Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№145

Ислоҳ нет

Ходимони ҳифзи ҳуқуқ, амният ва милисаҳо дар Тоҷикистон зоҳиран амниятиву милисаанд. Дар асл онҳо дуздону ғоратгаронеанд, ки формаи милисагӣ ва амниятиро ба бар кардаанд. Агар дар солҳои ҷангу баъд аз ҷанг боевикҳои сарвайрон мардумро азобу уқубат дода пулу мол ва дигар дороиҳояшонро мегирифтанд, ҳозир ин корро милисаву амниятӣ бо истифода аз мақом ва қудрат мекунанд. Фарқ дар он аст, ки онҳо боевик буданду имрузиҳо милиса. Аммо як умумият, ки онҳоро ба ҳам меоварадин аст, ки онҳо одамони ҳукумати Раҳмонованд ва ин ҳама шуру чаповулу дуздиву ғоратро ҳам аз вай омухтаанд ва ба вай пайравӣ мекунанд. Барои ҳамин ин ба ном ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ на онҳоеанд, ки аз онҳо мардум бояд пуштибонӣ ва кумакро таваққуъ дошта бошанд.

                                       Ҳамадонӣ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман феълан дар Маскав, дар муҳоҷирати корӣ қарор дорам. Аз ватан, аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бачаҳо ин вазъиятро ба ман ҳикоят карда хоҳиш намуданд, ки ба шумо бирасонам ва шумо дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед.

 Ман нав ба 18 даромадам. Дар Маскав, дар ғарибӣ қарор дорам. Бародар ман соз навишта наметавонам. Худатон дурусташ кунед.

  Ман аз ягонтои ин золимҳо ҳарос надорам. Ин милисаҳои Ҳамадонӣ бисёр ҳаромхуранд ва аз худ рафтагианд, гуфти гапҳо «гузарондестан».

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ як одам нав 1-2 сол мешавад пайдо шудааст, бо номи Комил каратеист. Ҳамаи заминҳоро аз дасти одамҳо гирифта истодааст. Бар болои ин налоги заминҳо ва пули оби заминҳоро гарон карда истодаанд, ки мо худамон заминҳоямонро маҷбур шавему ба ин дузд бо нархи паст бифурушем.

  Гапи дигар. Отряди сарҳадчиҳо дар деҳаи мо наздик буд. Дар ин отряд бочкаҳои 4-5 тона ё ҳатто аз ин ҳам зиёд мавҷуд буд. Бочкаҳои солярка, бензин, керосин, ки сардори ҳамин отряд бо мошинҳои ҳарбӣ бор карда ин ҳама бочкаҳоро, ба ҷуз аз ин  бочкаҳо дарахтҳои ин ҷоро низ фурухт.

Боз як мушкили дигар ин аст, ки ҷуйбори оби заминҳоямон пур шудагӣ аст. Аз соли 2019 -2020 ин тараф тоза кардагӣ нестанд. Пули обро мегиранд, аммо тоза намекунанд. Ҳатто пешпардохт мегиранд, мегуянд ҷуйборҳоро тоза мекунем аммо карданашон номаълум. Аз мардуми Ҳамадонӣ хоҳиш мекунам ҳама гапу хабар ҷинояти донистаашонро ба Ислоҳ нависанд!

 Ман гуфтаниям, ки милисаҳои Ҳамадонӣ ҳамааш ҳаромхурӣ мекунанд. Як корҳое мекунанд, ки одам бовараш намеояд. Як моҳ зиёд шуд дар Московский аз Кӯлоб ҷудо, аз Ҳамадонӣ ҷудо омада тафтиш карданд, рейд гузарониданд. Барои чӣ? Барои сумкоркунӣ.

Тамоми таксиҳоро бо як камбуди кӯчак ҷарима баста сум мегиранд. Кор бо ноболиғон мегӯянду дар ҳама мактабҳо мегарданд. Ба мактаби мо ҳам омадаанд. Ҳар як хонандаро камбудиашро ёфта 20 сомонӣ мегирифтаанд. Ҳар омадагиашон дар давоми 3 соат аз 1500 сомонӣ зиёд кор карда баромада мерафтанд.

