Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№144

Ислоҳ нет

На танҳо дар ин нома, ки ҳоло мутолеа мекунед, дар чандин номаҳои гузашта ҳам роҷеъ ба харобии ахлоқи ҳамида ва бахусус фаҳшову фасоди густарда ва рӯ ба паҳншавӣ муаллифони мо шикваву шикоят карда буданд. Ифтитоҳ ва роҳандозии дискотекаҳо ва ҳаммомҳои мақомдорон,ки дар онҳо ошкоро фаҳшо сурат мегирад, дар деҳот ва дар рӯ ба рӯйи МТМУ як амали муқобили ахлоқ ва меъёрҳои зиндагии мост. Аммо ба назар мерасад, ки барои табоҳии ахлоқи ҷомеа худи ҳукумат тамоюл ва рағбат нишон медиҳад.

Ҳукумат мехоҳад, ки духтарҳои ҷавон ва ҳатто ноболиғ ба ин гуна дискотекаҳо ва ҳаммомҳо бираванд, вале ба пушидани сатру ҳиҷоб муборизаи бе амон мебарад.

                                   Восеъ

 Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, бародари азиз, Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз даргоҳи худованд таманно дорем, ки Аллоҳ шумо, оилаи шумо, мардуми мазлуми моро муваффақу пируз бигардонад. Бовар кунед бародар ба мисле, ки кур асояшро мекобад, ман ташнаи суханҳои шумо шудам. Агар ман ҳамон маблағеро, ки барои пешрафти Ислоҳ медоштам, ман худам ба шумо кумак мекардам. «Ислоҳ» ба ман хеле чизҳоро омӯзонд ва омӯзонида истодааст.

Тули як сол мешавад, ки шуморо пайваста пайгирӣ мекунам. Ман аз роҳҳои хеле бад баргаштам. «Ислоҳ» ба ман хеле чизҳоеро омӯхт ва омӯхта истодааст. Бо фазли Аллоҳ, агар мо амал кунем, чашми мо кушода мешавад. Ман молу сарват медоштам барои миллату динам кумак мекардам. Барномаҳои шуморо хеле аҳамият медодам, ки аз шаҳри Кулобу ноҳияи Восеъ, ин ду минтақаи калонтарини вилояти Хатлон хеле кам ба шумо аз фасоду фасодкориҳое, ки ошкоро сурат мегирад наменависанд. Ман медонам, ки шумо аз ҳамааш бохабаред. Ба Аллоҳ қасам фурӯшу истеъмоли маводи мухаддир дар инҷоҳо дар дараҷаи болотарин аст. Ҳозир бангу пивову арақ аз мода баромад. Фақат кристалл ва таблетка истифода мебаранд. Охир, эй мардуми Восеъу Кулоб то кай хомуш меистед ва дар муҳоҷират ғуломвор кор мекунему мурдаҳоямонро аз Русия ва дигар давлатҳо меоваранд.

 Аз Тоҷикистон занг мезананд мегуянд, ки «занта кати як мард қапидем». Охир то кай ин ҳолат давом мекунад? Ба худо қасам фоҳишагӣ ҳам ҳамин хел дар дараҷаи боло рафтааст. Аллоҳ лаънат кунад ин пешвои пиёнискаро ҳамроҳ бо бачаи наркоманаш ва оилаи фоҳишааш.

 Дар як ноҳияи Восеъ се дискотека амал мекунад. Ҳама ба ном мусалмон аст, ришу сатр дорем, намоз мехонем ва зиёрати хонаи худо меравему ҳоҷӣ мешавем, аммо чашмамон кур аст. Ин дискотекаҳоро медонем, аммо хапем. Дар бораи яке аз он дискотекаҳо шумо дар яке аз номаҳо гуфта будед. Кришаи Файзи саргардон Бузмаков аст. Ҳамин Бузмаков ёрдамаш мекунад. Баъди ҳар намози шом бо чашмони худам борҳо дидам, ки талабаҳои синфҳои 9, 10 ва11 ба он фасодхона мераванд. Якчанд домуллоҳое, ки хизмат мекарданд, онҳоро маҳкам карданд. Барои чи? Барои он, ки духтарҳоямонро раққосаву бачаҳоямонр наркоману дискоман кунанд.  

  Як рӯз бо як домулло дар якҷо ҳамсуҳбат шудам. Гуфт бо кормандони амният як шаб рейд гузаронидем. Аз байни хеле занҳои зиёд яктоаш тоза баромад, ҳамон ҳам  нав аз шавҳараш ҷудо шудааст. Ва дар дискотекаҳои Файзи саргардон буд. Худованд ин Файзи саргардонро бо кришааш лаънат кунад.

