Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№117

Ислоҳ нет

Сокинони деҳаи Чоре ва мардуми атрофи он дар дараи Фони ноҳияи Айнӣ бояд кучонида шаванд.Дар инҷо ширкатҳои вобаста ба аъзои Оилаи Раҳмонов ба истихроҷ ва истеҳсолу тиҷорати маъодин машғул хоҳанд шуд.Ҳоло ин мардум намедонанд,ки кучонидани онҳоро ширкатҳои Ҳасан Асадуллозода ва ё Шамсулло Соҳибов бар уҳда мегиранд.Вале ба эҳтимоли зиёд партнёри Ҳасан ва Шамсулло ширкатҳои Хитойӣ мебошанд.Ин мардум мегуянд,ки соли 2010 ҳам қисме аз онҳоро маҷбур ба Зафаробод куч доданд, бо ваъдаи онки дар сохтмони манзил кумак мекунанд,аммо бурданду ба ҳоли худашон раҳо карданд. Ин тарсу ҳарос ин бор низ аҳолии ин деҳотро зери фишор қарор додааст:

Айнӣ

Салом алейкум бародар Муҳаммадиқбол.Нома аз бачаи суғдӣ аз водии Зарафшон аз ноҳияи Айнӣ.Дар деҳаи мо бисёр гапу хабар шуда истодааст.Мо аз деҳаи Чореи дараи Фон ҳастем

мардумро одамони давлат омада депорт ё ронда истодаанд.Азбаски дар кӯҳсори мо тилло,нуқра, алмос ва дигар сангҳои қиматбаҳо зиёд аст.Хитоӣ ё насли муғул, ё насли Чингиз омада бо ҳамон дастгоҳи геологӣ наворбардори карда ба кор шурӯъ кардаанд.Аз ин пеш дар мавзеъе бо номи боғи Мурод,ки дар баландии 4 -5 ҳазор қарор дорад,чиноиҳо кор карда истодаанд.Як куҳро ба замин ҳамвор кардаанд.Шояд баъд аз 5 -6 сол Айниро ба биёбон табдил медиҳанд.Ба ғайр аз чиноиҳо боз русҳо,америкоиҳо,англисҳо омада маъданҳои қиматбаҳоро коркард карда мегиранд.Ҳамин тавр мо ба бисёр ҳолатҳои вазнин дучор шудаем.Мардум намедонанд чи кор кунанд, ба куҷо муроҷиат кунанд.Одамон мехоҳанд дар зодгоҳи азизи худ бимонанд.Аммо моро маҷбур доранд ватанамонро тарк кунем.Мо мехоҳем ҳамчун мардуми таҳҷоӣ дар сарзамини кӯҳистони худ зиндагӣ кунем.Бояд ба Зафаробод.ба вилояти Хатлон яъне ба биёбонҳо бибаранд.Мо ин мардум ҳастем.Намехоҳем ба он ҷо равем.Ман кӯҳистонӣ ва гузаштаи ман,нажоди ман, авлоди ман, асрҳо шуд дар инҷо зиндагӣ дорем.Мо кӯҳистони ҳастем.Мо дар ин вазъият шишта нигоҳ карда,зораву тавалло карда наметавонем.Ҳар ҳолат шавад,ҳар кор бояд роҳи ҳалашро ёбад.Соли 2010 мардуми моро ба Зафаробод кӯчонида буданд.Онҷо як биёбон ва як чӯл аст,то 50 дараҷа гарм мешавад.Об нест, ҳамачи гарон аст.Мардум дар кӯҳистон,оби худо дод меояд дар кӯҳистон, шароити мо дигар хел аст.Бисёр чиз дастрас нест. Ҳама чиз дигаргун ,аммо ҳама чиз деҳқонӣ аст.Мардум роҳи худашро меёбад.

Шаҳр мебиёяд,одам роҳи худашро гум мекунад.Баъдан иқлими шаҳр ба иқлими ҷои мо рост намеояд.Мо дар кӯҳистон ҳастем,боду ҳаво муътадил аст.Соли 2010 бурда буданд.Мардум аз гармӣ тарсида гашта омада буданд.Ин чиз ҳақиқат аст. Гармӣ сахт аст.Дар он биёбон мардум сару калобаашонро наёфтанд.Ана акнун дар соли 2024 ҷиддӣ мехоҳанд мардумро кучонанд.На танҳо деҳаи мо, чанд деҳаи дигарро низ мехоҳанд кучонанд.Аммо мардум намедонанд,ки ин дафъа вазъият ҷиддӣ аст.Деҳаи ҳамсояро низ мисли мо мекучонанд,аммо маълум не ба куҷо?

Чунки ин қадар мардумро дар як Зафаробод ҷо кардан илоҷ ва имконият надоранд. Ё мардум ҳам огоҳ шуда зирак ва сарҷамъ мешаванд,ягон зиддият нишон медиҳанд,ё ҳар ҷо, ҳар ҷо бурда тақсим мекунанд.

Дар деҳаи мо аҳолӣ тақрибан 400 нафар ҳастем. 200 нафарро тарафи Зафаробод 200 нафарро тарафи Хатлон ба биёбон мекучонанд.Рафта,барои як хонаро обод кардан,одам 30 сол умри худро аз даст медиҳад.Дар ин шароити камбағалона дар куҳистон хона тайёр, зиндагӣ тайёр,меравад паси зиндагияш. Ҳоло,ки Зафарободу Хатлон мекучонанд онҷо рафта хело кор,хело меҳнат мекунанд.Масолеҳи сохтмон,барқу об нест.Мардум ҳам дуру дароз вақт сарф мекунанд.Давлат ҳам ёрдам намедиҳад.Боду ҳавои онҷо ба ҷои мо мутобикат намекунад.Онҷо замини ҳамвор ва ҳавои гарм дорад.

Соли 2024 чанд ҳазор одамро меронанду бадарға мекунанд.Афсус,ки дар ҷои мо мардум мисли латта шудаанд, қадру қимат надоранд,нангу номус намондааст, бояд ислоҳот шавад.Аз ғаму дарди ноҳияи Айни ҳам нашр кунед.Шояд номусашон бедор шавад,боз бештар бинависанду бедор шаванд.

Мо мардум болои сангу кӯҳ зиндагӣ ва шукр мекунем ва сипос гузорем аз Худо.Мо ҳам мардуми озод ва озодфикр ҳастем.Аз ҳар миллат,аз ҳар қавм,аз ҳар нажод ба худ номарду мард дорад.Ҷои мо номардон бисёранд ва ба номусҳо каманд.Аз ҳамон ба номусҳо ман ҳастам,ҳиси суғдӣ, ҳиси ватанам ва зодгоҳамро намехоҳам тарҳ ва тарк кунам.

Ба Зафаробод бисёр мардумро бурдаанд.Қавми ман суғдӣ, аз рӯи миллат тоҷик, ноҳияамон Айнӣ аст.Ҳамватанони ман яғнобӣ, фалғарӣ ва забонамон тоҷикӣ аст Суғдием аз насли Спитамен ҳастем.Ман худ забоншиносу таърихшинос ва адабиётшиносам ва ҷуғрофияи ватанамро бисёр хуб мефаҳмам.Чунки ман нангу номус дорам.Мардуми ноҳияи Айнӣ бисёр ватандустдор ҳастанд.Агар аз ҷои мо ягон номарду беадаб баромад онҳоро гуш накунед.

Ман ба мардуми вилояти Суғд, ба мардуми Айнӣ, ба тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муроҷиат карда мегӯям,ки огоҳ ва сарҷамъ шавед,аз зодгоҳи худ ҳимоя кунед, натарсед, ғурури инсонӣ,ғурури ватандорӣ, ғуруру нангу номусро бедор кунед ва ба мисли мардуми Чоре бо Ислоҳ ҳамкорӣ кунед. Ман ва чанд нафари дигар феълан дар кишвари Хабаровски Русия ҳастем.Мо мардуми кӯҳистонем.Деҳаи кӯҳистони моро фурӯхтанд, моро аз кӯҳҳо пеш мекунанд.Шумо метавонед ва бояд ҳам ин маълумотро равшан кунед.Фарзандони мо, бобоёни мо, ҳама чизи моанд ва онҳо дар ин куҳҳо асрҳо зиндагӣ кардаанд.Ҳоло моро депорт мекунанд: уран,тилло, алмос,ёқут ва ангишти моро мегиранду бо хориҷиҳо мебалъанд.Ба мо чизе намедиҳанд,бадтар ва даҳшатноктар аз ин моро аз зодгоҳамон меронанд.

