Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№171   

Ислоҳ нет

Мову шумо хуб медонем, ки Раҳмонов бо ислому масҷид миёнаи хуб надорад. Худоро қабул надорад. Аммо лозим шавад хонаи худоро ба манфиати шахсиаш истифода мебарад. Манзури мо ин нест, ки имомхатибҳо мавъизаҳову хутбаҳоро барои ва ба номи Раҳмонов мекунанд. Гап дар бораи ҳодисаи дигар меравад. Ва ин ҳодиса дар Исфара рух додааст. Як дастаи мусаллаҳи махсус ду сол мешавад, ки яке аз масҷидҳои инҷоро тасарруф ва ишғол кардаанд:

                                   Исфара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар Исфара зиндагӣ мекунем. Деҳаи мо як деҳаи ҷангзадаи ҷанги тоҷику қирғиз аст. Ними деҳаи мо ба ҷамоати шаҳрак нигоҳ мекунад. Ними дигараш ба ҷамоати деҳаи Сурх. Инҷо 130-140 хонавода ба сар мебарад. Мо як масҷид дорем. Дар вақти ҷанги бо қирғиз спетсназҳои МВД-ро оварда дар масҷиди мо ҷо карда буданд. Тақрибан якуним сол нарафтанд.

 Масҷид  маҳкам буд. Чор мусафеде, ки дорем ҳеҷ ҷо баромада наметавонанд. Ҳамонҷое, ки мебаромаданду бо ҳам суҳбат мекарданд масҷид буд, ки ҳамонҷоро ҳам маҳкам карданд. Сарбозу нируҳои махсуси дунёро овардагӣ. Танҳо хурдаву хобанд. Як нафарро ту бачаатро ба хизмат надодӣ гуфта (вай оилавӣ Русия рафта буд) дар хонааш шишта буданд ва масҷидро холӣ карданд. Ана боз шаш-ҳафт моҳ  гузашта буд, ки он бача омада хонаи маро холӣ кунед гуфт. Ана акнун ҳозир омаданду боз масҷид даромаданд. Баъди баромадани онҳо масҷидро мардум  таъмир ва зебо карда буданд, гилемҳояшро партофта курпачаҳои нав андохта буданд. Боз омада масҷид даромада гирифтаанд. Ва боз ҳамон чор одаме, ки  намоз мехонд аз масҷид берун монда сахт зиқ шуда истодаанд:

«Ҳамин якҷои мерафтагӣ масҷид доштем, ки боз он бадбахтҳо омада гирифтанд. Дар дари масҷид қуфл заданд».

Ду сол пеш, моҳи сентябр вақте бо қирғиз ҷанг сар шуд, моро аз масҷид ронданду дар масҷид омада шиштанд. Қариб ду сол шиштанд. Ҳафт моҳ пеш хонаи як одам рафта шишта буданд. Онҳо баргаштанд аз Русия ва ин спетсназҳо боз омаданд масҷид. Пештар масҷидро ҷазир карда буданд. Ҳатто аристон (обгармкунанак)ашро  канда рафта буданд. Мардум аристонҳои нав харида таҳоратхонаи тоза сохта ҳамаҷоро нав карда буданд. Инҳо боз омаданду даромаданду шиштанд.

Онҷо хонаи худо аст. Аммо дар даҳони инҳо ҳамеша садои дашному ҳақорат ва фалони очаву отаҳояшон овезон: ачата фалон кунум,к..и ача аз руи ҳавлии масҷид бакуча мебарояд. Аллоҳ хоратон кунад наход хонаи Худоро дашномхона кунед ва эҳтироми ин хонаро риъоят накунеду ба ҷой наоваред? Як лагер дорем дар пушти масҷид. Онҷоро погранзастава военний част  кардгианд. Лекин ҷойҳои холӣ ҳаст. Мо намедонем чаро ин бадбахтҳоро оварда дар масҷид партофтаанд. 

