Насаби Шумо хоҳед ё нахоҳед Раҳмон не, балки Абдурраҳмон аст!

Ислоҳ нет

Мо мусалмонон хуб огоҳӣ дорем, ки Раҳмон яке аз номҳои зебои Аллоҳ аст. Чандест, миёни мардум ҳангоми навиштани ин номи муқаддас ихтилофҳои лафзӣ ва ё ҳатто таҳқирро мебинам.  Дишаб чанд бародаре хоҳиш намуданд, ба ин масала равшанӣ андозам. Зеро ин номи Аллоҳ насаби президенти Тоҷикистон аст, мухолифон барои ӯ шуда бар ин номи Аллоҳ густохӣ мекунанд. Воқеан ин ҷойи хело таъассуф аст, бояд ба ин масала нуқта гузошта шавад.

Барои возеҳ шудани масъала мехоҳам ҳамин ном “Раҳмон”-ро каме шарҳ диҳам ва барои хонанда масъаларо равшантар кунам.

الرحمن – Раҳмон яке аз номҳои зебои Аллоҳ аст, ки мутаъаллиқи танҳо зоти ягонаи Ӯ субҳонаҳу ва таъоло мебошад. Ҳеҷ шарике ва маъбуди дигаре ҷуз Ӯ нест. Пас ҳар хайр ва раҳмате, ки шомили ҳоли бандагон мегардад аз раҳмати он зоти ягонаи Аллоҳ аст.

Чуноне, ки медонем Аллоҳро номҳои зиёд аст ва барои ҷоиз ё ноҷоиз будани номгузории одамон бо номҳои зебои Аллоҳ, бояд ташхис намоем, ки  кадоме аз номҳои Ӯ таъоло исм аст ва кадоме аз онҳо сифат мебошад?

Исм: ҳар чизе  бар маъно ва зот далолат кунад, он исм аст.

Сифат: ҳар чизе танҳо бар маъно далолат кунад, он сифат аст.

Ҳамеша дуъоҳое, ки мекунем бо номи Аллоҳ дуъо мекунем. Масалан Ё Раҳмон  мегӯем ва ё ин ки Эй Раҳим мегӯем, аммо намегӯем Ё Раҳм, Эй Раҳмат.

Шахсоне ба забони арабӣ вориданд, бештар мутаваҷҷеҳ мешаванд дар дуъоҳое, ки аз имомони масҷидҳо мешунаванд.

Номи Раҳмон дар Қуръони карим чилуҳафт маротиба зикр шудааст. Дар шаш ҷо якҷоя бо номи Раҳим зикр ёфтааст ва дигар ба ҳеҷ исме як ҷо наомадаст.

 هُوَ اللَّهُ الَّذِي لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ عَالِمُ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ هُوَ الرَّحْمَنُ الرَّحِيمُ  

“Ӯст Аллоҳи ягона, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест. Донои ниҳону ошкор ва бахшояндаву меҳрубон аст!” (Сураи Ҳашр,ояти 22)

  تَنْزِيلٌ مِنَ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

“Китобест, ки аз ҷониби Он бахшандаи меҳрубон нозил шудааст.”

(Сураи Фуссилат,ояти 2)

Дар Бисмиллоҳи Раҳмони-р-раҳим се номи Аллоҳ зикр шудааст, ки Аллоҳ, Ар-раҳмон, Ар-раҳим мебошад. Басмала ба ҷуз сураи тавба, боқӣ дар оғози ҳама сураҳои қуръонӣ хонда мешавад. Аммо боз ҳам дар Сураи Намл ҳамчун ҷузъи ояти қуръонӣ меояд ва дар умум ба адади сураҳои қуръонӣ 114 маротиба дар Қуръони карим зикр ёфтааст.

Дар Қуръони карим сураест бо номи Ар-раҳмон, ки ин сура бо ин ном оғоз меёбад الرَّحْمَنُ  

Раҳмон исми хосси Аллоҳ аст ва касеро иҷозат нест ва ҳеҷ ҳаққе надорад, ки ба ин ном худро номгузорӣ кунад.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:

 قُلِ ادْعُوا اللَّهَ أَوِ ادْعُوا الرَّحْمَنَ أَيًّا مَا تَدْعُوا فَلَهُ الْأَسْمَاءُ الْحُسْنَى وَلَا تَجْهَرْ بِصَلَاتِكَ وَلَا تُخَافِتْ بِهَا وَابْتَغِ  بَيْنَ ذَلِكَ سَبِيلًا   

Бигӯ: ”Чӣ Аллоҳро бихонед, чӣ Раҳмонро бихонед, ҳар кадомро, ки бихонед, номҳои некӯ аз они Ӯст”.

Садоятро ба намоз баланд макун ва низ садоятро ба он паст макун ва миёни ин ду роҳе интихоб кун. (Сураи Исро ояти 110)

Ба фикрам шарҳу тафсири ин номи зебои Аллоҳ ба ҳамин андоза кофист.

