Нашри ин навбати «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба ноҳияи Нуробод бахшида мешавад. Муштариҳои мо дар бораи ин ноҳия маълумотҳои мухталиф фиристоданд, ки барои беш аз як шумораи барнома кифоят мекунад. Дар ин нашр 5 номаи фиристодаро ҷой додем. Вале чанде аз номаҳои омада аз Нурободро дар барномаҳои боқимонда аз номаҳо аз ноҳияҳо,ки чанд шумораи дигар боқӣ мондааст нашр хоҳем кард.
Нуробод
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқбол. Ман аз деҳаи Сари қош, ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод ҳастам. Маълумот дар бораи раиси маҳаллаи деҳаи Сари Қош Асоев Баҳриддин бо тахаллуси «Баҳраки буз». Муддати 15 сол мешавад, ки ин вазифаро пеш мебарад ва дар мактаби рақами 6-деҳа ба ҳайси китобхоначӣ ва ҳам дар водхози ноҳия кор мекунад. Ин тааҷҷубовар аст ки як нафар дар се вазифа кор мекунад. Ин бадбахт аз навбати пода озод аст. Гуфтааст, ки ман дар деҳа раис ҳастам. Солҳои 2013 ва 2014 барои сохтмони чойхона аз ҳамаи мардуми деҳа пул ҷамъ карда чойхонаро сохтанд. Дақиқан мисли Пешвояш,ки аз пули мардум месозанд вале ӯ лента мебурад ва ба номи ӯ сабт мешавад. Соли 2017 як ширкати хориҷӣ хост ба деҳаи Сари қош аз дараи Турмуш бо трубаи 100 об кашида биёрад. Дар ин кор собиқ раиси ҷамоати Хумдон Талбӣ Қамаров (як ҳаромхури дигар) бо Баҳраки буз ё Асоев Баҳриддин сухан як карда дар трубаи 100 нею дар трубаи 60 обро меорем мегуянд, то ки аз маблағи хориҷӣ ба онҳо ҳам расад. Кор сар мешавад ва ин ширкати хориҷӣ пулро ба пуррагӣ ҷудо мекунад. Ин бадбахти Баҳрак ва Талбӣ Қамаров мардумро ба зурӣ ба ҳашари насби труба мебароранд. Мардум бо каноч ва белу кетман обро мекашанд ва намояндагони ин барномаи хориҷиро, ки дар шаҳри Душанбе меистоданд, то тамом шудани кори об дар чойхонаи деҳа ҷой мекунанд. Чойхона ва масҷид дар як ҳавлӣ сохта шудаанд. Ин Баҳраки буз аз фоҳишахонаи Нуробод, ки бо номи Нури Нуробод(Як баре вуҷуд дошт,ки раиси он зане бо номи Малика буд ва дар онҷо ҷой шароб нӯшӣ ва духтарҳои сабукпо,ки аз Душанбе ва манотиқи гуногун оварда мешуд ва бо ин корҳо машғул мешуданд) барои инҳо соатҳои як ва дуи шаб занҳои фоҳиша меовард ва корашон зино дар саҳни масҷид буд. Ҳатто як моҳ нагузашта як рӯз аз касофатии инҳо чойхона, ки вақте мардум дар адои намози аср дар масҷид қарор доштанд, оташ гирифт ва сухта хокистар шуд. Мардуми муҳоҷир бошанд боз маблағ ҷамъ карданд барои сохтани ин чойхона саҳми худро гузоштанд. Аммо ин пулҳои ҷамъшударо Баҳраки буз нобуд кард. Муҳоҷирон боз пул ҷамъ карданд. Пулро ин дафъа ба дасти Одинаев Абдуқаюм доданд. Ин мард пулро гирифту рафт масолеҳи сохтмонӣ хариду овард ва тавассти ҳашар чойхонаро сохт. Солҳои 2016 то 2017 барои сохти толори варзишӣ мардум пул ҷамъ карданд ва бо тариқи ҳашар бетонашро рехтанд ва бо сементблок даҳ қатор девор карданд. Кори сохтмони спортзал бо ҳамин ба охир расид, чунки ин буз пулро нобуд кард. Соли 2023 то 2024 боз