Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №148

Ислоҳ нет

Дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабари анҷоми даъвати баҳорӣ аз тарафи чоплусакону лесакони режими Душанбе ба таври густарда нашру чоп мешавад. Аммо ҳеҷ яке аз онҳо аз ин тарафи қазия, ки ин мавсим бо чи шарту шароите ба поён расидааст ҳарфе намезананд. Кор ба ҳадде расидааст, ки мардум байни ҳам «ҳашар» карда пул ҷамъоварӣ намуда барои артиши Раҳмонов сарбоз мехаранду нақша таъмин мекунанд. Инҷо як достонеро аз забони як шахси воқеӣ бароятон пешкаш менамоем:

                                        Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Бароятон аз Хуҷанди бостон менависам. Дар ин бора маълумот доданиям, ки ҳоло мақомот ва масъулин воҳима карда истодаанд, ки имсол дар мавсими даъвати баҳорӣ тавонистанд, ки нақшаи сарбозгириро саривақт иҷро кунанд ва инро аз баракати сиёсатҳои пасвои миллат ва аз беҳтар шудани вазъият дар маҳалли хизмати аскарбачаҳо, яъне вазъи артиш мешуморанд. Аммо ин тавр нест.

Як ҳодисаи шудагиро бароятон нақл менамоям. Ин кор дурусту дақиқ дар ҳамсоягии мо шудааст ва он бача бачаи ҳамсояи мо аст ва падараш мулло мебошад.

Ҳамсояи мо имсол донишгоҳро «досрочно» хатм кард, чунки ариза нависонд, ки довталабона аскарӣ меравад ва аз ӯ имтиҳонҳоро экстренно гирифтанд. Барои он, ки дар мақомот кор дарояд бояд хизмат мекардааст. Аммо падари вай военкомат рафта мегуяд, ки агар писари ман аскарӣ равад шумо панҷ ҳазор сомонӣ медиҳед. Военкомат панҷ ҳазор сомонӣ медиҳад ва он бача аз номи ноҳияи дигар ба хизмат меравад.

Ҳоло ин кор дар вилояти мо ҳукми анъана гирифтааст. Чунки военкомат ва ҷамоат аз падару модарҳо, ки бачаашонро хизмат фиристоданӣ нестанд аз 5000 то 10000 сомонӣ мегирад ва бо ин пул аз дигар ҷо сарбоз харида планро буд мекунад.

Барои он, ки шумо ба гапи ман бовар намоед инҷо як мақолаи газетаи СССР-ро аз сомонаи интернетии ин нашрия айнан меоварам, ки 29.05.2024 чоп шудааст. Ин мақола, бинобар навиштаи СССР аз нашрияи Азия плюс бознашр карда шудааст: 

           СУҒД: АЗ «ФУРӮШ»-И САРБОЗОН ТО ФИРЕБИ ҲУКУМАТ

Дар мавсими имсолаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини ҷамоат ва бархе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шеваи нави сарбозҷамъкуниро ихтироъ намудаанд. Акнун дар вилояти Суғд даъватшавандаи воқеиро аз хизмати Модар – Ватан гурезондану ба ҷои ӯ солдат харидан мумкин шудааст.

Тавре газетаи «Азия плюс» менависад, ин «навгонӣ» дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Айнӣ ҷой дошта, волидайни пулдор ба ҷои ба хизмати аскарӣ даъватшуда пул ҷамъ намуда, ба он нафаре медиҳанд, ки омода аст ба ҷои писари онҳо рафта хизмат кунад. Бо ин роҳ ҳам нақшаи ҷамоату ноҳия ва шаҳр пур гашта, ҳам оилаи камбизоати ба аскарӣ рафта соҳиби каме маблағ мегардад. Агар дар маҳалла ё ҷамоат касе хоҳишмандона ба ивази пул хизмати ҳарбиро бар дӯш нагирад, мансабдорони маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо кормандони комиссариат аз дигар ҷамоат ба қавле «призывник» ёфта, ӯро мехаранду бо ин роҳ нақшаи даъватро иҷро менамоянд-навиштааст Азия Плюс. Коре, ки дар ҳеҷ давру замон дар ягон вилоят ё шаҳру ноҳияи Тоҷикистон набуд…

Тавре ҳамсуҳбатони «Азия плюс» мегӯянд, мардуми бархе аз ҷамоатҳо дар даъвати баҳорӣ аз ҳар оилае, ки даъватшаванда дорад, 1000 сомонӣ ҷамъ менамоянд, ки гоҳо ин маблағ то 30 000 сомониро ташкил менамояд. Он, ки оё ин маблағ пурра ба даъватшавандаи ихтиёрӣ дода мешавад ё не, касе чизе намегӯяд. Вале ин муҳим нест, Муҳим он аст, ки чунин харидуфурӯши сарбоз оё фиреби давлату ҳукумат нест!? Суоли риторикист, ки бояд дар сатҳи баландтарини давлат матраҳ шавад ва фарзандони сарватмандону раисони шаҳру навоҳии вилояти Суғд пеш аз ҳама, дар сафи аввал ба хизмат раванд, то ин раванди бисёр нангин ва хавфнок саривақтӣ ислоҳ шавад.

                                    Душанбе

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ин номаи дуввуми ман дар ин масъала аст. Аз номи як назоратчии горсвети шаҳри Душанбе ба шумо навишта будам, ки дар моҳи октябри соли 2023 аз Агентии коррупсия ба горсвет тафтишот омада буд.

Аз мо назоратчиҳо барои ревизор 3000 сомонӣ ҷамъ карданд. Аммо ревизорҳо корҳоро ҳал накард. 16 милион фақат дар соҳаи рес яъне таъмир камбудӣ ошкор кард. Дар моҳи марти соли 2024 боз ревизия омад. Ин бор дар линияи фурӯш.

 Боз аз мо назоратчиҳо 3000 сомонӣ барои ревизори коррупсия ҷамъ карданд.

Энергонадзор меояд маблағ ҷамъ мекунем, назорат аз ширкат меояд, сардораш боҷаи ҳоҷӣ Амони хусурбачаи пасво Меъроҷ ном дорад, маблағ ҷамъ мекунем, назорат аз худи горсвет меоянд, маблағ ҷамъ мекунем. Бовар кунед бобои домулло намедонем чикор кунем? Раиси фурӯш бошад алоҳида, барои амният, милитсия, прокуратура маблағ ҷамъ мекунанд. Ҳозир бошад Маликаро аз марказ бо ноҳияи Шоҳмансури Душанбе мондаанд, як дузди ҳаром. Дузди ноҳияи Фирдавсӣ- Алишер, дузди ноҳияи Сино-Карим, дузди ноҳияи Сомонӣ- Фарид ном доранд. Корат дар горсвет афтад, ягон шуъба бе маблағ коратро буд намекунад.

  Шуъбаи шартномабандӣ барои бо аҳолӣ шартнома кардан аз ҳар як хона 100 сомонӣ, аз корхонаҳои хурд 200 сомонӣ, аз корхонаҳои калон то 500 сомонӣ мегиранд. Дар шуъбаи шартнома Маъруф ном шахс агар муштарӣ маблағаш надиҳад аз 3 то 4 моҳ медавонад.

  Шуъбаи рушди ояндабинӣ барои иҷозатнома аз 10 квт  500 сомонӣ мегирад. Шуъбаи ҳисоббаробаркунӣ бе маблағ коратро иҷро намекунад.

  Шуъбаи муҳосиботи фуруш сардораш Мирзозода Ҷомӣ ҷияни ҳофизаи зани Раҳим Рамазони МВД корхонаҳо маблағ мегузаронанд, мисол 10 ҳазор сомонӣ гузаронанд, Ҷомӣ маблағҳои гузарондагии корхонаҳоро дар суратҳисоби ин корхонаҳо намегузаронад. Аз дигар корхонаҳо 50%  ҳамин маблағро яъне 5 ҳазор мегирад, дар суратҳисоби ин корхона мегузаронад.

  Шуъбаи озмоишгоҳ счетчикҳои ройгонро то 100 сомонӣ нагирад намедиҳад. Шуъбаи биллингӣ бошад (сардораш Баҳодури калонӣ, дар шуъбаи билинг ду баҳодур ҳаст якеаш Бахача дигариаш Баҳодури калонӣ) аз назоратчиҳо маблағ гирифта маблағҳои ҷамъоварикардаи назоратчиҳоро аз якеша мегирад дар ҷамъовардаи дигариаш мегузаронад.

  Тамоми ин ҳама махинатсияҳои ин шуъбаҳоро Самӣ Даврон ва Суҳбат Шукурзода медонанд. Ин ду роҳбари ин корхона куҷоро нигоҳ мекарда бошанд? Як хусурбачаи Самӣ Даврон дар шуъбаи назорат бе фармон кор мекунад. Мошинаш Ланкрузер 200 номерои мошинаш 0100 ММ 01 мебошад.

 Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе куҷоро нигоҳ мекарда бошад, ки дар горсвет муштариҳо саргардонанд, фикри аҳолии шаҳрро намекунӣ, мардуми бечора куҷо раванд, чи кор кунанд?

                                  Исфара

   Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу Муҳаммадиқболи Садриддин. Устоди азиз хаста набошед! Худованд ба шумо дар муборизаву эҷодиётатон қувват диҳад. Номаи ман аз Исфара аст.

Солҳои 2012 ва ё 2013 буд. Дар маҳаллаи мо дар дохили шаҳри Исфара як одами девона буд. Як муйсафеди маҳаллаамон як шаппотӣ зад. Пеши хонаи он марди девона аз духтуру милитсия омаданд. Аҷибаш дар он буд, ки милитсияро барои ором кардани он марди девона фарёд карда буданд. Духтурҳо даромаданд. Аммо милитсия бошад ҳама дар пушти дарвозаи хонааш интизор буд, ки кай духтурҳо ӯро ором мекунанду баъд мо медароем.

Ман чаро ин воқеаро ҳикоят кардам? Барои он, ки ин мурғон-милитсияҳо ягонтоаш дух надоранд. Ҳамаи онҳое, ки ҳоло дар сари вазифа ва масъулиятҳоанд, ҳатто дар вақташ дар мактабу маҳалҳояшон чумо буданд.

Ба наздикӣ як дусти наздикам аз Исфара Русия омад. Ман пурсидам, ки хуб гап зан, чи хел аст ватан? Худ, ки муддати дароз мешавад ба ватан нарафтам. Вай ба ман гуфт, ки ҷои худамон дигар аст. Вақте дар кисаат пул дошта бошӣ ва ба ман гуфт як бачае, ки дар маҳаллаамон буд дар Идораи андози Исфара кор мекард.

Дар муддати як сол соҳиби чор Мерседеси сечка шуд, ки аз 100 то 120ҳазор сомонӣ нарх  доранд. Ин як коргари оддии идораи андози Исфара  аст. Аммо уро чи хеле карда подставить карданд. Айни ҳол бекор аст. Ин дустам гуфт, ки ҳоло дар ватан агар пул дошта бошӣ соҳиби вазифа ва обру мешавӣ. Ва зур ҳастӣ. Албатта, халқи тоҷик шикастагӣ бошад ҳам рехтагӣ нест. Баъди он, ки ин халқ хезад аввал аз ҳама Раҳмонов мегурезад. У аз ҳамаи шумо-шайкаи дуздон абҷиру чаққонтар аст. Барои он, ки ин валадизино малакаи гурехтани хуб  дорад.

Халқи Исфарамарз ором наистед. Ман медонам бисёриҳоятон Ислоҳ ва устод Муҳаммадиқболро медонеду тамошо мекунед. Ҳозир нав барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо№128»— ро дидам, ки аз Зумрадшоҳ навиштаанд. Аз дигар деҳаҳо низ нависед. Мардуми назди марзи Гулистон ва Чилгазӣ баъди ҷанги тоҷику қирғиз бисёриҳоятон зарар дидед, ҳам моливу ҳам ҷонӣ. Хуб аз тарафи давлат чи кумакпулиҳое ба шумо карданд? Ягон хона сохта доданд ё ягон маблағ доданд? Ман аз давлат гуфта истодаам. Як бори дигар аз соҳибкорон не инҳо як схема доранд. Чи хеле, ки ҳамаи мову шумо медонем аз соҳибкорон пул ҷамъ мекунанд, аз номи пешвои миллат гуфта оварда медиҳанд ё роҳҳоро аз мардум  пул ҷамъ мекунанд, бо ғамхории пешвои миллат гуфта дар гуши мардум лапша кашол мекунанд.

   Эй мардуми азизам бедор шавед. Ин хел кор намешавад. Эй Раҳмонов ба  ту ку гап задан фоидае надорад! Биё як бори дигар мегуям оҳиста курсиро холӣ кун  мардак барин. Дигар обруе надорӣ. Бо ту ин давлатро обод карда намешавад. Ҳамин мардуми сарбаланди тоҷик  ватани бобоии худро обод мекунанд. Ту фақат халал расонида истодаиву тамом. Чи хеле, ки мегуӣ худи ту валадзинои Раҳмонов бо хун омадам бо хун меравам ба ҷои ту дигарҳо ҷанг карданду туро ба сари курсӣ оварданд ту фақат кумандонҳоро даркор шавад як чизашонро мелесидиву тамом.  Ту ғайри Марями проститутка ба ҳеҷ кас даркор набудиву даркор ҳам нестӣ. Ҳозир, ки қудрат дорӣ ҳамаи онҳо пешвои миллат гуфта бо ту суҳбат мекунанд. Баъде, ки халқ хест якум шуда одамони дар барат буда дар руят туф мекунанд. Баъд халқ ҳоло вақташ мерасад, Ин ша Аллоҳ 10 миллион халқи аз ҷонашон сер шуда туро галафалон мекунанд. Вазирҳоятро як нафарӣ аммо туро 10 миллион халқ.
Халқи азиз инҳо ҳама як мурғони омада дар сари мо ҳукмронӣ доранд. Барои ҳамин ором наистед, нависед. 

                               Амрико

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман ҷураҳои рус дорам, ки аз Хуҷанд ба Русия кучида рафтаанд. Чанде аз онҳо дар мақомоти сеҳарфа кор мекунанд. Мегуянд, ки худи кураторҳои ФСБ фаъолияти нажодпарастонро дубора рустакӣ ба роҳ монда истодаанд. Он дӯст якчанд гурӯҳҳоро номбар кард. Ягон  панҷ гурӯҳ дар тамоми шаҳру вилоятҳои Русия, ки зидди муҳоҷирон ташкил шудаанд. Бояд ҳамватанон баргарданд мегуянд. Ҳатто агар шаҳрвандию бизнес дошта бошанд. Чунки ин гурӯҳҳо аллакай якчанд бизнесу молу мулки муҳоҷиронро оташ заданд. Рӯзе нест, ки ҳадди ақал 1-2 ингуна бизнесҳо оташ нагиранд. Он бачаҳо ҷураҳо худ рус ҳастанд. Якҷо бо ҳамон тарбияи Хуҷандӣ калон шудагӣ ва огоҳ карданд, ки гуй ба бачаҳо оҳист оҳиста рафтан гиранд. Зеро, ки ҳолашон аз ин дида бадтар мешавад. Аз тарафи дигар онҳо ҳамаро «тоҷик» мебинанд. Мисол ҷиноятро қафқозию узбеку қирғизу дигар миллатҳои ғайрирус бикунад ба чашми онҳо ҳама тоҷиканд, як номе ҷамъбастӣ. Гуфтам ҳатман мерасонам. Падару модари он  ҷураҳоям дар Хуҷанд зиндагӣ мекунанд.

