Номаҳо аз ноҳияҳо ба“Ислоҳ.нет” №4

Ислоҳ нет

Деваштич 

Бинанда ва хонандаи азизи «Ислоҳ.нет» огоҳанд, ки пештар низ дар бораи мушкилоти мардуми ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд (Ғончии собиқ) мо чанд матлаб интишор карда будем. Номаи аввали ин матлаби мо ҳам ба масоили ҳамин ноҳия марбут аст. Ва, ҳоло матни ин номаро пешкаши шумо менамоем:

Ман истиқоматкунандаи ноҳияи Деваштич, ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Равот. Ба шумо аз ҷиноёти раиси хоҷагии Равоти ин ноҳия менависем.
Ном ва насаби раиси хоҷагии Равот Худойбердиев Боймуҳаммад, соли таваллудаш 1966-67 сокини шаҳри Бустон (Чкаловск) мутаваллиди деҳаи Равоти Деваштич. Факултети ҳуқушиносии Донишгоҳи миллиро хатм кардааст. Собиқ корманди Прокуратура буда мавсуф 2,3 бор ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст зада ҷиноятҳои вазнин содир ва ҳамин тавр аз корҳои давлатӣ як умра дур карда нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Яъне делояш сиёҳ шуда аст. То соли 2015раиси хоҷагии деҳаи Равот Дӯстмурод Дӯстмуродов буд, маълумоташ нопурра, коллеҷи шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Соли 2015-16 Худойбердиев Боймуҳаммад Дӯстмуродовро бо ёри бародаронаш аз вазифаи раиси хоҷагӣ сабукдуш карда ҷои ӯро худаш гирифт.  Чор бародараш дар деҳаи Равот зиндагӣ мекунанд. Аъзои хоҷагии деҳаи Равотро ҷамъ карда ба онҳо ваъда дод, ки вақте ман раиси хоҷагӣ шавам, ба ҳамаи шумо замини назди ҳавлигӣ медиҳам.

Ҷинояти аввали Боймуҳаммад Худойбердиев:
Боймуҳаммад Худойбердиев соли 2016 раиси хоҷагии деҳаи Равот шуд. Гуё бо мақсади барқарории молу мулки аз тарафи Дӯстмуродов Дӯстмурод, раиси собиқ талаву тороҷшуда аз болои вай ба суди ноҳияи Деваштич  шикоят кард. Дар натиҷаи санҷиши суд наздик ба100.000сомонӣ камомадро ошкор кард. Суд Дӯстмуродов Дӯстмуродро ба 8 сол аз озодӣ маҳрум вале дар пайи барқарории зиёни расонида ӯро озод кард.

Худойбердиев Боймуҳаммад аъзои хоҷагиро ҷамъ карда гуфт агар 100000(сад ҳазор )сомонӣ маблағ ҷамъ карда ба ман диҳед ман Дӯстмуродов Дӯстмуродро аз зиндон мебарорам. Мардуми хоҷагии деҳаи Равот дар давоми 1.5сол 60.000сомонӣ ҷамъ карданд,то ки Дӯстмуродов Дӯстмуродро аз зиндон озод кунанд. Дӯстмуродов одами камбизоат буд! Ва маблағи ҷамъшударо Бердиев Фурқат, домкоми маҳалла, истиқоматкунандаи деҳаи Равот дар шоҳидии Бердиев Анвар, Ҷумъаев Иброҳим ба дасти Худойбердиев Боймуҳаммад, раиси хоҷагии Равот доданд ва аз вай забонхат ҳам гирифтанд. Сабти телефонӣ ва навор гирифтанд.   Навор ва забонхати раиси хоҷагӣ дар дасти домкоми маҳалла Бердиев Фурқат маҳфуз аст. Ин кор барои он анҷом дода шуд, то ки фиреб накунад ва маблағро ба ҳисоби хоҷагии Равот гузаронад ва Дӯстмуродовро аз зиндон озод кунад.
Аммо аз дусар ин Худойбердиев Боймуҳаммад мардуми деҳаро фиреб кард. Баъд аз 2 моҳ Бердиев Фурқат, Ҷумъаев Иброҳим ва чанд аъзои хоҷагӣ ҳисоби хоҷагии Равотро санҷиданд, маълум шуд, ки ягон сомонӣ ба ҳисоби хоҷагӣ надаромадааст! Ва Дӯстмуродов Дӯстмурод аз зиндон озод нашуд! Баъд аз 8моҳи пулро ба Худойбердиев додан, Дӯстмуродов Дӯстмурод, раиси собиқи хоҷагӣ бо амнистия (афв) ва озод шуд!
Ҷинояти дуввуми Боймуҳаммад Худойбердиев:

