Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №176

Ислоҳ нет

Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» феълан минбари ҳама мардуми мазлуми кишвар гаштааст. Арзу шикоятҳое,ки ниҳодҳои марбутаи кишвар ба онҳо бе пул ва пора расидагӣ намекунанд дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» шикоятҳои мардуми оддӣ мерасанд ва мо ҳам бе даранг ба онҳо расидагӣ ва тақдим менамоем. Дар ин барнома шумо аз се ноҳияи кишвар номаҳои тақрибан ҳамсон ва дар шакли ҷиноят якранг. Шикоят аз Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон ва афроди корманд бо ӯ, ки аз Панҷакент навиштаанд. Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва ниҳоди зертобеъи ӯ. Зидди фасод Сулаймон Султонзода, ки дар расидагии мушкилоти коррупсия комилан оҷиз мондаасту аслан ба навоҳии дурдаст аҳамият намедиҳад. Инчунин аз Судӣ Олии кишвар Шермуҳаммади Шоҳиён,ки судияи ӯ дар Мастчоҳ ғоратгареро, ки 800 ҳазор сомонии мардумро фиреб карда бо ҳимояти раиси собиқи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода бархурдорро нуҳ сол ҳукм дода вале пас аз якунимсол барои дуздии хубаш озодаш намуданд. Ин шумора тақрибан шикоят аз прокурор, коррупсия, суд аст.  

                                     Сари Хосор

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Сари Хосор бароятон менависам.

 Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» қайд кунед. Мо мардуми Сари хосор аз тими «Ислоҳ» хеле миннатдорем, ки дарду алами моро ба гуши кари як хел ба ном роҳбар мерасонед.

  Мо мардуми 8 ҳазораи аҳолии Сари хосор аз президенти Тоҷикистон пурсиданием куҷо шуд он ҳама ваъдаҳоят? Дар забони русӣ як ибораи «мужик сказал, мужик сделал» ҳаст. Омадӣ дар Сари хосор, даст дар қафаси сина задӣ, гуфтӣ ман аз ҳисоби худам мекунам. Аз ваъдаи кардагиат 3 ё 4 сол гузашт, куҷо шуд роҳ?  «Чоплусо меброян меган дар даврони истиқлолият тамоми роҳо аз нав шуд, чи мо дар ягон Тоҷикистони дигайем? Роҳи мо соз нашудай». Ваъдаи додаат ба монанди ваъдаи дадааст дар оғози сохтмони Роғун, ки гуфта буди : «бе барқӣ афсона мешавад» ваъдаи додаи роҳ барои Сари хосориҳо ҳам дақиқан ҳамон шаклу намуд аст. Ту бо ваъда ба қудрат расидӣ ва бо ваъдаҳои анҷом нододаат кадом рӯзи бузурге меравӣ!

  Аз маркази ноҳияи Балҷувон то маркази ҷамоати Сари хосор  35 километр роҳ аст. Ин роҳро мебоист Раҳими ғармӣ тармим ва обод мекард.Азим Иброҳим вазири нақлиёт (каламуш) гуфтааст, ки «ма чанкаса сркадм бо шумо омаден. Ҳаму кудак гиря мекна мегуйша, ки хапкн қандт метм, Раҳмонов қати Азим Иброҳим мадруми Сари хосора ҳамтари кадиян»

Дар инҷо  аз фурсати муносиб истифода бурда паёми маро ба таксиҳои Сари хосор аз он ҷумла ҳоҷӣ Юсуф, Эшони кабутак, Эшони Шалақ, Қувваталӣ, Сафари Тағай, Қутбуддин, Эшони Сайҳом, Ғаффору Ҷаббор аз Сияҳтут ва ғайраҳо бирасонед, ки ноинсофӣ накунанд. Аз маркази Сари хосор то маркази ноҳия 40 то 50 сомонӣ мегиранд, аз 8 то 10 одам бор мекунанд. Аз Қади боло 70 то 80 сомонӣ дар 65- 70 километр мегиранд.

Барои як қопча бор 20 то 25 сомонӣ мегиранд. Як хел камбағал ноҳия меояд обед карда наметавонад. Аз барои Худо бас кунед талаву тороҷи мардумро. Як хел ронандаҳо ончунон маст шудааст, ки гуш намекунад, ки ҳамин камбағал чи мегуяд.

