«Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №53»

Ислоҳ нет

Ҳаводорони азизи «Ислоҳ.нет». Ҳазорон сипосу ташаккур ба якояки шумо, ки дар ин рӯзҳои барои ман сахт, дар ҳақи ман дуо кардед. Ин дуоҳову ниёишҳову дастгириҳои шумо беҳтарин дору буд, ки Аллоҳи пок саломати маро баргардонд. Ва,ҳоло боз ҳам  номаҳои шумро мурур ва барои нашр омода мекунам ин номаҳоро дар бемористон хондам. Дар ҳоле сахт бароям мушкил буд, аммо масулияти имониямро анҷом додам,то назди Аллоҳам тавонам бо сари баланд биистаму бигуям ончи дар тавон доштам анҷом додам. Дар ҳақиқат мардум кайҳо фаҳмидааст, ки ин ҳукумат ҳеҷ гоҳ дар фикру чораи беҳбудии вай нест. Ҳукумат ба роҳи худ аст ва мардум ба роҳи худ. Ҳамин ҳодисаи селхезии авохири август нишон дод, ки ҳеҷ мақомдоре дар Душанбе ва бахусус раиси он заррае ҳам дар фикри мардум нестанд. Сел, ки як фалокат аст ва аз офати табиӣ бузургтарин давлатҳои дунё ҳам истисно буда наметавонанд. Аммо, бадбахтии масъулони мо, ва бахусус Душанбе ин аст ки дар амри рафъи авоқиби он коре мекунанд, ки кас ангушти пушаймонӣ мегазад. Беҳтар аст номаҳоро бо ҳам мурур бикунем.

                           Душанбе

Салом, домуллои азиз!

Албатта, бохабар ҳастед, ки шаби пеш (28август) борони сахт заду ба тамоми минтақаҳо зарар расонд. Сел Душанберо хелиду бо гилу лой яксон кард. Бори дигар яқин шуд, ки дар одитарин ҳолати изтирорӣ ягон сохтори давлатӣ омода нест. Девору таҳхонаи тамоми биноҳои баландошёна об гузарониданд. Ҳол он ки давлат сохтмонҳоро назорат мекунаду тафтиш. Аҳолии пойтахт ранги солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳайрон буданд. Свету об автоматически мурду ҳама ҷо қоқ шуд. Горсвет ва зертобеъҳояш, яъне горсветҳои ноҳияҳо телефонҳояшон банд, мардум саргардон. Водоканал бошад умуман телефонҳояш бе чавоб. Ду рӯз дар пойтахт об набуд. Ягон ноҳия барои мардум об таъмин накард.

 Дар мағозаҳо обҳои простой тамом шуд. Ҳукумати шаҳр пештар рақами телефони навбатдорӣ дошт, ки 2232214 аст ва ин рақам дар сайти ҳукумати Душанбе ҳаст. Умуман ягон кас ҷавоб намедиҳад. Ду рӯз об набуд. Дар тамоми магазинҳои калону майдаи Душанбе об намонд. Агар чанд рӯз давом мекард, чи мешуд? Э, бахудо, айб. Ин қадар корхонаҳои об     ( рекламаи «Сиёма» дар телевизионҳо беист идома мекунад) ин қадар имкониятҳо фақат ду рӯзда натавонистанд пойтахтро таъмин кунанд. Аз тарафи Ҳукумат бояд мошинҳои обкашӣ дар ҳар маҳалла ташкил шаваду мардумро то омадани об таъмин кунанд. Фақат ду се Камаз баромаду як қисми ками аҳолии шаҳрро об доданд. Як чанд соҳибкори дигари Худотарс об хариданду бо водавозҳо тақсим карданд. Дар замони Убайдуллоев Маҳмадсаид ягон бор ин хел намешуд. Об нест, сразу аз ҳар нохия 5-6 водавоз мебаромад мардумро таъмин мекард. Ҳозир ягон сохтори шаҳр кори ҳалол намекунад. Рустам сари вазифаҳо соф ҷураҳояшро мондааст, ки аз дасти онҳо мардум дар азоб аст.  

 Бо ин ҳолу аҳвол боз даъвои президентшавӣ дорад. Вой бар ҳоли мардуми бечораи тоҷик.

