Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№158

Ислоҳ нет

Дар таҳия ва пешниҳоди барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ягон зарра хаста намешавам. Чунки мардум ба «Ислоҳ» руи ниёз меоваранд ва дарду мушкилоташонро бо мо дар миён мегузоранд. Ҳар як номаи «Номаҳо…» мисли тир ҷигари Раҳмонов ва дору дастаи хушомадгуву мутамаллиқи вайро сурох-сурох мекунад. Раҳмонов дар оташи рашку алам месузад, ки чаро ин мардум ба мо-мухолифин руҷуъ мекунанд ва руи ниёз меоваранд. Ва боз гайкаҳоро сахттар тоб дода мардумро ба ҳолате меоварад, ки дигар бо мо дар иртибот нашаванд. Инчунин ечекаҳои хобида ва бедори худро дар Аврупо ҳам ба гардиш медарорад,то ба шакле бар мо битозанду ҷойгоҳи муборизаро камарзиш кунанд. Аммо шукри Аллоҳи пок, ки баръакси таваққӯъ ва пиндорҳои Раҳмонов  ва тардоманакҳояш ирсоли номаҳо ба «Ислоҳ» бештар ва моҳияту мазмуни он ҳам муҳкамтар мешавнад. Дар ин номаи зер муаллиф бо далелҳои дастрас нишон додааст, ки Раҳмонов ва хонаводаи вай аз ҳар лиҳоз барои мардуми тоҷик проблемаи вазнин шудаанд.

                             Роғун

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам хубу хуш бошед. Чанд рӯзи пеш натиҷаи таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ дар робита ба ширкат ва корхонаҳои қарздори Тоҷикистонро, дар сайти Азия плюс хонда хеле ҳам дар ҳайрат наафтодам. Агарчи ин қарзҳо аз миллиардҳо доллар боло аст вале, бовар кунед Раҳмонову оилааш ҳоло аз ин ҳам бадтар мекунанд. Тамоми ин ширкатҳо ва корхонаҳо ба ном давлатианд, аммо дар асл барои хонаводаи Раҳмонов кор мекунанд. Масалан ҳамин ширкати Талко-корхонаи истеҳсоли алюминий, ки гуфта мешавад 210 миллион доллар қарздор аст аз тарафи Ҳасан Асадуллозода додараруси Раҳмонов идора ва назорат мешавад. Дар умум ин корхонаҳо наздики 5,5 миллиард доллар қарздоранд, ки дар ҳайати онҳо корхонаи Роҳи оҳан, ширкати «Барқи тоҷик» «ГЭС-и Роғун» Тоҷиктрансгаз, фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, «Алюминсохтмон»-и Ҳасан Асадуллозода ва чандинтои дигар, ки ҳамаашон аз тарафи наздикони Раҳмонов идора мешаванд. Аммо аз ҳама ҳолати ҳайратовар ин қарздории «ГЭС-и Роғун» аст. ОАО Роғун 9.з миллиард сомонӣ баробар ба 850 миллион доллар қарздор мебошад. Неругоҳи Роғун ҳоло ба кор надаромад аллакай ҳудуди 1 миллиард доллар қарздор аст. Ин аз кадом ҳисоб? Албатта аз ҳисоби дуздиву ғорати амволу ашёи ин корхона аз тарафи роҳбарияти он мебошад. Роҳбари ОАО РоғунГЭСстрой ҳам каси дигар нест, ба ҷуз аз Ҳасан Асадуллозода.

Ана ҳамин тавр ГЭС –и Роғун ба тавлиду истеҳсол шуруъ накарда наздики як миллиард доллар қарздор аст. Ва то охири сохтмони ин неругоҳ, ки Раҳмонов ва чоплусонаш лоф мезананд, ки сабаби аз ин вазъияти асарбори иқтисодӣ раҳонидан  мешавад, худо медонад боз чанд миллион доллари дигар қарздор мешавад.

