Ношукрӣ (қисса)

Ислоҳ нет

Робия. Аз номаш маълум, ки духтари чорум аст дар оила. Хайрият болои ҷаҳл бо фикри он, ки аз паяш боз духтар таваллуд нашавад, номашро Истад, Басанда, Тӯхта, ё Набувад намонданд. Ба дунё омадани Робия фақат модарашро хурсанд кард, зеро барои модар фарқе надорад, писару духтар, ҳамааш фарзанд аст. Падар бошад, барои тӯй халтаи биринҷу равғану гӯсфанди парвардааш тайёр буд. Ду бародар якҷоя нияти тӯй карданӣ доштанд. Руҷӯи дубораи ислом дар Тоҷикистон на он қадар дар зеҳни мардум ҷой дошт ва ҳанӯз намедонистанд, ки барои  духтар ҳам ақиқа бояд кард.

 

Рӯзҳо ҳафтаву моҳ шуданду Робияи сафедаки лоларухсор роҳравӣ оғоз кард. Аҷиб ин ки хаста шуда, худи одами калон барин оҳ мекашид. Модараш ҳамшираи шафқат аст ва ин ҳолат хуб набуданашро нағз мефаҳмид. Боре аз шавҳараш пурсид, то ба духтур нишонаш диҳанд. Ҷавоби шавҳараш шикофандаи ҷигараш шуд.

 

– Яктояк духтар надорӣ – ку?! Як камаш духтурдавакам монда буд, ки духтари чорумам хаста мешаваду оҳ мекашад….
Ноилоҷ монд модар. Як соли дигар сипарӣ шуду эҳсос кард, ки боз ҳамл дорад. Баҳонаи хубе пайдо гашт, то модару духтар ҳамроҳ ба муоинаи духтур раванд. Духтурон мӯҳлати ҳамли модарро думоҳа муайян карданд, аммо мӯҳлати умри Робияро ҳам зиёд не. Боварии модар намеомад, ки чашмакони бо умед милтирос зада истодаи духтараш якчанд сол пас пӯшида мешаванду дигар кушода намешаванд

 

Ба хона овардани як хабари хуш ва як хабари бад хеле гарон шуд, ки модар базӯр – базӯр бегоҳӣ даромада омад. Ҳомиладориашро ба шавҳараш гуфт ва ташхиси ултрасадоиро низ, ки ҷинсашро писар муайян карда буд, башорат дод. Шавҳараш хурсанд шуд. Як ҳафта табассум аз лабонаш дур нашуда, дилат чӣ меҷӯяд гуфта, эркадориҳои дар умраш накардаашро ҳам кард. Ҳатто Робияро бардошта, як ба чойхона назди ҷӯрахояш рафта омад. Субҳи дигар як миқдор пул ба дасти занаш доду гуфт:” Хез акнун, як бор Робияи ҷони додоро ба духтур бар. Ин қадар зери чашмонаш кабуд метобанд? Лабҳояш низ кабудтоб”
Зан як оҳ кашиду гирён – гирён ҷавоб дод: “Бурдам ба духтурхона. Бисёр умраш вафо кунад, даҳ сол будааст, шояд камтар ҳам бошад. Дар қоғази ташхис парог сердца навишта дод”
Падар як қад парид, авзояш вайрон шуд, ғазабу гиряаш баробар омаданд, аммо чӣ кор карданашро намедонист.

 

Хабари бад тез паҳн мешавад. Дар як рӯз ҳама фаҳмиданд, ки Робияи хандонрӯй меҳмон аст.

 

Аслан ҳама мехонем, локин мизбон каме вафо карда, аз кӯчаҳои пирон назар мекард,…
Э не, қалами қазо навиштаҳояшро тағйир намедиҳад. Офаридгори қалам беҳад бузург аст. Ҳикмат дорад, ҳиммат дорад.

 

Писардор ҳам шуданд, тӯй ҳам карданд, орзӯ ҳам шикастанд, аммо он рӯз падар писари туйиро неву Робияро рӯйи даст бардошта гашт. Писар ҳам рохгардак шуд, шӯх шуд, косаву пиёла мешикаст, якто гул шукуфад, якто канда мепартофт, мезад, мекуфт, медавид, меафтоду меафтонд, хуллас, писар буд.