                                      Ваҳдат

   Салом бародари муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳ пушту паноҳат бошад, шери нар!  Як худат, яктана ин ҳукумати малъуни Раҳмонови алайҳилаънаро гузинӣ гардонидаӣ!!

 Ҳам тамошо мекунам ва ҳам мехонам. Вақте Раҳмоновро бо лақабҳои воқеияш ном мебарӣ, ба ростӣ тамоми мардуми Тоҷикистон роҳат мекунад. Ҳоло худат сухангӯи халқи Тоҷикистон шудаӣ. Гапи дили халқро ба ин беимони гарданбалонигазии тоғути муртад мерасонӣ. Бародар, солҳост, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорам. Исму насабамро иваз кардаам. Гапи зиёде барои гуфтан дорам.

Аммо ҳоло фақат дар бораи як беваи чоплуси тамаллуқкор мехоҳам гап занам. Намедонам ҳоло ҳам сари кор ҳаст ё не? Вале он сол ин зани шайтонсифат раиси идораи ҷамоат буд. Номи вай Мирзоева Хурсандгул аст. Он вақт Алиев Файзалӣ, раиси деҳаи Гусгев буд, ки ин ҳар ду дар китоби ҷасорати ҷамоат нависонда шудаанд. Медонед барои чӣ ва чӣ ҷасорат нишон додаанд, инҳо ва махсусан Мирзоева Хурсандгул?

Вақти таъқиби ҳоҷӣ Ҳалим (генерал Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон) дар куҳҳои Ромит дар сентябри соли 2015ду нафар аз зиндониҳои гуреза, ба гуфтаи худашон, ки собиқ муҷоҳиддин будаанд, пайдо мешаванд. Албатта, инҳо, гурезагии зиндониҳо дар он шабурӯзҳо, маълум буд, ки кори худи ҳукумат аст. Ин фирориҳо то деҳаи мо омада тавонистанд ва ба ин зан паноҳ бурданд. Хиёл карданд, ки ин зан мисли ромитиҳои пешина аст. Гуфтаанд, ки давлат бо кадом нақшае моро аз зиндон берун кард. Вале боз моро кофтуков дорад. Дақиқан моро бо туҳмати фирор аз зиндон мекушанд. Илтимос апа моро як ду рӯз пинҳон кун. Шиносҳое дорем, ки моро аз ин давлат берун мебарорад. Ин зани шайтонсифат, «майлаш,майлаш» гуфта ҷои хоб медиҳад вале ба мақомоти ҳукумат занг зада хабар медиҳад. Ба хотири ҳамин кораш ба вай медал доданд ва қаҳрамонзан эълон намуданд.

Вале он зиндониҳоро ҳам бо ҳоҷӣ Ҳалим ҳамроҳ карда мекушанд.

                                                Исфара

   Салом алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман ҳамон собиқ корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошам, ки ба шумо роҷеъ ба бедодгариҳо дар фурудгоҳи Душанбе дар бораи декларатсияи пулакӣ навишта будам.

Баъди нашри он мактуб хостам миннатдории худро баён кунам. Шиносҳоям ба ман хабар доданд, ки баъди нашри барнома дигар навистани декларасияро дар фурудгоҳ манъ карданд. Ташаккур бародар Муҳаммадиқбол! Камтар бошад ҳам бо ёрии шумо ба мардуми муҳоҷир ёрдами мо расид.

   Имрӯз мехоҳам дар бораи ду бузе, ки дар Чоркуҳ зиндагӣ мекунад ва мардуми бечораро ба милисаҳо мефурӯшад маълумоти муфассалтар диҳам.

  Худо кунад, ки ин худобехабарон ҳам тариқи барномаи шумо ислоҳ шаванду камтар бошад ҳам дар назди мардуми Чоркуҳ аз гуноҳҳои кардаам бахшиш пурсам. Қаблан, ки гуфтам, корманди собиқи мақомот ҳастам. Маҳз дар ҳамин диёри худотарсон- Чоркуҳ фаъолият кардаам. Яке аз бузони милисаҳо ҳамсояи собиқ Раиси ҷамоат Шаропов Бадрӣ (Мухтор ҳам мегуянд) ин Ҷалолов Ҳукмӣ мебошад. Бо баҳонаи гирифта додани замини наздиҳавлигӣ аз раиси ҷамоат аз чандин нафар пул гирифта вале онҳоро фиреб кардааст. Ба зами ин чандин касро ваъда кардааст, ки барои мусоидат ба сафари ҳаҷ тариқи раиси ҷамоат ёрдам мекунад. Аммо то ҳоло накарда аст.