Ман ба мардуми Зафаробод ва ба мардуми Хатлон ягон сухани бад гуфтанӣ нестам.Зеро онҷо дигар иқлим асту деҳоти мо дигар иқлим аст.Ман мехоҳам дар зодгоҳи худ бошам, зидди ҳеҷ кас ягон гап надорам.бар сари мо ин мушкилӣ ва ин вазъияти бад омадааст. Мехоҳем роҳи ҳалашро ёбем.Мо бо дигар мардуми Тоҷикистон як ҳастем,мо бояд рушд кунем,муттаҳид бошем ва ояндаро дигар кунем.

Исфара

Бародар Муҳаммадиқболи Садридин.Аллоҳ ҳифзу ҳимоятат кунад.Он чи, ки дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар солҳои охир гузашт, ба ҳама маълум аст.

Хонаҳои сокинони ҷамоати Сурх  аз ҷониби  мушакҳои қирғизҳо хароб гашт.Дар барномаи шумораи 54 зикр карда будед.Аз ҳама мақомот омаданд,аксу навор гирифтанд ва ваъдаи кумак карданду рафтанд.Кумак ҳам омад.Аммо мутаассифона на  ба дасти мардуми зарардида,балки ба  дасти дузди рақами аввал Сарвар Аҳмадов,раиси ҷамоъат расид.

Ин кумакҳо иборат буданд аз:

1) 1000 дона шифер;

2) 100 куб тахта;

3) 15 тонна арматура;

4) 40 тонна семент. Ва аз ин кумакҳо 4 тонна семент ба 4 нафар 1тонаӣ дода шуд ва Сарвар 1000 дона шифер ва 100 куб тахтаро ба Маҳмуди сағира дод то пули нақд кунад.Маҳмуди сағира мағозаи чубу тахта дорад.Вай бо қирғизҳо бо роҳи қочоқӣ дар марз  доду гирифти зиёд дорад.Ва 36 тонна семент ва 15 тонна арматураро ба нафари дигар дод,номашро намедонам.Вай аз Чоркуҳ аст.Мағозаи сохтмонии вай дар байни ҷамоати Сурх ва Сароб мебошад.Ва ба ин тариқ кумакҳои омадаро суми нақд карда гирифт.Хеле нафарҳо аз ин кор огоҳӣ доранд.Сарвар ҳамеша мегуфтааст,ки «дар вақти зур  ба ман раисӣ расид,зур пул пайдо мекунам.Касе аз кумак пурсид участковийро равон мекунӣ хонааша тафтиш мекунад,ором мешавад».

Баъди нашри номаҳо аз ҷамоати Сурх дар Ислоҳ  чанд нафар милиса ва участковий омаданд то пайдо кунанд,ки ба Ислоҳ кӣ навишта мекунад.Рузе дар яке аз кучаҳои қишлоқ мерафтам.Як участковий салом ва худро муаррифӣ кард – Суҳроб.Пурсид «амакӣ телфон надорӣ як занг бзанам»? Телефони худро додам.Телефоне,ки берун аз хона истифода мекунам,телефони қадимӣ аст, ба интернет пайваст намешавад.Баъди ба даст гирифтани телефон гуфт: «ин чи хел телефон ҳастай,амаки асри 21 аст.Магар худат интернет истифода намебарӣ»? Дар ҷавоб гуфтам не.

Ман медонам барои чи аз ман телефон пурсид.Ман симкорти қирғизӣ дорам.Интернети хуб ва арзон.Дар хона аз он истифода мебарам.Ин Сарвар бо ин роҳ мехоҳад пеши навиштан аз дуздиҳои худ ба Ислоҳро бигирад.Баъди навиштани номаҳо ба Ислоҳ дар ҳудуди ҷамоат ташвиш ба вуҷуд омадааст,ки кӣ бо Ислоҳ ҳамкорӣ дорад ва бо кадом роҳ пайдо кунем.

Ман ба Шумо гуфтаниам,ки ягон вақт пайдо карда наметавонед.Ҳар чизе навишта мекунам аз даҳони худи шумо аст.Чуноне мегуянд,кабк аз даҳони худ тир мехурад.Ва дар охир ташаккур,ки шумо номаи манро ба гуши ин миллат мерасонед.

Конибодом

Салом бародари азизам Муҳаммадиқбол!

