Қадру манзалати инсонҳо дар давоми роҳбарии ин диктотури худкома тамоман ба хоки сияҳ яксон шудааст. Дар тамоми идора хешутаборбозӣ, пораву ришватхорӣ дар авҷи аълои худ расидааст. Аслан кадом ниҳоду кадом идорае пайи иҷрои кори қонунии худ намегардад. Ҳамчизро пул ҳал мекунад. Пулдор ҳатто ҷинояткор бошад ҳам гап гапи вай аст. Намунаи як чунин бепарвоиву мансаби давлатиро ҳамчун манбаъ ва сарчашмаи бойшавӣ ва даромад истифода кардан ва ба қонуну одамият пушти по задан дар номаи пур аз дарду доғи ин бародар инъикос ёфтааст:
Оби Гарм
Салом бародар! Ташаккур аз шумо, ки номаҳои пешинаи маро чоп кардед. Ва ҳоло давоми моҷарор ҳикоят мекунам.
Аз санаи аризаи шикоятӣ оид ба пеш кардани ҳамсари собиқам аз хонаи ба номи модарам, инак 6 моҳ гузашт. Аз санаи ҳукми судя Исозода Баҳодур, инак 36 рӯз мегузарад. Хостам бо роҳи оилавӣ ва муросо ин қазия ҳалл шавад, нашуд. Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон судяе, ки қароре мебарорад, бояд дар муддати 5-7 рӯз ҳалномаашро содир кунад. Чунки даъвогар ё ҷабрдида, ҳамагӣ 1 моҳ муҳлат дорад, то ба зинаи болоии додгоҳӣ (суди касатсионӣ) шикоят барад. Чуноне мебинед, ин фурсатро ҳам бо як дасисаи “қонунӣ” аз мо гирифтаанд. Тули ин 6 моҳ падарам (адвокат) 10 -ҳо маротиба аз Обигарм ба Суди ноҳияи Шоҳмансур омаду рафт дорад. Судя Исозода, ки ин делои гражданиро аз “ҷиноӣ” ҳам бадтару хунукназаронатар “ҳаллу фасл” кард, ҳоло пас аз радди даъвои модарам мабнӣ ба берун кардани собиқ келини шавҳаркардааш, омода нест, ки ҳалномаи наҳси деринтизорашро чопу имзову муҳр гузорад?! Ҳар рӯз, тақрибан падарам ба рақами идораи судя Исозода Баҳром занг задаву дархост мекунад, то ҳалномаашро содир кунад. Вале, ин судя он қадар осмонию дастнорас аст, ки ҳатто ягон бор бо даъвогару адвокаташ рӯ ба рӯ суҳбат накарда аст. Ҳамеша, як котибае дорад, ки аз номи ҷанобашон ҷавоб медиҳад. Тули ин 6 моҳ он қадар ба ҷони даъвогарон расид бо дурӯғҳои бебунёду нотамомаш, ки боре падарам хотирнишонаш кард, ки “ҳар ҳафта фалон рӯз ҷаласа” гуфта, моро ҷамъ меореду аз соати 10 то соатҳои 16 ҳоло-ҳоло мекунаду дар ниҳоят мегӯед, ки эй мардум, имрӯз раис дигар парвандаро баррасӣ карду вақт наёфт. Ҷаласаи навбатӣ, фалон рӯз. Шуд хабаратон мекунем, мо то бори дигар шуморо занг назанем, ҳавсалаи барпоии ҷаласаро надоред?! Ман аз болоятон ба суди олӣ шикоят мебарам, барои ин хунукназариятон!”. Котиба гуфт: кҷое мерай, бра шикоят кун. Ай дастт чӣ миёя?! Ва ниҳоят 36 рӯз қабл судя (ҷонишини Раиси Суди ноҳияиШоҳмансур) Исозода билохира ҷаласаи “торихӣ”-яшро барпо карду прокурори Шоҳмансурро ҳам ба ҷаласа фаро хонд. Дар ҳоле, ки 4 моҳ пеш, вақте дархости барпоии ҷаласаро мекардем, котиби судя мегуфт: ҳоло прокурор бояд бо парванда шинос шавад. Прокурор, ки як зан аст омада як папка парвандаро зери бағал кардаву гуфт: имрӯз ҷаласа намешавад, чунки ман бояд бо дело шинос шавам! Мебинед ин додгоҳу додгустарии н. Шоҳмансур бо чӣ услубу режиме ба “дод”-и шаҳрвандони ин ноҳия мерасидаанд?! Давоми 5 моҳ котиби судя дурӯғ мегӯяд, ки сабаби тул додани муҳокимаи парвандаи даъвогӣ ин шиносшавии прокурор бо “дело” аст. Ва вақте ҳамаро ба ҷаласа фаро мехонанд, як прокурори беҳавсала (хонум) омада, ҳамаро ба вақти дигар мемонад. Ба ин маъно, ки ҳамакнун ман делоро аз суд дастрас карда, зери бағал зада, рафта ҳамин шаб онро сарсарӣ мехонам. Рӯзи барпоии ҷаласаи додгоҳӣ прокурор куллан бо қироати хушку тӯтивор ҳама даъвоҳои қонунии модарам – Саидова Майдаморо “радд” карда, аз толор бадар рафт. 6 моҳ аст соҳибхона дарбадар асту дигар зан дар он хона зиндагонӣ дорад. Дирӯз котиб ба занги адвокат ҷавоб дода ваъда дода буд, ки ҳалномаашонро содир мекунанд. Вале, дигар ба зангҳо ҷавоб надод. Имрӯз чаҳоршанбе, боз падарам ба Душанбе омада, назди судя ворид шуд, вале судя боз аз мулоқот бо баҳонаи ким чи коре, аз додгоҳ берун шуда, аз назди ман (Исоев С) гузашта, дар як мошини воҳимаи сафеди сиёҳшиша нишаста, ба самти вокзали роҳи оҳан бурда шуд. Ин судяро аз наздик дидам: як инсони тақрибан 40-45 сола. Қадаш миёна. Мӯйи сараш дурушти ҷайравӣ. Чашмонаш дурушти кашида. Қадамгузорияш ноҳамвор. Дар тан костюми сиёҳи шик. Аз пасаш ду подполковник аз додгоҳ берун шуданд.