Раиси ҷамати деҳоти Сурх се сол шуд ҳамон одам аст. Инҷо як маҳаллаи майда. Барои ҳамин ду маҳалла якто шудагӣ. Номаш маҳаллаи Чорбоғ, ки пеш Қарабоғ мегуфтанд. Талаби мо ин аст, ки ин спетсназҳоро аз масҷид берун кунанд ва ҷойи мусафедҳои моро нагиранд. Муйсафедони мо гиря доранд,ки моро аз масҷидамон маҳрум кардаанд инҳо.  

                                             Ҳисор

        Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз деҳаи Гаҷаки ноҳияи Ҳисор ҳастам. Ҳоло дар Русия кор мекунам. Дар мактаби №24-и ба номи Рустам Назарови деҳа бениҳоят зулм рафта истодааст.

Як директори нав омад, аниқтараш оварданд. Кадом ҷияни Қосим Роҳбар будааст. Кадом талаба аз бозор хариди либоси мактабӣ кардааст. Ӯро зада маҷбур кардааст, ки аз мактаб либос гиранд. Боз маҷбур карда истодааст, ки то 9 сентябр пули китобҳоро супоранд. Ин муаллима хуҷандӣ аст. Боз 10 нафар притсеп овардааст ҳамроҳаш. Тамоми мактабро ғасб карда гирифтааст. Ягон кас шикоят кунад кабинет дароварда таҳдид мекунад. Номи ин муаллима Юнусова Наргиса аст. Ин аждаҳори гушна на ба муаллим ва на ба талабаҳо раҳм дорад. Агар шикоят кунӣ 4 милисаро ҳамроҳаш оварда таҳдид мекунад. Ягон касро пешаш даромадан намемонад. Мардуми Гаҷакро ҷушида хоб аст. Мардуми Гаҷак мурғ шудагианд. Як қисмаш бузи бегонапараст. Наход дар як деҳаи калон як директор наёфтед?. Мактаб барои хонанда аст. Аммо айни замон мактаб 1300 талаба дорад. Синфхона намерасад. Мо фаҳмидем, ки ин директорро дар ягонҷо ба кор нагирифтаанд. Аммо ҳамон Қосим Роҳбар оварду монд. Акнун кана барин часпидааст. Раиси маҳалла дар ин зулм ту ҳам шарик ҳастӣ. Мемуред, ки синфхонаҳои изофӣ созед? Директори номуҳтарами мактаб барои либос, бизнеси дигарҳо бачаҳои моро назан. Аз руи шунавидаи мо худи ту ҳам дар фоидаи ин либосҳои мактабӣ шарик ҳастӣ. Барои ҳамин ба муаллимҳо, роҳбарони синфҳо ба зурӣ формаҳоро додаӣ, ки ба талабаҳо фурӯхта сумашро ба дасти ту диҳанд

                                  Истаравшан  

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам сиҳату саломат ҳастед. Ман дар шаҳри Истаравшан, деҳаи Ниҷонӣ зиндагӣ мекунам. Як навиштаи ман дар шумораи 155-и «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп шуд. Ин номаам дар барои деҳаи Ниҷонӣ мебошад.

Аввал дар бораи соҳаи маориф гап мезанам. Дар мактаби 55 ба номи Акмал Ҳомидов директор Достон аст бо лақаби зонтик. Мактабро таъмир намуданд. Боз   10-12 синфхона сохтанд. Аз муаллимҳо 200 -300 сомонӣ ҷамъ карданд. Боз ҳар як муаллим 5 -6 -7 рӯз бепул кор кард. Боз як чиз аламовар аст. Аз маорифи Истаравшан ҳар руз ду 3 ҳаромхур омада меистад. Боз ба талабаҳо формаи мактабиро маҷбурӣ фурӯхта истодаанд.

Мактаби дуввум рақами 9 аст ба номи Т.Зиёвиддинов. Директори мактаб Қушназарова Саодат як ҳаромхури зинокор. Мутаассифона, ин директори мактаб ба мисли як корманди барделҳо аст. Дар бораи беҷогардиҳову квартира ба квартира ҷурабозиҳову рестораншиниҳои ин директор мо маълумоти кофӣ дар даст дорем.