 

Духтарҳо пайи ҳам мактабхон шуданду навбати Робия ҳам расид. Равад, хаста мешавад, наравад, дилшикаста мешавад. Ҳар ду ҳолат ҳам вобастаи дили кӯчаки кӯдак буд, ки шояд охирин лаҳзаҳои тапидан дошт

 

Хайрият мактаб наздик буд. Хоҳарон мактабро хуб мехонданду Робия аъло. Ҳусни хаташ аз ҳама беҳтар буд. Сураташро ба тахтаи фахрӣ миёни ситорача бароварданд. Рузномааш баҳои ” 4″ – ро намешинохт. Бори аввал дар маҷлиси падару модарон падар иштирок карду боифтихор таърифи фарзандашро шунид, аммо шодӣ накард, балки гирист.

 

Ҳама ҳайрон – ҳайрон нигоҳ карда монданд. Се сол мактаб хонд Робия. Даҳсола шуд, қад кашид, хушрӯй шуд, саломатиаш беҳтар шуд. Рӯзи мавлудаш падараш як торти калон фармуду ба мактаб бурд. Ҳай кӯдакон хурсандӣ карданд. Бегоҳ дар хона оши палав пухтанд, хурсандӣ идома дошт, ҳарчанд мавлуд қайд кардан дар урфи оилаашон набуд.
Баъди тановул падар аз Робия пурсид:” Ҷони додо, дилат дар куҷоят?”
Намедонам, гуфт Робия. Падар завқ карду баланд хандид.
– Духтур Худо нест, духтур ягон балоро намедонад, духтур номаъқул кардааст…
Падар баланд-баланд ҳарф мезад, модар пасту номаълум гиря мекард.

 

Се соли дигар гузашту то рафт ақли Робия комил шуда, дар бораи саломатиаш хеле мефахмидагӣ шуд. Тез-тез ба муоинаи духтур рафтанашон худ аз он дарак медод, ки солим нест, доруҳои пурқиммат ҳам аз бисёр чиз дарак медоданд, чунки мехӯрду хеле мехобид. То ба мактаб рафтан ду-се маротиба дам мегирифт.
Тирамоҳ омад. Ба хоҳари калонии Робия хостгорон меомаданд. Ниҳоят ба ҷавоне фотеҳа карданд.

 

Либосҳои арӯсии хоҳарбузургашро ба дӯзанда мебурданд, ки Робия ҳам мерафт. Одати аҷибе буд он солҳо, ҳамранги либос аз матои боқимонда тоқии арӯсона медухтанд, ки мӯҳраҳои шилшиладор дошт. Робия зеҳн монда хеле нигарист, ки чи тарз дӯзанда тоқӣ месозад, баъд омӯхт. Дере нагузашта дастонаш моҳир шуда рафтанду барои арӯсон тоқӣ дӯхта медод, маблағ ҳам кор мекард. Бо андармонии тоқидузӣ дардаш каме фаромӯш мешуд. Хонаеро барои худаш оросту пур аз мӯҳраву ҳар хел тоқӣ кард. Он тирамоҳ  хоҳарашро домод бурд, маъракаҳо гузаштанд, баҳор омад. Баҳори охирини Робия будааст. Охирин лаҳзаи зиндагиаш беҳад зебо шуда рафт. Лабони сурхи ақиқ, чашмони атрофи пилкҳо кабудтобаш чун сурма, рухсори лолагунаш аниқ пардоз кардагӣ барин буд. Дар ҳамон хонаи оростааш хобониданд. Чордаҳсола шуду чашм пӯшид. Қабл аз нафасҳои охирин, ки атрофаш пур аз хешу табор буданд, ба модараш нигоҳ карду гуфт:” Модарҷон, ман тайёр шудам?”
Модар ҳайрон монд. Бибиаш ҷавоб дод: “Ҳа Робияҷон, тайёр шудӣ”
Зери лаб пичирос зада чизҳое гуфту ором шуд.
Падар наздиктар рафту инони гиряро сар дод.
– Духтар гуфта ношукрӣ кардагӣ падаратро бубахш, духтарам!

Духтари хуб ба ҳар банда муяссар нашавад,
То ки берун зи садаф донаи гавҳар нашавад,
Дидани рӯйи хубаш бе зару зевар нашавад,
Ҳаст дар боғи латофат гули хандон духтар.

Шифо

Share This Article