Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №139  

Ислоҳ нет

Ин номаҳо,ки мардум барои мо мефиристанд, ҳолати воқеии мамлакат, ҳоли имрузаро инъикос ва тасвир мекунанд. Мардум хуб медонад,ки омил ва иллати асосии ба ин ҳолу вазъ гириифтор шуданӣ мардум кӣ аст ва чаро? Номаи аввали ин шумора ҳам баёнгари ҳамин гуфта аст, ки Раҳмонов, ин диктатори худкома кишварро ба дасти хонавода ва ҳаммаҳалҳояш додааст:       

                                      Кулоб

 Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз шаҳри бостонии Кулоб бароятон менависам. Дар гузашта яке аз қумандонҳои Фронти халқӣ ва аз наздикони раҳматии Бобои Сангак будам. Донишгоҳи омузгории Кулобро тамом кардаам.Баъди ҷангҳо дар чанде аз ноҳияҳои вилояти пешини Кулоб дар комиссариати ҳарбӣ фаъолият кардам.Бо рутбаи полковникӣ ба нафақа баромадам.

  Ман чи гуфтаниам? Инки мову кулобиҳо ин Эмомалии ноҷавонмардро сари кор овардем, хеле пушаймонам. Ростӣ,инро ҳам бигуям,ки яке аз нафароне будам,ки ду соли пеш ҳамроҳи дигар фронтихалқиҳо пулемёти дастӣ то сарҳади қирғиз ҳам рафтам.

Вале ҳоло меоем сари мақсад. Чаро гуфтам,ки пушаймонам?Барои он пушаймонам,ки ин Эмомалии номард,ки вақти зинда будани бобои Сангак думдумаш мегашту ҳамеша дуқат ва дастҳо пеши бар дошт,ҳам писар ва ҳам домоди бобои Сангакро ҳукми абад дод.Домоди бобои Сангак писари бобои Салмони Лангарӣ буд, вай ҳам дар вақташ барои ба сари ҳокимият омадани ин Эмомалии номард ҷанг кардааст.

  Ҳоло акнун бубинед,ки ин хунрезиву ҷонбозиҳои кулобиҳоро бо чи қадр кард? Тамоми бачаву духтарҳояшро ба сари вазифаҳо овард. Тамом хешу табори наздику дурашро ба сари вазифаҳо овард.Ҳукуматро дар дасти ҳаммаҳалҳову ҳамшаҳриҳояш тақсим кардааст.Аммо як бор ҳатто беваи бобои Сангакро қабул накард! Ин бисёр ҳам номарди ноинсоф аст.

Ашадитарин маҳалгарои Тоҷикистон худи ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов аст.Агар вай маҳалгаро ва сиёсати давлаташ дар заминаи маҳал набошад чаро ягон кулобӣ,чаро ягон ғармӣ,чаро ягон помириву дигару дигараш дар мақомоти қудратӣ на МВД на КГБ на Миноборон ва на Прокуратураи генералӣ роҳбар намешаванд? Чаро?Ҳатто ҳамин Агентии зидди маводи нашъаовар ва Агентии зидди коррпусия ҳам дар дасти ё фархорӣ ё данғарагӣ.Суди Олӣ,Прокурори генералӣ,ВКД,КДАМ,вазорати мудофиа ҳамааш дар дасти зодагони як маҳал.Чаро?

Ин худи Раҳмонов аст ки маҳалгароиро дар кишвар ба сатҳи давлат бароврад. Дар замони хуҷандиҳо ягон вақт ин тавр набуд. Агарчи он вақт Маскав ҳамаро идора мекард,вале дар мақомоти қудратӣ намояндаҳои ҳама қисматҳои Тоҷикистон роҳбарӣ мекарданд.

Ҳозир,то ҷое аз ҳамкорони собиқ шунидам кори Шералӣ Мирзо,вазири мудофиаи Тоҷикистон дар дасти тафтишот аст.Аммо бовар кунед,ки ҳеҷ чиз намешавад.Ҳамаи ҷамъкардагиҳояшро оварда бо ду дасти адаб ба худи Раҳмонов месупорад ва боз корро идома медиҳад.Ҳатто агар аз мансаб гирад ҳам боз ягон данғарагӣ ё фархорӣ ё кангуртиро мемонад. Ин номард мансабу маблағи давлатро бо ҳаммаҳалҳояш ба ғорат бурда истодааст.То Раҳмонов дар сари қудрат ҳаст Тоҷикистон руи ободиро намебинад.Ҳаминро гуфтанӣ будам,бародар Муҳаммадиқбол!                    