Директори мактаб ба фурӯши формаи мактабӣ чи кор дорад, ки ин директор талабаҳоро маҷбур мекунад. Агар талаба гуяд, ки ман аз дигар ҷо дастрас кардам туро ба амният месупорам гуфта тарс медиҳад.

 Боз аламовараш ин аст, ки аз баъзе фанҳо 6- 8 соат дарсро гирифта ба кадом муаллиме, ки дарсаш кам бошад, мефурӯшад. Нархи як  соат дарс барои як сол 150 сомонӣ. Валлоҳи як беҷогарде аст, ки зери дасташ 25 -30 мард кор мекунад.

Агар дар мактаб духтарҳо  сараш румол ё ҳиҷоб бошад ана акнун тамом. Дар бало мемонад падару модари он духтар. Ин директор омаду чандин муаллимҳои ботаҷрибаро  аз мактаб сур кард. 

Раиси қишлоқ ҳам як хоҳари Саодат. Номаш Қушназарова Нилуфар. Ин ҳам аз апааш ягон зарра фарқ намекунад. Бо ҳар баҳона ҳар рӯз аз мардум пул ҷамъ мекунад. Ном ба ном менависам: 

1) барои мактабро нав сохтан 

2) бари об 

3) барои асфалт

4) барои барқ 

5) барои  налог 

6) барои пожар

7) стансияи барқӣ чапа шуд ё сухт.

 Ҳама стансияҳои аз падарам калон. Газ ба нархи бензин расид. Дар деҳаи Ниҷонӣ чанд ҳазор мардҳо ҳастанд. Эй мардҳо биёед ин ҳаромхурро аз раисӣ сур кунем ва Абдурашидро аз нав раис монем.

Ин мардро подстава карда аз кор ронданд. Абдурашид хуб марде буд. Эй, мардҳои ниҷонӣ, куҷо рафт ғурури шумо, ору номуси мардии шумо? 

«Ислоҳ.тв»-ро ҳама мебинад. Нависед, натарсед. 2 сол бозо мебинам, лайк мемонам, ягон чиз нашуд. Аз Эмомтапак натарсед. Замин осмон дар дасти парвардигор аст. Аз дасти Эмомтапак ягон чиз намеояд.

Боз дар бораи зоишгоҳ-роддоми Истаравшан. Дар ин бемористон аз охрана сар карда то главврачаш пул мепурсад ва ду чашмаш ба дасти бемору соҳиби бемор. Ҷойи хобонидани кудак пул мепурсад, кроват пул мепурсад, доя пул мепусрсад. Хуллас, инҷо ҳар касе халати сафед дорад, ҳатто ҳамон ошхоначӣ ҳам аз зани кудак ба дунё оварда пул мепурсад. Обший барои як тифлро то берун аз зоишгоҳ бароврадан то 2500 сомонӣ мепарӣ. Аммо маоши корманди ин зоишгоҳ, манзурам ҳамон врачҳо 1800-2300 сомонӣ аст.

Пеш аз туй барои аз духтур гузаштан рафтам. Духтур гуфт, ки аврататро нишон деҳ. Ман рад карда гуфтам, ки ин кор дар дину оини мо дуруст намегирад. Ва гуфтам, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи вассалам гуфтанд, ки …..Аммо гуфт, ки   пайғамбар гуфтан мегирад ман аврати туро диданам даркор, ба пайғамбар бовар  надорам, ту ба ман маъруза накун. Агар нишон надиҳӣ пулте печат монда медиҳам. 

Ман пештар гуфтам, ки мактаби 55 бо ҳашар ва пули муаллимҳо таъмир карда шуд. Аммо ҳамон вақт аз маориф ҳар рӯз ду ҳаромхури коррупсионер омада болои муаллимҳо меистод. Боз аламовараш ин ки 1000 сомонӣ ба ҳар яктоаш доданд. Ин чи хел давлату давлатдорӣ аст, намедонам. 

 Бародар ин номаи маро нашр намоед. Номаи пешинаи маро дар шумораи 155 бароварда будед. Ҳамаи қишлоқ дид. Қишлоқи мо дар «Ислоҳ.тв» баромад гуфта ҳама тамошо кард. Ҳозир ҳам ҳама мебинанд.