 Раиси ҷамоат бошад кораш фақат бизнеси сарбоз. Бачаи депутати қишлоқ бачаи, раиси маҳалла нигодний, коғазҳои фалшивий кардагӣ, бечораи камбағалро пеш -пеш мекунанд. Сардори ҳаромхурҳо намояндаи коммисариати ҳарбии ноҳия дар ҷамоат Раҳматулло бачаи Саид, аз Боғизоғон.

  Вазъияти ҷамоат дар як ҳолати ногувор аст. Раиси ҷамоат ба як ариза барои замини наздиҳавлигӣ имзо мондан аз сад сомонӣ боло мегирад. Ин кури Сайф боз ду ҳамсинфи дигар дорад. Якеаш Шералиева Манзура, дар ҳукумати ноҳия кор мекунад. Кури Сайф, дар вақти директори мактаб буданш духтарҳои синфи 11-ро ба ваъдаи квота мебурдаасту дар квартираи ҳамин Шералиева Манзура мемондааст.

 Ҳамсинфи дигариаш Ҳабибулло бачаи Ҷобиров Амирулло, узви Фронти халқӣ, боз документ доштааст. «Кати коме гапш мегрехтай мегуфтай о ҳатёт кн, гирди мада тов нахр, ки шамол ай боло мегарда мазат мегреза».

Ҳабибуллои ҳамсинфи раиси ҷамоат соли 2011 хизматро тамом мекунад ва худи ҳамон сол бо маълумоти миёна ба Кумитаи амнияти миллӣ ба кор медарояд. Маълумоти олиро аз КДАМ мегирад. Рутбаи ҳарбиаш капитан. Дар мавриди чандин одамҳоро аз хориҷа ба Тоҷикистон бурдан дасти дароз доштааст. Дар Русияву Туркия мегардад. Ҳар вақте ба ноҳияи Балҷувон равад бо ҳамроҳии кури Сайф ва Шералиева Манзура дар ресторан «отделни кабинада» ҳар сеяш мешинанд ва аз як чойник чой мехуранд. Дар ҷиноятҳои ҳамдигар шариканд.

  Ин Ҳабибуллои Амирулло дар қисми низомии 23441 адои хизмат кардагӣ аст. Дар амалиёти бар зиди Мирзо ҷага соли 2009 ва дар дараи Камаров соли 2010 ва 2011 иштирок кардагӣ аст. Худи ҳамон соли 2011 бо рутбаи ҳарбии старшина хизматро ба итмом расонд

   Бо умеди пирузӣ ва салому алейкум ва раҳматулоҳи баракотуҳу.

                         Панҷакент

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Панҷакент ба шумо менависам. 

Як шикоят аз болои прокуратураи шаҳри Панҷакент дорам. Соли 2023 бо прокурори шаҳри Панҷакент бо номи Азимзода Сарвар шикоят карда будам. Ҳозир ин нафар муовини Прокурори генералӣ шудааст. Ин номард мардуми шаҳри Панҷакентро бисёр ранҷу азоб додааст. Шукри Аллоҳ аз шаҳри Панҷакент дур шуд ва мардум аз дасти ин нобакори мунофиқ халос шуданд.

Ин давлат чи хел давлат аст ки ин хел инсонҳои пастро ба ҷойи онки аз вазифа барканор кунад,ҷазо диҳад, ба зинаи боло мермебарорад, мансаби баландтар медиҳад. Ӯ ин мансабро ба 1.5милион доллар харидааст. Вале аз хуни мардуми шаҳри Панҷакент он пулҳои додаашро рӯёнд. Сатҳи заминфурӯши дар даври прокурории Азимзода Сарвар ба дараҷаи аъло расида буд. Мардуми шаҳр бисёр ранҷу азоб мекашиданд. Аз ҷинояткорон пул талаб карда ба фоидаи онҳо корро анҷом медод. Ҳозир бошад муовини ӯ бо номи Ҳоҷиев Толиб пайроҳаи Азимзода Сарвари устодашро тай карда истодааст. 

  Шукри Аллоҳ мегӯем, ки дар ҷои Азимзода Сарвар як инсон омад, ки вай ба халқ ҳамчун инсон муносибат мекунад. Алҳол аз рӯи қонун кор карда истодааст. Мо тарсони ин ҳастем, ки ин инсон ҳам ба дунболи Ҳоҷиев Толиб ва Азимзода Сарвар  наравад.