  Ман фикр мекардам, ки порахурӣ ва фисқу фасод танҳо дар минтақаҳои мо асту тамом. Лек барномаҳои «Номаҳоро…» мебинам қариб, ки ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҳамин тавр будааст. Ноҳияи мо-Восеъ ҷойи бизнес барои вазифадорҳо аст.

 Дар беморхонааш касалиро мебарӣ пушаймон мешавӣ. Агар шикамдардро бинанд мегуянд, ки ин аппендитсит аст, талхакафат мекунанд. Мегуянд забонхат бинавис, рав аз  фалон аптек доруҳояшро биёр ҷарроҳӣ мекунем, вагарна касалиро аз даст медиҳӣ.

Боз ин пешвои пиёниска қайчияш дар ҷебакаш меравад ҳамон ҷойи калахурҳоро лентаашро мебурад.

 Милисаву амнияташ, ки ба ҳама маълум аст. Бовар накунед аз мардуми Бадахшон пурсед, ки роҳи онҳо ба воситаи Восеъу Кулоб мегузарад. Чи хел аз онҳо ба мисли саги гушна сум мекананд. Ин ГАИҳои чи пости Олимтой бошад чи пости Кулоб бо радарҳои вайрона ронандаҳоро фиреб дода пул мекананд.   

Дар ҷамоати Абдӣ Авазови Восеъ Бег Сабур як коллеҷи тиббӣ кушодагӣ аст. Ин коллеҷро ҳам пешвои пиёниска бо қайчияш кушод. Ба худо қасам бародар Муҳаммадиқбол чандин занҳои шавҳардор хонавайрон шуданд.

   Духтарҳои ноболиғи мактабхон аз синфи даҳу ёздаҳ делову ҳуҷҷатҳояшонро бо   суми договорашон мегиранду меоянду дохил мешаван дар онҷо ва таҳсилро гуё ки идома медиҳанд. Бисёри онҳо бероҳа мешаванд. На таълим ҳасту на тарбия. Дар гирду гушаи он коллеҷ дар хонаҳои ҳамон маҳаллӣ кадоме, ки роҳаш дур аст иҷора мешинанд. Ин коллеҷ то ҳол хобгоҳ надорад. Шаб мешавад баъди дарс ба ҷое, ки дарс тайё кунанд ба дискотекаҳомеравнад. Мебаранашон, ба қавле, ки худашон мегуянд ёбрҳояшон. Ба Данғараву Ваҳдат мебаранду субҳи барвақт меорандашон. 

Гуё, ки ҳеҷ касе надид, нафаҳмид. Охир шумо фикр намекунед, ки онҷоро қишлоқ мегуянд. Гуши хар биҷумбад ҳама хабар меёбад. Бародар мо дар муҳоҷиратем. Метарсам, ки зарари онҳо ба мо рузе мерасад. Мо хеле истодему тоқат намудем, аммо бад шуда истодааст.

  Мегуянд, ки ранг бину ҳол пурс. Дар ин коллеҷ ба худо қасам тамоман дарс нест: на саводу на ҳеҷ чиз. Фасодӣ асту бас. Аз коллеҷ мебароянд на бо мошин гузашта метавонӣ на бо ароба. Рости гап на ақл аст на маданият, ранги пода мераванд. Охир инҷо қишлоқ аст, урфу одати худро дорад.

Таҳҷои ин коллеҷ заминҳои президентӣ буд, ки дар солҳои душворӣ ва то вақти пас кашида гирифтани ин заминҳо бисёрии мардуми ин деҳа ғалла мекориду аз ҳосили он чанд вақт рузашон мегузашт.

Аммо ин Бег Сабур, ки аз ҳамин ҷамоат аст инро ҳам гирифту ҳамин хел ба ҷайби оила сум ҷамъ карда истодааст: «дига увода фарқ надора ту мехонӣ, ё намехонӣ, суми договора биёр омада рафтан бигир».   

  Аз дасти ин коллеҷ зиндагии чандин зани шавҳардор вайрон шуд.

Чандтоаш кавалер пайдо кард. Баъзеяшон шавҳарҳояшон дар Русия, хабар надоранд.

Ба худо қасам он чи, ки гуфтам як нақл нест, ин ҳақиқати талх аст. Дар охир гуфтаниям, ки бародарону падару модарон! Фарзандҳоятонро аҳамият диҳед. 

Дар даромадгоҳи деҳаи Абдӣ Авазов як ҳамом аз давраҳои шуравӣ боқӣ монда буд. Онро Бег Сабур гирифту каме таъмир карду ба кор даровард. Мо фикр мекардем ин пешравӣ аст.

