Насиба бинти Каъб (раз)-ро сенздаҳ захм,аз ҳимояти Муҳаммад (с.а.в) боз надошт

Умми Аммора ё Наcиба бинти Каъб (раз) ро дар сират чунинҳам гуфтаанд: “Зане баробар бо ҳазор мард” ё “Зане,ки ҷавшан ва ҳимоятгари Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар Уҳуд”

(Аввалин саҳобазани размӣ дар таърихи ислом)

Таърихи пурғановати исломи азиз пур аз корнамоиҳоест,ки дар ин корнамоиҳо нақши бонувонҳам хело босазо ва шоёни таҳсин аст.Занон чунин нақшҳоеро мебозиданд,ки ҳоло мардони имрӯзаи мо анҷоми он  ҷойи худаш, аз шуниданашон дар шигифт мемонанд.Бале чунин занони диловару шуҷоъе дар атрофи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буданд,ки мардони далеру шуҷоъу оламшумул дар домони онҳо ба воя расиданду тақдими ҷомеаҳои пурифтихори худ намуданд.

Дар садри Ислом ҳодисаҳову воқеъаҳои зиёде сурат гирифтааст,ки ҳамаашон дорои аҳамияти босазое мебошанд.Аммо аксари сира нависон ин воқеъаҳоеки феълан мехоҳам тақдими шумо азизон намоям, бисёр муҳим ва хоссатан дар ҳаводиси босазои он замон намуна ва шоёни таҳсин донистаанд. Тавре, ки ҳар кас ифтихори  ҳузур дар онҳоро дошт, ё ҳадди ақал дар яке аз онҳо ширкат карда буд, аз ҷойгоҳи вожае бархурдор будаву дар зумраи пешиниён «собиқини аввалин» қарор дошт. Ин  ҳодисаҳои  муҳим яке  паймони «Ақаба» ва дигаре ҷанги «Бадр»  ва “Уҳуд” буд, ки дуи аввал  дар аввалин марҳалаи шукуфоии Ислом ба вуқуъ пайвастанд. Дар паймони «Ақаба» теъдоди ҳафтоду панҷ нафар аз мусулмонон бо намояндагӣ аз дигарон бо Расули акрам  (саллаллоҳу алайҳи васаллам) байъат карданд, ки дар ин  миён ду зан низ ҳузур доштанд.

 Насиба бинти Каъб Алмозании Ансорӣ (раз) мулаққаб бо Умми Аммора  дар ин байъати муҳими таърихӣ, ки қабл аз ҳар чиз муҳимтарин ва бузургтарин воқеа дар Ислом буд, шарафи ҳузур ёфт ва бо намояндагӣ аз тарафи дигар бонувони  мусулмон бо Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) байъат намуд. Лозим ба зикр аст, ки то он замон ҳануз дини Ислом комилан дар марҳилаи муқаддамотӣ буд ва хабаре аз муборизаву ҳиҷрат набуд.

Дар  паймони «Ақаба», ки  паймон барои мубориза буд, гуруҳе аз ансор мувофиқат карданд, то бо Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) байъат кунанд, ки ба мубориза  дар роҳи Худо бипардозанд ва бо ҷону дил аз ҳастии Ислом ва шахси Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳимоят намоянд. Дар ин воқеаи таърихӣ Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) даст бар дасти мардон гузошта, аз онҳо байъат гирифт. Ҳамсари Умми Аммора (раз) низ аз ҷумлаи мардоне буд, ки бо Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) байъат намуд. Саҳобие ба Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  гуфт: Эй Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) чаро  бо ин ду зан байъат намефармоед? Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: Ман бо занон даст намедиҳам (балки танҳо ба таври шифоҳӣ яъне забонӣ эълом медорам, ки аз онҳо низ байъат гирифтаам), бинобар ин байъати он ду ҳамчун байъати шумо мардон иҷро шудааст».

Умми Аммора (р) бо худ фикр мекард, ки охир маънии ин байъат чист?  Чаро Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо мо чунин паймон мебандад? Билохира ӯ мутаваҷҷеҳ  шуд, ки ин паймон, яъне омодагӣ барои мубориза ва дифоъ аз Ислом ва вуҷуди мубораки Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) аст. Вақте ӯ ба ин матлаб пай бурд, аҳд баст, то ба паймоне, ки бо Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) баста буд, вафо кунад ва чунин ҳам кард.