Ду марду як зан давида, дастҳо пеши бар саломалек карданду чи имову ишорае бо ҳам карданд. Ин ду мард ба назарам омад, ки аз ишораи Исозода ризоманданд. Пас аз он падарам баромаду гуфт, котиб мегӯяд: 2 соати дигар сабр кун, ҳалномаро раис гашта омада, навишта, чоп карда, муҳр гузошта, бо қонунҳои ҷории кишвар оид ба даъвои гражданӣ мутобиқ намуда, ба дастатон медиҳад!
Бубинед, 6 моҳ- ним сол аз умри ин додхоҳӣ мегузарад, тамоми далоили ҳуқуқӣ ба ҷониби Саидова Майдамост, вале ҳоло ҳам Исозода Баҳром вақт ” наёфта” то ҳалномаеро, ки муваззаф аст, тибқи қонунҳои ҷории додхоҳӣ, давоми (максимум як ҳафтаи корӣ) содир кунад, чопу муҳр накарда аст! Баҳонаи навбатии котиб ин буд, ки ҷаноби хоҷаашонро бародараш ба он дунё сафар кардаанду муҳтарам раиси “серкор” акнун “серғам” шудаву вақти ин “додхоҳию додшунавӣ”-ро надоранд! 6 моҳ Исозода вақт надошт, ҳоло ғамдорасту вақт “намеёбад”! Магар аз ин масхаратар низоми додгоҳие дар олами муосир суроғ доред!? Тули ним сол аст, ки мо оилаи Исоевҳо мунтазирем то судяи суди н. Шоҳмансури ш. Душанбе занеро, ки ҳамакнун дар қайди никоҳи марди дигар асту на маънавӣ на қонунӣ, ҳаққи як рӯз дар ин хона зистанро надорад, аз он барорад, то мо дар хонаи худ зиндагиро оғоз кунем! Хоҳиш мекунам, ин ва дигар додаҳое, ки қаблан бароятон фиристода будамро интишор диҳед. То дигар ҳар занҳои шавҳаркардаро дубора оварда ба рағми қонунҳои ҷории ҶТ, дохили хонаҳои шаҳрвандон накунанд. Баҳси кудакон бошад аз ин баҳс ҷудост. Онро падару модар танҳо баррасӣ мекунанд.
Инҳо тули 6 моҳ як мӯсафеди 73 соларо азоб доданд, то инки адолатро барои як зани бадбахти шавҳари дигар кас “барпо” кунанд.
Агар талошҳои шабонарӯзии мо набуд, ҳеч гоҳ инҳо ин парвандаи шармандагиро ҳалномае ҳам намебароварданд.
Бубинед, дар фарҷоми ин “ҳалнома” бидуни ягон далели ақлӣ- инсонӣ, даъвои моро радд кардаанд.
Ва далелашон маъное надорад.
Лоақал, бояд ин занро хонаи шавҳараш, кӯдакашро ба падараш ва кӯдакони маро ба ман вогузор мекарданд, ё он занро ҳатман аз хонаи модарам мебароварданду маро, агар шароит медоштам, вазифадор мекарданд, ки барояшон хонае биёвам. Вагарна, тибқи ҳалномаи суди ш. Роғун, бояд ба хонаи собиқ хушдоманам, ки кӯдаконамро гирифта бурда буд, мебурданд.
Инҳое, ки ҳамчун шоҳид оварда аст, яктоаш нав он ҳамсоягии мо омада аст. Ду дигараш занҳои амакҳояшанд.