Феълан ду агрегати таҷрибавии он ба истифода дода шудааст. Ҳоло боз 4 тои дигар бояд ба кор дарояд. Агар ҳар дуто аз ин агрегатҳо як миллиарддолларӣ қарздор шаванд, пас то поёни кор ин корхона бо 3 миллиард қарз бузургтарин корхонаи давлатии қарздори Тоҷикистон хоҳад буд ва табиист, ки дар ин ҳолат боз ҳам ин мардуми камбағал ва буҷаи ночизи ҳамин мардум аст, ки ба гардониданашон ин қарзҳо вобаста мешаванд, ҳамчуноне, ки фоидаи роҳи сохтаи хитоиҳо дар масири Душанбе Хуҷандро аз ҳисоби бюҷет пардохта истодаанду аммо фоидаашро бошад Озодаи Раҳмонова духтари Эмомалӣ Раҳмонов хурда истоааст. Яъне ҳамон ширкати пулчинаки IRS, ки дар рӯз миллион-миллион даромад дорад.

 Хулоса, ман гуфтаниям, ки ин оилаи Раҳмонов аз тамоми ҷиҳат бар зарари ин мардум ва ин миллат аст.

Ин панҷуним миллиард доллари қарзи назди давлат, бори  дигар гуфтаниам, ки аз они ширкат ва корхонаҳое аст, ки ба Раҳмонов ва наздикони вай вобаста аст. Масалан ҳамин ду аэропорти Душанбе ва Хуҷанд ба Исмати дулик ва Қурбони Узбеков ё Қурбони Қиҷил, ки қудоҳои фарзандони Раҳмонованд тааллуқ доранд.

То замоне аз ин оила тоҷикон халос нашаванд, руи ободӣ ва нони сериро нахоҳанд дид!.

                                  Москва

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз як ҳодисае, ки худам бевосита аз сар гузаронидам  ҳикоят карданиам. Ҳамин тавр шуд, ки дар як таксӣ дар вилояти Владимир нишастам. Дар асл ин мошин таксӣ набуд. Онро попутчик мешавад гуфт, чунки дар идомаи роҳ маълум гардид, ки корманди пулиси Маскав аст. Кори ин нафар чунин буда, ки нафарони дар розиск эълоншударо дастгир ва ба мақомоти давлати месупоридааст. Гуфт ҳамтоёнашон аз дигар кишварҳо меоянд ва онҳо он нафар ё нафаронеро, ки таҳти ҷустуҷуянд дастгир менамоянд ва таслими эшон мекунанд ва онҳо мебаранд ба ватан.

Дар роҳ ҳамсуҳбат шудам ва дар аснои суҳбат ман саволаш додам, ки чунин нафарон аз Тоҷикистон зиёданд ё кам? Нафарони таҳти таъқибу ҷустуҷу, яъне дар розиск буда. Гуфт беҳад зиёд. Аз ҳама зиёд гуфт аз Тоҷикистон меқапем. Мо онҳоро меқапем, милисаҳои тоҷик меоянд, ба онҳо месупорем ва онҳо мегиранду мераванд.

  Баъд дар бораи делоҳо пурсидамаш. Масалан вақте аз Тоҷикистон дар  розиск эълон мекунанд, шумо иттиҳом ва шахсияти онҳоро тафтиш мекунед? Яъне мақомоти Русия онҳоеро, ки розиск эълон  ва сипас дастгир мешаванд, тафтиш мекунанд?

Гуфт, бале. Бе тафтиш касе дастгир ва супорида намешавад.

Гуфтам, ки онҳое, ки Тоҷикистон дар розиск медиҳад аз 100% 99% аш дуруғ аст. Ҳамон нафар, ки таҳти таъқиб қарор мегирад, дар асл ҳиҷ гуноҳе накардааст!

Онҳоро бардуруғ салафӣ мезананд, террорист мезананд. Аммо як барбари онҳо ҳиҷ айбе надоранд. Вагарна тоҷик террорист нест, чизе накардааст, ҳамаи инро Раҳмонов кардааст. Вай баргашту ба тарафам нигоҳ кард. Ҳардуямон дар мошин тоқа будем. Гуфт сабр кунед, шояд гуфт нобудаш мекунанд ё меравад ё шояд хуб мешавад. «Ман ҳам мефаҳмам» гуфт  ва афзуд, ки «аммо аз мо боз дар боло калонҳоанд, кор ба онҳо меравад».

Рости гап худам  урусиро он қадар хуб намедонам,чала- пала гап мезанам.

