Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№146

Ислоҳ нет

Дар шабакаҳои телевизионӣ, вақте Раҳмонов бо сафари корӣ ба Данғара меравад, репортажҳо ончунон омода мешаванд, ки гуё Данғара биҳишт аст. Воқеият ин аст, ки Данғараи даврони шуравиро бо Данғараи имрӯза муқоиса карда намешавад. Дар ин як ноҳияи музофотӣ чандин донишгоҳҳои давлатӣ ва коллеҷҳо ифтитоҳ шудаву ҳоло фаъолият мекунанд. Яке аз бузургтарин чойхона-ресторанҳои бузурги Осиёи марказӣ бо номи Хуррамшаҳр ҳам дар инҷо аст. Қарори ҳукумат дар бораи таъсису ташкили вилояти Данғараро ҳам Раҳмонов солҳо пеш имзо карда буд. Аммо, ин нафаре, ки барои мо навиштааст, мегуяд ин ҳама ободкориҳо асосан дар кучаи худи Раҳмонов аст. Ҳолу вазъи мардуми оддӣ дар Дарғара ҳеҷ иваз нашудааст. Ҳамин ҳоло ҳам нону ризқи ин мардумро Раҳмонов ва домодҳояш бо зурӣ кашида мегиранд:                                   

                             Данғара

Ассалому алейкум устоди гиромӣ ва муборизони роҳи озодӣ. Ман зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Данғара ва яке аз он шахсоне ҳастам, ки мухолифи ҳукумати ин диктатори алкаш мебошам. Ба ҳама мисли рӯз равшан аст, ки ин алкаши диктатор ба кулли манотиқи кишвар зулм карда истодааст, аз ҷумла ба   мардуми ноҳияи Данғара ва номаи ман ба ҳамин ноҳия тааллуқ дорад.

Ноҳияи Данғара ба андешаи баъзе аз ноогоҳон манотиқи “биҳиштосои кишвар“ аст. Аммо дар асл ин гуна нест. Ҳама медонанд, ки аксари мақомдорони калидии ҳукумат маҳз зодаи ҳамин ноҳия мебошанд. Аммо шумо оё боре андеша кардаед, ки мардуми оддие, ки ба инҳо (яъне ба қавле тағаҳо) дастрасӣ надоранд, чи ҳолу рӯз доранд? Айнан ба мисли дигар манотиқи кишвар зери зулми ин режим ҳастанд ва бояд мо фаромӯш накунем, ки душмани муштараки мо мардуми Тоҷикистон маҳз ҳамин диктатори Алкаш мебошад ва набояд ба монанди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фиреби маҳалгаройиашро бихурем ва маҳз ҳамин маҳалгароии мо боиси давом ёфтани зулми ин диктатор мегардад ва мо ҳама бояд зери парчами озодӣ ва бо шиори «Нест бод диктатор» мубориза барем.

Акнун дар бораи ҳолу рузи ноҳияи Данғара менависам: Шираи камол ( яке аз даромадҳои хуби ноҳия буд, даромаде, ки ҷойгузини муҳоҷират ба Русия буд. Дар аввал мардум хуб кор мекарданд ва зиндагии худро пеш мебурданд ва ниёзе ба муҳоҷират рафтан надоштанд. Аммо ин ҳолат дер давом накард. Авлоди ин диктатор ин гуна фоидаро фаҳмида зуд даст ба кор шудаанд. Албатта, ки ҳайронкунанда нест, мисли дигар ғоратгарияшон. Ҳар куҷо, ки заррае ҷойи ризқу рузии мардум аст, инҳо кашида гирифта истодаанд. Аз ҷумла писархолаи Эмомалӣ Раҳмонов, ҷияни Азизмо Амриддин Нақшов ва ширкати Фароз-ширкате, ки кулли дороии ин миллатро ба яғмо бурда истодааст, шираи камолро зада гирифтанд. Ин ширкат сараввал бар сари мардум иҷозатномаро бор кард ки он арзиши 

7,5кг (1кг=70$ тақрибан) шираи камолро дошт. Ва аз ин ҳам қонеъ нашуда ҳуҷҷатеро бар сари мардум бор кард, ки бар асоси он бояд ҳосили гирифтаатро ба худи ширкат фурушӣ бо арзиши 1кг=250сомонӣ. Вале тоҷирони афғон 1кг=ҳудуди 70$, 80$ мехариданд. Боз ба ин ҳам қонеъ нашуда ширкати Фароз заминҳое, ки шираи камол дошт ба афғонҳо фурӯхт ва мардум бошад дар ҷойҳои камсамар кор мекард -бо ҳуҷҷат. Ҳуҷҷате, ки ҳосили гирифтаатро бо маблағи ночиз ба ширкат мефурушӣ. 