барои давом додани сохтмони толори варзишӣ пул ҷамъ карданд аз муҳоҷирон 5 ҳазор рубли ва аз сокинони маҳаллӣ 400 сомони ҷамъоварӣ карданд ва ҳоло боз аз нав сохтмони толор рафта истодааст, худо кунад ин дафъа ба итмом расад. Мактаби деҳаи Сари қош,ки №6 аст таъмирталаб не, балки ҳайф шудааст. Мактаб аз чуб сохта шудааст ва ҳоло пусидааст. Ҷони омӯзгорон ва хонандагон дар хатар аст. Ҳама мақомоти ноҳия инро медонанд аммо аҳамият намедиҳанд. Имсол дар Тоҷикистон обхезию хамбидани селу ярч зиёд шуд. Мардуми муҳоҷир барои кор кардан дар дараи Хуфак дар картаи Мирзоев Муҳаммадраҷаб пул ҷамъ карданд ва пули ҷамъшударо бо маблағи 70.000 (ҳафтод ҳазор) сомонӣ ба картаи Олимов Эраҷ интиқол доданд. Аз ҳукумати ноҳия чанд тонна солярка доданд, ки дараро кор кунанд, то ки мардуми деҳаи Сари қош ва заминҳои корами хочагихои дехкони зарар набинанд. Дар деҳа се нафар экскаватар доранд. Онҳо гуфтанд моро бо солярка таъмин кунед, бе пул дар дара аз боло то дарёи Сурхоб кор мекунем. Аммо ин Баҳраки буз чи кор кард? Пулро гирифт, соляркаро гирифт, дараро то поёни мости шоҳроҳ кор кард вале то лаби дарёи Сурхоб кор накард. Пас ҳаво боронӣ шуду сел омад ва заминҳои корам зери сел монданд. Ҳафтод ҳазор сомонӣ аз ҳисоби муҳоҷиронро нобуд кард. Аз ин кораш Амиршоев Маҳбубшо даракдор шуд ва аз Русия ба Тоҷикистон рафт. Гуфт ин пул куҷо шуд? Ин Баҳраки буз ба воситаи мақомот Маҳбубшоро ҷафид ва бо ҳамин мавзуъ маҳкам шуд. Яъне ин пули ҷамъшударо ба нафъи маҳал не балке бо мақомот обу лой кард. Ҳатман мақомоти Ноҳия аз ин хуб огоҳанд. Чанд рӯз пас ин маблағ яке аз куҷое гӯйё пайдо шуд ва ба бачаҳо гуфтанд,ки ин пул пайдо шудааст ва агар дар спортзал ё маҷмаъаи варзишӣ нарасад дар онҷо масраф мекунем. Охир чаро пули як соҳаро дар соҳаи дигар масраф мекунед? Чаро барои коре пул ҷамъ мекунед то охир он корро анҷом намедиҳед ? Ин ҳама ҷиноят аст ва дигар бо ин шакл идома додан ғайри имкон аст.
Сентябри имсол пули китобҳоро хурд ва дар группаи ватсапи бачаҳои муҳоҷир гуфт, ки аз ноҳия омада мактабро қарздор карданд. Муҳаммадраҷаб Мирзоев бошад аз пули кассаи муҳоҷирон 3500 сомонӣ ба Баҳраки буз равон кард. Дар группаи ватсапи бачаҳои деҳа ҷанҷол шуд, ки пули китобҳоро касе хурдааст, худаш диҳад. Ин Баҳрак бошад дар личкаи ҳар яки даъвогарон менависад, ки «гапи лишний назане,ки амният вазъиятона бад мекунад». Ҳама хап мешаванд.
Боз барои обунаи масҷид 2500 сомонӣ ҷамъ карда равон кунед мегуяд, ки набошад масҷидро маҳкам мекунанд. Аз ҳамин пули мардум мақомотҳоро ба хонааш даъват мекунад, мехуронад ва мақомотҳо бошанд ӯро кришават мекунанд. Худаш ошкоро мегуяд, ки маро ҳеҷ кас ҳеҷ кор карда наметавонад. Чунки маро хуб мешиносанд макомотҳо. Ду бачаи ин буз вақти хизматашон аст. Аммо онҳоро аскарӣ намебаранд. Ин Баҳраки буз мегуяд, ки саг устухон мехояд, ба маъное, ки ман мақомотҳоро мехуронам, чихеле бифорад мегардам. Ҳамин аст ҳоли мардуми деҳаи Сари Қош.