Аммо ҳамааш дуруғ будааст. Фоҳишагии ошкоро аст инҷо. Ҳама медонанду бохабаранд.Вале аз дасти Эраҷи буз ҳама хап аст. Эраҷ Шакаров фақат учасковийҳову дигар милисаҳост ва бо онҳо ранги акаву додаранд. Дар онҷо духтарҳо нарх доранд. Қишлоқро ҷазир карданд. Ин Эраҷро бачаҳо аз қафояш раиси фоҳишахона мегуянду механданд. Аммо метарсанд, ки дар руяш бигуянд. Чунки ё бузиашон ё ки подставиташон мекунад. Бо сари баланд масчид меравад, фукаш дар осмон аст. Чунон фахр мекунад, ки мегуфта бошӣ ин ягон вазифаи баланд дорад: «неки таҳша мековӣ тагш ҷазирай». Ва амниятиҳо ва милисаҳоро, ҳамаро харидагӣ аст: «лубойша кати арусошон дар у ҳамом  об гарм карда мега бо шеф ягон хизмат боша мо дар хизматем». 

Пеш дар деҳаи мо мардҳои ҷасуру олимҳои хуб буданд. Зиёди онҳоро бо туҳмати салафӣ аз ватан бе ватан карданд. Ҳозир ҳам инсонҳои хуб ҳастанд, аммо метарсанд, ки овоз барорем мебаранд ё туҳмат мекунанд, ё суми калон медиҳӣ ва ҷонатро халос мекунӣ. 

 Як муллои масҷид дорем, ки номаш мулло Қаҳҳор аст. Ин ҳам бузи ҳукуматиҳо аст.

Дар минбари паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мебарояд кораш фақат пешвопарастӣ: на савод дораду на илм. Хутбаро каловида- каловида мехонад. Аз дасти имоми масҷид одамон даҳонашонро намекушоянд. Ҳеҷ чиро балад нест. Не мавъиза карда метавонад, не намози мардумро хонда. Ба туйҳои мардум меравад мегуяд, ки никоҳро ман мегузронам, ягон мулло наёред, ки вазъиятатон бад мешавад. Дар ҷанозаҳо ҳам ҳамин тавр мекунад.

Намози ҷумъа тамом мешавад, дар фикри сандуқчаи хайрия аст. Вале на савод дорад на илм. Ҳамон варақаро, ки аз амният медиҳанд ҳамаро хато мехонад. Пеш вақт таксӣ мезад, Душанбе –Восеъ. Бирав, ки туро садқаи хонаи Худо кунад.

Номаи кутоҳи дигар аз Восеъ

Асалому алекум домулло Муҳаммадиқбол ба доди мо расед. Дар Чамоати Абди Авазови Ноҳияи Восеъ як баня яне ҳамом хаст он аз Бег Сабурай бовар кунед ин ҳамома фоҳишахона кардагиянд. Бояд иқрор шавам,ки ман корманди КДАМ мебошам вале аз дастам ҳеҷ чиз намеояд. Амният дар назди қудои Эмомалӣ ҳеҷ аст. Шумо бошед мегуед амният инхел онхел.  Дар Восеъ дар хона будам духтарчам,ки  синфи 6 мехонад. Дар мактаби №64,ки  рӯбарӯи ин ҳамом аст, духтарчам ба хона омад  гуфт отаҷон чиба ки ма ҳар рӯз аз дарс мебаром ё дарсда мерам дар даруни ҳамоми руба рӯйи мактабмон пури духтарҳои ҳархела аст, сарошон лич кати мардако меброян ё ба ҳамом медароянд? баноми Аллоҳ ба ғазаб шудам гуфтм брам ҳаму ҳамома оташ занам.  Охир ин амали фаҳшо ошкоро дар рӯбарӯйи мактаби ҳамагонӣ чи маъно дорад ? Бо ин амал ноболиғонро фаҳшо дарс медиҳанд. Чандин борҳо ҳами халқи Восеъ шикоят мекунанд ҳеҷ кас ба додшон намерасад. Боз  Бег Сабур дар ҳамин ҳамом яъне шефи ин ҳамомаш шахсе бо  номи Эраҷ Шакуровро гузошта аст. Ҳама мардуми инҷо  мегуем охир наукнен дар пеши ноболиғҳо охир ин ҳаммом дар пеши мактаб аст. Бо ханда мегуяд,ки то вақте Бег Сабур зинда ҳаст гап зана фалон мекунам.  Ба Худо безор шидагием кормандони «Ислоҳ» дар ин маврид илтимос гап занед  бояд сиру пиёзи ин ҳаромҳоро ошкор намоем. Мо дигар ҳеҷ куҷо барои шикоят надорем. Дар дигар ҳамомомҳо  меравед агар ҳамроҳат зан бошад дар ҳол аз шумо паспорт хати никоҳ мепурсанд. Дар ҳаммоми Бег Сабур иҷозат аст. Эраҷ ошкоро мегуяд,ки Бег Сабур мега ҷаноба ҳамихели корҳо мақулшаи бкунен ягон гап нест.