Тарафам гашту пурсид, ки «дар бораи Крокус чи фикр дорӣ»? Гуфт фикр мекунӣ «дар ҳақиқат онҳо тоҷик буданд ё  подстава буд»? Гуфтам, рости гап, ман намедонам инро. Ман дар кор будам, шалпар шудаву хоб  кардам. Аз чизе хабар надоштам. Саҳар хестам, ки дар Ютуб пур шудааст: тоҷикҳо теракт кардаанд. Гуфтам ман дар ин бора чизе гуфта наметонам.

Гуфт, ки ман рус ҳастам, корманди органам. Аммо ман ба ту мегуям, ки ана ҳамон инсонҳо дар инҷо ҳамроҳ нестанд. Ҳамонҳое, ки дар ин кор гунаҳкор дониста шудаанд, ин корро кардагӣ нестанд, онҳо нестанд. Гуфт, ки як нафарашро аз вилояти Владимир қапиданд. Ҳамон нафар дар кор буд. Вақте ки ин ҳодиса руй дод, вай дар ҷойи кораш ва машғули кор буд, онҷо набуд. Ӯро  маҷбурӣ дар гарданаш бор карданд. Гуфт, ки ман ҳам мефаҳмам.

Хулоса, хеле суҳбаи кардам. Баъдан дар бораи помириҳо ва язгуломиҳо суҳбат кардам ҳамроҳаш. Гуфтам аз соли 2020 ва 2022 аҳволи помириҳоро беҳад бад карданд. Болояшон сахт зулм ва ҳоло ҳам шуда истодааст.

 Гуфт медонам, хабар дорам. Гуфт ҳаррӯз як нафар, ду нафар ва севу чор нафар тоҷикро меқапем. Дар ҳафта ба камияш чор-панҷ тоҷик дастгир мешавад. Ва меоянду мегиранду мебаранд ба Тоҷикистон. Дар ин миён баъзеҳо ҳиллаву найранг мекунанду «доляи калон» медиҳанду аз истирдод худро халос мекунанд.

 Боз дар бораи кор аз ман пурсид. Гуфт милисаҳои шумо баробари садҳазор рубл маош мегирифтаанд.

 Гуфтам 100% дуруғ аст. Ин тавр маош тамоман дар Тоҷикистон нест. Аммо гуфтам, ки ришвату порагирӣ ба авҷи аъло расидагӣ аст. Масалан милиса бошӣ, метавонӣ бар ивази панҷоҳ ҳазор дар сатҳи як афсари қаторӣ зуд рутбаи генералӣ бигирӣ. Дилхоҳ корро бо пул ҳал мекунӣ дар Тоҷикистон. Чунки як қавми гушна сари қудрат омадааст ва давлату ҳукуматро фақат пул медонанд.

 Гуфтам агар музди маош дар Тоҷикистон баробар ба 40 000 рубли русӣ бошад, касе Русия коркобӣ намеояд. Масалан хитоиҳо ҳозир ширкатҳои зиёд доранд. Маоши онҳо аз 12 то 18-сомонӣ ва дастҳояшон фақат дар киса аммо тоҷик маошаш се-чор ҳазор. Ин бист ҳазори русӣ ҳам намешавад. Бо ин пул чи кор мекунӣ? Мехурӣ, мепушӣ, роҳкиро ва пули квартира месупорӣ, чи кор мекунӣ?

Дар худи ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон бошад фақат кидат ва фанду фиреб. Худи ман дар ширкати сохтмонии Бег Сабури қудои президент ва вазири алоқа кор кардам сумамро надод. Гуфт, ки бар ивази маошатон пиёз гиреду бареду хуред. Барои ҳамин аст, ки ҳоло аз Тоҷикистон марду зану гулаку гудак хеста Русия омада истодаанд. Мехостам бисёр саволаш диҳам, аммо тарисдам, ки боз мабодо худи маро ба ментҳои Тоҷикистон насупорад, чунки ба инҳо тоҷикҳо барои боздошт пул медиҳад…