                                              Мастчоҳ

 Салому дуруди бепоëн ба Шумо ҳайати эҷодии тими «Ислоҳ». Ташаккури зиëд ба Шумо, ки номаи ирсол намудаамро дар барномаи «Номаҳо»  дар №162 (дар мавриди фурӯхтани замин ба Узбакистон) ҷой додед. То ин дам банда худ, ки хонандаи доимии шумо ҳастам фикр мекардам, ки баъзе номаҳо бофтаи «Ислоҳ» мебошанд. Ва баъде оне, ки номаи худро фиристодам бе ягон тағир, ҳатто бе ягон калимаи зиëдатӣ нашр кардед, фаҳмидам ва  боварии комил ҳосил намудам, ки ягон камбудӣ, ғалат ë туҳмат дар «Ислоҳ» дида намешавад. Сад дар сад ҳар як калима аз мардум мебошад. Ва мардумро даъват менамоям нависед, ҳар он чи мегузарад, ҳар он ҷое ноҳақиеро мебинед, чи аз зулму ситам, чи аз пора нависед ва боварии комил ҳосил намоед, ки исму насаби шумо маҳфуз боқӣ хоҳад монд.

Хуб мегузарем ба ҳолати дарунии КМҶТ, ки сарбозон чи ҳол доранду афсарон чи муомила доранду чи мехуранду чи мепушанд. Сараввал инро хостам гуям, ки ман во нахурдам афсар ë прапоршикеро, ки бе дашном сухан гуяд.

Даромадан замон ба Маркази таълимии ноҳияи Спитамен қисми ҳарбии 0230 ба мо сару либос дода шуд. Вой! Танҳо вой метавон гуфт бародари азиз! Дар маркази таълимии Спитамен гуруснагии сарбозон дар дараҷаи олӣ аст. На танҳо сарбозон, ҳатто афсарон тамоми полковникҳо нишаста гарохшурбо мехуранд, чи расад ба сарбозон. Афсарон ҳама мисли муш аз паи сарбозон, ки телефони якеашро пайдо кунам, ҳеҷ набошад як обедча ташкил кунанд. Аз маоше ба сарбозон барои молу амволи шахсӣ (собун, хамираи дандоншуӣ, ҷуроб ва ғайра) дар тули хизмат дода мешавад, ман боре он пулро қапидан он су истад, ҳатто надидам. Намегуям пул гум мешуд, сардори ротаи мо майор Каримов меовард аз маоши мо, ки 29 сомонӣ буд. 

1). Собун – 80 дирам

2). Шоткаи дандоншуӣ – 1 сомонӣ

3). Хамираи данданшуи -1,5 сомонӣ

4). 2 жилети ë ин, ки станоки ришгирӣ 

Инҳо буданд барои як моҳ. Бо он жилетҳое, ки ба мо медоданд, ҳатто бо 4 -тои ин жилетхо риши баъзе аз сарбозро, ки риши ғафс дошт, гирифтан имкон надошт. Ва ин 2 жилет ë ин, ки станок танҳо барои риш не, барои тамоми бадан ба муддати як моҳ дода мешуд. Дигар чорае набуд, пусткан карда руйҳоямонро риш мегирифтем, бо оби хунук дар болои барф. Тамоми сарбозоне, ки дар 0230 буданд медонанд, ки ман куҷоро дар назар дорам. Ҷое, ки дасту руй мешустем ҳамон баняи тобистона. 

Ба ҳамин тамом ва салом. Касе шояд пурсад дар куҷо ҳаст собун 80 дирам? Вале ман он замонро дар назар дорам ва ҳатто дар баъзе собунхо нархнома (ценники) часпонда шуда буд. Ин ҷинояти якуми майор Каримов. Мутобиқи оиннамомаҳои КМҶТ сарбози оиладор ҳуқуқ дорад ҳар моҳ муддати 2 шабонаруз рухсат шавад.   Сад афсус, ки оинномаҳо ва қонунҳои КМҶТ чун дигар қонунҳо дар коғаз боқӣ мемонанд. Майор Каримов аз ҳар як сарбози оиладор 200 сомонӣ мегирифт ва рухсат мекард, бе иҷозаи муовинони командири қисми ҳарбӣ. Ҳатто онҳо огоҳ намешуданд. Ва худ мегуфт “Ича ма сардори ротайм, ма гап мезанм, фақат ма задагийм командира кати муовинош”. Хуллас, медидам чи рузи сахт, қин, азоб болои сари сарбозони оиладор.