  Ман дар коллеҷ мехондам. Як рӯз, моҳи декабр ҳаво борон буд, ман вандамка, макасин ва шими ҷинс доштам. Рафиқам куртаи сафед ва куртка дошт. Мо аз магазин омадем, қапиданд моро. На ягон ҳуҷҷат на ягон иҷозатнома доштанду на ягон чизи дигар. Гуфтанд аз куҷо омадед? Гуфтем, ки аз магазин гуфтем, як-ду чи лозим буд, харидем. Баъд гушна будем як-ду чи барои хурдан гирифтем.

  Ин чи сару форма аст шуморо гуфта таҳдидомез моро пурсиданд. Гуфтам ягон гап доред? Дар ҳамин хунукӣ напушем? Гуфт, ки сару либоси дарсӣ пӯшед, курта, шиму костюм ва туфлӣ пӯшед.

   Гуфтам агар мо ин гуфтаҳои туро пӯшем, мо маҷбурем суми шиму костюмро доруву укол бихарем. Баъд гуфт «ту кӯдак гапгардонӣ кардестӣ,ягон гарениӣ?» Гуфтам «гапои ту задестӣ, аз рӯи қонун нест.Ҳаво хунукай, ҳаво боронай, биё равем дарунда гап занем». Ба дохили коридори мактаб рафтем. Муаллим ҳам аз он тараф омад. Милиса гуфт, ки «бисёр гузарондестӣ, ягон таға дорӣ»? «Гуфтам ман таға -паға надорам, проблемаамро худам решат мекунам». Дастамро қапид: «биё бирем кабинет» гуфт. «Дастама сарте гуфтам», гашту дашном кард. Гуфтам «ман худам меравам, бе дашному ҳакорат гап зан, ман лубой чо мерам».Баъд ман хестам рафтам дар кабинет даромадем. Таҳдид карда гуфт,ки «ту кӯдак ихе ухел гап задестӣ» ва даъватнома доду боз дуғ зада гуфт, ки «падар модарта даъват кун».Ман боз гуфтам, ки «ман худам проблемаи худама ҳал мекунам». Гуфт хай мебинем. Баъд дигараш гашта гуфт, ки «ман язнаи ту намешавам, и хел гап мезанӣ». Ман дастамро мушт кардам, мезанам гуфтам, ки муаллим дастамро қапид ва ором шав гуфт. Гуфтам соз гап зан, гап сари номус рафта истодааст, беҳад безеб мешавад. Гуфт ҳеҷ чиз аз дастат намеояд ва маро мешуронд, то ки ягон мушт занам ва баъд маро виноват мебаровард, ки маро зад.

Баъд даъватнома дод. Баромада рафтам. Баъд ба муаллим гуфтааст «бугуш як чойпулимон тияд». Муаллим омад гуфт 100 сомониаш диҳем. Мо ду нафар будем. Ман гуфтам ман ягончи надорам, ягон дирам намедиҳам ба ин хел одам. Муаллим гуфт «ман метиям баъд ту манба медиҳӣ». Гуфтам муаллим ман намедонам: –«додиш у проблемаи худатай». Баъд як бачаи дигар бурда сумашро дод.

 Эй мардум! Мо бояд муқобили ин хел ҳаромхурҳо муттаҳид шавем, аз ҳамон сарвари миллаташон, аз ҳамон чоплуси калонашон сар карда нест кунем. Ҳамон миллиса дар занаш қасам ба Аллоҳ қасам хурд, ки ман туро хизмат роҳӣ мекунам, аз коллеҷ хориҷ мекунам, дигар дар ҳамин коллеҷ намехонӣ. Ман гуфтам майлаш, агар тавонистӣ. Барои 50 сомонӣ номусашро нобуд кард.

 Мақсади навиштаам ин аст, ки ҳамин хел милисаҳои ҳаромхӯр зиёд шудааст Раиси ҳукумат куҷоро нигоҳ мекунад. Бе иҷозатнома ба муассиса ворид шуда кудакҳоро талхакаф мекунанд. Мисол баъзеҳояш надорад, бо крассовки меравад, туфлиаш кандагиаст, муи сараш баланд аст, сум надорад мӯи сарашро паст кунад. Барои ҳамин корҳои хурду реза аз 50 то 100 сомонии он бечораҳоро канда мегиранд. Манро якбор ба отдел бурда буданд:- «ягон сум бте кори туро ҳал мекунем» гуфтанд. Гуфтам  дар барам ягон сум надорам. Гуфт «хай ин варақро имзо кун». Ман имзо накарда баромада омадам. Пагоҳаш ба мактабмон омаданд. Муаллима маҷбур кард, имзо кун коратро ҳал кунем, гуфт. Ман беақлӣ карда имзо кардам. Коре карданд падарамро ба мактаб кашонданд. Падарам омада корро ҳал кард. Аммо ман ягон сомонӣ надодам. Мо роҳи дигар надорем. Бояд муттаҳид шавем ва Раҳмоновро дафъ кунем то ин, ки зиндагиамон орому осуда шавад.

                                       Роғун

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ташаккур, ки қисми аввали мақолаи маро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар бораи Роғун ҷой додед.Ҳоло идомаи онро пешкаши хонандаҳо мегардонам.

….Дар дасти хунмастон РӮЙХАТИ СИЁҲ буд. Тибқи алифбои кириллӣ аз “А” оғоз гашта то “Я” “душманон”-ро мекофтанд, меёфтанд, мепаронданд ё асир мекарданд. Дар ин рӯйхат бештарин номҳо аз мардуми бадахшие буд, ки муқими Роғун будаанд. Дар ин рӯйхат, ки аз органҳои махсуси хадамоти ҷосусии рус-узбак дар рюкзакҳои ҳарбии аз хориҷа гирифтаатон, дастрас карда будед, огаҳони ин шаҳри стратегию овозадор, ном ба ном, дарҷ буд!

Ба ёдам меояд муи танам сих мешавад.

Ҳавопаймоҳои Узбакистон рокету бомб меафканданду мекӯбиданд. Кафанҳо гулгун, шикамҳо пора, сарҳо сурох, руҳҳои мурдаҳо дар парвозу зиндаҳо гуреза. Овора. Аз дасти кӣ? Аз дасти чор мактабнахондагони радди маъракаи аҳди Шӯроӣ! Птушникҳои дирӯза.  То ҳадди имкон Эмомалӣ Шарипович мегуфт “поккорию безарар” гардонед, омаданду аз ҳадди имкон бештар Роғунро “поккорӣ” карданд, то дараҷае, ки дар ин шаҳри серодам одам намонд, ҳастӣ сукут кард. Мардумон аз баҳри хонаву дари худ гузашту ҷони худоӣ гуён, дигар бад-он барнагашт ва Роғун гашт вайрун!

Хунта-,  хона ба хона, шакалҳо, гиенаҳо, ҳаюлову призракҳо чун лашкари муру малахи чингизӣ, аз бодияҳо, аз колхозҳо болои Роғун ҳуҷум карданд. Онҳо мегаштанд бо силоҳҳошон. Хона хона, лифт -лифт, кӯча- кӯча, рӯз-рӯз, шаб-шаб, хам-хаму хап-хап; медуздиданд, беш-беш, кам-кам, мепарониданд, берун аз қонун, даста-даста…ҳама ҷо вайронӣ, ҳамаҷо яғмо…

Ва Бозори Собир низ аз дасти инҳо гурехту Москов рафту бар инҳо нигошт:

Гар дар ин ҷо аз фалак хуни малак резад аҷаб нест,

Гар дарахт аз ин замин якпоя бигрезад аҷаб нест…

Ҷашн барпо карда дар болои хуни ҳамватанҳояш,

Раҳбараш мерақсаду тар мешавад дар хуни тар пояш…

Ҷашни истиқлоли ӯ фарқе надорад аз ҷаноза.

Тифли роҳгардон аз ин ҷо той-той, по-по гурезон,

Мурда ҳам бо устухони по гурезон.

Дар ватан як ҳамватан боқӣ намонда,

Ҳамватанҳоям ватанро бурдаанд, ин ҷо ватан боқӣ намонда. Тоҷикистони ман акнун дар замини Тоҷикистон нест!…

Ҳоло ҳам Роғун,  аз сатҳи замони Шӯравӣ, ҳам дар сатҳи илмӣ, ҳам дар сатҳи иқтисодӣ, ҳам дар сатҳи некӯаҳволӣ, ҳам дар сатҳи амниятиву ҳуқуқӣ, чанд зина пасттар қарор дорад. Ноадолатиҳои додгоҳӣ, додгустарӣ, подстава, ришвахорӣ, мансабфурӯшӣ, авлодмеҳварӣ, чун дардҳои кӯҳнаи умумиҷумҳурӣ, бедод мекунад

Бишнав Бозор Собирро:

Ҳар он нафаре, ки аз бурун тоҷик нест,

Дарёб, ки низ аз дарун тоҷик нест.