   Ҳол ин, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ба худи русҳо ин зарар меоранд. Мисоли одӣ ғайр аз патент барои кор муҳоҷирон дар Русия телефон мегиранд, хурок мехуранд,   либос мехаранд пули иҷора месупоранд ваҳоказо. Яъне дар гардиши иқтисоди дохили Русия онҳо саҳми худро мегузоранд. Миллатгароёни онҳо мегуянд, ки инҳо пулро хориҷа мебаранд. Охир аблаҳ набошанд мефаҳмиданд, ки он пулҳои ночиз ҳеҷ аст дар пеши дуздии олигархону рафиқони режими Путин. Онҳоро намебинанд, аммо муҳоҷирро мебинанд. Бале, ҳастанд муҳоҷироне, ки дар ҳақиқат ба ҷиноят даст мезананд, бигзор он нафарон ҷазои худро бигиранд. Аммо дигарон охир бегуноҳанд. Барои худи ман бошад, бигзор ҳамаро депорт бикунанд. Нисфи хешу табори худи ман ҳам шаҳрвандони Русия, онҳоро ҳам депорт бикунанд. Дар ҳама ҷой сари хам. Маро дар Амрико ду сол мешавад ба лаборатория роҳ намедиҳанд, то кори илмиамро тамом кунам. Мегуянд Тоҷикистон «рафиқи» Русия аст. Аз ин лиҳоз наметавонем ба технологияҳои хело муосир шуморо роҳ диҳем. Қариб 25 соли таҳсилам дар охир омада ҳеҷ шуда истодааст.

                                   Душанбе

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Умедворам хубу хуш бошед. Ин номаро метавонистам барвақттар фиристам. Аммо хостам ҳама маълумотҳо ҷамъ шавад, баъд ба шумо равон кунам.

