Тавассути барномаи «Номаҳо..» хеле аз сирҳову розҳои Раҳмонов ва кормандони ҳукумати вай ошкор шуда истодааст. Дар номае, ки ҳоло дар зер мутолиа мекунед, аз шоҳидони ҳодисаи боздошти Шайх Темур ҳикоят оварда мешавад. Шайх Темурро дар зиндон кушта буданд, аммо, ӯро бо чи далелҳои сохтаву бофта боздошт кардаанд ва дар боздошти вай кормандони амният чи гуна «саҳм» доштанд дар инҷо маълум мешавад:
Хатлон
Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бародар ин қисмати охири номаи мо аст. Ду қисмати онро дар барномаҳои пешинаатон мунташир кардед. Сипоси фаровон бар шумо. Мо, ҳамон ҷавонони хатлонӣ аз Восеъу Темурмалику Шамсиддини Шоҳину Муминободем, ки ҳоло дар Русия кору фаъолият мекунем. Баъзе аз мо солҳо дар мақомоти амниятиву интизомии Тоҷикистон хизмат кардаанд ва ҳоло ҳам шиносу бародаронамон дар ин мақомот кор мекунанд ва мунтазири рӯзи муносиб ва мувофиқанд, ки ин режимро ба хоки сияҳ нишонанд.
Ҳоло дар бораи як ҳодисаи дигар гуфтанием. Дар бораи шаҳид Шайх Темур. Ончиро, ки худамон шоҳидаш будем, ҳамонро мегуем. Инки Шайх Темур ва эшони Сайид Қиёмиддини Ғозиро дар зиндон куштанд, ҳама бохабар ҳастем. Дар ин бора неву дар бораи онки ӯро чи гуна боздошт карданд мегуем.
Ӯро бо ҳазору як туҳмату буҳтон дастгир намуданд. Ба вай ин туҳматро заданд, ки гуё як муриди Шайх гуфта бошад, ки Шайх қабри падарашро мавзолей сохтаасту қабристони ӯро орову торо додааст. Яъне болои қабри падараш мақбара бунёд кардааст.
Як чанд нафар муридҳо Шайхро хабаргирӣ рафта истода будаанд. Ҳамон вақт дар ними раҳ кормандони группаи оперативӣ ҳамашонро бор карданду тарафи қабристони падари ӯ омаданд ва дар ҳамонҷо заставит карданашон, ки ба самти қабристони падари шайхатон намоз гузоред. Мегуяд, ки моро лату куб карда қатор карданду маҷбур намуданд, ки шишта хестан гирем. Лекин ягон сура нахондем. Аз пуштамон дар қабристон истода саҷдаи моро камера карданд. Баъд ин ҳолатро дар вақти суд барои гунаҳгор карданаш нишон доданд. Ин якум ҳолати сохта буд.
Дуюм боз медонем, ки дар мошини Шайх як баки иловагӣ оварда монданд. Ин корро амниятиҳо карданд. Гуё кадом муриде дар он бак об мерехтааст .Ва мошин бо об меравад, ҳаракат мекунад ва гуё ин як каромоти дигари Шайх аст. Муридҳоро амният ҷамъ кардаасту гуфтааст, ки шумо то ин андоза гумроҳ шидагиед бо ин Шайхатон: «диден шайхтон шуморо дуруғ ва гумроҳ кардаст, ки дар бак об мерехтаст, мерафтай, гуё ки ин каромот мекрдааст». Ин гап комилан буҳтон аст дар ҳақи марҳум Шайх Темур ва сохта ва бофтаи КДАМ буд.
Як муридаш гуфт, ки ман худам рафта мошинашро заправка карда миёвардем. Ин як туҳмати бофтааст мегуяд муриди Шайх Темур. Гуё, ки муллобачаҳо бесавод ё дар коридори мактаб хондагӣ бошанд. Намедонанд, ки дар асри 21 чи хел дуруғ гуянд ошкор мешавад. Аз гуфтани дуруғи бисёр ин амниятиҳо худашон гумроҳ шудаанд бовар кунед.
Чаро ман кор дар ин режими ҳаромро бас кардам. Барои онки бисёр зиндониёнро, ки босаводу мардбача буданд, дар зиндонҳо маҳбусонро кумаки молияву хурокворӣ мекарданд ба қатл расонданд. Ман ин ҳама ноҳақиҳоро бо чашмонам дидаам.
Ман ба чунин коргарҳо муроҷиат карда гуфтаниям, ки ҳозир ҳам вақт ҳаст, имконият пайдо шуд, аз ин режим ҳимоят накунед, ки ҳаром мемуред. Дар ин дунё ҷанозаи шуморо агар мисли Мукаррам шахсон нахонад дигар ягон кас намехонад. 99%намоз намехонед.
Боз як қарори дигар бароварда буданд, ки зиндониҳо дар иншоотҳо кор кунанд ва нони пули нони ишкамашон бароранд. Чунки давлат ба онҳо нону ғизо медиҳад. Азбаски инҳо ба ҷамъият зарар овардагианду боз аз буҷҷаи давлат мехуранд, онҳо бояд кор кунанд. Намедонам ин қарор иҷро шуд ё не.
Ва боз дар чанд соли ахир як кори дигар кард ин ҳукумат.
Дар мақомоти давлатӣ дар ҳар як корхона як куратори амниятро оварданд. Гуё вай назорати бехатариро пеш мебарад. Вай бояд чашму гуш бошад ва аз корҳои ғайриқонунӣ ва масалан коррупсионӣ хабар диҳад. Лекин онҳо агарчи ҳамара медонанд, чашмашонро мепушанду доляра мегиранд ва маълумотҳои бардуруғро ба роҳбарият мерасонанд, гуё ҳама тоза. Аммо аз тарафи дигар инҳо ҳам илоҷ надоранд. Чунки маоши онҳо ҳатто ба сару либоси мактабии бачаҳояшон намерасад. Системаро тавре кардаанд, ки бидуни дуздӣ намешавад як қадам бардошт. Ин Палатаи ҳисоб ва Коррупсия бошад аз амният ҳам дуздтаранд. Мо бо “Ислоҳ” ҳастем ва ҳама ончи медонем менависем ,то мардум фаҳманду огоҳ бошанду шайтонҳо ва ҷинояткорони асосиро хубтар шиносанд.
Фархор
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Аз қишлоқи Майдапатаи ҷамоати Ватани Фархор бароятон менависам. Мо барои сохтмони масҷид пул ҷамъ намуда онро сохтем. Боми масҷидро пушонидем. Аммо раиси маҳалла бо муовинаш омад ва гуфт, ки масҷид маҳкам мешавад тамом.
Мо савол додем, ки чаро маҳкам кардед? Гуфт, ки фармон аз боло. Ман гуфтам, ки аввал ба раиси ноҳия шикоят мекунам, баъд боло меравам. Гуфт, ки беҳуда. Хуллас, ҳамаашро фаҳмидам, ки чи гап аст. Ман ба шумо гуфтаниям, ки мо мусулмонони ин деҳа масҷид надорем. Ҳамин қадар фаҳмидем,ки боло яъне Раҳмонов масҷид намоз ислома намехоҳад, то он рӯзе ӯ ҳаст ин ҳама запред боқӣ мемонанд. Ин якум масъала.
Дуюм масъала ин дар бораи мактаб аст. Мактаб доштем, ки соҳиби шонздаҳ синфхона буд. Ҳозир даҳ синф дорад. Дигарашро Убайд Раззоқ канда бурд. Дар замини мактаб оғил карда аст. Ин одам дар лаби канали об магазин ҳуй кардаст. Боз бар дорад. Инҷо мехуранду мусорашро дар канал мепартоянд. Аз поён чор қишлоқ об мехурад.
Одам ҳайрон мешавад. Чаро дар даруни мактаб ин оғил дорад. Пеши раис меравам ягон чора намебинад. Боз мегуяд, ки бекор аст. Ҳеҷ кас ба доди мо намерасад. Барои як сол налоги об медиҳем. 8 моҳ ҳаст чор моҳи дигар нест. Мо куҷо шикоят барем ғайр аз “Ислоҳ”, намедонем.
Зафаробод
Ассалому алейкум бародарони муборизи роҳи Ҳақ.
Шумо ва муборизонро худованд нигаҳбон бошад ва ҷои муҷоҳидини роҳи ҳақ эшони Фузайл Махсум, Саидаҳмадбек, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин ва дигарон ҷаннатулфирдавс бошад.
Муҳаммадиқбол мо ҳамеша барномаҳои Шуморо тамошо мекунем ва ҳамеша кумаки хешро ба шабакаи Ислоҳ мерасонем. Ман он бародари масчоӣ аз Зафаробод мебошам. Як ҳафта шуд боз ба муҳоҷират омадам. Зафаробод чи тавре, ки буд ҳамон тавр пур аз порахуру бузу хабаркаш истодааст. Ҳатто зиёд шудааст.
Кормандони мақомот, ки банда ҳам як замоне кор мекардам, фукашон ба осмон. Вақте ман аз Русия рафтам ,онҳо фикр мекунанд, ки ман дарахти пулро бурда бошам. Мисли гадоҳо руирост пул талаб мекунанд ё мегуянд имрӯз зиёфат аз ту. Инҳо ҳама зиндаҳои ризқи мурдахур. Оби нушокӣ наёфтам, ки ба сери хурам. Дуввум барқ. Ҳатто наметавонистам, ки телефонамро пурра заряд монам. Ман дар маркази ноҳия зиндагӣ мекунам. Вой бар ҳоли мардуми дурдасти ноҳия.
Бузакони ШВКД ва амният нонашон болои равған.
Ман хостам дар ин нома роҷеъ ба як муаллими босаводтарини Тоҷикистон, ки бо Шумо бо забони русӣ баҳс кард ва ҳамаро қоил кард, муаллими таърих Алиев Баёнҷон Овлоқулович гап занам. (устод босавод гуфтанам маънои чуқур дорад). Банда ба ҷустуҷуи ин муаллим баромадам ва маълумотҳои дақиқу саҳеҳ ҷамъ овардам. Воқеъан ин шахс зодаи ноҳияи Айнӣ буда баъдан ба Зафаробод, ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод куч бастааст. Баёнҷони босавод баъди хатми мактаби миёна, ки дониши хуб дошт (маълум чи гуна дониш) ва тавонист бо ин донишаш ба литсейи касбӣ- техникии Меҳнатобод ба ихтисоси тракторист дохил шавад ва онҷоро ҳам хатм намояд. Хуласи гап, дар ин литсей баъди чанд сол ба ҳайси омузгор ва ҳатто ҷонишини директор кор кард. Сарвари литсей Рузиев Парвиз домоди яке аз гургон ва коррупсионери куҳнаи Зафаробод, собиқ муовини раиси ноҳия Наврузов Нормат мебошад.
Як рӯзи фасли баҳор омузгорони литсей ба Шаҳристон дамгирӣ мераванд ва дар ин литсей як духтари беҷогард Умеда низ кор мекунад. Дар ин вақти истироҳат Баён ва директори литсей барои Умеда ҷанг мекунанд. Ва Баёнро ту маълумоти олӣ надорӣ гуфта аз кор пеш мекунанд. Баён, ки акаи занаш дар Донишгоҳи омузгорӣ профессор аст, бо воситаи вай ба филиали Донишгоҳи омузгорӣ дар шаҳри Панҷакент ба шуъбаи ғоибона даромада бо воситаи пули пахта соҳиби диплом мегардад. Агар ба ин муаллим савол диҳӣ, ки кай таваллуд шудӣ, ҳатто рӯзи таваллудашро гуфта наметавонад. Баён як алкаш буда дар шаҳраки Меҳнатобод ба занакбозиву ҳаромгардӣ машғул аст. Худ қазоват кунед, ки марде, ки валади зиност чи гуна духтарҳоятонро бовар карда ба ин мактаб медиҳед. Ҳатто маълумот доданд бародарони яғнобӣ, ки падари Баён низ як алкаши валади зиност. Боз инҳо аз авлоди собиқ раиси ноҳия ва раиси Барқи тоҷик Раҳматзода Рустам Мирзо, ки айни ҳол бо як сабаби маълум Ҷаноби холӣ аз кор пеш кард буданд. Ин Раҳматзода вақте раиси ноҳияамон буд ҳама вазифаҳоро фурӯхт. Кадрҳои босаводро аз кор гирифта челонгарро муовини раис ва як муаллими таърих Шарифзода Меҳриддинро муовини раис таъин кард ва пули калон гирифт. Заминҳои райпоро ба номи додараш собиқ раиси Амонатбонки ноҳия, ҳоло муовини аввали Раиси ноҳияи Айнӣ Раҳматзода Суҳроб мебошад, гузаронид.
Ин Раҳматзода Рустам ҳангоми раиси Барқи тоҷик буданаш яке аз хешони зани Ҷаноби холӣ, ки номашро фаромуш кардам ба фикрам Ҳукумовро муттаҳам мегуяд ва ин хабарро бонуи аввали Тоҷикистон Азизамоҳи газитхонак ба гуши Эмомалӣ мерасонад, ки агар Раҳматзодаро гум накунӣ мурдӣ. Эмомалӣ аз тарсаш оҳиста Раҳматзодаро аз ҳукумати хеш дур кард.
Ин Баёнҷон ҳоло ҳам ба ҳамон корҳои зишти хеш машғул аст. Ҳатто бародарони яғнобӣ гуфтанд, ки дар моҳи шарифи рамазон маст дар маркази ҷамоат мегардад. Ба фикрам домулло қиёмат қоим мешавад, ки замон замони ин дузду фосиқу бесавод шуда истодааст.
Боз як нуктаи дигарро дарҷ кунам, ки ин ҷамоати Меҳнатобод вазъу ҳоли хуб надорад. Аввал он ки ҳамаи ҳаромхурон ва гургон Зиёзода Сулаймон Ризо, Ашурзода Раҷаб Рузӣ, Наврузовҳо ҳама аз ҳамин ҷамоат. Дуввум инки Абдуллозода Зарина Ислом, дар номаҳои пешина гуфта будем, Раиси ҷамоат шудааст. Ин Абдуллозода бе мардак наметавонад. Як занаки ҷалаб ва фоҳиша буда аз сардори амният сар карда то бо магазинчиҳо мегардад. Боз як чизро гуфтанд, ки ин Абдуллозода Заррина аз ба ҷои онки хонаи мардумро обод кунад, ҷангҷоли як оиларо ислоҳ кунад. Баракс, сабаби оилавайроншавӣ ҳам будааст. Дар гирди хеш духтарони ба худаш монандро ҷамъ карда, баъдан ба ягон шахси мансабдор фурӯхта ва оилаи ин шахсро вайрон мекунад.
Мисоли оддӣ, як духтари бо ном хона, ки номаш Мадина ва аз Меҳнатобод аст ба назди худ ба кор гирифта баъдан ба собиқ архитектори ноҳия Солиев Абдураззоқ, ки ҳоло директори КВД «Лоиҳакаш» мебошад ба маблағи 1000 доллар мефурушад ва баъдан бо воситаи шантаж Абдурозиқро аз занаш ҷудо карда Мадинаро ба Абдурозиқ худ ЗАГС мекунанд.
Воқеан устод ончики аён ҳаст ҳоҷат ба баён нест.
Агар ин мансабдорон ин тавр кунанд вой бар ҳоли дигар мардум. Мардуми Яғноб шумо хуни гарм доред. Мардуми Масчо шумо чи? Бархезед, нависед. Ин вазифаи мо аст. Натарсед. То ба кай метарсем? Аз пушти ҳамин Баён барин муаллимони бесаводи валади зино падару модарон духтарошонро аз синфи нуҳ аз мактаб мегиранд. Агар як -ду ҷавонмард ин Баёнро як, ягон гап гуфтани шавад, амният ва ШВКД ҳозиру нозир ва статяи маълум Муҳамадиқболро зада бурда маҳкам мекунанд. Вой бар ҳоли шумо мардум. Мо бар мегардем ва аввал аз ҳамин Баён сар карда то ба Абдуллозодаи брачное чтиво ё дом 2 кардааст, ҷамоатро бояд мисли пешина кунем ором ва бе ҳаромхорону фитнаандозон. Ҳатман он рӯзи бузург ҳам мерасад.
Душанбе
Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Худо аз шумо розӣ бошад. Номаи маро илтимос дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» гузаред. Ман баъд аз хатми мактаб ба донишгоҳи Технологии Тоҷикистон дохил шудам. Намедонам онҷо донишгоҳ буд ё бозор. Рости гап бисёр пушаймонам аз дохил шуданам. Вақтам беҳуда гузашт. Валлоҳӣ қасам инҳо душмани ин миллатанд. Дар донишгоҳ фақат пул. Декани факултет Зарифбеков.М.Ш худаш аудитория ба аудитория гашта НБ –ғоиб мемонад. Вақти имтиҳон аз он нафароне, ки Нб бисёр доранд, пул мегирифт. Аз ҳар як нафар 2000сомонӣ ва аз ин ҳам зиёдтар мегирад. Боз метарсонад, ки хориҷат мекунам: «рост хизмат сағира… ё пула те хапакак гард». Инчунин омузгорон вақти баҳо гузоштан то пул надиҳед баҳо намегузоранд. Як муаллим буд ошкоро мегуфт, ки « ман задагиям, дониши тра ягнгат ба ман списка додай бояд харид кунам».
Ҳамаи донишгоҳо бо ҳамин система кор мекунанд. Деканҳо пул ҷамъ мекунанд. Боз ҳар як декан ба ректор ҳар моҳ пул медиҳад. Беш аз 1000доллар.