Дар мамлакате, ки Тоҷикистон номаш,

Як роҳбараш то ба кунун тоҷик нест.

Роғун дар зоҳир “ободу зебо” дар амал, дардманду 30-сола аст. Рӯи дарду камбудҳояш малҳами фиреб молидаву бо сӯзандорӯи вақтбари “сиёсати хирадмандона” тақдираш кардаанд! Мисли вулқоне, ки рӯяш чанд бузинае, ба заъми хеш хок пошидаву сокиту пинҳонаш кардаанд, вале қалами аҳли Роғун дар аҳди Шӯроӣ, ҳамеша дар кисааш буду аз дардҳо, аз беадолатиҳо, аз носозгориву норасоиҳо менавишт.

Он қаламро ду пора карданду вале, қалам гар сад пора гардад боз менависад.

Менависад аз кажу костиҳо то ислоҳаш кунанд!

Ҳоло ҳам менависанд, вале чоплусномаҳо, маддоҳиҳо, тумтароқторихлаштрупи пойдарҳаво ё ҳамдигарсиёҳкун номаҳо! Ки ин мардум аз азал худкуши бегонапарваранд- ин ягона дардашон, ки мардумро ҳам ба ислоҳи хештан мехонам!

                  (идома дорад)

                                     Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Имсол, дар мавсими баҳории «облава» он қадар падару модарҳоро обу адо накарданд. Чунки, ҳар мавсими даъвати баҳорӣ дар қиёс бо тирамоҳӣ сабуктар мегузарад. Медонед чаро? Якум инки бархе аз донишҷуҳо,ки донишгоҳро хатм мекунанд, бар ивази имтиёзҳо, ки аз ҳисоби хидмати сарбозӣ ба даст меоранд, ихтиёран аскарӣ мераванд.Ин гуна донишҷуҳоро аз имтиҳонот озод ва ё имтиҳонотро сабук мегиранд ва маблағи договорро аз тани онҳо месупоранд. Аз тарафи дигар донишҷуҳо, ки мехоҳанд ба мақомот кор дароянд онҳо бояд сарбозиро адо карда бошанд.

Аммо дар ин охир як пешниҳоди ҷолибро дар сайти нашрии СССР хондам. Ин пешниҳод таҳти сарлавҳаи «Солдати оиладор маош гирад» аз 22.05 чоп шудааст. Онро сокини Душанбе Беҳруз Холматов пешниҳод кардааст, ки ба ин зайл аст:

Якум: хизмати дусола зиёд аст! Машқ, даву тоз, обу тоби бадан, дистсиплина, рондани мошинҳои ҳарбӣ ва паронданро дар 6 моҳ омӯхтан мумкин.

 Дуюм: Бигузор дар 6 моҳи хизмати ҳарбӣ 1 соли донишгоҳ кам карда, сарбозон аз 2 -юм курс қабул шаванд (албата бо ММТ). Камбағалбача аз яксола шартномаи донишгоҳ халос мешавад!

Сеюм: нафароне, ки оиладоранд, дар аскарӣ маош гиранд. Албата маоше, ки мушкилоти оиларо қаноат кунад! Ба ман ин пешниҳодҳо маъқул шуд. Ба ҳамин хотир онро хостам ба шумо, барои барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» фиристам!

                                         Мастчоҳ

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Масчоҳ менависам. Худованд ба касбу коратон баракат диҳад. Ман аз шумо эҳтиромона хохиш мекунам ин номаи маро хонед. Дар бораи сардори милисаи Мастчоҳ гуфтаниам. Началник милитсияи ноҳия кораш фақат тиҷорати маводи мухадир ва кришават кардани баригаҳо аст. Сардори милиса аз ҳаминҷо,аз участкаи дуюм аст. Хеле зиёд бачаҳои ҷавонро ба маводи мухадир шинонд.

Кор ба дараҷае расидааст,ки дар даруни мактаби №27 маводи мухаддир савдо мекунанд. Номаш Зафар.