Авзоъ сахт безеб аст. Аммо мо аз даргоҳи худованд таманно дорем, ки як рӯз не, як рӯз инҳоро бо пешвояшон хору залил мекунад. 

                                     Душанбе

Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин! Бародари азиз бояд мардонавор иқрор шавем, ки ҳоло фақат ҳамин Ислоҳ мондааст, ки дар он фикру ақида ва ҳақиқату воқеиятҳои рузгори мо чоп карда мешавад.

  Ман корманди МЧС-Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳастам. Чанд рӯз шуд, ки дар минтақаҳои гуногуни кишвар бар асари сел мардум ва хоҷагии қишлоқ зарар дид. Аммо, бовар кунед, ки ба парвои касе намеояд. Чунки ҳоло дар бюҷети Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ниҳодҳои он дар вилоятҳо ва ноҳияҳои кишвар пул нест. На танҳо дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар дигар вазорату идораҳо ҳам вазъияти айнан ҳамин тавр аст. Маблағҳои буҷҷавиро куратори Оила омада мегирад. Кор ба дараҷае расидааст, ки бюҷет ва суми бюҷет гуфтанӣ чиро вазоратҳо намебинанд, вазоратҳои муҳтоҷ. Монанди миноборон, тандурустӣ, маорифу фарҳанг ва дигару дигар. Суми бюҷетро куратор аз Оила обналичка карда мегирад, аммо мушкил дар инҷо аст, ки ҷавобу саволи куҷо ва чи тавр масраф шудан ба гардани ҳамон сохтор аст. Сумро, ки мехураду ҷавобашро кӣ медиҳад. Коррупсия ё Палатаи ҳисоб, ки омад, пурсиш аз роҳбари сохтор хоҳад кард. Ин тавр нест, ки бигӯӣ аз Оилаи Раҳмонов омаданду бурданд. Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки ҳар як сохтор «самовыживание» дорад. МВД, КГБ, Коррупция, Прокуратураи Генералӣ, Агентии мубориза бо наркотик ва дигар сохторҳои даромаднок, умуман суми бюҷетро намебинанд, фақат дар коғаз. Ин ниҳодҳо боз ба куратори Оила боз суми иловагӣ ҳам медиҳанд.

 Гапам дар он аст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда –КЧС ягон шароиту имконот надорад, ки ба аҳолии аз ин селобҳо зиёндида ёрӣ расонад. МЧС гуфтанӣ сохтор фақат дар когаз аст. Бечора ягон имконияти техникӣ ва моддӣ надорад. Аз мардум дида зиёдтар кормандони ин идора Худоро зора мекунанд, ки ягон ҳолатҳо-балову фалокату офати вазнин руй надиҳад, ки ҳиҷчи аз дасташон намеод. Ду рузи охир сел ҳамаро шуст. Ягон кор аз дасти ягон касу сохтор наомад ва намеояд. Пулҳо, роҳҳо, биноҳо, умуман ҳамара шикасту бурд. Мардум дар азоб, ҳайрони зор.

Ин шабурузҳо вазъи муҳоҷирҳо ҳам бад шудааст. Мардум аз ягон ҷое даромад надоранд. Аммо Раҳмонов солҳои охир фақат як гап дорад: « … хай гап занен соҳибкорои баномуса, дастгири кнан. Мостора, роҳҳора, одамои зарардидара соз кнану кумак кнан».

Аммо гуё намедонад, ки пули буҷҷаро куратор аз Оила омада мебарад.

                                   Файзобод

    Ассалому алейкум  ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу! Ин навиштаро аз номи истиқоматкунандагони ноҳияи Файзобод равон мекунем. Илтимос нашр кунед.

 Раиси Идораи амволи Файзобод Саидов Аскар солҳои пеш раиси ҷамоати Қалъаи -Дашт буд. Вай аз бисёри одамон барои замин аз 500 то 1000 доллар пул гирифт вале на замин доду на пулро баргардонд. То ҳол аз мардум ҳазорҳо доллар қарздор аст ва сумҳоро ба боло дода раиси амвол шуда кор карда истодааст. Ва ҳозир ҳам аз мардум сум гирифта истодааст.

