Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№92

Ислоҳ нет

 Дар байни мардуми тоҷик як мақоле ҳаст: «Об аз боло лой». Дар ҳақиқат солҳост, ки дар Тоҷикистон аз боло лой аст. Ва, ин облойгарҳо ҳам маълуманд, ки киҳоянд ва чаро бояд обро лой кунанд.

Саъдии бузургвор як ҳикояте дорад, ки бо як шеъри зебое дорад:

Агар зи боғи раият малик хурад себе,
Бароваранд ғуломони ӯ дарахт аз бех.
Ба панҷ байза, ки султон ситам раво дорад,
Зананд лашкариёнаш ҳазор мурғ ба сих.

 Яъне агар роҳбар, раис камтар иштибоҳ  куна, зердастони вай онро садчанд мекунанд. Порагириву порахурӣ дар Тоҷикистон барои он ин қадар авҷ гирифтаасту мегирад, ки об аз боло лой аст. Чунки дар боло пора мегиранд. Ва, ин боло ба ҷуз аз Раҳмонову Рустаму Озода ва авлоди онҳо кист? Кор ба ҳадде кашидааст, ҷиян амакро «подстава» мекунад:

             Исфара

Ассалому алейкум  ва раҳматулоҳи ва баракотуҳу. Аз Исфара бароятон менависам. Аюбов Фатҳидин дар шуъбаи кор бо ноболиғон кор мекунад. Чанд бор аз вазифа ронда шуд вале боз пул дода ба кор даромад. Хело одами паст. Ба духтарони мактабхон рақамҳои телефонашро дода занг зан мегуяд. Агар духтарҳо нагиранд, бо зурӣ медиҳад, агар нагирӣ протокол мекунам гуфта  боз духтарҳои ноболиғро ба корҳои ҳаром даъват мекунад.

   Ман, имрӯз  аз кори пасте, ки Аюбов Фатҳиддин яъне бо тахаллуси  Фатҳӣ нисбати амакаш ва писарамакаш кардааст, мегуям. Номи амакаш Додохон. Шумо дар чанд барнома номашро гирифта будед, номи писараш Саид. Фатҳӣ бо ҳамроҳи ҳамкурсонаш маслиҳат карда писари амакашро ба сараш ниқоб кашида дуздида ба Хуҷанд мебаранд ва телефонашро мекобанд, аммо ҳеҷ чиз намеёбанд ва худашон ба телефон даромада ба наворҳои шумо аз телефони писари амакаш якчанд лайк мемонанд ва ӯро сар медиҳанд ва мегуянд бе гуноҳ будаӣ. Пас аз як моҳ боз ӯро аз мағозааш омада ба сараш ниқоб кашида гирифта мебаранд ва телефонро гирифта мегуянд, ки ту ба “Ислоҳ” лайк мондаӣ. Ӯ мегуяд ман ҳатто тамошо намекунам Ислоҳро. Ӯро лату куб мекунанду хело азоб медиҳанд ва вай маҷбур мешаваду мегуяд, бале мондам ва пагоҳӣ Додохони кар ба ҷамоат мераваду мегуяд писари ман гум шудааст. Дар он вақт Фатҳӣ омада мегуяд, амак Саидро дар Хуҷанд боздошт карданд. Вай ба барномаҳои “Ислоҳ” лайк гузоштааст. Ман дар Хуҷанд шинос дорам, ба ман ҳамин хел хабар доданд, ки агар то фардо 15 ҳазор доллар надиҳад, мо ӯро ба суд месупорем. Додохон ба дари чанд пулдор меравад. Ҳеҷ кас пул намедиҳад. Баъд ба пеши Лайсиддин Шаропов меравад. Мегуяд Лайсиддин заминамро бихар. Ба ман срочно 15ҳазор доллар пул лозим. Саидро қапидагӣ то пагоҳ муҳлат дорам. Лайсиддин мегуяд Додохон ором шав, ҳозир ист гуфта ба ҷиянҳояш телефон мекунад ва 15 ҳазор доллар ба дасти Додохон медиҳад ва мегуяд писаратро, ки гирифтӣ рост ба пеши ман биёр. Додохон пулро ба дасти Фатҳӣ медиҳад ва дарҳол писари Додохонро ҳамкорони Фатҳӣ озод мекунанд ва гулуи Фатҳӣ хорида мегуяд амак 100 ҳазор рубли русии дигар талаб доранд ва амакаш мегуяд майлаш. Аввал як бор писарамро бинам медиҳам. Писари Додохон меояд бе ҳолу бемадор.

