Мусоҳиба: “Мо ҳама аҳли Тоҷикистон зиндонӣ ҳастем”

Хурокҳои зиндонро ҳамаги 30% зиндониёни бесоҳиб ва касоне, ки хешу таборашон ба зиёраташон намеоянд ва “передача” намеоранд, маҷбур аз ноилоҷӣ тановул мекунанд. Наметавон онро хурок номид. Приловка, капустоба, боз як намуд алафи баҳрӣ аст, ки хело талху бемаза аст. Мо дар зиндон 6 ё 7 нафар мисли як оилаи тоҷикӣ мешудем ва аз маҳсулоте, ки бароямон аз берун наздиконамон меоварданд, онро якҷоя дар ошхона мепухтем. Танҳо аз ошхонаи зиндон нонашро мегирифтем.

Ба сомонаи Ислоҳ нафаре навишт, ки 28 рӯз қабл аз зиндони 7/4 шаҳри Душанбеи Тоҷикистон озод шудааст ва мегӯяд дар бораи вазъияти дохилии зиндон гуфтаниҳое дорад. Мо бо ин ҳамватан тӯли ду соат сӯҳбат анҷом додем. Сӯҳбат хеле риққатовар ва дилрешкунанда аст.

Дар поён сӯҳбати мо бо ин ҳамватани нав аз зиндон озодшуда, бо номи шартӣ ба хотири амнияти шахсияш оварда мешавад.

 

isloh.net: Шуморо бо кадом ҷурм зиндонӣ карданд ва дар кадом зиндон будед?

Нусратуллоҳ: Маро бо модаи 307, бо ҷурми салафӣ будан зиндонӣ карданд, дар ҳоле, ки ман намоз намехондам ва аз ислом чизе намедонистам, чигуна шахсонро салафӣ мегӯянд тасаввуроте надоштам. Ман дар оғоз,  дар яке аз вилоятҳо боздошт шудам, сипас маро ба як зиндони дигар ва охир ба зиндони рақами 7 шаҳри Душанбе, Советский 2 оварданд, ки ҳоло он зиндонро зиндони 7\4 меноманд.

 

isloh.net: Сару садоҳое ҳаст, ки аҳволи зиндониён бад аст. Дар ин бора чи мегӯед?

Нусратуллоҳ: Зиндоне, ки ман дар он адои ҷазо намудам, дар асл барои 700 нафар аст, вале мутаассифона, дар ин зиндон 2200 нафар маҳбусон ба сар мебаранд. Хонаҳо ё маконе, ки зиндониҳо сукунат мекунанд, махсуси 70 нафар мебошад, аммо дар онҳо 130 ё 140 нафарӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Гузаргоҳҳоро танг мекунанд, то ин адади зиёд дар он ҷойгир шаванд. Дар зимистон гарм буд, барқро хомӯш намекунанд, агар хомӯш ҳам кунанд, барои 15 дақиқа на бештар аз он. Бо ҳавли даҳони зиндониҳо гарм мешавад. 140 нафар адади каме нест. Аслан хурокҳои зиндонро хурда намешавад ва он хурокро  бубахшед, ҳайвон намехӯрад.

 

isloh.net: Чи хурокҳое зиндониён тановул мекунанд?

Нусратуллоҳ: Хурокҳои зиндонро ҳамаги 30% зиндониёни бесоҳиб ва касоне, ки хешу таборашон ба зиёраташон намеоянд ва “передача” намеоранд, маҷбур аз ноилоҷӣ тановул мекунанд. Наметавон онро хурок номид. Приловка, капустоба, боз як намуд алафи баҳрӣ аст, ки хело талху бемаза аст. Мо дар зиндон 6 ё 7 нафар мисли як оилаи тоҷикӣ мешудем ва аз маҳсулоте, ки бароямон аз берун наздиконамон меоварданд, онро якҷоя дар ошхона мепухтем. Танҳо аз ошхонаи зиндон нонашро мегирифтем.

Акс аз интернетisloh.net: Оё дар зиндон шуморо мезаданд ё мавриди лату куб қарор мегирифтед?