Муддати 6 моҳ бо гуруснагӣ дар он ҷо хизмат кардем ва омадем ба отряди сарҳадии  0201 ноҳияи Мастчоҳ яъне интиқол-перевод шудем. Ва моро баъди 2 рӯз ба ДС-и 3юми Деҳсор равон намуданд ва шуруъ шуд хизмат. Дар мавриди лату куб (дедовщина) сухан намегуям, чунки ба ҳамагон маълум аст. Аз навраси мактаб то пири барҷомонда ҳамагӣ огоҳ ҳастанд, ки “хар дар даруни замини кишт он қадар шатта намехурад, мисли сарбозони Точикистон”. Даромадан замон ба ДС пойафзолҳо (берсиҳоямон) ва тасмаҳои миëнамон (бляхаҳоямон) ва кулоҳҳоям шаби аввал дар ДС аллакай соҳибони аслии худро ëфтанд. Сардори ДС капитан Ҳабибов Файзалӣ ҷони мардум ва молдорони деҳаи Деҳсорро ба нуги бинӣ оварда буд. Сари ҳар моҳ як буз ва як гусфанд мегирифт ва иҷозат медод, ки лаб ба лаби симхор молҳо бичаранд. Ва ҳангоми фиристодани наряд дар фармон мегуфт “Лав -лави симхор чтоб ягон пашша набоша” . Ба чашму гуши наряди сарҳадӣ хок мепошид. Гуë ин, ки мо сарбозон аз ҳеҷ чизе хабар надорем. Худи чупонҳо ба мо худ мегуфтанд, ки сардори Шумо ин қадар инсони пасти нафскалон аст. Наход, ки сари моҳ 2 сар моли майда нарх монад. Вале чи илоҷ, ки деҳа дар марз қарор дошт ва зиндагии ин мардум дар марз асту чорае надоранд. Капитан Ҳабибов Файзалӣ маҳз барои овардани молҳо аз хонаи мардум сарбозеро барои худ ҷудо намуда буд. Танҳо барои овардани молҳо он сарбоз мерафт ва интихоб намуда сари ҳар моҳ 2 сар гусфанд мегирифт