  Бовар кунед ин хел корҳоро дар филмҳои туркӣ дида будам, хело азоб додаанд, ки базур гап мезанад. Ду рӯз аз бистари хоб намехезад. Ӯро ба бемор хона мебаранд. Духтурҳо мепурсанд ба ӯ чи шуд? Онҳо мегуянд афтид. Духтурҳо мегуянд, не ба афтидагӣ монанд нест. Ва ҳақиқатро мегуянд ва духтурҳо дарҳол ба мақомоти дахлдор хабар медиҳанд ҳодисаро. Баъд Додохон ариза менависад ба прокуратура. Аввал ба назди Фатҳӣ меравад. Мегуяд Фатҳиддин мабодо ку ту ба ин кор ҳамроҳ нестӣ? Фатҳӣ худашро калон гирифта мегуяд э, биёед монед амак, наход ман ҳамин корро нисбати шумо кунам? Баъд Додохон аризаро медиҳад ва дар давоми ду рӯз шаш нафарро дастгир мекунанд. Ду нафар аз Исфара, ду нафар аз Чоркуҳ ва ду нафари дигар аз Хуҷанд ва сардорашон бошад Фатҳиддин Аюбов будааст. Тамоми нақшаро Фатҳиддин кашидааст. Ман бори аввал ин хел ҳодисаро дидам. Бовар кунед наход одам ин қадар паст шавад ва писари амаки худашро ҳамин хел бе раҳмона азоб дода занад. Шаш нафар ин корро анҷом доданд ва нафари аввалаш Фатҳиддин Аюбов будааст, тамоми корро ӯ анҷом додааст. Акнун ба ин чи бояд бигуем? Тоҷикистон ба пеш ва Тоҷикистон биҳишти рӯйи замин аст ? Хулосаро худатон бароред!

                                    Зафаробод

Ассалому алейкум устоди муҳтарам ман аз Зафаробод. Дар барномаи 236-и Минбари муҳоҷир баромад кард. Вай муаллим дар коллеҷ, порахур аст ва дар бозор сабзӣ, картошка ва пиёз мефурушад. Шумо пурсидед номатон чи ? Ва гуфтед номат Фаттоҳ Саидов гуфт бале ана ҳамон. Вай ду зан дорад. Зани дуюмаш аз Истаравшан деҳаи Ниҷонӣ мебошад. Вақти нофаҳмӣ байни зани дуюмаш мешавад. Ҳардуяш аз назди коллеҷ қади роҳи калон баҳс карда то хонааш қариб ду километр мебарояд боз мегуяд, ки ман аз худо метарсам. Агар аз худо метарсид арақ намехурд. Вақте маст шавад ранги чмо мешавад.

  Ин муаллим бо директор дар вақти студентиаш шинос будааст. Ин директор аз Фархор мебошад. Ин фархориро директор таъин карданд ва вай ин муаллимаро ҷонишини худаш таъин кард. Дар ихтиёри коллеҷ як чанд гектар замини корам ҳаст . Ин заминҳоро дар ягон муаллим як сотихашро ҳам надодааст. Ҳамаи ин заминҳоро ба одамони бегона, онҳое, ки дар коллеҷ кор намекунанд, фурухтааст, аренда додааст, аммо бе ягон шартномаи коллеҷ, токи ин пулҳоро ба манфиати худашон истифода баранд. Ин муаллими Зарифӣ муаллимҳое, ки ҷавон ҳастанд, ба инҳо бисёр зулм мекунад. Коллеҷ 25-30 то компютер дорад ва аксарияташ компютери куҳна аз кор баромадагӣ 65 адад гуфта дуруғ гап зад дар баромадаш. Муаллимони босавод аз дасти ин директор ва ин Зарифӣ корро партофта рафтанд. Директор чи хеле ки гуфтед зинокор аст. Ин Зарифи пиёнистка ва арақхур аз зани якумаш чор фарзанд дорад, аз зани дуюмаш, ки аз деҳаи Ниҷонӣ мебошад фарзанди ин муаллим нест. Номи зани дуюмаш Наргиса. Вай ду духтар дорад. Духтари калониашро ба шавҳар дод  ва духтари хурдиаш ранги мард аст. Аз пушташ нигоҳ кунӣ духтар намегуӣ мисли мард. Барои ин ки вай дар танаш либоси мардҳоро мепушад: шими ҷинс ё  ки спортивка. Бо апааш дар бозор меваю сабзавот савдо мекунад
  Ин Зарифӣ худаш аз Зафаробод нест. Аз ноҳия Ғончӣ, Деваштичи ҳозира, деҳаи Овчӣ мебошад. Боз дар барнома касе порхару гуфта аз шумо диплом харидем ва дар назди ҳоҷатхона ба ту пул додам гуфт сад дар сад рост гуфтанд. Хело порахури ҳаром ҳаст ин муаллим.