  Раиси ҳукумати ноҳия аз ин корҳо дарак дошта ин раиси ҷамоатро гирифта раиси амвол монд. Собиқ раиси ноҳияи Файзобод дузди калон худаш буд. Вай ҳамаи заминҳои ноҳияи Файзободаро фурухт. Барои як имзо пеши Бобишо Холзода медаромадӣ 5000 сомонӣ мепурсид ва баъди гирифтан имзо мекард. Тамоми заминҳои обӣ ва боғҳои себро бо ҳамроҳии собиқ раиси ҷамоат Саидов Аскар фурухтанд. Собиқ раиси танзими ноҳия Латипов Умар бо кличкаи ҳоҷӣ Умар дар ин корҳо шарик буд. Ҳозир вай раиси шуғли аҳолии ноҳия ва дузди калон мебошад. Ин раисҳои ҳаромхур ҳоли мардуми камбағалро хароб карда истодаанд. Ҳоҷӣ Умар ҳаҷи фарзӣ карда омада  аст, аммо чуноне мебинед дар соли нав бо раққосаҳо рақс кард.

                                         Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман мехоҳам дар бораи як масъала суҳбат кунам. Ин масъала ба тамоми мо, мардуми тоҷик дахл дорад.

Чанд соли ахир, бахусус баъд аз он, ки Раҳмонов ва думравону тамаллуқкорони он тавонистанд, ки тамоми дигарандешон, рушанфикрон ва мухолифинро аз саҳнаи кишвар бирубанд, мо мардуми тоҷик беш аз пеш дучори яъсу навмедӣ ва бадтар аз ин тарсу ваҳшат шудаем. Имрузҳо ҳукумат ва ҳукуматдорон ба назари мо ифрит, дев, гург, паланг, хук ва мори афъӣ шудаанд, ки фикр мекунем бо онҳо сарбасар шавем, моро қурт мекашанду мехуранд. Барои Раҳмонов чунин шароиту вазъу ҳол бисёр ҳам форам ва айни муддао аст. Вай бисёр ҳам мехоҳад, ки аз вай ҳама битарсад. Магар одам аз одам метарсад? Одам дар ҳақиқат аз ҳайвони ваҳшиву дарранда метарсад. Чунки вай шуур надорад ва мехурад, мекушад.Албатта, ин ҳама ҳолату вазъият натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ аст.

  Инҷо як ҳикояти тамсилиро бароятон менависам, ки солҳо пеш дар кадом китобе хонда будам. Шояд дигаргуна бошад, аммо мазмунашро меоварам. Ин ҳикоят ба вазъу ҳоли мо тоҷикҳо муносиб аст:

Як бачаи филро барои муддате бо як ресмон ба як дарахт мебанданд.
Чун он бачаи фил хурду заиф буд, ҳар чи қадар талош мекард, наметавонист худашро озод кунад. Вақте бачаи фил даст аз талош бардошт ва пазируфт, ки наметавонад худашро наҷот диҳад, риштаро боз карданду озодаш карданд. Чанд сол баъд вақте он бачаи фил бузургу қавӣ шуд, дубора онро ба ҳамон дарахт бастанд. Бо вуҷуди ин, ки ҳоло фил ба осонӣ метавонист риштаро пораву худашро озод кунад, аммо ҳеҷ талоше барои озодӣ намекард. Чун вақте дар бачагӣ бо ин мавқеият рӯбарӯ шуда буд ва бо вуҷуди талоши бисёр натавониста буд худашро наҷот диҳад, дучори дармондагӣ шуда ва ба ин бовар расида, ки наметавонад худашро наҷот диҳад.
  Ин достон дар мавриди як бача фил буд, вале бисёре аз мо одамҳо ҳам мисли ин фил дар зиндагӣ часбидаем ба ин тарсу бовари ғайримантиқе, ки мо наметавонем коре анҷом диҳем чаро, ки мо қаблан як бор шикаст хӯрдем ва ин бовар монеаи ҳаракати мо ба самти пирӯзӣ дар зиндагист.

