Нақши Қуръон бар эътиқоди саҳобагон

Тасаввури саҳобаи киром қабл аз биъсат дар мавриди Худо тасаввури иштибоҳ ва ноқис буд. Онҳо дар мавриди асмо ва сифоти Худо дар инҳироф ғарқ буданд

Нақши Қуръон бар эътиқоди саҳобагон

 Тасаввури саҳобаи киром қабл аз биъсат дар мавриди Худо тасаввури иштибоҳ ва ноқис буд. Онҳо дар мавриди асмо ва сифоти Худо дар инҳироф ғарқ буданд, чунончи Худованд мефармояд:

«Аз они Худованд аст, некӯтарин номҳо. Ба он номҳояш нидо кунед. Онҳоро, ки ба номҳои Худо каҷравӣ меварзанд, вогузоред. Инҳо ба ҷазои аъмоли худ хоҳанд расид». (Сураи Аъроф , ояти 180)

 Баъзе аз сифоти Худоро нафӣ карда, ба ӯ асмоеро тааллуқ медоданд, ки Худо аз онҳо безор аст. Чунончи ба Ӯ (ҷ) фарзанд ва ниёзмандиро насб карда буданд. Ва мегуфтанд, ки фариштагон духтарони Худо ҳастанд, инчунин ҷинҳоро бар Худо шарик месохтанд. Чунончи Худованд мефармояд:

 

  «Барои Худо шариконе аз ҷин қарор доданд ва ҳол он ки ҷинро Худо офаридааст. Ва бе ҳеҷ донише, ба дурӯғ духтарону писароне барои Ӯ тасаввур карданд. Ӯ пок аст ва фаротар аст, аз он чӣ васфаш мекунанд!»

 (Сураи Аъроф, ояти 100)

Боз дар ҷои дигар Қуръони карим мефармояд:

 «Барои Худованде, ки аз ҳар гуна олоиш ва ниёз пок аст, духтароне қоил мешаванд ва барои худ ҳар чӣ дӯст доранд (мурод писарон аст)».(Сураи Наҳл, ояти 57)

Қуръони карим омад ва ақидаи дуруст ва саҳеҳро дар дилҳои муъминон кишт намуд ва бар ҳамаи башарият тавҳиди Рабубият ва тавҳиди Улуҳият ва тавҳиди асмо ва сифотро баён намуд. Инчунин имон овардани ба ҳар чи ки Худо дар мавриди малоик хабар додааст ва имони бар китобҳо ва бар паёмбарон ва бар қадар (хайр ва шарри он) ва ба рӯзи охират ва бар исботи рисолат бар ҳамаи паёмбаронро дастур дод. (1) Қуръони даврони Маккӣ барои мардум равшан намуд, ки кадом Худоро бояд парастид ва чӣ гуна бояд шинохт. Ва Паёмбари Худо (с) аз нахустин рӯзҳои даъваташ мекӯшид, то мардумро аз тасаввури дуруст дар бораи Парвардигорашон ва ҳаққи Ӯ таоло болои бандагонаш огаҳ созад ва медонист, ки ин тасаввур дар вуҷуди касоне, ки фитрати онон дуруст ва солим аст, тасдиқ ва яқинро ба ҷо хоҳад гузошт. Паёмбари Худо (с)  бо таваҷҷӯҳ ба оятҳои Қуръони карим талошҳои худро дар чанд бахш мутамарказ карда буд, ки иборатанд:

1. Худо аз ҳама нуқсонҳо пок ва муназзаҳ аст, ва Ӯ (ҷ) мавсуф ба камолоти бепоён аст ва он Худои ягонаест, ки ҳеҷ шарик ва ҳамсару фарзанде надорад.