Ман дар Ислоҳ-ТВ барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-№112 –ро тамошо кардам.Дар аввал сипоси фаровон ба шумо,ки ду номаи маро нашр намудед.Лекин аз номи ман ба унвони Ислоҳ – тв нома навишта,аз дузди рақами 1-и шаҳри Конибодом Тухтасунзода А. бахшиш пурсидааст. Ман то ҳол надидаам,ки шаҳри Конибодом обод шуда бошад.Дар он нома навиштааст,ки раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода.А шаҳрро обод карда истодааст ва аз ӯ ва фаъолон узр мепурсем.Ин чи нағма.Кадом фаъолон ва Абдусалом Тухтасун- оғлу Конибодомро обод карда бошанд.Фақат корашон дуздии моли мардум ва фишор нисбати мардум аст.

Шумо он номаи бахшишпурсиро чоп намудаед,лекин виҷдони ман тоқат накард,ки аз номи ман гумоштаҳои раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода А. ба Ислоҳ навиштаанд,ки аз онҳо узр мепурсем. Инҳо аз худо наметарсанд,барои дар мансаб мондан ҳамаи корро мекунанд.Дар номаашон навиштааст ки аз Русия ҷавонон бо мошинҳо омада,қоидаи роҳро вайрон намуда ва ба кормандони милитсия итоат накарда истодаанд.Ин ба чашми мақомот хок пошидан аст.Барои чи фақат аз мошинҳои Русия гап задааст?Чаро камбудиҳои шаҳрро нагуфтааст.Инҳо ин номаро худашон ташкил карда,ба Ислоҳ-тв равон кардаанд.Мақомот ва мардум нафаҳманд гуфта мошинҳои аз Русия омадаро дар номаашон навиштаанд. Барои чи дигар проблемаҳои Конибодомро нагуфтааст?Инро дар ҳақиқат ягон одами наздики раиси шаҳри Конибодом навиштагӣ аст.

Ман ба раиси шаҳри Конибодом ва фаъолони ӯ,яъне мафияаш савол дорам.Куҷои Конибодомро обод намудед,кору боратон фақат заминфурӯшию ғорати мардум аст.

Ба ягон шаҳрванд дасти ёри дароз намудӣ,фақат корат дуздии молу мулки давлат.

Барои чи заминҳои лаби дарё-50 гектар заминро аз худ намудӣ?

Мақомоти қудратии Тоҷикистон Тухтасунзода А. ва хешу ақрабояшро санҷида бароянд.Дар номи ҳамааш на кам аз 10 гектар замин ё ягон участкаи наздиҳавлигӣ мебарояд.

Лекин мақомоти қудратии ноҳия ва вилоят аз раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода А.метарсанд.Чунки ӯро прокурори вилоят Хоҷазода Ф. ва раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода кришеват мекунанд.

Мо мардуми Конибодом аз мақомоти қудратии Тоҷикистон талаб менамоем, ки корҳои ғайриқонунии Тухтасунзода А-ро бисанҷанд ва тафтиш намоянд ва хулосаи санҷишро ба мардум пешниҳод кунанд ва ё дар журналу газетаҳо интишор намоянд.

Мо мардуми Конибодом хеҷ вақт аз дузди калони Конибодом Тухтасунзода А. ва мафияи ӯ бахшиш намепурсем.

Мо мардуми деҳаи Кучкак ба ин дузди калони Конибодом сар хам намекунем.

Аз шумо хоҳиш мекунам,ки ин номаро дар Ислоҳ нашр намоед.

Қумсангир

Салому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Як номаи кутоҳ аз Қумсангир.Шуруъ аз якуми феврал дар деҳаҳои мо маъракаи ғайрирасмии облава бениҳоят сахт рафта истодаст.Яке аз нафарони «облавшик» номаш Муҳаммад аст.Дигариаш Умед.Ин ду кас кадоме нав зан гирифтааст хонааш мераванд ва аз онҳо 25 –30 ҳазор сомонӣ талаб мекунанд.Агар диҳанд танҳо дар як призив озод мекунанд.Шаҳбачаҳои бечора чилашон буд нашуда ба муҳоҷират мераванд ё ба хизмати Раҳмонов мебаранд.

Як чизи дигар,ки мехоҳам бигуям ин аст, ки дар Қумсангир шумори занҳои ҷавони сабукпо ва беҷогард хеле бисёр шудааст.Чунки аз пушти ин облава ҷавонҳо тарки кишвар мекунанд ва натиҷааш чунин мешавад,мутаассифона.