                         Исфара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Исфара ҳастам.Дар Исфара камбуди зиёд аст. Аммо агар дар бораи замини автовокзали шаҳри Исфара,ки ба Акрам ё ин ки Акмал аз Конибодом доданд, чи гуфтаниям?Ин замини автовокзалро бо пора ё ин ки взятка ба вай доданд.Вай дар Исфара бисёр баландошёнаҳо дорад, ҳатто ресторани машҳуре,ки дар Исфара аст Одилон аз они уст,шумо худ боз хубтар медонед.Ва дигар проблема масҷиде,ки дар маркази шаҳри Исфара аст, масҷиди Қалъа дар бозори марказӣ онро маҳкам намудан бе ягон гуноҳ ва масҷидро маркази хизматрасонӣ намуданд:
 «У города Исфари есть много проблема, коррупция налог и тог далее очень много. Но эти проблемах мне не касается. Я хочу сообщат вам только об двух проблема один здание Анис они продали земля автовокзала на один бизнесмен из Канибадама его зовут Акмал или Акрам здани Одилон тоже принадлежит ему и другого проблема мечет Кала,мечет которий находится в базар в центре Исфари в программа номахо из регони мы хотим видеть эти проблемы тоже.»


Ин автовокзалро замонавӣ карда мешуд аммо нисфашро барои сохти бинои баландошёна иҷозат доданд.Инсон бояд сарашро танҳо бар парвардигораш хам намояд аммо мо бисёри тоҷикҳо дар таърих фақат ба дигар қувваҳо ва қавмҳо сар хам намудем.Шояд теъдоди каме зидди онҳо баромаданд.Решаи ҳамаи миллатҳо ба ду нафар мерасад.Гуногунии забонҳову ранги пустҳо аз парвардигор вобаста аст. Забонамон забони форсӣ аст аммо лаҳҷа ва шева каме фарқ дорад.Қавми тоҷик ё ин ки миллати тоҷик бар худ фарҳангу таммадуни хос дорад.Дар охир гуфтаниям,ки сатҳи зиндагии мардумро баланд бардошта мешавад.Ҳаққу ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳама ҷо ба кафолат гирифта мешавад,аммо вақте ки мо сарҷамъ нестем ва пароканда ҳастем,зери як чатр нестем.Дар ин ҳолат сатҳи зиндагии мо баланд намешавад,ҳаққу ҳуқуқамон ҳимоят карда намешавад ва абарқудрат чизеро,ки фармон медиҳад онро ба ҷо меорем.Ин буд каме нисбати миллат.

             Вахш

Салом бародар Муҳаммадиқбол!Аз ноҳияи Вахш бароятон менависам. Ин масъалаҳоеро, ки ман менависам дар газетаи СССР ҳамшаҳриҳои ман пештар чоп карда буданд.Аммо то кунун чизе дигар нашуд.Барои ҳамин ман онҳоро аз ин газета нусхагирӣ карда ба Шумо ирсол мекунам,то ки бо ин васила мақомот ба ин масоил таваҷҷуҳ кунанд.Сабаби дигари ин матолибро ба шумо ирсол карданам ин аст ки то бидонед дар дохил  ҳастанд нашрия ва журналистоне,ки роҷеъ ба мушкилоти иҷтимоӣ менависанд ва низ бо фириистодани ин навиштаҳо мардуми Вахшро ташвиқ кардан мехоҳам,ки бо «Ислоҳ» ҳамкорӣ кунанд.Хуллас,як нафар бо номи Давлаталӣ Ахмедов,ки рақами телефонашро ҳам дар газета фиристодааст,аз бебарқӣ шикоят карда навиштааст,ки « – Мо илоҷи дардамонро аввал ба Худо ва дуюм ба рӯзномаи мардумии СССР мегӯем. Ва ин марди нафақахур идома дода гуфтааст:

  «Баъдан 1 чизи дигаре, ки мо собиқадоронро дилсард месозад ин муносибати сарди мақомдорон аст, ки вақтҳои ахир ба чашм мерасад. Аз рафтану омадан ба мақомоти маҳал безор мешавию касе коратро ба охир намерасонад. Маҷбуран ҳуҷҷатҳоятро ба шӯъбаи умумӣ месупорию он ҳам баъди моҳҳо ҷавоби нопурраи манфиро интизор мешавӣ. Ақаллан ин мансабдорон ба доди мардум расанд, то мо пиронсолон давлати пирӣ ронем. Онҳоро ба ин вазифа бовар карда гузоштаанд охир».

