Нота ба Эмомалӣ Раҳмонов

Ислоҳ нет

                      

      5 октябр бояд ҳамчун рӯзи сиёҳ дар тақвими давлати Тоҷикистон сабт бишавад ва дар ин рӯз   парчамҳои давлатӣ пойин фароварда шаванд. Баргузории барномаҳои фароғати ва дигар чорабиниҳои хурсандӣ ҳам бояд қатъ карда шаванд. Чунки нафаре ба дунё омадааст дар ин рӯз,ки инак 28 сол мешавад, миллат ва давлати тоҷик аз дасти ӯ рӯзи хуш надорад ва рӯзгораш тираву тор аст.

 

    Дуруст пай бурдед,ки инҷо сухан аз Э. Раҳмонов меравад,ки имрӯз рӯзи таваллудаш аст ва 67-ро пур карда ба 68 қадам ниҳод. Аз ин умри 68-сола 28 соли онро дар қудрат сипарӣ кардааст.Вале аслан дар фикри ба нафақа баромадан, бознишаста шудан, дам гирифтан, давлати пирӣ ронданро надорад, балки баракс, қонун бароварда қасд дорад,ки раиси “пожизненний” шавад-“то мурдан”. Ҳарчанд вай мегӯяд,ки “ден рождений”-ро ҷашн намегирад ва “одами маст рӯзи таваллуд ҷашн мегирад” аммо  ман мегӯям,ки ин суханонаш мисли гапҳои дигараш дурӯғи маҳз аст. Вай дар дурӯғгӯӣ устухон надорад, устод шудааст. Агар барояш “ден раждени”-аш беаҳамият буд, рӯзи қабули Қонуни забони давлатиро иваз карда оварда ба рӯзи таваллудаш намечаспонд. Забони оламшумули ин миллат куҷо ва ту куҷо? Ин миллат барои ин забон шаҳид доданд,зиндонӣ шуданд он солҳо ту мухолифҳам буди.Имрӯз шарм нокарда ҳама ифтихор ва дору мадори миллатро ба худат рабт медиҳи.Ифтитоҳи калонтарин масҷидро ҳам махсус барои ҳамин сана мувофиқ намекард. Ҳатто як сол  ё ду соли пеш ҳамчунин ҳарфу ҳиҷоеро пеш оварда буданд, ки 5 октябр Рӯзи миллат эълон шавад. Аслан дар дурӯғгӯӣ,чуноне гуфтам, сахт устоду моҳир шудагӣ аст.

 

Ёдатон бошад, ҳанӯз дар иҷлосияи сарнавиштсӯзи 16 дар Хуҷанд дар соли 92 гуфта буд,ки Тоҷикистон тинҷ шавад, тарки вазифа мекунам. Имрӯзҳо аз ин суханаш аслан ёд намеоварад. Ва,фақат ин нуктаро таъкид мекунад,ки гуфта буд,то охирин тоҷикро аз хориҷа ба ватан наоварад, дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ пойдор нахоҳад шуд. Ҳоло боз дубора аз он солҳо чор маротиба бештар тоҷиконро берун аз ватан ва ғарибу овора кардааст. Агар он солҳо 840 ҳазор тоҷик овора буд, ҳоло тақрибан се миллион тоҷик овора дарбадар,хору зор,чурка,Ҷамшуд ва Равшан шудаанду сангинтарин ҳолу рӯзро доранд. Бигзарем аз ин ҳама. Инҷо бахшида ба рӯзи таваллудаш,ки ҳоло дар ҳалқаи оила ва наздиконаш қонуни танзимро тамоман нақз карда ҷашн мегирад магар онро Раиси кумитаи дин Сулаймон Давлатов медида бошад? Ё қонуни танзим ба мардуми камбағал татбиқшаванда аст? Агарчи хуб медонам дар ин рӯз дақиқан, ки арақи бисёре ҳам мехурад,чанд нуктаеро барояш мехоҳам таъкид намоям.Кушиш мекунем, ин нота дар аввали рӯз барояш расад қабл аз сархуш шуданаш.

