳоро дар ҳақиқат ғофилгир карда будем. Қисми пеши бачаҳо дар ҷанги танбатан ҳам иштирок карданд. Аммо русҳо мегурехтанд. Саволи мо аз ин разманда чунин буд, ки шумо қабл аз ҳуҷум вазъи заставаро назорат мекардед ё таҷассус мекардед, чӣ чизҳоро медидед?

Посух: “мо вақти разведка медидем, ки сарбозони рус бо занҳо ва духтарони маҳаллии тоҷик лухт оббозӣ ва айшу ишрат мекарданд ва боз бадбахтияш ин буд, ки занҳо ва духтарон тез -тез иваз мешуданду боз дигар духтаронро ба застава меоварданд. Ҳатто гиряҳои чанд духтари тоҷикро ҳам мушоҳида карда будем. Ин амали русҳо моро хело ба нанг оварда буду азму қасди мо барои задани ин заставаро бештар мекард.”

Ҳадафи мо ҷанг кардану зада даромадан набуд. Ҳадафи мо ин буд, ки заставаро тавре бизанем, ки ному нишон аз он дигар боқӣ намонад. Ба ҳадафамон расидем. Супориш ва тасмим ҳам ҳамин тавр буд. Дохили худи застава 12 нафар даромада будем. Аввалин коре, ки мо кардем хат-симҳои алоқаро зада хароб кардем. Телефонашон қатъ шуд. Як нафар ҷавоне, ки 15 ё 16 сол дошт, Зокирҷон ном дошт аз Нуробод дар пеши чашми ман шаҳид шуд. Нафари солманди мо аз Язгулом буд. 65 сол дошт мо ӯро мавлавӣ Язгуломӣ мегуфтем, мирди зебо ва риши сафед дошт. Як нафари дигар аз Қубодиён дар пояш тир хӯрда буд, ҳама вақт аз пушти Мулло Абдурраҳим мегашт ва нафари дигар аз Колхозобод буд аз чашмаш тир хурда буду зинда буд, як каси дигар аз ноҳияи Қубодиён Илҳом ном дошт ва гранатамиётчик буд, БМП ро ӯ зад ва муқовимати шадид анҷом дод ва дар шикамаш тир хурду шаҳид шуд.

Ман соати 10, вақти ақибнишинӣ захмӣ шуда будам. Азбаски роҳи баромадро намедонистем дар як ғори наздики застава шаб мондам. Рӯзи дуввум, ки ҳушу ёди сарбозҳо ба самти Афғонистон буд ва тарс доштанд, ки мо боз бармегардем, хиёл намекарданд, ки дар ғори канори застава ҳастем. Фикр мекарданд, ки ҳама муҷоҳидҳо баргаштаанд. Мо аз ҳамин фурсат истифода карда аз баланди пойин омадем, назди дарё ва чуноне гуфтам сипас моро афғонҳо аз Панҷ гузарониданд. Алафе ҳаст бо номи яхманак онро хурдем. Қумандони мо дар мавриди мо ва роҳи ақибнишинии мо як каме ба иштибоҳ роҳ дода буд. Барои ҳамин роҳи «обход»-и мо баъди омадани неруҳои ҳукуматӣ ва рафтани афғонҳо аз сари баландиҳо ва ҳамлаҳои ҳавоии чархболҳо руст шуда буд.

Боз ҳам мегӯям, ки МуллоАбдураҳим набуд. Вай омири ҷабҳа буд бо ном, тамом. Аммо ҳеч сарфаҳми амалиёт намерафт. Фақат воҳима мекард, ки Кулобро бояд ӯ бизанад ва озод кунад.

Вале фақат Раҳмоновро ҳақорату дашном мекард, ки бо русҳову кофирҳо якҷоя шудааст. Мегуфт: ” Эмомалӣ Раҳмонов муртад шудааст. Бояд кушта шавад. Мегуфт, ки Раҳмонов номи Кулобро ҳаром кард.”

Аммо масҷид ба масҷид мегашт, пеши қумондонҳои афғон мерафт ва пул ҷамъ мекард, пеши одамони пулдори афғон мерафт, кораш ҳамин буд. Ин застава як шабусаҳар сӯхт. Худо ҷояшро ҷаннат карда бошад қумандон Яҳё, хеле шуҷоъ ва далер буд. Вай баъдан ба ҳангоми убур дар Панҷ ғарқ шуд. Ин баъдтар буд, яъне пас аз ин амалиёти заставаи 12 ум буд.

Мо, дар роҳи наҷоти ватан ва миллат хизмат кардем. Ҳамлаи мо ба ин застава руҳияи Раҳмонов ва махсусан русҳоро шикаст…»

Мунтаҳо ин ҳамлаи марговар ва ҷонситони муҷоҳидин Русияро аз хинги кибру ғурур ба замин сияҳ нишонд ва бехуд буд ба худ омад, маст буд ҳушёр шуд. Фаҳмид, ки Артиши Ҳаракати Наҳзати исломии Тоҷикистон дунёро ба сараш овор хоҳад кард. Ҳамлаи муҷоҳидин ва размандагон ба ҳадде тунду барқосо буд, ки ин пустаи марзбонӣ торумор гардид ва ҳам силоҳи сақила ва ҳам сабуки зиёдеро неруҳои низомии Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон ба ғанимат гирифтанд. Акнун на фақат Русия, балки ҷаҳон аз Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон мегуфт. Лаҳни гуфтор, тарзи баёни русҳо, ба унвони сарпараст ва ҳомиву пуштибони ҳукумати Фронти халқӣ хеле нарм шуду поин омад. Ба талвосаву таҳлука афтоданд.

Евгенний Примаков, раиси Идораи истихбороти хориҷии Русия афтону хезон давиду омад Афғонистон ва ба пойи суҳбати устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ нишаст ва Анатолий Адамишин, муовини аввали вазорати хориҷии Русия бидав-бидав омад Теҳрон ба суроғи устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода. Русия дар воқеъ фаҳмида буд, ки бидуни қаноат додани соҳибони асосии ватан, соҳибони асили ватан, тоҷикони воқеӣ ва мусалмонони бонангу боимон, ки гурзи говсарро бар фарқи сараш кубиданд ва шамшери ҳақиқиқат ва адолатро дар гарданаш заданд, наметавонад ду се ватанфурӯши занбамузди бешарафи номусалмони динбохтаро то охир ҳимоят кунад. Русҳо пай бурданд, ки ҲНИТ шӯхӣ надорад. Кунфаякун мекунад.

Устоди худобиёмурз Нурӣ ба Примаков гуфт бо шумо проблема надорем. Вале шумо, рӯи раҳи мо истодаед. Мо аз сари роҳамон монеаҳоро мебардорему ба хонаву дарамон меравем. Примаков лолу музтару пакар шуд. Устод ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ҳам гуфт: «бидонед мо тоҷикҳои аз дасти болшевик мегурехта нестем. Мо бо ҳар роҳе шуда ба ватан бармегардем ва шумо ҳам мувозиби ҳаракоту рафторатон бошед. Агар сад соли дигар ҳам мамлакати моро минтақаи нуфузи худ ва сарҳадоти ҷанубии худ меҳисобед, кори шумост, вале мо ба ватанамон бармегардем».

Хуллас, ҳамла ба застави 12 оғози эътирофи ҳукумати Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ва таҳкурсии музокирот ва гуфтушунидҳо ва метавон гуфт оғози сулҳу оштӣ миёни оппозитсиюн ва ҳукумат гардид.

Share This Article