Дар мақолаи дигари СССР вазъияти ноҳия инъикос шудааст.Муаллиф агарчанде мустақим номи раиси ноҳия Қурбон Юсупов(Қурбони бех-қаҳрамони чанд матлаби «Ислоҳ») –ро зикр накардааст,вале маълум аст ин навишта ба вай нигаронида шудааст.Ин матлаб 17 апрели соли ҷорӣ чоп шудааст ва муаллифи он хабарнигори нашри Н.Қосимзода мебошад:

«Баъди шикоятҳои пай дар пайи сокинон ва ҳамкорӣ накардани масъулони ноҳиядор дар робита ба Фармони № 622, инчунин ошноӣ бо вазъи зисти мардум, ҳайати эҷодии рӯзномаи мардумии СССР тасмим гирифт, ки ин навбат ба н.Вахш сафар анҷом диҳад.

  Турсунзодаи машҳуру боғи хору зор

29.03.2024. Соат ба вақти Вахш 11:10 дақиқа. Чун ба ҳудуди ноҳияи Вахш вуруд мешавӣ, дар масофаи на он қадар дур бо боғи истироҳатӣ ва фарҳангию фароғатии ба номи М. Турсунзода вомехурӣ. Боғ аз марказ дур нест, вале аз дидани он табь нороҳат шуда, бар ҳоли зори ин боғи“муаллақ”дилатон месӯзад.

Дохили боғ ба ғайр аз арчаҳои бузургу куҳансоли бенигоҳубин ва 1 дона бодпараки давраи дақёнусӣ монда, дигар ягон бӯе аз фароғату фарҳанг нест. Арғунчаки боғ кайҳо ҷояшро муайян кардааст. Ин ҳам бошад барои оҳанпора супоридан. Диққати моро инчунин биноҳои дохили боғ, ки ҳамагӣ берангу таъмирталабанд, ба худ кашида, фаҳмидан хостем, ки боз дохили он чи корхонае ” фаъолият ” пеш мебарад.

Раҳораҳ бо директори боғи мазкур, ки худро Раҳмон Зубайдов муаррифӣ кард, ҳамсӯҳбат шуда, дар бораи ҳолати табоҳи ягона маркази фарҳангию фароғатии ноҳия, ки масоҳаташро 4, 63 га дар бар мегирад, маълумот гирифтем. Тавре дар сӯҳбат директори боғ гуфт, имсол раиси ноҳия дар нақшаи ободонии маҳал масъалаи таҷдиди боғи мазкурро ҳам илова кардааст. Ва дар ояндаи наздик ҳолати боғ беҳтар ХОҲАД ШУД!!!

Театри лӯхтак дар даруни боғ?

Дар боғ ҳамзамон 1 бинои кӯҳнаву фарсуда ба чашмамон бархурд, ки инро масъулону коргарон бинои театри лухтаки ноҳия унвон кардаанд. Ин театри бефаъолият қисмати зиёди замини боғро ишғол карда, умри на онқадар зиёд дидаасту имрӯз ба 1 иншооти валангор табдил ёфтааст. Он дар баланси кадом ниҳод аст, касе ба ин суол посух гуфта натавонист. Ороиши асосии ин боғро ҳамон 5-6 овезаву навиштаҷоти куҳна ташкил медиҳанду халос. Сафолаку роҳравҳоро кайҳо иваз кардан мебояду вазъияти кунунии боғро кайҳо тағйир додан лозим аст.

Зимни сӯҳбат директор илова кард, ки дар маҷмӯъ барои ободонии боғ дар соли 2024  ҳудуди  21300 сомонӣ аз буҷети маҳал ҷудо гардидааст.