 

   Аввалин коре,ки дар сари мизи калону бузурги пур аз ғизоҳову нуқлу навову газаку арақу шаробу кабоб менишинӣ бояд,ки ба гузаштаат, ҳади ақалл ба 29 соли пеш як сайри хиёлӣ кун, ки чӣ будиву кӣ шудӣ? Size костюму пиджакат, ки ҳоло 78 аст, пеш 48 ё хуб,ки 50 буд. Вай ҳам бист размер калон шудааст. Диаметри гарданат ва даври камаратро чен намо. Ғабғаби занахдон ва лунҷҳои овезони ҳардуи бари рӯят гиреҳи галстукатро пинҳон мекунад. Пашми қошҳоятро бубин, ки чарб мекунӣ, ранг мезанӣ, клей мешакӣ, аммо…..хуб,ки дигар солат рафтагӣ аст. Аммо аслан рафтанӣ нестӣ. То мурдан, мудомулумр. Ман ёд дорам, ки дар маъракаҳои мо “депе-добавка” медоданд барои одамҳое, ки дер сер мешаванд Фикр мекунам тамоми депеҳои Тоҷикистона хӯрдаиву  ҳеҷ не ки сер шавӣ. Минут ба минут оруқ мезаниву  аммо дилату чашмат сахт гушна. Иллики  дасту поҳоят холӣ.Иллик дар вақти бачагӣ пур мешудааст. Касе, ки дар бачагӣ илликаш пур намешудааст, ранги худат, аз саҳар то бегоҳ, ҳатто 28 сол президент шавад ҳам сер намешудааст. Наход то мурданат президент истӣ? Шӯри пешонии мо. Чашмаки ман чашмки Азроил гуфта мешинем.

 

Вале, охир давлат пенсия барои чӣ баровардааст? Ойлики пенсионериро ҳам маълум, ки мегирӣ. Одам, ки синаш ба нафақа расид, дам бояд бигирад. Дами пирӣ мезанад. Кай ту дам мегирӣ? Истироҳат мекунӣ? Ё дилат қарор надорад, ки ту биравӣ Шамсуллову Ҷамолиддину  Зоиру Ашрафу Рамз чи кор мекунанд? Байни ҳам созиш карда наметавонанд? Рустам ҳаст ку? Қонуни таги поҳояш туғрӣ кардӣ, идора карда рафтан мегирад. Бо худат, ки мудомулумр шудаӣ, бо қонуни Пешвоят. Ҳеҷ чӣ намешавад. Мегарданду бизнесменҳои ката-ката шуда. Фақат инки доляро ба Рустам медиҳанд.

 

    Барои ҳамин дуввумин коре,ки мекунӣ фикри истироҳату истеъфоро бикун. Дам гир, солат ба ҷое расид. Худову расул гӯ.Гоҳ нағмау усул гоҳ Худову расул. Фақат нағмаву усул намешавад. Оқибати нохуб дорад. Аз он дунё умед надорӣ чӣ? Аз баҳри хеле аз дӯстонат, ки арақхӯранд баро. Чун онҳо аслан ҳатто ишора барои тӯшаи он дунёят намекунанд. Онҳо фақат мухлиси суратҳисобҳои оффшориат ҳастанд. Ба суратҳисоби он дунёят кор надоранд, ки чи қадар захира кардаӣ.Чи тӯша мебарӣ. Ҳарчанд маълум, ки кайҳо сӯхтагиӣ. Лекин Худо лакбахш аст. Ҳозир фурову халқро раҳо кун. Аввал ғусл кун ва калимаатро арза карда намозхониро ёд гиру дастоятро дар болои фарҷат нагузор ва ҷонамозро партову  дар намоз рост шав.Чилликҳои поҳоят тарафи қибла намехамад, ҳеҷ гап не. Майда-майда одат мекунӣ.Секин -секин гуфти бародарони шимолӣ омӯхта мешавӣ.Ишками дар болои зонуҳо овезонат дар рукуъу суҷуд душворӣ кунад ҳам тоб биёр, об мешавад. Гардани ғафсат ҳам вақти салом додан дард мекунад. Аммо бовар кун,холисона мегӯям,ки дар номаи аъмолат навишта мешавад.Ҳозир фариштаҳо ё кироман котибин фақат дар китфи чапат навишта истодаанд, чун дар ту амали хайру ҳасаноте ба монанди донаи арзан нест. Намоз хонӣ дар китфи ростат ҳам умедворем менависанд.Тоқат кун бо Худо тақарруб ҷӯ. О, ту ҳоҷии ку. Намедонам дваждийӣ ё триждийӣ вале ҳоҷӣ ҳастӣ, зиёрат кардаӣ- Ҳоҷӣ Эмомалӣ. Шабҳо ба навбат ба набераҳоят,ки ададашон бе шумор аст ислом биомӯз,то дар ҳақат дуъо кунанд, умратҳам ба охир расида истодааст. Саволу ҷавоб кун? Рабат кист гӯ, динат чист гӯ, паёмбарат кӣ аст? Китобат чӣ аст ва аз мазҳаби Абуҳанифа (раҳ) ба онҳо биомӯз барои ту ва онҳо сӯдманд аст.