Акнун имсол, яъне соли 2024 ширкати Фароз заминҳои шираи камолро боз ба афғонҳо фурухт. Вале ин дафъа ба мардум иҷозаи корӣ надод ва мақомоти қудратиро барои посбонии афғонҳо вазифадор намуд. Акнун мардум ашк дар дида роҳҳои муҳоҷиратро ҷустуҷӯ мекунанд ва ба ҳамагон маълум аст, ки вазъи муҳоҷирон чи гуна вахим шудааст. Ин аст яке аз хизматҳои диктатори Алкаш ба мардуми Данғара. Ҳамин тавр ғасби заминҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо, бизнесҳо, вазифаҳои давлатӣ аз ҷониби ин хонаводаи ҳаромзода амалӣ шуда истодааст. Дар ноҳия мисли дигар манотиқи кишвар бебарқӣ, камбуди оби ошомиданӣ ҳукмрон аст, арсаи маориф ва ба сатҳи пасттарин рафтааст.

 Бо ин ҳама зулм ҳайрон ҳастам, ки чаро мардуми Данғара садои худро баланд намекунанд ё ҳадиақал бо Ислоҳ ҳамкори наменамоянд.

Муроҷиати ман ба мардуми Данғара! Бо «Ислоҳ» ҳамкорӣ намуда ин режимро шармандавор сарнагун намоем.

Дар ноҳия ҳеҷ чиз барои мардум хуб набуд, нест ва намешавад.То вақте, ки ин диктатори Алкаш дар сари қудрат бошад, вазъият аз ин бадтар хоҳад шуд. Барномаи Далери  Эмомалӣ дар Данғара  баёнгари аҳволи мардуми Данғара буд. Аммо он ҷавони ҳақгуро зиндон карданд.

 Дар яке аз барномаҳои «Номаҳо» қиссаи Нуриддини тракторист ва муаллимаи мактаби президентӣ Меҳрӣ (бо лақаби Мерии қоқак)-ро гуфтед, ки ҳамааш сад дарсад рост мебошад.

Дар мавриди ин диктатори алкаш чи гуфтаниам. Лутфан инро аз данғарагӣ буданаш нагуед. Ин на данғарагӣ, на кулобӣ, на хатлонӣ, на тоҷик, на мусалмон ин як лаккаи нанги милати тоҷик аст. Ин фақат худам ва оилаам мегуяд. Аслан барои ин ҳаромзода миллат  аслан муҳим нест. Зеро ин миллат надорад. Чи гунае, ки худаш мегуяд терорист дин, миллату  нажод надорад ва айнан ҳамин суханҳояш ба худаш тааллуқ дорад.

Ва дар охир гуфтаниам, ки натарсед, мубориза баред. Ин мо мардум ҳастем, ки ғами миллати мазлуми тоҷикро мехурем, на ин ҳукумати хоини диктатор. Умедворам, ки маро хуб дарк кардед.

  Ва дар охир чи гуфтаниам. Раҳмонов 24-уми май Данғара омад. Дар Данғара барои вай хеле даводав карданд. Чандин иншоотро кушод. Одамҳои вобаста гуфтанд, ки ба дараҷае иншоотҳоро чалачалпак сохтанд, ки баъди рафтани Раҳмонов мерезанд.

Аллоҳ шоҳид дар ҳамин 30 сол зиёд ягон ободӣ, пешравӣ дар Данғара барои мардум нест. Ҳамааш шайтониву макет. Фақат кучаи хонаи худашро фасон карду, тамом. Тамоми қишлоқҳои Данғара дар ҳолати пасттарин қарор доран. Дар 80 фоизи деҳаҳо мактабҳо аз даври шуравӣ мондагӣ аст.

  Куратори Данғара Сумбулоғо аст. Тарафи раисони ҷамоатҳо мегуяд, ки «ма пешакӣ бугумтон ҳар қишлоқи рехтагӣ мара набарен. Аввал фасон кнен, бад мара бген мерам».

  О, к..изан аз куҷо кунанд? Ту ҳаромӣ, ки сармоягузор наёрӣ, саҳм нагузоранд, аз қаври очат меша обод? Об нест дар 80 фоизи қишлоқҳо. Фақат соҳибкорҳоро ҷалб кунед мегуяд. Ҳатто имруз бо раисони ноҳияҳои селзада телефонӣ гап зада  гуфтааст ҳарчи тезтар бартараф кунеду соҳибкоротонро ҷалб кунед, мардумро кумак кунанд.