Ҳоҷиев Толиб аз номи писари ҷаноб Сомон ҳамаро метарсонад: « ман дӯсти наздикаш мебошам» гуфта кори худашро пеш мебарад. Куҷое арзу шикоят кунетон фоида надорад. Ягон кас ба ман баробар шуда наметавонад мегуяд. Ба касеву куҷое хоҳед шикоят кунед мегуяд.

Ин Толиби мунофиқ барои бозиҳои бузкашӣ, ки аспи 10 ҳазор долларӣ харидорӣ кард. Аз Абдусаттори заправкаи бензин харид.

Порсола бузкашии шаҳри Панҷакентро ба як харобазор табдил кард.

Аспаш бо номи Мерседес GMC ба номи писараш Ҳоҷиев Довуд аст ки дар мусобиқаҳо иштирок мекунад. Бузкаширо бо шарти худ гузаронида солимҳоро ба худаш мегирад. Дар шаҳри Панҷакент 3 паҳлавони номӣ ҳаст. Ва онҳо интизори аспи Ҳоҷиев Толиб мебошанд. Инҳо ному номуси худро гум кардаанд. Номҳояшон: -Исмат,Ҷаҳон ва Афросиёб аст. Аммо ин номардҳо номи паҳлавониро дар шаҳри Панҷакент паст кардаанд. Онҳо паҳлавонҳои фурӯхташуда ҳастанд.

  Мо, сокинони шаҳри Панҷакент хоҳиш мекунем, ки ин ҳаромхур Толибро аз инҷо бигиранд. 

Яке дигар муфаттиши прокуратура Ҷӯраев Ҷӯрабеки ҳаромхур мебошад.

Вай ҳам ба дараҷаи олӣ хуни мардуми шаҳри Панҷакентро хӯрдааст. Пули мардумро гирифта ба Азимзода Сарвар мерасонд. Ин як шестёркаи Азимзода Сарвар буд. Бо ҷинояткорон ҳамкорӣ карда пулро гирифта ба Азимзода Сарвар мерасонд.

 Ҷӯраев Ҷӯрабек 5 сол дар бузкашиҳои шаҳри Панҷакент иштирок кард. Уро коргари прокуратура гуфта ҳама солимро тақдим мекарданд. Доварон низ дар ин бобат ҳичи намегуфтанд, чунки метарсанд.

Ҷӯраев Ҷӯрабек аз ин бузкашиҳои ҳаромкорияш бисёр соҳиби чорвои майдаву калон шуд. Ҷӯраев Ҷӯрабек соли 2023 аспи бо номи Алмазро аз Сунатуллои чӯпон харида буд. Ин асп дар дасти Сунатулло дар шаҳри Панҷакент буд ва дар бозиҳо ҳатто як  мурғ ҳам бурд карда наметавонист.

Ҷӯраев Ҷӯрабек ин аспро бо номи бачааш ба майдон мебаровард. Номи бачааш Лоиқ Ҷӯраев. Он солимҳое ки ба ин тақдим кард мешуд Сунатулло ҷамъоварӣ мекард ва баъд бозор бурда фурӯхта пулашро бурда ба Ҷӯраев Ҷӯрабеки ҳаром хур мерасонд. Ин Сунатуллои чӯпон бо чандин бародарҳояш аспбони Ҷӯраев Ҷӯрабек мебошанд. Вой бар ҳоли ин хел  кунбардорҳо.

Порсол дар яке аз бузкашиҳо, ки дар деҳаи Колхозчиён баргузор гардида буд, бо номардӣ ва ғиром аспи Ҷӯраев Ҷӯрабек ғолиби солими шутур гашт, ки дар онҷо ду сар шутур буд. Баъд аз ин ҳодиса соҳиби мусобиқа ин ҳолатро дида шутури дигариро дар бузкаши намонд. Чунки дид, ҳама солимҳои калонро гирифтааст.