Ман намедонам ректор ба кӣ медиҳад, аммо ин факт раднопазир аст, ки онҳо аз донишҷӯён ҷамъ мекунанд пулро. Ман як чиро мехоҳам гуям, то дигарон донанд. Бисёрии омузгорон беномус ҳастанд, чунки онҳо донишӯ духтаронро ошкоро ба ҳамхобагӣ даъват мекунанд. Боз дар кафедра мешинанду байни якдигар нақл мекунанд: «дар фалон группа духтари соз ячи … доштай ё …. зур»
Ана ин аст ин ҳукумати ин лаъин. Худо лаънат кунад Раҳмоновро. Ман ду рӯз менависам, гапҳои ман тамомӣ надорад. Худо лаънатшон кунад. Донишҷуёнро фақат маҷбур мекунанд: ё маршировка меравӣ ё НБ мегирӣ. Ҳамаро маҷбур мебаранд пеши Фиръавн. Ҳама маҷбурӣ меравад. Ягон кас ба хохиши худаш не. Донишҷуҳоро метарсонад. Агар наравӣ хориҷ мешави тамом. Маҷлис мешавад гапи даҳанашон танқиди сатр ва риш. Ба худо қасам дигар ягон гап надоранд, ман дар чанд маҷлис иштирок кардам, фақат танқиди риш ва сатр. Дар хобгоҳҳо ҳам донишҷуёни бечораро ором намегузоранд. Ягон хобгоҳ шароити зиндагӣ кардан надорад. Боз солбасол нархи онро боло мебаранд. Ман тули 4 соле, ки дар донишгоҳ таҳсил кардам, фақат як чизро аҳамият додам, ки назорат ба сару либос асту халос.
Ҳар донишҷу бояд кори курсӣ супорад. Валлоҳӣ қасам сол аз сол нархаш боло меравад. Дар ҳар донишгоҳ ҳар хел. Вале аз 300сомонӣ боло. Як донишҷу дар як сол ду маротиба месупорад. Мудирони кафедра маслиҳат мекунанд. Мисол туро ман роҳбари фалон группа мемонам, 2000с медиҳӣ, давомаш кори ту, чанд пул метавонӣ, ҷамъ куни онаш кори ту.
Боз барои 4 курс ва ё 5 курсҳо навиштани кори дипломӣ ҳаст, ки нархаш аз 3000 сар мешавад то 6000 ё 7000 сомонӣ. Фақад мақсадашон пул канда гирифтан, ягон мақсади дигар надоранд. Гоҳо муаллим медарояд дарс ва сардорро мегуяд: «имрӯз группаи ту полний бак мекунад мошини мана. Ман бар ивазаш тестҳои имтиҳонро медиҳам».
Аз ректор Амонзода .И.Т сар карда то коргарони оддӣ пул мегиранд .Ба фикрам фақат фаррошҳо дар донишгоҳ шабашка надоранд тамом.
Боз як роҳ ё манбаъи пулкоркунӣ дар донишгоҳ масъалаи перевод аст. Переводи донишҷуён аз ин факултет ба факултети дигар ё аз донишгоҳ ба донишгоҳи дигар, ҳамааш пул. Як ҷураи ман перевод кард аз Хуҷанд ба Душанбе. Гуфтамаш чанд пул расход кардӣ? Гуфт12000 сомонӣ.
Боз як манбаъи дигари даромади муфт. Барои шаҳру ноҳияҳо квота барои донишгоҳҳо ҷорӣ шудааст. Ана ҷои пул коркунӣ дар инҷо ҳаст.
Мисол квотаи донишгоҳи тиббӣ 5000 долар нарх дорад. Ҳозир намедонам боз агар нархаш боло нарафта бошад. Ин пулро ё мудири маориф мегирад ё ҳамон нафароне, ки барои имтиҳони квота сафарбар карда мешавад. Дар бисёри ҳолатҳо бо мудири маориф маслиҳат мекунанд, ки ягон одам ёбад. Яъне фаҳмидед, ки «одам» гуфта чиро дар назар доранд.
Дигар квотаҳо арзон 1000доллар. Боз инро ном гузоштаанд квотаи президентӣ. Ҳар куҷое номи президентӣ шуд, бояд пул диҳад одам, чун президентӣ ном дорад дигар. Оё бо ин системаи маориф метавон кадр сохт ва ҷавононро ояндаи миллат гуфт?
Ғафуров
Салом бародар Муҳаммадиқбол!
Бовар кунед, бо ин масъалаи Овчиқалъача кормандони амниятро сахт асабиву сарсон кардед. Худованд мову шуморо муваффақ гардонад. Бисёр фикр кардам, чи гуна аз дохил метавонам ба халқи худ кумак расонам. Хулоса кардам, ки як мақола нависам. Агар қабул кардед, писанд омад, онро дар Номаҳо нашр кунед.
Чанд рӯзе пеш дар бораи Овчиқалъача матлберо нашр кардед. Атрофи ин нома сару садохо хеле зиёд гашт. Чоплусону лаганбардорон онро туҳмат ва иғвоангезӣ гуфтанд.
Имрӯз мехоҳем факту далел биёрем, ки раднашаванда ҳастанд ва ҳамаи сокинон ва меҳмонони деҳаи Овчиқалъача аз он бохабаранд.
1.Устодону омӯзгорони МТМУ 8 бо шоҳидии худованд гуед, ки оё Бахтиёр- участковый рақами мошинаш 0104 опел сурх пайваста ба мактаб намеравад, ҳатто то журналу рӯзномаҳоро тафтиш мекунад. Устодон, роҳбари синф, директори мактаб пора медиҳанд аз 50сомонӣ то 500сомонӣ.
Талабахои мактабро бузу бузғола карда, як дигарро подстава мекунанд, бас будагист. Фарзандонатонро мард тарбия кунед, тарсуву мурғу гуспанд не!
Ҳама омӯзгорон хаста шудаанд, дигар кор кардан намехоҳанд аз дасти ин золимон.
2.Рад кунед, ки дар даруни деҳа заставаи калон насохтанд. 2 гектар заминро амниятиҳо нагирифтанд дар даромади деҳа.
Рад кунед, ки масҷиди панҷвақтаи ҳоҷӣ Мансурро ба шуъбаи амният табдил надоданд.
Рад кунед, ки барои сарбозгирӣ пода -пода дар деҳа намемегарданд?.
Рад кунед, ки Баҳодури кур хуни мардумро намакида истодааст?.
Рад кунед, ки Иброҳим язнаи Баҳодури кур сарбозшикору долягираки Баҳодур нест?.
Рад кунед, ки дар ҷамоат справка, метирка бепул аст ё ки тавассути чек додан маблағ талаб мекунанд?.
Рад кунед, ки аз ҷуйборе, ки об менушед, памперсу хошоку собуну дигар ифлосиҳо намеояд?.
Рад кунед, ки вақти баҳор барои об чангу ҷангҷол намешавад?.
3. Аз ободӣ гап мезанед:
Дар 30 сол фақат соли 2023 ободӣ шуд. Ҳамон ҳам бошад фақат ба он хотир, ки Пешвояшон омад ба Овчиқалъача.
Ободӣ дар куҷо ва чи гуна шуд?
Тибби Равшан кушода шуд, аз тарафи Алишер як шахси соҳибкор. Ин ҳам ба фишори онки ҷоятро кашида мегирем,ӯ аз тарс сохт.
Сехи дузандагии Ёсуман аз тарафи соҳибкорзан Мадина таъмир ва ба истифода дода шуд. Ба шарте, ки иншоот ва заминро соҳибӣ кунад ва монополияи либоси мактабиро гирад. Ин сех танҳо барои либоси мактабӣ фаъолият мекунад.
Сехи истеҳсолии Шарифҷон аз тарафи соҳибкор, соҳиби иншоот таъмир ва азнавсозӣ шуд.Танҳо барои худнамоӣ. Ҳоло аз фаъолият бозмондааст.
Дар 30 соли истиқлолият як соли ободонӣ ва он ҳам дар соли 2023 руй дод. Ба факт нигоҳ кунед, ки ин ободонӣ дар чи дида мешавад:
ШВКД 2 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтанд.
Парчамро сохтанд, ки 50метр баландӣ дорад.
2 ё 3 км роҳро асфальтпуш карданд, ки тамоман харобазор буд. Илоҷи таъмир кардан надошт. Вагарна ҳамонро ҳам таъмир мекарданду асфальтпуш намекарданд.
20-30 столбаи равшанидиҳӣ насб карданд, ки ё хомуш аст ё сухтагӣ.
Аз ин зиёд чи ободӣ шуд дар деҳаи Овчиқалъача, барои мо бигуед!?
Дар як километр боло деҳаи Мақсади қиргизҳо мебошад. Деҳа ҳамагӣ 3-4ҳазор аҳолӣ дорад. Лекин ончунон дар шаб равшану фурузон аст, ки мегуӣ онҷо шаҳр бошаду деҳаи Овчиқалъача аз равшании он баҳра мегирад. Аммо аз ҳама ҷойи ҳайратовараш ин аст ки ҳамаи он равшание, ки деҳаи Мақсади қирғизҳо дорад аз барқи неругоҳи Қайроқум мебошад.
Мо, ки шаҳрвандони бошарафу бонанги Тоҷикистон ҳастем, барқ надорем.
Қирғизҳо, ки душмани мо ҳастанд дар даруни нохунак ҳам барқи моро истифода мебаранд, ҳам замини моро мегиранд. Мо инсон ҳастем, мо шаҳрванди Тоҷикистон ҳастем, ватанамонро дӯст медорем. Барои ватанамон ободиро мехоҳем. Мо мардуми Овчиқалъача, мардуми бонангу шараф ҳастем.