  Шуруъ мекунем аз ҳамон муллои чоплуси мелесидагии бачаи Майрами гӯрсухта. Мулло аз Ҷариқшлоқ (Панҷруд)-и Душанбе. Дар бораи вай қаблан ҳам гуфта будем. Вай аз Нуробод аст. Аммо бо чанд нафар суҳбат намудам гуфтанд, ки аз Обигарм аст ва мардумро, ки барои ГЭС-и Роғун кучонидан, ин ҳам бидуни  документам кӯчида омадаст ба 9 км-и Душанбе!
Таваллудаш 92-93 аст. Номи номуборакаш Дилшод.
Як сағераи хароби қадаш примерно 170-175 ришош ранги … фарангӣ паст задагӣ! Мошини «Opel Astra G» кузов, хэчибек, свети сабзи тёмни, рақами қайди давлатиаш 6160» мебошад. Ё амакаш ё тағоиаш дар кумитаи дин, дар ноҳияи Сино-2 кор мекунад. Яъне кришааш!
 Дар дохили масҷид шаш адад кондитсионер буд, ки солҳо ба намогузорон хизмат мекарданд. Аммо соли 2022 ин беномус вақте  кадом инсони хайрхоҳ ду кондитсионери нав (наполни) ба масҷид хайр мекунад он кондитсионерҳоро мебараду мефурӯшад ва пулро дар кисааш мезанад.
Вақте мардуми маҳала суроғ мекунанд, ки кондитсионерҳо канӣ? Мегуяд, ки фурухтам:
Мардум мепурсанд, ки пас пулҳояш канӣ? Мегуяд кордор нашавед, ки дар амният мегуяматон. Ҳамин хел пули 6 кондитсионерро дар киса мезанаду меравад.
Як маълумоти дигар. Дар хазинаи масҷид ба гуфтаи мардуми ҳамин маҳала 5000$  ва 2 ҳазор сомонӣ ҷамъ шуда будааст. Ин пулҳоро ин муллои худозада  ҳамаашро дар кисааш зада аз худ мекунад. Мардуми маҳала Кумитаи дин мераванд, жаловатса кунӣ. Дар Кумитаи дин мегуянд, ки «бародаро аз дасти мо ягон чиз намеояд, барои он, ки ин ҷияни фалон инсонай, тоқат кунед».
 Охирҳои моҳи декабри соли 2023 ё аввали январи 2024 дар пеши масҷид аз амният меистанд ва бачаҳоро қапида ришҳояшонро метарошанд. Вақте як, ду бародарро барои риштарошӣ меқапанд, ҳол онки онҳо аз 30 сола боло сину солашон, хулоса, меқапанду ришҳояшонро метарошанд. Дар бари ҳамин масҷид як сартарошхона аст, онҷо бурда метарошанд. Ин касифи муллои худо бехабар дар ҳамонҷо истода буд. Ҳатто як бор даҳанашро ҳуй накард. Вақте мегуянд, ки «ришомона тарошидан, ба пеши масҷид омадем, нигоҳ мекунум мега, ин касиф ҳамроҳи куратори амнияти ноҳия дастонаш дар гардани он  куратор ҷура ба ҷура кардагӣ, хандида-хандида аз дохили масҷид мебароянд.
Гуфт дигар масҷид надаромада,
рост хона омадам.»
Аз пушти ҳамин ҳодиса дигар масҷид намерафт. Мегуфт аз қафои ин ҳаромӣ ман намоз намехонам!
Дар дохили масҷид ё дар мавриди масҷид ягон инсон агар аз ҳамин маҳала, ягон гап мезадаанд, ин  Дилшод  дар ҳол  бо амният метарсондай ё хабар медодааст.
Ҳозир, Алҳамдуллилоҳ, ки гирифтанаш ва рост маҳалаи Қазоқон фиристодан.
Баъди он гапу хабарҳое, ки имом хатиби Қазоқонро дар Ахбори ВКД нишон доданд барои чандзанагӣ. Ба бародарони маҳаллаи Қазоқон гуфтанием, ки бародарҳо эҳтиёт шавед, ки Дилшоди бузи ҷоҳил маҳалаатон омадагӣ ҳаст, ягонтоатонро подставит накунад.
 Дар пеши дарвозаи масҷид солҳои пеш як бародари камбағал, аз ҳами Ҷарқишлоқ (Панҷруд) як столча мемонд ва майда-чуйда савдо мекард, тасбеҳ, мисвок, духи, ва дигар чизҳо. Соли 2022 вақте ин мулло Дилшод, уже гуфти гапҳо, ки худашро гирифтагӣ буд, як мӯйсафеди аблаҳи ҷоҳили дигарро меорад, пеши масҷид кору бор кунӣ.
У мӯйсафеди ҷоҳил, аз қишлоқи Пушти дарвозаи Чоряккорон аст. Ба як гуфтае, ки ҳамшаҳри ҳамин мулло Дилшод аст ва аз ҳамон тарафҳои Обигарм омада зиндагӣ мекардааст. Лекин боз фаҳмидам, ки дар территорияи 92 мкр ҳам хона гирифта будааст.
  Вақте ин мӯйсафеди аблаҳ дар пеши масҷид пайдо мешавад ҳар рӯз бо ҳар баҳона, ҷанг мекобад бо ҳамон бародаре, ки ин ҳама солҳо дар инҷо савдо мекард.   Як рӯз специально дарвозаи масҷидро беҳуда ҳуй мекунад. Мақсад пеши столи ин бародарро маҳкам мекунад.
Баъд ин бародар дарвозаро камтар як нима мекуна, ки нохост дар пои он мӯйсафеди ҷоҳил мерасад.
Он мӯйсафед, рост пеши Дилшод меравад ва мегуяд, ки «мара зад бо дарвоза ва послат кард».
Баъд ин бародарро мулло Дилшод фарёд мекунад ва ягон чиз нопурсида мегуяд, «ки бо ту ягон гарении? Ту хуетса кардагиӣ? Эҳтиёт шав, ки ҳози амнията фарёд мекунум, миёян кунта медаронан. Ай пагоҳ ма набинум тура, ки чтоби дар ҳамиҷа савдо кунӣ»! Ҳамин хел бо ин баҳона, ин мӯйсафеди ҷоҳил мезанад ин камбағалрову сур мекунад. Ва дар бари дарвозаи масҷид як ҷои қаровулхона буд. Ҳамунҷоро аз тарафи берун шикоф мекунад ва бизнеси худашро пеш мебарад. Ҳозир як магазин ҳуй кардааст, тамоми чиз савдо мекунад. Гуфти гапҳо аз об сар карда то сангу кирпич!
Дар як рӯзи ҷумъа, баъди намоз ман магазини ҳами мӯйсафеди ҷоҳил барои хариди собун рафтам. Меравам, ки додувой ҷангуҷанҷол.
Ҳамин мӯйсафеди ҷоҳил як бачаро туҳмат дорад, ки обҳои 5-литраи маро ту дуздиди!
Он бача қасам мехурад, ки «ин обҳора ман аз магазини дигарӣ харидам», ин мӯйсафед ду пора дар як мӯза андохтагӣ, не ту дуздидӣ!
Охир он бачаи бечора рафт фурушандаи он магазинро фарёд кард, ки шоҳидӣ диҳад, баъд ин мӯйсафеди ҷоҳил хап кард.
Дар пешаш дар ҳамин вақт » участковий « ҳамин мкр истодагӣ ҳаст. Мӯйсафеди ҷоҳилро мегуяд, ки «ман дидум, ки ин бача дар дасташ об аз ун тараф омад».
Ин мӯйсафед то омадани фурушандаи магазини дигарӣ хап накард.
Вақте ҳама тинҷ шуд ӯ бача ин мӯйсафеди ҷоҳилро ҳақорат карду рафт.
Участковий дохили магазини ҳами мӯйсафед даромад ва як » тасбеҳи » электронии барои ангуштро аз витрина гирифту мӯйсафеди ҷоҳилро пурсид:
Мӯйсафед инҳо чандӣ шудан?
Мӯйсафеди ҷоҳил, гуфт 50 сомонӣ!

