Намози таҳияи масҷид ( маънӣ, равиши хондан,ҳукм ва вақти он)

Ислоҳ нет

Намози таҳияи масҷид

( маънӣ, равиши хондан,ҳукм ва вақти он)

Дар мавриди намози таҳияи масҷид суоле чанд аз ҷониби хонандагон ба унвонии мо омадааст. Барои посухи ин савол баёни ин намозро муфассал мегӯем, то аз ин намоз огоҳии комил дошта бошед.

Таҳияи масҷид чӣ маънӣ дорад?  Ҳукми он

Таҳияи масҷид намозест иборат аз ду ракъат ва ё бештар аз ду ракъат ва ин  барои мусалмон суннат аст, ки вақте вориди масҷид мегардад ва мехоҳад нишинад ё мунтазири намоз ё дарс ва ё мулоқот бо шахсе бошад, ба ҷуз аз масҷиди Ҳаром (Макка), ки таҳияи он тавоф аст. Ҳукми таҳияи масҷид назди ҷумҳури уламои аҳли суннат, суннат аст. Назди бархе дигар суннати муаккада аст. Назди мазҳаби завоҳир воҷиб аст, зеро Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) амр карданд ва амри Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) воҷиб аст. Ҷамоъати аҳли ҳадис аз Абуқаттода (раз) ривоят карданд, ки  Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Ҳар вақте ки яке аз шумо ба масҷид омад қабл аз инки нишинад ду ракъат намоз гузорад”. (Бухорӣ, Муслим, Абудовуд,Тирмизӣ, Насоӣ ва Ибни Моҷа)

Аз Абуқаттода (раз), аз Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят мекунанд, ки фармуданд: “Ҳангоме ки яке аз шумо вориди масҷид мешавад, то ду ракъат намоз нагузорад, нанишинад”. (Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим р. 714)

Ин намоз намози сиррӣ ё хуфия аст. Бояд бо садои паст, ки танҳо худи намозгузор шунавад хоҳ шаб бошад хоҳ рӯз ҳеҷ фарқе намекунад, дар ҳар гӯшае аз масҷид, ки муяссар аст, ба ҷо оварда шавад. Тарзи гузоридани ин намоз мисли ҳар намози ду ракъатии дигар аст ва ҳеҷ фарқе дар тарзи адои он нест.

Назди фуҳақои мазҳаби шофеъӣ ва ҳанбалӣ камтарин адади ракъатҳои таҳияи масҷид ду ракъат аст. Аз ин бештар низ метавонад бихонад (дар ҳоле ки вақт дошта бошад).

Назди мазҳаби ҳанафӣ адади ракъатҳои таҳияи масҷид ду аст ва агар бештар хоҳад метавонад чор ракаъат бихонад. Ду ракъат мехонад салом медиҳад ва боз ду ракъати дигар мехонад ва аз чор ракъат бештар нест. Мазҳаби моликӣ бар ин назаранд, ки таҳияи масҷид ду ракъат аст ва тавре ки дар ҳадис сареҳ омадааст аз он бештар нест, зеро хилофи ҳадис мешавад.

Вақти гузоридани таҳияи масҷид

Ҳар вақте, ки мусалмон вориди масҷид гашт ва мақсади нишастан кард (на гузаштан аз дохили масҷид) тибқи ҳадиси дар боло зикрёфта то ду ракъат намоз нагузорад, нанишинад. Назди мазҳаби Имом Шофеъӣ (раҳ) ҳар боре, ки вориди масҷид шудед ва хориҷ гаштед ва дубора ворид шудед бояд намози таҳияи масҷидро адо намоед.

Назди мазҳаби Имом Абуҳанифа ва Имом Молик (раҳимаҳумуллоҳ) ҳар ки ба масҷид ворид гашт бояд таҳияи масҷидро адо кунад, агар аз масҷид хориҷ гашт ва барои муддати кӯтоҳ дубора баргашт дар ин сурат нахонад ҳам боке надорад. Имом Молик (раҳ) бар ин назар аст, ки шахсе барои гузашта рафтан, (яъне аз саҳни ҳавлии масҷид гузаштан) вориди масҷид гашт адои намози таҳияи масҷид шарт нест. Аммо се мазҳаби дигар ва ҷумҳури фуқаҳо ин қавлро қабул надоранд, ба муҷарради дохил шудан бояд таҳияи масҷидро адо кунад, новобаста аз ин ки ба қасди чӣ коре ба масҷид ворид шудааст. Масъалаи дигар: вақте вориди масҷид шудед, ки намози фарз иқома карда шуд ва ё ворид шудед, ки мардум барои адои намози фарз дар сафанд, бояд шумо худро ба намози фарзӣ бо ҷамоъат расонед, (яъне дар ин сурат дигар имкони хондани намози таҳияи масҷидро надоред).