Аз тарафи дигар ин диктатор фақат масҷидҳоро мебандад вале дискотекаҳоро зиёд карда истодааст.Дискотекаҳоро барои он зиёд карда истодааст,ки мардумро аз дин дур созад ва низ ин дискотекаҳо ҳоло ҷойи шикори военкомат ва милисаҳо шудааст.

Ҷиргатол

Ассалому алейкум устоди азиз!Ман «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и № 102 тамошо доштам.Як бародар дар бораи номҳои фарзандони худ яъне номҳои исломӣ сухан кард.Ин сад дар сад рост аст Ман як сокини ноҳияи Лахш,собиқ Ҷиргатол ҳастам.Ба қарибӣ соҳиби фарзанд шудам,аввалин фарзандам буд.Барои гирифтани шаҳодатнома рафтам.Ба ман гуфтан,ки номи ин кудакро иваз кун, набошад шаҳодатнома наменависем.Ростӣ ман бори аввал шунавидам ва дар ҳайрат мондам.Ба худам савол додам, ки дар куҷо хато карда бошам?Баъдан пурсидам.Барои чи гуфт ту номи исломӣ гузоштаӣ?Рости гап хело ғамгин шудам ва ин суханро ба касе нагуфтам.Ба фикрам аз ин пас писардор шавем Андрей монем,духтардор шавем Ачулита мемонем,чи?Хитоби ман ба коргарони идораи ЗАГС.Ба шумо чи фарқ дорад,ки мардум бо кудакони худ чи ном мемонанд?Ба зулми шумо тоқат кунем ё инки ба зулми амнияту милиса тоқат кунем?Дар ҷонамон задед.Як бор шуда шумо коргарон ва раиси ЗАГС ислоҳ шавед.Агар нашавед ин дафъа ному насабу руз моҳу таваллуди шуморо пурра менависам.Ягона идорае,ки ба доди мардум расида истодааст,ин Ислоҳ аст.Умедворам,ки ин номаи ман ба гуши мардум мерасад

Хуҷанд

Ассалому алейкум бародарони тими Ислоҳ.Хостам вазъ ва ҳоли ҳақиқии Хуҷандро каме бошад ҳам пешкаши шумо намоям.Шурӯъ мекунем аз мардуми одӣ ва то баландрутбаҳо.Ҳоло барқ ва обро хеле зиёд хомӯш мекунанд ва агар диҳанд ҳам,хеле заъиф аст қуввааш.

Мегузарем ба Навҷувонови Буратино,сардори УВД-и вилоят.Ҳозир хеле зиёд рейдҳои дохилӣ гузаронида истодааст.Тамоми активу фаъолонро,тамоми духтуру муаллиму банкирҳои Хуҷандро бо Зубайдзодаи амният ва Қурбонови Қурбоққа рейду проверка карда истодааст.

Ва яке аз чизҳои актуалӣ ин аст ки ҳоло ба ном тамоми кормандони ҳифзи ҳуқуқро мубодила карданд ба бачаҳои хистеварзӣ ва истаравшанӣ,яъне байни минтақаҳо хеле кадрҳоро хариду фурӯш дорад.

Мақомот бошад мардуми Хуҷандро бо садҳо роҳҳои номардона ҳамчун информатор истифода бурда истодааст.Бачаҳои мақомоти Хистеварз каме бошад ҳам дилаш ба Хуҷандиҳо месузад, аммо «бачаҳакои боло» ҳангоми ягон касро шантаж карда ӯро истифода бурдан,байни худ хеле фахр карда, махсус видеоҳо навор гирифта ба махсус каналҳои интернетии худ онро интишор мекунанд.

Ҳоло бошад Буратинои Навҷувонов ҳамроҳи Қурбонови Қурбоққа ифтихорнома гирак  ва Алихон Зувайдзодаи чоплус ба ном “расследоват карда истодаанд” марги бечора Сафияи худораҳматиро.Аммо ба мардуми Тоҷикистон ин чизҳо муайян аст ки мақомоти Раҳмонов бо кудакдуздон ҳамгиребон аст.Гумон мекунам ӯро специально Қурбонови бо Буратино ва Зувайдзодаи чоплус заказ карданд.Чунки ин режим аксарият мардуми бечораи Хуҷандро ба ана ҳамин хел воситаҳо барои худ ҳамчун бузи шохдор истифода мебаранд, бо садҳо таҳдиду шантаж.