 Гулгашти арӯсон

1 ишораи кормандони боғ моро дар тааҷҷуб монд, ки ин ҷо ҳангоми шукуфтани гулу майсаҳо ба гулгашти навхонадорон табдил меёбад. Яъне домодону арӯсон дар ин макон ҳангоми шукуфаҳо ба сайр омада, ин мавзеъро ройгон тамошо мекунанд. Коргарони боғи мазкур бошанд, аз ҳар 1 ваҷаб замин самаранок истифода мекунанду дар заминҳои боғ маҳсулоти хоҷагии қишлоқ парвариш. «Музди маоши якмоҳаи коргарон аз 500 сомонӣ то 1000 сомонӣ буда, маош ҳар моҳ саривақт дастрас мегардад», гуфт Раҳмон Зубайдов.

 1 бому чанд ҳаво…

Агар ба тарафи дигари боғ равед, ин ҷо маркази будубоши рӯзонаи ташкилоти “Маҳбуб” – и н.Вахшро вомехуред. Тавре мушоҳида шуд, дар ин мавзеъ бо маъюбон сару кор мегиранду ройгон бо онҳо машғулият мегузаронанд.  Заргулой Юлдошева бо ҷамъи кормандон, ки ҳамагӣ 14 нафарро дар бар мегирад, ба маъюбон хидматрасонии иҷтимоӣ, физиотерапевтӣ, равонӣ расонда, кор бо модарони маъюбро ба роҳ мондаанд. Заргулой Юлдошева изҳор дошт, ки дар рӯзҳои иду ҷашнҳо дар боғе, ки мо бар дохилаш фаъолият дорем, кӯдаконро метавон дид.

    – Дар рӯзҳои ид соҳибкорон барои хушҳолии кӯдакон ҳар гуна бозиҳо оварда, ишонро саргарму хушҳол мекунанд. Албатта чунин бозиҳо   шахсианд, ки пас аз ид соҳибонашон бо худ мебаранду боғ ҳамон гуна урён мемонад, – афзуд ӯ.

Дар ҳамин марказ ҳам аз лимит шикоят карданд. Чуноне гуфтанд танҳо бегоҳ қатори мардум барқ дастрас асту рӯзона онро намебинем. Ба гуфти коргарони марказ ин ҷо пеш 1 ҷазираеро мемонд, ки бо ташаббуси худи коргарон ба ҳамин макони диданӣ табдил ёфтааст.

 Муаммои асри пор

Боғро бо ҳолаташ тарк карда, ба маркази ноҳия омадем. Ин ҷо барои гузоштани мошини шахсиву корӣ ҷой пайдо кардан амри маҳолест. Ва ин масъала солҳост, ки боиси норозигии сокинон гаштааст. Нусратуллои Хайриддин, 1 сокини ноҳия аз он гилагузор аст, ки мо солҳои зиёд ҳамин ҳолро дорем:

   – На терминал дорему на бозори марказӣ. Барои ба нақлиёт савор шудану ба маркази вилоят рафтан, ронандаҳо ба ҷону ҳолат намемонанд. Чи гуфтугӯҳое, ки намешавад ин ҷо.Боз аз рӯзе, ки автобусҳо ба хатсайр баромаданд, тамбашавии нақлиёт дучанд афзуд. Ба назар чунин мерасад, ки ин мушкили мо охир надорад, чунки касе на парвои бунёди терминал дораду на танзими нақлиёт.

Дар ҳақиқат бинобар надоштани бозор савдои кӯчагӣ рушд намуда, роҳи бе ин ҳам танги пур аз мошинҳоро якбора тангтар кардааст.Истгоҳҳои дар гузашта бунёд гардида, ҳоло ба мағозаҳо иваз шудаанд. Ва чаро тамбашавӣ то ин ҳол мерасаду кормандони БДА назорат намебаранд, суолест матраҳ.Як саволи дигаре, ки мо хостем аз намояндагони Бозрасии давлатии автомобилии ноҳия пурсем, ин равуои воситаҳои нақлиёти сабукрави «Чакан» ва «4545” буд.

Чунин навъи таксиҳои муосирро дар ноҳия бисёр метавон дид. Ва онҳо мисли одамони «муосир» ба касеву чизе аҳамият надода, кучое хоҳанд ист карда, мусофир мегиранду мефароранд.Мухбирони газетаи СССР борҳо ин масъаларо ба миён гузошта бошанд ҳам, вале аз санг садо ҳасту аз соҳибони ноҳия неъ! Чаро?