Агар чунин мебуд, ҳар беваи шӯкардае бо овардани 4 шоҳид ба хонаи шавҳари собиқи номаҳрамаш бар мегашт.
Инҳо афсонаро калон кардан доранд, ки гӯё ман “даёс”-аму дар хонаам марди бегонае занамро гирифта аст.
Инро на қонунгузории Тоҷикистон ва на шариат иҷозат намедиҳад, вале инҳо барқасди ман ин корро огоҳона кардан доранд.
Худатон хуб мефаҳмед.
Инро расонаӣ кунед. То барои дигарон дарси ибрат шавад. Сабабгори асосии афзоиши талоқу ташвишиоилаҳо ана ҳамин ҳалномаҳоест, ки ҳар беваи роҳгумзадаеро ташвиқ мекунад.
Мехостам ҳалномаи деринтизорро ба даст гирифта. “Далелҳои қонунӣ”-яшро бинам, ки бо кадом бандҳои қонунгузори “асоснок” карда аст, вале мебинам, ки бисёр заранганду барои рӯзи мабодо барои худ ” даричаи қонуние” боз мегузоранд, ки ҳангоми даъвои мо, масалан иддио кунанд, ки “ҳалномаи мо ҳоло қувваи қонунӣ” нагирифта, Исоев ё Саидова моро муттаҳам мекунад. Вале, аз инки хонум Прокурор (номашро намедонам, чун танҳо дар ҳалнома номаш зикр хоҳад шуд) ва Исозода, ҳамакнун қабл аз 36 рӯз даъвои моро “беасос” гуфта, радд карданду он занро бурда дар он хона ҷоба ҷо карданд, фаҳмида мешавад, ки инҷо ҳалнома ҳатман хулосааш маълум аст. Лутфан ин ҳамаро чоп кунед. Сар аз соли 2015 аз рӯзи талоқи мо то имрӯз ин зан аз зиндагии мо (бо кормандон 6-ум отделашу он номарди фархорӣ) даст аз ману обрӯву зиндагиям накашиданд.
Истаравшан
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол.Ман яке аз мухлисони шабакаи Ислоҳ мебошам, ки ин номаро аз кишвари Красноярски Федератсияи Русия ирсол мекунам. Бори якум аст ки ба шумо менависам. Рости гап маҷбур шудам.
10 апрели соли равон Ҷаноб (Раҳмоновро мардум ҳамин гуна ном мебаранд) ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба вилояти Суғд омад,аз ҷумла ба шаҳри Истаравшан.
Дар шаҳри Истаравшан хеле иншоотҳои гуногунро кушод. Дар маҳаллаи Равғангарони ҷамоати Гули сурх як боғчаи бачагона, ки аз ҳисоби соҳибкорон бунёд шуд буд, ифтитоҳ кард ва боз бинои шуъбаи Кумитаи амниятро ҳам ба истифода дод.
Аммо пеш аз омадани вай мардумро маҷбур карданд,ки роҳро таъмир ва деворҳоро ранг кунанд. Ҷаноб меояд! Мардуми маҳалли Равғангарон чунон тайёрӣ диданд,ки гуё ягон авлиё меояд. Ман чи гуфтанӣ ҳастам ба мардуми маҳаллаи Равғангарон?Шумо аз пушти пулу моли дунё шуда дини худро аз даст дода истодаед. Имрӯзҳо дар забони мардуми он маҳалла фақат гапгапи сафари Раҳмон аст: чи гуна омаду рафт. Ҳамаи онҷо ҳузурдоштагон ҳозиру нозир буданду дуқат меистоданд. Астағфируллоҳ!
Ман ба як чиз ҳайрон. Барои чӣ дар як ҷамоати Истаравшан бояд шуъбаи амният сохта шавад? Шояд барои онки мардумро идора кардан осон шавад? Охир, падару бобоҳои мо 100 сол инҷо зиндагӣ карда аз дунё гузашnанд, ягон шуъбаи амният набуд. Мардум тинҷу осуда зиндагӣ ва рузгори худро дар ин ҷамоат пеш мебурданд. Як нафар участковий буд, ки тамоми мардум уро медонистанд, тинҷию амонӣ буд. Имрӯз бошад бо кушодашавии шуъбаи амният ба мардум богумону шубҳа назар доранд. Мардум аллакай метарсад, ки аз он роҳ ба мошинҳои худ гузар кунанд. Мардуми ин минтақаи худро дар қафас, ранги кабк эҳсос мекунанд. Роҳҳои дигаро меҷӯянд, ки ба он ҷо гузар накунанд. Гап дар инҷо аст ки мардуми маҳаллаи Равғангарон ба савдову тиҷорати бори хушк машғуланд. Мағзу мавизу баргак савдо мекунанд ва аз ин роҳ мардуми мо 100 солаҳо зиндагии худро пеш мебурданд. Лек ман дар як чиз ҳайронам, ки 20 -30 сол пеш дар ин минтақа хонаҳо аз хоку гил буду дар дили ин мардум дини ислому Қуръон ҷой дошт. Ҳоло бошад хонаҳо ранги қасри Ҷанобашон, аммо дар дили ягон нафар аз дин чизе боқӣ намондааст. Хайрият мӯйсафедоне, ки диндору Худотарс буданд, ин ҳолати имрузаи моро надида аз олам рафтанд. Падарони мо обуруй доштанд. Имрӯза мӯйсафедон бошанд, бачаҳои моро аз масҷид меронанд, ба ин баҳона, ки ту ноболиғӣ. Ин хело аламовар аст ки аз хонаи Аллоҳ як фарзанди мусалмонро мусалмони дигар ронад.