Ӯ аз ҷумлаи шерзаноне  буд, ки бо Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар ҷангҳои Уҳуд, Хайбар, Хандақ, Ҳунайн ва дар қазияи «Умрат-ул-қазо» ширкат кард. Баъд аз риҳлати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) низ ӯ даст аз талош дар ҷиҳати эъломи калимаи Аллоҳ бар надошт ва дар ҷанги Риддаву Ямома, ки дар замони Абӯбакри Сиддиқ (р) ба вуқуъ пайвастанд, ҳузур пайдо кард.

Иззату шарафи Умми Аммора (р) на танҳо аз намояндагии занони мусулмон буданаш дар паймони «Ақаба» буд, балки ӯ дар чандин ғазваву ҷангҳои бузург ширкат намуда, номи худро барои ҳамеша дар таърихи ин дин сабт намудааст ва улгӯйи хубе барои занони уммати ислом дар сафаҳоти таърих боқӣ мемонад.

Диловарӣ дар майдони ҷанг

Қурайшиён дар ҷанги Бадр шикасти сангине хурда буданд, то интиқоми куштагони худро бигиранд ва ба навъе  зиллатро, ки бар онҳо воқеъ шуда буд, ҷуброн кунанд.

Билохира ин фурсат пеш омад ва ҷанги Уҳуд миёни мусулмонон ва мушрикони Қурайш даргирифт. Қурайш ин бор аз омодагӣ ва нерӯӣ низомии бисёр ва қудратманде  бархурдор буд ва пирӯзии худро дар ҷанг ҳатмӣ медонист.Аммо бар хилофи интизор дар ҳамон марҳалаи аввал он панҷоҳ ҷанговароне, ки ба умеди пирӯзӣ ва касби ғаниматҳо ба майдон шитофта буданд, фирорро ба қарор бартар доданд ва майдонро тарк карданд.

 Пирӯзии мусулмонон бо фармондиҳии Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) комилан равшан буд ва мебоист бори дигар хотираи Бадр барои Қурайшиён такрор шавад. Аммо бар асари сарпечии чанде аз сарбозони мусулмон аз фармони Расули  акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) авзоъ иваз шуд ва Холид ибни Валид, ки дар он замон яке аз фармондеҳони артиши Қурайш буд, фурсатро ғанимат шумурда, аз тариқи даррае, ки нигаҳбонон дар асари чашм духтан ба ғаноими ҷангӣ онро раҳо карда буданд, (аз пушт) ба лашкари мусулмонон ҳамлавар шуд ва сафҳои онҳоро дар ҳам зад.

Бар асари ин сарпечӣ он ҳам аз тарафи иддае ангуштшумор аз мусулмонон  комилан авзоъ мухталиф  шуд ва мусулмонон эҳсоси шикаст карда, пой ба фирор гузоштанд. Дар ин мавқеи ҳассос бояд Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҷое мерафт, то ба Ӯ зиёне нарасад. Бо ҳамин манзур чанде аз ёрони бовафояшон, атрофашонро иҳота карданд ва бо ҷону дил ба ҷоннисорӣ ва ҳимояти Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) пардохтанд. Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки дар миёни ин далермардон зани шуҷоъу диловар бо номи Умми Аммора (р) низ ҳузур дошт, ки ҳамроҳи фарзандон ва ҳамсараш ба дифоъ аз Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мепардохт.

Умми Аммора дар якҷоягӣ бо мардони  мусулмон озими ҷабҳаи Уҳуд гардид. Ӯ ба расми вазифае, ки  бояд дар майдони ҷанг ифо мекард, миқдори порчае ҳамроҳи худ оварда буд, ки ба кумакҳои аввалия захмиёни муборизро мудово намояду ба ин амал машғул бошанд.