                           Бохтар

      Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ҳозир видеои конфронси “Ҷаҳони мусалмонон ва Русия”-ро тамошо кардам. Э ба Аллоҳ қасам инҳо-мақомдорон ҳамааш аҳмақ. Охир ҳамон конфронс дар Қазони Тотористон гузашт, мемуранд, ки ду намоянда раванд, на тариқи интернет баромад бикунанд. Интернети намояндаи Тоҷикистон ҳам мисли сангпушт. Дар онҷо инвесторони рус ошкоро гуфтанд, ки ба бозори Тоҷикистон даромадан мушкил, бо сабабҳои техникӣ. Ба ростӣ, аввал нафаҳмидам чи маъно дошт он суханҳо. Баъд фаҳмидам, ки Раҳмонов  мисли сабукпоҳо қаҳр карда гоҳ биё, гоҳ набиё  мегуфтааст инвесторҳоро. Аммо намояндаҳои “Сомон-инвест” ҳузур доштанд. Инвесторони рус гуфтанд заводҳои аз шуравӣ монда ҳамааш хароб, аз нав сохтан лозим, мо аз маблағи худ ҳамаро месозем. Он станокҳои шуравӣ дар Душанбе, масалан якеаш коргоҳи запчасти трактор буд ҳамонро ҳам металлолом карданд ин ҳаромиҳо. Бовар кунед, ки инҳо моро шармандаи ду олам мекунанд. Наход дар тамоми Ҳукумат ду нафаре, ки русиро хуб донад ёфт нашуд. Чунон аламам меояд бародар. Мо бачаҳои хондагӣ мисли ҷугиҳои беватан чор канори дунё ҳайрону сарсон гаштаем, аммо онҳо бошанд танҳо айшу ишратро медонанд. Чи хел одам ҳастанд онҳо.

  Ҳозир бизнесмени рус дигар илоҷ надорад онҳоро ба Тоҷикистон овардан лозим. 100-ҳо коргоҳи калон кушодан мумкин. Охир ин миллат аз он қабилаҳои ақибмондаи Африқою Полинезия набошанд, мо ҳам соҳиби илм ҳастем. Аз ҳама хубиаш он, ки мардуми мо танбал нестанд ва аз кор наметарсанд. Аз кор метарсиданд Русия рафта сохтмону дигар корҳоро намекарданд. То кай давом мекунад, ин вазъу ҳол? Ҷалби инвеститсия фақат пул нест, балки садҳову ҳазорҳо ҷойи корӣ аст. Бовар кунед, ки танҳо дар соҳаи турзими куҳӣ дар Тоҷикистон мешавад садҳо миллион доллар ба халқу давлат даромад овард. Бизнесменҳои рус ҳозир ҷойи сармоягузорӣ кофта истодаанд. Аммо Раҳмонов фақат дар фикри оилаи худаш асту халос. Инро ҳамаи мардум медонад.

                                       Душанбе

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мо як гуруҳи калони муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия барномаҳои Шуморо тамошо мекунем ва бовар дорем, ки умри ин режими зиддихалқии Эмомалӣ Раҳмонов ба охир расида истодааст.

  Бовар кунед, ки ҳоли мо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳаррӯз бадтар шуда истодааст. Муносибати мақомоти қудратии ин кишвар махсусан пулис бисёр ҳам дигар шуд.

 Ҳоло қонунеро бароварданд, ки акнун милисаву сарҳадчиҳо ҳам моро дар давоми ду сутка аз кишварашон метавонанд пеш кунанд. Ин тавр суду даъвову шикоят не, дарҳол мегиранду депортатсияат мекунанд.

     Мо намедонем, ки Раҳмонов бо куҷои танаш -бо сараш ё бо кунаш фикр мекарда бошад? Ин ҳама айшу ишрату пулу молу хонаҳои мисли қасру кушк ва мошинҳову аспҳои чандмиллиондолларии Раҳмонов оилааш аз куҷо? Инро фикр мекарда бошад, ки агар ин садҳо ҳазор тоҷикистонӣ баргардонида шаванд, ҳукумати Раҳмонов чанд вақт даъво  медиҳад? Ин лашкари бепулу бе нон дар кишвар чи кор мекунад? Нигоҳ карда мешинад, ки кай Раҳмонов барои онҳо ҷойи кор фароҳам мекунад? Аммо Рустаму Сомону Исмоили дастбахайру Анушервону ҷураву рафиқонаш кайфу сафо карда мегарданд? Аз лингашон мегиранду ба замин мезананду ба хоки сиёҳ яксон мекунанд.

 Гушна ба шер задааст мегуянд. 

  Раҳмонов бояд бо русҳо робитаи хуб дошта бошад. Аммо то ҷое медонем, ҳозир вазъият ин тавр нест. Раҳмонов бо Хитой часпонида истодааст. Вале Хитой ҳеҷ гоҳ ҷойи Русияро гирифта наметавонад.