2. Худо офаранда, молик ва мудаббири ҳамаи махлуқот аст, он ҷо ки мефармояд:

  «Парвардигори шумо Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Пас бар Арш муставӣ шуд. Рӯзро ба шаб мепӯшонад ва шаб шитобон онро металабад (инчунин рӯз ҳам шабро мепӯшонад ва шитобон онро металабад). Ва офтобу моҳ ва ситорагон мусаххари фармони Ӯҳастанд. Огоҳ бошед, ки Ӯрост офаринишу фармонравоӣ. Худо, он Парвардигори ҷаҳониён, бағоят бузург аст!» (Сураи Аъроф,ояти 54)

3. Худо сарчашмаи ҳамаи неъматҳост, хоҳ хурд бошанд ё бузург, ошкор бошанд ё пинҳон, чунончи фармудааст:

«Ҳар неъмате, ки шуморост, аз ҷониби Худованд аст ва чун ранҷе ба шумо расад, ба пешгоҳи Ӯ зорӣ мекунед». (Сураи Наҳл, ояти 53)

4. Илми Аллоҳ дарбаргирандаи ҳамаи махлуқот аст ва аз Ӯ (ҷ) ҳеҷ чизе, на дар замину осмон ва на он чизҳоеро, ки инсон ошкор ва пӯшида анҷом медиҳад, пинҳон намемонад ва дар ин бора мефармояд:

 «Худост, ки ҳафт осмон ва монанди онҳо замин биёфарид. Фармони Ӯ миёни осмонҳову замин ҷорист, то бидонед, ки ҳароина, Худо ба ҳар чизе қодир аст ва ҳароина, ба илм бар ҳама чиз иҳота дорад». (Сураи Талоқ, ояти 12)

5. Худои пок амалҳои инсонро ба воситаи фариштагон, дар китобе, ки хурдтарин чиз ҳам аз он раҳо нахоҳад ёфт, сабт менамояд. Ва ин китоб дар вақт ва лаҳзаи муносиб кушода хохад шуд ва дар ин маврид дар Қуръони карим омадааст:

 «Ҳеҷ каломе намегӯяд (инсон ва амалеро анҷом намедиҳад), магар он ки дар канори ӯ нозиру нависандае ҳозир аст.» (Сураи Қоф, ояти 18)

 6. Худо бандагонашро ба чизҳое меозмояд, ки бандагон он чизҳоро дӯст намедоранд, то маълум шавад, ки кадом банда ба қазо ва қадари Худо розӣ буда, худро дар зоҳиру ботин таслими Ӯ (ҷ) менамояд. Пас Худованд чунин инсонҳоро шоистаи хилофат ва раҳбарият мегардонад. Ва ҳар кадоми онҳо, ки ба қазову қадари Илоҳӣ норозигӣ баён карда, хашмгин мегарданд, пас арзиши ҳеҷ чизеро нахоҳанд дошт ва чизе ба онҳо дода намешавад. Худованд мефармояд: «Он ки маргу зиндагиро биёфарид, то биёзмоядатон, ки кадом як аз шумо ба амал некӯтар аст ва Ӯст пирӯзманду омурзанда!» (Сураи Мулк, ояти 2)

 Ва Худо бар ҳар чизе қабл аз вуқуъаш доност.

7. Худо ҳар киро, ки ба сӯи Ӯ таъоло паноҳ мебарад, тавфиқ медиҳад ва ёрӣ мекунад ва дар ин маврид фармудааст:

  «Ёвари ман Аллоҳ аст, ки ин китобро нозил карда ва Ӯ дӯсти шоистагон аст».(Сураи Аъроф, ояти 196)

8. Ва ҳаққи Худо бар бандагонаш ин аст, то Ӯро парастиш кунанд ва Ӯро ягона бидонанд ва ба Ӯ (ҷ) чизеро шарик қарор надиҳанд. Худованди субҳон фармудааст:

«Балки Худоро бипараст ва сипосгузори Ӯ бош!» (Сураи Зумар, ояти  66)

9. Ва Худо дар Қуръони карим мафҳуми ибодат ва тавҳидро мушаххас кардааст. (2)

 Дастаи аввали саҳобагон (р) бар фаҳму идроки сифоти Аллоҳ ва асмои ҳусно тарбият шуда, Худоро ҳамон гуна, ки лоиқи ибодат аст, парастиш менамуданд. Ризои Худоро мақсуди худ қарор дода, ҳамеша худро зери муроқабати Ӯ (ҷ) ҳис менамуданд. Ва ҳамчунин онҳо худро аз ҳама гуна анвоъи ширк пок карда ва ғайр аз Худо касе дигарро дар тадбири умури ҷаҳон, офариниш, мирондану зинда гардонидан, овардани хубӣ ва дафъи бало ва тасарруфи дар олам шарик намедонистанд. Ва ҳамчунин аз муқтазиёти асмо ва сифоти илоҳӣ ин аст, ки дар илми ғайб, бандагӣ, ҳокимияти мутлақ ва тоати мутлақ ва монанди инҳо ҳамто ва ҳамсоне ба Худо нагиранд.