Ӯ машғули кори худ буд ва ногоҳ мутаваҷҷеҳ шуд, ки сипоҳи мусулмонон ақибнишинӣ мекунанд. Бе таваққуф шамшереро, ки яке аз сарбозон  ҳангоми  фирор бар замин андохта буд, бардошт ва бо суръат ба тарафи Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) шитофт. Ӯ бо шамшере, ки дар даст дошт, атрофи Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) -ро бо ҳамроҳии ҳамсар ва фарзандаш иҳота карда, ба муҳофизату дифоъ аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) пардохт.

Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) ба ҳар тараф менигарист, шоҳиди ҷоннисории ин хонаводаи намуна буд, ки бо ҷону дил, дифоъ аз Ӯ мекунанд. Дар ҳамин гиру дор яке аз мушрикон фарёд баровард: Муҳаммад куҷост!

Муҳаммадро ба ман нишон диҳед!

 Ин дунё ё ҷойи ман аст ё ҷойи Ӯ !

Вақте Умми Аммора (р) суханони ин душмани сарсахти Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) -ро шунид, ба суйи ӯ ҳамла бурд. Вале мутаассифона, душман бар ӯ ғолиб омад ва ончунон зарбае бар ин зани далер ворид сохт,ки  хун аз китфҳои муборакаш ҷорӣ гардид.

Вақте Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам)  ин саҳнаро дид фарёд баровард: Абдуллоҳ! Абдуллоҳ!… Модарат! … Модарат захмӣ шуд!

Абдуллоҳ шитобон ба суйи модар рафт, вале ин бор Абдуллоҳ аз ҷониби ҳарифаш захмӣ шуд ва модараш аз захми худ фаромӯш карда ба ҷароҳатбандиву кумаки писараш пардохт. Бо ин ҳама Умми Аммора (р) даст аз муборизаву ҷонфишонӣ дар роҳи Худо барнамедошт ва фарзандашро ташвиқ мекард, ки бо ҳамон дасти захмӣ боз ба майдони набард баргардад.

Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) бо мушоҳидаи салобат  ба ҷоннисории ин хонаводаи намунаву фидокор фармуд: «Эй Абдуллоҳ! Имруз модарат он чунон шуҷоъате аз худ нишон дод, ки ба маротиб аз фалону фалон мард,ки иддаои  шуҷоъату  ҷанговарӣ доранд шуҷоъаташон бештар буд. Падарат низ шуҷоъати худро ба исбот расонд ва бидон, ки ӯ аз ҷойгоҳи волое назди ман бархурдор аст ва бар аксари лашкариён бартарӣ дорад, зеро онҳо ё ба майдон наомаданд, ё агар омаданд по ба фирор гузоштанд».

Умми Аммора (р) нигоҳе, ки ҳокӣ аз ризоят ва хушҳолии ӯ буд, ба Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) афканд ва арз кард: «Эй Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дуъо кун, ки Худованд моро дар Фирдавси барин ҳамҷавору ҳамсояат бигардонад»! Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) хостаи ӯро бароварда кард ва дуъо намуданд: «Бор Илоҳо! Ин хонаводаро дар биҳиишт  рафиқу ҳамроҳам гардон».

Умми Аммора (р), ки аз чунин ҷоизае бархурдор шуда буд, бо ниҳояти хушҳоливу сурур гуфт: «Дигар ҳар чӣ дар ин дунё бар сарам ояд, муҳим нест ва ман ғусса надорам».

Ҷанг ба поён расид ва Қурайш дар марҳилаи поёнӣ ба пирузиҳое алайҳи мусулмонон ноил гардиданд. Мусулмонон ба Мадина баргаштанд ва ба муолиҷаи ҷароҳатҳои захмиён пардохтанд. Дар ин миён Умми Аммора (р) аз зумраи маҷруҳоне буд, ки тақрибан сенздаҳ захми амиқ бар вуҷуди муборакаш расида буд.