  Раҳмонов барои тиҷорати оилаи худаш ва Хитой шуда ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ворид намешавад. Вагарна агар шомил бишавад барои ин лашкари бузурги муҳоҷирони кории тоҷик фоидаи зиёд ба даст меояд. Мо аз пардохти патентпулӣ озод мешавем, мо метавонем дар ҳар соҳа кор кунем, мо метавонем, ки вақти нафақа аз ҳамин ҳисоб ба нафақа бароем, фарзандони мо мактаби ройгон мехонанд, дар аэропортҳо, дар шуъбаҳои милиса ин қадар хору залил намешавем. Фақат аз ҳисоби пули патент, бовар кунед, ки ду миллиард доллар муҳоҷирҳо фоида мекунанд.

Ин гапҳо, ки шумораи муҳоҷирҳо панҷсаду шашсадҳазор аст дуруғи маҳз аст. 80-90% аҳолии қобили кори Тоҷикистон ҳоло дар Русия аст. Шояд шумораи занҳои кори тоҷик, на мардҳои кор аз дусад-сесадҳазор зиёдтар шуда бошад.

Ин ҳама мардум баргарданду раванд Раҳмонов онҳоро бо чи сер мекунад?

Дар Тоҷикистон ҳатман митингҳо доир мешавад ва боз ҷангу хунрезӣ мешавад.

                                             Ёвон

   Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол. Мо як гуруҳ ҷавонон аз ноҳияи Ёвон мебошем. Хоҳиш менамоем номаи моро нашр кунед ва руи навор оред. Домулло шумо аз ноҳияи Ёвон як –ду сол пеш дар бораи Бахтиёр Қурбонов барнома карда будед. Он барнома сад дар сад дуруст аст.

Аммо, мутаассифона  то ҳол ягон мақомот чора надида истодааст. То ҳол бародараш Навруз Қурбонов дар озодӣ мегардад. Гӯё ки ягон мурғеро кушта бошад.

  Бахтиёр Қурбонов 37- сола аст. Пеш дар исполкоми ноҳияи Ёвон кор мекард. Баъд аз чанд сол ба курсии раис ЗАГС нишаст. Тақрибан 8 сол кор кард. Дар мудати 8 соли кориаш дар Ёвон мардуми кабағалро бисёри бад азият дод. Дар ин мудати 8 сол кориаш се бор коррупсия қапид аммо беш аз 30 ҳазор доллар бо гуфтаи худашон дода халос шуд.

Сумро худи Бахтиёр Қурбонов намегирифт. Як бузак дорад, ки пули пораро ҳамон мегирифт. Дар аксе, ки дар дастатон расид ҳардуяшон истодаанд. Бузакро коррпусия меқапад ва ба дунбол худи Бахтиёрро. Баъд Бахтиёр ба коррупсия мегуяд, ки ман тайёрам, ки чанд суме гуед диҳам. Хулоса дар як навбати дастгиршавиаш якҷо бо бузакаш 30 000 доллар пора дода халос шуданд.

Бахтиёр барои як шаҳодатнома 400-500 сомонӣ мегирад. Аз панҷ ҳазор сомонӣ то ҳашт ҳазор сомонӣ барои як загранпаспорт мегирифт. То ҳадде пул масташон карда буд, ки бародарон ҳамагӣ ба зинокорӣ машғул буданд. Ҳатто ба мардак мерасиданд. Валлоҳ, биллоҳ Фируз Қурбонов Раҳим ном шахсро мисли зан истифода мебурд. Ин ҳаромзодаи Бахтиёр Қурбонов  чор бародар дорад, ки ҳамаашон зинопешаанд. Бародари хурдиашон талабаи мактабро таҷовуз кард, аммо ба занӣ нагирифт. Навруз Қурбонов муаллима Маҳинбонуро таҷовуз карда мегашт, ки ин муаллима худи ҳамин Навруз Қурбоновро дарс додагӣ мебошад.

  Ин муалима аз модари Бахтиёр Қурбонов ягон фарқият надорад, аммо дар зино ҷойи аввалро мегирад.

