Чанд рӯзи пеш Раҳмонов ба Маскав сафар дошт ва бо Путин мулоқоти якбаяк ҳам анҷом дод. Русия барои мардуми тоҷик маҳали асосӣ, корхонаву коргоҳи асосӣ ба шумор меравад ва ба касе ҳам пушида нест, ки суботи иҷтимоиву сиёсӣ дар кишвари мо аз ҳамин пулҳои мефиристодаи муҳоҷирин вобаста аст.
Муаллифи номаи зер, ки дар аввали ин нашр барномаамон ҷой додем бо дарду алам аз ҳоли зори муҳоҷирини тоҷик дар Русия ва аз холабеғамиву бепарвоиву бетафвутии Раҳмонов ба сарнавишти онҳо мегуяд:
Маскав
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Худованд шуморо дар пушту панохаш нигаҳ дорад. Нома аз як муҳоҷир, ки дар шаҳри Москва зиндагонӣ ва кор мекунад ба мақомоти Тоҷикистон ба номуҳтарам Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов ва ба Кумитаи ноамният. Ман аз тариқи «Ислоҳ» гуфтаниам, ки магар шумоҳо инсон нестед? Ягон кори хубу боманфиат барои ин миллату барои ин мардум анҷом медиҳед ё не? Ба чӣ кор лозимед шумо? Ин миллати бофарҳангу бомаданияти таърихи бойдоштаро ба чи ҳолу рӯз овардед шумо? Ин миллат дар гузашта чи буд, ки буд, ҳозир чи шуд? Ин миллат дар дунё исломро омӯзонд, исломро ёд дод. Бале пайғамбари бузургвор аз араб аст, аммо миллати мо исломро густариш ва нусрат дод. Мо гузаштаи бой дорем, миллати одӣ нестем. Ин миллати тоҷикро ба чи рӯзу ба чи ҳол овардӣ? Бечораро гапшунави дунё кардӣ, ки ин ҳолатро, чунин ҳоли зору хориро таърих ёд надорад. Ту чӣ мақсад дорӣ, аён кун, ки чи мехоҳӣ? Наход мо, миллати тоҷик дигар насл ба насл муздури русҳо бошем? Бародар, бовар кунед, ки русҳо ҳасиберо, ки барои сагашон харидорӣ мекунанд, барои як тоҷики муздур намедиҳанд. Тоҷик пасттарин халқи дунё аст дар Русия.
Мақомоти рус меқапад, бе пурсиш ва ё бо таҳдиду туҳмат ҷанг роҳӣ мекунад. Хоҳанд террорист мезананд, хоҳанд мекушанд, хоҳанд ҷанг мефиристанд, ин пастӣ дар шаъни миллати мо нест.
Ба Аллоҳ қасам садҳо ҳамватани мо дар ҷанги Украина кушта шуданд, чандин нафарашон маъюб ё инвалид. Худи ман 4 тоашро дидам бепову бедаст.
Магар ту бепадар, раиси ҷумҳури мо нестӣ? Ту ба чи кор даркор мешавӣ? Барои чи кор лозим ҳастӣ? Ту чи пешвоӣ кардӣ? Чи кардӣ, ки худатро пешво медонӣ? Магар ту пешвои миллатӣ? Ба кадом корат, ба кадом хизматат барои ин миллат? Барои онки мо кучарубу барфтозакуну мусоровозчикем, барои ҳамин?
Раҳмонов медонам, ки аз Аллоҳ наметарсӣ, медонам. Лекин аз ғазаби мардум тарс. Мебинем,ки ба чи ҳол мерасӣ,дур нест он руз эй бепадар. Ман ҳамчун як шаҳрванди одӣ аз ту ва мақомоти кишвар талаб дорам, ки ба паст задани обруву иззати миллати тоҷик хотима дода шавад.
Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар сайтҳои гуногун ҷавонони тоҷик даромада номи миллат ва номи Ватанро ба пастӣ бурда истодаанд, хандахариши дунё карда истодаанд.
Ман аз Эмомалӣ Шарипович ва мақомоти вай, аз ҷумла амният тақозо дорам, ки пеши ин бешарафиро гиред. Даромада назди дигар мардум миллати моро бо тамсхуру дашном таҳқир карда истодаанд.
Агар мақомоти Тоҷикистон барои обруи миллату ватан хизмат мекунанд, ин бешарафҳоро ғундоранд, пеши роҳашонро гиранд.