  Агар ягон каси пул додаашро талаб кунад, руи рост омада ба милисахона он одамро подстава мекунад.

Ҳамаи курикаҳо, ки Ҳукмӣ аз он маҳалла аст агар дар Русия камтар бизнес дошта бошан вақти ба Чоркуҳ омаданашон ҳамон замон хабарашон ба милисаҳо тариқи Ҳукмӣ мерасад. Агар хато накунам зани Ҳукми кадом хеши раиси ҳозира Лайс мебошад. Ҳукмӣ руи рост мегуяд, ки вай агенти милисаҳо мебошаду касе аз бинӣ боло гап занад подставааш мекунад.

   Як бузи дигаре, ки ҳамроҳи Ҳукмӣ кор мекунад, Шуҳрат аст, ки ӯро чоркуҳиҳо Шурик мегуянд. Ҳамаи соҳибкорони чоркуҳие, ки дар Русия тиҷорат доранду аз маҳаллаҳои Лангар, Халесон ва Гузар мебошанд ба Ҳукмӣ хабарашонро мерасонад.

  Ҳукмӣ ба милисаҳо зуд хабар медиҳад: кадом соҳибкор кай омадаасту дар Русия чи бизнес дорад? Шуҳрат худаш дар Маскав мебошад. Ҳар вақте сардори милисаи Чоркуҳ нав шавад худи ҳамон рӯз туҳфаҳои қиматбаҳо ба монанди телефони последний марка, ноутбук барои зани сардор то либосҳои такпушӣ харида равон мекунад. Бовар дорам ҳадяҳое, ки барои сардори милисаю занаш мефирсонад аз сад як ҳисаашро барои зану фарзанди худаш намекунад.

   Мардуми шарифи Чоркуҳ ман медонам, шумо мардуми худотарс, мусулмонони боимон ҳастед. Агар баъди барномаи Ислоҳ ин ду буз рафтори худро дигар кунанд, ман ҳамчун собиқ корманди ҳифзи ҳуқуқ дар Чоркуҳ камтар бошад ҳам дар назди мардум қарзи худро иҷро карда ҳисоб мешавам.

   Бародар Муҳаммадикбол дар дасти ман 70% руйхати бузҳои Чоркуҳ, ки мардуми бечораро азоб медиҳанду ба милисаҳо мефурушанд мавҷуд аст. Имрӯз дар бораи ду нафараш гуфтам, насиб бошад дар оянда дигаронашро ҳам мегуям. Ба монанди ҳоҷӣ Қобил, Забили муаллим, Исмат, директори мактаб ва дигарҳо. Бояд ҳаминро ҳам гуям, ки Ҳукми худро ҳоҷӣ мегирад. Ман рости гап дар симои Ҳукмӣ, Қобил, Насим, Фурқати рижи ва дигар бузхо ягон нишонаи ҳоҷигиро намебинам. Мардуми Чоркуҳ бо ман розӣ шуда метавонанд. Бузҳои Чоркуҳ ба номи худо бузиро бас кунед вагарна тариқи “Ислоҳ” расвоиҳои шумо бароварда мешавад.

    Дар барнома «Номаҳои№ 42» дар бораи Ҳукмии жук гуфтед. Ин сад дар сад рост.   Фамилияи жук ин Ҷалолов Ҳукмӣ аст. Лақаби жук ин лақаби падараш мебошад. Як вақтҳо падараш дар участкаи бригадаи 13 учаскапо буд. Дар он участка ягон чиз намонд. Ҳама чизро ба хонааш кашонд. Аз ҳамин хотир ба худ лақаби жукро гирифт. Писари ҳамон жук Ҳукмӣ- бузи милисаҳо мебошад.

Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Худованд аз шумо, розӣ бошад, мо сокинони шаҳри Исфара, аз шумо хоҳиш менамоем, ки ин дарди моро нашр намоед. Аз дасти бузҳову чоплусҳо мо шаҳрвандони оддӣ ҷонамон ба лаб расид.

Дар аввал ба шумо ҳодисаи руйдода дар ресторани «Райҳона»-ро мегуем.

Он қорибачаро нафаре бо номи …фарёд карда подставит карда, худаш гурехта рафт Русия. Баъди нашри барномаатон ҳозир Барно ном нафаре дом ком ҳаст-пулчинаки бозор, хоҳари Қаҳҳори раҳматӣ овозхон, писараш дар коррупция кор мекунад. Шавҳараш дар Душанбе генерал будааст. Писараш дар киса расми ӯро гирифта мегардад. Барно як ифлос одам. Маҷбурӣ пул меканад. Агар надиҳед, справка намедиҳад. Дар дасти мо навори Барно ҳаст, ки чи хел духтарҳоро дар тарабхонаи Одилон бурда дискотека ташкил кардааст.

Ҳоҷӣ Абдурасул ном шахсе ҳаст, ки номаш дар барномаҳои шумо чанд бор садо дод. Ин одам ҳама чизу чораи колхози Ленинро фурӯхт: гараж, идора, ҳатто ба замини президентӣ даст дароз кард.

 Як нафар колхозчӣ бар зидди вай ариза ҷамъ кард. Барои онки ӯро хомуш бидоранд аз ҳамон заминҳо 6 сотих доданд.

Бародари Расул Ваққоси наркоман  аст ва бузҳои инҳо Умед ва Ҳасн чанд тан бачаҳои боимонро бузӣ ва маҳкам карданд.

 Барно домкоми маҳалла шуда кор мекунад. Як зани сабукпо, одамҳоро подставит карда пул мегирад. Навор дар ресторани “Одилон” гирифта шудааст. Он духтар номаш Маҳина аст. Вай ҳануз дар вақти мактабхониаш иффаташро бохта буд. Ин ҳам бузи ментҳо аст, дугонаи Барно.

 Нафари дигар Мулло аст. Соли таваллудаш 1995. Дар ресторани «Райҳона» кор мекард, бо мошинҳои гаронқимат мегашт. Баъди подстава кардани қорибача гурехт ва ҳоло дар Санкт-Петербурги Русия аст, ҳамин тавр шунидем. Шояд дигар шаҳри Русия бошад.

 Умед пеш бо Абдурасул мегашт. Героин толкат мекард. Чанд бачаҳоро бузӣ карда шинонд. Инҳоро ҳозир ҳеҷ кас ҳурмат намекунад. Абдурасул “как резинка” корашро карда сар дод.

 Пеши Бовохон рафт. Бобохони борец мегуяд пеши чойхонаи боғ биё. Бобохон бо Абдурасул гапаш намепазад. Баъд, дар стадиони Химки ҷамъ мешавад: 1+1 мезанем гуфта  Бобохон Абдурасулу Ҳасанро мезанад. Расули номард Вакқосро фарёд мекунад. Ҷанги калон мешавад. Расул ва Ҳасан ду моҳ дар реаниматсия мехобанд.

 Ва дар охир боз Исфара инро ҳам ба дасти чоп бисупорем, ки бисёр ҳам ҳодисаи дардовар аст. Чанд соли соли пеш Насимов Кароматуллоҳ сардори милиса дар шуъбачаи Чоркуҳ буд. Вай як инсони худозада ва сахт беномус буд. Вай зиндонӣ шуд. Зиёда аз 7 сол. Баъд баромад. Аммо ҳозир бошад дар Ворух дар ҳайати ОМОН кор карда истодаст. Ин чи тавр ҳукумату давлат аст ки як нафар бо собиқаи зиндон дар милиса ба кор медарояд. Як нафар ба ҳукумат кор дароям гуяд, 7 пушташро, хешу таборонашро, тафтиш мекунанд, судимий дорад ё надорад, таҳқиқ мекунанд. Аммо ҳоло судимий доштаро боз кор мегиранд. Агар ин беномусро ба милисаи Ворух ё Чоркуҳ перевод кунанд мондагии халқро зиндон мекунад. Ин ҳамон булдог-Насимзода Қосим Наими сардори милисаи Чоркуҳ буд. Аммо ин ҳукуматро фаҳмида намешавад. Ин Рамазон Раҳимзодаи даюс чи кор карда истодааст. Ин ҳама сабзибадастҳоро ба кор гирифта истодааст. Маълум аст ки инҷо барои ба кор даромадани Насимзода Қосим пулу пора роли асосӣ бозидааст, вагарна  коргар қаҳт задааст, ки як нафари «зек» милиса бишавад?