Ман як пешниҳод дорам, ба хусус ба падари Бахтиёр Қурбонов. Аммо аз ман наранҷ. Медонам ту як …. Медонем, ки бо зани якумат зиндагии ҳаром дорӣ. 100% ҳама медонанд чи шуд ва чи гузашт аммо сараш надодӣ. Зани дуюм гирифтӣ

Бародар шумо пештар дар бораи Фурқат ва дар бораи директори мактаби 35 Давлатов Фарҳод гуфат буд. Ҳарфҳои шумо сад-дар-сад дар бораи инҳо дуруст мебошад.

Фарҳод Давлатов, директори мактаб чанд вақт пештар аз бачаҳо 150 сомонӣ ҷамъ кард. Мактаб 2600 хонанда дорад. Агар барои таъмири мактаб аз ин пул 50 сомонӣ сарф кунад, боқиаш дар ҷайби худаш мемонад. Боз ҳар моҳ ба камиаш 50 сомонӣ ҷамъ мекунад, пули газета гуфта, пули бур гуфта, хуллас на кам аз 50 сомонӣ дар моҳ мегирад. Ҳар хона дар инҷо барои мактаб расход дорад. Мисле мегуфта бошӣ дар ягон Донишгоҳи пулакӣ хонда истода бошӣ. Аз ҳукумат ҳар сол барои таъмир ба ҳар мактаб 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Аммо ҳамагӣ 20 ҳазор сомонӣ қабул мекунад. Чун ин кор аллакай дар сатҳи ноҳия «ҳал» мешавад. Ҳар як дирктор ба 50 ҳазор сомонӣ имзо мекунад аммо 20 ҳазор сомонӣ мегирад.

Соли гузашта Фарҳод Давлатов бо ҳамроҳии домулло Раҳматулло хона ба хона гашт, ки халқ суми ремонти мактабро диҳад. Баъд халқ гуфт, ки ҳукумат мурдагӣ аст чи, ки мо медиҳем. Ҳамонҷо Фарҳоди директори мактаб гуфт, ки ҳукумати ноҳия 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд, аммо аз район то қишлоқ 20 ҳазор сомонӣ мемонад. Баъд халқ гуфт, ки чаро? Возеҳтар фаҳмон. Баъд гуфт, ки ҳукумат дар асл 50 ҳазор сомонӣ медиҳад, ман ба ин панҷоҳ ҳазор сомонӣ имзо мекунам, вале панҷоҳ ҳазор сомонӣ намедиҳад, 20 ҳазрр сомонӣ медиҳаду халос. Аммо агар аз вилоят проверка оянд ман чи ҷавоб медиҳам, гуфта пурра аз суми ҳукумат отказ карда ба халқи қишлоқ гуфтааст, ки фарзандони шумо  мехонад, ку. Биёед сум ҷамъ кунем,таъмир кунем мактабро.

Халқ ночор аз масҷидҳо барои мактаб сум ҷамъ кард. Дар мактаб тамоман ба талабаҳо сабақ намедиҳанд. Муаллимаҳо руирост мегуянд, ки мехонӣ намехонӣ барои ман  фарқ надорад, мо пулро гирифта истодаем. Нахонӣ ҳам пули ман омада истодааст. Ҷойи шумо Русия аст, аммо ҳоло соф дузду бесавод руи вазифа омадаанд. Аз тарафи ҳукумат замин барои мактаб, беморхона ва стадион ҷудо карданд, аммо аз тарафи ҷамоат хонаҳо тақсимаш карданд: 6 сотикӣ. Аммо хонаталаб, заминхоҳ зиёд шуд нарасид. Дар мактаби куҳна ду синфхона сохтанд, аммо аз ҳукумат омаданду гуфтанд, ки беиҷозат сохтаед ва директорро ҷарима карданд.

Шумо дар бораи Рустам Тоҷиддинов ҳам дар барномаҳои қаблиатон гуфта будед, вай воқеан ҳам буз мебошад.

   Якум Рустам Тоҷиддинов бо ҳамроҳи писараш Суҳроб, дуюм Мулло Абдураҳмон, сеюм Шодибек, чорум Зайдулло бо писараш дар Душанбе, ки дар военний кор мекунад, ки пеш буз буд. Боз занҳо ҳам ҳастанд, аммо исми занҳо махфӣ мебошад. Аммо якчандтои дигар ҳастанд, ки агар ислоҳ нашаванд ,идома бидиҳанд, ошкор хоҳанд шуд!.

Share This Article