Ин бадбахт аваллин бор бо Ёғиева Оюмгул оиладор шуд. Як духтарча ёфт, ҷудо шуданд. Боз аз деҳаи Гардангаҳ оиладор шуд ва ду сол пеш духтари ҳамсояи худашро зани дуюм мегирад. Мақомотҳо нисбати ин ягон чора намебинанд.
Ин Баҳраки буз дар деҳа ба чанд зан зино мекунад ва он занон аз кадоме ягон сухан дар бораи ин Баҳраки буз шунаванд ба ӯ хабар медиҳанд, ки фалон кас туро чунин гуф. Баҳраки буз бошад бо воситаи мақомотҳо пожар ё ки милиса рейд ташкил мекунад ва он касоне, ки зидди ӯ гап задаанд ба ҳар роҳу восита ҷарима мекунанд.
Дар деха бузҳо бисёр ҳастанд, онҳоро номбар мекунам:
Баҳриддин Асоев
Ёғиев Ибод
Ёғиев Иззат
Ёғиев Қурбон
Ёғиева Оюмгул
Резвонов Сайдраҳмон( девонаи Саяк)
Каримов Саидҷон
Асоев Хуҷа
Саймуддин бо тахаллуси Старшина.
Раиси маҳаллаи деҳаи Сари Қош Асоев Баҳриддин таъриф мекардааст, ки ман як трактори МТЗ Беларус дорам, ки дар қишлоқи Навобод кор мекунад, як мотоблок ҳам дорам мегуфтааст.
Боз таъриф мекардааст, ки ҳамин экскаватори Икромиддин Подабонов аз ман аст. Маълум мешавад, ки пулҳои ҷамъ мешудагиро техника мехаридааст. Вагарна аз куҷо маблағ ёфт, ки се техникаи гарон харад. Мардум пул ҷамъ мекунанд Баҳриддин ҳар шакле хоҳад масраф мекунад.
Номаи 2-Сари Қош
Ман аз деҳаи Сари Қош
Маълумот дар бораи Ёғиев Ибод Шоевич мехоҳам ба Ислоҳ расонам. Ин шахс пои бе таҳорат вориди масҷид мешавад. Мақсадаш намоз гузаштан нест, мақсадаш сухан чиндан аз байни мардум аст. мардумро бисёр озор медихад Аллоҳи зулчалол хору залилаш кунад.
Ин бадбахт як апа дорад бо ном Оюмгул, ки дар маркази ноҳия ошхона дорад. «Ошхонаи Лола» яъне зани аввали Баҳриддин Асоев раиси маҳаллаи Сари қош. Мақомотҳоро онҷо мехуронанд ва онҳоро мисли сипар истифода мекунанд, то ки касе ба ин бадбахтон халал нарасонад. Ин Оюмгулро собиқ сардори шуъбаи вазорати дохила Абдуллоев занвор истифода мебурд. Ҳозир ҳам ҳамин хел аст.
Бузи дигар дар деҳа Асоев Сафархуҷа бо тахаллуси Хуҷаи буз. Баъзеҳо ӯро «Катализатор» ҳам мегуянд. Чунки устои мошин мебошад. Аз мошинҳо катализатор медуздид. Як бор дело ҳам шудааст.
Ин Хуҷаи буз тобистони имсол падараш аз дунё мегузарад ва маъракаи чили падарашро мегузаронад. Дар маърака муллоҳои деҳа Мулло Зафар Ёғиев Қуръонхон буд. Дар ин вақт ба Мулло Зафар занг мезанад. Нафарҳое, ки дар бараш будаанд шуниданд, ки овози зан аст. Мулло Зафар Ёғиев мегуяд ба меҳмонҳо, ки шумо шинед, ман ҳозир меоям ва баромада меравад. Он зане, ки ба Мулло Зафар занг зада буд, Оюмгул будааст. Мулло Зафар ба Оюмгул бачаи аммааш аст. Гуфтааст, ки аз маърака хез, ки мақомотҳо- танзим меоянд Хуҷаро бояд ҷарима кунанд. Сабаб ҳисси бадбинии Оюмгули Ибод нисбати Хуҷа дар он аст ки Хуҷаи буз хоҳари инҳоро занвор истифода мебурд. Хуллас мақомотҳо меоянд ва камера мекунанд. 15000 сомонии Хуҷаро бе ҷарима мегиранд. Ана дидед, ки бузҳои шохдор бузҳои бе шохро мезананд.