Тарбия намудани Паёмбар (с)  ёронашро бар тавҳид асосест, ки ислом бар он бино шудааст ва ин ҳамон барномаест, ки ҳамаи анбиё ва расулон ба сӯи он даъват намудаанд ва ҳар паёмбаре қавми худро танҳо ба сӯи парастиши Худои якто даъват менамуд. Худованд дар бораи Нӯҳ (а) мефармояд:

 «Ва Нӯҳро бар мардумаш ба паёмбарӣ фиристодем. Гуфт: «Ман барои шумо бимдиҳандае ошкорам, ки ҷуз Худои барҳақро напарастед! Зеро аз азоби рӯзи сахти қиёмат бар шумо бимнокам!». (Сураи Ҳуд, оёти  25 – 26)

Ва Худои бузург дар бораи Ҳуд (а) мефармояд:

  «Ва бар қавми Од бародарашон Ҳудро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худои барҳақро бипарастед, шуморо ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ӯ нест ва шумо дурӯғсозоне беш нестед». (Сураи Ҳуд, ояти 50)

Ва дар бораи Солеҳ (а) Худованд мефармояд:

 «Ва бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, Гуфт: «Эй қавми ман, Худои барҳақро бипарастед! Шуморо ҷуз Ӯ маъбуди барҳаққе нест. Ӯст, ки шуморо аз замин падид овардааст ва хост, ки ободонаш доред. Пас омурзиш хоҳед ва ба даргоҳаш тавба кунед. Албатта, Парвардигори ман наздик аст ва дуъоҳоро иҷобат мекунад!» (Сураи Ҳуд, ояти 61)

Ва дар бораи Шуъайб (а) дар Қуръони карим Худои субҳон мефармояд:

 «Ва бар Мадян бародарашон Шуъайбро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худои якторо бипарастед, шуморо ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ӯ нест! Ва дар паймонаву тарозу нуқсон макунед! Инак, шуморо дар неъмат мебинам. Ва аз рӯзе, ки азобаш шуморо фурӯ гирад, бимнокам». (Сураи Ҳуд, ояти 84)

Ва дар бораи Исо (а) ояти карима мефармояд:

 «Аллоҳ Парвардигори ману шумост. Бипарастедаш, ки роҳи рост ин аст».(Сураи Оли Имрон, ояти 51)

 Ҳар паёмбар, ки аз ҷониби Аллоҳ фиристода шуд, ба сӯи тавҳиди улуҳият, яъне, танҳо Худоро парастидан ва иҷтиноб аз бутон ва тоғут даъват намуд ва дар ин маврид Худованд мефармояд:

«Дар миёни ҳар миллате паёмбаре фиристодем, ки Худоро бипарастед ва аз бут дурӣҷӯед. Баъзеро Худо ҳидоят кард ва бар баъзе гумроҳӣ муқаррар гашт. Пас дар замин бигардед, ки оқибати кори касоне, ки паёмбаронро ба дурӯғ нисбат медоданд, чӣ гуна будааст». (Сураи Наҳл – 36)

Паёмбари Худо (с) худ намунаи муъмини воқеии яктопараст буд, ки ёронашро бар асоси тавҳид тарбият менамуд. Ва дар ин маврид дар Қуръони карим Худованд мефармояд:

«Бигӯ: «Парвардигори ман маро ба роҳи рост ҳидоят кардааст, ба дине ҳамвора устувор, дини ҳанифи Иброҳим. Ва ӯ аз мушрикон набуд. Бигӯ: «Намози ману қурбонии ману марги ман барои Худо, он Парвардигори ҷаҳониён аст. Ӯро шарике нест. Ба ман чунин амр шудааст ва ман аз нахустин мусалмононам. Бигӯ: «Оё ҷуз Аллоҳ Парвардигоре ҷӯям?» Ӯ Парвардигори ҳар чизест ва ҳар кас танҳо ҷазои кори хешро мебинад. Ва касе бори гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба назди Парвардигоратон аст ва Ӯ шуморо ба он чизҳое, ки дар он ихтилоф меварзидед, огоҳ мекунад». (Сураи Анъом, оёти 161-164)

Чун натиҷаҳо ва дастовардҳои тарбияти Паёмбар (с)  мушаххас гардид, ёрони ӯ низ аз ҳама он чи ки бо тавҳиди улуҳият ва тавҳиди рубубият ва тавҳиди асмо ва сифот мутазод буд, худро пок намуданд. Ҳеҷ ҳукмеро ба сӯи ғайри Худо ҳавола намекарданд ва ғайр аз Худо каси дигареро фармонбардорӣ наменамуданд. Аз ҳеҷ касе ғайр аз ризои Худо пайравӣ намекарданд ва ҳеҷ касеро монанди Худо дӯст намедоштанд. Тарсе аз ғайри Худо надоштанд ва бар касе ғайр аз Худо таваккул наменамуданд. Ғайр аз Худо аз каси дигар талаби дуои раҳмату мағфират нанамуда ва ҳеҷ забҳеро ба ғайри номи Худо анҷом намедоданд. Ва ба ғайр аз Худои ягона ба сӯи дигаре талаби истиғоса ва фарёдрасӣ наменамуданд. Бар чизе, ки танҳо Худо тавоноияшро дорад ба ҷуз худи Ӯ (ҷ) аз ғайраш кӯмак намехостанд. Ба ғайр аз Худои бузургу тавоно дигареро саҷдаву рукуъ ва барояш ҳаҷҷу тавоф ва ибодат наменамуданд. Бар Худо, касе ва чизе аз махлуқотро ташбеҳу монанд накарда ва Ӯро аз ҳар чизи махлуқу маъдум ниҳоят поку муназзаҳ мешумурданд. Бидуни таҳрифу таъвил он чиро бар Худо собит медонистанд, ки Худо ва Расулаш собит кардааст. Дар пинҳону ошкор ғайр аз Худо аз каси дигаре хавф надоштанд. Ҳеҷ касеро аз махлуқот ба хасоиси рубубияти Аллоҳ, ба монанди зинда гардонидан ва миронидан, ризқ додан, илми муҳит, қудрат, қаюм будан, бақои мутлақ, ба ҳалол ва ҳаром ҳукм кардан ва монанди инҳо шарик намесохтанд. Худованд моро аз ҷумлаи касоне бигардонад, ки тавҳидро бар забон ва амалро бар ҷавориҳ ва эътиқодро бар дил доранд ва Худо беҳтарин мавло ва соҳиб буда ва қодиру товоност. (3)

 Қуръони Маккӣ, илова бар тавзеҳу ташриҳ ва исботи ақидаи тавҳид рисолати Муҳаммад (с) -ро ба сӯи инсу ҷин низ собит менамояд, чунончи Худованд мефармояд:

«Туро ба паёмбарӣ фиристодем, бар ҳамаи мардум: муждадиҳандаву бимдиҳанда. Вале бештари мардум намедонанд».  (Сураи Сабо, ояти 28)

Ва дар ҷои дигар инчунин мефармояд:

Бигӯ: «Эй мардум ман фиристодаи Худо бар ҳамаи шумо ҳастам. Он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст ва ҳеҷ худое (барҳақ) ҷуз Ӯ нест. Зинда мекунад ва мемиронад. Пас ба Худо ва расули Ӯ, он паёмбари уммӣ, ки ба Худову суханони Ӯ имон дорад, имон биёваред ва аз Ӯ пайравӣ кунед, бошад, ки ҳидоят шавед!» (Сураи Аъроф, ояти 158)

Ва дар ояти дигар боз мефармояд:

«Ва гурӯҳе аз ҷинро назди ту равона кардем, то Қуръонро бишнаванд. Чун ба наздаш расиданд, гуфтанд: «Гӯш фаро диҳед! Чун (тиловати Қуръон) ба поён омад монанди бимдиҳандагоне назди қавми худ бозгаштанд. Гуфтанд: «Эй қавм, мо китоберо шунидем, ки баъд аз Мӯсо нозил шуда, китобҳои пешинро тасдиқ мекунад ва ба ҳақ ва роҳи рост роҳ менамояд. Эй қавми мо, ин даъваткунандаи Худоро посух гӯед ва ба ӯ имон биёваред, то Худо гуноҳҳоятонро биёмурзад ва шуморо аз азоби дардовар дар амон дорад». (Сураи Аҳқоф, оёти 29-31)

Ҳамчунин оёти дигаре низ вуҷуд дорад, ки ба собит намудани рисолати Муҳаммад (с)  ба сӯи инсу ҷин далолат менамояд. (4) Ва инчунин Қуръони Маккӣ дар синаҳои саҳобагон ақидаи дурусти тавҳид ва ҳақиқати рисолати Паёмбар (с) -ро ҷойгузин намуда, ақидаи эшонро дар бораи малоика дуруст намуд, ки онҳо офаридашудаи Худоянд ва танҳо Худоро саҷда менамоянд ва аз ибодати Худо саркашӣ намекунанд ва онон бар касе фоида ва зараре намерасонанд, магар ба фармони Худои субҳон. Худо (ҷ) дар ин маврид мефармояд:

  «Раъд ба ситоиши Ӯ ва фариштагон аз бими Ӯ тасбеҳ мегӯянд. Ва соъиқаҳоро (оташакҳоро) мефиристад ва ҳар киро бихоҳад, бо он осеб мерасонад. Боз ҳам дар бораи Худо баҳсу ҷидол мекунанд. Ва Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад!»

(Сураи Раъд, ояти  13) 

«Ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст аз ҷунбандагону фариштагон Худоро саҷда мекунанд ва такаббур намеварзанд».  (Сураи Наҳл, ояти 49)

 «Ситоиш аз они Худованд аст, офаринандаи осмонҳову замин, он ки фариштагонро расулон гардонид. Фариштагоне, ки болҳое доранд, ду-ду ва се-се ва чаҳор-чаҳор. Дар офариниш ҳар чӣ бихоҳад (фариштагон, одамон ва дигар махлуқоти ҷаҳон) меафзояд, ҳароина, Худо ба ҳар коре тавоност!»  (Сураи Фотир, ояти 1)

Бигӯ: «Бихонед касонеро, ки ҷуз Худои якто худо мепиндоред!» Молики заррае, дар осмонҳову замин нестанд ва дар офариниши он ду ширкате надошта ва Худоро дар офариниш ёрӣ накардаанд». (Сураи Сабо, ояти 22)

   «Албатта, онон, ки дар назари Парвардигори ту ҳастанд, аз парастиши Ӯ сар наметобанд ва тасбеҳаш мегӯянд ва барояш саҷда мекунанд!»

 (Сураи Аъроф, ояти  206)

Ва инчунин дигар аркони имонро Қуръони карим ба таври муъҷизаосое дар дилҳои муъминин ҷойгузин намуд ва бар ҳамаи мардумон онро равшан сохт. Чунончи Худованд дар мавриди чӣ гуна нозил кардани Қуръон бар паёмбараш Муҳаммад (с)  ошкоро маълумот дода фармуд:

  «Ва Қуръонро кам-кам (дар муддати бисту се сол ба гунаи оятҳо ва бахшҳои ҷудогона) нозил кардем, то ту онро оҳиста-оҳиста ва андак-андак бар мардум бихонӣ(ва ба ин васила, ҷазби дилҳо ва андешаҳо шавад ва дар амал ҷорӣ гардад) ва нозил кардем, нозил кардане ба камол».  (Сураи Исро, ояти 106)