Бале, мо вақте истиқлолу озодиамон ҳануз кудаку хурд буд, шикасту саркуфта шудем. Аммо ҳанузам бо ин хасми бо дастони аҷнабиҳо сохта аз зовияи он солҳо менигарем. Вале, бовар кунед, ки он тавр нест. Дигар касеву чизе нест. Ва шумо ҳам худатонро ба як ҷаҳони кӯчак маҳдуд накунед. Марзҳои маҳдуди зеҳнӣ, тарсҳо ва боварҳои ғайримантиқии худатонро бишканед ва қаламрави зиндагиатонро вусъат бахшед. Худатонро маҳдуд ба ин бовар накунед, ки шумо наметавонед дар зиндагӣ тағйире эҷод кунед. Фаромӯш накунед, ки оромишу  хушбахтӣ ва муваффақияти шумо дар зиндагӣ дақиқан ба андозаи вусъати афкори шумост.

Боқӣ дар ҳифзу амони Аллоҳ бошед.

                                                    Роғун

 Дуруд бародари мубориз! Ин номаи ман аз шаҳри Роғун-шаҳри зодгоҳ ва маҳалест, ки хуни нофам онҷо рехтааст. Роғун, ки аз баракати он муъҷизаи рушаноӣ ва нур ба таоми кишвар таҷаллӣ медиҳад бо омадани як идда, ки ҳоло беш аз се даҳа аст зулум бедод мекунанд, дар қабза ва панҷаи касифашон мепечаду тоб мехурад.

Ман хостам дар мавриди ин шаҳр баъзе хотироту андешаҳоямро баён намоям.

 Аз рӯзи бунёд гаштани Роғуншаҳр мардуми ин минтақа аз дохили худ, аз фарзандони худ, аз ҳоким то посбон, аз сардори пулис то додхоҳу додгустар, аз табиб то сармуҳандису дигар мутахасисонро тарбият, парвариш ва ба камол расонида, барои пешбурди кори худ ба ҷомеа тақдим мекард, ки ниёзманд ба «импорт»-и мутахассисони говмағзе ба мисли «бодовардагон»-и ҳукумати «маҳалшумул», набуд. 

Пас аз интиҳои вазифаронии Каримову Бӯриев, ки кадрҳои маҳаллӣ буданду аз «А» то «Я»-и ниёзмандиҳои мардуми таҳҷоиро медонистанду ба мушкилоташон, бо чеҳраи боз, расидагӣ мекарданд, дигар ҳамагӣ ҳокимони шаҳр, раисони КДАМ, Пулис, шаҳрдорӣ, кормандони коррупсия, сарҳангон ва дигар кормандони ин шаҳр, аз дигар манотиқи «болообиҳо» импорт мешаванд, то инки ба мо -роғуниёни «кашталкандаи даҳани амаки фақиркадр» «тарзу усули давлатдорӣ» биомӯзанд! 

Аз рӯзе, ки пойи наҳси ин режим вориди ин хок, ҳамчун боевику бегонаву зургӯ гузошта шуд, ҳамеша худро, чун Толибон, ақалияти ғолиби мусаллаҳ, муаррифӣ карду пайи чаповул гашт. 

Ҳоло бошад, ин ҳукумат, аниқтараш, режими «маҳалшумул» ба Толибон дарси «ҳамашумулӣ» меомӯзад?!

Гӯё, дар ғами тоҷикони ҷаҳону бурунмарзӣ ҳаст, ҳол онки дар 100 километрии пойтахт, шаҳре пур аз мушкилоти рӯйпушкардашуда асту «намебинанд»?!

Ин чархи кабуд то ҷигархун накунад,

Ҳар говсаворро Фаридун накунад.

Ку он ҷалаби сиёсии бешарафе,

К-аз хуни ману ту сурх нохун накуд.

Бозор Собир

Ман ёди торихчаи хунини Роғуншаҳр уфтода- аз ончӣ, ки шоҳиди зиндааш будам, аз муқоисаи торихчаи он бо пойтахт дидам, ки ин ду шаҳр бо ҳам ҳамтақдир будаанд. Ва гуфтам, беҳтар ин нест, магар,  бигӯем:

Роғун нафақат роғ аст

Сад куштаву сад доғ аст!

 Ҳангоме, ки Душанбе аз ҷониби Фронти Халқӣ муҳосира ва тасарруф ва дар он «пояҳои сохтори конститутсионӣ» барқарор шуд, бедодӣ бедод мекард, пасон омаданд фронтовикҳо ба сӯи Орҷоникидзеободу Файзобод ва дохил шуданд ба Роғун аз боло, аз роҳи Майдун…

Роғун-  шаҳре буд навбунёд дар байни ду роғ, дар байни ду ғор, дар байни як дарёчаи гумному як дарёи номдор- Сурхоб!