Мо омода ҳастем, ҳақи худро талаб кунем, мо ташнаи ҳақиқат ҳастем.
Мегуем, менависем ва амал мекунем Ин шо Аллоҳ.
Худованд тарсу бимро аз дили мардуми тоҷик бардор ва моро пирӯзу муваффақ бигардон! Омин
Ғафуров
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мехоҳам дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» бинависам. Ман дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳастам. Дар деҳаи совхози Мичурин. Дар инҷо дуздиву ғоратгарӣ хеле зиёд шудааст. Дар мактаби мо, мактаби №41 Икромова Гавҳар директор мебошад. Зани бениҳоят гушнаву ғоратгар аст. Бовар кунед, ки тамоми зоту авлодашро дар мактаб ҷо кардааст. Дар мактаб кор мекунанд. Мактаббачаҳоро бисёр ғам медиҳанд. Пули рӯзнома, пули обуна, пул барои ангишт, пул барои ҳезум,барои таъмир, барои бур….ба ҳама чиз пул мепурсанд. Аз оилаи Гавҳар Икромова 10 нафар дар он мактаб кор мекунанд. Ин деҳа ба деҳаи Овчи-қалача наздик аст. Дар Мичурин як поликлиника ҳаст барои кудакон. Сардухтури он Мавҷуда Бобоҷонова мебошад. Чунон зани баднафс аст ки аз касе сари сузан наметарсад.
Касе агар барои кор даромадан назди вай равад руирост мегуяд, ки 3 ҳазор сомонӣ медиҳӣ, баъд ба кор қабул карда мешавӣ. Мавҷуда Бобоҷонова аслан духтури занҳо-акушер гинеколог мебошад. Барои мисол як кудак бемор шаваду модар барои муоина назди вай барад кудакҳоро барои сум шуда қабул мекунад. Аз ҳар як қабул 15 сомонӣ мегирад. Дар деҳаи духтури кудак буд, Тухтаева Муҳайё. Бениҳоят хоксору ҳалолкор буд. Ана ҳамин Мавҷуда кор кардан намонд, аз кор холӣ кард ӯро. Чунки Муҳайё Тухтаева пули ҳаром намегирифт. Ҳозир Муҳайё Тухтаева дар санаторияи Равшан кор мекунад, Ин Бобоҷонова ҳам занҳо ва ҳам кудакҳоро худаш қабул карда. Ҳеҷ аз пул серӣ надорад. Ҳама коргарҳо аз вай безор шудаанд. Сину солаш ба ҷое расида бошад ҳам аслан нияти нафақабароӣ ва курсиро холӣ кардан надорад.
Дар Мичурин бисёр ҳаромкориҳо ҳаст. Инҷо холодилники давлатӣ амал мекард, онро вайрон карда заминашро ба одамон фурухтанд. Аммо ин заминҳо документ надораед. Аз ин замин даҳ оила харид. Бо суми калон. Барои ҳар кадомеаш 6 сотихӣ доданд. Ин заминро Равшан ва Аҳад фурухтанд. Чанд маротиба аз одамҳо пул ҷамъ кард, ки документ мекунам, аммо ягон санад накард. Чунки он замин аз они давлат аст.
Истаравшан
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домуллои азиз.
Рости гап аз чи гапро сар кунам, намедонам. Лекин як чизро гуфтаниям, ки раҳмат ба шумо. Ман яке аз шаҳрвандони Истаравшан ва мехоҳам яз як буз (хабаркаше) ба шумо маълумот фиристам.
Номи ин шахс Холиқов Дилшод Хуршедович соли таваллудаш 08.03.1994, зодаи шаҳри Истаравшан (Уротеппа) писари Хуршед набераи Бобои Орифи маршруткачӣ. Дилшод соли 2012 гимназияи1ро хатм намуда ба ХГУ –Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуд (намедонам дар кадом факултет). Баъди хатм ба мактаби Ҷарқурғон ба ҳайси муаллим 3 сол кор кард. Айни ҳол дар магазини ФОРС-пеши болнитса ба ҳайси грузчик кор карда истодааст. Адреси ин шахс ш. Истаравшан кучаи Пулод Комилов 23
Бародараш Илҳом (ин ҳам буз аст) айни ҳол намедонам чи кор мекунад. Соли таваллудаш 1995 монанди Дилшод донишгохи ХГУ-ро хатм карда 1 сол муаллимӣ кардааст.