 Терминал ҳаст, вале…

Дар МИҲД н.Вахш ба мо иттилоъ доданд, ки дар ноҳия терминали мусофиркашонӣ ҳаст, аммо дуртар аз марказ воқеъ гаштааст. Инро фаҳмида, мо ҳам ба сӯи ин терминал шитофтем. Раҷабалӣ Юсупов ном шахс роҳбарии ин терминалро, ки аз соли 2000-ум амал менамояду «Восток» ном дорад, ба ӯҳда доштааст. Вай яке аз сабабҳои тамбашавии нақлиётро дар ноҳия ин истгоҳи аниқ надоштани воситаҳои нақлиёти мусофиркаш унвон кард.

   – Айни ҳол дар терминали мо 10-12 микроавтобус дар ҳаракатанд. Нақлиёти сабукрав ҳам дар ҳамаи хатсайрҳои дохилиноҳиявӣ ва самти шаҳри Бохтару Ҷ. Балхӣ низ фаъолият мебаранд, – гуфт директори терминали «Восток».

Вале бо ин ҳама тамбашавию ҳолати бади нигаҳдории нақлиёт танҳо дар маркази ноҳия ба чашм мерасад ва вақти он аст, ки мардум одоби аз терминалҳои мусофикрашонӣ истифода карданро омузанду ба ҳар гуна сабукравҳои сарсарие, ки дар сари роҳҳо ист кардаанд, мақомот ҷиддӣ муносибат намоянд. Намегӯем таксиҳои расмиву ғайрирасмиро ронанд. Неъ! Вале танзим дар соҳаи нақлиёт  бояд ҷорӣ гардад.

Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!

                                Шуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!Аз ноҳии Шуробод ҳастам.Феълан дар Перм кору зиндагӣ дорам.Дар бораи ду масъала гап заданиям.Аввал дар масъалаи Рашиди гаишник.Рашид,ҳамчуноне дар яке аз номаҳои пешина гуфтам дар ноҳияи Шуробод,дар ГАИ кор мекунад.Ҳарчи дар бораи Рашид пештар навиштед,садфисад дуруст аст.Ин номарди даюс як хонаводаро аз ҳам пошид,вайрон кард.Вай бо ҳамсари хусурбачаи худаш ба даст афтод.Вайро худи Муртазои хусурбачааш қапид.Муртазо занашро сар дод.Чунки дар ҳақиқат худаш қапида буд.Бо мардум гапи зиёд ҳам гуфтанд.Аммо ин номард боз уро задааст,ки ту обруи маро ҷазир кардӣ.Аммо баъди нашри ин ҳодиса дар «Номаҳо..» Муртазоро бурданду маҳкам карданд.Ӯро на дар шуъбаи Шуробод дар отдели Кулоб бурданд.То ҳоло ба касе нишон надода буданд.

  Аммо зани Рашид бошад,ҷойи онки аз тани шавҳараш бишармад,гуфтаст,ки шуи ман вазифа гирифту инҳо уро подставит карда истодаанд.

Вале ин воқеа дар ҳақиқат руй додагӣ аст.Муртазоро барои он маҳкам карданд,ки гуё ин ҳодисаро у ба Ислоҳ нависонида бошад.

Бародар Муҳаммадиқбол!Илтимос аз шумо,ки ба ин Ятимову Рамазон Раҳим расонед,ки он номаро Муртазо нанавиштааст.Ана,ҳоло вай дар СИЗО аст боз мо навишта истодаем ба шумо.Ҳоло бубинанд,ки боз хабарҳо омада истодааст.Вақте вай дар боздошт аст хабар рафта истодааст ку?Барои ҳамин он бечораро раҳо кунанд.Он одаме,ки пештар навишта буд,боз навишта истодааст,гуед.

Масъалаи дуввуми мегуфтаи ман дар бораи Муҳаммад Маданӣ аст.

 Як бародар буд аз Шуробод,ки эшон мегуфтанд.Эшони Моҳир.Як руз ба як нафар занг зада мегуяд,ки наворҳои Муҳаммад маданиро тамошо кун,гапҳои хуб мезанад.Он бародар гуфт,ки аслан аз Маданӣ дарак надошт,баъди ташвиқи эшони Моҳир тамошо мекунад.

