Намедонам рӯзноманигоронро табрик кунам ё таъзия баён кунам?

Ислоҳ нет

Намедонам рӯзноманигоронро табрик кунам ё таъзия баён кунам?

Ҳама сола дар кишвар 11-уми мартро ҳамчун рӯзи иди матбуъот ҷашн мегиранд.Албатта дар доираи начандон васеъ ва густурдае вале гӯё чунин ҷашне ё иде вуҷуд дорад.
Сабаб аз таҷлили иди матбуъот дар ин рӯз:
Дар Бухоро 11 марти 1912 рузномаеро бо номи “Бухорои шариф” бо забони тоҷикӣ бо дахолати вакили сиёсии русия аз Амир Олимхон иҷозати нашрашро мегиранд. Ин рӯзнома дақиқан даҳ моҳ фаъолат намуд.Бухорои Шариф дар даҳмоҳ 153 адад нашр намуд.Нахуст дар ҳафта ба ҷуз рӯзи ҷумъа дигар ҳамарӯза нашр мешуд.Дар рӯзҳои охир бошад дар ҳафта се рӯз нашр мегашт.Муассисони ин рӯзнома Мирзосироҷи Ҳаким ва Мирзомуҳиддин Мансуров буданд.Муҳарририи ин рӯзномаро Мирзоҷалол Юсуфзода бар душ доштанд. Бо шаҳодати бархе аз бузургони он замон Устод Садриддин Айнӣ яке аз муассисон ва фикраи асосии нашр ва таъсиси ин рӯзнома будааст.Бо сабабҳои сиёсии печидаи он рӯзгор номе аз Устод Айнӣ сабт нашудааст.

Пас аз баста шудани ин рӯзнома бори дигар бо дахолати вакили сиёсии русия дар Бухоро. Бори дигар ба таъсиси рӯзномаҳои дигареҳам ҷавонбахтиёрони Бухороӣ камари ҳиммат бастаанд аммо дигар на комил ба забони тоҷикӣ.Агарчӣ рӯзномае бо номи “Шуълаи Инқилоб” бо забони тоҷики буд.Ин рӯзнома ба нафъи русияи тазорӣ буд на ба нафъи миллат,ислом ва он марзубум.
Ин буд мурури кутоҳе нисбати рӯзи 11 март ва таъсиси рӯзномаи он давра ва ба он муносибат ин рӯзро иди матбуъот номгузорӣ намуданд.

Ҳоло дар тоҷикистон воқеъан иди матбуъот аст ё мотами он?

Албатта соли 2016 соли хело мушкил ва муракаббу ҳатто маҳву басташудани бисёре аз рӯзномаҳо ва сомонаҳои хабарӣ дар кишвар буд. Ончунин репреся карданд,ки бовар кунед аз соли 1937 ҳам вазминтар буд.

Боз аҷибаш инҷост,ки шахсони калидии кишвар мисли ҷаноби Худобердӣ Холиқназар раиси МТС ё МБИ маркази бозрасии истротежики вобаста ба раисҷумҳур бо муъовинаш озодии аз ҳад зиёдро бад гуфтанд. Ончунон таҳқиқоташон аҷибу хондани буд,ки инсонро дар ҳайрат мегузошт.
Ҳама он кишварҳоеки онҷо феълан ҷангу хунрези аст аз озодии бештари матбуъот ва мардумаш ба ин мусибат гирифтор гаштаанд.

Баста шавии рӯзнома ва маҷаллаҳоро ин ду мақоми баландпоя чунин гуфтаанд:”Бархе аз расонаҳои хабарӣ,ки мутаваққиф шуданд,дар рақобати ҳирфаӣ шикаст хурданд,бархи дигар варшикаста шуданд”.

Инчунин афзуданд: “Озодбаёние,ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст,дар баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида намешавад”.

Азҳама муҳимаш инҷо аст: “Вале чандин матбуъот ба ҳукумат ва раисҷумҳури ҶТ нигоҳи муғризона доранд”.

Агар мо ин рӯзномаҳоро набандем медонед натиҷа чӣ мешудааст? 
“Паёмади Сурия ва Ироқ мунтазири мо мешудааст”.

Бо бастану фишор овардан ба рӯзномаҳои мустақил ва озодандешу мунаққид медонед чӣ гап мешудааст? 
“Аз сулҳу ваҳдат дифоъ мекардаем”

“Гузоришгарони бидуни марз” навиштаанд, “Тоҷикистон дар шохиси соли 2016 бо гирифтани мақоми 150-ум 34 зина поин омад. Ҳеч кадом аз кишварҳо дар ин раддабандӣ дучори чунин уфти шадид нашуд”.

Дар як сол 4 расона – “Вечерний Душанбе, “Дам”, “Нигоҳ” ва “Тоҷнюс” баста шуданд ва чанд нашрияи дигар дар вазъияти мушобеҳ қарор дорад: “Беш аз 10 рӯзноманигор Тоҷикистонро тарк кардаанд. Чунин вазъият нишондиҳандаи набуди шароити сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои фаъолияти фазои озоди плюралистӣ буда, нигаронии созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонаҳоро ба бор овардааст. Дурӯз қабл сомонаи маъруфи СССР масдуд гардид,ҳеҷ кас намедонад сабабш дар чӣ аст?

Ончӣ дар ин дусоли охир гузашт сангинтарин мароҳилро рузноманигорон,қаламкашон,нависандагон,аҳли илму зиёии асил тай намуда истодааст. Хуб медонем шахсе мехоҳад якатоз ва абадӣ ҳукумат кунад сангинтарин мусибатҳоро бар сари аҳли илму зиёӣ ва қаламкашу рӯзноманигор меорад.

Сабабаш ҳарчизе диди набояд онро нависӣ,агар навишти капат сухт. Ё инки дастҳоро пешибар карда хушомад гӯфта мегардӣ.Шумо ҳаргиз аз ин мусибатҳо натарседу рӯҳафтода ва пажмурда нагардед.Умеддорам ягон 11-уми мартро дар озодии комил ва осудаву оромии воқеъӣ барои рузноманигорону қаламкашон бо аҳли ватан ҷашн хоҳем гирифт. Дасти шумо дард накунад воқеъан ба ин сабри оҳанини шумо аҳсан мегӯям ва дасти шуморо аз дуриҳои дур мефишорам.

Share This Article