 «О, э к..изан, о бюҷета барои личный истифодаи оилаат кардаӣ?, о соҳибкорои худатона гу. Мирзоев Хуршеду Муҳаммад, Ҳасани Ориёнбонк, Шоҳрух, Зоир, Исмоили Пингвин, Юсуф Раҳмон, Зайнулло  ва дигарҳояшро. Короче мардум да ҷоншон задай и ҳаромӣ. Мардум мега кошке вертолёт ё самолёти Раҳмонов мекафид ё чаппа мешид. Мардум дандон тез кардагӣ шиштагиян, ягон гап шава, аввал ай авлоди Президент сар мекнан. Ин ша Аллоҳ/

 Роғун

Аксарияти аҳолии ғайри Тоҷики Рогун гаражу мошинҳо доштанд. Гаражҳо то дирӯз дар лабҳои ҷаргоҳҳои шаҳр боқӣ буданд. Мошинҳои нав-нав, пачка-пачка рафтанд ба яғмо. Ба Кӯлоб. Шерихару Сайхарҳо мегаштанд бо мошинҳои роғуниҳои фирорӣ.  Пасон боз бештар дуздиданду мошинҳои ҷип хариданду мошинҳои булаҷабе, ки бори аввал дар аҳди истиқлол медидем.

 Дарди маҳалгароӣ надорам, дардам дарди як миллат аст, ки қофилаи зиндагияшро роҳзанон аз роҳ заданду дигар чархи зиндагонияш ақабрӯ меравад. Метарсам, ки рӯзе ба ғорҳои бетаге чун ғорҳову обкандаҳои бетаги Роғун науфтем. Он гунае, ки қиркунандаи Узбакистон пайи миссияи махсус мегаштанд, ки Роғунро валангор созанд.

 Аз ин рӯ трубинаҳо ва 2 базаи нахустини онро, ки аз Укроин оварда буданду бо садоқати ким кадом инжинери рус, дар дашти Шӯрак «камуфляж» шуду аз нигари танги узбакҳо-хоҷагони хориҷии Раҳмонов ба дур монду онҳоро на аз ҳавопаймоҳо диданд то бомбаборон кунанду на аз замин пайхас карданд то тӯпборон кунанд. Тупборон кунанд, ки «вофчикҳои роғунӣ» маҳв шаванду тоҷик рӯи нуру рушноиро асрҳо набинад. Ва ду чархаи ГЭС-и Роғун, ки ҳамакнун ба кор даромадаанд, бо шарофати ҳамон 2 трубинаи наҷотёфтаанд, ки инро то ҳол ҳукумати Эмомалӣ аз миллат пинҳон медорад, то надонанд, ки пули саҳмияашон дар хариди ду чарха нарафта, балки дар хариди Боинги Ҳасан масраф гашта аст! Имрӯз Роғуну трубинаҳову базаҳояш аз чанголи тирмастону туфангбадастон раҳиду бо пули дастаҷамъии тоҷику тоҷикистониён, лангон-лангон ба кор оғоз кард. Тоҷик умед дошт, гумон бурд, ки дар шабҳои тораш рӯи нури гармибахшро хоҳад дид, вале хонаи Афғон мунаввар гашт. Кулбаи қирғиз чароғон шуду аз мо нашуд! Дар инҷо танҳо объектҳову идораҳои давлативу низомию тансиҳатӣ- беморхонаҳо бо барқ таъминанд, аммо аҳолӣ, на! Магар, ин маънои онро надорад, ки ин давлат барои ҳукумату ҳокимият барпо гаштаву миллатро аз матни он хат задаед?!

  Дар дунёи мутамаддин ҳар як ҳукумати мунтахаб пеш аз объекту идораву иморатҳои ҳукуматӣ, интихобкунандагон- шаҳрвандони худро бо барқу обу гармӣ таъмин мекунад ва  дигар   ниёзмандиҳо ва эҳтиёҷоти онро бароварда мекунад. Ва барои дуздидани як холодилник мепаронданд силоҳбадастон роғуниеро ва барои шикастану ғорати хонаҳо ва бурдани мошинҳои русҳои гурехтаву тоҷикони гуреза, касеро чизе намегуфтанд. Аз сабаби ҳамин қонунмандии «барқарорсозандагони сохти конститутсионӣ» буд, ки Роғун вайрон шуд. Ва ҳоло ҳам шутурдуздонро мансаб медиҳанду медиҳанд нишонҳо ва аммо тухмдуздонро мебаранд паси миллаҳои зиндон, ки адолат «барпову барқарор» гардад.

 Кӣ бояд роғунсозӣ кунад? Кай? Кӣ бояд роҳ бисозаду лифт насб кунаду оби гарму оби тоза таъминамон кунад? Кай?! Хостаҳо аз барқарорсозандагони сохти конститутсионӣ:

1. Лифтҳоро, пас аз гузашти 30 соли вайронӣ, ки як умри одам аст, насбу фаъол созед.

2. Системаи гармидиҳии мавҷударо ба кор андозед.