Сохтанд русу тоҷику укроинию беларусҳо ин шаҳрро. Ва номаш карданд Роғун, ки роғун дар забони тоҷикон «роғ+он» асту чун роғуниҳо шайтонро шайтуну камонро камуну эмонро эмуну дандонро дандуну калонро калун хонданду, Роғонро ҳам роғун гуфтанд, ва барои русҳо муҳим набуд, ки роғон аст ё роғун, муҳим, ки русҳо бояд мегирифтанд Афғонистонро ва медоданд ба онон барқ. Ва натавонистанд бидиҳанд ба афғонҳо барқи «Роғун»-ро ва имрӯз ин нақшаро Эмомалӣ дорад медиҳад анҷом, мегирад доллари амрикоӣ, мешавад бой. Мо бошем мондаем харидем саҳмия, додем пулҳоро, дору надорамонрову мондаем, дар гирду атрофи Роғун берушноиву бенур! Торикӣ инҷо ҳукмрон аст, чун асрҳои Дақёнусу чун аҳди Нуҳи набӣ ва чун замони бедодию торикистони қабл аз аҳди Шӯроӣ! Пешвои муъаззами барқкуши тоҷикон, сари мӯе аз хати кашидаи Кремлин дур намешавад, зеро, ки буду ҳаст дастнишондаи русҳо! Ва чун СССР барҳам хӯрду дар Афғонистон русҳо шикаст хӯрданд, партофтанд Роғунрову рафтанд ба ҷое ки 70 сол қабл омада буданд аз онҷо, ва омаданд фронтиҳо бо ӯзбакҳо- хоҷагони хориҷияшон ва як-ду интернатсионалистҳо. Ва оварданд гаубитса, ва этак карданд ТАНКАВУ БТРу ТӮПХОНАҲОРО ва аз замин Фронти Халқӣ бар фарқи сичароғиҳои дунёбехабар мекӯфтанду аз осмон ҳавопаймоҳои ҳарбии Ӯзбакистон. Ва узбак медонист дар дарраҳои хингобу сурхоб пайи чӣ аст, ва фронтихалқиён намедонистанд, ки пайи чистанд!

Ва болгардҳои Узбакистон меоварданд тонна-тонна намак ва мепошиданд дар пиряхҳои кӯҳнаи ҳазорсолаи тоҷик ва об мегашт пиряхҳои бостонӣ ва фаровон мегашт обҳои Тоҷикистону мерафт ба сарзамини Узбак. Ва селоба мегашт дарёҳои тоҷику мешусту мебурд хонаву дари мардум. Ва ҳавопаймоҳову мигҳо парвозҳо мекарданд дар мулки тоҷик… ва-гар ҷанг ҷанги ЭШ Раҳмонуфу мо буд узбак чӣ мекард? Агар мушкил хонагӣ буд, русҳо чӣ мекард?

Ва рокетҳо мекӯбиданд дар обпартоҳои Роғун, ва гаубитса мезаданд дар туннелҳои миллиондоллара боарзиш, то «барқарор созанд» дар мулки тоҷик «сохти конститутсионӣ»-ро, битарконанд пулҳоро, бисӯзонанд ҷангалҳоро…

Боре як фронтавик аз бекорӣ зад бо гранатамиёт хазинаи сементхронилишро, натаркид. Партофт граната наларзид. Партофт як банд норинҷаки дастӣ осеб надид. Рафт аз онҷо чун дигар «ҳунар»-е надошт, ки сементхранилишро «фатҳ» кунад ба лафзи узбакӣ «патх» кунаду шавад бой- фурӯшад семент. Чун барояшон воля буд, ки тару

хушки ин ватанро кунанд тороҷ- фурӯшанд, мисли нодидаҳако, мисли калакҳои к..нодида, мисли хиштикдаридаҳои дунёнадида. Бесаводак, намедонист, ки дар ҳолати ҷанг яке регу дигар сементхалтаҳоро мегузоранд дар тирезаҳову роғҳо месозанд пласдармаву дидбонгоҳҳо то тиру таркиш рахна назанад ба солдатҳо. Ва ин пешвопайрави фронтихалқии мактабнахонда чӣ медонист, ки хазинаи семент бо бардошти ҳазорон тонна сементро инженерҳои рус сохтаанд зидди таркишу мустаҳкам ба заминҷунбӣ!

Ба ёдам омад, ки:

Кори ҳар бузина нест оҳангарӣ

Ё, кори ҳар буз нест хирман куфтан.

Ва мезаданд бангу афюну чарс аскарони Ёқуб Салиму 6-ум отделу мепаронданд аз баландиҳои боғи ҳукуматӣ ба самти Сичароғу Чорсада. Ва мекуштанд мардуми осуда. Ва мемурд хонандагон, мемурд аҳолии осоишта, ва мераҳиданд ришдорҳои кӯҳгашта. Мерафтанд аз роҳи оврингҳо, чун будаанд тоҷиккӯҳистониёни кӯҳгашта. Осуда, осоишта. Мемурд халқи осоишта аз дасти «наҷотдиҳандагони миллату ватан».