  Боз як ҷинояти дигараш ин аст ки соли 2021 дар моҳи рамазон як шаҳрванди ҳамин участкаи рақами 2-ро Қосимов Розиқ бо мошин зад. Аз ҳамин Розиқ пул гирифту ягон парванда боз накард, чунки пули калон гирифт бо байнравии Азиззода Аюб. Ин Аюб коррупсионери куҳна аст. Ин як бор бо пора тюрма шишта баромад. Аюб акои Азиззода Тоҳир мебошад, раиси собиқи ноҳия. Қосимов Розиқ ба савдои маводи мухадир машғул аст. Боз як сокини ноҳия бо «бор»-ҳои ҳамин Розиқ дар зиндони Қирғизистон зиндонӣ ҳаст. Бо 19 кг героин дастгир шуд. Ҳамин началник милитсия уро ҳам кришават мекунад. Номи ин нафари дар зиндони қирғиз маҳбус Абдурауф аст. Вай барои «бор»-ҳои Розиқ Қосимов дар ҳабс қарор дорад.

                                        Суғд

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқбол!    

 Пас аз нашри номаи мо дар пойгоҳи «Ислоҳ» ва канали Ютуби он дар беморхонаи вилояти Суғд якчанд ҳодисаҳо пай дар пай ба вуҷуд омаданд.

Номаи зерин аз тарафи якчанд табибону ҳамшираҳои шафқати беморхонаи вилоятии Суғд   ба номи Қутфиддинови шаҳри Хуҷанд навишта шудaаст. Мо табибону ҳамшираҳои ин беморхона ба дод омадаем аз ин беадолативу ноҳақӣ аз тарафи ҳукумат!  Намояндаҳои Хадомот ва раёcaти вилоятӣ боз омадаанд барои тафтиш кардан ва ба гуфтанд «мо барои адолат омадагием.»  Аммо мисли ҳамеша «доляшона» гирифтанду рафтaнд. 

 Фаррухҷон Мақсудович дар «пятиминутка» озодона ба табибону сардорони шуъбаҳо гуфт, ки «мана шикастани шудитон дидитонми а дастатон г..наомад, Ислоҳ-пислоҳа ман задагӣ… На КГБ (Амният), на Кучуко нихрена не получилос. Бо бузи кадитон! Ҳа тзе шуд? Бефоида!»

Аммо бояд ҳақиқатро ифшо намоем, ки Фаррухчик ҳарруз маст бе настроений мегардад. Ҳатто ба ҷои кор кам меомадагӣ шуд ва бо Бахтиёр Ҷаҳонович кучуку гурба барин ҳарруз ҷанг карда истодааст. Фаррухчик ҳатто дар коридори якум этажи блоки маъмурӣ аз руи мастӣ бо овози баланд гуфт “Баха бувата фалон, ту кунтеча нушида намотини тзе мезанӣ? Ҳамачова фурухти мана!”

   Ҳоло бошад дар ҷустуҷуи «номанавис» ҳастанд ва ҳатто, ки ваъдаи пул ҳам додааст! Хитоб ба Фаррухчик «ту барин ҳаромхура ин болница надидагӣ буд! Худaта дарониям ҳаётатба намефаҳмӣ!»

 Боз ҳам ҳамонгуна аз ҳама маблағ ҷамъ карда истодааст ва ба гуфти худаш бояд Кали Алихон ва Памирский Буратинова (Навҷувонов) доля диҳад. Хадамоту раёсату вазорати тандурустӣ доля талаб дорад. Ба гуфти яке аз наздиктарин дустонаш дар беморхона «шеф даже квартирашона фурухта доля додан.» Квартирааш дар назди мактаби 4 дар байни мардум машҳур ба номи мактаби Ленин онро фурухта ҷонашро халос кардааст. Ба гуфти худаш дар ҳангоми мастӣ «Тахминчик гуфтаст, ки пидр македонский ту мара шарманда кади питух дадам (Пасво) настрениёюш вайронай, паат ба авлодут нест мешай!» Наход нафаҳмен, ки отам «Ислоҳа» тамошо мекунад ва он гапҳое намеганша аз «Ислоҳ» мефаҳмад. Пас аз ин гапу хабарҳо Фаррухчик маблағҳои пинҳонии худро аз Тоҷикистон бо ёри дӯстонаш дар Бонки Эсхата ва Имон ба хориҷ бароварда, плани «побег» -ро тайёр кард. Сабаб дар он аст, ки Қофлонбой ҳазор талоқашро додааст ва гуфтаст, ки «пулмулата кунатба зан, питухча! башарата дига набенам, индафаш мана гап занӣ бувата фалон мунам». Хулоса ҳоло ҳар ду кришааш пурра аз назарҳо дур кардaнд, аммо аз ҳисоби серпул буданаш дар вазифа истодааст. Уро ҳамчун гови ҷушо карда истодаaнд. Аммо ҳукумати Раҳмонов фикр дорад, ки Фаррух монанди Алимардонов беақл аст. Лек Фаррух лақаби «еврей» дорад, хеле зирак ва муғамбир аст. Дар ҳолати ногувор шояд аз Тоҷикистон гурезад. Бахтиёр бошад дар ҳамаҷо гуфта гаштааст, ки «Мне поxуй, я долаячара додам и плюс ман отнашеним вазорат кати чотки мана ҳичӣ намунан. Конце консов, не яже Тахминочкой сплю! Ҷанобу пофик на меня! Не этому дебилу Фаруху пипес.»