Аз нигоҳи шариъати исломӣ оё ҷойз аст, ки шахсеро Раҳмон номид ё бо яке аз номҳои Аллоҳ бе изофаи Абд номгузорӣ кард?

Номҳои Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ба ду бахш тақсим карда мешаванд.

Бахши аввал: Он номҳое мебошанд, ки махсуси зоти Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мебошанд. Ҳеҷ бандае ҳаққе надорад, ки онҳоро ба касе гузорад.

Масалан: Аллоҳ, Раб, Ар-раҳмон ё Раҳмон, Аҳад, Самад монанди ин номҳо бо иттифоқи ҳама уламои Аҳли Суннат ва ҷамоъат ба ҳеҷ ваҷҳе иҷозат нест, ки шахсеро бо ин номҳо  номгузорӣ кунанд.

 

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ :  قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ :  أَخْنَى الأَسْمَاءِ يَوْمَ القِيَامَةِ عِنْدَ اللَّهِ رَجُلٌ تَسَمَّى مَلِكَ الأَمْلاَكِ

(البخاري (6205) ، ومسلم ( 2143)

Абуҳурайра (раз) ривоят мекунад, ки  Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: Фоҳиштарин шахс рӯзи қиёмат дар назди Аллоҳ марде мебошад, ки ӯ шоҳи шоҳон номида шуда бошад”(Ҳадиси Мутаффақун алайҳӣ)

Бо ривояти Имом Муслим дар ин ҳадис лафз хело шадидтар омадааст:

أغيظ رجل على الله يوم القيامة وأخبثه وأغيظه عليه

Ғазабшудатарин мард дар назди Аллоҳ рӯзи қиёмат ва палидтарин шахс ва гирифтори сангинтарин иқоб бар ин шахс аст.

Ҳофиз Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ(раҳ)  дар шарҳи ин ҳадис, ки хело ваъдаи шадид барои шахсоне, ки худро бо ин ном гузоштаанд, истидлол намуда мегӯяд: “Ҳар касе Холиқи халқ, Аҳкамул ҳокимин, Шоҳи шоҳон, Султони салотин, Амири умаро ном карда шуда бошад, шомили ин ваъиданд. Инчунин ҳар шахсе, ки номҳои хоси Аллоҳро бар худ ихтисос диҳад ба монанди Раҳмон, Қуддус, Ҷаббор дар охират шомили ин ваъиди шадид хоҳад гашт ”(Фатҳулборӣ 10\590)

Аз ин сабаб набояд ҳаргиз ба шахсе, ки номаш Абдурраҳмон аст, Раҳмон гуфта шавад  ё ба шахсе, ки номаш Абдуссамад, аст Самад гуфта шавад ё ба шахсе, ки номаш Абдулаҳад аст, Аҳад гуфта шавад.

Бахши дуввум: Номҳое, ки махсуси хосси Аллоҳ нестанд ва башарро бо онҳо ҳамрангӣ аст, метавон номгузорӣ кард ва ҳеҷ боке нест.

Мисли Самиъ, Басир, Алӣ, Ҳаким, Рашид ҷоиз аст ва ҳатто шахсе агар номаш Абдурраҳим аст агар қасд исм ва сифати Аллоҳро надошта бошад ҷоиз аст, ки Раҳим бигӯем. Зеро дар ин сифат инсон ҳам метавонад шомил гардад ва ин асморо асмои муштарак меноманд. Агарчӣ Аллоҳ аст Раҳим бо он камол ва ҷалолатеки хоси Ӯ таъолост. Аммо дар айни замон банда ҳам метавонад Раҳим – меҳрубон бошад, бо он ваҷҳе, ки махсуси банда аст.

Албатта,  бидуни шак агар дар ин бахши дуввум ҳам агар ҳамон убудияти банда, қабл аз номаш зикр гардад, беҳтар ва ба ҳақ наздиктар аст.

Аммо Раҳмон чуноне, ки дар боло зикр намудем ҳеҷ имкон надорад танҳо онро ба шахсе номгузошта шавад.

Ёде аз таърихи гузаштаи на чандон дур

Солҳои 90 буд, Қози домулло Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар мавриди номи Раҳмон Набиев пешниҳод намуда буданд, то Абдурраҳмон Набиев номида шаванд. Ҳатто худашон бо ин ном чанд маротиба ёд намуданд. Аммо масаларо ҷиддӣ нагирифтанд. Ҳамон хел ба вазъи дохилӣ машғул шуданд ва ин масала фаромӯш гашт.

Пешниҳод ба Эмомалӣ Абдурраҳмон!

Қабл аз оғози хитоб мехоҳам суханамро бо ин ҳадиси Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) оғоз намоям.

 

وعن عبد الله بن عمر رضي الله عنهما قال:  قال رسول الله صلى الله عليه وسلم

يطوي الله عز وجل السماوات يوم القيامة ثم يأخذهن بيده اليمنى ثم يقول: أنا الملك أين الجبارون؟ أين المتكبرون؟ ثم يطوي الأرضين بشماله ثم يقول: أنا الملك، أين الجبارون؟ أين المتكبرون

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (раз) ривоят аст, ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Мепечонад Аллоҳ аза ва ҷал осмонҳоро рӯзи қиёмат, сипас мегирад онҳоро бо дастони росташ ва мегӯяд: ”Манам малик куҷоянд ситамкунандагон? Куҷоянд кибркунандагон? Сипас мепечонад заминҳоро бо (дасти) чапашон сипас мегӯяд: Манам Малик куҷоянд ситамкорон? Куҷоянд кибркунандагон?”  (Ҳадиси саҳеҳ Бухорӣ ва Муслим)

Оё ягон фиръавну президентҳо ва саркашони ин ҷаҳон посухе метавонанд бидиҳанд? Оё шумо Эмомалӣ Абдурраҳмон метавонед посухе бидиҳед? Ҳаргиз наметавонед он рӯз посухе бидиҳед, балки хомӯш ва сарҳо хам гуш мекунед ва мунтазири фармони он Малики Раҳмон мешавед.

Аллоҳ махсус барои ин ҳолат дар Қуръон фармӯдааст:

وَخَشَعَتِ الأَصْوَاتُ لِلرَّحْمَنِ فَلَا تَسْمَعُ إِلَّا هَمْسًا

 

“…Ва садоҳо дар баробари Худои Раҳмон паст мешаванд ва аз ҳеҷ кас ғайри у садои пое нахоҳӣ шунид”(Сураи Тоҳо,ҷузъи ояти 108)

Ба худ оед ва аз аспи саманди қудрат ва ҳукумате, ки доред поён фароед ва аз он Аллоҳ битарсед. Раҳмон номи хосси Аллоҳ аст ва ҳеҷ марбуте ба насаби шумо бидуни пешоянди “Абд” надорад. Агар фикр дошта бошед, ки ман дар ин масала иштибоҳ мекунам, марҳамат ҳар шахсеро дар улуми шаръӣ мепазиред аз ӯ бипурсед ва посухатонро дарёбед. Аммо агар кибр варзед ва номе, ки хосси Аллоҳ аст ҳамчунон ба насабатон боқӣ гузоред бароятон сахт андӯҳгинам.

Ин фармудаи Аллоҳро ҳам бо диққат бихонед ва бубинед Раҳмон кист?

الْمُلْكُ يَوْمَئِذٍ الْحَقُّ لِلرَّحْمَٰنِ ۚ وَكَانَ يَوْمًا عَلَى الْكَافِرِينَ عَسِيرً

“Фармонравоӣ дар он рӯз, ба ростӣ, аз они Худои Раҳмон аст. Ва барои кофирон рӯзе душвор хоҳад буд”(Сураи Фурқон,ояти 26)

Хуб диққат бикунед ҳангоме, ки Аллоҳ дар ин оят, ки аз аҳволи рӯзи қиёмат моро огоҳ менамояд. Ҳангоме, ки худро Малик мегӯяд ва дар баробари он худро Раҳмон ҳам меномад. Субути мулки Аллоҳ дар он рӯз барои ҳамаи махлуқот мушаххас ва муъйян аст.  Ӯст Малик ва Холиқи ҳама олам инчунин холиқи подшоҳони замин. Инчунин шумо ҳам Эмомалӣ Абдурраҳмон шомил мебошед. Бубинед, бар замми ин ки ҳеҷ касе аз тарс ҷуръати баланд кардани садоҳояшонро надоранд, Аллоҳ мегӯяд ман Раҳмонам эй бандагонам, бахшандаам, аммо барои онҳое, ки аз роҳнамудоти паёмбари ман рӯй тофтанду мухолифат намуданд ва куфр варзиданд, хело рӯзи мушкил ва сахте мебошад. Ӯ таъоло Раҳмон ва раҳим аст бар бандагони мухлису итоъаткунандааш. Шумо худро пас аз ин ҳама дар қатори кадом бандаҳои Раҳмон мебинед? Метавонед инро ба худатон посух гӯед ва воқеъият назди шумост ва  беҳтар аз ҳар шахси дигар воқифтаред.

Медонам, ҳеҷ касе ҷуръате намекунад, ба шумо ин ҳақиқатро бигӯяд ва аз ин иштибоҳи хело бузург огоҳатон кунад. Аммо ман масъулияти имонии  худро адо намудам ва огоҳатон кардам. Ман аз ин пас шуморо Эмомалӣ Абдурраҳмон меномам ва ба ин ҳақ ҳам дорам.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article