Нуҳ ҳодиса ё чолишҳои муҳиму хотирмони соли 2018

Ислоҳ нет

    Барои шиносонидани чеҳраи аслии режими саркубгари Эмомалӣ Абдураҳмон соли 2018 беҳтарин соле буд. Соли 2018 дар худ чандин вижагиҳое дошт, ки қадамҳои муборизонро устувортар ва пояҳои режимро мутазалзилтар кард. Ончӣ режим аз он метарсид, тақрибан  ҳамагӣ таҳаққуқ пайдо карданд ва ба гӯнае амалӣ шуданд. Ин далолат аз пешрафти мухолифони сиёсии кишвар мекунад, ки барои режим хело нохушоянд буданд. Соли сипаришуда истодаро метавон соли бобароре барои мухолифони сиёсии кишвар унвон кард.

Нуҳ ҳодисаи муҳими ин солеки гузашт, ишораҳое  ба шакли кутоҳ ва гузаро мекунам:

  1. Соли 2018-ро “пешво” соли рушди туризм эълон кард ва пас аз он амалҳое анҷом шуд, ки он комилан бар хилофи он чӣ дар назар доштанд, имсол хотима ёфт. Шикоятҳои сайёҳон аз бархурди пулис ва ришваситониҳои онҳо, ки сару садои бузургеро ба ҷо гузошт. Қатли ваҳшиёнаи чор дучархасавороне, ки аз тарафи ДОИШ дар ҷануби кишвар ба қатл расиданд.

 

  1. Дар моҳи май соли ҷорӣ кишвари мо мизбони баргузории як конфронсе буд.  Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бо дастгирии САҲА ва СММ дар кохи Сомон баргузор гардид. Дар ин маврид мақолаи махсӯсе дар сомонаи Ислоҳ навишта шудааст, ки ҷузъиёти онро метавонед мутолиъа намоед. Номи мақола: Эмомалии терорист, мизбони конфронси “Муқовимат бо тероризм”

  1. Таҷлили бисту якумин солгарди имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар кишвар имсол ҳам бидуни як тарафи сулҳ баргузор шуд. Дар он аз тарафи Эмомалӣ Абдурраҳмон сухане гуфта шуд, ки на фақад худашро дар ҳолати баде қарор дод, балки ҳама миллат аз он сухан дар ҳолати шок қарор гирифтанд. ”Ман бо ҲНИТ сулҳ накардам ман бо ИНОТ созишномаи сулҳро имзо кардаам” Пас аз гуфтани ин сухан дигар ВАО як моҳ ин суханро ба такрор менавиштанду таҳлилҳо мекарданд. Барои ботилу дурӯғ будани суханаш роликҳое, ки дар Кобул возеҳу ошкор гуфтааст: ман ба назди роҳбарияти ҲНИТ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ омадам, то сулҳ кунем”.

 

  1. Ҳамоиши Дортмунд, ки ба муносибати 21-умин солгарди имзои созишномаи сулҳ аз тарафи ҲНИТ ташкил шуд. Бо як шукӯҳу шаҳомати хоссае баргузор гашт. Режим иштирокдорони ин ҳамоиши бахшида ба сулҳро ба зиндон маҳкум кард. Худ қазоват кунед шахсе худро Асосгузори сулҳу ваҳдат мехонад ва унвонаш ҳатто ин аст, таҷлилкунандагони иди Ваҳдатро мехоҳад маҳкум ба зиндон кунад. Инҷо ин титулаш зери суол мемонад ва ҳар шахс пас аз ин тасмими аҳмақона намедонад бихандад ё бигиряд.

 

  1. Ташкил шудани “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” Ин кумита дар қазияҳои доғе, ки дар соли 2018 сурат гирифт, аз тарафи ашхоси гуногуни ҷомеаи шаҳрвандии кишвар барои раҳоии зиндониёни сиёсӣ ва гаравгононе, ки зери асорати режими кунунӣ қарор доранд, ташкил шудааст. Роҳбарии онро Абдусаттор Бобоев ба уҳда доранд ва дорои чанд бахшҳо мебошад ва дар чанд масалаи зиндониёни кишвар иқдомҳо кардааст, ки барои ҳамагон маълум аст.