Ягон мухолиф ё мунаққиди ватандӯст бошад, миллионҳо сарф карда истирдод мекунед.
Аксарияти ин бешарафҳо дар дохили Русияанд, Русия барои истирдод кардан бароятон хуб аст, ку?
Ман бовар дорам мақомоти мо аз ин ҳама вазъу ҳолат бохабаранд. Лекин сокит ва хомушанд, ранги тарсуҳо чизе намегуянд. Зури мақомоти мо ба масҷид мерасад, ба сатру ҳиҷоби хоҳару модарон мерасад, зурашон дар таҳқир кардани ислому Қуръон мерасад. Ба Худо дигар шарм мекунам дар ҳамин Маскав дар назди дигар миллатҳо. Чунки онҳо хандида гап мезананду бо пичинуг тамасхур мепурсанд, ки чиро тоҷикҳоро ғам медиҳанд, чаро ин қадар хору залил шудаанд тоҷикҳо. Милисаҳо омада тоҷикҳоро дошта беягон саволу ҷавоб ба спетсприёмникҳо мебаранд. Худам ба чашмам дидам, ки узбеку қирғизу арманиро 2000 рубл ҷарима карда ҷавоб доданд, аммо тоҷикҳоро ба 10 ҳазорӣ ҷавоб надоданд.
Ин бадбахт фақат мо тоҷикҳоем, ки не дар дохили ватан тинҷем, не дар берун. Ин чи гап Пешвои миллат? Чаро ин қадар шаҳрвандонат зулм мебинанд. Чаро дигар миллат неву фақат тоҷик ва мардуми Тоҷикистон?
Эй Раҳмонов, эй тарсу ҳастӣ, ту чи гуна пешвои миллат ҳастӣ, ки ин қадар метарсӣ? Магар пешвои миллати мо тарсу аст? Ту не пешво ҳастӣ, не лидер, ту як арусаки русҳо, ғуломи онҳоӣ. Магар ба русҳо қасам ёд кардӣ? Ақалан ранги ҳамин сарвазири Арманистони хурдакак Никол Пашинян дилу гурда надорӣ. Арманиҳо озод сайру гашт доранд, бизнесу савдо карда гаштаанд. Пашинян Путинро ба як тини пуч писанд намекунад
Илҳом Алиевро бин. Баъди самолетро задан бо Русия алоқаашро канд. Путинро бахшиш пурс гуфт. Озариҳо озод кор карда гаштаанд.
Узбекистон чанд баробар а мо муҳоқири корӣ дар Русия дорад. Чаро мисли тоҷикҳо беҳурмат намешаванд?
Чароки роҳбарони ин кишварҳо мисли ту арусак ва беимони тарсу нестанд. Масалан узбекҳо 4 миллион муҳоҷир доранд.
Ту дар ватан исломро таҳқир мекунӣ, инҳо дар инҷо туи бепадари валадуззиноро таҳқир мекунанд.
Дар охир ба мардуми Тоҷикистон чи гуфтанӣ ҳастам? Ҳамин ки фарзандони беақлатон ба муҳоҷират, ки омаданианд фаҳмонед, ки беақлҳо тупойӣ накунанд. Аз пушти як хел тупойҳо дигар ҳамватанон азоб мекашанд, ба милиса меафтанд. Махсусан онҳое, ки аз Кулоб, Данғара, Фархор, Восеъ, Муминобод, Ховалинг меоянд, ҳушёру зирак бошанд ва дигарҳоро бо ин гуна корҳо таҳти зарба қарор надиҳанд. Ба Аллоҳ қасам нияти баду минтақабозӣ надорам, шумоҳо ҳам миллати ман, яъне тоҷик ҳастед. Вақте аз барои беақлии шумоҳо таҳқиру ҳақорат мешунавем ба ман сахт мерасад. Шумо дар ватани худ шаҳрванди одиед, дар дигар мамлакат тоҷик ва тоҷикистонӣ ҳастед. Яъне миллатро муаррифӣ мекунед.
Мақомот бояд тавассути шабакаи Ютуб ва телевизион фаҳмондадиҳӣ кунад ва аз тамоми блогерон даъват ба амал оварад, то ба мардум бифаҳмонанд. То кай дар Русия ва дар шаҳри мардум ин гуна корҳои зишт мекунем. Падару модарон ҳам пеш аз роҳӣ кардан бифаҳмонанд, ки онҷо мулки ғарибӣ ва қонуни қоидаи худро дорад мувофиқи шароити Русия бояд зиндагӣ кунем. Фаҳмонанд, ки мо соҳиб надорем, пуштибон надорем, не мурдаамон дораду не зиндаамон ва бояд фақат ба умди худамон шавему аз корҳои баду зишт, ки иснод меоваранд, даст бикашем.