                             Шаҳритус

    Салом бародар Муҳаммадиқбол. Худованд аз шумо розӣ бошад. Ман аз совхози Файзалӣ, шуьбаи 1ҳастам. Тули 4сол аст ки шумо  ва Гуруҳи 24 -Ҳусейн Ашуров ва дигар муборизонро тамошо мекунам. Аммо дар тули ин 4сол шумо як бор дар бораи Ҷаббори Ғаффор имрӯза раиси ноҳияи  Шаҳритус гуфтед. Ман интизор будам, ки ягон нафар дар бораи вай маълумот равон мекунад, аммо равон накарданд. Дар совхози Файзалӣ ҳама тарсуянд ё намедоданд, ки шабакае ҳаст бо номи Ислоҳ. Бигзор ин номаи ман роҳи дигар номаҳо аз савхози Файзалиро кушода кунад, ки дигарҳо ҳам нависанд.

   Соли 2015 ман талабаи мактаб будам. Фамилияи Ҷаббори Ғаффор  Самадов аст. Соли 2014 -2015 раиси ноҳияи Бохтар шуд, ҳозира Кушониён. Ман фикр кардам, ки раис аз ҷоямон шуд, роҳҳо ва мактабҳоро обод мекунад. Аммо хато фикр кардаам. Вай баъди чанд муддате 300метр роҳро асфалтпуш карду баъди 1моҳ ба чанд бачааш мошини нав хариду мо ҳайрон шудем. Тарафи мактаб роҳаш безеб буд ва тарафи Раҳмон мегуянд, суи дарёи Вахш, дар он тараф мусорка воқеъ ҳаст. Роҳаш ҷазир ҳаст, ки дар зимистон ҳаракат карда намешавад. Ҳамон тарафро асфалт накард. Тақрибан баъди 1ё 2сол як урус хонаашро, ки рубаруи мактаби № 8 буд фурухту ба Русия рафт. Он хонаро худи Ҷаббори Ғаффор харида боз мардумро фиреб карду гуфт сум ҷамъ кунед роҳро асфалт мекунем. Мардум сум ҷамъ карданд, раҳро бо суми мардум асфалт карду он тарафе, ки дар зимистон роҳ гашта намешавад, онҷоро асфалт накард ва мардум боз сукут карданду ҳеҷ чизе нагуфтанд. Он хонаи харидагиашро 2ошёна кард ва дар пеши хонааш трансформатор овард ва ҳоло 24соат свет дорад. Аммо мардум бошад соати 10 светашон хомуш. Ваай аз мо фарқ мекунад. Як бародараш  дар мактаб кор мекунад, калони фаророшҳо, номаш Самадов Маҳмадрасул бо кличкаи [СЛОН] Яъне кораш полшуиву як хеле рафтор мекунад, ки мегуӣ директор бошад ва ман метарсам, ки ин ягон сол пас директор мешавад ва он мактабро торумор мекунад ва бачаҳои мардум бесавод мешаванд. Дар охир ман гуфтаниам, ки эй, Ҷаббори дузд! Сумҳои мардумро баргардону он тарафи роҳро асфалт кун, ки мардум дар зимистон азоб накашанд…  

                                   Рӯдакӣ

    Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мо як гурӯҳ сокинон аз  ҷамоати Чортеппа мебошем. Мо барномаҳои шуморо тамошо мекунем. Танҳо шумо дарди миллатро расонаӣ мекунеду халос. Ҳоло ин масъалаҳоро бо шумо дар миён гузоштанием.

 Якум дар бори оҳанпораи Ҷумъаев Фирдавс. Ин одам станоки оҳанро пресс мекардагӣ дорад, ки 38 вт мебошад, аммо бе ҳуҷҷат. 

   Дуюм оҳанпораи Сайдаҳмад. Дар байни замини ҳавлияш қасри боҳашамат карда истодааст. Мошинаш мустақим таги хонааш медарояд. Станоки калон дорад.  10 сол зиёд мешавад, ки беҳуҷҷат аст. Агар тафтиш биёянд, пора медиҳад. Баъд дар бало мондааст халқи бечораи камбағал. Дар ҷамоати Чортеппа, ҷамоати Навобод ҳар як хонаро пули свет қарздор кардаанд. 1000 то 700, 500. Дар квитанцияҳо омадагӣ аст: бақия 700 ё 500. Мепурсӣ мо аз куҷо ин қадар  қарздорем, чизе намегуянд. Халқ саривақт пулро месупорад. Ин чи бесоҳибӣ? Боз   муллои маҳаллаамонро бурда таҳдид карданд. Дар отдел бачааш он шаб омад, аз Федератсияи Русия. Боз дар маҳалла 30 сомонӣ ҷамъ дорад ҳоҷӣ Амиралӣ, раиси маҳалла. Ин ҳоҷии номуҳтарам агар дар маҳалла мурда шавад сандуки хайрияро мемонад калид дар дасти худаш меистад. Пеш аз мурдаро баровардан сандуқро мекушояд: ҳақи қавркан, мурдашу, справка аз ҷамоат мегуяд, ҳақи хизмати худаш ва боз чи қадаре, ки  монад ба соҳиби мурда медиҳад.