 

  1. Эътилофи ҳизбу созмонҳои озодихоҳи кишвар бо номи Паймони миллии Тоҷикистон дар Варшваи Лаҳистон, дар толори бошукӯҳе, бо иштироки як ҳизб ва се созмон ташкил шуд. Дақиқан таъсиси он дар рӯзи 9-уми сентябр, рӯзи истиқлолияти кишвар бо ҳузури афроди иттифоқ афтод. Ҳукумат аз ташкили ин Паймони Миллӣ ончунон дар ҳолати шок қарор гирифт, ки бо ҳисоби ман дар он шабу рӯз дар ВАО беш аз 72 мақола расонаҳои давлатӣ ва фейкӣ ба шакле таъсиси Паймони миллиро маҳкум намуданд, ки ин аз ҳолати вахиму рӯ ба таназул ё ба ларза даромадани пойдевори режими хуношом шаҳодат медод.

 

  1. Конфронси САҲА дар Варашаваи Лаҳистон ҳангоме, ки аз иштироки мухолифон, хоссатан ҲНИТ ҳукумат огоҳӣ пайдо кард,   дар ҳол ба таҳдид гузашту эълон кард, ки дафтари Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе баста мешавад. Ҳамчунин Конфронсе бар алайҳи ҲНИТ баргузор намуданд ва сафирони ғарбиро даъват карданд, ки касе иштирок накарду мақомоти тоҷик шарманда шуданд.

 

Хостанд аввал иштирок накунанд вале ночор баистилоҳи Сайфулло Сафаров, стратеги рақами дуи кишвар “тими қави”и худро ба Варшава фиристоданд, ки дар миёнашон шахсони фурӯхташудаи режим,  аз мухолифони собиқ низ ҳузур доштанд. Ҷараёни кори конфронс сад дар сал бар алайҳи “тими қавӣ”-и ҳукумат нима шуд ва шармандавор ин тим ба ватан баргашт. Беш аз 40 баромад аз тарафи мухолифон, дар ҳама маворид дар дохили конфронс сурат гирифт ва номи кишвар аз забони намояндаи Амрико ба кишвари саркубгар миёни давлатҳо садо дод. Дар ҳошияи ин конфронс чандин нишастҳо баргузор шуд, ки дар он  намояндагони чандин кишварҳо ҳолати вахими Тоҷикистонро таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор доданду ба олам ба намоиш гузоштанд. Режим дар ВАО-и тобеъи худ ашхоси вобаста ба худро маҷбур ба маҳкум кардани иштирок кунандагони ин конфронс намуд. Имом – хатибони масоҷидро амр намуд то дар хутбаҳои намози ҷумъа бар алайҳи ҲНИТ ва мухолифони сиёсӣ сухан гӯянд ва гӯё мардумро огоҳ намоянд. Вале, ин як антирекламае буд, ки худ дар асл беҳтарин василаи  реклама намудани вуҷуди мухолифони сиёсии кишвар ва дастболо будани онҳо аз режимро шаҳодат медод.