 

Кори дигаре,ки мекунӣ барои набераҳоят ҳарфи дурӯғро асло ба забон наовар. Барои мо, мардуми Тоҷикистон ҳамин қадар дурӯғ гуфтӣ, шояд ҷуволи дурӯғҳоят холӣ шуда бошад, аммо барои онҳо нагӯ. Онҳо насли нав,насли интернет. Ҳамачизро мехонанду мефаҳманд.Махсусан он наворҳое,ки мегӯӣ, маро модарам ва акаам исрор ва водор мекарданд, ки бухонам ва “одам” шавамро дида, як каме ҳам бошад, аз ту дилхунук мешаванд, чун мефаҳманд, ки гапат воҳима ва рост нест. Чунки нахонди дар вақташ ва одам мешудию миллатро ба ин ҳол намерасониди. Дар 30-солагиат базӯр дипломи ғоибона ба даст овардӣ. Ҳамонро ҳам бар ивази пиставу бодому тухми мурғу аз ҳамин қабил хурданиҳо, ки аз склади колхоз гирифта ба муаллимҳо меовардӣ. Фаромуш кардӣ, ки Талбак Назаров, ректори УДТ як устодро вазифадор карда буд, ки бароят аз устодони дигар “зачет” ва баҳо гирифта диҳад. Аслан кори курсӣ чӣ аст, реферат  чӣ аст кори дипломӣ чӣ аст, тамоман намедонӣ, ягон бор нанавиштаӣ. Ҳамкурси Худо раҳматии Сафарбекатро аз Чормағзак фаромӯш накардаи? Давомашро худат медонӣ ва ниёз ба гуфтан нест, муҳим худат  манзурамро фаҳмиди. Ин гапҳое, ки мегӯӣ хонеду омӯзед, дуруст аст, аммо ба худат сидқ намекунад ва аслан дахл надорад,чун ту аз кучаи илму, фазлу, дониш нагузаштаи.  

 

  Як шубҳаи дигар ҳам дар мавриди исрори модар ва акаат,ки туро хонондаанд ин мебошад,ки агар исрору пофишории онҳо буд, чаро пирбӯзбалла шуда солат аз соли донишҷӯ гузашта сипас ба хондан рафтӣ. Магар “заочний” хондан хондан ҳисоб мешуд.

 

“Заочнико” асосан барои диплом ба Донишгоҳҳо меомаданд, на барои хондан ва донишомӯзӣ. Мо медонем, ки худат ба як азоб ва бо зорию тавалло диплом гирифтаӣ. Он вақт аллакай дар колхоз котиби раиси колхоз буд, як чи нимчӣ баҷо ва панаҳ карда метавонист. Дар ин илм устухон надоштааст аз ҳамон бачагиаш.Аз амбори колхоз пиставу бодом бурда ба устодони донишгоҳҳо медода аст.То ки диплом гирифта “одам” шавад, на дониш омӯзад. Ҳозир амбори миллатро холӣ карда ва ба Чин дода истодааст.Барои ҳамин дуруғи маҳз аст ки Нуриддин ва Майрам ӯро хон гуфта бошанд, чун шароит надоштанд. Падар касал шудаву модар ҳам танҳоӣ мекашид. Он вақт ба онҳо на донишҷӯ, дастёр даркор буд. Онҳо асло наметавонистанд гӯянд, ки Эмомалӣ бихон. Баракс мегуфтанд,ки ёрӣ бидеҳ.

 

Рустамро ҳам, ки ба ҷои Убайдуллоев мондиву қасди додани ҷойи худатро дорӣ аз худат монданӣ надорад. Шарт мебандем, на кураторашро мешиносад ва на ягон ҳамкурсе дорад ва на ягон бор дар дарсҳо  иштирок кардааст. Чун худат дидӣ,ки нохонда ҳам мешудааст, Рустамро ҳам худат барин кардӣ.Гуфтӣ хондагиҳо чи шудан ки ту бихонӣ: – Худо тияд намегӯяд дипломро харидӣ ва ё хонда гирифт?  Одами хондагӣ ҳамин хел аст чӣ? Мераваду истироҳат ҳам мекунад. То аз дарвоза бароварда худаш омин карда аз ҷояш бармехезаду аз дар мебарояд. Аммо мисли онки туро то аз дарвоза берун накунанд, кафшоҳоятро пеш намонанд, мисли  Қаҳҳор Маҳкамов, мисли Раҳмон Набиев, мисли Аскар Акаев, мисли Қурмонбек Боқиев, мисли Ҳусни Муборак,мисли Муаммар Қаззофӣ ва чанд тани дигар аз диктотурҳо рафтанӣ нестӣ. Одами хондагӣ як фаҳму фаросат дорад. Айбу орро медонад. Рости гап, ман дар умри сарам мисли худат ин қадар одами пӯстғафси гарданкулуфт ҷонсахти қингири гапшунави баднафси пастфитрати носерамро надидам:

 

                       Дирӯз таппак мезадӣ, дар пода ҷуфтак мезадӣ,

                       Ай сустаку мустак бигӯ,ин сахткӯшӣ аз куҷо?

 

Аҷаб ин аст ки чанд рӯзи пеш ҷаласа дар бораи ҷилавгирӣ аз фарбеҳшавӣ баргузор кардаӣ. Ҳайрон шудам. Барои онки лоғар бишавӣ Стратегияи давлатии ҷилавгирӣ аз фарбеҳшавиро қабул кардаӣ. Шояд ин стратегияро барои худату бачаҳоят ва Абдуҷаббор Раҳмон қабул карда бошӣ. Хуб, воқиан, ки шумоҳо бо ин вазну чарбиҳое, ки доред бояд аз фарбеҳӣ ранҷ бибаред. Аммо миллат ва мардуми бечора чӣ? Тибқи маълумоти ахири Созмони милал 2.6 миллион аз сокинони Тоҷикистон бо камбуд ва норасоии ғизо, яъне хӯрданӣ мувоҷеҳанд. Ту бошӣ аз фарбеҳӣ ба дод омада Стратегияи давлатӣ қабул мекунӣ. Магар ҳамин кори одами хондагӣ аст? 

 

Гоҳо ба худам фикр мекунам,ки кай ба сарат фикри мудомулумр шудан ва боз ба ҷойи худат овардани Рустам омад. Қонуни асосиро хароб кардӣ. Гапҳои Достиев ба ёдамон мерасад,ки мегуфт,ки ба Қонуни асосӣ даст нарасонед. Вай ҳамин туро дар назар дошта будааст,ки чи қадар ба курсӣ ва мансаб ҳарисӣ. Аммо мардакворӣ биё ошкоро бигӯем, ки дар ин муддат хеле ҷамъ овардӣ.

 

Гушнагиҳои давраи бачагиат ҳам шояд фаромуш шудагист. Аммо ҳамин мудомулумр шуданат маро боз ба ҳамон андеша мебарад, ки ҳоло ҳам сер нашудаӣ, барои ҳамин дар тамоми дастгоҳи ҳукуматӣ фақат аз маҳалли худат мемонӣ. Дар як навиштае  хонда будам, ки танҳо 7 фоизи одамҳои дунё ба синни 65 мерасидаанд.

روى الترمذي في سننه من حديث أبي هريرة رضي الله عنه أن النبي صلى الله عليه وسلم قال

أعمار أُمَّتِي مَا بَيْنَ السِّتِّينَ إِلَى السَّبْعِينَ، وَأَقَلُّهُمْ مَنْ يَجُوزُ ذَلِكَ
برقم 3550، وحسنه ابن حجر رحمه الله كما في فتح الباري (11/240).

Имом Тирмизӣ дар сунанаш аз Абуҳураира (раз) аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят мекунад,ки чунин фармудаанд: “Умрҳои уммати ман миёни шаст то ҳафтод сол аст.Каме аз (умматам) аз ин умр бештар зиндагонӣ мекунанд”

Шукр, ки 68 сола шудӣ. Мӯи сарат рехтаву сафед мешавад.Аммо сурататро,ки мебинам,ҳамин байт ба хотирам мезанад:

 

Чашми танги дунёдорро,

Ё қаноат пур кунад ё хоки гӯр.

 

   Инҷо мехоҳам, ки номаи як нафарро, ки бароям фиристодааст бахшида ба рӯзи таваллуди Раҳмон айнан нашру пахш кунам.