Соли 2021 дар хоҷагии Равот 30 сотих замини назди ҳавлигиро ҳуҷҷатҳои қалбакӣ карда ба фурӯш гузошт. Ду нафар яке Нусратулло ва дигар Мадмурод аз дигар хоҷагӣ, хоҷагии “Калаи Мирзобой” харидор шуданд ва нарх гузоштанд: яке 350000 сомонӣ ва дигаре 380000сомонӣ. Аммо раис розӣ нашуду ба бародари худаш Худойбердиев Аюбҷон бо нархи 420000сомонӣ фурӯхт. Худойбердиев Аюбҷон сокини хоҷагии Равот ба замин муҳтоҷ нест. Ҳавлие, ки зиндагӣ дорад 25сотих ва боз 30 сотих замини назди ҳавлигӣ дорад.
Ҷинояти сеюми Худойбердиев Боймуҳаммад:

Худойбердиев Боймуҳаммад аз аъзои хоҷагӣ то 3 баробар пули андозро зиёд меситонад. Аз 40 сотих замини обӣ 700-800сомонӣ андоз мегирад. Ва  аз андози ҳифзи иҷтимоӣ сари хоҷагӣ 380 то 450сомонӣ мегирад. Ҷамъ дар яксол аз ҳар як хоҷагӣ тахминан 1000-1100сомонӣ маблағ мегирад. Дар Равот ҳудуди 250 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд, акнун худатон ҳисоб кунед ва бубинед ин ҳама маболиғи ҷамъовардаашро!
Ҷинояти чоруми Худойбердиев Боймуҳаммад:

Эшбоев Зиёваддин як нафар аз аъзои хоҷагӣ мебошад, ки соли 1993 дар 3 гектор замин боғи себ бунёд кардааст ва то соли 2031 шартнома дорад.

Раиси хоҷагӣ Худойбердиев Боймуҳаммад апрели соли 2022 боғи ин деҳқонро бо дуғу пуписа ва зурӣ гирифт. Шартномаашро ба инобат нагирифт. Эшбоев Зиёваддин ба суди иқтисодии вилояти Суғд муроҷиат кард. Суд баъд аз 3 моҳ ба фоидаи деҳқон қарор содир кард. Аммо Худойбердиев Боймуҳаммад ба Суди Олии иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат кард. Баъд аз 2 моҳ ин суд қарор кард, ки баҳси ин замин аз дигар дида шавад! Ва Худойбердиев Боймуҳаммад аъзои хоҷагиро ҷамъ намуда эълон кард, ки ман судро буридам ва боғро гирифтам, касе эҳтиёҷманди замини назди ҳавлигӣ бошад ба ман муроҷиат кунад. Чанд нафар аъзои хоҷагӣ муроҷиат карданд. Раис гуфтааст, ки 1сотих 10000( даҳ ҳазор) сомонӣ! Яъне мақсади раис ҳамин 3 гектар боғи себро сари сотих 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ фурӯшад! Агар ягон чора аз тарафи давлат дида нащавад ин раис ин боғро мефурӯшад!!!
Фикр мекунед, ки барои чи то ҳол ягон нафар оиди кирдорҳои ҷиноятии ин раис ба мақомоти дахлдор хабар надод? Барои он ки мардуми деҳа аз ин шахс ва бародарҳояш   метарсанд. Ду  ако ва  ду додар дорад, ки дар деҳаи Равот зиндагӣ мекунанд, ҳамаашон одамони сарватманди деҳаанд! Заправкаи маводи сухт, мағозаи автозапчаст, автомойка, қариб 10 гектар замини ва ғайра доранд.
Чи хеле гуфтам ин раиси хоҷагии мо корманди собиқи прокуратура мебошад, 20 сол дар прокуратура кор кардааст. Мардум аз шикоят кардан аз болояш метарсанд, чунки шиносони зиёд дар мақомот дорад ва шикоят кардан бефоида аст. Ҳамаи аъзои хоҷагиро ҷамъ ва маҷлис карда эълон намуд, ки шартномаи заминҳои обиро аз нав ва бо ман бандед. Замини ҳамаатон бисёр. Аз дигар чену чок мекунем, набояд аз 25 сотих зиёд бошад. Аммо ҳама 40 сотихӣ дорад ва дар сертификат ҳам 40 сотих навишта шудааст. Аммо мардуми деҳаро аҳмақ карда 15 сотихӣ аз ҳама гирифта ба фурӯш гузоштан мехоҳад. Мақсад бизнеси замини мардум. Шояд баъди нашри ин навишта дар «Ислоҳ» мақомоти болоӣ таноби ин раиси худсар ва фиребгарро мекашанд?