Боз як чизро қайд кардан лозим аст ки имрӯз дар маҳалла бузу бузғолаҳо пур шудаанд. Мӯйсафед бузӣ мекунад,ҷавон бузӣ мекунад!
Эй, мардум бедор шавед!
Дар назди ман номҳои шумо ҳаст. Яке аз онҳо Бойматов А .А ,нафари дуввум Ӯзбеков Ф.А.Шуморо ҳама медонад. Бас кунед бузиро.
Дар маҳаллаи мо як бача буд, номашро намегирам,ки боз ба сари падару модари у ягон балое наояд. Як бача аз зиндон озод шуд. Намедонам барои чи зиндон шуда буд. Уро як рӯз мақомот фарёд мекунанд ва ба ҳамкорӣ даъват мекунанд. Рости гап наедонам аз кадом сохтор. Ҳар рӯз ба як мошин омада гирифта мерафтанд. Аммо он бача ба ҳамкорӣ розӣ нашуд. Ба у таҳдид карданд, аммо вақте диданд, ки нашуд ба гарданаш доля грузит карданд. Вай пул надошт, камбизоат буд. Ба у гуфтанд, ки аз куҷое меёбӣ, ин кори ту. Баъд ба вай роҳу тарзи ҳаракат ва адресҳои одамҳоро доданд. Гуфтанд,ки кӣ, кай дар куҷо аз Русия омадааст ва дар хонаи кӣ пул ҳаст хабар диҳад. Боз гуфтаанд, ки ту тамоман натарс, мо туро кришагӣ мекунем. Аммо он бача айёру ҳушёр баромад. Инҳоро кидат карду рафт Русия.
Боз як ҳодисаро нақл мекунам. Рузе,ки ҷаноб ба маҳаллаи мо омад як ҷавонмард бо номи Ҷамшед баромад ва аз ҳақи худ дифоъ кард,ки ба ӯ ёрӣ диҳанд,у камбизоат аст. Зеро,ки вай дар ҷанги 91-92 аз ҳукумати имрӯза дифоъ карда аз пой тир хӯрдааст.
Аммо уро мақомот гирифтанду маҳкам карданд. Инро модари Ҷамшед, ки дар Русия қарор дошт фаҳмид. Ва аз ҳуш рафта аз балкон меафтад ва ба ҳалокат мерасад. Афсӯс,ки имрӯзҳо дар диёри мо ин гуна ҳодисаҳо рух дода истодааст.
Аз дасти мақомот имруз мардум дару дарвозаҳои худро қулф зада мешинанд. Як каме пулдортар бошед, тамом. Меоянду ягон баҳона карда сум мекунанд аз шумо.
Боз як воқиаи хело ваҳшатнокро нақл мекунам. Дар ин маҳаллаи мо як бачае бо номи Амон буд. Вай бо як духтаре, ки фоҳиша гуем ҳам мешавад, алоқа мекунад. Он духтар бошад ин бачаро ба хонаи худ даъват мекунад. Яке бародари ин духтар ин бачаро мебинад, ки дар тандурхона истодааст. Ӯ бошд дарҳол ҳамсояи худро фарёд мекунад. Ин бачаро хело мезананду миёну бинӣ ва пояшро шикаста бурда ба адир мепартоянд. Ба замми ин бо сим уро дар як иморате, ки навсоз бурда меовезанд. Баъд аз чил руз мурдаи уро чупонҳо меёбанд. Дар ҳамон вақти ин ҳодиса тамоми мақомати милитсия омада буданд ва ҷинояткоронро дошта бурданд. Яке аз онҳо ба гардан гирифт. Дигаронро сар доданд. Аммо дере нагузашта тағои он бача, ки наркобизнес буд,замину мошинҳояшро фурухта ӯро баровард. Ана ин аст ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов ва мақомоти милисаву суду прокурори вай, ки одамкушро аз зиндон бароварданд. Пас,ба ин гуна ҳукумату ҳукуматдор дигар кӣ бовар мекунад?