Нусратуллоҳ: Лату куби асосӣ пеш аз ба маҳбас омадан то ба гардан гирифтани ҷиноят дар идораи амният, милисаву шуъбаи шашум ва ниҳоят дар боздоштгоҳ аст. Дар оғоз вақте боздошт мекунанд, рӯҳияи зиндониро мешикананд. Чунон шиканҷа мекунанд, ки як қисми ингуна шиканҷаҳоро танҳо дар филмҳои амрикоӣ дида будем. Ба ингуна шиканҷаҳо танҳо дар бозидани нақшҳо дар филмҳо тоқат мекунанду қаҳрамонӣ нишон медиҳанд, аммо дар асл ягон илоҷи тоқат кардан нест. То аз ҳуш рафтан шиканҷа мекунанд. Гоҳо фикр мекунанд, ки бардурӯғ аз ҳуш рафтаӣ. Болои тани ниммурдаат низ шиканҷа мекунанд. Хулоса, баъди боздошт агар ба зудӣ ҷиноятро ба гардан гирӣ, ҳарчи зудтар ҷонат аз шиканҷа халос мешавад, то аз байн рафтани асари шиканҷаҳо дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд, баъд ҳуҷҷатҳоро ба суд месупоранд.

Дар дохили зиндон онҳоеро, ки бо моддаҳои 307, 401, 187, 189 ба зиндон меоранд, рӯҳан азоб медиҳанд. Агар ягон коре кардед, ки барояшон писанд набошад, ҳатман мезананд. Аммо агар ором бошӣ, шахси сиёсӣ набошӣ ва ончӣ тартиботи муқараркардаи зиндон аст, берун набароӣ чизе намегӯянд. Ҳолатҳои задан ҳам буданд. Касоне, ки бо модаи 187 суд шудаанд, мушоҳида кардам, ки бештар мезананд.

 

isloh.net: Гуфтед, ки бо туҳмат зиндонӣ шудаед, оё мисли шумо бо туҳмат зиндонӣ шудагон зиёданд. Моддаҳое, ки номбар кардед, лутфан шарҳ медодед.

Нусратуллоҳ: Модаи 401, ин модаи ҷиноятиест, ки шахсоне бо иттиҳоми Сурия рафтаҳо, ДОИШиҳо, нияти Сурия рафтан доштаҳо ва умуман онҳое, ки қасди сарҳадро ғайриқонунӣ убур кардан доштаанд.

Модаи 187 бошад, бачаҳои Ҳоҷӣ Ҳалим буданд, ки воқеъан ҳолашон хело сангин буд. Дигар касеро бо ин мода надидам ва ё аҳамият намедодам, чун бо ин мода танҳо ин бачаҳо буданд.

Модаи 189 бошад, бо ин модда мутаҳамони пайвастагон ба гурӯҳи Толибон буд.

Аз ҳама моддаи “популярний” ин модаи 307 ва қисмҳои он аст, ки аксари касоне, ки дар донишгоҳҳои исломии хориҷӣ таҳсил кардаанд, бо ҷурми салафӣ будан боздошт шудаанд, бародарони наҳзатӣ, домуллоҳо ва имомони масҷидҳо бо ин ин модда суд шудаанд.

Дар умум ин чор модаҳое, ки ном гирифтем, модаҳое буданд, ки  ман медонистам ва муттаҳамон бо ин моддаҳо бо мо буданд. Аз ҳама моддаи машҳур ин 307 буд, ки наздик ба 60% зиндониён бо ин модда бо туҳмат дар маҳбас шиштаанд. Яктоаш худам, ки бе гуноҳ маро зиндон карданд, монанди ман он ҷо тақрибан 890 нафар буд. Агар воқеан гирем, ба ин модда аз 190 то 200 нафараш дуруст мебарояд, боқӣ ҳама бо туҳмат нишастаанд.

Муҳаммадии Раҳматуллоҳisloh.net: Онҳое, ки дар ин зиндон қарор доштанд киҳоро метавонед барои мо ном гиред, ки онҳо маъруф ҳастанд?

Нусратуллоҳ: Аслан касоне, ки бо мо буданд, аксарияташон шахсони маъруф ва соҳибэҳтироми ҷомеъа ҳастанд. Дар зиндон аз наҳзатиҳо Ҷалолиддини Маҳмуд, Воҳидхон Қосидинов, Мусо Шехов(ҷияни устод Нурӣ)ва дар умум 27 нафар наҳзатӣ дар зиндон бо мо буданд. Муҳаммадии Раҳматуллоҳ, ки бо ҷурми салафӣ ҳабс шудааст, бо мо буд.