 Столу стул барои маъракаро аз раис мегирӣ. Ҳамачиро баҳона карда пул мегирад.   Дигар дар маҳалла сохтмон карда намешавад, аз дасти учаскавой Сурхаков ва Вализода Ҷаббор началник уголовнийи розыски Коммунизм.

Ҳамсояамон соҳиби 6 фарзанди мактабхон. Шавҳараш дар муҳоҷират буд, омад аз Русия. Хонаи кухнаро канд, хона бардоштанда, ки як то як то омаданд. Участковий ҳақашро мегираду меравад. Боз мебиёяд Вализода Ҷаббор, уголовний розиск ва таҳдид сар мешавад. 3000 сомониашро гирифтанд. Бечора ҳамсоя! Зану шавҳарро то саҳар қариб давлений мезад. Аз зулми зиёд ҳамаи мардумро тарсон кардаанд. Аз тамоми сохтор мебиёянд таҳдид мекунанд. Чи иморате дар маҳалла шавад бузҳо хабарро мерасонанд ва дар ҳол ҳозир мешавад.

   Мактаб дар ҳолати бад қарор дорад. Иҷо ҳам ҳаррӯз пул. Пули моҳона, рузнома, китоб. Кор дарсу тарбияву таълим не, кор фақат пул ҷамъкунӣ. Боз аз отдели Коммунизм Юсуф, ки мактабҳоро назорат мекунад, масъули кор бо ноболиғон аст, дар як мох 4 маротиба рейд мекунад. Риш, сарулибос, сумкаи мактабӣ, камбудиятро наёфт баҳона карда ҷарима мебандад ва боз сумканӣ сар мешавад. Падару модарҳоро ба кабинет фарёд мекунд. Аз 100 сомонӣ сар мешавд. Дар мактаби 64  дарс нест, ҳама бесаводҳо. Муаллима ё муаллим намерасад. Аз болои устодони мактаб шикоят зиёд аст. Дарс тамом мешавад фарзандҳо мебиёянд хона. Мегуянд, ки дар мактаб сигору банг мезананд. Ин чи рӯзи сиёҳ аст, ки духтарро аз писар фаарқ карда намешавад.

   Боз як масъалаи дигарро гуфтанием. Кабиров Насрулло варзобӣ аст. Ин бародари номуҳтарами мо дар андози Ҳисор   кор мекард. 7моҳ мешава перевод шуд. Дар ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати Чортеппа маҳаллаи Айнӣ 7 магазини хурокаи калон дорад: 3 хозтовар, 3 дукони гушт, ларек, 4 ошхонаи калон, 3 тезтайёр, 2 автосервис ва 1 морги мошинҳо, 2 -то автомойка, 2 то оҳанпора. Кабиров Насрулло куратор аст. Аз ҷонамон безор кардааст. Мебиёяд аз даҳанаш чанд сум барояд, мегуяд. Боз таҳдид, ки «метӣ- надодӣ тамом». То ҷое медонем кришаи Насрулло Кабиров Шамсулло, писари амакаш аст. Кабиров Шамсулло дар налогови комитет дар мақоми муовин кор мекунад. Пул дар гирди ин оила чарх мезанад. Чандто хона, мошинҳои қимат дар таги пояшон. Аммо мо савдогнарон базеамон аз банк қарз дорем чи кор кунем? Мегуем, ки бас кунем барои маҳкам кардани патент 10-12 ҳазор сомонӣ бояд пора бидиҳӣ, баъд маҳкам мекунӣ. Дар ноҳияи Рудаки раиси налог ҳамаро задагӣ, бо камбағалҳо аслан гап намезанад. Танҳо кор пул гирифтану зулмовардан болои соҳибкорони мазлум аст. Охир ин раиси ҳозираи ноҳия,ки аз генпрокуратура омад аз ин ҳолатҳо огоҳи надошта бошад? Агар надонад пас чи алафе мехурад инҷо? Пешво ӯро барои чӣ инҷо таъин кард?