 Ва боз аз ҳамин деха ба марди дигаре мефурӯхт. Ҳамаи молҳои гирифтааашро маҳз ба он мард мефурӯхт. Сардори ДС ва муовини дуюми ӯ лейтенанти калон Ғозиев Ҳусейн сарбозонро мисли ғуломҳои давраи феодалӣ истифода мебурд. Бо ивази маблағ сарбозонро аз ҳама намуди наряд ба ҷуз 2 часавой (посбони назди дидбонгоҳ) ҳамаро аз наряд озод намуда ба бор кардани тарбуз ба алафдаравӣ ва ҳезум майдакунӣ ҳатто ба сохтмонҳои сокинон равон мекард ва даромад ба даст меовард. (Сарбозеро медонам, ки тули моҳҳои дароз танҳо шабҳо ба ДС меомад ва субҳгоҳон ба вақти подъëм ба деҳа ба кор ба сохтмон мерафт). Ва метавон гуфт ин шикоят нест. Мо баръакс он замон хушҳол мешудем, ки ба хонаи сокинон рафта кор мекунем. Маблағ ку не ва ҳеҷ набошад, шикамҳоямон сер мешавад. Зеро дар ДС приловкае, ки танҳо дар об ҷушонида шудааст, ба худо дар ҷонамон зада буд. Гуфти писари Марями гурсухта шукрона кунед гуëн шукр карда алаф медаравидем, шукр карда тарбуз бор мекардем ва шукр карда хонаҳои сокинони деҳаи Деҳсорро таъмир мекардем, шукр карда чуб майда мекардем ва шукр гуëн хизмат мекардем. Ягон сарбозеро намедидам, ки вақте уро ба кор ба деҳа фиристад у ғамгин ë ин ки “через не хочу” равад. Сардори ДС капитан Ҳабибов Файзалӣ чунон хашмгину бераҳм буд. Пас аз лату куби сардори ДС сарбозро не лаб, не ру не тани обод мемонд. Ва чунон даҳони ифлос дошт, ки сарбозро бе дашном ном намегирифт: Фалонӣ Фалонӣ апа, Фалонӣ Фалонӣ хоҳар гуëн ҷеғ мезад. Худаш ин чи гап, мо сарбоз ë ки ғуломи афсарон. Капитан Ҳабибов вақте ба ДС омад, як бомж буд. Ба ғайр аз як форма дар тан дигар чизе надошт. Ва оҳиста оҳиста аз деҳа хона ба иҷора гирифт, зананшро аз Кулоб ба ин чо овард. Аввал як мошини Жигули 06, пасонтар ӯро фурухта опели хачибек гирифт. Маводи хурокае, ки аз отярд ба ДС-и мо равон  мешуд старшинаи ДС Давлатов Диловар, ман намедонам меъдаи ӯ меъдаи асп буд чи буд 24 ба 7 кору ӯ танҳо хурдан ба телефон гап задан, синну солаш таи 40 бе зан кор танҳо зинокорӣ. Дар деҳа ҳатто ба кадом зане робита дошт. Ва мардуми деҳа ҳама инро медонист.

  Рӯзе мардоне деҳа 10-12 нафар  ба ДС омада старшинаро пурсиданд. Вақте, ки навбатдори ДС ба ӯ расонд Давлатов дар синфхона нишаста буд ва аз тарс мисли токзадагӣ шуд ба навбатдори ДС гуфт рав гуй, ки «старшина ба отряд рафтааст баъди 1 ҳафта меояд». 

Хуллас кадом як зулму фасоди ин давлату ин ҳукуматро гуем. Худи ман ҳукуматро мисли дарахте мебинам, ки фасод мисли кирми дарахт дарунашро кайҳо боз хурдааст. Не об, не барқ не ҷои кор. Не мемонанд зиндагиатро бинӣ. Ин чи намуди давлатдорист. Вале агар ба нуктаи асосӣ назар кунем гунбази бадбахтӣ дар Тоҷикистон ман танҳо раиси ҷумҳуриро мебинам, не вазир не кабирро. Зеро агар худи Раҳмонов дузду золим намешуд вазирону раисони шаҳру ноҳияҳо низ дузду ситампеша намешуданд. Чунончи гуфтаанд :

Абр агар аз қибла хезад сахт борон мешавад, 

Шоҳ агар одил набошад мулк вайрон мешавад.

                         Душанбе

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Мову шумо ғоибона бо ҳамдигар шинос шудем ва намедонам ин чандумин хабару навиштаи ман аст, ки дар «Номаҳо…» чоп мешавад. Воқиан ҳам шумо бо нашри барномаи «Номаҳо…» кори моро осон кардед. Ҳарчизи будагиро мефиристем, шумо лабу лунҷашро рост карда чоп мекунед. Ва ҳоло хабаҳое, ки мехоҳам бароятон бирасонам:

«Омодагиҳои махфӣ барои гузаронидани маҷлиси ғайринавбатии Ҳизби халқии демократиро рафта истодааст». Хокзанҳои Раҳмонов намедонанд чи хел сценарияро пешкаш кунанд, ки то ҳол ин гуна корҳои воқеан баду…. надида буданд. Мондани Рустам як тарафи масъала бошад, боз муовинони раиси ҳизб як дарди сар. «Оҳ яке ира намонем, ки ба да оянда Рустама чнгрык мона. Оҳ ура намонем, ки бо дига кор кна»

Аммо Рустам кай парво дорад. Фақат кайф. Раҳмонов дар бари Рустам муовинҳои боақлу оддӣ ва бидуни амбитсия мехоҳад дар ҳизб монад. Аммо метарсад, ки боақл ҳатман як рӯз не як рӯз лингҳои Рустамро мебардорад. Чунки муовини аввал контроли ҳама чиз, аз ҷумла пул дар дасти вай аст. Вай бояд бисёр содиқ ва прослушанний ва бе амбитсия бошад. Чунин ҷавонро пайдо кардан албатта хело душвор аст.