Ман мехоҳам одамоне,ки дар қатли Сафия даст задаанд, пеши қонуни Тоҷикистон ҷавоб диҳанд.Аммо агар ягон касро бо тӯҳмат ин се нафар руст кунанд, пас вой бар ҳоли худи мардуми Хуҷанд,ки хомуш нишастаем.Хомӯшии мо моро дар қатли фарзанди Худо раҳматии ин духтараки хуҷанди шарик месозад

Мегузарем ба ГАИ-ҳо

ГАИ-ҳо ҳамон хеле,ки дар точкаҳояшон буданд, ҳамин хел то ба ҳол бе ягон тағйир истодаанд ва мардумро ғорат доранд.Камаш 50 сомонӣ мепурсад.Солҳои пеш 20 сомонӣ буд, аммо ҳозир нархи гӯшт боло шудааст,барои ҳамин онҳо ҳам ставкаро бардоштанд.

Точкаҳои онҳо назди светофори Бобоҷон Ғафуров,назди бозори Атуш ва Баракат ва назди подземкаи Эмин Ҷалилов ва дигараш назди прокуратура аст.

Ин ГАИҳо аз тамоми мағозаву газзаправу таъмири мошину бемористонҳо аз пул додан озоданд.Дар як рӯз хеле пулҳои зиёд ба даст меоранд.Аксарияташ бесаводанд, қонун ва сарқонуни Тоҷикистонро пурсӣ намедонанд.Мондааст ному насаб ва бригадаашро гуфтан. Онҳо аксарият аз Хатлон ва Душанбеанд.Бисёриаш ду – се зани хуҷандӣ дорад.

Ба монанди Навҷувонови Буратино ва Қурбонови қурбоққаю Алихон Зубайдзода.

Ва истифода аз фурсат  як шикояти шахсӣ дорам аз болои тарабхонаи “TAJ BURGER” Кормандони онҷо ҳеҷ кадомаш забони давлатиро намедонанд, ҳамаашон рус ҳастанд. Масалан ман забони русӣ намедонам ва барои ман онҷо хеле проблема ва мушкил шуд. Онҷо бо тоҷикзабонҳо хеле дурушту дағал рафтор мекунанд.Онҷо ҳамааш рус кор мекунанд.Вақте ман онҷо рафтам ва тоҷикӣ дар шаҳри худам гап задам,манро таҳқир карда чунин гуфтаанд: “Чурка говори по русски, ты тупой чуркестанец,учис русский су*а б**ть” .Ин русҳо аз мобилизатсияи Воваи бункерный гурехта омадаанд ба кишварҳои осиёӣ ва барои ҳамин забони тоҷикиро намедонанд.

Ман миллатпараст нестам, аммо ин уже через чур.Талаб дорам Навҷувонови Буратино онҷо ягон коргари тоҷик оварда монад, кулобӣ оварда монад ҳам мо розием. Мақсад забони тоҷикро фаҳмад ва моро таҳқир накунад.Ба ҳар ҳол онҷо як рустои бачаҳакои боло аст.Нархи як бургер 33 сомонӣ аст.Охир ним кило гӯшт харидан фоидаовар аст,назар ба ин нархҳои бургер.Ба ҳар ҳол мардуми Хуҷанд бояд ба ватан баргардад.Намедонам то ба кай ҳама дар Русия мегашта бошад.

Чунки дар Хуҷанд ҳам рус,ҳам хуталонӣ ризқу рӯзии худро меёбад, гуфти шумо “вай ризқ азалӣ” .

Талаб дорам аз худи Раҳмонов,ки ин қазияи Сафияро бо мақомоти оилавияш” расследование” барад ва тамоми кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷандро тафтиш кунад,сар карда аз милисаҳои кучагие,ки духтарҳои мардумро таҷовуз дорад, то Навҷувонов,Зубайдзода ва Қурбонови қурбоққа ҳар се нафари инҳоро тафтиш намояд. Раҳмонов агар инқилоб дар Хуҷанд шавад,аз пушти ҳар се ҳамин нафарон ту бе давлат мемонӣ, инро бидон”.!

Ҳоит

Салом бародар Муҳаммадиқбол.Ман на он қадар хуб навишта метавонам.Вале талошамро мекунам.Дар бораи Карими бузи Ҳоит-2 навиштаниам.Бо чашмони худ дидам,одамҳои зиёд буданд.