                                          Ёвон

    Ассалому алейкум устоди азиз! Мо як гурӯҳ бачаҳои ноҳияи Ёвон мебошем, ки айни ҳол да муҳочирати меҳнатӣ қарор дорем.

 Чанд рӯз пеш ба ман аз деҳа занг зада илтимос карданд, ки ин номаро ба шумо фиристам. Дар деҳаи мо 3 – 4 то буз пайдо шудааст.

Номи онҳо Азимов Абдуҷамил, Идрисов Маъдихуҷа (бо лақаби Маъди буз шинохта мешавад) ва дигараш бошад муаллими Шариф мебошад. Вай раиси маҳалла шуда кор кардааст.

Айни замон Азимов Абдуҷамил ҳамчун раиси маҳалла кор мекунад. 3 писар ва 4 духтар дорад. Абдуҷамил он қадар беномус аст ки духтари 16 солаи охиронашро  ба ҳоҷӣ 60 ҳазор сомонӣ фурӯхт. Духтар солаш намерасид. Никоҳ кард ба як марди 40 сола. Зани 2юм гирифт ин духтарашро. Ба кадом шаҳри Русия бурданд.  

  Идрисов Маъдӣ бузи амният аст. Бинад, ки камтар ришат баланд аст, тамом, худо зад. Саҳар ба хонаат амният меояд. Маъдӣ соҳиби 2 зан ва 3 писару 3 духтар мебошад.

  Гуфтам дар деҳа боз чи гап аст? Як бузи дигар ҳам пайдо шудааст.

Фатҳиев Муқим (бо лақаби кури Муқим мешиносанаш) Ин бошад ҳамаи заминҳои подачароро гирифтааст. Ин сумдор буд. Карер дошт, дар камазҳо санг бор мекард. Ҳозир бошад ҳамаро фурухт. Писаронашро Русия равон кард.

 Аз замоне, ки прокурори ноҳияи Ёвон нав шуд ягон карер кор намекунад.

  Дар мактаби № 33 ба номи А.Рудакӣ Обидова Давлатпочо директор мебошад. Аз солҳое, ки худро ёд дорам ин одам директор аст. Дар мактаб синфхона намерасад. Соли 2013 барои шаш синфхона таҳкурсӣ рехтанд. Аммо то ҳол ин синфхонаҳо дар ҳамон ҳолат истодаанд. Ҳар сол аз талабаҳо ва аз масҷидҳо барои таъмири мактаб 20 сомонӣ ҷамъ мекунанд. Ман худам ҳамин мактабро хатм кардам. Ин директор 3 писар дорад. 1 писараш донишгоҳи тиббӣ, 2-аш дар донишгоҳи миллӣ ва 3юмаш донишгоҳи славянии Душанберо хатм кардаанд. Барои синфҳои 1 то 3 дар мактаб хурок медиҳанд. Ҳар моҳ талабаҳо ҳар як кадомаш барои ғизои худ 5 сомонӣ ҷамъ мекунанд. Ин директор аз ҳисоби ҳамин хурока ба хонааш мекашонад.

                                               Ҳисор

  Ассалому алайкум ман аз Ҳисор, ҷамоати Деҳқонобод, деҳаи Гачак. Дар деҳаи Гачак беҳад, дуздиву номардӣ рафта истодааст. Дар Гачак раиси маҳалла Абдулло Раҳимов аст.

