Намунаи дувоздаҳум ЗУБАЙР (Р) ДАР МАНЗИЛИ ПАЁМБАР (С)

Зубайр ибни Авом ибни Хувайлид ибни Абдулуззо ибни Қусай ибни Килоби Қурайшии Асадӣ (Абӯабдулло) (р) ба унвони ҳавории Паёмбар (с) шӯҳрат ёфт. Ӯ писараммаи Паёмбар (с) (Сафия (р) духтари Абдулмутталиб) ва яке аз даҳ ёри биҳиштӣ ва яке аз шаш нафари аҳли шӯро мебошад.

Намунаи дувоздаҳум

ЗУБАЙР (Р) ДАР МАНЗИЛИ ПАЁМБАР (С)

Зубайр ибни Авом ибни Хувайлид ибни Абдулуззо ибни Қусай ибни Килоби Қурайшии Асадӣ (Абӯабдулло) (р) ба унвони ҳавории Паёмбар (с) шӯҳрат ёфт. Ӯ писараммаи Паёмбар (с) (Сафия (р) духтари Абдулмутталиб) ва яке аз даҳ ёри биҳиштӣ ва яке аз шаш нафари аҳли шӯро мебошад. Модараш кунияи Абӯтоҳирро барои ӯ баргузид, ки дар асл кунияи Зубайр ибни Абдулмутталиб (бародари Сафия (р)) буд ва Зубайр (р) низ кунияи Абӯтоҳиро барои писараш (Абдуллоҳ) ба кор бурд.
Зубайр (р) дар синни дувозадаҳсолагӣ ва ба ривояти дигар дар синни ҳаштсолагӣ ислом овардааст.

Зубайр ибни Авом (р) аз чанд тариқ бо манзили Паёмбар (с) иртибот пайдо мекунад:
1- Насаби вай дар «Қусай ибни Килоб» бобои чаҳоруми Паёмбар (с) ба насаби Паёмбар (с) яксон мегардад.
2- Модари Зубайр(р) Сафия (р) духтари Абдулмутталиб ибни Ҳошими Қурайшӣ аст, ки аммаи Паёмбар (с) ва хоҳари падару модарии Ҳамза (р) аст. Модари Сафия (р) холаи Паёмбар (с) (Ҳола духтари Ваҳаб) аст. Сафия (р) аввал бо Ҳорис ибни Ҳарб ибни Умая издивоҷ кард, аммо пас аз марги ӯ бо Авом ибни Хувайлид ибни Асад ибни Абдулуззо издивоҷ кард ва ду фарзанд ба номҳои Зубайр ва Соиб ба дунё овард. Сафия (р) ислом овард ва ҳамроҳи писараш (Зубайр (р)) ба Мадина ҳиҷрат кард ва то замони хилофати Умар (р) дар қайди ҳаёт буд.
3- Уммулмӯъмин Хадиҷа (р) духтари Хувайлид, ки нахустин зани мӯъмин ва сарвари занони ду ҷаҳон аст, аммаи Зубайр (р) мебошад.
4- Аз ин рӯ Фотима (р) духтари Паёмбар (с) духтараммаи Зубайр (р) аст.
Пас ҳақ дорем, ки бо садои баланди танинандоз бигӯем: Зубайр (р) аз наздикони Паёмбар (с) буд.

Ин силсила овезаҳо идома дорад бо мо бошед.

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Намунаи чордаҳум ИРТИБОТИ ХЕШОВАНДӢ МИЁНИ ХОНАДОНИ АЛӢ (Р) ВА ХОНАДОНИ ТАЛҲА (Р)

Дар ин намуна далоили бештаре бар радди дурӯғпардозиҳо дар мавриди ҷанги Ҷамал хоҳед ёфт, ки шуморо барои парҳез аз он дурӯғпардозиҳо таҳрик мекунад ва дар ин ҷо бояд пурсид, ки чӣ чизе аҳли байтро барои издивоҷ бо хонадони Зубайр (р)