3. Аҳолии қисмати поёнии Роғунро, ки тули солҳо хонаҳояшонро бо баҳонаи «аварейний» — садамавӣ будан, ҳуҷҷатгузорӣ намекунеду чун иҷоранишинҳо умр ба сар мебаранд, ҳуҷҷатгузорӣ ва қонунӣ гардонед, ки фард-фарди онҳо, солҳои мадид, пас аз он ҳама вайрониҳо, бо хуни ҷигару пули аз Русия овардаи фарзандонашон, обод карданд.

4. Роҳҳо валангори назди ҳар як домро асфалтпӯш кунед, чунки он кандаву ямаҳо асари танку зиреҳпушҳои бо дабдаба воридкардаатон дар 30 соли қабл аст.

5.Майдончаҳои кӯдаконаи наздидомҳо, ки дар аҳди СССР бас афсонавию назаррабо будаандро бозсозӣ кунед, то шаҳри стратегӣ шаҳри экологию маданӣ ва дилкаш шавад, бошад, ки он даҳшату вашҳатҳоро насли навин, ки ниёз ба бозиҳои зебои кӯдакона доранд, мисли мо набинанду аз роҳҳову кӯчаҳо гилзаи тиру танку пулемёт ҷамъ накунанд. Нашавад, ки ин ободиҳоеро, ки вазифаи давлат асту 30 соли охир зоҳирсозӣ гаштаву таъмири косметикӣ дидаастро аз кисаи ин мардуми нодору кормандони мақомоти маҳаллию тоҷирону деҳқонон роҳандозӣ кунед, ки боз ин қаламу ин майдон шоҳиду нозири амалкардатон аст!

6. Саргаҳи дарёчаи Гули Сурхро ба талаботи обтаъминкунӣ мутобиқ ва дар онҷо обтагшинкунакҳо ё лоақал ҳавзҳои обполон чун системаи дарёи Варзоб, созмон дода шавад.

7.Тамоми подъезди  домҳо ё дарҳои шармандавор шикаставу валангори аҳди шӯравӣ доранд, ё умуман дарҳои вурудӣ надоранд, онҳо низ, бо дарҳои амниятӣ- чипӣ таъмину бозсозӣ шаванд.

8. Барқ. «Роғун» кохи нур аст. Заводи тавлиди барқ аст. Барқистеҳсолистон аст. Коргоҳи барқтавлидкунӣ аст. Роғун- домҳояш барқ доранду бас. Чунки дар баландошёнаҳо таппакдуду кундаалову кумурдуд андохтан ба маданияти шаҳрнишинӣ созгор нест. Аз инрӯ, хушбахтона Роғун чароғон аст, ки аҳсант. Вале, ин кохи нур, ин муъҷизаи илму технология ва сохташуда бо сармояи кулли тоҷикон, ки дасташон дардро набинад, барои мардуми ҳамагӣ дар чанд қадамии «Роғун-ГЭС» қарор дошта, бо ҷурми «қишлоқӣ» будан аз нерӯи барқ маҳруманд. 30 сол аст, ки барқашонро Раҳмонов хомӯш мекунад, мефурӯшад ба узбаку афғону қиргиз. Барқи ин «қишлоқӣ»-ҳоро дар аҳди Шӯравӣ, дар замоне, ки имрӯз аз он ба нафрату кинаву пӯзханд ёд мекунанд, дар замоне, ки ҳанӯз Роғун, мисли имрӯз барқ истеҳсол намекард, ҳатто як сол, як моҳ, як ҳафта, як соату як лаҳза хомӯш намекарданд. Вале, имрӯз, пешвои тоҷикон барқи мардуми деҳоти гирду атрофи «Роғун»-ро ношармида хомӯш мекунад!

9. Аксҳои калон-калонатро, ки дар онҳо дар рӯи гулу булбулу коврику қолинча дар гардишию бо чашмони хилминию беруҳу дилбеҳузургарат ба сӯйи оянда-равандагон дар ҳоли нигоҳию дар гирдат парвонаҳову фароштуруку кабӯтарон дар парвозандро ҳам аз дару дому боми ин шаҳр бардор. О, ту «Диктатор» набошӣ, охӣ?!

Медонам, ки аз рӯзе аз колхозу хукпарварӣ раҳоят карданду «биёбонӣ хиёбонӣ» шудӣ, аз даҳонат «ҳикмат» мерезад, дар тамоми кӯчаву паскӯчаву дару девори қавру мазору ҳоҷатхонаву замину осмон «ҳикматҳои Афлотунӣ»-и туро мехонем… Аз Ленини Доҳӣ ҳам «доҳитару донотарӣ», албатта дар чашми чоплусбесаводпайравонат! Ленини ғосиб омаду мактаб сохт, Сталин омаду колхоз сохт, Хрушев омаду ГЭСУ завод сохт, Елтсин омаду Роғун сохт, то тоҷикон одамгуна зиндагӣ кунанд, ҷойи кор дар ватан, нон дар хона, барқ дар шабу рӯзашон дошта бошанду таълиму табобати ройгон бигиранд то аз қофилаи башарият ақаб намонанд, вале ин пешвои тоҷикон, аз мулки тоҷикон, аз байни худамон баромаду омаду лампочкаҳои Иличиро манъ кард, ки моли Ленин аст, таълиму табобати ройгонро лағв кард, ки равиши Истолин аст  ва барқу оби покро аз мардум дареғ дошт, ки падаронатон қабл аз Инқилоб барқро чойкаҳак медонистанду ин моли ман аст, чун Тоҷикистонро мероси падари набудааш гумон кардаву суроида, ки Тоҷикистон бо ҳама буду набудат аз манӣ… аз маниииӣ!

Ва муллоеаш фатво дода, ки «дар торикӣ нишастан сунати пайғамбар» аст. Ва дигареш  фалсафа бофта, ки интернети баландсуръат зеҳнро кунд, оилаҳоро парешон, ҷавононро бетарбияву «хоин» мекунад, аз ин рӯ интернет дар деҳоти Роғун ҳамон гунае, ки Эмомалӣ оид ба аз байн рафтани лимити барқ гуфта буд: як сол пас, ду сол пас, се сол пас, чор сол пас ва инак 30 сол пас «афсона» мешавад, «афсона»-и ҳазору як шаб шуда аст, ки фарҷом надорад!

Интернетро дар ин деҳоти покизаҳаво ҳиҷо карда бояд хонд: Ин- тер- нест! 

Оре, бе интернет, дар торикӣ нишастан, ҳам «сунати пайғомбар», натанҳо пайғомбар, ки «пайғомбарон» аст!

Зиҳӣ, андешаи волои тоҷик!

Ки аз барқу интернет мегурезад!

Боқӣ,то суҳбати оянда, то пас аз натиҷаи ободкорӣ!

               Шаҳритуз, Қубодиён ва Носири Хусрав

 Салом алейкум  ва  раҳматуллоҳ ва баракотуҳу, кормандони Ислоҳ — ТВ  ва алалхусус бародари муборизи ҷонбаркафамон Муҳаммадиқболи Садриддин! Мо ин номаро аз се ноҳия минтақаи ҷанубии кишвар бароятон ирсол мекунем. Шуруъ мекунем аз Шаҳритуз

                                          Шаҳритуз
  Аз касофаткориҳо ва без пределиҳо ва захват кардани иншоотҳои мардум бо зур  аз дасти Мансур Давлатов, ҷияни  Муҳибулло Саъдуллоев, додараруси раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  менависем.
Ин Мансур Давлатов писарони ин бародарон Ҳоҷӣ Садод ва Ҳоҷӣ Додихудоро, ки соҳибкор ҳастанд ва дар чанд гушаи ноҳия  нуқтаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ -автозапчаст, дар назди беморхонаи маркази ноҳия бинои баланди 3 ошёнаи замонавӣ, барои УЗИ ва дандонпизишк  ва дар рубаруи меҳмонхонаи маркази ноҳия боз бинои баланди боҳашамати 3 ошёна -меҳмонхонаи замонавӣ сохтанд,
бо тӯҳмат ва иттиҳоми  ҳамкорӣ бо ДОИШ  ва салафия ва ҳамкорӣ бо ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои мухолифи мамнӯъ дар Тоҷикистон барои солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон карданд. Мансур аз Ҳоҷӣ Садод ва Ҳоҷӣ Додихудо ин ду бародар ҳудуди  200-ҳазор доллар қарздор буд. Ба инҳо пешниҳод мекунад, ки ман писаронатонро аз зиндон озод мекунам шумо аз даъвои пулатон мегузаред. Ин ду бародар  ҳоҷиҳо ночору ноилоҷ розӣ мешаванд. Дар асл ин кори дасти худи Мансур Давлатов  буд. Мансур ҳар шаб дар тарабхонаи Марҳабо маст шуда ҳар намуд чизҳои маст кунанда менӯшад ва духтарҳои Шаҳритузу  Қубодиён ва Бешкентро  истифода мебарад ҳамроҳи шогирдонаш Давлабек Одинаев ва дигарон. Боз мегуфтааст, ки фақат дар даҳон МИНЕТ гиред. Ҳатто баъзе андомҳояшонро бо сигор месузондааст. Хуллас, издиватса  мекардааст духтарони мардуми Шаҳритуз, Носири Хусрав ва Қубодиёнро. Ин тарабхонаро Эмомалӣ Раҳмон кушода буд. Гӯё аз Холназар Достиев аст, дар асл ин тарабхона ҳам аз Муҳибулло Саъдуллоев  мебошад. Дар бораи ин тарабхона дар барномаҳои пешин гуфта будем, ки чи хел аз як марди узбектабор бо роҳи маҷбурӣ гирифта буданд.