Шутурро гирифта хона бурд. Ҳамон шаб бандитҳои асри 21 Ҷӯраев Ҷӯрабек ва Ҳоҷиев Толиб ба хонаи соҳиби мусобиқа омада шутури дигарро талаб карда бо зӯри гирифтаанд. Моҳи оянда дар шаҳри Панҷакент маъракаҳои бузкашӣ шурӯъ мешавад. Ин ҳаромхурҳо боз корҳои худашонро давом медиҳанд. Ва қарор аст ин  чорабини 5-уми октябри 2024 дар рӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмонов сар шавад.

Чанд рӯз пеш ба мо чунин маълумоти баде аз бачаҳои прокуратураи ноҳия дар мавриди  Азимзода Сарвар расид,ки ӯ аз ҳамон сабзибадастҳо будаасту боз бадбахтона ҳозир муовини прокуррори генералӣ шудааст, то ба ҳол даст аз мардуми шаҳри Панҷакент намебардорад. Азизмзода Сарвар бо муовини собиқи худ Ҳоҷиев Толиб ки ӯ муовини прокурори шаҳри Панҷакент мебошад ,то ҳол корҳои бади худро пеш мебаранд. Чи корҳое, ки аз қонун берун аст ҳамин Ҳоҷиев Толиб русти аз прокурори ҳозира через ҳамин муовини генеральный прокурор Азимзода Сарвар бо пул  тамоми ҷиноятҳоро ҳал карда истодаанд.  Одамкушед ҳам мушкил нест пул диҳед мегуянд роҳашро пайдо мекунем озод мешавед. Аз шумо хоҳиш мекунем ки ҳарчанд тез тар гап занед дар номаҳо аз ноҳияҳо.

Ин Азимзода Сарвар ҳангоме,ки аз Панҷакент аз кор сабукдуш шуду рафт, мо фикр кардем, ки аз кор хориҷаш  карданд аз системаи прокуратура бо ин дузиҳою рафторҳо ҳаромхуриаш. Мутаассифона боз аз ин ҳам вазифаи баландтар ба ӯ доданд, охир ин чи гуна давлату давлатдорист? Оё Юсуф Раҳмон аз ин кирдорҳои муовини худаш огоҳи дорад ? Агар надонад марҳамат аввал давру бари худашро санҷаду фаҳмад баъд лайкгузоштаҳою коментнависҳоро ҷустуҷӯй намояд.

Аз шумо хоҳиш мекунем, ки ин ҳаромхурҳоро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо»  ҳатман гуфта гузаред, шояд ягон чорае мебинанд.

Бародар, ҳамин навиштаи маро як бор дида бароед ва илтимос нашр кунед. Аз Панҷакент ҳеҷ кас наменависад ё барқасдона нашр намекунед? 

                                     Мастчоҳ

Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман аз  ноҳияи Мастчоҳи нав мебошам. Дар бораи Ғайрат Азиззода, раиси пешинаи Мастчоҳ гуфтаниҳо дорам. Кличкаи вай Ғайрати кал аст. Вақти раисии  Ғайрати кал дар Мастчоҳ замини наздиҳавлигӣ, яъне участка барои пушидани хона аз тарафи ҳукумат тақсим карданд. Барои ҳар як оила ҳашт сотихӣ. Ин замин дар пеши заводи ришта (Олимтекстайл) мебошад. Номи ин қишлоқро Меҳробод монданд. Аммо мардум инҷоро Шамолобод мегуянд. Барои он ки ҳама вақт шамоли сахт дорад. Мардум дар ин қишлоқ  аз ҳар тарафи Мастчоҳ омадагианд, аз участкаи 1,2,3,.Ҳоло инҷо як қишлоқи калон шудааст. Як скваж дар сари деҳа кофтанд. Дар як қишлоқи калон як скважи об чи мешавад. Боз аз тарафи ҳукумат як мактаб пушиданд. Ман намефаҳмам, ки барои як қишлоқи калон як скваж ва як мактаб чи мешавад. Оби ин скваж барои мактаб аст ва хонаҳое, ки наздик ба мактаб ё бо худи скважанд об мегиранд. Аммо мардуми мобайн ва охири қишлоқ обро мехаранд. Яъне заказ мекуни мебиёранд обро. Як тонна об порсол  50 то 60 сомонӣ буд. Ҳозир бошад 75-80 сомонӣ аст як тонна об. Ин чи рӯз шуд?