                                                 Чоркуҳ

   Ассалому алейкум домуллои азиз! Мо як гурӯҳ ҷавонони Чоркуҳ мухлиси сахти шумо ҳастем. Мо мактуб навишта будем ва бояд мардум мефаҳмиданд, ки то кай   ба ин зинокорҳои палид Лайсиддин Шаропов ва Аҳрори буз бовар карда, дуст гуфта дарди дил мекунанд ва баъди чанд рӯз дар амният ё дар ШВКД бо як туҳмат мебаранд ба монанди ҳоҷӣ  Мирзо Аббосов, ки ҳамсинфи Лайсиддин, хело марди сумдор аст. Худи раис Лайсиддин ба Аҳрори буз роҳ нишон дода туҳмат карда ва боз худашон миёнарав ба кори ҳоҷӣ Мирзо Аббосов шуда хело ҳам суми зиёдашро гирифтанд ва ба ягон ҷо муроҷиат яъне шикоят кардан намонданд. Ин хел инсонҳо ба доми фиреби ин зинокорҳои бадбахт дар мондагӣ ҳастанд.

  Як бузи дигар ҳаст бо лақаби «Ло».Ин буз Нусрат Аҳтамов дар ҳамаҷо аз номи Мурод Саидови телех гап зада ба ҳама мақомот одам фурухта гаштааст. Мурод ана ҳамин қадар обру дорад. Фақат бо бузҳо ҷурагӣ мекунад. Ба гуфти  Лои буз ба амнияту дигар мақомот одам фурухта  обруйи Муроди телехро оби ҷуй карда гаштааст. Дар шахта сардори участка аст ва онҷо низ дуздӣ карда гаштааст. Ба вай ҳеҷ кас кор надорад. Бояд мардуми диндори азияткашидаи Чоркуҳ фаҳманд, ки будани ин номарду беномуси зинокор барои келинчакҳои ҷавон, ки шавҳаронашон дар Русияанд проблемаи сахт аст. Ин бадбахтҳо зурӣ карда зино карда гаштанд. Ана ин аҳволи раиси ҷамоати Чоркуҳ. Мардум бояд фаҳманд. Ин раис бо ҳама мақомот связи хуб дорад. То Юсуф Раҳмону СС.Ятимов. Аз номи оилаи Раҳмонов фақад гап мезанад…  

                              Куҳистони Масчо
    Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман як ҷавони тоҷик аз вилояти Суғд, ноҳияи Куҳистони Масчо, хатмкардаи мактаб-интернати Куҳистони Масчо ҳастам.
Барои эҳтиёти ҷони худ ва хонаводаам мехоҳам номам зикр нагардад.
  Мехоҳам дар бораи мактаб -интернати Куҳистони Масчо каме маълумот диҳам ва дар онҷо чи ҳодисаҳо гузаштро пешкаши бинанда ва шунаванда гардонам
  Ман аз вақте ба мактаб- интернат ворид шудам, тамоми сахтиҳои зиндагӣ ва дунёро чашидам
Салимов Сафар Ҷумъаевич, собиқ директори мактаб -интернат ва айни ҳол мудири маорифи ноҳияи Куҳистони Масчо як шахси бисёр тарсу, чоплус ва хушомадгуи мақомоти қудратии ноҳияи Куҳистони Масчо буд ва то ба ҳол ба шумор меравад. Дар мактаб –интернат, вақте мо таҳсил мекардем, 70 нафар хонанда будем, 65 писар ва 5 духтар.
Чи рӯзҳои сахтеро паси сар накардаем мо.
Азоб, шиканҷа, гуруснагӣ, ташнагӣ, баъзеҳо азоби бепадариву баъзеҳо бемодарӣ. Бар зами ин азобҳо аз тарафи кормандони ин мактаб муаллимон, ошпазҳо, фаррошҳо хулас, ҳар касе дар инҷо кор мекард, мо азобу шиканҷа дидаем.