Нома аз Данғара

Сайфиддин Давлатзода, писари усто Хайрӣ, бисёр шахси бедину бевиҷдон ва порахури ашадӣ мебошад. Вай 6 бародар дорад. Яке аз онҳоТоҳир аст. Мардуми Талхоб Ҳасанаш мегуянд, яъне лақабаш Ҳасан мебошад. Бародарони дигараш Исомиддин, Баҳриддин, Тоҷиддин, Меҳроҷиддин ва хурдиашон Аслиддин. Сайфиддин ҳоло дар Бохтар кор мекунад. Баҳриддину Тоҷиддин ва Исомиддин дар Душанбе кор мекунанд ва Ҳасан ва Аслиддин дар Данғара дар ҳамон деҳаи Талхоб. Меҳроҷиддин дар Душанбе дар кадом вазифаи давлатӣ кор мекунад. Сайфиддин ба воситаи як амакаш Маҳмасаид Сафаров, одами бовариноки Нуриддин- бародари президент мебошад, ки 15 сол дар мақоми раиси кумитаи замини ноҳияи Данғара кор кард. Ҳамаи заминҳои деҳаҳои Талхоб, Боботубхона ва Эгуронро байни авлодашашон тақсим карданд. Сайфиддин бо воситаи амакаш Маҳмадсаид 90 дарсади заминҳои деҳаи Талхобро ба зурӣ гирифтааст. Аз ҷумла ангурбоғеро,ки аз шуравӣ монда буд ва дар рӯбарӯи деҳа қарор дошт бо истифода аз мақоми хизматӣ аз худ кард. Ҳамин тавр зиёда аз 100 гектар ангурбоғро вайрон карда бутаҳоро аловӣ карданду пояҳои бетониву симҳояшро фурӯхтанд. Гараже,ки аз шуравӣ мерос монда ва пур аз техникаву механизмҳои кишоварзӣ буд онро ҳам хусусӣ карда техникаҳоро як қисмашро фурӯхтанду як қисмашро байни худ тақсим карданд, ки то ҳол дар хонаҳояшон дида мешавад ва замини он гаражро ҳам байни худ тақсим ва хонаи истиқоматӣ бунёд карда дар он зиндагӣ доранд.

Соли 2019 соли рушди деҳот эълон шуд. Мебоист ҳар соҳибкору хизматчии давлатӣ, ки зодаи Талхоб мебошанд ягон иншооти хизматрасонӣ дар деҳа бунед мекарданд.

Тоҷиддин Пирзода роҳи 18 километрии Себистону Талхобро навсозӣ ва тармиму таъмир  ва кучаҳои деҳаро чароғон кард. Манучеҳри Ҷамилзода бунгоҳи тиббӣ бунёд намуд. Вале Сайфиддин бошад фақат дар фикри дуздиву дар фикри худашу авлодаш. Сайфидин ҳам бунёд кард, аммо на барои халқ, балки барои худ манбаи даромад кард:- сехи сементблокбарорӣ, заправка, мағозаи хурокворӣ ва сохтумони сехи дузандагӣ, меҳмонхона. Як тоҷири дигар мактаби замонавӣ ҳам сохта буд. Намедонам ин тоҷир, кӣ буд. Дар он сол барои ба истифода додани ин иншоот президент ба деҳаи Талхоб омад ва роҳро кушод ва аз ҳама иншооти барои мардум зарур -бунгоҳи тиббӣ ва мактабро ҳам кушод. Вале кору ҳиллаҳои Сайфиддинро, ки ҳама медонист, президент мағозаву заправкаву меҳмонхонаи Сайфиддинро накушод. Ҳатто ба пешаш, ки ҳамагӣ аз роҳ 3 метр дур мебошад, гузашту рафт, нигоҳ накард.