Ибоди буз дар деҳа ба як зани шавҳардор, ки ин зан се фарзанд дорад зинокорӣ мекунад. Аз ин кораш Сониев Маҳмадалӣ ҳамсояи Ибоди буз дарак меёбад ва Ибодро мепояд. Хуллас, соатҳои ду ба сеи шаб Маҳмадалӣ Ибодро бо ин зан мебинад, ки дар ҳолати зино қарор доранд ва занро ҷавоб медиҳаду Ибодро мепурсад, ки ин чи кор аст ки ту карда истодаӣ. Ин зан шавҳар ва се духтарча дорад, аз Аллоҳ наметарсӣ. Баъд Маҳмадалӣ телефонашро кушода ба Ибод нишон медиҳад, ки бо ин зан дар зинокорӣ ба навор афтодаанд. Ибод илтимос мекунад, ки наворро тоза кун Маҳмадалӣ бошад ба ҷурааш Оятулло занг мезанад. Мегуяд зудтар биё Ибодро қапидам. Оятулло Давлатов меояд. Ибод Ёғиев ақли ҳардуи инҳоро медуздад, фандашон мекунад бо роҳи шайтонӣ инҳо наворро аз телефонашон тоза мекунанд. Дигар дар дасти инҳо ягон доказат намемонад. Аз байн як моҳ мегузарад Ибод Ёғиев инҳоро бо чи роҳе подстава мекунад-Оятулло Давлатов ва Маҳмадали Сониевро. Мақомот онҳоро бурда сахт шиканҷа медиҳад ва аз онҳо пули хуб мегиранду ҷонашон раҳо меёбад.
Ибоду Баҳриддин ва Хуҷа дар якҷо бошанд, ё ки дар масҷид онҳо хело аҷибанд. Дар танҳоӣ зани якдигарашонро дашном мекунанд. Инҳо талоқу никоҳ надоранд.
Ҳамин Раҳмонов се бор ба ҳамин деҳаи Сари қош омадааст: 2013, 2015 ва 2022 Ягон беҳбудӣ нашуд.
Номаи 3
Ман истиқоматкунандаи деҳаи Сари Қош, ҷамоати деҳоти Хумдон. Ман 4 фарзанд дорам ва 40-сола мебошам. Соли 2012 барои замини назди ҳавлигӣ даводав дорам, ки он вақтҳо собиқ раиси Кумитаи заминсозии НурободТабаров Манзар бо тахаллуси кали Манзар буд ва собиқ раиси ҷамоати Хумдон Талбӣ Қамаров буданд. Ман ба собиқ раиси ҳукумати ноҳияи Нуробод Сиёмардзода Сайдамир ариза пешниҳод карда будам. Он шахсе, ки аризаи манро қабул карда буд барои пешниход ба раиси ҳукумат ба ман гуфт, ки ҷавоби аризаатро аз кумитаи заминсозии ноҳия мегирӣ ҳар вақте ки ман барои ҷавоби аризаам ба кумитаи заминсозӣ рафтам Табаров Манзар ва Қамаров Шоҳрух, ки писари Талбӣ Қамаров мебошад, манро ба ҷамоат равон карданд. Ман рафтам ба ҷамоат ва ба утоқи собиқ раиси ҷамоат Талбӣ Қамаров ворид шудам. Манро хуш напазируфт ва бо як руи турш бо ман гап зад, ки барои чи кор омадӣ? Ман ба ӯ гуфтам, ки ба ман санади эҳтиёҷӣ даркор. Вай ба ман гуфт,ки пул дорӣ 1000 сомонӣ бидеҳ санадро ҳозир печат зада медиҳам. Ман ба Талбӣ Қамаров гуфтам муҳтарам Раис ман ин қадар пул надорам. Дар кисаам 100 сомонӣ дорам. Ин бадбахт манро гуфт «баро рав санади эҳтиёҷӣ нест». Ҳозир бошад пеши раиси кумитаи заминсозӣ Зайниддинов Қиём омадам. Пеши ӯ чанд маротиба рафтам. Ваъдаҳои бисёр дод. Гуфт дар деҳаи Сияҳоб лимит ҷудо мешавад, зангат мезанам. Ҳеҷ нест,ки занг занад. Нафароне, ки имрӯз ариза додаанд як ҳафта пас ба онҳо дар деҳаи Сияҳоб замин ҷудо карда дод. Ба куҷо арзу шикоят кунем, додамонро ба кӣ гуем, намедонем.