 Аз омӯзгорони оддӣ сар мекунем. Мансуров Умедҷон омӯзгор аз деҳаи Пастиғав.  Ин омузгор ба андозае бераҳм буд, ки рӯзҳои панҷшанбе навбатдори мактаб буд. Рузи панҷшанбе аз ёди ягон хонандаи ин мактаб намеравад. Боре худи ман дар ин рӯз дар синф бо ҳафсинфонам бозӣ кардем бо овози баланд ва ӯ моро дид. Мо зиёда аз панҷ соат дастҳо ба боло дар сар курсӣ истодем, аз байнамон 2 нафар аз ҳуш рафт.
Мирзоев Назар аз деҳаи Рогиф -омӯзгор. Ин ҳам яке аз омӯзгорони бераҳми ин мактаб. Ба мо дар ин мактаб хурду хуроки серӣ намедоданд ва боре як хонандаи аз мо боло гуруснагӣ он қадар зураш мебиёяд, ки меравад дар назди партовгоҳи ошхонаи мактаб майдаи нон ва гарохи хомро мехӯрад ва ин омӯзгор мебинад. Ин омӯзгор уро фарёд карда мегӯяд, ки биё ба ту нон медиҳам. Ба кабинети омӯзгорон бурда бо кабели сахти сиёҳ ба дараҷае зад, ки аз гӯш ва бинияш хун омад ва боз дар бегоҳ аз хӯроки шом маҳрум кард. Агар ман ҳамаи саргузашти дар онҷо бударо нақл кунам аз китобҳои дурӯғини Раҳмонов зиёд мешаванд.
Дар бораи худи Салимов. Ин марди разил соҳиби зан ва фарзанд: як писар ва панҷ духтар
Ин мард бо ҳамроҳии оилааш ва писару духтари хурдияш дар мактаб -интернат зиндагӣ мекард. Салимов- Сафар мактаб интернатро ба фоҳишахона ва айшу ишратгоҳи кормандони суд, амният, хуллас мақомоти болоӣ табдил дода буд. Бинои пештараи суд ва амният дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд ва хобгоҳ ва ҳамом надоштанд. Аз ин лиҳоз тамоми кормандони суд ва амнияти ноҳия барои номаъқулӣ анҷом додан ба мактаб- интернат мерафтанд. Салимов Сафар ба монанди папароза хизматгори кормандони суд ва амният буд. Кормандони онвақтаи суд Азизмурод Сабуров аз ноҳияи Айнӣ, деҳаи Томин муовинаш Сорбо, аз ноҳияи Айнӣ ва муовини дигараш Абдуллоев Сангалӣ, аз ноҳияи Варзоб деҳаи Зидде, ки домоди додар ё акои Азизмурод Сабуров буд. Кормандони суд дар мактаб -интернат низ соатҳои дарси гирифта ба номашон монда буданд вале  дарсгуияшонро касе надида буд.
Раҷабов Боймаҳмад ошпаз, охрана, таҷовузгари хонандагон (яъне..) буд.
Ин шахс бо роҳи хӯроки барзиёд ва ёрдамчии ошпаз ва дигар баҳонаҳо хонандагони синфҳои болоиро ба назди худ бурда маҷбур мекард ва метарсонд, ки маро фалон кунед ва бо ҳамин роҳ хонандагонро аз роҳ бероҳа мекард. Ин мард дар ягон праздник ва ҷашнҳои суд ва амният ошпазӣ мекард ва хонандагонро метарсонид, ки агар ба ягон хешу табор ва наздиконатон гуед, ман шуморо мекушам.
Аз рӯи гуфтаи баъзе хонандагон худи Салимов ба ин кор даст мезад, бо ду-се нафар хонандаи падарҳояшон пулдор.
Дар мактаб -интернат ҳама кормандонаш қариб, ки бо корҳои ҳаром даст мезаданд.