Бародарони хело омромтабиат ва ботақвову бо имон аз Исфара буданд. Ададашон агар хато накунам 22 нафар буд. Аз Истаравшан низ баччаҳои босавод зиёд буданд. Боз аз як гурӯҳи нави исломӣ бо номи “Содиқлар” як нафар буд, ки инҳо мисли ҳизби таҳрир буданд. Аз ноҳияи Панҷ, Шаҳритус, Қалъаи Хум маҳбусон зиёд буданд. Дар умум намояндагони 28 номгӯи ҷамоъатҳои исломӣ бо мо буданд, ки баъзе аз онҳо худашон бори аввал номи ингуна ҷамоатҳоро аз забони кормандони амнияту шуъбаи шашум шунидаанд. Аз Ҷамоати Таблиғ 9 нафар дар зиндон буданд, ки аз Қурғонтеппа, Кулоб, Восеъ ва Ғарм буданд. Инчунин бо иттиҳоми Таблиғ ду қирғизҳои Мурғоб ҳам онҷо зиндонӣ буданд. Аммо бо иттиҳоми салафӣ, ки ин осонтарин айбдоркунӣ аст, хело зиёд буданд.

Қурбон МанноновАллоҳ шаҳодаташро қабул карда бошад, бобои Қурбон Маннонови Норакӣ бо мо буд. Ба Ӯ хело фишор сахт буд. Бемори сахт шуд ва чанд бор аз беморӣ шикоят кард, аммо ба инобат нагирифтанд. Як ҳафта пеш аз фавтиданаш дида будам. Ҳолаш ниҳоят бад буд. Охирон тани аз ҳушрафтаашро ба беморхона интиқол доданд. Баъди се ё чор рӯзи ба беморхона бурданашон хабари маргашро шунидем. Баъди ин ҳодиса писари Қурбон Маннонов аз Русия ихроҷ шуда ба Тоҷикистон меояд, ӯро низ ба 9 сол зиндон карданд.

 

 

isloh.net: Дар бораи одамони Ҳоҷи Ҳалим, Мирзо Зиёев, Алӣ Бедакӣ ва Муло Абдуллоҳ чизе нагуфтед, магар онҳо бо шумо набуданд?

Нусратуллоҳ: Бале, вақте ҳодисаҳои Ҳоҷи Ҳалим гузашт ман дар зиндон будам. Танҳо бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим 156 нафарро оварда буданд, ки аксарияташон намедонистанд Ҳоҷи Ҳалим кӣ буд ва барои чӣ онҳоро боздошт карда буданд. Аз ин гурӯҳ 18 нафарашро аз 16 сол боло дода буданд ва ба зиндонҳо тақсимашон кардаанд. Дар умум бо мо ашхосе бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо “метежи” Ҳоҷӣ Ҳалим то охире, ки ман аз зиндон баромадам 68 нафар дар зиндон буданд ва 30 нафарашонро ба зиндони Ёвон интиқол доданд. Аз гурӯҳи Мирзо Ҷага 13 нафар зиндонӣ бо мо буданд. 

Падари Алии Бедакӣ бо мо буд, ӯро озод карданд. Як мардаки дигар аз гурӯҳи мулло Абдулло Раҳимов, як мӯйсафед буд, ки мебоист санаи 27 уми ёдам нест кадом моҳ буд, ба фикрам моҳи апрел буд, бояд озод мешуд. Аммо бо сабабҳои номаълум як рӯз пеш аз озодшавияш санаи 26-уми ҳамон моҳ мурд. Баччаи ин мӯйсафед дар Русия буд,баъзе аз шиносҳояш, ки ба амниятиҳо фурӯхта шуда буданд, рақами телефонашро гирифта арзи тасаллият мекунанд ва аз рӯи ҳамин тамос ӯро аз Русия боздошт намуда, ба Тоҷикистон меоранд ва ӯро низ 9 сол зиндон мекунанд. Тақдири фалак аҷаб корҳое дорад, бубинед, ки фарзанди ҳамон мӯйсафедро оварданд, дар рахти хоби падараш ҷой карданд.