Акнун шумо фикр кунед, ки агар хона созӣ чи қадар об сарф мешад, чанд тонна об меравад. Аллоҳ лаънат кунад ин калағафси беимонро, калааш ранги каду. Ягон чизро намефаҳмад. Як бор биё бин ин ҳоли мардумро. Ин чи хел давлатдорӣ шуд, на раиси ноҳия мебиёд, на раиси ҷамоаташ. Дар ин қишлоқ на масҷид ҳаст на қабристон. Агар як одам аз дунёгузарад ин маитро ба зодгоҳаш мебаранд, яъне аз кадом участкае бошад. Ё аз участкаи 1 ё 2 ё 3 бошад. Ин шармандагӣ аст. Ягон кас ба доди мо намерасад. Дар гирду атрофи ин қишлоқ замини нокорам беҳад бисёр аст. Он заминҳо шағал замин ҳастанд. Ягон кас намекорад ин заминҳоро. Барои он ки сангаш бисёр аст. Ва об нест, ки кишту кор кунанд мардум. Пас, мешавад, ки аз ҳамон заминҳо ҷудо кунанд барои қабристону масҷид. Ман аз раиси ҳозираи Масчоҳ, талаб мекунам, ки замин барои қабристону масҷид ҷудо кунад. Аллоҳ лаънат кунад, ин хел раиси ноҳияро бо ҳамин кораш. Як бор намебарояд, бинад, ки мардум дар чи ҳоланд? Ҳамаи ин раиси хоҷагию ҷамоатҳояш ба манфиати худашон кор мекунад.

 Ғайрат Азиззода, раиси пешинаи Масчоҳи нав буд. Вақте ки замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд, Ғайрат Азиззода бо як хеши наздикаш заминҳои мардумро сертификат карда ба дигар одамҳо мефурухт. Номи ин бача Исоев Ҳамдам, соли таваллудаш 1982 ё 1983 мебошад. Ин Ҳамдам аз участкаи 3, пештар колхози Калинин мегуфтанд. Ҳозир номаш Дустӣ аст. Инҷо аз сокинони Табушн ҷамъ омадаанд. Падараш Ҳамза аст. Ин беақли ҳайвон бо Ғайрат Азиззода фахр мекард. Барои Ҳамдам сертификат кардан ба замин ду карат ду буд, чунки таға дошт. Аз номи Ғайрат Азиззода гап мезад. Любой корро буд мекард. Ин ноҷавонмард бисёр одамҳоро азоб дод. Заминҳои мардумро сертификат карда мефурухт. Бо як сертификат се- чор замин мефурухт. Мардумро бо якдигар ҷанг меандохт, ягон кас ҳеҷ кор карда натавонист. Аз дасти мардум ҳеҷ чиз наомад. Чуноне гуфтем ин касофат тағадор буд. Як пайҷо, участкаро аз 8 ҳазор то 15 ҳазор сомонӣ мефӯрухт. Ҳамдам участкаро барои одамҳои кампул 8 ҳазор сомонӣ мефурӯхт, барои одамҳои сумдор 15 ҳазорӣ мефурӯхт. Хело суми калон ҷамъ карда он пулҳоро ба Ғайрат медод, барои он ки Ғайрат Азиззода кришаваташ мекард. Ғайрат Азиззода пули калонро гирифта ба Душанбе барои вазифахарӣ рафт. Баъди чанд рӯз хабар омад, ки Ғайрат Азиззода дар Душанбе ба кор даромадааст. Ҳатто  мардуми участкаи 2 -ро ҳам фиреб карда буд. Мардуми участкаи 2 ҷамъ шуда аз болояш заявления шикоят карданд. Дигар Ғайрат нест, ки кришават кунад Исоев Ҳамдамро. Прокурори ноҳияи Масчоҳ Исоев Ҳамдамро фарёд кард. Хулоса кори кардагиашро ба кала гирифт. Прокурор гуфт касе, ки фиреб хурдааст, биёд ба пеши ман, гуяд, ки чанд сум додааст ба Ҳамдам. Касе пул дода буд рафт ба назди прокурори ноҳия. Прокурор ҳисоб кард, ки Исоев Ҳамдам ба беш аз 800 ҳазор сомонӣ мардумро фиреб кардааст. Ҳама одамҳо рафтагӣ нестанд, боз баъзеҳо дар муҳоҷират қарор доранд.   Ман ҳайрон мешавам, ки барои чи мардуми участкаи 3 даъво накард, хусусан мардуми деҳаи Табушн.
Ҳамааш хомуш буданд. Хулоса, Исоев Ҳамдамро суд нуҳуним сол дод. Якуним сол шишту баромад. Барои чи? Барои он, ки модари Исоев Ҳамдам бо Ғайрати калағафс хеши наздик аст. Модари Исоев Ҳамдам бо падари Ғайрат писар амаку духтар амаканд, барои ҳамин. Ғайрат Азиззода ӯро бровард Исоев Ҳамдами машеникро. Ҳамдам баромад аз зиндон. Мардуми қишлоқи Табушн диданд, ки баромад аз зиндон, баъд барои пул ба пеши хонааш омаданд. Ваъда мекард, камтар тоқат кунед пулро медиҳам гуфта мегашт. Ҳар шабу руз мардум пеши дари хонаи Исоев Ҳамдам меомаданд. Дид,ки намешавад пули мардумро додан гурехта рафт ба Русия. Яку ним сол гашт дар Русия. Баъд депорташ карданд. Ҳозир бошад дар Мастчоҳ қарор дорад. Ин чи хел давлатдорӣ шуд? Як мошшеник Исоев Ҳамдам беш аз 800 ҳазор сомонии  мардумро ғорат карду боз дар озодӣ аст. Аллоҳ лаънат кунад ин суду прокурори ғоратгарро бо Раҳмонови касиф. Магар мешавад ин тавр зиндагӣ? Ман аз суди ноҳияи Масчоҳ талаб мекунам, ки ин оқи падари Исоев Ҳамдамро ё  суд кунад, ё водор кунад, ки пули мардумро баргардонда диҳад. Бо ин рафтори суду прокурор ин ватан ҳеҷ гоҳ обод намешавад. Ин корҳо 7 – 8 сол пеш шуда буд.

