Намояндаи Тоҷикистон аз ширкати ҲНИТ дар нишасти САҲА изҳори нигаронӣ кард

Ислоҳ нет

Имрӯз, 10 сентябр дар пойтахти Лаҳистони Аврупо, шаҳри Варшава нишасти САҲА оид ба ҳуқуқи башар ва интихоботи демократӣ ба кори худ шурӯъ кард, ки қарор аст то 21 сентябр идома кунад.

Соати 10:00 ба вақти маҳаллии Варшав маросими ифтитоҳии нишасти машваратии намояндагони кишварҳо  дар бораи ченакҳои ҳуқуқи инсон оғоз шуд.

Дар ин нишаст намояндаи Тоҷикистон Муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидзода, баромад намуда,  пеш аз ҳама аз ҷашни 27 солагии истиқлолияти Тоҷикистон, ки дирӯз 9 сентябр дар саросари Тоҷикистон таҷлил гардид, ёдовар шуд.

“Мо дар давоми ин солҳо ҳамкории худро бо САҲА фаолона ба роҳ мондем. Дар чорчубаи ин ҳамкориҳо, чандин барномаҳо дар Тоҷикистон пиёда шуданд. Яке аз ин ҳамкории муҳими мо бо САҲА,  гузаронидани ҳамоиши Конфронси байналмилалӣ дар масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм буд, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе шуда гузашт” – таъкид намуд вай.

Ӯ афзуд, ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА шаҳодат аз он медиҳад, ки ин кишвар дар уҳдадориҳои худ  пойдор  барои устувории сулҳ, ҳифзи озодӣ ва ҳуқуқи инсон боқӣ мондааст.

Аммо, ба бовари намояндаи Тоҷикистон дар нишасти САҲА муносибати “стандарти дугона”-и кишварҳои алоҳида, нисбати гурӯҳҳои тундгаро шароити кунуниро вахим кардааст.

“Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ширкат дар ҳамоишҳо оид ба ченакҳои ҳуқуқи инсон ва нишастҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буд, чунин мемонад. Аммо, мо ғайри қобили қабул медонем, баъзе аз гурӯҳҳои ифротгарое, ки бо даст задан ба амалҳои террористӣ айбдор шудаанд ва кишварҳои узви САҲА ҳамчун созмони терористиву экстремистӣ шинохтаанд, дар ин нишаст роҳ ёбанд. Ба ин даъво метавонад ҳизби экстремистӣ ва терористии Наҳзати исломӣ мисоли равшан бошад, ки дар амалҳои терористиву экстремистии  дар Тоҷикистон рухдода даст дорад. Даст доштани ин ҳизб бо далелҳои зиёди радношаванда, тасдиқи худро ёфтааст”. – гуфт Низомиддин Зоҳидзода.

Маврид ба зикр аст, ки бино ба маълумотҳо дар нишасти имсолаи  САҲА дар Варшав бо намояндагӣ аз Тоҷикистон, муовини аввали вазири умури хориҷӣ Низомиддин Зоҳидзода, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷӣ Вафо Ниятбеков, муовини раиси Маркази исломшиносӣ Рустам Азизӣ, устоди Донишкадаи исломӣ Абураҳим Каримов, Сафири Тоҷикистон дар Олмон  ва Лаҳистон Маликшо Неъматов , муовини маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров иштирок доранд.

 

 

Share This Article