   Вақте замин тақсим карданд, ман гуфтам ба мо ҳам замин деҳ. Мо дар як ҳавлӣ чанд оила зиндаги дорем, камбизоатем. Аммо ин Абдулло заминҳоро ба бойбачаҳо дод. Як хелаш 3 заминӣ ҳам гирифтанд. Мардуми камбағал бе замин монд. Дар Гачак Пиров Нуралӣ, ки ҳоҷӣ Нуралии кал мегуяндаш, (ин Нуралӣ намоз ҳам намехонад бе тавфиқ )

 Дар Гачак мулло буд ба номи мулло Бобоҷон, беҳад инсони босавод буд, аммо камбағал буд ва фақат бою камбағал мегуфт марҳамат ба масҷид равем. Ва ин ҳоҷи Нуралӣ аз паси мулло навис-навис карда коре кард, ки ӯра аз тарафи ҷамоат гирифтанаш  ва ҳозир як мулло дорем Аъзам ном дорад, сум дорад. Лекин беҳад криса ва мурда аст. Бо ҳич кас гап намезанад. Хонаат биёяд пул талаб мекунад. Дар Гачак қариб 5 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Аммо беморхона надорем. Якто буд, духтур Гулбаҳор кор мекунад. Оҳиста-оҳиста онҷоро гирифту аз худаш кард. Ҳозир дар ҳамонҷо зиндагӣ мекунад.  

 Дар Гачак соли 2011 мактаби нав сохтанд ва мактаби куҳнаро Ёров Ҷамолиддин, ки раиси маҳалла шуд гирифт шахсӣ кард.

  Ҳамин ҳоҷӣ Нуралии кал шипангро гирифт. Аввал гуфтанд, ки мо заводи хишт месозем. Як сол гузашт, гирдашро девор бардоштанд ва шахсӣ карданд. Дар болои қишлоқ замини президентӣ ҳаст ва ин ҳоҷӣ Нуралии кал гуфт, садик месозем ва заминро гирифтанд. 20 сотихашро шахсӣ карданд. Дар деҳаи Гачак сквяжни ҷо ҳаст. Ҳоҷӣ Ёрмаҳмад гирифт шахсӣ кард. 20 сотик замин ҳам дорад. Бовар кунед ягон ҷоро намонданд. Ҳамаро гирифтанд: на садик, на беморхона на мактаб. Раиси ҷамоат омад масҷидро қулф зад. Гуфтанд, ки пул диҳед солдат мехарем, баъд масҷиди панҷвақтаатонро ҳуй мекунем бовар кунед.

 Дар Ҳисор ҳамихел дуздиву ғоратгарӣ рафта истодааст, ки ҳисобаш гум. Ҳукумат дар ҳилла гум шудааст.

Бародар як нафар дар бораи вазъу ҳоли модари Далери Эмомалӣ бароям гуфт. Бовар кунед ҳоли модари ӯро мебинӣ гуфт, гиряат меояд. Худо акнун тезтар тағирот шаваду Далер ба назди бачаҳояш баргардад. Ҳамин Раҳимов Абдулло раиси маҳалла буд. Кличкааш Лелин аст. Аз мардум пули бисёр гирифтагӣ аст. Пулҳоро баргардон. Заминҳоро надодӣ, пули мардумро гардонда деҳ.

                                          Зафаробод

  Бародар Муҳаммадиқбол салом! Ин навиштаи дигари ман ба унвони «Ислоҳ» аст. Ман ҳамон собиқ хизматчии давлатиам, ки гуфта будам 600 сомонӣ маош мегирифтам. Сардори шуъба дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ будам ва солҳои дароз фаъолият кардаам.   Донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кардам. Чандин забонро баладам. Аммо ҳозир дар Русия “турист”ҳастам. Кор мекунам.

