Намунаи чордаҳум ИРТИБОТИ ХЕШОВАНДӢ МИЁНИ ХОНАДОНИ АЛӢ (Р) ВА ХОНАДОНИ ТАЛҲА (Р)

Ислоҳ нет

Намунаи чордаҳум

ИРТИБОТИ ХЕШОВАНДӢ МИЁНИ ХОНАДОНИ АЛӢ (Р)
ВА ХОНАДОНИ ТАЛҲА (Р)

Дар ин намуна далоили бештаре бар радди дурӯғпардозиҳо дар мавриди ҷанги Ҷамал хоҳед ёфт, ки шуморо барои парҳез аз он дурӯғпардозиҳо таҳрик мекунад ва дар ин ҷо бояд пурсид, ки чӣ чизе аҳли байтро барои издивоҷ бо хонадони Зубайр (р) — чунончи ишора шуд — ва хонадони Талҳа(р) — чунончи хоҳед дид — бармеангезад, агар кина ва буғзи дил дарунашонро фаро гирифтааст?
Талҳа писари Убайдуллоҳ ибни Усмон ибни Амр ибни Каъб ибни Тайм ибни Мурра ибни Каъб ибни Луай ибни Ғолиб аст. Насабаш Қурайшӣ ва аз қабилаи Тайм аст. Абӯмуҳаммад (Талҳа) яке аз даҳ нафаре аст, ки муждаи биҳиштро дарёфт карданд ва яке аз ҳашт нафаре аст, ки аз ҳамон ибтидо ислом оварданд ва яке аз панҷ нафаре аст, ки бинобар ба даъвати Абӯбакр (р) ба ислом рӯй оварданд ва яке аз шаш нафари аҳли шӯро аст, ки ҳазрати Усмонро ба хилофат баргузиданд. Фазилат ва собиқаи хадамоти ин бузургвор ба ислом барои ҳамагон возеҳ ва равшан аст ва мо дар ин намуна танҳо ба нукоти зер ишора мекунем:
1- Ҳасан ибни Алӣ (р) бо Умми Исҳоқ (духтари Талҳа) издивоҷ мекунад ва дар натиҷаи ин издивоҷ фарзанде ба номи Ҳасан ба дунё меояд.
2- Баъд аз вафоти Ҳасан ибни Алӣ (р) бинобар васияти ӯ бародараш (Ҳусайн ибни Алӣ (р)) бо Умми Исҳоқ издивоҷ мекунад ва фарзанде ба номи Фотимаи суғро ба дунё меоварад.
3- Савол: Оё Ҳасан (р) ва Ҳусайн (р) дар маъракаи Ҷамал ширкат надоштанд? Ҳоло агар маъракаи Ҷамал онгуна буда, ки мусташриқин ва бархе ҷоҳилон ба он пардохтаанд, пас чаро инҳо бо насли Талҳа (р) издивоҷ кардаанд.
Ҳушёр бошед! Ҳушёр бошед! Зеро дасиса ва ҳиллагарҳое пинҳонӣ шубҳаҳоеро дар таърих ворид намудаанд.
4- Абдулло (Алмаҳз) писари Ҳасан ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абӯтолиб ва Авн ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Абӯтолиб яке пас аз дигаре бо Ҳафса духтари Умрон ибни Иброҳим ибни Муҳаммад ибни Талҳа издивоҷ карданд.
5- Абадаҳ духтари Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб бо Нӯҳ ибни Иброҳим ибни Муҳаммад ибни Талҳа издивоҷ кард.
6- Хонандаи гиромӣ! Аҳли байт ва асҳоби бузургвори Расули Худо ба унвони намуна ва пешво ҳамеша дар пайи ҳифзи иттиҳоди исломӣ буданд.
Ин силсила овезаҳо идома дорад бо мо бошед.

Share This Article