Баъд аз ин намедонам чи кор кардааст, ё чи кор мекунад. Ман, ки аз шаҳр берун будам, хабар надорам.
Аз сабаби бузиашон мошину хонадор шудаанд. Як хоҳар дорад, соли таваллудаш 1999 ё 2000 шавҳар кард. Аз сари зиндагиаш Дилшод ва Илҳом бачаҳои дузд буданд ва дар маршруткаи бобояш пулчинак кор мекард ва аз дуздии ин кораш велике (Велосипед) харида буд, ки дар хонаи ҳамсояи ман нигоҳ медошт. Велики худро чунон оро дода буд, ки мегуӣ ин велики бачаи раис бошад. Баъди вафоти бобояш ба хондан рафт. Падараш чашми хирае дорад ва падарашам дар ин магазин кор мекунад.
Конибодом
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, муҳтарам бародар Муҳаммадиқбол! Ташаккур, ки як номаи мо- мардуми қизғиззабони деҳаи Санҷидзор собиқ Ҷигдаликро ба нашр расондед. Ман пешонии шуморо мебусам, бародар Муҳаммадиқбол!
Агар иҷозат дода бошед, тағйиротҳое, ки дар деҳаи Санҷидзор, собиқ Ҷигдалик сурат гирифт бароятон нависам, агар бо хато чизеро навиштам, бубахшед, бародари қанд.
Барқро аз вақти обед соати 12 : 00 то соати 15:30 мекушанд. Обро бештар медодагӣ шуданд, тақрибан 3 – 4 соат об меояд ба кранҳо.
Дар инҷо як военний част сохтанд, инҷоро ба военний городок табдиля доданд. Қумондонҳои онҷо ҳамааш аз ҷануб аст. Бародарони суғдиро онҷо кор кардан намемонанд, хеле закритий зона аст.
Ҳоло бошад, роҳи «Конибодом – Хуҷанд» ба як “американские горни ва ё ҳамон ШОССЕ” табдил ёфтааст.
Ҳар рӯз зиёда аз 25 – 30 фураҳои калон бо суръати баланд, аз саҳар то шаб ” дангар дангар” карда мегузарад.
Ин роҳ дар 32 соли истиқлолият мумфарш шудагӣ нест, аммо онҳо нигоҳ нокарда ба ин, газро топит мекунанд.
Ман якбор 3 – 4 сол пеш шабона бо як ронандаи фура ҳамгап шудам. Балони мошинаш кафида буд. Ман пурсидам: “ёрдам лозим аст?” У ба ман бо сад дурушту бо сад дағал ҷавоб дод, ки “не бра кори хдта бкн, и кор кори т нестай чи шид, бра ай пешм умуман, кори т набоша чи дорм, ма да фура, и кори шмо мғло набоша”. Ман ҳамагӣ фақат ба ӯ хостам ёрдам расонам, чунки фураи ду этажаи ӯ дар пеши хонаи ман вайрон шуда буд. Аммо ӯ тарсид аз борҳои дар фурааш дошта. Намедонам дар дохили мошини ӯ чи буд?!…
Мо мардуми қирғиззабон зери зулми тасвирнопазир қарор дорем бародар Муҳаммадиқбол
Ҳоло бошад хабарҳо аз Эмомалӣ Раҳмон чунин расида аст ки у 30% ГАИ -ҳои Тоҷикистонро сокрашение кард. Мардуми Суғд хеле хурсанд шуд аз ин кор, чунки дуздони роҳ ё қароқчиҳо кам мешаванд.
Ягона кори хубаш дар 32 соли ҳокимияташ ҳамин кораш аст.
Мо мардуми қирғиз забон аз дуздони хурд яъне ба қавли забони русӣ “мелкий вор” -ҳои Ҷинни – Қум ба дод омадем. Номи яке онҳо Раҳматҷон мебошад, тақрибан 22 сола мебошад, қаддарози хароб ва таҷовузгар аст. Аз онҷо, яъне аз Ҷинни – қум хеле дуздҳо баромадагӣ аст, ки ба дигар деҳаҳо зарар мерасонанд.
Мо мардуми қирғиззабон чоплуси ҳеҷ кас нестем. Ба мо гуянд инқилоб кун, мекунем, ба мо гуфтанд сабур бош, сабур мешавем.Аммо дигар дар ин зулми оилаи Раҳмонов сабр кардан гуноҳ аст боварамон кунед.
Аммо ногуфта намонад, ки ҳоло мо бо туем, бародари гиромӣ. Агар ягон тавсия дошта бошӣ, бифармо. Қирғизҳои Тоҷикистон бо шумоянд ва шуморо хуб ҳам мешиносанд.