  1. Дар арафаи ҷашни Сарқонуни кишвар шаби 7 ум ба 8 уми  ноябр дар зиндони 3\3 шаҳри Хуҷанд бо ваҳшонияттарин ҳолат беш аз 50 зиндониро ба қатл расонида ва беш аз 180 нафари дигарро маҷрӯҳ намуданд. Ин қатли омро қувваи махсуси Алфаи КДАМ ва ОМОН и ВКД амалӣ намуд ва ин ҳодисаи хунин  9 рӯз қабл аз ифтитоҳ ва ба кор оғоз намудани аввалин чархаи НБО и Роғун буд. Ифтитоҳи Роғун ва ба кор оғоз намудани он як имеджи хубе барои Эмомалӣ Абдурраҳмон бояд эҷод мекард, ки аз вақте ӯ сари қудрат аст кишвар дар фасли сармо бо режаи барқ гирифтор аст. Чанд маротибае, ки дар интихоботи раисҷумҳурии тақаллубӣ иштирок карда аст, ҳамеша ваъда кардааст, ки ман ба шумо Роғун месозам буд, вале муваффақ нашуда буд. Ҳангоме, ки ин ваъдаи беш аз бистсолааш амалӣ мегашт,  мақомоти қудратияш қатли омеро анҷом доданд, ки бе собиқа буд. Барои он ки ин қатли ом осебе ба он имеджи ҷаноби хуношоми Эмомалӣ нарасонад, дар мавриди қатли оми зиндони Хуҷанд ҳеҷ баррасие аз ҷониби мақомоти расмии кишвар нашуд. Аммо як рӯз қабл аз ифтитоҳи НБО Роғун, Файзуло Сафаров, раиси зиндонро боздошт намуданду ба зиндон андохтандаш, то дар рафти ифтитоҳи НБО и Роғун мабодо халале ворид нагардад. Маросими ифтитоҳро ончунон ҷашн гирифтанд, ки мегуфта бошед аз осмон ситора оварда бошанд, ин ҷашни ҳафтшаб ба поён расид ва вазири Хориҷаи режим Сироҷиддини Муҳриддин(Аслов) дар Брусел аз кушта шудани 23 нафар хабар дод ва ин аввалин мақомдоре буд, ки он ҳам дар хориҷ аз кишвар хабарро ироа намуд. Ин фоҷеа аз вазифа барканоршавии “Зоро” – Иззатулло Шарифзод  ва шаш мақомдори дигари вазорати Адлия дар Суғдро ба дунбол дошт. Вале аз кор сабукдуш кардани шаш ё ҳафт нафар тамғаи ин нанги қотилии Эмомалиро наметавонад ноаён кунад. Бубинед, вақте инсон самимӣ набошад ва амалҳояш барои риё ва худ намоишдиҳӣ бошанд, Аллоҳ ӯро чӣ гӯна ба чолишҳое мекашад, ки дар интизораш набуд. Бо ихтисор мегӯям: қатли оми зиндониён ифтитоҳи НБО Роғунро зери суол бурд ва расонаҳои хориҷӣ ва миллат аз қатли зиндониён ончунон гуфтанд, ки ифтитоҳи Роғун зери сояи қотилии Эмомалӣ нуҳуфта шуд. Ин худ як шикастест ва аз шармандагии режим шаҳодат медиҳад.

 

  1. СММ барои раҳоии Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси  ҲНИТ ва Зайид Сайдов, муасиси ҳизби номнавис ношудаи “Тоҷикистони нав” ва Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ ба ҳукумати Тоикистон тавсия дод, то дар муҳлати 180 рӯз онҳоро бидуни қайду шарт озод ва ба онҳо барои бегуноҳияшон ҷубронпулӣ пардохт намояд. Ҳукумат ба он аслан аҳамият надод. Ниҳоят  Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ тасмим гирифт, то барои нодида гирфтани ин тавсияи СММ ва дақиқ сохтани шумори кушташудаҳои зиндони Хуҷанд маъулмот талаб кунанд ва дар рӯзи ба имзо расидани эъломияи ҳуқуқи башар, яъне 10 –уми декабр як музоҳароте дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин анҷом бидиҳанд. Тазоҳурот назди Сафорати Тоҷикистон дар Олмон бо иштироки беш аз 200 нафар баргузор шуд. Касе аз кормандони  сафорат ҳозир набуданд ба назди ин музоҳиракунандагон хориҷ шаванд ва сабаби онро бипурсанд. Пас аз он ин анбӯҳи мардум ба назди Бундестаг яъне порлумони кишари Олмон рафтанд ва дар онҷо низ музоҳира карданд. Дар ин музоҳираи назди Бундестаг талаби музоҳира кунандагон ҷиддитар буд. Аз ҷониби тоҳуроткунандагон талаб карда шуд, ки дигар ба режим созмонҳои иқтисодии аврупоӣ пул надиҳанд, то мухолифони сиёсӣ ва озодандешонро бо он пулҳо режим  саркуб ва накушад. Инчунин талаб карда шуд, ки ҳафт нафар ҷинояткоррони мақомдори кишварро дар листи магнитский шомил намоянд. Қатънома ва баёнияҳои худро тазоҳуркунандагон бо чанд забон тарҷума ва ба дипломатҳои аврупоӣ ва порлумони аврупо ирсол намуданд.

Share This Article