Дар ин мактаб ду духтар бо номи Мадина ва Маҳина таҳсил мекарданд, ки аз ҳама бадбахтии зиёдро онҳо кашидаанд. Ин духтарҳо модар доштанд вале падар не.  Инҳо аз ноҳияи мо набуданд, аз тарафи Хуҷанд буданд. Миллаташон узбек ва модарашон маъшуқаи пинҳонии Азизмурод Сабуров буд. Азизмурод Сабуров ин духтарҳоро ба ин мактаб -интернат овард ва баъд аз як сол онҳоро ба мактаб- интернати шаҳри Хуҷанд бурданд. Ин духтарҳо аз тарафи тамоми аҳолии ин мактаб азобу шиканҷа медиданд.
Ба дараҷае ба сари ин духтарҳо зӯроварӣ шуд, ки онҳо даст ба худкушӣ ва оташ задани мактаб шурӯъ карданд ва онҳоро  баъди ин ҳодиса ба Хуҷанд равон карданд ва намедонам, ки ҳоло дар куҷо ҳастанд.
Боре як писарбачаи хурдсол аз сабаби зӯроварии ҷинсӣ кардан ба вай даст ба худкуши зад. Вай бо шиша пора гардани худро қариб 7- 8  ҷояшро бурид.
  Салимов Сафар баъд аз он ки мудири маорифи ноҳия шуд, боз корҳои номатлубашро шурӯъ кард.
Фишор болои омӯзгорони ҷавони ноҳияро бо дасти военкомати ноҳия шурӯъ кард. Ҳол он ки дар ноҳия омӯзгор намерасад. Боз ба фурӯхтани квотаҳо ва папарозагӣ ба кормандони мақомоти ноҳия машғул мебошад.
Аз гадоиҳояш гӯем хонанда ва шунаванда ҳам ба ханда ва ҳам ба ҳайрат меояд. Ҳар гоҳе дар мактабҳо ҷашну маросимҳо мешаванд директорони мактабҳоро водор месозад, ки нонҳо ва шириниҳои болои дастурхони мактабро ҷамъ карда ба ман диҳед.
Қозиев Абдуҷалил пештара мудири маорифи ноҳия ва ҳозира раиси ҷамоати ноҳияи Куҳистони Масчо. Марди алкаш ҳам гӯем хато намекунем. Ин мард мардуми камбизоати деҳаҳои ноҳияро, ки фарзанди сини хизмати ҳарбӣ доранд, бо зӯри ва дашном повестка дода онҳоро ғам медиҳад. Дар оилаашон ба ғайр аз Абдуҷалил 7 бародари дигар дорад, ки онҳо ҳам дар ноҳия дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд. Аз ҷумла як додараш бо номи Муллонеъмат дар соҳаи ДЕУ -и ноҳия кор мекунад ва тамоми имкониятҳои дар даст доштаро ба манфиати шахсӣ истифода мебарад ва пули чандин деҳаҳоро гирифта бар нагардондаст.
Ахмедов Ҳотамбег  аз деҳаи Рогиф, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Куҳистони Масчо, хатмкардаи донишгоҳи давлатии Хуҷанд.
Ин мард ҳам ба зӯроварӣ ба мардуми камбизоати деҳаҳои ноҳия ва маҷбурсозӣ ба хизмати ҳарби фиристодани фарзандонашон машғул аст. Ва масъул дар корҳои пешвози меҳмонҳои аз вилоят ё ҷумҳурӣ меомадаи ноҳия (папароза).
Ниёзмаликов Далер, ҷонишини военкомати ноҳия, ки гирифтани пул аз мардум ва ба хизмати ҳарбӣ фиристодани ҷавонон ва алалхусус омӯзгорони ҷавони ноҳияро ба худ бизнес ва манбаъи даромад кардааст. Дар ноҳия ба андозае омӯзгор намерасад, ки дар як мактаб як муаллими синфҳои ибтидоӣ аз се -чор фанни дақиқ дарс мегӯяд.
Ногуфта намонад дар ноҳия заноне, ки дар мақомоти ноҳия кор мекунанд, онҳо низ бо корҳои ғайриахлоқӣ машғуланд.
Вазирова Гулҷаҳон,
Домуллоев Гулбаҳор,
Миракова Манижа,
Миракова Саломат,
Домуллоев Дилафрӯз,
Вазирова Гулру.