 

isloh.net: Гуфтед, ки аксар бо туҳмат нишастаанд. Ин туҳматномаҳоро ки месозад, мақомот ё шахсони алоҳида?

Нусратуллоҳ: Аслан шахсоне, ки дар ҷомеъа фаол ҳастанд ва соҳиби фикру андешаи мустақил мебошанд, зери назорати мақомот қарор доранд. Нисбати онҳо дар мақомоти амниятиву дигар мақомотҳои зидахл парвандаҳо ҷамъ мешаванд. Барои тасдиқи ин парвандаҳо бештар аз имомони масҷид, домуллоҳо, раисони маҳаллаҳо маҷбур карда, ба нишондодҳои бардурӯғ имзо мегиранд ва барои дар суд шоҳидӣ додан омода мекунанд.

 Чанд моҳ пеш аз ноҳияи Колхозобод, ноҳияи Балхи ҳозира, 12 нафарро оварданд. Ин ҳама бо модаи   “популярний” 307 муттаҳам шуда буданд.

 Эшони МуҳтадӣШахсеро ин 12 нафар гунаҳгор медонанд, ки он Эшони Муҳтадӣ, писари Эшони Аҳмадхуҷаи Колхозободӣ аст.   Эшони Муҳтадӣ ин афродро бо “закази” мақомот ҳамчун салафӣ шоҳидӣ додааст. Ин афрод 6 солӣ ба зиндон  маҳкум шуда буданд.

 Шахсоне, ки бо нишондоди имомони масоҷид, раисони маҳаллаҳо бо моддаи 307 пушти панҷараи зиндон   нишастаанд, теъдодашон хеле зиёдаст. Аксари ҳамон имомони масҷидҳо, раисони маҳаллаҳо, масъулони   кумитаи дин ва ғайра ба хешовандони маҳбусон иқрор шудаанд, ки онҳоро мақомот барои шаҳодат додан  маҷбур кардааст. 

То он ҷое ман огоҳӣ дорам, ҳама имомони масоҷид барои ҳамкорӣ бо КДАМ ва мақомот баёнот навиштаанд. Номҳои домуллоҳоеро, ки дар судҳо шаҳодат додаанд ва бародарон  бо туҳмати онҳо зиндонӣ шудаанд, вақте онҳо номбар мекунанд, ҳуш аз сар мепарад. Ин масъала дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, Навоҳии тобеъи марказ, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва Ғарм хело зиёд ривоҷ ёфта аст. Ҳама аз имомони масҷидҳояшон гила ва шикоят мекунанд. Ин кор як намуди мардуми эътиқодмандро ба ҳамдигар душманкунӣ аст. Ҳарчанд имомони масоҷид ва раисони маҳалла ба қавли худашон аз рӯи маҷбурӣ ва ё ночорӣ ин корро мекунанд, вале ба ҳар ҳол бояд аз онҳо эҳтиёт кард.

 

isloh.net: Аз ҳоли Ҷалолиддини Маҳмуд, Воҳидхон Қосидинов, Мусо Шехов ва дигар бародарони наҳзатӣ чӣ метавонед бигӯед?

Ҷалолиддини МаҳмудНусратуллоҳ: Аксарияти наҳзатиҳо оромтабиатанд. То замоне ман аз зиндон хориҷ шудам, дар умум ҳолашон ба ҷуз Ҷалолиддини Маҳмуд хуб буд. Аслан ӯ, ки бо ҷурми нигоҳдории силоҳ зиндон гашта буд, ин модда он қадар воҳима нест, озод бояд шавад. Чанд нафар наздикони бойбачаҳо аслан бо ин модда дар се моҳ аз зиндон хориҷ шуданд. Аммо  қазияи ӯ, ки ба сиёсат печида буд, ӯро азоб дода истодаанд. Айни ҳол Ҷалолиддини Маҳмудро бо иттиҳоми “Майл ба фирор” шиканҷа мекунанд. Албатта ин шиканҷа бо роҳи задану куфтан нест. Онҳое, ки барояшон бо иттиҳоми “майли фирор” дар зиндон парванда боз мешавад, бояд аз соати 9 саҳар, ҳар ду соат пас бояд рафта, худро номнавис кунанд, ки ман ҳастам ва фирор накардаам. Ин ҳолат барои ин афрод аз соати 9:00-и субҳ то соати 22:00 шаб ҳар ду соат пас давом мекунад. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки шабонгоҳ низ ин кор суръат мегирад. Ҳоли ин афрод хело сангин аст ва зери назорати шадид қарор доранд. Ҷалолиддини Маҳмудро дар рӯйхати ин афрод навишта буданд ва худаш  мегуфт, метарсам вақти ҷазоям поён ёфта истодааст, вале маро боз мехоҳанд ҷазои наве зам кунанд ва ҳукмамро тулонӣ намоянд.

