Нукоти асосии Паёми раиси ПМТ ва табсирае дар ҳавошии он

Раиси ПМЕ бо ишораҳое ошкоро аз интихоботҳои дар соли 2020 ёдовар шудааст, ки ба таъбири ӯ боис мешаванд, ки мардум дар як тарафи сангар ва Раҳмону режими вай дар тарафи дигари сангар қарор бигиранд.

 

“…. Гурӯҳи ҳоким гирифтори буҳрони машруъият дар чашми мардум гаштааст ва ин буҳрон рӯз то рӯз амиқтар ва васеътар мегардад”.

 

Ин яке аз нукоти умдаи арзёбиҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон аз вазъи мавҷуд дар кишвар аст, ки дар Паёми ӯ бахшида ба фарорасии соли 2020 таъкид шудааст. Раиси Паймони миллии Тоҷикистон ва вакили пешини Маҷлиси намояндагон бар ин бовар аст, ки новобаста аз онки худи Раҳмонов дар қудрат боқӣ хоҳад монд ва ё зимоми умурро ба яке аз меросхӯронаш вогузор хоҳад кард. Тоҷикистон дар соли 2020 ба як марҳалаи ҷадиди таърихӣ ворид хоҳад шуд,ки “ман соли бедории миллӣ ва инсиҷоми мардумӣ меҳисобам” гуфтааст ӯ.

Раиси Паймони миллии Тоҷикистон бо ишораҳое ошкоро аз интихоботҳои дар соли 2020 ёдовар шудааст, ки ба таъбири ӯ боис мешаванд, ки мардум дар як тарафи сангар ва Раҳмону режими вай дар тарафи дигари сангар қарор бигиранд.

 

Вале ин бор идораи кишвар барои режим ва дору дастаи вай, ҳамчуноне,ки аз ҳамин ҳоло бармеояд,ба он роҳатӣ ва осонӣ даст нахоҳад дод. Фасод ва бедоди Раҳмонов ва хонаводаи ба қудрат часпидаи вай, ки пайваста мавриди ҳадаф ва таҳқиқи расонаҳо ва иҷтимои мардум хоҳанд буд,боис мешаванд,ки “бӯҳрони машрӯъият” ҳарчи бештар жарфтар биравад. Ишораҳои раиси Паймони миллии Тоҷикистон бад-ин маъност,ки дигар мардум ва ҷомеаи кишвар ба ин ҳарфҳо ва суханҳо,ки Раҳмонов барои ин кишвар сулҳ овард ва ҳаёташро барои ин мардум масраф кард, корагар нахоҳад шуд. Чунки ин бор ҳама чиз аз ҳад мегузарад ва мардум, ки наздики се даҳа таҳаммул карда буданаш, инони ихтиёрро аз даст хоҳанд дод.Раҳмонов ва ё писари вай ба ҳайси як ғосиб ва фиребгару дурӯғгӯи гузаро дар чашми мардум ҷилва хоҳанд кард. Бахусус, ки тайи ин 28 сол Раҳмонов ба таблиғ ва ташвиқи ҳамчунин ҳарфу суханҳо мардумро бо фиребу найранг идора кард. Дар ҳоле,ки мардум шоҳид ва огоҳии комил дорад,ки тамоми талошашро барои беҳбуд ва беҳтар сохтани зиндагии худ ва аҳли хонавода ва ҳаммаҳалҳояш харҷ кардааст. Дар тақвияти сӯҳбатҳои худ раиси ПМТ авзоъи иҷтимоиву иқтисодии кишварро ба тасбеҳи таҳлил кашида сиру пиёзи манипулатсияи Раҳмонов бо сифру арқом ва ё бо таъбири маъмул нишондиҳандаҳои иқтисодиро дар ҳафт соли ахири даврони раёсати Раҳмонов ошкор кардааст.

 

Хонанада ба вузӯҳ дарк мекунад,ки Раҳмонов дорад бо мардуми худаш амали чашмбандӣ ва назарфиребӣ мекунад. Зеро он нишондиҳандаҳои ӯ,ки ба ҳайси рушд в пешравӣ ҷилва медиҳад, дар асл пасравӣ ва инқироз аст. Танҳо ёдовар шудани ин нукта,ки агар иқтисодиёти зери раёсати Раҳмонов тайи ҳафт соли ахир рушд медошт чаро қурби сомонӣ дар муқобили доллар 100% фоиз коста гардид ва вақте дар соли 2015 сад доллари амрикоӣ баробар бо 470 то 490 сомонӣ буд ҳоло 970-1000 сомонӣ шудааст. Агарки иқтисодиёт рушд мекард пули миллӣ то ба ин сатҳ муфлис мешуд.