Номаи 4
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародарони мубориз!
Ман як марди миёнаумр аз деҳаи Сари Қош, ҷамоати деҳоти Хумдон мебошам.
Ман мехоҳам дар бораи Эмомалӣ Раҳмонов, ки чанд маротиб ба ин деҳа омадаасту аммо ин сафарҳояш ягон натиҷа наоварда баракс зиёнаш бештар расидааст, бигуям хато намекунам.
Давраҳои раиси ҳукумат будани Сайдамир Сияҳмардов, соли 2013 бояд Э.Раҳмонов ба ноҳия Нуробод меомад. Тамоми хонандагон, омузгорон ва мардуми деҳа сарсону саргардон барои пешвозгирии Э.Раҳмонов ба маршировка машғул буданд. Чанд рӯз пеш аз омадани Раҳмонов зиёда аз 100 нафар афсару сарбозро ба деҳа оварданд ва ба мардуми деҳа вобаста карданд, ки то омадану рафтани Раҳмонов мардум онҳоро аз хурок ва ҷои хоб таъмин кунад. Деҳа ба ду қисм ҷудо мешавад: Сари қоши боло ва Сари қоши поён. Дар инҷо ду масҷид ҳаст. Масҷиди Сари қоши боло ва Сари қоши поён. Масҷиди Сари қоши болоро Кумитаи амният баста буд. Вақти омадани Э.Раҳмонов масҷиди Сари қоши болоро кушоданд ва афсарону сарбозонро ҷо карданд. То рафтани Э.Раҳмонов мардуми бечора дар азоб. Хурду хурокаи ҳамаи инҳо дар гардани мардум. То омадану рафтани Э.Раҳмонов ҳол надоштем. Вақте Э.Раҳмонов омад мо мардуми деҳаро барои вохурӣ бо Э.Раҳмонов иҷозат надоданд. Мо мардум мехостем, ки ба Э.Раҳмонов расонем, ки дар деҳа мактаби замонавӣ созанд. Аз шикояти мо боз хамин бузҳои маҳаллӣ хабардор шуданд. Дар ҳол ба амният ин гапро расонданд. Рӯзи омадани Э.Раҳмонов мо мардумро иҷозат надоданд барои вохурӣ бо Э.Раҳмонов. Баъд аз омадани Э.Раҳмонов масҷиди Сари қоши болоро амният дубора баст. Яъне масҷидро барои сарбозоне,ки Раҳмоновро ҳимоят кардан омада буданд кушоданду онҳоро ҷой карданд. Масҷид мисли казарма истифода шуду тамом.
Соли 2016 давраи раиси ҳукумат будани Дустзода Ҳасан Тақдир ин раиси бадбахти ҳаромхури зулмкор тамоми заминҳои ғалларо шудгор кард. Дар деҳаи зикр шуда, ки Э.Раҳмонов ба ин деҳа меояд бо деҳқонҳо вохурӣ мекунад боз ҳоли мардуми деҳа бад шуд. Ин дафъа худораҳматии бобои Назрӣ Тавакалов ва бобои Иброҳим Насруллоев хостанд, ки Э.Раҳмонов биояд барои мактаб гап мезанем, ба ин умед,ки шояд супориш диҳад мактаби замонавӣ созанд.