 

 

isloh.net: Дар дохили зиндон аз рӯйдодҳои берун аз зиндон чи гуна огоҳӣ пайдо мекардед?

Нусратуллоҳ: Дар дохили кишвар чӣ ҳодиса мешавад, дар хориҷ чӣ ҳодисаҳои марбут ба Тоҷикистон мегузарад, комилан ҳам набошад, огоҳ будем. Маҳбӯсон аз аҳволи ҳама зиндонҳои Тоҷикистон, зиндониҳо, роҳбарони зиндонҳо, ному насабашон, аҳлу оилаи зиндонбонҳо, кормандони амният ва аҳлу оилаи онҳо, тамоми маълумотҳоро доранд. Ҳатто дар куҷо таҳсил кардан, ҷои кор ва машғулияти пайвандони  аксари он шахсоне, ки маҳбусонро шиканҷа кардаанд, маҳбусон медонанд. Маҳбусон қонунҳоро аз милисаву прокурору суд хубтар медонанд. Роҳҳои маълумот гирифтан зиёданд, ки албатта ин сирри зиндониҳост. Як чизро ҳам ногуфта намонад, ки тамоми мақомотҳо амният, милиса, прокуратура, роҳбарияти зиндон ва ғайра дар байни маҳбусон “бузҳои” худро доранд. Ба содагӣ онҳо ошкор намешаванд. Аммо барои “моргазидаҳо” ин кор ҳам мушкил нест.

 

Акс аз интернет

isloh.net: Шароити намоз ва тоату ибодат дар зиндон дар кадом сатҳ аст?

Нусратуллоҳ: Дар ин масъала бояд эътироф кард, ки нисбат ба ҷомеъаи озод, шароити тоату ибодат дар мо он қадар бад набуд. Алҳамдулиллоҳ масҷиде доштем ва он ғунҷоиши тақрибан 350 нафар намозгузорро дошт. Ҳама зиндониҳо як намозро дар ду се ҷамоъат 300 нафарӣ адо менамудем. Шахсоне ҳам буданд, ки худашон танҳо намоз мегузориданд ва ба ҷамоат намеомаданд. Даъват ба ислом ва фаҳмонидану огоҳ кардан манъ буд. Магар дар ҳолатҳое, ки касе аз сӯҳбат огоҳ намегашт, зеро чуноне, ки гуфтам дар зиндон ҳам шахсони махсусе дар миёни мо буд ва раёсатро аз ҳолати ҳамаи зиндониён огоҳ мекард.

 

isloh.net: Шумо гуфтед, ки намозхон набудед, вале боз ҳам мегӯед, ки дар намозҳои ҷамоати зиндон иштирок мекардед.