Бо ҳамин ҷумлаҳо навиштаи пешинаи ман дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и №  47 чоп шуда буд. Ҳоло давоми ин номаро бароятон фиристодам. Як рӯз, вақте барномаи «Минбари муҳоҷир»-ро тамошо мекардам, дидам, ки Дилафрӯз Ниёзқулова, мудири маорифи ноҳияи Зафаробод бо Шумо суҳбат карда бо овози баланд мегуфт, ки тибқи дастурамал  либоси мактабӣ мехаранд. Эй апаи Дилафруз, садқаи номи падарат шавӣ. Падарат як шахси номдор дар соҳаи маориф буд. Агар ту дуруғ гуӣ ман росташро мегуям, ки ту чи тавр мудири маориф шудӣ, чанд пул ба собиқ раиси ноҳия Арбобзода К.Н ва ба собиқ сардори амнияти ноҳия додӣ, аз ёдат баромад? Либоси ягонаи мактабиро ту бо ҳамроҳи хешат Зафар Авулов ва дугонаат- депутати ноҳия Шаҳло Кенҷаева дастурамал кардед. Агар падару модар аз бозори Истаравшан ё Хуҷанд гирад, шумо қабул намекунед. Бояд аз депутат Шаҳло ё аз Зафар Авулов гирад. Биё, аз руи худо гап зан. Нони додаи Ниёзқулов туро кур мекунад.

Дар масъалаи муаллими фанҳои дақиқ чаро дуруғ гуфтӣ. Дар ноҳия худат як моҳ пеш эълон кард, ки  48 нафар муаллими фанҳои дақиқ лозим. Оилаҳои камбизоат то ҳол аз мағозаи Шаҳло қарздоранд, медони ҳаминро? Ту хуб медонӣ. Соли 2022 китобҳо пулакӣ буд ва он замон ту муаллима будӣ. Худат гуфта будӣ, ки иҷораи китоб 5 сол аст ва баъди панҷ сол ройгон мешавад. То ҳоло падару модар ба як хонанда ба маблаги 100-150 сомонӣ китоб мехарад ва ин китобҳои фарсударо шумо то ҳол мефурӯшед. Дилафруз, муаллима ду бор рафтӣ вазорати маориф, баъд мудир шудӣ. Ёдат ҳаст дар ошхонаи Ирам сархуш шудӣ, ҳамроҳи собиқ муовини раиси ноҳия Абдуллозода Зарина ва баланд гуфтӣ, ки ин вазифа бо маблағи 6000 доллар омад ба ман. Ман бояд дар як сол ин маблағи сарф кардаамро аз мактабҳо пайдо кунам. Хайр муаллима, боқӣ ту донию виҷдонат. Ё қиссаҳои ишқварзиат бо сардори ШВКД дар ноҳия Саломзодаро аз ёдат баровардаӣ. Вай ба гуфти худат, «криша»-и ту буд,ку.

    Низомҷон, котиби ҷамоати Ҷомӣ, ту низ имрӯз баланд гап мезанӣ, ки камбизоат нест. Замоне, ки ту заминсози ҷамоат будӣ, як имзои ту 700 сомонӣ буд. Ёдат ҳаст ту Низомҷони 700 сомона ном доштӣ. Заминҳои обиро ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ фурухтӣ, эй нохалаф! Аз ман пурс,  дар ҷамоати ту масҷид нест, чаро дуруғ мегуӣ? Дуюмаш дар ҷамоати ту соли 2018 1450оилаи камбизоат ба қайд гирифта шуда буд, ки аз тарафи шуъба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷубронпулӣ мегирифт. Ин оилаҳоро як ба як номбар кунам, ту пеши мардум чи хел нигоҳ мекуни? Биё, як се -чор нафарашро номбар мекунам. Оилаи Усмонов Нуъмон, раиси ҷамоат, оилаи Ортиқов Қувватшо, собиқ раиси ҷамоат, ту худат ва ҳама коргарони ҷамоат будед. Ягон нафар камбағал дар ин руйхат набуд. Ин маблағи ҷубронпулиро худ ба ҷайби хеш мезадед. Тибқи қонуни хизмати давлатӣ шаҳрванд агар маълумоти олӣ надошта бошад, котиби ҷамоат ё раиси ҷамоат шуда наметавонад. Ту  маълумоти олӣ надори, аммо халқро ғорат карда бо воситаи Усмонов Нуъмон ва Усмонов Икром соҳиби вазифа шудӣ. Дуруғ нагӯ, ки фардо рӯзи қиёмат месузӣ.

                                                 Муъминобод

  Салом бародари мубориз, домулло Муҳаммадиқбол! Номаи ман аз ноҳияи Муъминобод, ҷамоати Балхови деҳаи Тебалай аст. Ин номаро менависам, мунтазир меистам, ки чоп мекунӣ, ё не? Чунки гапҳои гуфтании зиёд дорад. Агар инро чоп кардӣ давомашро ҳам менависам.

