Мо як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳукумати кишвар дар таъин ва интихоби кадрҳое, ки аз тарафи шумо таъин мегарданд норозӣ ҳастем. Намехоҳем ончӣ раиси ноҳияи Фархор Сулаймон Вализода кардааст, дар ин нома ёдовар шавем, чун қалам аз навиштани он оҷиз ва нотавон аст. Танҳо инро мехоҳем, ки ба ҷойи ин марди хашин ва бадзабону фаҳҳош як шахси фарҳангӣ ва дар кишвар маърӯфро таъин намоед. Яке аз далелҳои асосии пешниҳоди Абдуқодир Талбаков ин аст, ки ӯ зодаи ҳамин ноҳия буда, мардуми онро хуб мешиносад. Ҳамчунин ба ҳайси роҳбар дар якчанд ниҳодҳои давлатӣ кор кардааст. Ин нома, аслан бо ҷаноби Абдуқодир Талбаков мувофиқа нашудааст ва ӯ дархостеро ҳам накарда аст. Танҳо ҳадафи номаи саркушода, ба хотири ободии ватан ва ҳифзи обрӯ, эътибор ва шаъну шарафи мардум аст.
Абдуқодир Талбаков, яке аз аввалинҳое буд, ки пас аз нашри ин хабар,ки дар сомонаи Ахбор сом нашр гардид нисбати суханҳои фаҳши раиси феълии ҳукумати Фархор дар саҳифаӣ шахсияш дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук ҳамчун як шахси фарҳангӣ ва зиёӣ вокуниши ҷиддӣ нишон дод. Аз ин рӯ мо ба ин боварем, ки дар оянда, Талбаков кӯшиш мекунад, барои ҳифзи обрӯ ва шаъну шарафи мардуми Фархор корҳоеро анҷом диҳад, ба ин натиҷа расидем.
Абдуқодир Талбаков, то имрӯз ҳеҷ мухолифате ва ё интиқоде ба сиёсати пешгирифтаи шумо накарда аст. Узви ягон ҳизбу гурӯҳҳои мухолифон ҳам нест ва дар гузашта ҳам набудааст. Ҳамеша дар кишвар қарор дошта аст ва дар вазифаҳои ҳукуматӣ ва идорӣ ифои вазифа ҳам намуда аст, ки бароятон равшан буда, ниёз ба шарҳу тавзеҳ нест.
Абдуқодир Талбаков аз рӯи шинохте, ки мо дорем шахси принсипӣ буда, баҳри дифоъи обрӯ ва эҳтироми Шумо, ҳамчунин бо ҷонибдорӣ аз сиёсатҳои пешгирифтаатон борҳо бо мухолифони сиёсӣ баҳсҳои тӯлони ҳам намуда аст. Инчунин китобҳои шуморо дарс ҳам мегӯяд ва шуморо ба донишомӯзон тавассути китобҳоятон мешиносонад. Мехоҳем, Абдуқодир Талбаковро ба мақоми раисии ноҳияи Фархор,ки беш аз 155,000 ҳазор аҳолӣ дорад таъин намоед, то бубинем интихоби ӯ чӣ беҳбудиҳо ба ин мардуме, ки худаш зодаи он диёр аст меоварад.
Дидгоҳ, ақидаҳои динӣ ва мазҳабии Абдуқодир Талбаков дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ба вокунишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда, бисёре аз дидгоҳҳояш ба чолиш кашида мешаванд. Аммо ба хотири як нафари фарҳангӣ ва рӯзноманигори касбӣ буданаш, мо ба ин назарем, ки ӯ назокатҳои муошират ва муносибат бо мардумро ба инобат мегирад.
Ҳадафи мо ободии як минтақа ё ноҳияи диёр аст. Абдуқодир Талбаков, ки аз худ ҳамчун шахси фарҳангӣ, зиёӣ ва журналисти касбӣ дарак додааст, мехоҳем бидонем, ки талаботи мардум аз ҷониби Шумо дастгирӣ меёбад ё не.
Сару садоҳои зиёде ҳастанд, ки ҳеҷ раиси ноҳияе бидуни додани пора ба мақоми болоӣ ба курсии ин вазифа нишаста наметавонад. Хоҳиш ва талаби мардум бефоида ҳастанд. Мо тавассути ин мактуб донистан мехоҳем, ки то чӣ андоза роҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон хоҳиши мардумро ба инобат мегирад.
Агар барои вазифи раиси ноҳия пардохти маблағ дурӯғ бошад, пас ин пешниҳодро рад нахоҳед кард ва ӯро ба ин мақом интисоб ё таъин менамоед ва ба миллат нишон медиҳед, ки шумо воқеан барои некуаҳволии миллат ва шаҳрвандони он саҳми арзандаеро мегузоред!
Аз ҳамаи онҳое, ки ҷонибдори он ҳастанд, ки ҷаноби Абдуқодир Талбаков ба мақоми раиси ноҳияи Фархор ба ҷои фаҳҳош Сулаймон Вализода таъин гардад (+++) –ро дар зери ин номаи саркушода гузорад.
Дар ҳолати ҷонибдорӣ ёфтани Абдуқодир Талбаков ва ҷамъ шудани 500 адад имзо, бо як номаи саркушода, ба раисҷумҳур Эмомалӣ Абдурраҳмон муроҷиат хоҳем кард.
То бубинем, раисҷумҳур ин хоҳиши шаҳрвандони кишварашро ба инобат мегирад ва ё мисли дигар номаҳо ва дархостҳо беҷавоб мемонад!
P.S : Аз ҳама шаҳрвандони кишвар хоҳиш мешавад ба дигарон расонед, то аз муҳтавои нома огоҳ ва ризояти худро бо имзои (+++) дар фейсбук гузоранд ва ноогоҳонро хабардор намоянд. Барои бунёди кишвари азизамон саҳим бошед ва ин қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо ва шумост.
Аз мо ҳаракат ва ба ояндаи нек хушбин будан аст. Вақт онро бароямон нишон медиҳад ва ҳамагон аз он огоҳӣ хоҳем ёфт.
Бо ибтикори Муҳаммадиқболи Садриддин