Боз як чанд рӯз пеш аз омадани Раҳмонов армияро ба деҳа оварданд ва дар масҷиди Сари Қоши боло ва дар масҷиди Сари қоши поён ҷо карданд. Ба мардум супориш доданд, ки армияро аз хурду хурока таъмин кунед. Саҳар пеш аз омадани Раҳмонов амният супориш дод, ки ба ғайр аз хонандагону омӯзгорон дигар мардуми деҳаро пеш кунед, наздик нашаванд, яке шикоят накунанд. Бобои Назрӣ Тавакалов ва бобои Иброҳим Насруллоев хостанд ба пешвоз раванд. Онҳоро амният гуфт, ки шумо бояд дар резиденсия ба президент вохурӣ кунед. Онҳоро фанд карданд. Он рӯз дар роҳ ҳаракати мошинҳоро манъ карда буданд. Резидентсия дар деҳаи Хумдон ҷойгир аст. Аз деҳаи Сари Қош то деҳаи Хумдон 10 километр роҳ аст. Ин ду мусафед пиёда ба резиденсия рафтанд.
Э.Раҳмонов омад бо деҳқонҳо вохурӣ кард. Аз деҳа ӯро дар мошин ба резидентсия бурданд. Хуллас, бобои Иброҳим Насруллоев ва бобои Назрӣ рафтанд, аммо онҳоро дар резидентсия роҳ надоданд. Ба онҳо гуфтанд, ки шумо даъватнома надоред, иҷозат нест, ки дар инҷо иштирок кунед ва аз онҷо ҳам ин ду муйсафедро пеш карданд.
Баъд аз рафтани Э.Раҳмонов масҷиди Сари Қоши болоро боз бастанд.
Бори сеюм 20 сентябри соли 2021 Э.Раҳмонов ба деҳаи Сари Қош омад. Вале ягон натиҷаи дигар нашуд. Ҳар вақте ба ин деҳа меомад амният барои намозгузорӣ ба мардуми Сари Қоши Боло иҷозат медод, то рафтани Раҳмонов ва армияи тоғутпарасташ. Баъд аз чанд рӯз амният ба ин масҷид меомаду мардумро номнавис мекард ва ба Кумитаи амният даъват мекард, ки шумо дар ин масҷиди ғайрирасмӣ намоз мехонед ва 400 сомонӣ мегирифт.
Наход, ки се маротиба ба як деҳа биояду ягон ободӣ нашавад. Раҳмонов дар баромадҳо ва дар сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳо аз ягон нафар намепурсад, ки чи шикоят доред, чи камбуд доред. Ба як хай-хай мардумро фанд мекунад. Як дасташ дар қафаси сина, як дасташ ба боло фақат мегуяд: як ҷаҳон ташакур ва бо ҳамин тамом.
Талбӣ Қамаров, собиқ раиси ҷамоати Хумдон дар давраи кориаш бо соҳибкорони деҳа вохурӣ гузаронд ва аз онҳо пурсид, ки метавонед дар деҳа як мактаби замонави бунёд намоед. Дар ҷони ҳамаи мардум задагианд мақомотҳо.
Соҳибкоронро рӯз намедиҳанд. Ба худо қасам дар маркази ноҳия бо чашмонам дидам, ки як команди ШВКД-и Нуробод аз як зеленфурӯш омад пурсид патент дорӣ, санитарный книжка дорӣ. Зеленфурӯш гуфт дорам. Боз гуфт, ки ту бояд точкаи савдо дошта бошӣ, ту ғайриқонунӣ инҷо савдо дори. Зеленфурӯш помидор бодиринг ва укроб дар як пакет пур карду дод. Ин милиса бе пул гирифту рафт.
Талбӣ Қамаров бошад солҳои 2000 то 2004 ум раиси совхоз буд, ҳозира деҳаи Сари Қош. Ин бадбахт дар давоми кориаш дар совхоз як боғи себ буд беш аз 4-гектар. Ин боғро одам ҷамъ карда оварда бурид ва аз реша канд ва бурд. Инро бо чашмонам дидам. Як ниҳол сабз кардан чи қадар савоб дорад. Ин бадбахти Талбӣ боз фермаҳои совхозро канд, чуб ва шиферҳоро бурд. Саҳмияҳои барои хоҷагии деҳқонӣ кардани заминро бо мардум ҳамон давра ба пул ва ба чорво мефурӯхт. Талбӣ Қамаровро аз раисӣ гирифтанд ва дар кумитаи замини ноҳия ба кор бурданд ва баъд аз чанд сол раиси ҷамоати деҳоти Хумдон шуд. Дар давоми раисиаш ин золим ба гуши раисони ҳукумат мезад, ки заминҳои Сари Қош ҳосилхезанд ва заминҳои юнучқа ва гандуми мардумро меканданд ва маҷбур мекарданд, ки қарз карда картошка коред дар заминҳо. Агар картошка накоред заминҳоро мегирем ва ба дигар кас медиҳем. Мардум мегуфтанд, ки мо налог месупорем. Аз зироате, ки фоида мебинем ҳамонро мекорем, чаро моро маҷбур мекунед? Мегуфтанд супориши ҷаноби олӣ аст, қонуншиканӣ накунед. Мардум безор шуданд, ҷанҷол шуд.