Ва сразу мӯйсафеди ҷоҳил аз кисааш пулҳояшро бароварду як 50 сомона дар кисаи чапи участковий гузошт, хандида-хандида!
Участковий ба як тарафи даҳанаш дар кор нест гуфт.
Ин мӯйсафеди касиф э, ҳиҷ кор намекуна биги аку, гуфта участковийро гусел кард.  Баъд ман чизи даркориамро  бо нархи се маротиба қимат назар ба дигар ҷойҳо харидаму рафтам. Ин ҳама ҳодиса дар пеши чашми худам ва мардум гузашт!
Барои чи се маротиба қимат гуфтам? Барои он, ки на самом деле вақте он бародар савдо мекард, дар инҷо, ҳама чизҳое, ки ҳамин касиф мефурӯшад, се маротиба арзон буд. Масалан то ҳозира, агар дар ҳама ҷой як «мисвок » аз 6 то 10 сомонӣ бошад, дар мағозаи ин касиф аз 20 сомонӣ сар мешавад.
Ҳамун собуне, ки ман харидам собуни бо сиёҳ-дона 30 сомонӣ гуфт. Ба ман зарур буд, маҷбур харидам. Аммо дар дигар ҷойҳо он собун максимум 10-15 сомонӣ   нарх дорад! Ҳамон камбағалро сур карду ҳама чизро қимат дар савдо монд!
Дар ҳамин территория буз ва мутилшики калон ҳамин мӯйсафеди ҷоҳил будаст, ба гуфтаи мардуми ҳамин маҳала. Кадомеро намепурсӣ ҳама ҳам муллои чоплусаш ва ҳам ин мӯйсафеди ҷоҳили касифро дар любой ҷояшон ҳақорат мекунанд!
 Баъд як чизи дигарро гуфтани ҳастам.

Эй, гунгакмоҳи наркаман. Аллоҳ зоту зуррёти шуморо аз руи замин нест кунад,

 э, конченный наркоман, ин дарахтҳое, ки чапу рост зада истодаӣ, инҳоро шуи Азизмои газетхонаки касиф нашинонда будӣ
Аллоҳ хору залилатон кунад, ки ин дарахтҳоро чапу-рост задед, мардум дар тобистон нафас кашида наметавонанд .Аз як тараф гармӣ ва аз тарафи дигар чангу хок!
Дар вақти гармӣ, агар тирезаро як панҷ дақиқа кушода монӣ, тамом Худо зад. Дохили хона пури чангу хок мешавад!
Дарахтҳое, ки қариб 60-70 сол дар ҳамин роҳ ба мардум соя мекарданд, ҳамаро решакан кардед. Ин қадарашро дар сари қаври Майрами гӯрсухтаи проститутка партофтен, ки сахттар сузад ва ин қадар дигарашро дар …. Азизмои газетхонак ва ҳафт духтари проституткааш задед

 Ҳозир бояд ҳамин маҳалаи » Ҷарқишлоқ « –ро бояд хезонанд.
Ва сохтмончиҳо аз фирмаи » қили асп «, ки «Себистон 2018« ном дорад. Ҳозир мардум дар фикр ҳастанд, ки квадрати хонаҳояшонро чанд суми ҳисоб мекунанд. Ҳама дар фикр ва ожидани, ки чи гап мешавад! Мумкин аз ҳаминҷо митингу тазоҳуроти калон сар шавад.
 Як хабари дигарам бародар дар бораи он Дилшод бигуям, ки фаромуш нашавад. 
 Моҳи рамазони имсола, як бегоҳ баъд аз намози таровеҳ, дар берун, наздикии масҷид бо бародарҳо истодагӣ будем, ки як вақт як мошини форди грузавой, борташ «изотермический ё ки холоделник » омаду рост пеши дарвозаи масҷид рафт, разварот карду истод.
Ман росташ нигоҳ накардам, ки чи кор кард, чи чизе бор кард ё не. Баъд як бародар тарафи дигариаш гуфт, ки ҳамин мошин ҳар рӯз меояд?
У бародар гуфт: «ҳов ҳами мошинай».
Ҳар рӯз меояд ҳамон боқимондаи( хурмо ва обе),ки мемонад, баъд аз намози шому таробеҳ бор мекунаду меравад.
Баъд ман ҳайрон шуда, пурсидам, ки рост мегӯӣ?
Он бародар қасам хурд ва гуфт, ки ҳар рӯз ҳамин мошин меояд ва мебарад.
Ман пурсидам, ки куҷо мебарад инҳоро?
Гуфт намедонам, куҷо мебарад. Аммо ҳамин қадарашро медонам, ки ин мулло Дилшод ҳамаи зиётии (хурмо ва обро), ки Алҳамдуллилоҳ бародарҳо барои ифтори мардум хайр мекарданд дар он мошин бор мекарду куҷое роҳӣ мекард.
Баъд як бародари дигар гуфт, ки ин ҳамаро мефурушад. Бо кадом магазине гапзанон карда будааст, ҳар бегаҳ ҳамин чизҳоро роҳӣ мекардааст. Боз фаҳмидам, ки собунҳое, ки бародарҳо барои истифодаи масҷид меоваранд, онҳоро ҳам нокушодаҳояшро аз мабраз ҷамъ карда роҳӣ мекардааст.

Share This Article