Муроҷиат ба мардуми шарифи Тоҷикистон

Ислоҳ нет

Асалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Шаҳрвандони азизу арҷманди Тоҷикистон, ки дар тамоми кишварҳои олам қарор доранд. Чуноне, ки огоҳӣ доред ҳукумати оилавии кишвар рӯз аз рӯз гаравгонгирӣ, зиндонкуниҳои пай дар пайаш ҳама хатҳои сурхро убур кард. Назар ба ин ҳолати вахими ба вуҷуд омада, шахсиятҳои маъруфи кишвар аз ҳама қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ як кумитаеро бо номи “Кумитаи шаҳрвандӣ бароӣ наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” таъсис додем. Ин кумита,то раҳоии охирон зиндонӣ ва гаравгонҳои сиёсии дар кишвар қарор дошта, муборизаи худро идома медиҳад.

Аз ҳукуматдорон, масъулони мақомот, кормандони давлатӣ ва умуман аз якояки шаҳрвандони кишвари азизамон Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки нисбати ин қазия бетараф набошед. Рӯзҳое, ки мо сипарӣ карда истодаем, як таъриихи нангини халқи тоҷик барои наслҳои оянда аст. Мо бояд аз ин нанг наҷот ёбем. 

Зиндонӣ карданҳои нухбагони сиёсӣ, куштани фарзонагон, сар ба гурез намудани озодандешон, асиру гаравгонгрии кӯдакон, ки имрӯзҳо бо дастони давлатмардони мо суръат гирифта истодааст, як нанги бузурги таърихӣ хоҳад буд. Илова бар ин, ҳама ин хомӯшиву бесадоии мо нисбати  зулму ситам ва тазйиқу шиканҷаҳои як оилаи хунхор масъулият дорад. Агар имрӯз мо даст аз бетарафиву бесадоӣ кашида, барои наҷоти миллат кӯшиш ба харҷ надиҳем, дар сафҳаҳои таърих ҳамчун тарсую ғуломтабъ, беиродаю бешуҷоат бо бадномӣ то қиёмат ёд хоҳем шуд. 

Бо тамоми вуҷуду ҳастӣ ва дарку масъулият даъват ба амал меорем, ки бо шуҷоату матонат ва иродаи қавӣ ҳиммат кунем, аз гунгхуиву ғуломтабъӣ даст бикашем. Дасти ба дасти ҳам гирифта, ояндаи худро бисозем.

#Озодӣ_ба_Фотима

Аз ҳама шаҳрвандони ғаюри кишвар, ки дар ҳама гушаву канори олам қарор доранд,тақозо менамоем бетараф набошед!

Агар имрӯз бе тараф бошем бидуни ҳеҷ шакку тардиде, фарзандони ҳар яки мо ва шуморо ин оилаи ҳоким дар кишвар дар чунин ҳолате қарор медиҳанд!

Мунтазири иштироки фаолонаи шумо дар ин флешмоби бахшида ба озодии гаравгони хурдсоли навбатии Фотимабонӯ ҳастем.

 

Share This Article