Конибодом
Ассалому алайкум устоди гиромӣ Муҳаммадиқбол! Шукри будани шумо, ки ба воситаи шумо дарди дили мардум ба гуши мақомот расонида мешавад.
Ман боз аз Конибодом маълумот медиҳам. Ҳатман навор карда дар канали Ютубиатон пахш намоед. Дар бораи Илҳом Юнусов гуфтаниам. Аз деҳаи Ниёзбек. Заминфурӯш аст. Мо дар бораи ин нафар пештар ҳам ба шумо гуфта будем. Ин одам чунин гап баровардааст, ки «ҳамин Ислоҳ.ТВ ҳар чизе нашр кунад, милисаҳо ба тафтиш сар мекунанд, аммо дидед, ки маро тафтиш накарданд».
Ҳозир Илҳом подставшики 6 –ой отдел шудааст. Вай ба одамҳо бо протсент қарз медиҳад. Замини Ниёзбекро ҳамин фурухта тамом кард. Раиси ҷамоатро бо як шогирдаш подстава карданд. Номи шогирдаш Дадабоева Шоҳсанам мебошад. Вай аз деҳаи Маданият кучаи Уриқзор мебошад. Илҳом бо Дадабоева Шоҳсанам маслиҳати пешакӣ карда ба коргари ҷамоат пул медиҳанд. Он коргари подполковник Исломов Атҳам аст вай коргари военкомат мебошад.
Илҳом ҳамроҳи Шоҳсанам ҳама мардумро ҳозир тарсондагӣ. Шоҳсанам 3 шавҳар дорад. Як раиси пешини ҷамоат Раҳимов Шавкат аз ин якто бача борад. Ин зан Шавкатро тамоман хонавайрон карда тамоми ҷиҳозашро кашида гирифтанд. Ҳозир Дадабоева Шоҳсанам бузи КГБ-и вилоят Суғд шудааст. Аз ҳама ҷо ва ҳама мақомот маълумотро ҷамъ карда бурда ба КГБ медиҳад, справка ҳам мекунад.
Шоҳсанам дар отдели Конибодом шинос дорад ва он шиносаш подполковник Абдусамадзода Элзар. Ин подполковник через ҳамин информатсия мегирад. Ин Элзар ҳама маълумотро ба ин зан медиҳад, маслан маълумотро бо фактҳо дар бораи онки ки дар отдел порахур аст, ба порагирӣ машғул аст ба Шоҳсанам мерасонад ва Шоҳсанам ба КГБ мерасонад.
Шоҳсанам дар ҳама ҷо гапаш гап. Дар милиса, дар прокуратура, дар суд, дар ҳукумат. Ин ду ҳаромхур яъне бо Илҳом ва Шоҳсанам ҳамаро подстава мекунанд. Илҳом, маро ҳозир 6-ой отдел тафтиш карда истодааст гуфта ба Узбекистон гурехтааст гуфта овоза андохтааст, аммо дар қишлоқ гаштаст. Кришаи Шоҳсанам Шорх Саидзода аст. Шоҳсанам ҳозир як милисаро шантаж карда шуй карда гирифтагӣ номаш Муминчон аст.
Шоҳсанам бо Абдусамадзод Элзар ден и ноч дар отдел аст. Ман худам корманди милиса, ҳамаи ин ҳолатҳоро шоҳид ҳастам.
Қонун барои ҳама як бошад чаро ба Илҳому Шоҳсанам ҳеҷ таъсир намекунад? Шоҳсанам, ки туй кунад иҷозатнома барои туй бепул. Вале агар дигарҳо бошанд пулакӣ, махсусан агар домод призивник бошад худи ҳамин Шоҳсанам 5 ҳазор сомонӣ пулашро гирифта через Элзар иҷозатнома гиирифта медиҳад. Ин ҳамаро пдстава мекунад. Аз ин ҳама коргаронамон дар отдел метарсанд. Даже началники милиса аз вай метарсад
Бародар Муҳаммадиқбол. Навори шуморо дар отдели мо ҳама мебиннад. Ҳама маълумотҳои шумо дар бораи Конибодом ростанд.