Нусратуллоҳ: Ман дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба омӯзиши намоз машғул шудам. Вақте ба зиндон маро оварданд, алакай ман намоз мехондам. Яке аз бародароне, ки дар Покистон таҳсил карда буд, Мавлавияш мегуфтанд ва аз он кас дар боздоштгоҳ дарс гирифтам, ӯ бароям намозхониро омӯхт. Номашро ба хотири амнияти шахсияш гуфта наметавонам. Бо маблағи калоне ӯро аз сизо озод намуданд, то зиндон норафта, озод шуд ва ҳоло намедонам дар куҷост. Аммо шогирдони зиёде дошт.  Медонам наҳзатӣ буд. Аз рӯи гапзанияш фикр мекунам ё ҳисорӣ буд ё кулобӣ. Чанд боре пурсидам аз куҷоед, мегуфт ман одамам ва одам аз хок аст. Хело шух буд ва пайваста Қуръон мехонд, ҳатто ӯро мезаданд хомӯш набуд, лабонаш Қуръон мехонданд, хело аҷиб инсоне буд. Ин ҳолат ба ман ва дигар бародарон хело таъсири калон расонд. Дар дин сахт шудем, танҳо бо вуҷуди як Мавлавӣ ва суханону амалҳои аҷибаш. Агар фурсат шавад ҳолати махсуси ӯро дар як суҳбати алоҳида бароятон нақл мекунам . Чанд зиндонбон пас аз ин ки ӯро заданд дар хонаҳояшон воқеъаҳои нохуш рух дод. Меомаданд, бахшиш мепурсиданд. Доим чеҳрааш шукуфон ва нуронӣ буд, ҳамеша нимтабассум дошт. Зиндонбонҳо вақтҳои охир чизе намегуфтанд. Ҳатто ҷияни Зоро эътирофаш мекард, мебурд ӯро ва пас аз чанд соат меовард. Як дақиқа бе тиловат набуд. Авлиё буд гӯям хато намекунам. Шабҳо гиря мекард, дар ҳаққи президент ва ҳукуматдорон дуъо мекард, ки ҳамаи мо ӯро медидем ва ҳама баробар мегиристем. Ӯро бурданд, боз ба мо зулм сар шуд, ҳатто вуҷуди он кас барои мо хуб буд. Хело мехоҳам бори дигар ӯро бубинам.

 

isloh.net: Нисбати раёсати зиндон ва нигаҳбонони он шикояте доред? Ҳолатро дар умум чӣ гӯна тавсиф менамоед?

Иззатулло ШариповНусратуллоҳ: Роҳбари зиндони мо як шахсе бо номи Тоштемуров Рустам аз лақайҳои Данғара буд ва хело инсони золиму бераҳм буд. Бародарони бо моддаи 307-ро хело бад медид ва метавон гуфт як бадбахт буд. Ҳоло ин золимро аз кор гирифтанд ва раиси зиндони Қурғанро, ки зиндони аз ҳама ҳолаташ пурзӯр ин зиндони Қурғонтеппа аст ва онро “крити” мегӯянд, ба ин зиндони 7\4-и шаҳри Душанбе таъин карданд. Ин шахс ҳам золим аст, аслан то он ҷое, ки огоҳам дар зиндон ҳамагӣ  шаш моҳ шахсро масъул мекунанд ва агар аз уҳдаи зулм кардан набарояд ӯро аз кор мегиранд. Иззатулло Шарипов (Зоро) шоҳи зиндонҳои кишвар, Аллоҳ хораш кунад, хело ситамгар аст. Пулҳое аз ин зиндону зиндониҳо кор мекунад, ки ман медонаму зиндониҳо.

Асрори пулситониҳоро намехоҳам бигӯям, зеро бо додани пул ҳам бошад, ҳолати бародарон каме хуб аст. Агар ин роҳҳо банд шавад, ҳолати дохил хело вазмин мешавад.  Ҳаминро гуфта метавонам, ки маълумоти дақиқ дорам, Зоро дар зиндони рақами 1 ба худаш коргоҳҳои махсуси пинҳонии коркарди дару тирезаҳои пластикӣ дорад, коргоҳи мебелбарорӣ дорад ва берун аз зиндон тиҷорати сохтмон дорад, ки бештар бо роҳҳои махфӣ зиндониҳоро кор мефармояд. Шояд қисме аз ин тиҷоратҳояш ҳукумат бохабар бошад, аммо аз тиҷоратҳои асосиаш ба мисли сохтмон, ки бо номи дигарон номнавис аст ва маҳбусонро пинҳонӣ дар он сохтмонҳо истифода мебарад, фикр намекунам, ки ҳукумат огоҳ бошад. Дар ин кишвари фасодкор ҳама корро пул ҳал мекунад. Шояд аз ҳама корҳои Зоро ҳукумат огоҳ аст. Аллоҳ донотар аст.

 

isloh.net:  Дар охир ба хонандагони Сомонаи Ислоҳ чи гуфтание доред?