Инҳо заноне ҳастанд, ки дар ноҳия чандин оилаҳоро вайрон кардаанд. Дар чорабиниҳое, ки дар ноҳия мегузарад, духтароне, ки бо сатр ба чорабиниҳо мераванд роҳ намедиҳанд ва амният бошад падару модари онҳоро ба ҷарима ва ё ҷавобгарӣ мекашанд.
Хулас бародар Муҳаммадиқболи Садриддин инҳо дар бораи Куҳистони Масчо буд. Боз касифоне ҳастанд, ки дар ноҳия ба зулму ситами мардуми бечора машғул ҳастанд. Ин шо Аллоҳ дар барномаҳои дигар дар бораи онҳо ҳам маълумот пешниҳод хоҳем кард.

                                          Душанбе

  Салом бародар Муҳаммадиқбол! Рости гап аслан ба шумо навиштанӣ набудам. Шуморо бародари худ ҳам намеҳисобидам. Аммо чанд кас гуфт, ки баъди муроҷиат ба Шумо ба мушкилоташон расидагӣ шудааст. Барои ҳамин навиштам. Партовгоҳи ноҳияи Синоро дар як ҳафта як бор мебаранд. Ва агар бурданд, рӯрӯи онро мегиранду тагҳояш мемонад. Тобистон ба самти ин партовгоҳ  бояд противогаз пушиву баъд партовҳоятро оварда партоӣ. Ба замми буву тааффуни пури пашаю хомушак. Бояд нотарсида дароед, чунки аз партовгоҳ ҳар мушу каламуш мебарояд, ки аз шиками пешвояшон калон. Боз бачаи пешво ба ҷойи атаашон шуданӣ. Э, авлоди носер! Мо шабу рӯз дуо дорем, ки аз шумо тезтар халос шавем. Ин бачааш боз ба сари қудрат омаданӣ. Кори хадамоти коммуналии Душанбе тамоман ноли нол. Агар мабодо ягон корат ба ин корхона ғалтид фикри дорӣ, дар қабулгоҳи пешвоӣ. Кисаатро чапаву роста мекунанд. Боз мабодо ягон порагириву порахурӣ ва ҳақораткуниашонро бо телефон сабт накунӣ. Кори ягон шаҳрвандро буд намекунанд. Аммо барои пули коммуналний услугӣ ҳатто дари хонатро мешикананд. Ман бародар дар вақти шуравӣ дар Домуправления кор кардам ва муқоиса мекунам он давра ва ҳозира ва ЖКХ-и Русияро. Бовар кунед, ба Худо қасам, мегуӣ аз мо корхони коммуналӣ нею як  корхона ё идораи ба давлат зараррасон ва ба шаҳрванд ягон фоида намеовардагӣ аст. Мардум подъездашонро худашон  краска мекунанд, худашон тоза мекунанд, двори домро  мардум пул ҷамъ мекунану дворникҳои ЖКХ-ро пул медиҳанд. Онҳо мерубану тоза мекунанд. Хитоби ман ба ин мардум! То кай ин золимон ба шумо зулм мекунанду шумо тоқат мекунед?

  Баъдан хитоби мо ба чоплусон аст, ки дар барномаҳо гап аз ободӣ мезанед. Хонаҳои дар давраи шуравӣ сохтаро бо ҳозира як муқоиса кунед. Дур наравед, пушти мағозаи Саодат. Хонаҳои пеш сохта чи хел мустаҳкаманду аммо ҳозира чи хел рехта истодаанд. Мардум ҳаргиз нахаред аз ин хонаҳои навсохтаи инҳо. Ба талабот ҷавобгуй нестанд, хатарноканд.

Дар тамоми вилоятҳо, Бадахшонро намедонам, бо тасмими сардори милиса ва муовинаш афроде, ки дар Фесбук саҳифа доранду фаъолият мекунанд, шиносоӣ шуда ба ин ҷо даъват карда камаш 5-6 ҳазор пул мегиранд. Агар надиҳанд дело мекушоянд. Ба худо қасам чанд сол пеш маро дошта 5 ҳазор пурисд. Дода натавонистам. Дело кушоданд. Имсол 6 ҳазор дода халос шудам. Қишлоқҳо рафта то 5-6 касро гирифта ба марказ бурда пул гирифта сар дода истодаанд. Рӯирост ин корро карда истодаанд. Баъд онҷо телефонро, ки гирифтанд Ютубро мекованд ва ҳатман мепурсанд, ки чаро Ислоҳро мебинӣ ва «ҳаққи хизмат» то 15 ҳазор боло меравад.
                                       Исфара
Бародар Муҳаммадиқбол салом. Мо дар бораи Меҳринисо Раҳмтова раиси ҷамоати Ворух навишта будем. Ҳоло дар бораи муовини вай менависем. Ин шахс Қирғизбой Ортуқов ном дорад. Дасти рости Меҳринисо. Вай як марди 60сола аст. Заминҳои ҷамоатро фурухт ва помошҳое, ки ба мардум меояд, онҳоро ҳам мехурад. Дар мактаб ҳам дарс медиҳад
Ҷои зисташ Ворух, дар кучаи Рудакӣ зиндагӣ дорад. Аз колхоз дуздӣ мекард, ҳоло навбати замин шудааст. Заминҳоро ҳамчун боғ санад карда ба мардум дод. Аммо ин боғҳо ку? Як домод дошт бо номи Саид аз Масчо, марди кор буд. Ҳоло бошад ба сари мардум донак мешиканад. Қирғизбой дар тамоми корҳои Ворух худро «қуш» мекунад. Соли 2017 10.000 доллар гум шуд, ки ин кори дасти Қирғизбой буд. Ҳамин сол як заминро ба масоҳати 5 сотих ба домодаш туҳфа кард. Худаш шоҳу табъаш вазир. Дар масҷид, дар помош, дар роҳ ҳамаи корҳо дар дасти ҳамин Қирғизбой. Пулҳои ҷамъмешударо ҳаррӯз дар чойхонаҳо ошу шурбо ташкил карда мехурад. Мегуи, ки идораи ҷамоат хонаи очаи Қирғизбой бошад. Вай халқро ба амниятиҳо бузӣ мекунад. 5 баробари коргарони колхоз замин дорад.

Ҳоло ин навишта аввали гап аст. Давомашро дар навиштаҳои баъдӣ мефиристем.

Share This Article