Ду бародари Сайфиддин бо падарашон дар деҳа зиндагиву фаъолият мекунанд. Ҳасан (Давлатов Тоҳир)бо воситаи бародараш Сайфиддин 10сол мешавад, ки директори мактаби раками 51 мебошад. Аз соле, ки Ҳасан директор мебошад, ҳама фарзандони мардум бесавод шудаанд. Дар солҳое, ки Соҳибов Маҳмашариф директори мактаб буд аксарияти хонандагон босавод буданд. Аммо ин авлоди гушна на танҳо замину боғҳои деҳаро аз худ намуда вайрон сохтанд, ҳатто фарзандони ин мардумро бесавод карданд. Ба гуфти мардуми деҳа Давлатов Тоҳир- Ҳасан нақша дорад, ки бинои мактаби куҳнаи деҳаро, ки дар назди мактаби нав ҷойгир мебошад, хусусӣ кунад ва ба боғча ё ягон манбаи даромад табдил диҳад. Бародари хурдиашон Аслиддин, ки феълу рафтораш аз зан фарқ надорад дар мактаб ҳамчун муаллим номнавис шудааст, вале як соат дар дарс нест. Зимистон таксӣ мезанад, тобистон бошад ба кори хоҷагӣ машғул аст. Ҳамаи узви ин оила дар мактаб “оформит” шудаанд, маош мегиранд, вале як соат дар  мактаб дида намешаванд. Сайфиддин замини хоҷагии акаи Ширинбекро, ки тули 30 сол буд дар он кишт мекард ба воситаи Сафаров Маҳмасаиди амакаш ба номи худ карда ҳамин тавр акаи Ширинбекро аз заминаш маҳрум карданд. Ман, ки собиқ корманди кумитаи замини ноҳияи Данғара мебошам аз дидани ингуна ноадолатиҳо хаста шудам. Худо мегуфтам, ки ин гушнаҳо аз кор раванду ба ҷояшон ягон инсони адолатхоҳ биёяд. Вале баракс, Сафаров Маҳмасаид нафақа рафту як шогирди дастпарвардааш, ки аз ӯ ҳам бадтар аст ба ҷояш омад. Ман ноумед шудаму тарки вазифа кардам. Ин авбошон як авлоди бузурганду ман танҳо як оиларо гуфтам.

Як шахси дигар акаи Сангмаҳмад аз деҳаи Кули суфиён, ки ҳамсояқишлоқи Талхоб мебошад. Мардум бо номи акаи Санг мешиносандаш, аммо ҳама ҳоҷии арақхураш мегуянд. Ин ҳоҷии арақхур хабаркаш аст. Бояд аз зулми ин мардум даст бардорад, вагарна ҳамаи ҷиноятҳояшро нашр мекунем.