 

Раиси Паймони миллии Тоҷикистон инҷо низ аз найрангҳои иқтисодӣ,ки бо номи имтиёз додан ба ширкатҳо талаққӣ шудааст, парда бардошта ин нуктаро ба таваҷҷӯҳи ҷомеа расонидааст,ки тамоми ин муддат Раҳмонов танҳо барои ширкату тиҷоратҳои хонаводааш имтиёзҳо қоил шудаасту бас: “….Президент ба маблағи 15 млрд сомонӣ ширкатҳои мутаъаллиқ ба хонаводаи худро аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод намуда, масъаларо тавре матраҳ менамояд, ки гуё ҳамаи соҳибкорони кившар аз ин имтиёзҳо бархурдор бошанд. Дар сурате, ки рӯйхати ин ширкатҳо маълуманд ва ҳеҷ кадоми онҳо ба шаҳрвандони оддӣ таъаллуқ надоранд.

 

Дар ин васат даҳҳо, балки ҳазорҳо соҳибкори хурду миёна ва бузург бар асари гаронии молиёт варшикаста шуда аз фаъолият бозмонданд. Аз ин ҷост ки раиси Паймони Миллии Тоҷикистон бо сароҳат изҳор доштааст, ки минбаъд “ҳар рӯз дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва шабакаҳо хабари наве аз фасодкорӣ, ҷиноятҳо ва ғасбкунии навбатии гурӯҳи ҳоким нашр мегардад”.

 

Муҳиддин Кабирӣ ба унвони як сиёсатмадори ботаҷриба ва огоҳ аз таҳаввулоти ҷомеаи ишвар мутмаин аст ки ҷомеаи тоҷик дигар воқеиятҳои давру барашро ба ин гуна ҳарфу суханҳои бадарднахур қиёс карда амал ва фаъолияти Раҳмонов ва режими вайро таҳти муроқибат қарор медиҳад: “Нигоҳи имрӯзаи мардум ба рафтор ва амалҳои гуруҳи ҳоким аз ду соли қабл фарқ мекунад. Мардум ҷасорат ва шуҷоъати бештар пайдо кардаанд. Дар саҳнаи сиёсӣ ва матбуотии кившар насли нави сиёсатмадарон, рӯзноманигорон, блогерҳо ва фаъолони иҷтимоъӣ пайдо гаштаанд”.

 

Як нуктаи муҳимм дар сӯҳбатҳои раиси ПМТ ин аст ки симои ҳақиқии Раҳмонов ва режими хонаводагии вай ва аҳдофи сиёсии ӯро ба таври реалӣ тасвир кардааст: “давлати хонаводагии комилан диктотурӣ, ақибмонда ва беқонунӣ”..” Ӯ (манзураш Раҳмонов)байни Миллат ва Мансаб дуввумӣ, яъне Мансабро интихоб кард”…… “солҳои 2010-2015 панҷсолаи поксозии саҳнаи кишвар….панҷсолаи 2015-2019 марҳалаи ҷамъ кардани тамоми қудрати сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии кившар…”

 

Ба ростӣ,ки ин таъбиру ибораҳо чеҳраи мағшуш ва ғализи Раҳмонов ва режими хонаводагии вайро хеле ҳам кушоду равшан ва воқеӣ намоён ва инъикос кардааст.Ҳамзамон бо ин арзёбиҳо раиси ПМТ аз вокуниши мардумӣ ба тасмими баланд бардоштани баҳои хадамоти интернет тазаккур дода онро навъе аз бедории миллӣ ва иттиҳод дар баробари ин режим хондааст. Раиси ПМТ афзудааст, ки агарчанде тайи солҳои ахир як гурӯҳи хурд худро болотар аз Миллат ва Давлат ва Қонун меҳисобад миллат тавонист: бо гирифтани мавқеъи дастаҷамъона бори аввал Ҳукуматро ба ақибнишинӣ водор кунад, то аз тасмими иштибоҳи худ даст бикашад. Агарчи ин масъала зоҳиран характери иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дошт, аммо паёми он ба Ҳукумат сиёсӣ буд. Маҳз ин паёми ҷиддии сиёсии миллат Ҳукуматро водор кард то ақибнишинӣ кунад. Бори аввал буд, ки миллат дар баробари Ҳукумат « НЕ» гуфт ва ин садои «НЕ» ҳамзамон аз Душанбе, Хуҷанд, Кулоб, Владивосток, Москва, Истанбул, Киев, Варшава, Париж ва Дортмунд садо дод”.