Конибодом
Ассалому алейкум бародари муборизи ҷонбаркафи ман Муҳаммадиқболи Садриддин!
Мехоҳам аз ҷиноятҳои содиркардаи бачаҳакои Раҳмонов дар Конибодом гап занам. Аз аввал хоҳиш дорам ягон калимаро нагиред ва навиштаи моро ҳамон тавре, ки ҳаст нашр кунед.
Ман ҳоло дар шок ва стресс қарор дорам барои ҳамин хуб навишта наметавонам .
Баъд аз нашри номаҳои охирин дар мавриди кушта шудани як хонавода,ки аз муйсафед ва келину набераҳояш иборат буд, боз дигар хонаводаро, ки аз шавҳар ва зан иборат буд куштанд.Киллерҳо аз болои боми туалет рӯзи рушноб ба хона даромада аввал шавҳарашро шиканҷа карданд. Вақте диданд зан ин ҳолро мебинад ӯро бо набераҳояш ҳам ба шаҳодат мерасонанд.
Мақомоти одамкуши Раҳмонов талқин дорад, ки ин корро одамкушҳо барои пул карданд. Аммо мардуми Конибодоми бадбахтшуда ақлашро нахӯрдааст ва мефаҳмад, ки ин дурӯғи маҳз аст, Ва ин кор барои давом додани қудрати сулолаи гадоҳо ба монанди Раҳмонов аст.
Ҳоло бошад севвумин куштор шаби 21 апрел сурат гирифт. Ин бор як хонаводаи калонро куштанд. Ин оила аз зан, падар, келин, ҷиянҳо ва фарзанди 22 сола иборат буданд. Инҳоро шабона бо корд ва дигар асбобҳо ба шаҳодат расонданд .
Бачаҳакои Раҳмонов барои тамошои “Ислоҳ” мардумро рӯи рост кушта истодаанд. Ҳоло прокурори ноҳия тамоми бузҳояшро тафтиш дорад. Чунки уро Ю. Раҳмон, Прокурори генералӣ кашида сар додааст. Барои онки дар мавриди кушта шудани мӯйсафед бо набераҳояш дар барномаи «Ислоҳ» шумо гуфта будед ва он рост аст .
Шахсан бароям аҷиб аст бидонам ки ин гуна кор танҳо дар Конибодом иттифоқ афтода истодааст ё дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон?
Дар ин моҳи апрел 3 хонаводаи калонро бо ҳар гуна баҳонаҳо куштанд. Ман мехоҳам шахсан шумо дар ин масъала муроҷиате дошта бошед ба шахсони баландрутба. Чунки мо мардуми Конибодом фардо ё пас фардо намехоҳем кушта шавем.
Аммо агар ки кушта нашудем занҳои бешумори прокурор, милисаи Конибодом ва Буратино-Абдулло Навҷувонов ва С. Қурбонови медалгиракро шу хоҳем дод.
Номи яке аз бачаҳакои одамкуши Раҳмонов уголовний розиск Муҳаммад аст. 41 сола мебошад. Тамоми мардумро зулм дорад. Чандин мардҳо ва ҷавонҳоро бурду шинонд.
Ҳоло бошад ба маркази Конибодом ҷӯраҳои Сорбони килер омадаанд, ки қаду басташон 2 метр аст, ба фикрам снайперистанд. Ба ҳар ҳол вазъияти марз хеле гиряовар аст. Исфара ва Конибодом амн нестанд.
Бо истифода аз фурсат ба мардуми Конибодом мехоҳам як маслиҳат дода бигуям, то дар оянда аз ҷониби Раҳмонов кушта нашаванд. Агар хешу табор дар Русия дошта бошед, эҳтиёт кунед ва дарҳои хонаҳоятонро русту маҳкам нигоҳ доред, то ки аз ҷониби инҳо кушта нашавед. Агар деворҳои паст ё хоҷатхонаҳои паст дошта бошед, эҳтиёт кунед. Шабҳои торик оинаҳою тирезаҳои худро маҳкам ва нобино нигоҳ доред, чунки ҳоло амнияти Раҳмонови раққоса махсус агентҳоро куча ба куча равон карда аст. Бовар кунед аз кӯчаҳои шумо на кам аз 4-6 буз хоҳанд баромад.
Дар охир бори дигар мегӯям, ки Худо манро кӯр кунад, агар дуруғ гуфта бошам.
Илтимос вазъи моро ба халқи тоҷик бирасонед, бародари ҷонбаркафи ман.
Исфара
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотҳу, бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Исфара, аз деҳаи Чоркуҳ ҳастам. Мехоҳам ин номаро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷо кунед. Ман як руз дар Исфара дар чойхонаи Зафар хурок хурда истода будам. Як шинос омад ҳамроҳам хурок хурд. Вай коргари мақомот буд ва дар шуъбаи дохилаи Исфара кор мекард. Вай аз ман пурсид, ки Акбаралиро мешиносӣ? Ман гуфтам не. Гуфт, ки вай дар мойка дар рубаруй бозори Чоркуҳ кор мекунад.