Ва бо водкаву шомпон, бо рақсу кунҷунбонӣ ҷашн мегирифтанд аскарҳо «ғалабаи навбатӣ»-яшонро ва дар дабистони зебои Роғун ба ҷои тифлакони маъсум захира мекарданд тиру боруту диномит. Ва ба ҷои портрети Ленин -Истолин меовехтанд акси  сардору командир! Чунки он рӯзгорон, ҳанӯз ҳам касе намешинохт Раҳмоновро.

Ва мешикастанд солдатҳо дарҳоро ва медуздиданд ашёро ва меканданд паркетҳову фаршҳорову дар рӯи 9-этажкаҳо мекарданд гулхан. Вале аз тарси снайперҳои эҳтимолӣ намебароварданд сар. Гарм мешиданд дар назди гулханҳое, ки бо қиммати вайронии шаҳри комилан обод  ҳар шабу рӯзон меафрӯхтанд.

Ва мехонданд кӯдакон дар васфашон:

Я рӯз рафтм развилка

Дидм ду баявика

Буруто ҳалқа-ҳалқа

Тир мезанан сад фирқа.

Ва дар развилка, ки дуроҳагии байни Оби-Гарму Роғун аст сохтанд пост. Ва ҳар равандаву ояндаро мекарданд кофтуков. Мегирифтан аз равандагону ояндагон, хусусан аз камазҳои қаротегиниҳо қопча-қопча «картушка ё тушка» ва ғорат мекарданд себу нашпотиҳояшонро. Корашон буд роҳзанию роҳбандию муфтхорӣ, ки то имрӯз ин одаташонро тарк карданӣ нестанд!  Ва мешнидем, ки лақайкомандирон бо забони шикастаи тоҷикӣ, даст ба синаи духтарони тоҷик мепалмосиданду мегуфтанд: «ку бинм, ғроното пронота надошта бошӣ?» Ва мекарданд поймолу таҳқир ғурури кӯҳистониёнро ва аз ин рӯ, кӯҳистониён гирифтанд силоҳ ба даст, то бигиранд пеши роҳи ин хаффошони бешарафу бадрӯву бадмурҳоро. Ва хуб ҳам гирифтанд. Ва мегирифтанд пеши роҳи дузднаҷотдиҳандагони ватани хасакиро бо «гулдастаҳо»-и оташин!

Ва қиссаҳои ваҳшатноки таҷовузи  хонумраҳгузарон ҳам ба гӯш мерасид…. дареғ… ва рӯҳияи бади он боқӣ монда аст дар аъмоқи ҷони ҳаряк нафаре, ки шоҳиду оқил буд!

Шабоҳате, ки дар Роғуну Душанбе ҳангоми вуруди фронтавикҳо шуду гузашт, шабоҳати воқеӣ ва айнист: ду самти як сафҳаи як қиссаи талхи тоҷик аст, тоҷике, ки Лоиқ мегуфт:

Тоҷикам дар ватани хеш чаро муттаҳамӣ?!

Хулоса, ки гирифтанд дар Душанбе хонаҳои дигаронро ва ба тороҷ бурданд сарвати Роғунро ва «обод» шуданд дар хонаҳои аз Душанбе дуздидаашон бо сарвати аз шаҳри Роғун  чаповулкардаашон! Ва роғуниёни замоне хонаобод шуданд хонасалоту дарбадару ҷангзадаву нонгадо!

Дунёи ободи тоҷик, армону ояндаи тоҷик, ҳавасу орзуҳои тоҷикон барбод рафт, то биёяд

шахсияти маҷҳулнасабею шавад ҷаноби оллӣ ва гардад пешво ва созанд «Роғун» ва набошад аз он ба инҳо ҳеч суд! Ҷуз ҳавлу ҳавои даҳан, ки ҳаст дар минтақаи Роғун «Роғун»-ГЭС…

Дунёи ободи тоҷик, армону ояндаи тоҷик, ҳавасу орзуҳои тоҷикон барбод рафт, то биёяд шахсияти маҷҳулнасабею шавад ҷаноби олӣ ва гардад пешво ва созанд «Роғун» ва набошад аз он ба инҳо ҳеч суд! Ҷуз ҳавлу ҳавои даҳан, ки ҳаст дар минтақаи Роғун «Роғун»-ГЭС…

                 идома дорад

Share This Article