Нек бигӯ ё сокит бош!

Умед аст каме андеша мекунанд қабл аз навиштани ончӣ дар сари пучашон меояд ва дигар аз музахраф нависӣ сарфи назар мекунанд.

 

Аҳодиси фаровоне аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар иртибот бо худдорӣ аз офатҳои забон ривоят шудааст, чуноне, ки Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудааст: «Касе, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад, сухани нек бигӯяд, ё хомӯширо риоя намояд». (Имом Бухорӣ ва Муслим).

Зиёд сухан гуфтан сабаб мешавад, ки инсон дучори иштибоҳоти зиёд шавад. Забон  аз офати зиёде бархӯрдор аст, имом Ғазолӣ(раҳ)  бист мавриди онро баён намудааст аз ҷумла: дурӯғ, ғайбат, суханчинӣ, шаҳодат додан бар дурӯғ, қасами ноҳақ хӯрдан, асрори мардумро ишфо кардан, сухан гуфтан дар мавориде, ки мақсуд ва манзур дар он набошад, истиҳзо ва масхара кардани дигарон,гуфтани суханони бе маъно ва ончӣ шомили ин аст.

Бинобарин саломатӣ аз даргирӣ ва гуфтани ончи бе моҳиятанд ва сукут кардан авло ва бартар аст.Албатта ин бад-он маънӣ нест, ки лаб фурӯ бандед ва сухане нагӯед, алабатта манзур он аст, ки инсон ҷуз ба хайр дар масири Худованди Мутаол  лаб ба сухан накушояд.

Дар иртибот бо ҳамин мавзӯъ аст, ки аз қадим гуфтаанд: Агар сухан гуфтан нуқра бошад, сукут кардан тилло аст.  Ҳамчунин гуфтаанд: Ту молики сухан ва сухан бардаи  туст, вале агар сухан аз даҳони ту берун ояд ту мамлук ва бардаи он хоҳӣ шуд, ва ба ин тартиб инсон набояд пурҳарф ва беҳӯдагӯй бошад. Бештари мардумоне, ки зиёд сухан мекунанд,  лағжиши зиёд доранд ва бар сари забони мардум меафтанд, бинобарин ҳар инсони муъмин бояд аҳамият ба амрҳои Худованд  дошта бошад ва фақат аз ӯ бим дошта бошад ва бидонад, ки суханонаш чӣ нек ва чӣ бад ҷуз аъмоли ӯ ба ҳисоб меояд, зеро ки ҳар чизе аз даҳони ӯ хориҷ шавад  қалами  илоҳӣ ё котибони Ӯ онро навишта мекунанд.

Аллоҳ мефармояд: «Ҳаройна, Мо одамиро офаридаем ва аз васвасаҳои нафси ӯ огоҳ ҳастем, зеро аз раги гарданаш ба ӯ наздиктарем. Ҳангоме, ки он ду фариштаи фарогиранда дар ҷониби росту ҷониби чапи ӯ нишастаанд, ҳар чизро фаро мегиранд. Ҳеҷ каломе намегӯяд, магар он ки дар канори ӯ нозиру нависандае ҳозир аст.». (Сураи Қоф, оёти 16-18).

Бинобарин ҳар касе илм ва огоҳӣ дошта бошад, ки ҳама аъмоли ӯ навишта мешавад ва ба ҳисоб ва китоби ӯ расидагӣ мегардад, гуфторашро ҷуз дар мавриди мақсуд ва манзур ба ҳадди ақал хоҳад расонад. Бар инсони хирадманд лозим аст, ки сухани нек бигӯяд, то баҳраманд шавад ва аз гуфтори бад ва нописанд иҷтиноб варзад, то саломат бимонад.Ин навиштори кутоҳро дар мавриди баъзеҳо,ки имрӯзҳо ҷуз ба навиштани суханони бад,тавҳин,туҳмату буҳтон дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғуланд навиштам.Умед аст каме андеша мекунанд қабл аз навиштани ончӣ дар сари пучашон меояд ва дигар аз музахраф нависӣ сарфи назар мекунанд.Онҳо худашон фаҳмиданд,ки хитобам ба онҳост,Аллоҳ ҳидояташон кунад ва ба роҳи рост роҳ роҳнамудашон кунад.Ба тавҳину бадзабониҳои шумо он фазле Аллоҳ бар бандагонаш додааст,бо тавҳинҳо ва бадзабониҳои шумо ҳеҷ қадру манзалате аз он кам ва коста намегардад.

Муроди мо насиҳат буд кардем,

Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.

Муҳаммадиқболи Садриддин

                                                                                           

Total
0
Shares
Related Posts