Дар ноҳияи Шаҳритуз  бо номи Қобил Мурод шахси обруманд, соҳибкор саховатманд ва фарзанди ҷонсупори миллат зиндагӣ мекунад. Солҳои гушнагӣ ва сахти мардум, ки аз Афғонистон баргаштанд ба мардум кумаки сахт кардааст ва аз ҳама кори муҳиму савобаш дар ҳамон солҳои гушнагӣ дар ноҳия дар канори рӯдхонаи Кофарниҳон дар Шаҳритуз як масҷиди ҷумъахонии замонавӣ сохта додааст.

Масҷидро ба номи бародараш марҳум Қандил гузошт. КДАМ болои Қобил Мурод фишор овардааст, ки кадом соле дар кадом туй ё маҳфиле дар хонаи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иштирок  карда будааст ва дар сабти видео омада будааст ва онро дидаанд. Барои ҳамин тамоми  заминҳои кишоварзӣ ва чандсад гектор чарогоҳ ва хоҷагии деҳқониашро ба ҳар роҳу восита  аз дасташ кашида гирифтанд. Дар шаҳри  Душанбе  корхонаи дару тирезаи пластикбарорӣ дошт бо номи РОМСАР. Вай аввалин шахсе буд, ки дару тирезаи пластикӣ дар Тоҷикистон  кушода буд. Ҳамаи корхонаву дороияшро кашида гирифтанд, зери зулму таҳти фишор қарор дорад.
Алъон  дар беморхонаи шахсии Ойша (собиқ  кинотеари Бишкент) аст. Гуё  ин беморхонаро соҳибкори ватанӣ Холназар  Достиев сохта аст. Аммо инаш ҳам аз Муҳибулло Саъдуллоев, додараруси Президент Раҳмонов аст!

  Доктор Махсуда Авазоваро, ки дар даромадгоҳи беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритуз утоқи корӣ иҷора дошту ҳар рӯз маблағи хубе ба даст меовард   тахассусаш УЗИ занона (гинеколог) аст маҷбуран ба беморхонаи шахсии Ойша  оварда бо як маоши ночиз кор фармуда истодаанд. Хуллас, мардуми ин 3 ноҳия аз дасти Муҳибулло Саъдуллоев ва ҷиянҳояш Мансур  Давлатов, Холназар Достиев ва Давлабек Одинаев дар азобанд, аммо мардум хомӯшанд.

                                     Қабодиён  
Сармеъмори ноҳияи Шаҳритуз  Амонов Дилшод қаблан сармеъмори ноҳияи Қубодиён буд. Ҳозир ноҳияи Шаҳритузро гард гард фурухтаву бо тираву тахт шуста талаву тороҷ дорад. Пештар ноҳияи Қубодиёнро бо ҳамроҳи муовини аввали раиси ноҳия Қубодиён марҳум Гулҳусайнов Исҳоқ ва Авғонов Бадриддин  фурухта талаву тороҷ  карда буд. Дар бораи Авғонов Бадриддин бо тахаллуси Бадр шайтон дар «Номаҳо аз ноҳияҳо-и шумораи 121» гуфта будед.


Ин Амонов Дилшод сармеъмори ноҳияи Шаҳритуз ноҳияро ба нобудӣ мебарад, хуб огоҳ  бошед мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва КДАМ.


Эмомалӣ Раҳмонов дар яке аз сафарҳояш ба ноҳияи Шаҳритуз аз боғи соҳиби дарахтони қадимӣ, ки дар баромадгоҳи ноҳия, дар ҷамоати деҳоти  Обшорон, собиқ ГИДРА, дар паҳлуи роҳи Шаҳритуз ба тарафи ноҳияи Носири Хусрав воқеъ аст, дидан кард. Дар яқ қисмати ҳамин боғ  барои Эмомалӣ Раҳмонов қаср сохтанд. Дар ру ба руи қасри Раҳмонов аз он тарафи роҳ, ки теппаҳои хушку беоб дошт, мардуми камбағалу камбизоат он теппаҳоро  ҳуҷҷат карданд ва хишти гилӣ сохтанду фурӯхтанд, чандин солҳо азоб кашиданд. Заминҳоро об бароварда обӣ карданд. Баъдан хонаҳои фақирона сохтанд. Ин хонаҳо ба чашми Эмомалӣ  Раҳмонов  писанд наомад ва ба Ҷаббори Ғаффор раиси онвақтаи ноҳия супориш дод, ки ҳамаи он хонаҳоро чаппа  кунанд. Ин супоришро аз забони худи Раҳмонов як дусти наздики ман шунида аст. Ин Раҳмонови писари Шариф чақур (агар падараш ҳамон Шарифчақур бошад) то ин дам ба ҷуз аз аҳли оила ва домодҳои бешумораш ба ҳеҷ кас раҳм накардааст.
                                          

                                 Носири Хусрав 

 Ин номаро  мо як гурӯҳ ӯзбектаборон бароятон менависем.