Магар Ғайрат Азиззода,ки як ҷинояткорро шимоят карда тавонистанаш ин аз коррупсия шаҳодат намедиҳад ? Сулаймон Султонзода аз барқарор кардани 30 млн доллар суҳбат дошт магар ин 800 ҳазори дуздидашуда аз мардуми Мастчоҳро чаро нодида гирифт? Ё инки мардуми мо инсон нестанд ва ҳаркасе дар ҳукумати Раҳмонов мақомдорад ҳаққи ғорати мардуми моро дорад ? Ин куҷояш адолат аст ? Охир давлатдори магар ҳамин аст ? Адолате мегуед магар ҳамин аст? Туф бар ин давлатдории шумо ва туф бар ин адолати додгоҳиятон ва туф бар онек,ки 24 соат аз ҳидоёт ва дастурҳои судмандаш мегуеду гуши оламро кар кардаед! Ҳидоёт ва дастурҳои судманди пешво ин ғораткардани мардуми оддии кишвар аст ? Агар не ҳатман прокуратураи генералӣ дар раъси Юсуф Раҳмон ин қазияро бояд бубинанду ҳаллу фасл намоянд. Мо мунтазирем ва ҳамаро назорат дорем!

 Ман 4- 5 сол мешавад, ки Ислоҳ.ТВ-ро тамошо мекунам. Тули ин муддат ягон нафар дар бораи ин мошшеник Исоев Ҳамдам нанавист. Виҷдонам набардошт, худам ручкаро гирифта навиштам. Чи корҳо ин мошшеник кард дар ҳақи мардуми Масчо хусусан мардуми 3 ум участка, қишлоқи Табушн. Махсусан барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба ман маъқул шуд. Ин барнома беҳтарин барнама аст, хело чизро омӯхтам.  Мебинем,чи тағйроте мешавад, ҳақ ба ҳақдор мерасад ва ё боз ҳам идома меёбад. Ғайрат Азиззода ҳатман бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои дар давраи раиси ноҳия буданаш кашида шавад. Ҳатман мондати депутатияшро бекор кунанд мисли Сайидҷаъфар Усмонзодаи хренови инқилобгар!

Мардуми Мастчоҳ чаро хомушед, магар камбуди надоред дар ноҳия?. Камбудиҳоро мебинед, аммо наменависед. Нависед ба Ислоҳ.ТВ ақалан азоби виҷдон мекашанд ҷинояткорони ноҳия ва ғоратгаронаш.  

Share This Article