Ҳозир Илҳому Шоҳсанам нақша кашида истодаанд, ки забони раиси шаҳри Конибодомро, ки нав омдааст, кутоҳ кунанд.
Агар кор ба ҳамин минвол идома ёбад мепартоям милисагирову меравам Русия. Ягон зарра адолат вуҷуд надорад. Ҳама дар фикри пул ва фиреб карани як нафари бечора. Аз шумо хоҳишам ин аст ки зудтар ин гапҳои маро руи навор оваред, зоре мақомот бинанду ягон чора ҷуянд. Мо милисаву лекин вай бо Элзар сахт кенти нағз. Отдел ҳеҷ кор карда наметавонад, даже началники милиса аз вай метарсад
Наворро мо ҳама ШВКД Конибодом интизор ҳастем.
Ва, боз як маълумоти дигар.
Ҳозир дар Конибодом аз МВД, аз Душанбе гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Абдураҳмон Аламшозода омадагӣ. Аз як лаб аз ҳама пул канда истодааст. Илҳом Юнусов адреси ҳамаро дода истодааст. 6-ой отдел рафта ҳамаро пулашро гирифта истодааст ё ки дело карда маҳкам карда истодааст. Илҳом ҳамаро фурӯхт. Якум Илҳом сар кард бузиро. Ҳозир аз пушти Илҳом чор кас дар СИЗО. Собиқ замначи милисаи мо-Конибодом Умарзода Суҳроб, сардори минтақаи 1 Шокиров Санъат ва нафари дигар Фарҳоди бузи милисаҳо. Кличкааш Фарҳоди 0004
Бовар кунед, ки тамоман адолат ва қонун вуҷуд надорад. Мо Илҳомро ба отдел овардем, гуфтем маҳкам мекунем. 10 факт доштем нисбаташ 247 қисми 4, 338 қисми 3. Аммо баччаҳои 6-ой отдел вай бузи мо аст ҳозир сар диҳед пеш аз бурафтан худамон маҳкам карда меравем гуфтанд.
Ман ҳайронам, ки чаро нисбат ба Илҳом то ҳоло ягон чора намебинанд? Ман як оперуголвник. Ин ҳолатҳоро дида гиряам меояд. Илтимос зудтар нашр кунед, то ҳамаи отдел бубинад. Ҳақиқат танҳо дар «Ислоҳ» нашр мешавад ва метавон гуфт «Ислоҳ» воқеан ислоҳкунандаи ҷомеаи имрӯзаи тоҷик аст.
Кулоб
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Рости гап аз чандин вақт аст ки мехостам бароятон дар бораи Аҳмади Иброҳим бинависам. Бародари азиз ман аз шаҳри Кулобам. Аҳмади Иброҳимро хуб мешиносам.
Якуним ё як сол пеш Аҳмади Иброҳим бачаашро туй кард. Мо иштирок доштем. Бахтиёр Назар, раиси шаҳри Кулоб ба як нафар Маҳмадсиддиқ мегуяндаш –бизнесмен, заправка дорад ,корхонаҳои гуноугн дорад, ферма дорад, аслан як мошшеник аст омаданд ба туй. Маҳмадсиддиқ як конверт баровард ба Аҳмади Иброҳим дод, гуё туёна, ки Аҳмад нагирифт. Гуфт «ма шумора да туй хавар кадагӣ нестум, чида омаден»? Рости гап мо дар дари хонааш будем, ҳайрон шудем, ки ин одамҳоро дар дари хонааш ин хел гап мезанад. Онҷо як нафар Аҳмадро гуфт, ки «э бача, одамо дар дари хонат омадагиян, хайр, конверат нагирифтӣ, майлӣ, лекин ино дар дари хонатан, раиси ҳукуматай, ҳарчи боша набоша ин корат хуб нест».
Онҷо хеле баҳсу даъво шуд байни Аҳмад Иброҳиму ин ду нафар. Ранге, ки қадбақад шуданд. У конветро медиҳад, ин мегираду мепартояд. Конвертро меораду дар киссаи ин меандозад, ин аз кисааш мегирад ба замин фур медиҳад.
Хуб, даромаданд дар хона нишастанд, аммо зиёд нанишастанд. Баъде хестанд боз бо ҳамон конверти дар даст қадбақад гирифта то даҳани дарвоза рафтанд. Аҳмад нагирифт. Баъд аз дарвоза баромаду ҳамон конвертро боз даруни дарвоза партофт давид рафт дар мошинаш шишт ва ҳай кардану рафтанд.