Соли 2023 дар ҷамоати Ҳоит ва дар Ҳоит- 2 дар масҷиди Ҳоит-2 ин ҳодиса руй дод.28 ноябр дар масҷид нишаста будем.Тақрибан 9 ё 10 нафар будем.Карим ба хотири муфаттиш намози шомро дар ҷамоат нахонд.Ман уро дидам,ки дар роҳ муфаттишро интизор буд.Мо хуфтанро хонда будем.

Як ё ду соат гузашта буд.Яъне баъди хуфтан.Прокурор даромада омад.Карими Собир бошад кур аст.Оби таҳорати прокурорро давондавон бурда дод.

Аҷибаш ин аст ки прокурор дар ҷояш нишаста ҷуробҳояшро баровардан хост,ки дар замин монадашон.Карим бо дастонаш ҷуробҳояшро бардошт ва дар дасташ қапида истод.Прокурор таҳорат кард ва даромада намозашро хонд.Вақте ки аз масҷид ба чойхона баромад,дар даруни чойхона як поле вуҷуд дорад.Прокурор дар он пол нишаст.Карими Собир бошад ҷуробҳояшро якто-якто ва боодобона дар дасташ дод,токи прокурор онҳоро пушад.Чунон дар назди прокурор ҷафс нишаста буд,ки мегуӣ даҳонаш дар пойҳои прокурор мерасид.

Вақте аз масҷид баромад,давон-давон пешпеши мошини прокурор дарашро бо одбона ҳуй кард,ки прокурор озоре набинад.Дар мошинаш нишаст.Карими буз бошад миёнашро хам ва калаашро дар назди тирезаи мошин пеш кард.Ман хиёл кардам,ки бусаш мекунад.Пештар рафтам,хеле гарму бомуҳаббат суҳбат мекарданд.Мошин ҳай карда рафт.

Карими Собир бошад аз қафои мошин ду дасташ дар пешаш ҳам бо забонаш ва ҳам бо калаву танааш хушомад мегуфт.

Валлоҳӣ,инҳо чунон буз шудаанд,ки тифли бегуноҳро низ мефурушанд.Ман дар имони инҳо шак дорам.Падарашро ингуна ҳурмат намекунад. Ман ба прокурор ягон душманӣ надорам,чунки у омад намозашро хонд.Дар лашкари ин Фиръавн ин гуна одамҳо низ ҳастанд,ки намозашонро мехонанд.Карими Собир қадаш ду метр ё шояд зиёдтар бошад.Вақте бо прокурор ё инки милисаҳо салом мекунад худашро чунон хам мекунад,сараш дар дастонаш мерасад.Як чизи дигарро бигуям,валлоҳӣ агар ҳукумат иваз шавад,бовар кунед,ки инҳо 90градус ин су мегарданд.

Талабаҳои мактаби Ҳоит,махсусан духтарҳо бисёр ҳам аз доираи одобу ахлоқ берун шудаанд.Духтарҳо тамоман аз шариати Аллоҳ дур шуданд.Ҳатто бо лезва дастони худро мебуранд ва кадом писареро,ки дуст медоранд,номашро менависанд ва ҳамин тавр духтари ғолиб,ки аз Ҳоит мебошад бо лезва дасти худро мебурад,то ки номи касеро нависад.Дар ҳамин ҳолат раги дасташро мебурад,дар ҳол болнисааш меоранд, баъд мефаҳманд,ки чи гап будааст.Ғолибро фарёд мекунанд.Ғолиб бошад мегуяд,ки ҷавонӣ кардааст, мегузарад.Ғолиб духтур аст,даруни нохунак,Ин ғолиб аз ислом бӯе набурдааст.

Хуҷанд

Ассалому алейкум бародар Муҳхаммадиқбол! Ман аз шаҳри Хуҷанд.Модари ман дар Русия соли 2014 моҳи сентябр бемор шуданд.

Саратон шуданд.Гуфтанд,ки бармегардам Хуҷанд.Гуфтам майлаш ва 29 сетябр баргаштем.Ду руз дар хонаи хоҳаронашон истод.Чунки худамон хона надорем.Якуми октябр дар бемористон хобонидам.Дар физличебница хоб меравам гуфтанд.Майлаш гуфта хобонидам.Ба нархи 3 ҳазор сомонӣ ҷои хоб гирифт,албатта ба ғайр аз дору дармонаш.Ман бо модарам хоб рафтам дар беморхона ба ҳайси ухажёр.