Ҳануз мусулмонон хастагӣ аз тан бадар накарда буданд, ки пайки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бонг баровард, ки мусулмонон тибқи дастури Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бояд фавран ба таъқиби мушрикон бипардозанд. Умми Аммора (р) зани фидокори мусулмон дарҳол аз ҷой баланд шуд, вале ба иллати шиддати ҷароҳатҳояш бар замин афтод. Чанде аз занони мусулмон ба аёдати ў омаданд ва ба муолиҷаи ӯ пардохтанд. Ба ҳар ҳол ин бор он бонуи диловар бар хилофи майлаш хонанишин шуд ва натавонист ҳамроҳи Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) биравад. Сипоҳи Ислом таҳти фармондеҳии Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба таъқиби Қурайш пардохтанд, аммо онҳоро пайдо накарданд, чун фирорро бар қарор тарҷеҳ дода буданд. Мусулмонон то ҳафт фарсангии Мадина пеш рафтанд, аммо асаре аз душман наёфтанд.

Ба маҳзи ин ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба Мадина расид, ҷуёи ҳоли диловарзани ҳамразму ҳамсангарашон Умми Аммора (р) шуд ва то бар саломатии ӯ мутмаин нашуд, ором нагирифт. Вақте Абдуллоҳ ибни Каъби Мозанӣ хабари салоамтии Умми Аммора (р)-ро  назди Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) овард,он ҳазрат ором гирифт ва лабханде намуд,ки далолат аз ризояту cурур бар лабони муборакашон намудор гашт.

Умми Аммора ё Наcиба бинти Каъб  (раз) ро дар сират чунинҳам гуфтаанд: “Зане баробар бо ҳазор мард” ё “Зане,ки ҷавшан ва ҳимоятгари Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар Уҳуд буд” ё  “Занеки бо фидокорӣ ва ҳимояташ дуъои паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро гирифт”

Дар набарди Ҳунайн: 
Дар ғазваи Ҳунайн,ки адади сипоҳи ислом ба даҳҳазор мерасид қабилаи Ҳавзон камине барояшон омода намуда буданд,ки ба муҷаради дидани камин баъзе рӯ ба фирор оварданд.Дар ин ҳангом Умми Аммора дар даст шамшер, садо бароварда чунин гуфт :Ин чӣ одате аст,ки дар шумо мебинам,ки он фирор аз майдони набард аст.Дар ин ҳангом мардон пас гаштанду ба муқовимат пардохтанд.

Писараш Абдуллоҳ мегӯяд: Дар аснои ғазваи Уҳуд буд,ки вақте Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи васаллам) танҳо буд ва ёронаш меҷангиданд модарам бароям гуфт сангро бигир.Ман дар ҳол сангро гирифтам ва ба тарафи ҷанганда партофтам,ки ба чашми аспаш расид ва асп тавозунашро гум кард ва ҷанганда афтод ва сангборонаш намудам ва Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) ин ҳолатро медиданду табассум мекарданд.Абдуллоҳ писарашон мегуфтанд,ки маро меуфтанд,ки ту воқеан фарзанди модарат ҳастӣ ва ба ӯ хело монанди дорӣ ва бо ин ман фахр мекардам,ки чунин модаре дорам.

Ин бонуи мубориз ва шуҷоъ корнамоиҳои зиёде дорад,барои тулонӣ нашудан ба ин андоза иктифо менамоем.

Бале бонувони гиромӣ ин буд намунаи беҳтарин занони садри ислом,ки барои динаш ва ҳимояти паёмбараш омода буд ҳама чизашро фидо намояд.Ҳатто фарзанду шаваҳрашро барои ин ду омодаи фидо намудан буд.Ҳар бонуи мо аз худаш бипурсад,ки барои ҳифзи ҳиҷоби шаръӣ,иффату шараф,паёмбару динаш омода ҳаст,то  танҳо инҳоро ҳифз кунад? На шавҳарашро фидо кунад ва на фарзандонашро,Аллоҳ барояш нигоҳ дорад ҳамсару фарзандонатро.

Имрӯз аз ин муқаддасоте зикр намудам ҳеҷ ниҳоди диние ҳимоят намекунанд.Баракс имрӯз инҳамаро инкор мекунанду ҳатто нолозиму нодаркорашон қаламдод менамоянд.Пас эй бонуи афифаи миллат имрӯз аз ин ҳама бояд танҳо ва танҳо худат ҳимоят намоӣ, мутаассифона касе бо шумо нест.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

 

 

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад