Cипос ба ҳама онҳое, ки барои «Номаҳо аз ноҳияҳо» боҷуръат ва ҷасорат менависанд. Навиштаҳои шумо мисли нештар ба қалби масъулину маъмурини режими Раҳмонов дар маҳалҳову манотиқ мехалад. Инҳо мехоҳанд, ки касе ба корашон хурда ва эрод нагирад ва орому сокит дуздӣ кунанду пора хуранд, вале нигоштаҳои шумо, маълумотҳои шумо онҳоро водор мекунад, ки аз пайи ислоҳ ва рафъи камбуд шаванд. Барои ҳамин бештар бинависед.
Дар ин навбати барнома се нома аз ноҳияи Восеъ, як нома аз пойтахти мамлакат ва номе дигар аз Обигарм дорем, ки ҳар яке аз онҳо роҷеъ ба камбудиҳои минтақаи зисти худ маълумот додаанд. Муаллифиони обигармӣ навиштанд, ки баъди нашри номаи қаблии онҳо хеле аз камбудиҳоро мақомот ислоҳ кардаанд. Мо, пайваста ин нуктаро, ки мақомот ногузиранд ба навиштаҳои Ислоҳ вокуниш нишон диҳанд гушнишон кардаем.
Вале, дар ин авохир муаллифони мо аз навоҳии Масчо Спитамен, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва Зафаробод аз вилояти Суғд, Левакант, Муминобод, Бохтар, Ёвон, Норак аз вилояти Хатлон коҳилӣ мекунанд ва камтар навишта истодаанд. Мо, аз шумо даъват мекунем, ки навиштан ба Ислоҳро кам ва қатъ накунед. Мо набояд бигзорем, ки ин режим ва намояндаҳои вай фориғболӣ кунанд. Ончики шумо менависед, худ маънои ширкат ва ҳамроҳӣ ба муборизаро дорад. Бо «Ислоҳ» бошед,то зиндагиамонро дигаргун созем
Восеъ
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!
бародар ҳамаи номаҳо аз ноҳияи восеъанд номаи .
Номаи 1
Раҷабзода Ширинбек дар ноҳияи Восеъ дар уголовний розиск кор мекунад: «шабу рӯз патсанора меқапад барои ришашон, сум талаб мекуна, сумошона мегира ва агар, ки кадомиш сум надошта бошад, ё сумш ната аделш мебара, карочи суткаш метан яъне махкамаш мекунанд».
Вақте ба отдел-шуъбаи умури дохилӣ мебаранд, онҷо боз бо ду милисаи дигар
Аҳмади саркал ва Ғаффоров Шодӣ телефонҳоро мегирад, мекобад, ки ту «Муҳаммадиқбола тамошо кардай ё не? Ба номи Аллоҳ хдшон мегиран лайк ё падписатса мекнан, бад пастава мекнан. И патсано меган ҷаноб дар баромадаш гуфтак, ки барои лайк падписатса ҳичи наген, шумо гапи ҷаноба намегирен? мега ура ҷаноб барои худнамоишӣ суханронӣ кардааст. Бо ту к@и оча, модарта фалон кнем,ту бо мора гап нишон мети. Ва и ақоратора ҳамаш мекунанд, сум мекананд».
Боз мегуянд,ки «аму Муҳаммадиқбол очатона б@я к@аш да к@тон,чаро дастгирӣ мекунен,у хоини миллатай».
Ширинбек, Аҳмади кал ва Шодӣ патсанҳои тарсончакро як намуд тарс медиҳанд ва бо ин роҳ суми бисёрашонро мегиранд. Сипас Раҷабзода Ширинбек бо Аҳмади кал ва Шодиву дигарҳо сумро тақсим мекунанд. Бовар кунед,ки дар ҷонамон задаанд.Риш як ҳафтаина бошад меқапад мебарад проблемат мекунанд.
Илтимос, дар бораи ин худозадаҳо гап занед.
Бародар Муҳаммадиқбол худо зафарат диҳад. Забонатро бурро гардонад. Мо дигар намедонем, ки дар куҷо шикоят кунем, ҷонамон дар нуки биниамон омадааст.
Номаи 2
Дар ҷамоати Абдӣ Авазов Ашуров Далер раис мебошад. Ин Далер деҳқон буд, пахта об медоду мегашт. Амакаш Раҳим ном дорад. Бо Қурбоналӣ Мирзоалиев дӯсти наздики ҷаноб ва Бег Сабури қудои Раҳмонов ранги акаву додаранд. Яъне кришааш Мирзоалиев ва Бег Сабур мебошанд. Дар ин ҷамоат як камбағал раис шуд, Сулаймон ном дошт.Чанд моҳе раисӣ кард, ки ин Ашуров Далер Душанбе рафт ба назди амакаш ва бо ҳамроҳии амакаш назди Бег Сабур рафтанду 100 ҳазор сомонӣ доданд. Ба Бег Сабур гуфтаанд, ки «шумо қудаи Ҷанобен, аз дастат меояд, ин пулҳоро гир манро дар ҷамоати худамон раис монед». Бег Сабур хуб шудааст, гуфтааст ва гуфтааст, ки рав фармонатро интизор бош. Моҳ накашид, ки фармонаш баромад. Он раиси камбағалро аз кор гирифтанду Ашуров Далерро дар ҷои вай дар ҷамоати Абдӣ Авазов раис монданд.
Баъди раисӣ Ашуров Далер аз ӯзбекҳо 15 ҳазорӣ гирифтааст, ки бачаҳотоян хизмат намераванд «ман ҷавоб мегуям».Вале бачаҳои узбекҳоро облава қапида бурд хизмат.Падарони узбекбачаҳо ба тарафи Далер яъне раиси ҷамоат гуфтанд, ки ту 15 ҳазориро гирифтӣ, бачаҳоямонро хизмат бурданд, суми моро бар бигардон бидеҳ. Далер мегуяд, ки ба шумо сум –пум нест, равед дар куҷое шикоят мекунед бикунед. Сипас, падарони ин узбекбачаҳо назди началник милиса рафтанд вале началник милиса гапашонро нагирифт, боз прокуратура рафтанду шикоят карданд, прокурор ҳам гапашонро нагирифт. Дигар намедонанд, ки ба куҷо шикоят кунанд,ки Ашуров Далер, раиси ҷамоати Абдӣ Авазов суми онҳоро барбигардонад. Ин раис соати 1 ба 2 шаб дар роҳ ба тарафи ҷамоат рафта истода будам, ки дар пеши ҷамоат як мошин Опел астраҷи истод. Ман дар ҷои торикӣ будам, онҳо маро намедиданд. Истодаму нигоҳ кардам, ки аз даруни мошин раиси ҷамоат, яъне Ашуров Далер бо ҳамроҳии як духтар фаромад ва боз як инвалиди дигар. Ин инвалид таксии ҳамин раис аст. Ин инвалид, ки Нуралӣ ном дорад бо чигас мегардад. Инвалидро дар пеши дарвозаи ҷамоат қаловур монду худаш бо ҳамроҳии духтар ба ҷамоат даромаданд. ,убинед,ки кор то куҷо ҷазир аст, ки дар корхонаи давлатӣ арус меораду ними шаб зино мекунад.
Бародар Муҳаммадиқбол, ба фикрам ин ҷаноб худаш иҷозат додагӣ аст ки дар корхонаи давлатӣ зино кунед. Дар кабинеташ як дивани як одама дорад, дивани якодама незаметний аст.
Як рузи дигар дар дискотекаи ҷавонҳо будем. Яке як ахранаи дискотека гуфт, ки «ҳамада ҷавоб, дискатекада меҳмон дорем имшаб, бачаҳо бахшиш пага шаб биёен». Ба берун баромадем дидем, ки раиси ҷамоат Ашуров Далер бо началники милисаи Муминобод ва началники милисаи ноҳияи Восеъ ва хоҳарзодаи Юсуф Раҳмон, ки Одинаев Кароматулло ном дорад даромаданд. Баъдан ман назди охрана рафтам ва уро ба гап гирифтам. Аз пеши дар нигоҳ кардам, ки раққосаҳои дискотека ҳамааш дар пеши ин худозадаҳо рақс доранд. Ашуров Далер бо хоҳарзодаи Юсуф Раҳмон пачкаи сумро бароварда дар болои раққосаҳо чолчала доранд.
Ба ин худозадаҳо гуфтаниам, ки «аз у чолчалада мемуранд равен як камбағалда бтен савоб бгирен».
Бародар Муҳаммадиқбол, хоҳиш мекунам, ки чоп кунед ин гапҳоро то мардум фаҳман, ки инҳо кианд ва аз корҳои ҳароми ин ҳаромиҳо огоҳ шаванд.
Номаи 3
Дар ин нома, ки кутоҳ ҳам бошад дар бораи як нафар фиребгар менависам, ки номаш Шакуров Барик аст. Шакуров Барик аз ҷамоати Абдӣ Авазов мебошад. Суми халқро гирифт, ки учаскаи наздиҳавлигиатон медиҳам. Аммо участкаамон надод. Даже сумҳоямонро намедиҳад. Кришаи ин Шакуров Барик Бег Сабур, раиси собиқи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Мо, халқ дар куҷое жалоб мекунем гапамон намегузарад. Вақте онҳо медонанд,ки кришааш Бег сабур аст як мақомот корамонро буд намекунад, арзамонро намешунавад. Мо,он сумҳоро аз шохи дарахт начиндаем, ба меҳнати ҳалол кор кардаем, баъзеҳо қарз гирифтаанд.
Илтимос бародар ин номаи моро чоп кунед, дар борааш гап занед, ки чораашро бинанду ин Шакуров Барик сумҳои моро барбигардонад.
Душанбе
Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин. Сокини Душанбе ҳастам. Чанд вақт пеш аз Душанбе омадам ба Маскав. Бовар кунед, ки ин муҳоҷират ба дилу ҷонам задааст. Мо ҳоламон аз ғуломони давраи аморати Бухоро ҳам бадтар аст. Мо дар ватани худ ҳама чизро дорем, ки дар сурати истифодаи дуруст метавонад ҷилави муҳоҷирати даҳҳо ҳазор нафарро бигирад. Масалан мо конҳои тилло дорем, конҳои ангишт дорем, ГЭС –ҳо дорем, аммо мо то ба кай мо ғуломӣ мекунем. То кай?
Валлоҳӣ аз ҷонам сер шудагиам. Шабурӯз дар ин фикру хиёлам, ки бачаҳои ман ҳам ҳамин ҳолу аҳвол мешаванд?
Ман, бародар Муҳаммадиқбол, ҳар касеро бинам, бо чи намуд одаме ҳамсӯҳбат шавам, мешинаму мефаҳмонам, ки ҳаёту зиндагӣ ин хел нест, набояд ин хел бошад. Агар мардум ҳама ҳамин хел бикунанд, ҳама одами дидагиашро бифаҳмонад, валлоҳи мардум мефаҳмад. Мардумро мо бояд фаҳмонем, ки дигар набояд хап кард.
Ман ва мисли ман садҳо ҳазор дар ҳамин Русия ғуломем. Раҳмонову чоплусонаш мегуянд, ки шукри истиқлол ва шукри ватан кунед, ки чунин ватани ободу зебо доред. Вале ман дар ин ватани ободу зебо на ободӣ мебинам на зебоӣ. 10 сол зиёд мешавад, ки меравам меоям. Ман кай рӯи зану фарзандамро ба серӣ мебинам? Чаро ман дар ватан кору зиндагӣ пайдо карда наметавонам. Бовар кунед, бародар нав аз Тоҷикистон омадам. Дар аэропорт саг қадр дораду тоҷик не.
Мебинам, ки баъзе беномусҳо боз шеър ҳам мехонанд. Э,худо бигирадатон ба ин ҳоли зиндагӣ. Чи шеър мехонед? Биёд биравем ватан, биёед якҷоя шавему бихезем, ватанро озод кунем. Як Эмомалӣ кӣ аст?Гирифтани вай ҳиҷ чизе нест.Эй мардум ҷамъ шавед.
Мо бояд то кай хап кунем. Шерони нарамонро аз даст медиҳем. Ҳатто журналистҳоро бегуноҳ бурда турма кард. Ҳамаамон мурғ шудаем.
Валлоҳӣ, мардум, агар мо ҳамин хел хап кунем, шермардони мо дар даруни турма ҳамин хел мемуранд, онҳоро мо аз даст медиҳем, ҳамаамон ғулом, ғулом ғулом мемонему фарзандони мо ғулом мешаванд. Майлаш, нобути худамон, ояндаи фарзандонамон чи мешавад? Э, ҳамин ғарибӣ чӣ ҷои хуб дорад. Валлоҳӣ, ман агар дар Тоҷикистон 30000 бигирам аз рангу рӯи ҳаминҷо безорам. Аз рангру рӯи Русия ман безорам. 30000 рубл агар дар Тоҷикистон бигирам,вале бародар охир кор нест дар Тоҷикистон. Мардум намедонанд чи кор кунанд?
Ё, Аллоҳи меҳрубон ҳамин Эмомалиро хору залилуш бигардон.
Э, Аллоҳи меҳрубон «ира накуш, ира хору залилш бигардон.
Э,Аллоҳ ҳамин одам дар турмаи Кирпичний бпусад.
Наход шумо як занро баред ай тифли ширмакаш ҷудо кунед Рухшона Ҳакимоваро. Э,шумо имон надорен. Валлоҳӣ, дар Тоҷикистон инқилоб шавад, бимирӣ шаҳид мемурӣ. Бародарҳо главний бароямон динамон аст, динамонро аз даст додем. Фарзандамро наметавонам аз дасташ бигирам масҷид барам. Мегирӣ, мебарӣ, милиса мегирад мебарандат отдел. Чи кор мекунӣ ака, мепурсӣ? Мегуяд кудак даромаданаш ба масҷид манъ аст. Э,мардум, мо то кай хап мекунем?
Э,мардум дар шумо ҷонам. Як ҷойи кор надорем, ба нони хурдан зор. То кай интавр хомушӣ. Ин Эмомалӣ кӣ аст? Валлоҳӣ, агар 20 000 нафар ҷамъ шавем аз Тоҷикистон мегурезад меравад. Полний тайёр аст.
Э, мардум ба худ оед!
Дар ҷонум задааст ҳамин ғарибӣ, ҳамин ғуломӣ, ҳамин Росия. Намедонам, ки фарзанди худам чи хел калон шуда истодааст.
Валлоҳӣ бародар «пага бхе бра дар пеши Сомонӣ инқилоб кун, валлоҳӣ мерам дод мезанам, заррае агар ма тарс дошта бошам,аллоҳ мара хору залил бигардонад».
Озода, Тахмина,Рухшона,ҳоло шумо ҷавон ҳастед, ёшед. Магар намебинед, ки падаратон як зани ҷавонро аз тифли ширхорааш ҷудо кард. Иншоаллоҳ, дар оташи дӯзах месузад падари шумо.
Иншоаллоҳ ин мардуми мо мехезад, ман бовар дорам ва он гоҳ Тахминаҷон, Озодаҷон шумову фарзандонатон дар ҷойи он зан кунҷи зиндони занонаи Норак меравед. Шумо як дунёед, бар падари ҳамат лаънт намедонам дигар номи кадомеатро бигирам перепутат мекунам.
Э, оқипадари Раҳмонов! Як бор фарзанди худут ай худут дур биистад чи мешавад, як бор аз фарзанат дур бишавӣ чи мешавад.
Э,судяе, ки ҳукми Рухшона Ҳакимоваро додӣ,аз тифли ширмакаш ҷудо кардӣ, бар падарат лаънат, хонат бсуза.
Иншоаллоҳ инқилоб мешавад, ана ҳамин судяи бадбахте, ки хоҳари азизро аз фарзандаш ҷудо ва 8 сол турмаш кард, мо бояд пожизнений тюрмааш кунем, ки ин хоҳар Рухшона ҳашт сол фарзандашро намебинад.
Валлоҳ, агар ҳамин Рустами Эмомалӣ ба қудрат биояд моро мурданамон беҳ: «мара да ҳамун группаҳо қуш кун, бародар, да,любой кор тайёрум. Паспортма мегирум суратша роӣи мекунум, дар любой кор қуш мешум, ака,любой кора мекунум».
Бародар 1000 раҳмат, ки ҳама корро мекунӣ барои ин миллат.
Ман хизмати сарбозӣ анҷом додагиам. Як чизро мегуям. БМПро завадит мекунем то пеши дарро мерафт мемурд, мо тела карда, тела карда меовардем. Ҳар чи техникае ҳаст дар Душанбе ҳаст. Аз тарафи Хуҷанд меравӣ БМП завадит намешавад, ҳар рӯз ҳамин ҳол, показуха мондагӣ. Пагоҳ ягон ҷанг шад мо чи кор мекунем? Камаз завадит намешавад, ба чашмонам дидагиям. Ҳама техникҳояш аз асри 19.Аҳволи салдатро мебинӣ гиряат меояд.
Солҳои 2013-2015 части 04 533 командир капитан Каримов буд. Валлоҳӣ,як намуд солдатҳоро азоб медиҳад.
Сум барои садрӯзагӣ ҷамъ кардем. Вақте дембл шудӣ сад рӯз мемонад, садрӯзагӣ мегуфтем. Пулҳоямонро полний гирифт. 22 ҳазор сомонӣ буд. 22 дембл будем, 1000 сомонӣ ҷамъ кардем, ҳамаашро гирифт. Солдатоҳоро хонаи беваҳо роҳӣ мекард, брои кор. Аммо беваҳоро худаш меовард «истифода» мекард. Валлоҳӣ агар дар Тоҷикистон ҷанг шавад, аз дасти ин сарбозу афсарҳо ҳеҷ кор намеояд. Мардуми мо дух дорад, мехезад перёд меравад.
Ягон БМПамон завадит намешавад, то пеши дар мерафт,боз солдатҳо телатела карда меовардем. Пагоҳ, худо нахоста ҷанг шавад чи мешавад ин Тоҷикистон. Вақте сарбоз будам фақат ҳамин фикрро мекардам.
Солҳои 2013- 2015 генерал Абдуҳалим Назарзодаро, ки куштанд, он солҳо мо хизмат мекардем, части мо омада буд. Инсони бараҳм буд, сарбозҳоро дуст медошт ба онҳо хушру рафтор мекард.
Част зиёфат орост. Банкаҳои компоту мурабборо бароварданд. Командирамон капитан Каримов гуфт «ман очаҳотона фалон мекунам агар якеи ҳамин банкаҳоро ҳуй мекунед».
Банкаҳоро дар багажи мошин мезаданд, рост хонаҳояшон мебурданд. Орд, руған, шакар, биринҷ гречка, макаронро рост хонаҳояшон мебурданд. Солдатҳо як ҳоли зор доштанд. Солдатҳо фақат дар хонаҳои беваҳо нони серӣ мехурдем. Онҷо як ҳолу рӯзе буд, бародар. Ман бо ин ҳама азоб ва муҳоҷир буданаму бекориям ва дур аз зану фарзандам фикр мекунед ин Раҳмонов ва ҳукумату оилаи ҳароми ӯро ҳимоят мекунам ? Ман аз аввалин нафарҳои зидди ӯ ҳастам ва қариб ҳама шаҳрвандон мисли мананд. Танҳо вақти муносибро интизоранд.
Обигарм
Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин!
Як нома аз як гурӯҳ модарони шаҳраки Обигарм равон карда будем. Ҳоло боз як номаи дигар равон мекунем.
Мо, як гуруҳ заноне, ки ба шумо нома фиристонда будем, бародари роҳи ҳақ, ки шумо номаи моро нашр кардед. Шикоят аз мактаби рақами 3 Обигарм, дар бораи муаллимҳову муаллимаҳо. Ин ҳаромхурҳо, як моҳ шуд,ки мактаб сар шудааст, боз безорамон кардаанд.
Мо модарҳо ҳаррӯз пули сталовий, пули рузнома-обуна, пули ремонт медиҳем. Боз инҳояш бас набуд, бо рузи 5 число иди муаллимҳо будааст. Ба сабабе, ки ин ид дар рузи якшанбе мешудааст, дар рузи шанбе монданд ва дар рузи 4 октябр безорамон карданд.
Ба куҷо арзу шикоят кунем намедонем. Агар саркашӣ кунӣ боз дарҳол аз мақомот тарс медиҳанд. Ин мақомоти ҳаромхур гуш ба қимор нигоҳ дорад, ки шикоят шавад ва дарҳол дари хонаҳоямонро мегиранд ва ба як сиёсату дағалгуфторӣ гунаҳгор мекунанду сум мегиранд.
Бародари азиз ҳоло ҳам об надорем. Дар хонаҳои этаж, дар сексияҳо дар як сутка 2 соат об медиҳанд. Гуфтанд об барои шаҳри Роғун аз ноҳияи Файзобод оварда истодаанд. Ҷаноб биёяд лентаи онро мекушояд ва он вақт об барои Обигарм фаровон мешавад. Аммо ҷаноб Файзобод омад, ҳеҷчи нашуд.
Бовар кунед, ки мардони муҳоҷирамонро ҳам безор кардагианд. Сум ҷамъ карданду садик-боғчаи кудаконро таъмир намуданд, боз сум ҷамъ кунед, роҳро таъмир кунед, сум ҷамъ кунеду мактабро таъмир кунед, безор шуданд ҳамин мардуми мо.
Кай рузе мешавад, ки озод шавем. Худованд нигаҳбонт бошад бародари азиз Муҳаммадиқбол. Худованд доим болои миллати тоҷик нигаҳбонт бошад, ки дарди мардумро ба гуши кари ҳукумат мерасонӣ.
Дар куҷое як даҳмарадаи бесавод бошад ҳамчун милисаву амният ба Обигарм равонашон мекунанд. Аммо як моҳ пас мебинӣ, ки соҳиби хона, соҳиби мошини қимат мешаванд.
Бародар баъди он номаи чоп намудаат хеле дигаргунӣ шуд ва натиҷа ба даст омад. Дар мактаб камера заданд, дигар пули китобҳоро тамоман ба даст намегиранд, чек медиҳанд, мегуянд пулро бурда дар банк супоред.
Лекин ҳоло талабҳоро сахт мегиранд, ки барои ину он сум оваранд. Ин шо Аллоҳ инаш ҳам оҳиста-оҳиста аз байн меравад.
Бародари азиз, барномаҳоятро бо оилаам тамошо мекунем, лайк мемонем, коммент менависем.
Саломат бошед.