Номаи боз

Ислоҳ нет

 аз Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи таҳлиливу сиёсии «Ислоҳ.нет»  ба мардуми шарифи Тоҷикистон,

       Ҳамватанони азиз!

     Режими ҷиноятпешаи Раҳмонов ва бахусус мақомоти қудратии девона ва васвоси вай дар баробари мубориза ва пайкори ҷононаи мо бо шикаст ва заъфи шадид дучор шудаанд. Иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ҳамкории рӯзафзуни миёни мову шумо пояҳои ин режими худкомаро ба ларза дароварда дар ҳар лаҳза аз завол ва суқути худ эҳсоси хатар карда истодаанд. Аз ин ҷост, ки барои бастани даҳан ва ба таври физикӣ аз байн бурдани шуморе аз муборизон, аз ҷумла банда, бо тамоми иқтидор ва зарфияте, ки давлат дар ихтиёр доранд, истифода карда истодаанд. Аммо, бо иноят ва марҳамати Аллоҳи меҳурбон, Ин шо Аллоҳ ба аҳдофи шуми худ нахоҳанд расид.

  Инҷо мехоҳам роҷеъ ба ду масъала бо шумо суҳбат кунам.

 Масъалаи аввал дархости тозаи Додситонӣ ва вазорати дохилаи Тоҷикистон ба мақомоти Фаронса роҷеъ ба дастгир ва истирдоди ман, Муҳаммадиқболи Садриддин, таври дигар бигӯям, таслими банда ба онҳо аст. Инро ҳам бигӯям, ки ҳамчунин дархост аз тарафи мақомоти қудратии режими ҷиноятпешаи Раҳмонов барои бори аввал нест. Ахиран боз як чунин номаро ба мақомоти адлияи Фаронса ирсол карда ва маро бо иттиҳомоти бофтаву сохта ва ҷаълӣ муттаҳам хонда ва боздошту экстрадитсияи маро тақозо кардаанд.

Ман, Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири Пойгоҳи таҳлили сиёсии «Ислоҳ.нет» ба шумо хонанда, бинанда ва мухлисону ҳаводорони худ бо сароҳат ва итминони тамом мегӯям, ки онҳо кӯр хондаанд. Наметавонанд, зӯрашон намерасад. Чун ин кишварҳое, ки мо муборизонро таҳти ҳимояти худ қарор додаанд, ба ҳар дархосту талаби беасос ва бепоя лаббайк намегуянд. Ҳамчуноне зикр кардам, ин номаи онҳо бори аввал ҳам несту мутмаинам, ки охир ҳам нахоҳад буд. Ва, ин танҳо ман нестам, ки барои боздошту дастгирашуданашон ҳамчунин номаҳо зиёд фиристода шудааст.

Аммо, ҳам шумо ва ҳам худи ман медонем, ки дар ин васат ман ва шахси ман фарқ дорем. Чун барномаҳои фошкунандаи «Ислоҳ.нет» хобу хур ва оромиши онҳоро ба ҳам задааст. Ман медонам, ки агар ба дасти онҳо уфтодам, пусти маро ба нохунҳояшон мекананд. Вале, ҳеҷ гоҳ эҳсоси тарсу бим накардаам, чун дар роҳи ростам ва таваккул ва такя ба Худои худ кардаам.

   Дар номае, ки ахиран ба дабирхонаи яке аз Додгоҳҳои кишвари мизбон ирсол доштаанд, боз ҳам маро аз номи чанд нафар ба иттиҳоми бозпас надодани маблағ муттаҳам кардаанд. Ин яъне ҳамон даъвое аз чанд ҳамватан аст ки гӯё онҳо аз ман ба мақомоти Тоҷикистон шикоят бурдаанд ва бар мабнои шикояти онҳо Прокуратураи генералӣ ва вазорати дохилаи Тоҷикистон аз мақомоти интизомии Фаронса дастгир ва истирдоди маро дархост карда ва як «парвандаи ҷаълӣ» муқобили ман сохтаанд.Дар ин бора ман дар чанд барномаҳои қаблӣ муфассал суҳбат карда будам. Инҷо танҳо ҳамин фактро мехоҳам ба самъатон бирасонам, ки ин мақомоти тоҷик ба ҳадде аблаҳу аҳмақ ҳастанд, ки ҳатто аз номи нафаре, ки фавтидааст, дар қайди ҳаёт нест, аз болои ман даъво кардаанд. Ингор ин бародар аз зери хок баланд шудаву аз болои ман шикоят карда ва зери аризааш имзо ҳам гузоштааст.

