Нома ба пешво: “Ченаки ватандӯстии мардум дар дасти Шумо ва табъи нозукатон аст”

Ислоҳ нет

Асалому алейкум хонандаи гиромии сомонаи Ислоҳ. Ман хурсанд аз онам, ки вақтҳои охир ин сомона дар бораи мушкилоти рузмарраи мардум менависад. Ҳақиқатро бидуни резонидани ҳарфе ва ё истиҳолае ба нашр мерасонад.

 Ман ин мавзӯро намехостам нашр кунам, аммо ба хотири дифо аз ҳуқуқи худ инро менависам. Шояд дар оянда дигаронро ҳам фиреб накунанд.

Ман муаллими Кимё ва Биология мебошам, ки дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон, баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси муаллими мактаби миёна кор мекардам. Аммо ба хотири маоши кам мактабро тарк карда, ба Русия сафар намудам ва як сол дар Русия кор карда, ба ватан баргаштам. Барои зиндагиямро пеш бурдан як мошин харидам, то мусофиркашонӣ карда, зиндагиямро пеш барам.

Ногуфта намонад, ки  баъди бар гаштан аз Русия боз дар ҳамон  мактаби диёрамон фаъолияти омӯзгории худро идома додам. Дар вақтҳои холӣ токси кор мекардам.

Ҳаминро гуфтаниям, ки дар вақти мошин гирифтанам шаҳодатномаи ронандагӣ надоштам. Барои соҳиб шудан ба ҳуҷҷати ронандагӣ, ҳуҷатҳоямро ба Автодроми шаҳри Қурғонтеппа супоридам. Ҷолибаш ин ҷо шурӯъ шуд, ки назди яке аз кормандони БДА, ки имтиҳонгиранда буд, даромадам. Ӯ пурсид, ки шаҳодатномаи ронандагӣ мехоҳӣ? Гуфтам: бале

 Гуфт, ки нархаш 2300 сомонӣ.

 Шаҳодатномаи ронандагӣ се баробари маоши якмоҳаи ман будааст. Ман 800 сомонӣ маош мегирам. Он ҳам барои ину он гуфта, ҳар моҳ аз маошам мегиранд. Дар хона модари бемор ва хоҳари аз шавҳар ҷудошудаам бо ду кудакаш аст, ки худам мехуронам ва низ худам соҳиби ду фарзанд мебошам. Падари пирам нафақахур аст, 170 сомонӣ нафақа мегирад. Беинсофиро бинед, ки як шаҳодатномаи ронандагиро бо ин нарх мефурӯшанд. Ин дар ҳолест, ки пеш аз кушода шудани Автодром нархи  шаҳодатномаи ронандагӣ то 500 сомонӣ буд. Барои соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шудан дурусттараш харидан, мебояд 3 моҳ маошамро сарф накунам.

Ногуфта намонад, пеш аз он ки Автодром набуд, як дӯстам дар Автошкола мехонд. Дар он лаҳзаҳо нарх 500 сомонӣ буд, ки ҳаминро ҳам қимат аст мегуфтем. Акнун бубинед, ки ин тиҷорати оилаи Пешво чи мушкилие ба сари мардум овард. Магар Автодром барои пешравии миллат кушода нашудааст? Ин нархҳои осмонбӯс аз куҷо пайдо шуд. Ё ин ки ғами миллат не, балки ғами ҷайбҳои худро мехуред?

Хулласи калом бо шахси имтиҳонгиранда гапҳоямон гурехт ва ӯ асабонӣ шуда гуфт, ки нахоҳӣ  барои ту 2500 сомонӣ мешавад.  Аз утоқи кории ӯ баромада, ба дӯстам, ки дар автодром шиносаш ҳамчун муҳофиз кор мекард, тамос гирифта, аз ин воқеа хабардор кардам. Ӯ маро ба назди ҳамон муҳофиз (охрана) равон кард. Ба муҳофиз гуфтам, ки манро фалон шахс наздатон равон кард. Аммо афсус, муҳофиз ҳам “правафурӯш” будааст. Ӯ ҳамон нархеро гуфт, ки имтиҳонгирандаи БДА гуфт. Ноилоҷ маблағро аз ду-се дӯстон қарз гирифта, супоридам ва соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардидам.

Фаҳмидам, ки об аз боло лой будааст. Зеро ҳамагон медонанд, ки ин ширкат аз домод ва духтари Пешво аст. Автодром тааллуқ ба ширкати Фароз дорад ва роҳбари ин ширкат домоди Пешво аст. Ба роҳбарияти муассиса гуфтаниям, ки аз хашми ин мардум ва Худои мардум битарсед. Ин қадар шумо пастед, ки худро бо моли андаке фурӯхтаед. Наход  муҳофизи лаби дар ҳам шаҳодатномаи ронандагӣ фурӯшаду нарх гузорад.

Якчанд дарди дил ба Пешвои миллат дорам!!!

Медонам ҷаноби олӣ! ин тиҷорати хонаводаи шумост ва медонам маблағи бедарду миёнро шумо дӯст медоред. Аммо шумо, ки худро ҳамеша ходими халқ ҷилва медиҳед, донистем, ки ҳама суханрониҳои шумо танҳо назарфиребӣ будааст ва дар ботин ба чуз як золим каси дигаре набудаед. Шарматон бод!

 Ин амали Шумо хуни мардумхурӣ аст.  То кушодашавии Автодром (нуқтаи пулҷамъкунаки шумо) нархи шаҳодатномаи ронандагӣ бо пораи иловагиаш ба  500 сомонӣ намерафт. То ин ҳад инсофатонро хок хурд, ки чунин нарх гузоштаед?

Ҷаноби Пешво! Ҳар хеши дуру наздике доштед, ӯро соҳиби вазифа кардед. Нагуфтед оё ӯ саводе дорад ё хайр. Муаллими бечора, чунон маоши кам дорад, ки баъзе вақтҳо нони хурдан намеёбад. Охир то ба кай шумо мисли канна хуни ин миллатро мемакед? Дар бозору мағозаҳо нархи хурока ба осмон расидааст, аммо шумо мардумро ба шукрона кардан даъват мекунед. Ҳаминаст мақому манзалати пешво будан, ҳаминаст қаҳрамонии шумо?

 Ман як муаллими одӣ мебошам. Шояд гуед ин муаллим шукрона намекунаду хоини миллату давлат аст. Чун ҳамеша одати шумо ҳаминаст, ки ҳар ки садое баровард ва изҳори норизоиятӣ ба “сиёсати хирадмандонаатон” кард, ҳатман ӯро хоин меҳисобеду ватанфурӯш медонед. Ченаки ватандӯстии мардум дар дасти Шумо ва табъи нозукатон аст. Ҳар киро хоҳед душмани миллат меҳисобед, ҳар киро хоҳед хоин ва фурӯхташуда медонед. Аммо чаро як бор бо мардуми оддӣ сӯҳбати озод намекунед ва дарди дилашонро намешунавед?

Бояд ҳаминро бидонед, ки мардуме, ки ба пешвози шумо мебароянд, ҳама сохтакории навкарони шумост!!!

Лутфиддин Хатлонӣ

Омӯзгор

  

Share This Article