Бародар Муҳаммадиқбол! Матлаби пешинае,ки дар бораи Давлатзода Сайфиддин нашр кардед,ҳамааш рост буд ба Худо қасам шумо аз дарё як қатраро гуфтед. Агар шумо ин матлабро нашр кунед боз дигар ҷиноятҳои ин авлодро менависем. Мардуми деҳа ҳамаашро медонанд вале бигзор тамоми Тоҷикистон донад, ки ин беимонҳо ба чи корҳо машғуланд. Дар охир нисбати як сардухтури Данғарагии мо ки дар Қарияи боло кор мекунад бо номи Шамзода Хизматулло,ки пеш дар беморхонаи Данғара кор мекард ва гӯйё модари Президентро табобат карда будаст ва ӯ роҳхат ба Душанбе ба ӯ дода будааст маълумот мефиристем. Бедодгариҳое дар Қарияи болои Душанбе карда истодааст бо Маликаи котибааш,ки даҳшат. 12 шуъба 500 сомонӣ месупоранд ба саррекитери Қарияи боло. Тавассути “Сифатфарма” ҳама хешу таборашро духтуру фарматсев оформит кардааст. Дар дохили Қарияи боло МРТ томография кушодааст, фақд кораш ғорат аст. Се сол пеш аз ҳамин корҳои ҳаромаш писараш дар як авария вафот кард, аммо ҳеҷ неки дарсу ибрат гираду бас кунад. Мошинҳои пеши пеш дорад вале боз бо мошини беморхона мегардад. Хулоса як камтар маълумот додам вале шакли пурраашро боз менависем ва ҳар касе ҷабрдида аст боз бароятон фиристанд Душанбегиҳо якҷо карда нашр кунед, то мардум донанд, ки Майрам пеш аз маргаш ин балоро ба Душанбе фиристод, то мардумро азоб диҳад.

Нома аз Ашт

Ман як модари танҳоям. Маҷбур шудам қалам ба даст бигираму дарди дили мардуми Понғоз ва Аштро бинависам.

Ин пешвои худкома ба Понғоз омаду беморхонаро кушод, аммо дар асл онро накушод, ба тамом маҳкам карда рафт. Бизнесмени Понғоз Зайлобиддин Мақсудҷонов аз кисаи худаш ду мошини ёри таъҷилӣ барои беморхонаи пушидаи домулло Абдураҳим Понғозӣ харид. Он мошинҳоро пешвои лаънаткардаи аллоҳ аз номи худаш супорид. Баъди рафтани ин лаънат кардаи Аллоҳ аз ноҳия омада як мошини таъҷилиро зӯран кашида гирифтанд.  Ҳоло он ки он мошинҳоро Зайлобиддин Мақсудҷонов барои беморхонаи деҳаи худаш харида буд.

Боз як бало болои мардум шуд. Ин таъмири  роҳи Ашт-Хуҷанд дар тули 70км аст. Аз бизнесменҳои ноҳия маҷбуран маблағ ҷамъ карданд -барои таъмири  ин роҳ. Якумин шуда Зайлобиддин Мақсудҷонов 100 ҳазор сомонӣ дод. Ҳоло бошад 1 миллиону 661 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ намуданд. Ба эҳтимоли зиёд аз ҳар ҷамоат аз мардум маблағ ҷамъоварӣ кунанд.

Коргарони ҷамоат бошад бо масҷидҳо омада аз мардуми мазлум пул ҷамъ мекунанд, барои хариди солдат мегуянд, аммо дар асл бештари онро бо кисаи худ мезананд. Ин чи зулм буд болои мардуми Понғоз: -ба масҷид омада бо газета обуна шав, ба пожарний пул ҷамъ кун, солдат мехарем, ба страховка пул ҷамъ кун.

Инҳо ҳамин хел зулм доранд ,ки мардум аз масҷид гурезаду наояд.

Агар намозхонҳо дар масҷид пул ҷамъ кунанд, барои таъмири роҳ бизнесменҳо пул ҷамъ кунанд, дар мактабу беморхонаҳову дигар ҷойҳо барои обуна пул ҷамъ намоянд, ин давлат ба мо чи даркор? Давлат бояд ин роҳро аз буҷа обод кунад. Худи пешво дар баромадаш ваъда дода буд. Ин чоплусон аз бизнесменҳо ва аз мардуми мазлум маблағ ҷамъ карда истодаанд.

Номаи дуввум аз Ашт Понғоз

Салом алейкум бародари гиромиқадр Муҳаммадиқбол

Аз Худо талаб мекунем,ки хуш боши.

Чаро Фархориҳо КГБ мешанд дигарон не?

Ҷонишини 1уми КГБ вилояти Суғд  Маҳмадалиев Ориф соли таваллудаш 1976 маълумоташ олӣ (Донишкадаи Тиҷорати Тоҷикистон)-ро соли 1997 хатм кард спецалностиш экономист-менеҷер  аз сабаби Фархори буданаш ӯ Ҷонишини 1уми КГБ вилояти Суғд таин шуд 2сол инҷониб кор мекунад.