Талбӣ Қамаров, раиси ҷамоати Хумдон ба раиси ноҳияи Дустзода Ҳасан Тақдир мегуфт мақомотро ба ин деҳа равон кун. Раиси ноҳия тамоми мақомотҳо-милитсия, пожар, духтури санитарӣ ба Сари Қош равон мекард, то ки ҷарима кунанд, ки ин мардум тарсанд, хап кунанд. Дар ин заминҳо мардум меҳнати зиёд мекард, пули зиёд сарфу харҷ мешуд. Тобистон вақти об додани зироат мешуд аз беобӣ тамоми заминҳои картошка хушк мешуданд. Боз соли оянда ҳамин ҳол буд.
Мардум ба раиси ноҳия Дустзода Ҳасан мегуфтанд, ки соли гузашта аз беобӣ зарар дидем: « ба мора гандуму рушқа хуб аст».Раиси ноҳия мегуфт пул ҷамъ кунед, канали Панҷоҳсолагиро кор кунед, соҳиби об шавед. Ин бадбахти раиси ноҳия пули барои кор кардани канали Панҷоҳсолагиро ҷудо мекарду мехурд. Чанд маротиба мардум барои ин канал пул ҷамъ карданд ва бо экскаватор кор карданд. Ин заминҳоро баҳори соли 2024 қариб 20-гектарро сел аз дараи Турмуш омада зери сангу шағал кард ва аз дараи Хуфак сел омаду заминҳои корами поёни деҳаро зер кард. Заминҳо зери сел монданд.
Давраи собиқ раиси ноҳия Сайдамир Сиёмардов канали Панҷоҳсолагӣ кор мекард ва мардумро аз об таъмин мекард. Мардум ҳосили хуб мегирифтанд. Ҳамаи ин азобҳо аз дасти Талбӣ Қамаров аст.
Баъд аз Талбӣ Қамаров дар ҷояш боз як ҳаромхури дигаре ба номи Суҳроб Тоиров омад. Тоиров аз деҳаи Сари Қош мебошад. 4-гектар боғи нок ва идораҳои совхозро бо саҳми заминаш, ки қариб як гектарро ташкил медиҳад бо ҳамроҳии Табаров Манзар, собиқ раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Нуробод ба номи ҳар хешу табори худашон ҳуҷҷат кардаанд ва ҳар сол кариб 30.000 то 35000 сомонӣ аз ин боғ нок мефурушанд. Меҳнатро киҳо кардаанд, кадом ҳаромхурҳо истифода мекунанд. Беҳуда намегуянд, ки «об аз боло лой аст».
Боз як гуфтании дигар. Ҳар сол зиёда аз 100 рамаи гусфад ба тарафи ноҳияи Рашт меравад, тамоми заминҳои мардумро мечаронанд. Соҳиби замин мепурсад, ки чаро замини гандумро хурондӣ, он даҳмардаҳо мегуянд, ки моли ширкат аст, хап кун, ки вазнинат меғалтад. Яъне ин рамаҳо моли ширкати «Фароз»и домоди Эмомалӣ Раҳмонов Шамсулло Соҳибов мебошанд. Охир бо ин зулм, то ба кай мо зиндагонӣ мекунем? Ончи дар Сурия буд дар пеши зулми оила ва мақомоти Раҳмонов боварам кунед ҳеҷ аст.