Аз Шуробод як касро меқапанд,ки шогирди эшон Моҳир будааст.Гуё вай дискотекаеро дар Душанбе метаркондааст. Уро меқапанд. Мебаранд отдел ва мепурсанд,кӣ ин корро ба ту фармон дод.Мегуяд эшони Моҳир.Баъди нишондоди вай эшони Моҳирро бо бачааш аз Туркия оварданду дело карда даҳ сол доданд.Ҳам худаш ва ҳам бачаашро суд карданд. Ин эшон доим Муҳаммад Маданиро таъриф мекард.Ҳозир дар зиндони Кирпичний аст. Як одами тамоман бегуноҳ даҳ сол мешинад ва боз бачаашро ҳам шинониданд.

                                                   Айнӣ

        Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол.Барои онки аризаи навиштаам ба идораи лозимӣ расад ду маротиба аз ноҳияи Айнӣ Душанбе омадам.

 Маълум аст ки мардум замоне,ки ба ягон мушкилӣ ва ноадолатӣ рубару мегардад ё умуман аз ягон кор норозӣ мешавад бо ариза ба номи роҳбар,вазир,сардор   муроҷиат мекунанд.Ҳамчунин ба Президент ва дастгоҳ.

 Хуб, мақсад чист ва чи гуфтан мехоҳам.

Ҳамин қабули аризаро ҳам ба як тиҷорат табдил кардаанд.Шаҳрванд аризаашро оварда месупорад ва ба умеди ҳалли он интизор мемонад. Ариза тибқи тартиб ба шуъбаи умумӣ рафта баъдан аз он ҷо бояд ба назди Роҳбар ё Вазир дароварда шавад ва баъди дидани онҳо аз паи ҳалли он мешаванд.Аммо,он нафар ё нафароне,ки дар шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ва ҳатто Дастгоҳи Президент ҳастанд, вақте ки ариза оиди камбудие ё аз болои корманде ё нафари мансабдоре омад,зуд ба вай занг зада он нафар ё он мансабдорро огоҳ мекунанд. Он тарафаш маълум.Тоҷики мо дарав «чи хизмате,ки бошад мекунем аризаро надарор ё нарасон,хубтараш ба касе нишон надеҳ.Баъдан он нафари навиштагиро он мансабдор ё корманде, ки аз болояш навиштаанд мекобад.Аҷиб,  бечора ба умеди дарёфти ҳақиқат худ дар бало мемонад.Ана баъд он корманди шуъбаи умумии ариза қабулкардаро хуб ҳақ медиҳад нафари гунаҳгор.Агар боз яке ба дастгоҳи Президент ягон ариза расад оиди ягон камбудӣ ё норозигию ноадолатӣ,тамом,шуъбаи умумӣ ва он нафаре, ки онро қабул мекунад,туй дорад. Шуъбаи умуми дастгоҳи Президент як бозори хабару гапу гапча аст, ки бо дилхоҳ сум дилхоҳ маълумотро мегирӣ. 

Умуман ин як ҳолати беногувору нороҳаткунанда аст.

  Чи даркор рузи қабули дуруғ,ки дар он ягон бор ягон Вазир, Раис, Сардор, ҳатто муовинон ҳам нестанд.Ягон корманди нимколаро мемонанд,ки ягон проблемаро ҳал кардан аз дасташ намеояд. Акнун қабули роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент,Раиси шаҳри Душанбе, худи Президент,фақат дар шаби хоб.Беҳтар аст барҳам диҳанд,чи даркор то ин дараҷа шайтонӣ?

                      Ҳоит 

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!Ман имруз дар бораи як ришдор,ки худашро муллову қорӣ метарошад ва аз генерал Шоҳ ҳимоят кард, менависам яъне Қорӣ абдулвоҳид.