Баъд, кадоме аз дӯстонаш гуфт ба тарафи Аҳмад, ки кори хуб накардӣ. Набояд мегуфтӣ, ки «ма шуморо хавар накадум чида омаден. Дари хонат буд. Мардак ҳар хеле бошад набошад раиси ҳукумати ҳамин шаҳр аст. Кори хуб накадӣ бародар. Инҳо дар вазифаанд, все равно заҳрашро мечаконад».
Дар ҳақиқат ахири ахир ҳамин тавр ҳам шуд. Тюрмааш карданд.
Аммо Аҳмад Иброҳим дар асл фикру ақидаи озод дошт. Уро ҳануз дар ҳамон солҳои майдонҳо ҳам Сангак бурда дар подвал маҳкам карда буд. 10-12 рӯз ҳамчун вовчик дар подвал шишта буд. Албатта аз пушти мулло Абдураҳим. Аҳмадро тарафдори Абдураҳим гуфта дар повал шинонида буданд.
Рости гап бародар дар Кулоби мо якта-якта тамоми одамҳои каладору босаводро ё зиндон ё кушта истодаанд…
Вахш
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ин номаро аз Вахш мефиристам. Мо дар навиштани номаҳо айни ҳол дар ҷои муҳимитарин – «қзиқтарин ҷош» омадаем.
Дар ноҳия, дар даруни марказ 2 бозор доштем, айни ҳол надорем. Чунки ҳардуи бозорро фурӯхта дар ҷояшон хона карданд. Хато накунам агар дар давраи роҳбарии Барот ва Девонаев Шарбат ин бозорҳоро фурӯхтанд. Як тои ин бозор дар ру ба руи прокуратура қарор дорад. Аммо прокуратура бошад, хомуш аст ва сухане намегуяд. Ва ҳамчунин Кумитаи амният хомуш аст. Бечора фурӯшандаҳо бошанд, қад -қади куча бор мефурӯшанд ва кучаҳоро тангу вайрон карда рӯз мегузаронанд. Як хел вақт кучаҳоро тамоман гузашта намешавад. Ин ҳолатро ҳаррӯз Қурбони бех мебинад, аммо хапу хомуш мегузараду меравад. Чунки дар фурӯхтани бозорҳо вай ҳам шарик аст. Дар ин ҳолат началник милитсия фармон медиҳад, ки кучаҳоро тоза кунед ё ки ҳамааш пул барои ҷои фурӯхтан биспоранд. Участкавойҳо омада ҳамара ҷазиру пароканда ва вайрон мекунанд ва руй рост мегуянд, ки шумо ҳақ надоред дар қади роҳ савдо кунед. Дар ҷавоб савдо гарон мегуянд, ки пас мо куҷо равем? Охир дар як ноҳия 2 бозор буд, айни ҳол нест. Участковий мегуяд «ё ки пули точкатона барои фурӯш бтен ё ки брен куҷои мерен».
Як хели мардум ноилоҷ пулро месупорад ба участковий, аммо як хелаш баҷо шуда савдо мекунад. Қариб, ки ҳамаи доляро начачлник милитсия Истамзода Машраф Истамӣ мегирад. Ин гапро худи участковий мегуяд. Як хел точкаҳо хеле қимату гарон аст ва кадоме, ки баҷо шуда мефӯршад агар дар қап хурд капааш сухт. Участковий руйрост мегуядаш имрӯза обеди сардори милитсия полковник Машраф дар сари ту аст. Ин аст ҳаррӯза аҳволи савдогарон.
Дар ноҳияи мо деҳаҳои дурдаст кам нест. Бечора мардум ба азоб барои ҳуҷҷати лозимии худашон ба шуъбаи корҳои дохилӣ меоянд.
Ва аз тарафи мақомоти давлатӣ бошад нисбати мардум беинсофонаву бераҳмона рафтор мекунанд. Масалан дар даҳани даромадгоҳи отдел бисёр вақт навбатпоии дуру дароз мешавад ва мардум бояд боз ҳамин роҳи тулониро тай карда пас гарданд. Мардум беқарор шуда суол медиҳанд, ки чаро шумо корро сар намекунед? Дар ҷавоб аз тарафи навбатдор мегуянд, ки «оли началник гап задана буд накардай». Ва мардум мегуяд «охи соат 10 шид, кай буд мекуна и началники шумо, мо ай раҳи хеле дуру дароз омадаем». Дар ҷавоб дағалона навбатдор мегуяд, ки «мада фарқуш чи омадай баройи кори хутона омадаен».