Номаи 5
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз деҳаи Сари Қош ҷамоати деҳоти Хумдони Нуробод маълумот дорам. Маълумоти ман дар бораи директори мактаби деҳаи Сари Қош ва кормандони ВКД
Пирумшоева Товусгул, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 6 деҳаи Сари Қош аст. Пирумшоева Товусгул соли таваллудаш 1968 мебошад. Ин хонум дар тамоми ҳуҷҷатҳояш соли таваллудашро 1987 кардааст. Бинед яку-якбора 19 сол худашро ҷавон кардааст. Ин зан хату савод надорад. Донишгоҳи давлатии омузгории ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Раштро ғоибона хатм кардааст. Аз вақте ин зан директори мактаб таъин шуд, муассиса ба милисахона табдил ёфт. Агар як хонанда овозаш баланд барояд ё ки галстук набандад дар ҳол ба милиса занг мезанад ва милиса меояду волидони хонандаро ҷарима мекунад.
Соли гузашта корманди ШВКД -нозири минтақавии ҷамоати Хумдон вориди як синфхона мешавад. Мебинад, ки ду хонанда бо ҳам бо овози баланд бозӣ доранд ва мебинад, ки дари синфхона шикастагӣ. Хуллас волидони ин хонандагонро ба муассиса даъват карда ҷарима мекунанд. Гуё дари синфхонаро ин хонандагон шикастаанд. Ин муассиса аз чуб ва дар замони шуравӣ сохта шудааст. Айни замон ҷони 400 хонанда ва омузгор дар хатар аст. Як заминларзаи сахт шавад чи фалокат мешавад, Худо худаш медонад.
Ин корманди ШВКД ноҳияи Нуробод аз байн чанд рӯзе гузашта боз ба муассиса меояду ба ҳамон синфхона меравад ва боз мепурсад, ки ин ду хонандаро падарошона занг занед тез ба мактаб биоянд. Муаллими ин муассиса Соибов Иззатманд аз он милиса мепурсад, ки барои чи падарони ин хонандагонро ба мактаб даъват мекунӣ? Ин корманди милиса мегуяд, ки ҷаримаашон мекунам, зеро дари синфхонаро рост накарданд. Муаллим Соибов Иззатманд бо милиса ҷанҷол мекунад, ки дар як ҳафта як нафарро ду маротиб ҷарима мекунӣ, инҳо аз куҷо пул меёбанд? Муаллим ба корманди милиса мегуяд, ки шумо золим ҳастед. Ин гап ба сардори пешини милисаи Нуробод ,ки Ҳоҷӣ мегуфтанаш мерасад. Вай ба милисаҳо мегуяд, ки як бало карда ин муаллимро дело кунед. Муаллимро мегуянд, ки телефонатро биёр, ту Ислоҳро тамошо мекардаӣ, боз лайк мемондаӣ, хуллас аз муаллим пул мегиранду ҷонаш халос мешавад ва муаллимро дигар бас мекунад.
Давоми мавзуъ дар бораи директори муассиса Товусгул Пирумшоева . Аз дасти ин чанд муаллим корро бас кардаанд. Зеро дар муассиса ҳаррӯз милисаҳо меоянд. Бе намояндаи шуъбаи маориф ва бе намояндаи ҳукумати ноҳия милиса ба дарси муаллим бе иҷозат медарояд. Дар назди хонандагон аз муаллим конспект мепурсад. Магар ин аз рӯи этика аст? Милиса ба конспекти муаллим чи кор дорад охир?
Духтари апаи ин директор бошад Салимова Матлуба муаллимаи синфҳои ибтидоӣ аст. Вай дари синфхонаро мепушаду худаш дар долони мактаб бо телефон бо хешу дӯстонаш суҳбат мекунад. Ҳоли фарзандони мо чи мешуда бошад? Сол ба охир мерасад вале аз ин муаллима як ҳарфро ҳам ёд намегиранд. Мо худамон ба фарзандонамон меомузем, муаллима бошад маош мегирад.
Дар муассиса ғайриихтисосҳо низ кору фаолияти омӯзгорӣ мекунанд.
Ин директор Товусгул Пирумшоева криша дорад, кришаи ӯ чиянаш мебошад чиянаш сардори Коррупсияи минтакаи Рашт мебошад. Охир Султонзода Сулаймон ин қадар ба кормандонаш иҷозат додааст,ки холаву аммаҳои кормандонаш мардумро зулму ситам мекунанд. Акнун худашон чи зулмҳое мекунанд дигар ҳоҷҷат ба гап задан нест.