  Шарифзода Маҳмадаюб, собиқ раиси Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён феълан раиси ноҳияи Носири Хусрав мебошад. Дар як -ду соли охир ноҳияи Носири Хусравро талаву тороҷ карда истодааст. Дар ин ноҳия аксар мардуми ӯзбектабор зиндагонӣ мекунанд. Бо зуриву таҳдид ба раисони хоҷагиҳои  деҳқонии ин ноҳия ҳар гуна харҷу масрафоти беҳударо бор мекунад.

Андозҳое, ки дар қонуни андоз нестанд бо роҳи фишор ва бо истифода аз мақомоти қудратӣ бар сари мардум бор карда истодааст. Махсусан мардуми узбектаборро зиёдтар ҷабру зулм мекунад. Дар заминфурӯшӣ писараш Муҳаммад даст дорад. Садриддинзода Бадриддин Талбак, раиси собиқи ноҳияи мо буд. Дар яке аз сафарҳои Эмомалӣ Раҳмонов ба Қубодиён дар назди бинои ҳукумати ноҳия майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд. Сангҳои кафел-брусчатка барои ин майдонро аз Ҳоҷӣ Маҳмудрӯзӣ, сокини ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, деҳаи Гулистон бо қарз гирифта буд. Садриддинзода аз вазифа рафту Ҳоҷӣ Муҳаммадрузӣ тахаллусаш  Маҳмудирӯзии автобусчӣ пулҳоямро мегирам гуфта то ба ҳол дар бадари идораҳо гашта истодааст.


Садриддинзода пулҳоро гирифтву ҳоло бошад Ҷипсаворӣ карда гаштааст.  Эмомалӣ Раҳмонов  ба ҳар шаҳру навоҳии кишвар равад онҷо ҳам ҳама корҳояш сохтаву бофтаву  дурӯғ аст. Худаш аз Хитой қарздор аст. Дар болои фарши аз қарз харидашуда қадам заданро хуш дорад.

  Талбаков Бадриддин Садриддинзода ҳоло вакили Маҷлиси намояндагон аст ва   аз шогирдони кали Омун-Маҳмадтоҳир Зокирзода мебошад.


Муовини аввали раиси ноҳияи Қубодиён Эмомализода  Турахон худаш аз мардуми ноҳияи Восеъ аст. Солҳост, ки ноҳияи Қубодиёнро бо ҳар роҳе ғорат дорад ва дар куҷое шинад, худашро нафари серу пур ва «падарам доранда» гуфта муаррифӣ мекунад. Агар дорандаи пас г…мехурӣ дар ноҳияи мо, рав ба ноҳияи худат. Дар бисёр ҷойҳо лоф мезадааст, ки раиси Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмонро  восита кардааст: «бояд ман раиси ноҳияи Қубодиён шаваму ноҳияро бо тахтаву тирак шуям, баъдан ба зодгоҳам равам». Ин суханҳои Эмомализода Турахон тамоми хоҷагиҳои деҳқониро ҷон бар лаб кардааст.
Тура Исҳоқзода писари марҳум Гулҳусайнов Исҳоқ, собиқ муовини аввали раиси ноҳия Қубодиён мебошад.Тура сардори идораи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Қубодиён аст. Як шохи дарахт дар сими тори барқ  расад, кутаҳаш кунӣ тамом. Як намуд ҷаримаат мекунад, ки дар ягон қонун нест.
Бураков Ҳомидҷон Зардакович дар гузашта корманди  ҳифзи ҳуқуқ  буд, алъон нафақахур аст ва дар деҳаи Авесто, ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён истиқомат мекунад.

  Дар қарибии як канали паҳлуи як теппае, ки қабристон воқеъ аст, хона кардааст. Ҳамарӯза бо ҳамсояҳо ҷангу ҷанҷол ва ҳамсояҳоро таҳдид мекунад, ки «дар амният метимтон». Тамоми кормандони милисаи шуъбачаи шаҳраки Чирик  омада дар хонаи Ҳомид, ки дар болои наҳр кат гузоштаву гуё дача сохтааст онҷо майнушӣ мекунанду банг мезананд. Бародараш Бураков Ҳаким навҷавонони қишлоқро кор фармуда дар ивазаш алафу тарёку банг дода тамоми бачаҳои деҳаро бангӣ кардааст.