Дар болои ферма дар пҳлуи ҷуйи боло як қисми мардум зиндагонӣ мекунад. Баъзеи онҳо иморат кардаанду сохтмони иморати баъзеашон ниматамом.
Агар усто кор карда истода бошад хабарро медиҳад. Ба ман гуфт,ки ҳамаи онҳо аз ночорӣ дар ҳамонҷо иморат карда истодаанд.
Боз дар бораи як одами дигар гуфт, ки ман нашинохтам. Вай дар 6-ой отдел кор мекунад. Бо ёрдами ҳамон аз мардуми Чоркӯҳ ба ҳар гуна туҳмату буҳтонҳо аз 2-ҳазор то 20-30 ҳазор доллар пул мегирад. Онҳоро барои лайк ва видеҳои Муҳаммадиқбол туҳмат мекунад, гуфт. Ҳамин тавр як дам сӯҳбат кардем ва баъд хестему рафтем.
Ман чи гуфтан мехоҳам? Ман гуфтаниам, ки то ба кай шумо ҳаромхурӣ мекунед? Аз Худо шарм кунед. Пули мегирифтаатонро дар куҷо сарф мекунед? Шояд ба зану фарзандон мехуронед. Фикр мекунед он пул ҳалол аст? Ягон каси пул дода розӣ нест. Худо худаш ҳаромхурҳоро ҳидоят кунад.
Соли 2023 дар рузи иди Қурбон дар лаби дари масҷиди ҷомеъи хоҷа устоди Валӣ истода будам. Милисаҳо аз 18 -сола поёнро ба масҷид намемонданд, ки ҳоҷӣ Умед набераашро даровард. Ман ба чашмонам дидам. Шумо дар як барномаи «Номаҳо…» гуфта будед. Як бачаи ношинос дасти бачаи хурдсолро қапида даровард ба масҷид. Ман дар бораи бачаи ба масҷид даромада аз як шинос, ки аз ҳамон маҳалла ва дар паҳлуям буд, пурсидам. Гуфт вай Алӣ аст.Боз пурсидам,ки Алӣ кӣ аст? Вай гуфт Акбаралии буз.
Хонааш дар он куча гуфта бо дасташ нишон дод. Сонӣ ман фаҳмидам, ки он нафар,ки дар бораи Акбаралӣ дар чойхонаи Исфара ба ман гуфта буд,чи мақсад доштааст.
Камтар маълумот аз Лайс мегӯям. Лайси раиси ҷамоат. Дар рузи ҷумъа соли 2023 имомхатиб эълон мекунад, ки бародарон бо талошҳои раиси ҷамоатамон Лайсиддин Шаропов дар маҳаллаи Лангар пеши гуристони корхонаи дузандагӣ кушоданд. Касоне,ки формаи мактабӣ мехаранд аз ҳамонҷо харидорӣ кунанд.
Ҳоло пурсиданиам, ки корхонаи дузандагӣ ва фуруши либоси он дар масҷид чи дахл дорад?
Ин раисҳо сершаванда не. Ишкамошон мисли резинка калон мешавад. Лайс ҳамом сохт дар замини совхоз. Бригадаи № 4 дар замин ниҳоли зардолу дошт. Соҳиби замин аз маҳаллаи Сари баландӣ як деҳқони хоксор буд. Тамоми ниҳолҳояшро Лайс гардонду мойка кард.Намедонам дар дуюм этаж чи мешавад, нимкора истодааст. Ман аз ҳукумати оянда,ки баъди аз қудрат рафтани ин палид тамоми ин ҳаромҳо аз кор гирифта шаванд. Мутассифона ҳозир ҳам дар байни муаллимҳо, ҳам худи сардухтур ва ҳам вакили маҳаллам бузу лаганбардоранд.
Қабодиён
Ассалому алайкум, бародар Муҳаммадиқбол, илтимос номаро маро чоп кунед. Ман совхози Тоҷикистони Қабодиён менависам. Як бача номаш Наҷибулло, номи падараш Абдулло. Ин нафар постоянний бузӣ мекунад ба Туйчибеги 6-ой отдел. Ҳар касе аз Русия бармегардад ин ба Туйчибег хабар медиҳад ва мегуяд, ки «серсумай фарёдш ку».Як ду моҳ пеш як бачаро ҳамин Наҷибулло фурухт.Номи ин бача Саъдӣ аст. Туйчибег 30 ҳазор сомониашро гирифт.
Бовар кунед, ки ҳоло дар ҷамоати мо буз бисёр шудагӣ аст. Яке аз онҳо Муиниддини боба ном дорад. Ҳамаи бачаҳоро мефурушад. Ҳеҷ кас ҳеҷ чизаш намегуяд. Барои онки Мансур ҳамроҳаш аст. Худро ҷияни президент мегирад. Боз мегуяд, ки “то вақте Мансур инҷо аст, ман любойта фалон мекунам”.