Зан ва фарзанд дорам. Қасами ҳонисӣ мехурам. Валлоҳ, биллоҳ, ки Шоҳро ман туҳмат накардам. Худаш ва писараш ва додаронаш чи кор кардаанд, ҳамаашро нукта ба нукта ин шо Аллоҳ навишта равон мекунам. Генерал Шоҳ як тағое дорад ба номи Маҳмараҷаб. Ба фикрам тағои раднояш нест, лекин медонам хешутабори наздики генерал Шоҳ аст.Ин Маҳмараҷаб чанд сол раиси Назарайлоқ буд. Он замон Қанди писараш майда буд.Худаш ҳамроҳи бародаронаш ва ҳамроҳи тағояш ва ҳамроҳи чоплусону лесаконаш Назарайлоқро чандин солҳо хурданду бурданду роҳат карданд.Он замонҳо мардум ба лингча аз сари куҳ,ки баланд асту камтар абр дар осмон пайдо шавад,барф мегирад,ангишт меоварданд. Одамҳои линчадор ҳафтаҳо дар сари куҳ меистоданд. Як дискаи Камазро гирифта дар дарунаш алов мекарданд ва шаб то саҳар дар гирди ана ҳамин алов меистоданд,ки аз хунукӣ намуранд.Маҳмараҷабу Шоҳ бо бародаронаш ва хешу таборонаш ва албатта ҳамроҳи чоплусонаш бо Камазу Дулан шабурӯз ангишт мекашид. Мардуми камбағал бошад то саҳар меларзид.Валлоҳӣ қасам солҳои пеш мардуме, ки камбағал буданд,бо мошин ангишт мефароварданд.Баъзе ҷавонҳо то як моҳ меистод то ки барои аловаш ангишт барад.То ҳатто нону хурок тамом мешуд.

Ин Шоҳ як хеши дигар ҳам дошт. Дар Ҳоит қозигӣ мекард. Як замонҳо дар Ҳоит шариати ислом буд.Бо гуфти худашон агар як мусалмон дар намоз дер мекард ё инки намозро дарёб намекард ҳатман пешқапаи ана ҳамин қозидомулло мехурд,ё инки як лати хуб мехурд,ё инки рафта аз даруни оғилат худаш ҷудо карда як гусфанди ҳалолатро аз пеши худат гирифта дар мошини Ҷипаш бо ҳамрохи шогирдонаш бор карда мегуфт: «аку ҷонат халос шуд мегуфт ва гусфандро гирифта мерафт.Ин қозӣ ҳоло мурдааст.Вайро ҳукумат турма кард.Дар турма мурд.Худаш пир буд. 2 ё 3 зан дошт. Як занаш беҳад ҷавон буд, ки ӯро чуҷа садояш мекард. Ин чуҷа аз Ҳоит гурехта Душанбе омад ва ин қозидомуллоро фурухт. Ин қозидомулло дар Назарайлоқ саҳми калон дошт. Дар дасташ як тиёқ, ки аз чуб будмардуми линчадорро фақат сур мекард,токи ин куҳи калонро линчадорҳо тамом накунанд. Валлоҳӣ қасам чунон мезад, ки ҳушат мерафт, агарки дастгират мекард.Ин қозӣ бо ин қадар зулмаш дар беҳтарин ҷои Ҳоит хона кард. Агар ҳукумат заминашро 8 сотихӣ таксим кунад, чанд мусалмон соҳиби замин мешавад.

Дере нагузашта Қанди писараш калон шуду куҳи Назарайлоқ дар дасти писараш хурд. Чанд соли дигар ин Қанди писараш хурду бурд.

Назарайлоқ як гардиш-поворот дорад,бо номи 8 паварота.Ягон инсон аз онҷо ҳақи боркуниро надошт.Танҳо Қанди писари генерал Шоҳ ва лесаконаш доштанд.

Вақте Назарайлоқ ҳуй буд Ҳисорак мерафтӣ дар даромади Ҳисрак ангиштро медидӣ,хиёл мекардӣ ин куҳ аст.Лекин ин куҳ набуд,кумурҳои Қанди писари Шоҳ генерал буд.Чунон мекашид,ки серӣ надошт.Ин чоплус ҳақиқатро намегуяд.Дар Ҳоит 2 ҳазор аҳолӣ зиёд аст.Ду масҷид амал мекард.Яктеашро маҳкам карданд.Имсол ҳам барои хизмат солдат наёфтанд.Чанд руз танҳо ҳамин масҷиде,ки кушода буд,маҳкам карда буданд.Баъди чанд руз ҳуйяш карданд.