 

Муҳиддин Кабирӣ ба мардуми кишвар аз фаъолияти муассири Паймони миллии Тоҷикистон –эътилофи нерӯҳои сиёсии кишвар дар хориҷ аз қаламрави он низ суҳбат карда аз ҷомиаи ишвар хостааст, ки минбаъд барои гирифтани ҳаққи худ истиҳола накунанд. Вай дар ин росто талошҳои ПМТро ҷиҳати раҳоии Шарофиддин Гадоев, масъули департаменти иқтисодии Паймон аз чанги режими Раҳмонов бисёр ҳам босамар ва муассир хондааст. Раиси ПМТ ишора кардааст,ки ПМТ давоми як соли фаъолият то ба ҳадде пешрав кард ва дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шуд,ки режимро дучори ваҳшат ва сархамӣ кард. Аммо гуфтааст раиси ПМТ ончики ҳам ПМТ ва ҳам мардуми кишварро водор ба ҳамкорӣ ва ҳамдастӣ мекунад ин аст ки тамоми мубориза барои барқарории як зиндагии шоиста ва сазовор дар ватанро наметавон бидуни ислоҳи вазъи мавҷуд ба даст овард.Раиси ПМТтаъкид кардааст,ки Раҳмонов ва режими вай дар фикри дигаргунӣ нестанд, баракс кӯшиш ва талоши онҳо танҳо барои таҳкими ҳокимияти фосид ва худкомаашон аст: “Роҳбарияти кишвар дар як воқеъият ва миллату кишвар дар воқеъияти дигар зиндагӣ доранд”.

 

Аз ин хотир гуфтааст раиси Паймони миллии Тоҷикитон мутмаин шудам,ки ҷуз худи мо касе барои мо кӯмак нахоҳад кард:“Имрӯз ба ин бовар расидаам, ки ин низом қудрати аз дохил ислоҳ кардани худро аз даст додааст ва миллат бояд вориди кор шавад ва тақдири худро ба даст бигирад”.

 

Бале,ин воқеиятро мо ҳар яке бояд бипазирем,ки дигар фурсат ва марҳалае фаро расидааст,ки миллат бевосита ва мустақим ибтикорро дар даст бигирад ва тақдири худро худ таъйин кунад. Зеро дар ҷаҳон даврони Диктотурҳое мисли Раҳмонов,ки аъзои хонаводаашро танҳо ба хотири дуздии сарват ва пули миллат ва айшу рифоҳ аз хазонаи миллат ба мансабҳои давлатӣ мансуб мекунанд, ба сар омадааст. Миллати тоҷик,ки яке аз бедортарин миллат дар паҳнои шӯравии пешин буд, ҳақ дорад, ки дар як фазои бозу озод ба сар барад, на инки муздуру мардикор ва ходими як хонавода ва Диктотуре бишавад, ки бо фиреб зимоми қудратро қабза кардааст. Амсоли Раҳмонов диктотурҳои фосиду пуррӯ ва беҳаёву чашмгушна ва ҳарис дар саросари дунё шояд аз шумори ангуштони як даст кам монда бошанд. Бошад, ки иттиҳод ва инсиҷом ва бедории миллӣ заволи ин тоифаро фароҳам созад.

 

Ва, паёми умдаи Паёми раиси Паймони миллии Тоҷикистон ҳам ҳамин мазмуну муҳтаво дорад,ки инҷо ба чанде аз нуоти он ишора кардем.

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Аз қатли Ҷумъабой,то шиканҷаи Эшони Қиёмиддин дар зиндон

Аз ҳар як камера ҳар ҳафта ду бор рӯзҳои чоршанбе ва шанбе 30 сомонӣ мегирифт. Агар кадом камерае,ки сӣ сомониро намедод ҳамаи ҳамон камерабудаҳоро мебаровард дар “продол”-и ҷойи зист,”форма нол” мекарданд-яъне лучи модарзод ва мезаданд, футбол мекарданд
Read More

САҲА ба донишҷӯёни тоҷик иҷоза надод, ки дар Варшав тазоҳурот кунанд

Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, ки масъули ташкили ин конфронс ҳастанд, дар муқаррароти баргузории ҷаласа тағйирот ҷорӣ карданд, ки тибқи ин тағйирот дар ҷараёни ҷаласаҳо ташкили намоишҳои эътирозӣ ва ҳам шиорпароканӣ манъ шудааст.