Ҷавонони Ашт, Исфара, Конибодом  бо дипломи сурх Университети Давлати Тоҷикистон  факултаи Юридикиро тамом мекунад як прокурори қаторӣ ва оддӣ кор мекунад солҳо, ҳатто рутба ҳам намегирад.

Адолат куҷост?

Маҳмадалиев Ориф соли таваллудаш 1976 зодаи Фархор соли 1993 вақти бесарусомониҳо бо ёрдами боевикои Кулоби зӯран бо Донишкадаи Тиҷоратии Тоҷикистон  дохил мешавад ва соли 1997 хатм карда чаро экономист-менеҷер шуда кор накарда коргари боломақоми амнияти Суғд шуда кор мекунад?.

Номаи севвум аз Ашт Понғоз

Салому дуруди бепоён ба Муҳаммадиқбол Садриддин ва кормандони “Ислоҳ”

Зулми ҷамоат болои мардуми бечораи Понғоз хело зиёд аст.

Ба Шумо навишта маълум менамоям, ки коргарони селсовети Понғоз расо аз худ рафта болои мардуми бечора зулм доранд.

Танзими ҷамоат ХОЛМАТОВ  ФУРҚАТ худаш худашро танзим монд ва зулмро болои мардум давом дода истодааст. Ин Фурқат Холматов пештар дар ҷамоат бухгалтер буд ойлики чанд мактабҳоро хӯрда директорони мактабро дар хиҷолат монда буд. Баъдан бухгалтер шуда ба мактаби рақами 40 ба номи Пӯлод Ниёзи ба кор рафта мактабро бо кунаш шинонд 22 ҳазор сомонро дуздид. Дар Душанбе дар прокуратура хеш дорад мумкин кришааш ҳамон бошад, ки ба ҷамоат худашро танзим карда омад. Касе аз Россия ояд ҳатман ӯро ҷеғ зада мо солдат мехарем ёрдам кун гуфта маблағ меситонад. Дар бозори қишлоқ рафта фурӯшандаро бо ман 1пакет ангур ва 1 пакет шафтолу деҳ мегӯяд ман танзими қишлоқ. Фурӯшанда духтар инро шарм доронда мегӯяд пулат бошад хар ба ман фарқ надорад ту кисти.

Агар мардум тӯй кунад ё одамгуён  ҳатман фаҳмида рафта ҷарима мекунам гуфта аз туйгар пул меситонад ба кисаи худаш.

Агар барои 1 справка гирифтан равед 10 ё 20 сомон талаб мекунанд ҳоло он,ки справка ройгон аст.

Омори қишлоқ ба хонаи як бой медарояд чи кориди дар замин ҳамонро дида омада бардурӯғ омор менависад,ки ҳамма мардум картошка, помидор, пиёз, сабзи коштанд гуфта аммо дар асл бисёри мардум ҳеҷ чиз намекорад аз бозор мехарад назди ҳавлияш 4 сотих .

Як солдат отпуска биёяд ин коргарони ҷамоат гадои карда аз ҳамма магазин пул меситонанд барои роҳкирои солдат гуфта

Бародари азиз гуфтаниҳо расо бисёр масҷид равед мегӯянд, ки аз ҷамоат омада таъкид кард, ки ҳатман обуна шавед. Ин мӯйсафедон 220 сомон нафақа мегиранд ба куҷо диҳанд пул. Зулми ҷамоат болои мардум расо сахт.

Ps: Хуб дигар раисони ноҳияҳои Данғара, Ғончӣ, Ашт ва Рустами Эмомалӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳои шумо ин ҷиноятҳо сурат гирифтааст бояд диққати ҷиддӣ диҳед! Медонем барои шумо аслан муҳим нест, ки мардум дар кадом ҳолатанд вале боз ҳам ҳушдоратон медиҳем,ки бисоти зулму зургӯёнро барчинед ва ба мардум зулмро раво набинед! Рустами Эмомалӣ ва вазири тандурустӣ қазияи Қарияи болоро бубинед,ки кор ба даҳшат накашад!

Share This Article