Дар Ҳоит зулм дар авҷи аъло аст.Мардум метарсанд,ки имоматӣ кунанд.Тракторист ва таксист дар Ҳоит имоматӣ мекунанд

 Олимону донишмандон дар пушти даранд.На ҳурмат мондааст,на эҳтиром.Бо ҳичоб гаштан метарсанд занҳову духтарҳо. Ана ин аст хизмати генерал Шоҳ 

  Шоҳ, шояд аз 20 сол зиёд шуд хизмати пешоби милататро мекунад. Ин шо Аллоҳ ҳамааш дар охират маълум мешавад. Дар онҷо ту бо ин илмат наметавонӣ чоплусӣ кунӣ. Чунки онҷо Аллоҳ таъоло худ қозӣ хоҳад шуд. Гусфанди бешох аз гусфанди шохдор қисос хоҳад гирифт.

Бародар Муҳаммадиқбол! Намедонам аз ин ҳақиқат огоҳ ҳастӣ ё хайр?Валлоҳӣ қасам дар як рейс ангишт, ки Дулан тақрибан то 30тон мебарад чанд оила хатнатуй мекунад. Чандин солҳо Ҳоит дар дасти ана ҳамин Шоҳ буд, бо кони ангишт ва заминҳяш. Заминҳои зиёдеро фурухтагӣ аст, ки инсонҳо зиндагонӣ карда натавонистанд ва на пулҳояшонро пас гирифтанд. Шахсияти ман ному насаби ман пеши шумо ҳаст агар туҳмат карда бошам ва фаҳмидед ин суханони ман туҳмат аст ошкорам созед, мо аз он Ҳоитиҳои мурғ нестем , мард будем ва мард хоҳем монд!

                      Ёвон

  Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аллохи меҳрубон нигаҳбонатон бод. 

 Нома аз ҷамоати Чоргул,деҳаи Кулободи Ёвон. Дар бораи директори мактаби № 22. Номи директор Мирзомуродзода Сафаралӣ. Мактабро як ҷойи тиҷоратхона кардааст.Оилавӣ дар мактаб кор мекунанд Дар таги подвали мактаб магазин кушодааст. Ҳама чиз гарон. Аз хурокаҳое,ки ба мактаб дода мешавад,мефурушад. Пирашки карда мефурушад. Дафтару ручкаро қимат мефурушад.Дар беруни мактаб ҳам магазинҳо ҳастанд,аммо зани директори мактаб кудакҳоро намемонад берун баромада харид кунанд.Занаш қаравули мактаб.Бачааш ҳам муаллим ва ҳам боз бизнес мекунад.Духтараш ҳам кор мекунад.Ба номаш муаллима аммо аз пушти бизнесу савдо.Ягонтоаш дар фикру ғами дарс додан нест.Мактабро оилавӣ кардаанд, ранги Раҳмонови касиф.Духтари директор Оиша ном дорад.Бахудо қасам дар мактаб дарс намедиҳад. Мо мардуми муҳоҷир мактабро пул ҷамъ карда таъмир кардем.Боз бо баҳонаи таъмир аз талабаҳо бист сомонӣ ҷамъ карда истодаанд. Ин вазорати маориф куҷоро нигоҳ мекарда бошад?Барои чи мактабро мардум таъмир кунад? Аз худо битарсед давлатдорҳо.

Ин оила дар деҳаи мо кор мекунанд, аммо аз қишлоқи Грав омадаанд. Ин директор

 Мирзомуродзода Сафаралӣ ду зан дорад.Ишкамаш ранги деги 20 килоӣ. Ин директор ягон намуд муомилаи инсонӣ бо мардум надорад. Фикраш фақат пул ҷамъ кардан.

Дар муассисаҳои давлатӣ оё ягон худотарс кор мекарда бошад? Чунки куҷое меравӣ якум гапашон пул, аз мактаб сар карда то ҷамоату ноҳия.

 Бародар Муҳаммадиқбол ман ба шумо се нома навишта будам.Дар Номаҳо аз ноҳияҳои №42 дар бораи ҳамин қишлоқ ва дар бораи ҳамин мактаб навишта будам.Директори пешина Наҷмиева Гулҷаҳон буд. Шумо хуб нашр карда будед.Баъди он навор қарор карданд,ки дар деҳаи мо мактаби калон месозанд.Ҳоло нақшаашро кашидаанд.Ташаккур ба шумо!

Share This Article