   Ҳамин ҳукумат ва махсусан МЧС-и мо намедонам ба куҷояшон фикр мекунанд. Аввалаш инки бояд пеш аз вуқуи ҳодиса, селу ярчу дигар офатҳо дастбакор шаванд. Барои ин онҳо маош мегиранд, давлат пулаш ҷудо мекунад.

  Аммо, ҳозир инҳо омада сари хона аз мардум 100 сомонӣ ҷамъ карда истодаанд. Барои санговаи деҳаи Тебалай. Мардум худаш ҷойи кор надорад, зиндагиашон вазнин,аз куҷо пул ёфта диҳанд?  Пас, пули аз тарафи давлат ҷудошуда куҷо меравад.

Хоҳиш мекунам, ҳамин номаи маро чоп кунед.

                                          Шаҳристон

   Салом бародар Муҳаммадиқбол!

  Соли гузашта дар деҳаи Ободӣ мактаби№19 кушода шуд. Ҷаноб омада онро кушод. Дар ҳамин вақт Ғафурзода Мангубердӣ, раиси Идораи ҷангали ноҳияи Шаҳристон ба Ҷаноб як асп туҳфа кард. Дузди дуздони ноҳия ҳамин одам аст. Ҳама чизро таги даст кардагӣ. Ҳамеша бо Акрамзода Баҳодур, раиси ноҳия ҳамроҳ мегардад. Акрамзода куҷо равад ӯро ҳам мебарад, мисли дугона ҳастанд.

   Нархи аспи туҳфа кардаи Мангубердӣ ба Раҳмоновро медонед чандаст? 80.000 доллар!! Ман ҳайронам! Ҷаноб ин аспро чи кор мекунад? Ҷои ин ба мардум ёрдам кунад намешуд? Барои чи ба Ҷаноб аспи 80000 долларӣ туҳфа мекнад? Роҳ созад, пул созад, мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва чи хеле худи ҷаноб мегуяд ба мардуми камбизоат, ба ятимон бирасад.

Барои онки Ғафурзода Мангубердӣ тамоми куҳу камару дараву сою куҳу куҳпораҳо, замин ва ҷангалистони ҳазорҳо гектории Шаҳристонро гирифтагӣ ва чи хеле хоҳад, ҳамон тавр истифода мекунад. Замин ва ҷангалҳои Шаҳристонро фурухт. Одамҳои бою сумдори Хуҷанд, Истаравшан, Ҷаббор Расулов аксарияти мутлақашон дар ҷангалу куҳҳои Шаҳристон барои худ замин ва чарогоҳҳо доранд ва бемалол рамаи бузу гуспанд, гову аспи худро мечаронанд.

Акрамзода Баҳодур, раиси ноҳияи Шаҳристон аз узбекҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов аст. Тамоми рамаву говҳои бойҳои Ҷаббор Расуловро Акрамзода дар куҳҳои ноҳияи мо ҷой додааст.

 Мардуми худамонро намемонанд, ки чорвояшро чаронад. На гову гусола, на бузу гуспандҳои мардуми мо ба куҳ роҳ надоранд. Мегуяд, касе саркашӣ ва гапнодароӣ мекунад рамаву подааш несту нобуд карда мешавад.

Ана барои чӣ Ғафуров Мангубердӣ ба Ҷаноби Раҳмонов аспи 80 000 долларӣ туҳфа мекунад.

  Бинобар як хабаре, ки ба дасти мо аз идораи молияи ноҳия расид барои сохтмони мактаби №9, ки нархи сохтмони он 1.миллион 800 ҳазор мебошад, аз ҳисоби бюҷети ноҳия 200.000 сомонӣ ҷудо шудааст. Аммо ин пулро сардори молия Маликов Ислом ва раиси ноҳия Акрамзода Баҳодур бо ҳам тақсим карда гирифтаанд. Ман ҳайронам, ки ин Агентии коррупсия, прокуратура ва амнияту милиса куҷоро нигоҳ мекунанд?

Share This Article