«Худо беҳтарини суханро нозил кардааст. Китобе муташобеҳ ва дуто-дуто, ки аз тиловати он касонеро, ки аз Парвардигорашон метарсанд, аз хавф танашон меларзад. Сипас тану ҷонашон ба ёди Худо биёромад. Ин роҳи Худост, ки ҳар киро бихоҳад, ба он раҳнамоӣ мекунад ва ҳар киро Худо гумроҳ кунад, ӯро ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд!» (Сураи Зумар, ояти 23)

«Вақте мегӯянд, ки Худо ба ҳеҷ инсоне чизе нозил накардааст, Худоро ончунон, ки лоиқи Ӯст нашинохтаанд. Бигӯ: «Китоберо, ки Мӯсо барои рӯшноӣ ва ҳидояти мардум овард, чӣ касе бар ӯ нозил карда буд? Онро бар қоғазҳо навиштед, порае аз онро ошкор месозед, вале бештаринро пинҳон медоред. Ба шумо чизҳое омӯхтанд, ки аз ин пеш на шумо медонистед ва на падаронатон медонистанд. Бигӯ: «Он Аллоҳ аст!» Он гоҳ раҳояшон соз, то ҳамчунон дар ин баҳси хеш дилхуш бошанд». (Сураи Анъом, ояти 91)

Ва Худо баён менамояд, ки ғайр аз Қуръони карим дигар китобҳоро низ нозил намудааст. Ӯ таъоло мефармояд:

«Ва Парвардигори ту ба касе, ки дар осмонҳову замин аст, огоҳтар аст. Баъзе аз паёмбаронро бар баъзе дигар бартарӣ ниҳодем ва ба Довуд Забурро додем». (Сураи Исро, ояти 55)

«Ин китобро, ки тасдиқкунандаи китобҳои пеш аз он аст, барҳақ бар ту нозил кард ва қабл аз он Таврот ва Инҷилро».  (Сураи Оли Имрон, ояти 3)

 «Дар миёни пешиниён паёмбарони бисёре фиристодем». (Сураи Зухруф, ояти  6)

«Ва дар ҳақиқат, пеш аз ту паёмбароне фиристодем, ки достони баъзеро бароят гуфтаем ва достони баъзеро нагуфтаем. Ва ҳеҷ паёмбареро нарасад, ки ояте биёварад, магар ба фармони Худо. Ва чун фармони Худо даррасад, барҳақ доварӣ гардад ва онон, ки бар ботил будаанд, он ҷо зиён хоҳанд дид». (Сураи Ғофир, ояти 78)

Чаҳорум: Васфи Ҷаннат дар Қуръони карим ва таъсири он бар саҳобагон:

 Кам ба чашм мерасад, ки дар сураҳои маккӣ аз барпошавии қиёмат, рӯзи охират, ҳоли бошандагони Ҷаннат ва Дӯзах ва чигунагии ҳашр ва ҳисобу китоби он рӯз ёде нашуда бошад, то он дараҷае, ки гӯё инсон он рӯзро бо чашми сар мебинад. Худованди қодиру тавоно дар ин маврид мефармояд:

«Худоро нашинохтанд, он чуноне ки шоёни шинохти Ӯст. Ва дар рӯзи қиёмат замин як ҷо дар қабзаи Ӯст ва осмонҳо дарҳампечида дар яди рости қудрати Ӯ. Пок аст ва бартар аз ҳар чӣ шарики Ӯ мепиндоранд. Ва дар сур дамида шавад. Пас, ҳар кӣ дар осмонҳо ва ҳар кӣ дар замин аст, ҷуз онҳо, ки Ӯ бихоҳад, беҳуш мешаванд. Ва бори дигар дар он дамида шавад, ногаҳон аз ҷой бармехезанд ва менигаранд. Ва замин ба нури Парвардигораш равшан шавад ва номаҳои аъмолро биниҳанд ва паёмбарону гувоҳонро биёваранд ва дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ шавад ва бар касе ситаме наравад. Подоши ҳар кас баробари кирдораш ба тамомӣ адо шавад, дар ҳоле ки Худо ба корҳое, ки мекардаанд, огоҳтар аст. Ва кофиронро гурӯҳ-гурӯҳ ба Ҷаҳаннам биронанд. Чун ба Ҷаҳаннам расанд, дарҳояш кушуда шавад ва нигаҳбонони оташ гӯянд: «Оё паёмбароне аз худи шумо бар шумо фиристода нашудаанд, то оёти Парвардигоратонро бароятон бихонанд ва шуморо аз дидор бо чунин рӯзе битарсонанд?» Мегӯянд: «Бале». Вале бар кофирон азоб муҳаққақ шуда буд. Гуфта шавад: «Аз дарҳои Ҷаҳаннам дохил шавед, ҳамеша дар он ҷо хоҳед буд». Ҷойгоҳи саркашон чӣ бад ҷойгоҳест! Ва ононро, ки аз Парвардигорашон тарсидаанд, гурӯҳ-гурӯҳ ба Биҳишт мебаранд. Чун ба Биҳишт бирасанд дарҳояш кушуда шавад. Ва дарбонҳои Биҳишт гӯяндашон: «Салом бар шумо, Биҳиштатон хуш бод, ба дарун биёед, ҳамеша дар ин ҷо хоҳед буд! Мегӯянд: «Сипос Худоеро, ки ҳар ваъда, ки ба мо дод, рост буд. Он заминро ба мерос ба мо дод. Ва акнун дар ҳар ҷои Биҳишт, ки бихоҳем, макон мегирем». Амалкунандагонро чӣ музди некӯест! Ва (эй Муҳаммад) фариштагонро мебинӣ, ки гирди арши Худо ҳалқа задаанд ва ба ситоиши Парвардигорашон (аз рӯйи талаззуз на таъаббуд) тасбеҳ мегӯянд. Миёни онҳо (бандагон) ба дурустӣ доварӣ гардад (ва аслан ба онҳо ҳеҷ гуна ситаме нашавад) ва (дар ивази адолат ва қазои Худо аз сӯйи ҳама ҳастӣ) гуфта шавад, ки ситоиш аз они Худоест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст! (Сураи Зумар, оёти 67-75)

 Васфи Ҷаннат дар оятҳои маккии Қуръони карим ончунон равшан ва ошкор зикр шудааст, ки дар дили саҳобагон таъсири амиқ мегузошт. Дар Қуръони карим дар васфи Ҷаннат омадааст, ки он ҳеҷ мислу монанде надорад ва Ҷаннатро дарвозаҳо ва дараҷот аст ва зери Биҳишт чашмаҳо ва дарёҳои равон аст ва барои накӯкорон қасрҳо ва хаймаҳо муҳаёст. Биҳишт дорои дарахти Тубо ва дарахтони гуногуне ба монанди Сидрату-л-мунтаҳо аст. Ва Қуръони карим неъматҳои аҳли Ҷаннатро зикр менамояд, ки он ҷо барои биҳиштиён таому шароб, май, ҷавоҳирот, либосу фарш, хидматгузорону ҳурон ва охирину болотарин хоҳишоташон муҳаё шудааст…

Манобеи истифодшуда:

  1. «Аҳаммиятул ҷиҳоди фӣ нашри-д-даъват»-и Алӣ Улёнӣ, саҳ. 47.
  2. «Манҳаҷур- Расул фӣ ғарсир- руҳи-л-ҷиҳодия», саҳ. 10, 16.
  3. «Аҳаммиятул ҷиҳоду фӣ нашри-д-даъва», саҳ. 54, 55.
  4. «Аҳаммиятул ҷиҳоди фӣ нашри-д- даъва», саҳ. 56.

 

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Такрори кулфати Фаластин дар Тоҷикистон

Бузургони тоҷик дар ин садсолаи охир ба ҷуз чанд навиштаҳои ором-ором ва талошҳо бо теғи қалам, дигар ҳеҷ муборизае баҳри бақои дину миллату сарзамин аз дасташон наёмадааст. Ҳама талафотро ором-ором бо “сабру таҳаммул” қабул кардаанд. Имрӯз мардуми тоҷик бо ҳуруфоти бегона менависад. Адабиётҳои гузаштагони худро 80 дар сади мардумаш хонда наметавонанд. Таҳоҷум ба фарҳангу диёнати мардуми ин сарзамин расман аз ҷониби ҳукумат бо иддаои “худшиносии миллӣ” пиёда мешавад.