 

Ин нафар чунин навиштааст:

 

“бигзорен номи Эмомалиро ба Роғун бимонан.Дубора Қаҳрамони Тоҷикистон тиян. Рӯи пули 1000 сомонӣ ҳам суратша часпонан. Аммо и покистониҳо дингила задестан. Иқа пуле, ки Пешвомон дора, бахудо сета чорта Роғуна худуш ай ҷебаки чапуш месоза. Бояд тезтар тамомуш куна. Покистониҳо гуфтестан, ки тобистон мегирум зимистон вазврат мекунем. Хоҳӣ ҳамин нахоҳи не. Ина ёбу гир. Чи кор мекна аку.  Бахудо ҳама  шарманда мешава. Ба фикрам, ки ҳамаш айби қайчиву лентаяй. Пешво аз буридани лентаву қайчи даст кашида қайчира хор кад. Гиҷо шид қайчиют Лента бурӣ ку?  Ин парда ай руи лавҳ гирифтан уқа ширин нест,шуру шарар надорад. Баргардаду қайчира бигира. Ҷаноби олӣ да омухт шуда будем. Чида ура дига маънуш кадагиаян? Ин гапи хубайе Ҷаноби олӣ. Кори худуш дурустай .Рақсу бози каҳа гаштан бигира. Телевизорҳодаям рақсу бозира зиёдтар бикуна. Олам гулистон мешава. Ай номи ман табрикуш кунен. Мо метавонем”.

 

  Ва, дар охир.Медонам, ки худат аслан на газета на журнал ва китоб мехонӣ. Интернет ҳам намедароӣ:однокласники, инстаграм, ютуб, фейсбукро ҳам намефаҳмӣ. 

 

     Вале имрӯз бачаву духтарҳоу набераҳои қатор қаторат номаи маро бароят мехонанд. Гӯш мекунӣ аз Ислоҳ тв. Анӯшервон бароят мехонад ё ягон набераи дигарат, ки беҳтарин айфони рӯи дунёро дорад,ҳатман мехонад.

 

    Шояд байни духтарҳову набераҳоят, ки Амрикову Аврупоро хондаанд ягон нафаре ҳам бошад,ки бипурсад: бобо,чаро дар ин даврае, ту дар сари вазифа ҳастӣ дар Амрико Клинтон, Буш,Обама ва инак Трамп дар Бритониё Блеэр, Гордон, Камерен, Тереза Мей, Борис Ҷонсон ва дар Эрон Рафсанҷонӣ, Хотамӣ, Аҳмадинжод ва Руҳонӣ ва дар Қирғизистон Акаев , Боқиев, Отунбоева, Атамбоев ва Жеенбков иваз шуданд, аммо ту ҳеҷ не ки дигар шавӣ. Чаро онҳо Қонуни асосиашонро дар ин ду даҳсолаи ахир чандин бор иваз накарданду ту иваз кардӣ? Ман фикр мекунам, ки ту халқро фиреб карда гаштаӣ. Ман медонам, ки демократия ин хел нест, бобоҷон.Худат ранги Сталин ва ранги Брежнев ҳукуматдорӣ карда истодаӣ. Ва ҳоло мехоҳӣ, тағамон Рустамро, ки дуруст давраи ҷавониашро ронда натавонист ба ҷойи худат раис бимонӣ ба мисли Ҳайдар ва Илҳом Алиевҳо. Суратҳоят дар ҳама ҷо. Ман ору нанг мекашам. Дар ТВ-ҳо фақат худат, дар газетаҳо фақат худат дар девори хонаҳову корхонаҳову ҳатто девори коргоҳи духти шалвору тавлиди минерлкаи Сиёма ва сехи парайникбарорӣ дар миёнаи замину,болои куҳу пуштаҳо, дохили ангурбоғҳо хулоса ҳамаҷо суратҳои туро овезон кардаанд. Эй бобоҷон, бахудо айб аст. Бобоҷон, акнун гузаштаи сахту вазнинатро фаромуш намо. Ман ба як чиз ҳайронам. Ҳоло мо як гала холабача ва ду таға ҳам дорем. Қонуни ту қатӣ ҳамдигармона гирифтан наметавонем.Худат духтари тағотро (бибии Азизмоямро) гирифтаӣ. Ҳама бачаҳоят солиму бардаманд. Чаро мардуми кишвар ва моро манъ кардаӣ. Дастархонамонро бин чи хел аст. Дастархони солҳои Данғараат ҳамин тавр буд.Аслан қобили қиёс нест. Барои ҳамин ман расман бароят аз номи худам ва аз номи мардуми тоҷик нота овардаам ба муносибати рӯзи таваллудат. Бобоҷон ин нотаро,ки Муҳаммадиқболи Садриддин навиштаву ман хондамат бигир ва ба як хулосаи даркорӣ биё.

 

Share This Article