   Дар номае, ки аз номи ҳукумати Тоҷикистон ба вазорати адлияи Фаронса ирсол шудааст, аз ҷумла омадааст,ки «Республика Таджикистан с целью добиться ареста и передачи заинтересованного лица, которое разыскивается в соответствии с постановлением о выдаче ордера на арест от 21 августа 2020 года по фактам, квалифицируемым как мошенничество, совершенное в период с мая по ноябрь 2010 года в Дубае.»

  Зимнан ин дархост аз тариқи вазорати хориҷии Тоҷикистон ба мақомоти Фаронса фиристода шудааст, ки дар он қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоилии Сомонии Душанбе бо имзои судя Исозода Х.И аз 21 августи соли 2020 барои боздошти банда замима карда шудааст. Қарори додгоҳи мазкур дар ин сана бо ҳузури гуё адвокати ман, муфаттиши прокуратура содир шудааст ва бинобар ин нома дар ин мурофиаи кушодаи ғоибонаи додгоҳӣ нафароне бо номҳои Қаюмзода.З, Ҷуразода.З, Бердиев,Ҷ ва Раҳмонов.В ширкат кардаанд ва тазаккур шудааст, «на открытом судебном заседании, в здании районного суда Исмоили Сомони города Душанбе, после рассмотрения ходатайства старшего следователя Следственного управления Государственного комитета по Министру национальной безопасности Республики Таджикистан майору юстиции Бердиеву Дж В. выдать разрешение на применение меры пресечения в виде ареста в отношении обвиняемого Садурдинова Мухаммадикбола Каландаровича, дата  рождения 15.05.1978, национальность таджик, ранее был женат, не были осуждены, признаны виновными в совершении преступления, предусмотренного статьей 247, часть 4, пункт “б” Уголовного кодекса Республики Таджикистан,…»

Ба ин тартиб дар канори қарор суд ва имзои судя ҳамчунин ,старший следователь Следственного управления ГКНБ Республики Таджикистан, майор юстиции /подпись/ Бердиев Дж.У ҳам имзо гузоштааст.

    Аммо, агар ин парванда сохтаву дуруғӣ набуд ва агар ин даъвогарон воқеан ҳам даъвояшон воқеӣ ва сиҳҳат дорад,чаро аз соли 2010 то соли 2020 сукут карданд?

 Инҷо, намехоҳам номи ин бародарони даъвогарро бибарам, агарчи онҳо ҳатто суханрониҳои видеоӣ ҳам доштанд. Аммо, инро мехоҳам бигӯям, ки онҳо тавассути бархе аз дӯстони муштаракамон паёмҳо фиристода гуфтанд, ки онҳоро маҷбур ба даъво алайҳи ман кардаанд. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки ман не, баракс онҳо бидеҳкори мананд.

Аммо, маълум аст ки бо ин нома мақсадашон фақат дастгир ва истирдоди ман нест. Онҳо ҳадаф доранд, ки садои маро, коргоҳи маро, иртиботу алоқаи мо муборизин бо мардумро қатъ кунанд ва сокит созанд. Барои иҷрои ин нақша ва нияти шумашон миллионҳо доллар ҳам масраф карда ва ҳатто барои куштани ман киллер ҳам аҷир карданд. Маҳалли зисти маро мақомоти кишвари мизбон бо далоили амниятӣ чанд бор иваз карданд.

Дар Тоҷикистон ҳам чандин нафарро дар ҳамкорӣ бо «Ислоҳ» дастгир ва зиндонӣ ва «Ислоҳ»-ро мамнуъ эълон карданд. Бар зидди ман барномаҳо ташкил карданд. Филм сохтанд. Иттиҳомоту туҳматҳо заданд. Хоин эълон карданд. Аммо ҳамватанони азиз! Мардуми шарифи Тоҷикистон. Мо, ки гуфтем. Аз роҳамон барнахоҳем гашт ва ба дурустии роҳамон имон ва итминон дорем.

  Раҳмонов ва мақомоти қудратии мағзи калаи хар хӯрдаи вай Фаронсаро бо Русия иштибоҳ гирифтаанд. Инки муҳоҷирони кории тоҷикро якҷо бо мақомоти фасодкори Русия озору азият дода истодаанд ва ҳар талабу дархосташон барои дастгир ва депорт кардани шаҳрвандони мавриди шубҳаашон аз тарафи Русия иҷро шуда истодааст, гумонашон ин аст ки Фаронса ҳам дархосту талаби онҳоро бидуни тафаҳҳус ва тафтишу таҳқиқ иҷро мекунад. Аммо ҳамчуноне мебинед, тирашон хок хурдааст.

Мақсади инҳо албатта, ки бастани даҳани ман аст. Онҳо дар ин маврид аблаҳ нестанд. Диданд ва дида истодаанд, ки тамоми макру тазвир ва шайтанташон бар рухашон кашида мешавад ва мардуми кишвар аз аъмоли ҷиноияшон аз рафторҳои ғайринсонияшон огоҳ мешаванд, беш аз пеш девона шуда истодаанд. Ва, ҳоло боз барномаи дигаре кашидаанд, то ки ба гуфтаи худашон барои ҳукумат «рейтинг» созанд ва симои воқеии моро намоён созанд. Ва, ҳоло фурсат расид, ки ҳамватанони азиз, мардуми шарифи Тоҷикистон

масъалаи дуввумро бароятон арза дорам.

  Айни замон идораи барои ҳама шиноси КДАМ қасд дорад ва нақшаву барнома ҳам кашидааст, ки дар ҷанги иттиллоотӣ муқобили мо муборизин ва неруҳои оппозитсионӣ аз шева ва василаҳои дигартар- аз шабакаҳои телевизионии саросарӣ истифода кунад. Дар дасти мо як барномаи муфассал и омода кардаи ин Кумита расидааст, ки яқин ва таъйин мекунад,муборизаи иттилоотиро Раҳмонови хабис дигар комилан ба дасти СС.Ятимов супоридааст. Мешавад гуфт, ки ин нома ҳам мисли «Протоколи 32/20» аст ки дар соли 2011 алайҳи ҲНИТ қабул шуда ва дар он роҳу чораҳои муқобала бо ин ҳизби бузурги сиёсиро тарҳ карда буд. Ин нома хеле муфассал ва ба забони русӣ аст ки дар оянда ба тафсиру ташреҳи он хохем пардохт. Аммо ҳоло се пора аз онро ҳамчун мушт намунаи хирвор инҷо пешкаш мекунем, то бароятон маълум шавад,ки онҳо дар муқобили мову шумо- мардум ва миллати ҷафокашида чӣ нақшаву ниятҳо доранд:

                                       1

«В тоже время необходимо пригласить родственников Кабири, Мухаммадикбол и других кто раньше и сейчас расходился и расходится взглядами с государством. Показать конкретные и разоблачительные кадры из жизни в Республике и после их побега за границу. Как жили Кабири и его семья. На какие деньги покупали дорогие имущество и авто. Как собирались вклады и пожертвование, в то время Исламской Партии и как их расходовал Кабири и его приближенные на частные нужды. Необходимо перейти на новый информационный уровень разоблачения.»

                                          2

 «В протяжении того времени когда Кабири и его семя были в Таджикистане, откуда и на какие деньги его близкие и сын разъезжал на 85000 доллар машинах (одна из них АУДИ R 8). Можно показать многие факты из жизны этих товарищ. Внутри Республики кто был их спонсорами. Сейчас за чей счет они находятся за границей.

      Показать их родных, как они живут, в каких они условиях из за своих опальных родственниках. В данний момент Кабири и его соратники, активно трудятся над тем, чтоб заинтересовать Движение Талибан вторгнутся в Таджикистан. Они приводят аргумент того, что в Таджикистане власти негативно настроены против Ислама. Удивителен и тот факт что какими- то путями, другой шайтан Мухаммадикболи Садриддин, получает данные и после их обсуждает в Ютубе и этим очерняя, снижает рейтинг власти.

Всю внутреннюю информацию, проблемы и другие провоцирующие информации, собирают и отправляют бывшие сторонники запрещенной партии Кабири.

                                        3

   «Необходимо в кратчайшие сроки, запустить по всем телевизионным каналам, программы подобные Российским. В России в последние годы набирают огромную популярность телередачи, такие как, 60 минут, воскресный вечер Владимир Соловьевым Кремль Москва Путин и другие. В данных передачах, конкретно разоблачают и выводят на чистую воду всех иноагентов и тех кто работают во вред России. Необходимо выбрать способных к дискуссиям телеведущих и запустить программы, похожие на выше упомянутые. Пригласить специалистов, некоторых государственных деятелей, работников прокуратры, МВД, тех, кто во время гражданской войны и после помогал восстановлению государственной власти.»

 Ман, мутмаинам, ки нашри ин се иқтибос маъмурони масъули Раҳмоновро дучори рубъу ваҳшат мекунад ва дар ҳоли шок қарор медиҳад. Чун ин иқтибосҳо, ки дар дасти баландмақомони сутуҳи болои болост ва дарз хурдан ва дар «Ислоҳ» интишор ёфтани он онҳоро васвосӣ хоҳад кард. Барои шарҳу тафсири зиёде ҳам ҳеҷ зарурат надорад, чун ҳама чиз аёну рушан аст ва нишон медиҳад ва исбот мекунад, ки то чи андозу пасту ҳақир шудаанд ва то чи андоза бохтаанду шикаст хурдаанд. Акнун эҳсос мекунеду эътироф мекунед,ки бо мо чӣ касоне аз воломақлмҳои амниятӣ ҳамкорӣ менамоянд? Дар ҳоле қудо-генпрокуроратон шаҳрвандони иртибот надошта ба “Ислоҳ”-ро зиндонӣ мекунаду дар порлумон шарм нокарда гузориш медиҳад.

 Вақте мегуянд, ки бачаи Кабирӣ ба 85000 доллар мошин дошт, як раҳ намеандешанд, ки Кабирӣ ва бачааш, агар ҳам дошт, пули худаш буд. Вале Исмоили набераи Раҳмонов, ки танҳо порки мошинҳояш бештар аз 15 миллион доллар муҳосиба шудааст, ба назарашон наметобад. Ҳоло мо аз саисхона ва аспҳои гаронарзишаш чизе намегуем. Пас, агар як чи сад Соловеви тоҷикиро ҳам кашф кунанду барномаи «60 минут» созанд чи фоида мекунанд?

Обруву рейтинг ва бовару эътимоди мардумро ба ҳеҷ ваҷҳ бо сохтани силсилабонкҳо ва бо роҳи халоиқро пулакӣ кардан ва бачаву духтару набераву домодҳои бешуморро дар мансабҳои давлатӣ овардан ба даст овардан намешавад. Чи гуна як нафаре, ки беш аз 30 сол дар сари ҳукумат худро сварка кардааст метавонад обруву рейтинг дошта бошад. Як нафари дузд, як нафари фосиқу фосид, як диктотуре, ки халқро тамоми ин ҳама муддат фиреб кардааст, метавонад обру дошта бошад?

Бале, шумо дигар дар тарсу талвоса афтодаед, чун ҷурму ҷиноят ва хиёнат дуздиҳову дуруғҳои шуморо мо беш аз пеш ошкор месозем.

   Аз ин иқтибосҳо бори дигар яқин мешавад, ки қасд доранд боз мардумро чапғалат андозанд, роҳгум созанд. Вале фоида надорад. Чун ҳар қадами шумо, қадам ба қадами шумо ҷиноят аст. Ҷиноятро бо чунин корҳо намешавад сарпуш гузошт. Боз ҳам мегуям,ки сад «60 минут» ва сад Соловев созеду ёбед ҳам  коре аз дастатон сохта нест. Мардум шуморо шинохтааст ва боз ҳам ин худатон ҳастед, ки шиносонида истодааед. Рустам кам буд, Озода кам буд, ҳоло Исмоил дар Кохи раёсати ҷумҳурӣ ва дар телевизионҳо роҳ ёфтааст.

Аммо муҳоҷир чи? Падар, писар ва набера-овораву сарсон. Мардум падар, писар ва набераи Раҳмоновро мебинаду бо падар ва писар ва набераи як муҳоҷир муқоиса мекунад.

Аз рехти шумо,аз ҳузури шумо, аз афту башараи шумо ҷонбезор ва дилбеҳузур шудааст.

 Ҳамватанони азиз! Мардуми шарифи Тоҷикистон!

 Ҳамчуноне аз ин иқтибосҳо огоҳ шудед, дар ҳақиқат ин режим ба талвосаву таҳлука афтодааст. Хоҳиш ва дархости ман аз шумо ин аст ки ҳамбастагиву ҳамроҳиву ҳамкориамонро бояд ҳарчи бештар тақвият диҳем ва таҳким бубахшем. Моро ҳамроҳӣ кунед, аз кумаки худ дареғ наварзед, чун якҷо ва бо ҳам ин мусибат ва балои болои сари худ ва насли ояндаамонро танҳо аз ҳамин роҳ метавонем бартараф созем.

  Бо иродат Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи таҳливу сиёсии «Ислоҳ.нет»

 Фаронса.Париж.6.06.2023

  

Share This Article