Ба худо акаи Муҳаммадиқбол нав шарикҳояшро дар Шаҳритуз қапиданд бо наркотик. Ин Муиддин ҳамроҳашон буд. Аммо Мансур халосашон кард. Кораш постоянний бузигарӣ.
Ин Наҷибулло бошад ба қарибӣ як бачаро, ки аз Москва омада як мошин харида буд ба Туйчибег фурухт. Дар пости Шаҳритус қапиданду сразу телефонашро гирифтанд. Гуфтанаш,ки телефонатро баъд мегирӣ. Дар телефонаш лайк монданд. Бахудо 60 ҳазор сомонӣ ба Туйчибег дод. Бачаи Ҳуснӣ.
Директори мактаби 41 Ҳабиб дар замистон ду мошин кумур меомад ошкоро як мошинашро ба хонааш бурд ва ҳама мебинанд ин дуздиро ҳеҷ чиз аз дасташон намеояд.
Як чизи дигар. Ин мулло Саидаҳмад дар масҷид мегуяд, ки кадоме гапҳои манро ба Муҳаммадиқбол мерасонад. Вай таҳдид кардааст,ки амният аз пайи ин одам аст…
Душанбе
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол!
Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо №132» баъзеҳо дар болоро сахт такон дод ва онҳо аз С.С Ятимов ва Рамазон Раҳимзода ҷиддӣ талаб карданд,«ки куҷора ниго мекнен,шумо барои чи вазифаҳора банд кадагиену чизе ай дастон намия».
Баъди «Номаҳо… 132» ба СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода амр дода шуд, ки чи имконияте доранд, дар Аврупо истифода баранд. Яъне ин ба он маъно аст ки бо ҳар роҳу васила имконият пайдо карда мухолифин ва шуморо дастгир намоянд ва истирдод кунанд. Бояд то он вақт аз дохил шумо мухолфинро ба ҷангу фитнаҳое банд кунанд. Барои ин кор «агентҳо»-яшонро истифода мебаранд
Амри шахсӣ шудааст, ки дар зиндонҳое, ки аъзои ХНИТ адои ҷазо мекунанд, дасисаву иғво ба роҳ монанд ва бигзор ҳатто куштор ҳам шавад,то Раҳмонов дар Аврупо сар ҷунбонаду гуяд,ки ин ҲНИТ ҳам дар Аврупо маро таҳқир дораду ҳам дар дохил ваъзиятро ноором карданист. Мақсади асосиашон ин аст ки ҲНИТ-ро шомили листи ташкилотҳо террористӣ дар Аврупо кунанд.
Боз як ҳодисаи дигар. Чанд вақт аст ки дар шаҳри Душанбе рейдҳои аҷоиб рафта истодааст. Ин кор пештар ҳам буд. Вале ҳозир сахт машғул шуда истодаанд. Дар тарафҳои Корвону Саховат, тарафи ҳавлиҳо ва биноҳои истиқоматӣ телефонҳои мардумро гирифта «проверка» карда истодаанд, ки оё «Ислоҳ» тамошо намекунанду аъзо нестанд?
Як ришдорро мебинанд, меқапанду ҳатман боздошт карда 5-6 ҳазорашро канда мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмонов тамоми ин ҳама солҳо, ки дар сари қудрат аст барои манфиатҳои худаш касеро тавонист сиёҳ карду душман сохт. Ҳамчунин ҲНИТ-ро дар чашми ҷомеа ва ҷаҳон то ҳоло талош намуда истодааст, ки сияҳ намояд. Русҳо ҳам бо гушпариҳои Раҳмон ҲНИТ-ро созмони террористӣ эълон карданд. Аммо русҳо медонанд, ки Раҳмонов дупал….ро интихоб кардаасту солҳои охир ҳарҷопарак шудааст.
Раҳмонов бо Девид Кемерон-вазири хорҷии Бритониёи Кабир дар Душанбе чи гуфту чи пешниҳодҳо шуду чи пешниҳодҳо кард, ҳеҷ кас намедонад. Ҳамчунин сафари Раҳмонов ба Италия ҳам ба Русия он қадар хуш наомад ва баъди ҳамин сафар боз вазъияти муҳоҷирҳоро бадтар карда истодааст. Чанд вақт аст ки дар сарҳади Қазоқистон муҳоҷирҳои бо роҳи заминӣ рафтаро иҷозаи вуруд надода истодааст. Ин ҳама аз пушти Раҳмонов ва сиёсатҳои ғалати вай аст.