Нусратуллоҳ: Худо ҳеҷ мардбачаро зиндонӣ накунад, ранҷҳое дар онҷо дидам худам медонаму Худоям. Падарам мурд надидам, духтарчаам ба сабаби дар хона танҳо монданаш ва кор рафтани ҳамсарам аз як чашм маҳрум гашт. Ҳамсарам кор мекард, то мабалғ ба даст оварда, барои ман “передача” барад ва ман аз гуруснагӣ намурам. Чандин дороиҳоямро ба хотири наҷоти ман фурӯхтанд, бечора шудем. Аҳволи аксари зиндониҳо ҳамин аст.

Фикр мекунам, беҳтарин шахсони ватан, беҳтарин сиёсатдонҳо, олимон, шахсони ботақвову боимон, иқтисоддонҳо, бизнесменҳои боистеъдод дар зиндон қарор доранд. Аксарият бегуноҳ бо туҳмат зиндонӣ шудаанд.

Мехоҳам дар ватан асло ягон зиндон набошад.

Аслан як чизро бояд бигӯям, ки имрӯзҳо тамоми мардуми тоҷик зиндониянд ва аз дурии пайвандону наздикон фироқ мекашанд. Ин ҳукумат қисми фаъол ва соҳибандешаи ҷомеъаро ҳабс намуда, қисми дигарро мисли ин ки аз ватан бадарға намудааст, муҳоҷир кардааст. Дар кишвар ягон оилае нест, ки аз фироқ ва дурии наздиконаш ранҷ намебурда бошад. Мардуми тоҷик ҳама сар ба сар ранҷурем. Дилшикаставу рӯҳафтодаем. Имрӯз қариб, ки ҳолати мардони озоди тоҷик аз ҳолати зиндониҳо фарқ намекунад. Мо ҳам дар азоб будем, онҳо низ дар муҳоҷират дар азобанд. Мо ҳам дар фироқи дӯстон будем онҳо ҳам дар фироқи дӯстонанд ва фарзандонашонро ҳукумат зиндаятим кардааст. Моро аз озодӣ маҳрум намуда, ҳуқуқҳоямонро маҳдуд карданд, вале имрӯзҳо агар дурусттар назар кунем, озодии ҳама тоҷикон ба ҷуз як идда ҳукуматдорон маҳдуд шудааст. Аслан дар Тоҷикистон фаҳму тасаввурот аз озодӣ ва ҳуқуқи инсонӣ вуҷуд надорад. Ақлу ҳуш ва тафаккури донишҷӯёну олимонро ҳам ҳабс намуда, онҳоро гӯё робот кардаанд. Ҳар чизеро ҳукуматдорон хоҳанд, онҳо ба забон меоранд.

Аз Худованди карим дуъо мекунам, ки ин рӯзҳо поён ёбанд, золимон нобуд шаванд ва мардуми тоҷик аз ин ҳоли нангин берун омада, сарболо шавад. Омийн

Суҳбаторо: Муҳаммадиқболи Садриддин

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Дуъои миллати мазлум дар охирин ҷумъаи моҳи шаъбон

Ба гуноҳи сафиҳону,ҷоҳилони ин уммат моро мубталои сахтиҳо ва шиддатҳо нагардон. Ҷавонони ин уммат ва миллатро мойл ба ҳақ ва дур аз ботилу хурофоту ширк бигардон.Ботилро дар назари мо комилан намудор ва аз он дур,ҳақро дар назари мо намудор ва ба он чангзананда ва устуворамон бигардон
Read More

Хиёнат (қисса)

Бо ҷаҳл аз беморхона баромада, ба роҳрави ду тарафаш дарахтзор тез-тез қадам мезад, ки хандаи Санавбарро шунид. Ҳамроҳаш марди тахминан чилсолае чизеро нақл мекард. Муаллим наздиктар рафту занаш ӯро дидан замон дасту по гум кард.
Read More

Эрдуғон: Рафтори якҷонибаи Вашингтон танҳо ба манофеъи худи Амрико зарба мезанад

Иқдомоти якҷонибаи Амрико алайҳи муттаҳиди қадими худ Туркия, дар даврае, ки шарр ва бадӣ дар ҳама ҷойи ҷаҳон ба камин нишастааст, танҳо барои манофеъи худи Амрико зарба мерасонад.