 Бураков  Ҳомид дар давраи ҳукумати Ашраф Ғанӣ бисёр ба Афғонистон сафар мекард. Бузи амният аст. Равонаш мекарданд, ки муҳоҷирине, ки мондаанд онҳоро бо роҳи фиреб коре карда баргардонад ба ватан ва агар онҳо оянд ба солҳои тулонӣ зиндон хоҳанд шуд. Дар бораи Ҳомид Бураков низ дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо № 121» гуфта будед.
Дилноза Муродуллозода,  раиси ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён  як зани фаҳҳош ва чоплус аст. Ҳар раиси ноҳияе, ки нав мешавад, худашро бо ҳар роҳе набошад бо он раиси ноҳия  наздик мекунад ва тамоми кормандони  ҳукумати ноҳия ва дигар кумитаҳоро дар назди раис сиёҳ карда меистад ва ба калоншавандаҳое, ки ба ноҳия меҳмон мешаванд мамарозагӣ мекунад, духтарҳои мактабхонро пешниҳод мекунад. Ин Дилноза Муродуллозода, раиси ҷамоат аст, тамоми кормандони ҳукумати ноҳия аз рангу рӯй ин зани фаҳҳош безоранд.


Хусурбачаи Абдураҳмон Бузмаков (Аламшозода), муовини аввали вазири дохилӣ Ҷамшеди шрам ҳозир дар боздоштгоҳи КДАМ маҳкам аст. Бузмаков дигар бо вай иртиботро канда карда телефонҳояшонро намебардорад. Замоне буд, ки Бузмаков зиёд ба Екатеринбург мерафт ва ҳамеша Ҷамшеди шрам ҳамроҳаш буд. Аммо ҳозир Ҷамшеди шрам барои вай ва Муҳибулло Саъдуллоев памперс шуду нодаркор.

 Эй, мардуми шарафманди Тоҷикистон! Ин ҳукумати хонаводагии Раҳмонов ба ҳеҷ кас раҳм накардааст ва намекунад!. Сангакро бо ҳамроҳи Файзалӣ- командир кушт, Ғаффор -седою Ёқуб Салимро  зиндон кард, ҳоло саркардаҳои мухолифин дигар тараф истад:- аз шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Ҳабиб Сангин, Мирзо Ҷага, Зайд Саид ва дигару дигарҳо. Мардум омодаи инқилоб  шавед. Ин ҳукумати  хонаводагии Раҳмонов бақояш намондааст. Ин ша Аллоҳ ба зудтарин фурсат шикаст хоҳад хурд.
Давлатзода Муминшо солҳост дар мақоми сармеъмори ноҳия кору фаъолият мекунад. Дар гузашта раиси кумитаи замини ноҳия буд. Аз дасти Муминшо на замин монду на осмон. Коррупсия боздошташ кард. Бо пораву тағо худашро раҳо  кард. Тағояш кали Омун -Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон аст. Тавассути ҳамкорону ҳаммаслаконаш аъзои комиссияи ҷамъиятӣ оиди додани қитъаи замини назди ҳавлигӣ ба камбизоатон-муовини аввали раиси ноҳияи Қубодиён, Эмомализода Турахон, сармеъмори ноҳияи Қубодиён-Давлатзода Муминшо, раиси кумитаи замин-Шерафган раиси кумитаи ҳифзи муҳити зист -Тура Исҳоқзода, мудири бахши кишоварзии ноҳия- Мусулмонов Зулфиқор, раисони ҷамоатҳо заминҳоро фурӯхта дар лаб муҳр зада гаштаанд.

 Мирзо Сияров, сокини ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, деҳаи Гулистон яке аз соҳибкорони  муваффақ ва пулдор буд. Ҳатто замине, ки ҳозир дар шаҳри Душанбе беморхонаи Истиқлолро  сохтаанд аз ҳамин  Мирзо Сияров будааст. Мирзо Сияров бо интиқоли пул ба тамоми давлатҳо сару кор доштааст. Аз ҷумла Русия, Чин, Туркия, Дубай, Ҳиндустон, Эрон ва дигар давлатҳо. Вақте  Ҳасан Асадуллозода ба саҳна омада раиси «Ориёнбонк» шуд  тамоми кору фаъолиятҳои онҳоро баста карда тамоми хонаҳову недвижимостҳояшонро кашида гирифт. Чандин сол дар фирор ва таҳти пайгард қарор  дошт. Ҳозир Мирзо Сияров қарздору абгору дарбадар гаштааст. Гоҳ дар Хитой, гоҳ дар Русия ва гоҳ Туркия. Макони доимӣ надорад, сарсону саргардон гаштааст.
 

Share This Article