Таҳияи масҷид дар аснои хутбаи хатиб дар рӯзи ҷумъа

Уламо дар мавриди адои намози таҳияи масҷид дар рӯзи ҷумъа, дар аснои хутбаи имом бар ду қавланд. Имом Абуҳанифа ва Имом Молик (раҳимаҳумуллоҳ) ба ин назаранд, ки вақте вориди масҷид гаштед ва хатиб хутбаи намози ҷумъаро мехонад бояд шинед ва ба хутба гӯш диҳед ва далели худро бо ояти 204 сураи муборакаи Аъроф меоранд:

“Чун Қуръон хонда шавад, ба он гӯш диҳед ва хомӯш бошед, то ки  шомили раҳмати Худо шавед!” (Сураи Аъроф, ояти 204)

Ин ҷо “Хомӯш бошед” фарз аст, вале таҳияи масҷид суннат аст. Пас ҷоиз нест барои адои суннат тарки фарз кунем.

Мазҳаби Имом Шофеъӣ ва Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) бар ин назаранд, ки дар рӯзи ҷумъа, дар ҳоли хутба хондани Имом вақте ба масҷид ворид мегардед бояд ду ракъат намози таҳияи масҷидро сареъ ва бо сураҳои кӯтоҳ бихонед, то барои гӯш додани хутба худро расонед.

Далели ин ду Имом ҳадиси саҳеҳ мебошад, ки онро Ҷобир аз Абдуллоҳ (раз) ривоят кардааст: “Рӯзи ҷумъа Сулайки Ғатфонӣ ба масҷид омад ва Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) хутбаи намози ҷумъаро мекарданд. (Сулайк) нишаст, Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфтанд: Эй Сулайк, бархез ва ду ракъат намози кӯтоҳ бихон. Сипас фармуданд: “Ҳар  вақте рӯзи ҷумъа кадоме аз шумо дар ҳоле ворид шудед, ки Имом хутба мекунад, ду ракъат намоз гузоред ва кӯтоҳ бихонед, (яъне сураҳои кӯтоҳ бихонед, то аз намози таҳияи масҷид тезтар фориғ гардед ва ба хутбаи Имом расед)” (Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим р. 875)

Оё таҳияи масҷид дар вақтҳое ки намоз гузоридан манъ аст, адо мешавад?

Имомони чоргонаи мазоҳиби аҳли суннат дар ин масъала ихтилоф доранд. Вақтҳои манъшуда пас аз намози субҳ, то баромадани офтоб ва пас аз намози аср то ғуруби офтоб аст. Дар ин ду вақт намози нофила манъ аст зеро ин вақти ибодати офтобпарастон аст. Дар ин мавридҳо агар вориди масҷид гашт мазҳаби Имом Абуҳанифа (раҳ) ба ин назар аст, ки набояд намози таҳияи масҷид гузорида шавад, зеро вақти манҳия аст. Мазоҳиби дигар моликӣ, шофеъи, ҳанбалӣ бар ин назаранд, ки агар вориди масҷид гаштед бояд намози таҳияи масҷид гузоред. Фарқ намекунад он қабл аз баромадани офтоб аст ва ё қабл аз ғуруби офтоб  ва ё дар ҳар вақти дигари рӯз. Аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ шахсе, ки вориди масҷид гашт ва таҳияи масҷидро фаромӯш кард, чун ба ёд овард, ки намози таҳияи масҷидро нахондааст аз ҷо боло мешавад ва ду ракъат таҳияи масҷидро адо мекунад. (фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатуҳу Ваҳба Зуҳайлӣ)

Дар ин бахш ҷуз имом Абуҳанифа (раҳ) се мазҳаби аҳли суннат бар ин назаранд, ки намози таҳияи масҷид дар вақтҳои манҳияе, ки дар боло зикраш рафт бояд хонда шавад. Инчунин лаҷнаи доимии уламои ҳарам ҳам бар ин назаранд, ки ҳар вақте вориди масҷид гаштед бояд таҳияи масҷид адо карда шавад. Агарчи вақтҳои манҳия ҳам бошад, зеро дар вақтҳои манҳия намози нафл хондан иҷозат нест ва таҳияи масҷид намози нафл набуда, намози махсус ва суннати муаккада аст, бояд адо гардад.

Таҳияи масҷиди Ҳаром (Макка) чӣ гуна аст?

Таҳияи масҷиди Ҳаром ё Макка ба иттифоқи уламои аҳли суннат тавоф кардан аст. Ба ҳар қасде, ки меравед, чи умра бошад, чи ҳаҷ ва чи тиҷорат, бояд ҳафт маротиб тавоф намоед. Дар ин маврид ҳадиси Уммулмуъминин Оишаи Сиддиқа (раз) ҳаст ва Имом Муслим онро дар саҳеҳаш меорад. Барои тарҷумаи ҳадис лузуме намебинам, зеро дар ин масъала миёни фуқаҳо ҳеҷ ихтилоф вуҷуд надорад.Инчунин пас аз адои тавофи байтуллоҳ ду ракаъат намози тавофро гузорад.Тибқи ҳадиси саҳеҳ,ки Имом Аҳмад ва соҳибони чор сунан  ривояташ намудаанд ”Эй фарзандони Абдулманоф манъ накунед касеро аз тавофи ин хона ва аз гузоридани намоз  дар ҳар соате аз шаб ва ё рӯз агар бихоҳад” Агар қисмат рафта бошад ва Аллоҳ моро ба ин сарзамин расонад, дар риҳоби Байтуллоҳ-ил-ҳаром бо тавоф оғоз менамоем, Валлоҳу аълам биссавоб.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

 

 

Share This Article