10- 20 рӯз пас сар мешава лимит. Об нест. Ҳазор проблемаҳои зарурӣ дар пеш. Бюҷет комилан холӣ. Кураторони авлод чи коре кардиян, ки бюҷет холӣ аст.   Раҳмонов ягон амр медиҳад, ки «ай бюджет, ай фонди Президент гирен», аммо нест. Дар коғазхо ҳасту дар касса нест. Вақтхои охир Раҳмонов сахт менушад. Боз касалии старческий мразм дар ӯ пайдо шуда истодааст. Як амрро чанд бор медиҳад. Як корро чанд бор мепурсад.

  Чанд рӯз пеш СС бо вай ва бо чанд нафари дигар якҷо буданд. Раҳмонов як корро чанд бор пурсид, СС руяшро мегардонаду механдад. Як нафар оҳиста аз СС пурсид, ки «генерал механден, тенҷияй, гуфт Ҷаноб бо осмонӣ шид».Он кавдани пурсанда хит накад маънои гапи СС-ро

Ва як хабари дигар. Ин хабар дар бораи Юсуф Раҳмони касиф.
Ин Генпрокурори домсоз, дар Душанбе, дар кучаи Қазоқон 2 дар пушти заправкаи «ГАЗПРОМ» як ресторани калони 2 этажаи аждаҳор дорад.
Дар 2 этаж, ресторан бо номи «МАГНОЛИЯ». Дар якум этажаш автосалони мошинҳои китайски, особенно модели  ” «ЛИСЯН». Ин модел гибрид аст. Ва боз дигар моделҳои электромобили китайски!
То ҷое фаҳмидам дар ҳамин Душанбе дар як ҷои дигар ҳам стоянка полностью забитий, ҳама аз ҳамин мошинҳои электромобил задаги пур аст, дар онҷо ҳам савдо мекардаст. Ҳам дар якум этажи ҳамин зданий дорад ва ҳам як стоянкаи дигар дар пеши ҳамин ресторан, пури мошин аст.
Аз ҳама ҷои интересниш бародар!
Як оптовий фирма бо номи «РЕЛАКС» гуфтанӣ ҳаст дар Душанбе, ки ҳам хӯрока савдо мекунад ва ҳам битовой химия, (айнаву собун, ва ғайра) ва ҳамин фирма боз магазинҳои худашро дорад, бо ҳамин номи «РЕЛАКС». Яктояш дар Мехкалон дар наздикии масҷиди Мехкалон аст. То ҷое, ки фаҳмидам бо дар ду ё се ҷои дигар ҳам доштааст! Дар таҳхонаи ресторани «МАГНОЛИЯ», ки масоҳаташ беҳад калон аст, боз як магазини дигар сохтааст. Ин дар таҳхона. Ин магазин ҳам исми «РЕЛАКС»  дорад ва як фирма бояд бисозаду тармиму таъмир кунад. Он фирма ин ҳамаро аз ҳисоби худаш бояд дуруст карда диҳад. Ва боз условия мондааст, ки маҳсулоти савдои магазинро полности пур карда медиҳӣ, чи хурока бошад, чи маишӣ ва савдогаронашро ҳам худат меёбӣ. Гуфтааст, ки ман кор надорам. Кори ман фақат фоидаи савдоро гирифтан аст.

 Бо як мошини «РЕНҶ РОВЕР»-и сафед меояд, як хабар мегирад кору боррову боз меравад! Шояд сохтмони ин магазин тамом шудаву он ба кор пардохта бошад. Барои онки ман ин хабарро чанд вақт пеш шунавида будам. Ҳатман боз месанҷем ва агар касе боз беҳтар донад ба «Ислоҳ» нависад.
 

Share This Article