Мардум руирост ва бо садои баланд мегуянд: «дар Тоҷикистон асло кори ҳеҷ кас то ба милисаву балниса нағалта». Вақте кор сар шуд, соат 12 шуд нашуд боз обед мераванд, қариб, ки то соъати 14. Ва чунон рафтори бад доранд, гапҳои қабеҳу рафтори дағалона мекунанд. Мегуӣ, ки мо халқи бечора душмани инҳо ҳастем. Ва як хелаш ошкоро омада мегуяд «ба ки лозимай бе очер тезтарак коруш буд шава комеки лойро бта коруш бе очир буд мешавад». Ана бесоҳибӣ ва ана бераҳмӣ. Якум инки ноҳияи Вахш бе соҳиб аст ва дуввум даруни идораи милиса бе соҳиб аст ва ана давлату давлатдорӣ.
Бародари азиз Муҳаммадиқбол. Дар ин қисмати номаи Вахш шикояти маро қабул кун. Ман як ҷавон духтари шавҳардор ҳастам. Ман вақте дар маркази ноҳия ба мағоза даромадам дар рейди зидди ҳиҷоб аз тарафи милисаи ноҳия дастгир шудам ва маро бурданд ба отдел ва дар он ҷо маро гуфтанд, ки ту бояд ҷарима биспорӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ. Ман гуфтам ин қадар пул надорам. Дар он ҳол милиса гуфт, ки ту метавонӣ баъдтар супорӣ. Дигарбора гуфтам, ки ин қадар маблағ надорам, чунки ман як зани хонашинам. Дар ин ҳолати душворӣ аз куҷо ёбам. Ва дар ҳол пешниҳод карданд, ки роҳаш ҳаст ва гуфтанд, ки агар ту ҳозир нақд дар отдел 1500 сомонӣ супорӣ мо рози астем. Боз гуфтам «надорум иқа пули калон» Онҳо боз пешниҳод карданд: 1000! Ман гуфтам, ки надорам. Дар охир нархро ба 800 сомонӣ расонданд ва гуфтанд, ки ту духтари наздиктар ба район ҳастӣ, барои ҳамин ин қадар арзон кардем, набошад бин дар бари ту зану шавҳар истода аст барои ришу ҳиҷобаш 10 ҳазор ҷаримаашон кардем. Аммо мо барои нақдӣ, ки ҳозир меоваранд аз 3500 сомонӣ кам накардаем.
«Аммо,алҳамдулиллоҳ ман ягон тин насупоридам, на 800 на ягон дирам. Чунки ман гуфтам «бинен, ки ҳиҷоби ман барои гарданам пур аз яраву нарук аст, ман барои ҳамин ҳиҷоб кардам, лекин он сардори милиса Истамзода Машраф Истамӣ чунон расво буд, ки мегуӣ даҳанаш ҳоҷатхона аст на раҳмай на шафқат дар ин милисаҳо ва дар мо ягон вақт инхел даҳшату ваҳшат набуд дар ноҳия»
Авлодҳои Ҷаноб дар ноҳия сахт бедодӣ карда истодаанд. Дар ҷои почтаи куҳна як марди ватандӯст як беморхонаи тиббии хурд сохт бо тамоми шароити замонавӣ ва техникиаш ва онро ҷаноб омада лентаашро бурид ва дар телевизион ҳам нишон доданд. Ҷаноб барои ин беморхона баҳои баланд дод ва рафт. Беморхона чанд вақт кор кард. Дар ин байн маълум мешавад, ки ин беморхонаро соҳиби он ба кадом авлоди ҷаноб туҳфа кардааст. Соҳиби ин беморхона дар куҷое гуфтааст, ки «сабаби туҳфа кардани ин беморхона он аст ки ба он бародар сахт маҳқул шидай».
Ин бародар бошад аз авлоди ҷаноб аст. Аз ин ҳодиса аллакай 3-4 сол гузаштааст. Номи соҳибкорро ҳам медонам аммо бигзор нагуем беҳтар аст. Ин аст яке аз бе адолати мақомоти давлатӣ ва авлоди ҷаноб дар ноҳияи Вахш.