Туркия
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!Ман мехоҳам як масъаларо равшанӣ андозам. Ин масъала ба робитаҳои Тоҷикистон бо Туркия ва ба ҷорӣ гардидани виза аз тарафи Туркия марбут мебошад. Дар ҳақиқат ҷорӣ кардани виза аз тарафи Туркия барои тоҷикҳо зиёонвар аст
Дар Туркия баъди аз байн бурдани виза ҳам ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагонӣ мекунанду карда истодаанд. Яъне ҷудо аз соҳибкорону тоҷирон низ боз муҳоҷирони зиёди корӣ дорем, ки дар онҷо машғул ҳастанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар дохили кишвар ҷойҳои корӣ надорем ва маош ҳам бисёр паст аст ва аз тарафи дигар вазъияти муҳоҷирон дар Русия ва дигар кишварҳо, маслан Кореяи ҷанубӣ бад шудааст. Миллионҳо сокини кишвар дар суроғи кор ба хориҷа мераванд. Инки мардум ба хориҷ аз кишвар, масалан ба Туркия кор ва сарнавиштковӣ мераванд, муносибат бо кишварҳои кордеҳро бад кардан дар ин шароити бекориву фақри сартосарӣ хиёнати калон аст. Вазъият дар дохили кишвар маълум аст. Хафақон на фақат дар сиёсат, дар иқисоду иҷтимоиёт низ мардумро водор мекунад, ки тарки кишвар кунанд ва зиндагиву ҷойи корро дар хориҷа биҷуянд. Барои ҳамин аз байн бурдани низоми бидуни раводид бо Турки рузгори асосан мардуми одиро сангинтар мекунад. Чунки дар Туркия чуноне гуфтем, на фақат соҳибкорону бизнесменҳо мардуми одӣ ҳам кор карда ба ватан пул фиристода истодаанд.
Воқеияти бахши савдову тиҷорат ҳам чунин аст ки дар бозору мағозаҳо молу маҳсулоти туркӣ дар муқоиса бо маҳсулоти Хитой ва Эрон хушсифат ва серхаридор аст. Аз ин ҳисоб ба бюҷети мамлакат маблағ аз ҳисоби гардиши мол ва тиҷорати маҳсулоти туркӣ кам ворид намешавад. Бояд ин ҳамаро ҳукумат ба назари эътибор бигирад.
То ҷое аз яке аз мақомҳои баландпоя, ки бо мо хешу таборӣ дорад, шунидам, як сабаби ҷорӣ кардани виза аз тарафи Туркия ин будааст, ки Эмомалӣ Раҳмонов ваъдаи ворид шудан ба созмони Туронро дода вале иҷро накардааст. (Ин созмон чӣ созмон аст намедонам.Шояд номаш ҳам дигар бошад. Аммо ин хешамон чунин гуфт) Туркманистон ҳам чунин ваъда карда будааст. Аммо онҳо ҳам Эрдуғонро бозӣ доронида имрузу пагоҳ карда истодаанд ва мисли Раҳмонов шомили ин созмон нашудаанд.
Чанд бор гуфтаанд, ки тамом,мо ҳал кардем, медароем, аммо рафтанду ба Путин занг заданду гуфтаанд,ки «Эрдуғон моро маҷбур дорад,ки ба иттиҳоди онҳо аъзо шавем». Ҳардуяшон ба Путин шайтонӣ ва хушомадгӯӣ кардаанд. Барои ҳамин пешу қафо аввал Туркманистон ва сипас Тоҷикистонро Туркия виза ҷорӣ кард
Як сабаби дигараш ин аст ки Тоҷикистон ваъдаи хариди дронҳои «Байрактар» -ро дода будааст. Аммо онро нахаридааст. Ва аз Эрон бесарнишинҳои Абобилро харидорӣ кардааст.
Баъд аз онки Туркия виза ҷорӣ кард, парламенти Тоҷикистон бо гузашти як сол санадҳои хариди маҳсулоти низомӣ ва аз ҷумла Байрактарро тасдиқ кард. Ҳамин корҳо сабаб шудааст, ки Эрдуғон қаҳр кунад. Ба Раҳмонов гуфтааст, ки ту имруз як гап мезанӣ, боз пагоҳ меравӣ пуштатро тарафи Русия, Хитой ва Эрон тоб медиҳӣ.
Чанд вақти пеш дар Анталия як ҷаласаи пушида доир шуда будааст. Онҷо сарони давлатҳо ҷамъ шудаанд. Раҳмонов ва раиси ҷумҳури Туркманистон ваъда кардаанд, ки дар ин ҷаласа иштирок мекунем, аммо нарафтаанд.
Ҳозир ҳам Раҳмонов ва ҳам Туркманбошӣ гиря карда шиштаанд. Чанд руз пеш Раҳмонов суҳбати телефонӣ дошт бо Туркменбошӣ. Ин суҳбат вобаста ба ҳамин қазияҳо будааст.
Аммо дар ҳақиқат ҷорӣ кардани раводид аз Туркия ба мардум хеле зиён мерасонад.