2ҳафта хоб рафтем.Баъд уро ба облболнитса хобонидам.Ҳамту,ба хотри дили модарам.Боз аз онҷо ба бемористони Душанбе равонамон карданд. Гуфтанд,Душанбе бар.Майлаш гуфтам.Аммо курс сахт паст шуда буд.Ҳамон сол 1000 рубл 60-65 сомонӣ шуда буд.Дидам намешавад,имкон надорам,маҷбур шудам аз Бонк қарз гирам.Камтар тилло дошта.Онро бурда ба Амонатбонк монда пул гирифтам. 2000 доллар гирифтам,то ки модарамро табобат кунам.

Моҳи январи 2015 модарамро Душанбе бурдам ва дар бемористони Қараболо хобонидам.Шумо худатон хуб медонед,ки дар бемористонҳои Тоҷикистон пулатон бошад,нигоҳ мекунанд,набошад,не.Ман худам,азбаски ҷой набуд, шабҳоро дар коридор руз мекардам.Ҳамин тариқ ду ҳафта дар Душанбе гаштам.Баъди ду ҳафта омадам Хуҷанд.Боз квартира снимат кардам ва ҳамроҳ бо модарам мешиштам.Моҳи марти 2015 бандагӣ кард.Ҳама маросимҳоро гузаронидам ва боз баргаштам Русия барои кор.Кор мекардам ва мефиристодам ба Бадалов Зикриоллоҳ то ки қарзҳои маро пардозад,погашат кунад.Аммо ин ноинсоф ин пулҳоро ба ҷайби худ мезадааст ва қарзҳои маро нмепардохтааст.

Ман соли 2016 рафтам. Раиси банк нав шудааст.Гуфт «ту пул пардохт накардӣ тиллоҳоят сухт». Ман коғази бонкро нишон додам,ки пул фиристода шудааст.Гуфт,рав бо ҳамонҳо гап зан.Тилло нест,сухт.Ва гуфтанд,ки ту боз аз бонк қарздор ҳастӣ. Ман рузи дароз кор мекунам,аз соати 8:35 то соати 22:35. Барои ҳамин ба таври муфассал навиштан вақт нашуд.Кош,ин ҳама азобу уқубати мардуми муҳоҷир зудтар анҷом мешуд.

Ман худам аз шавҳарам ҷудо шудаам.Як духтарча дорам.Онро инҷо бо як азоб хононидам.Тамом кард.Ҳоло таҳсилашро дар коллеҷ идома медиҳад.

Ман барномаҳои шуморо мебинам.Мебинам,ки баъзе аз онҳое,ки баромад мекунанд,дуруғ мегуянд.

Ман нав Хуҷанд рафта омадам.28 ноябр рафта 12 декабр омадам,свет нест.Барои иваз намудани паспортам рафта будам.1700 сомонӣ гирифтнад дар паспортний столи Бобоҷон Ғафуров.Онҷо ҳама порахурҳо нишастаанд.Маҷбур мешавед,ки пора диҳед,то ки коратон дуруст шавад.Ин азоби мардумро тамоми ҳукуматиҳо медонанд,аммо чизе намегуянд.Чанд соли пеш паспортҳо пластикӣ шуд.Масъули паспортний столи Ғафуров ҳамог вақт давоми даҳ руз мошини гаронқимат харид.Вай сахт аз худ рафтагӣ буд.Дар назди дар мешишт ва руирост мегуфт,ки ҳамин миқдор пул деҳ: «ман тува тайёр карда метиям».

Ман барои онки патентам бекор нашавад маҷбур рафта иваз кардам.

Рости гап аз ин муҳоҷират сахт монда шудам.Чанд сол боз кор мекунам,аммодар Хуҷанд як хона харида наметавонам.Нархҳо боло,гарон.Ариза додам барои замин,отказ омад. Кор карда гиретон гуфт,ба шумо замини назди ҳавлигӣ нест гуфтанд.Баъзе аз ин одамҳо,ки дар барномаҳои шумо пушти Пешвояшонро мегиранд,дар ҳайрат мефатам.Наход онҳо кур бошанд,надонанд,кидар Тоҷикистон чи гап аст?

Share This Article