Намунаи шонздаҳум

Ислоҳ нет
 

Намунаи шонздаҳум

ИМОМ МУҲАММАД БОҚИР (Р)
Ин намуна роҷеъ ба имоми бузургвор Абӯҷаъфар Муҳаммад(1) ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб аст. Ӯ дар соли 56-уми ҳиҷрӣ дар шаҳри Мадина таваллуд шудааст. Чун аз назари илмӣ бисёр дақиқ ва огоҳ будааст лақаби Боқирро ба вай додаанд. Машҳуртарин устодони ин бузургвор гурӯҳе аз саҳобагон ҳастанд, ҳамчун Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ (р), Анас ибни Молик (р), Абӯсаъиди Худрӣ (р), Абдуллоҳ ибни Амр (р) ва Абдуллоҳ ибни Аббос (р). Ин нукта баёнгари вуҷуди иртиботи илмӣ ва фарҳангӣ миёни аҳли байт ва саҳобагони гиромӣ аст. Сарфи назар аз китобҳои тафсир ва дигарҳо, дар муҳимтарин китобҳои ҳадис 244 ривоят аз Имом Боқир нақл шудааст.
Ҳамчунон, ки қаблан низ баён доштем Имом Боқир домоди хонадони Абӯбакри Сиддиқ (р) буд, зеро бобояш (Паёмбар (с)) бо Оиша (р) издивоҷ карда ва амаки падараш Ҳасан ибни Алӣ (р), бо Ҳафса духтари Абдурраҳмон ибни Абӯбакри Сиддиқ (р) издивоҷ карда ва ҳамчунин бародарзодааш Исҳоқ ибни Абдуллоҳ ибни Алӣ ибни Ҳусайн бо хонадони Абӯбакр (р) оила барпо карданд ва аз ухуват ва бародарӣ ва муҳаббату вафодории онҳо ниҳоят истифода бурдаанд. Бинобар ин, ӯ низ ба табаият аз ин насли шарифи худ бо Фарва духтари Қосим ибни Муҳаммад ибни Абӯбакри Сиддиқ (р) издивоҷ кард ва дар натиҷаи ин издивоҷ фарзанде ба номи Содиқ чашм ба ҷаҳон кушод.
Ин намунаро бо зикри ривояти Арбалӣ аз Имом Боқир ба поён мерасонам, он гоҳ, ки роҷеъ ба зинат додани шамшер аз Имом Боқир суол мекунад, ӯ дар посух мегӯяд: Ишколе надорад, зеро Абӯбакри Сиддиқ (р) шамшери худро зинат медод. Арбалӣ мегӯяд: Гуфтам: Чаро калимаи Сиддиқро барои вай ба кор мебаред? Имом дар посух рӯ ба қибла истода ва бо садои муҳиб се мартаба пушти сари ҳам гуфт: Оре! Сиддиқ мегӯям ва ҳар кас калимаи Сиддиқро барои ӯ ба кор набарад Худованд дар дунё ва охират сухани ӯро тасдиқ нахоҳад кард(2) .

Пайнавишт Маъхазҳо.

1.) Алӣ ибни Ҳусайн падари Имом Муҳаммад Боқир аст, ки ўро ба Имом Зайналобиддин ёд мекунанд.
2.) Кашфул ғумма, 2/360.

Ин силсила овезаҳо идома дорад бо мо бошед.

Share This Article