Ният (қиссаи ҷолиб)

Ислоҳ нет


Мегӯянд, ки ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим деҳаи Сахсиён дар як канори шаҳри Истаравшан вуҷуд дошт. Тахмин меравад, ки шояд номи пуррааш Сарахсиён бошад. Мардуми ин маҳал меҳмондӯст, содабеғубор, хушчақчақанд, аммо як одати аҷиб доранд. Ҳаёти дигарон, асрори хонаводаи бегона, барояшон хазина барин аст ва то қадри тавон мароқ зоҳир мекунанд, мекобанд, мефаҳманд,  муҳокима мекунанд ва ҳамин зайл гӯё “дониш” меандӯзанд. Ба ибораи дигар гӯем, ҳама ҳамаро комилан мешиносанд.

 

Китоби зиндагии  Бобои Абдуқайюмро ҳам хурду бузурги деҳа кайҳо азхуд карда шудаанд.  Ин, ки қиссаи фарзанд надоштанаш ва дар дами пирӣ танҳои танҳо буданашро қисса кунем, як китоби калон мешавад.  Биёед порае аз ҳамин китоби зиндагиро барои нафароне, ки аз деҳа хабар надоранд, саҳифагардон мекунем, зеро зиндагии ин мӯйсафед дарси ибрат ҳам ҳаст.

 

Абдуқайюм ҳам давру даврони ҷавонӣ дошт, як боғ ноки дилафрӯз дошт, як пушта токзори ангури чиллагӣ дошт, як зани пазандаву дузандаву созанда дошт, ки хонааш ободу хотираш шод буд. Фақат ин ҳама дороияш соҳиби минбаъда надошт, ки солҳо аз интизорӣ кашидан чашми зану шавҳар канда шуда буд. Дарду алами бефарзандӣ дар хонаи Абдуқайюм ва шӯру мағалаш дар хонаи ҳамсояҳо меҷӯшид.  Ҳар оилае, ки меҳмони нав медид, дар маъракаи муборакбодӣ албатта бефарзандии Абдуқайюм як бор хотиррасон мешуд. Ҳамсари бечорааш ҳатто аз рафтан ба чунин маъракаҳо худдорӣ мекард, худашро гунаҳкор барин дар канор мегирифт. Шавҳар аввал хеле таскин медод, локин баъдтар сабри худашро ҳам кам-кам гум кард.

 

Боре дар чойхона бо бедаҳане нодурусту дағал бархӯрд.
Акнун Шумо остонаро нав намекардед-дия а?! То ин дам наберадор мешудеду.
Сӯҳбати гарми мардон якбора ях баст. Абдуқайюм хеста рафту дигар он ҷо барнагашт.  Ба ибодат гармтар дода шуд, ба Худованд бештар илтиҷо мекард. Гӯё барои гапи мардум шуда фарзанддор шудан мехоста бошад, чунин мегуфт :  “ Худоё, як боракак бағалам фарзанд бинад, мардум гуянд, ки Абдуқайюм фарзанддор шуд, баъд ҷонамро гирӣ ҳам, ман розӣ“.

 

Нияташ комил набуд, дили ҳамсарашро гургон тала мекарданд, аммо шавҳар гӯё дар нӯки забонаш ин сухан дармонда бошад, боз ҳам такрор ба такрор мегуфт. Аз хонадориашон расо бист сол гузаштаву занаш ҳанӯз ҳам ниҳол барин борику хушхиром буд. Касе агар нашиносад, шавҳардида ҳам намегуфт. Як баҳор рухсораи зани Абдуқайюм дурахшиду касе медид баръало барояш маълум мешуд, ки аз пештара ҳам ҳамсари Абдуқаюм зеботар шудааст. Ба рӯяш об давид гуфтагӣ барин фарбеҳак, сурху сафед, ҳатто нозанин шуда буд. Ҳомила будааст, зан модар шавад, ба камол мерасад мегӯянд, рост будааст. Абдуқаюм ҳамсарашро ҷойи шинондан намеёфт. Ба нуқлу кабобу ширинӣ парвариш кард. Нӯҳ моҳ шӯру мағали  мавзӯи бефарзандии ин оила аз даҳони мардум ғундошта шуд. Тирамоҳи серҳосил омад. Захира ҳам шуд, пул ҳам.

 

Як субҳ овозаи ба таваллудхона бурдани зани Абдуқайюм ба суръати барқ паҳн шуд. То омадани хабари хуш, як деҳа зан рӯ-рӯйи ҳавлӣ роҳ рафтанд.  Писар ба дунё омад. Вазъи саломатии модару кӯдак хуб набуд. Танҳо даҳ рӯз пас духтурон рухсат доданд , ки ба хона баргарданд. Даҳ рӯзи умри Абдуқайюм ҳам пушти тирезаи бинои баландошёнаи таваллудхона гузашт.  Модаркалони охирин орзӯяш амалишуда , армонҳои дилашро ба кӯдаки навзоди дар дасташ буда гуфта-гуфта, ашки шодияшро гоҳе бо рӯймоли шоли калонаш пок карда, гохе ба парпечи кӯдак чаконда , бо мошин ба деҳа баргаштанд. Аз хонаи Абдуқайюм ҳам садои гиряи тифл баромад, безурриёт набудааст. Рӯзи дигар бояд ба гаҳвора мебастанд. Меҳмонон хабарӣ шуда, дастурхон густурда, анвои неъмат рехта, аммо ҳоли кӯдак худ ба худ дигаргун шуд. Модару бибӣ дасту по хӯрда монданд. Охир модаркалон набераи бисёр дида буд, аммо ба ин ҳолат бори аввал дучор мешуд. Абдуқайюм наздик рафт, аз дасти занаш кӯдакро гирифт, ба бағали гарму ташнаи падаронааш андохт.
– Сиҳат шав писарам, мана натарсон гуфт, лекин кӯдаки чашмонаш нимроғ аллакай сиҳатиро бой дода рафта буд. Як бор бағали падар диду гармиашро ё ҳис кард, ё на.  Як бор ба дасташ гирифт писарашро, мардуми деҳа гуфтанд, ки Абдуқайюм фарзанддор шуд.
Ба нияти хубу бадаш расид Абдуқайюм.

Мана пир ҳам шуда монд. Боғи нокаш ҳаст, пуштаи токаш ҳаст, аммо…

 

Share This Article