Як ҳодисаи дигаре, ки ба наздики дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Хуҷанд «Парламент» ба вуҷуд омад, ки Фаррух аз мастии бисёр ҳамчун Пасвояш мегуяд, ки: ин говсувор (Раҳмонов) ва духтарчаш (Тахмина) зб кадаги уже. Тахминчик ҳамиқада пулу молаш будашкиям ҳолиям ҳамун қашқар ҳамун қашқардия. Бля базе ҳамихе бунок ки мегуӣ, ки ягон кучук мудагӣ бошад дурунашанда! Но власт это силная веш маҷбур терпет приходиця. Зато не прекосаймост ест, ягонташа дилаш нест мана расиданба, один звонок коро ҳал! Но шас хафача шудааст, лек не проблема, скоро ҳал мешад. Дина 1,3 миллион доллар фисондам. Ба гуфтаи худаш ҳоло якчанд план карда истодааст.

Ман худ аз Хуҷанд бошам ҳам, лек дӯстон аз Мастчоҳ ва дигар ноҳияву шаҳрҳои Тоҷикистон хелe зиёд дорам ва дар ғарибӣ дустони зиёд пайдо кардаам. Ҳар гоҳ шумо, бародари азиз Муҳаммадиқбол мегуед, ки ин пасво аз Мастчоҳии чупон ҳаст ба якчанд дустам сахт мерасaд. Сабаб дар он аст ки якчанд дустони мастчоиям гуфтанд, ки агар дар Пасво як зарра хуни Мастчоҳӣ медошт, ба ин дараҷ сифла ва паст намешуд ва ба мардум то ин дараҷа зулм намекард! Шояд  он ҷалаби гурсухта бо ягон абераҳои Чингизхон шпили-вили карда бошад.

 Мо мардуми Хуҷанд, ба касе сар хам накардем, лек афсус имруз аз сабабе, ки ҳама лидерҳои моро кушт, чмо шудаем. Мехоҳам дар охир аз эҷодиёти худам як чанд мисра қироат намоям, устод!

Моро нишоне зи бузургони хештан тамоман намонда,

Зулмпарасту ғуломтабият дар байни мардуми мо намуна шуда.

Аё мардуми шарофату каромати хештанро зи даст додаи тоҷик,

Хомушӣ макун дигар, ки ғазаби Яздон ба сари мо омада.

Имрузу фардо гар сар боло накунӣ бо таваккал ба он зоти Пок,

Тамоми номусу фарҳангу дин бо дасти Пасво решакан шуда.

То ба кай дар мулки ғариб беобруй бошад миллати Тоҷик,

Магар дар ин замон ба зоти Тоҷик ягон нуқсон расида?

Мо кардeм зи ин сагзода, райису шоҳу Пешво

Аё мардуми зулмдидаи Тоҷик, соати шараф нарасида?!

Модару падари мо гаштa тарсуву пасвопараст дар ин замон,

Ғазаби Илоҳиро бо ин амал ба сари фарзанди худ оварда!

Аз шумо бародар Муҳаммадиқбол ва тими Ислоҳ эҳтиромона хоҳиш дорам,ки ҳамкориро бо мардум баста накунед. Ман бa ростӣ бо чашми худ дида истодаам, чи гуна ба монанди ман мардум ба шумо бовар карда сафи муборизин дар роҳи адолату озодии Ватан зиёда шуда истодаанд. Соатҳои охирони ин ҳукумату Пасво бо авлоди ҳаромаш омада истодааст, ҳоло бояд зиёдатар ҳаракат кунем. Боқӣ дар амони Аллоҳи Меҳрубон ва бo умеди пирузӣ!

                           Салмони Суғдӣ

Share This Article