Нуробод КДАМ: супориш аз боло,ҳар масҷид панҷҳазори диҳад

Ислоҳ нет

 

Ба назар мерасад Раҳмонов ва бахусус Кумитаи давлатии амнияти миллии “вай” бо роҳбарии Ятимов кадом нақшаҳое шумро барои мардуми водии Рашт дар ҳоли иҷро кардан ҳастанд. Айни замон дар ҳеҷ яке аз навоҳии ин водӣ масъулони шӯъбаҳои амният ва милиса аз сокинони ин минтақа нестанд ва ҳамагӣ аз “бачаҳакои болоанд”. Дар барномаҳои қаблӣ мо аз фаъолиятҳои умдатан ҷиноятии Нуралӣ Муродов,мулаққаб ба Нуралии сиёҳ,ки худро дар тамоми водӣ ҳамчун “ҷияни радной”-и Ятимов муаррифӣ ва матраҳ кардааст матолиб ва наворҳо омада ва пешниҳодатон карда будем. Айни замон дар дасти мо боз аз ҳолату лаҳзаҳои зиёди амалҳои ҷиноии ӯ ба дасти мо расидааст.

 

Аммо ин бор ӯро мавқуф мегузорем ва меравем ба суроғи Сарафроз Қаюмов, сардори шӯъбаи амнияти ноҳияи Нуробод,ки ӯ низ дар ин ноҳия аз рӯи мақоли “худам шоҳу табъам вазир” амал карда истодааст. Як нуктаи муштарак ва як умумияти кори идораҳои амният дар водии Қаротегин ин аст ки ҳамагӣ масҷиду муллоро ҳадафи асосӣ қарор дода бештари зулми истибдодро болои онҳо ҷорӣ карда истодаанд. дар ҳамаи ноҳияҳои минтақа онҳоро ба ҳадаф гирифта ҳатто корҳоеро,ки худ аз ӯҳдаи иҷро ва сомонаш намебароянд, бори дӯши онҳо мекунанд.

 

 

Обуна,ҷалби маҷбурии ҷавонон ба сафи артиш,ҷамъоварии маҳсулоти ғазоӣ барои сарбозон,ҷамъоварии пул барои ин ва ё он чорабинӣ, ҳамагӣ бори дӯши муллову масҷидҳост. Ба ин масъала дар як фурсати муносиб бештар сӯҳбат хоҳам кард аммо ҳоло аз ҷиноятҳои Сарафроз Қаюмов, сардори шӯъбаи амнияти ноҳияи Нуробод хоҳем гуфт. Ин ҷавон 32 сол дорад аммо ба фарқ аз ҳамсолони мусалмони тоҷикаш он қадар ба муллову масҷид нафрат доштааст,ки фикр мекунед ҳеҷ гоҳ мусулмон набудааст. Инҷо номаи як нафреро меоврам,ки ба унвони Ислоҳ.нет фиристода ва хоҳиш кардааст,ки онро нашр намоем. Муаллифи нома чунин навиштааст,ки Муҳаммадиқболи Садриддин бо нашри ин навишта ҳадди ақал сиёҳи дили моро камтар мекунад, чун мо бовар дорем,ки аз чунин рафтору муносибати зердастон мақомоти болоӣ дарак надоранд:

 

“Ҳар гоҳ ки бихоҳад дари масҷидҳои ноҳияро қуфл мезанад. Барои бори сеюм аст ки ба масҷиди маҳалли “Дараи Валӣ” дохил шуда намозгузоронро маҷбур мекунад, ки пул диҳанд ва агар пули мепурсидаи ӯро надиҳанд масҷидро мебандад. Ваҳму воҳима карда мегуфтааст,ки:”Супориш аз боло!”

 

Барои мардум номаълум аст ки боло кӣ аст: Раҳмонов ё Ятимов?

 

Рӯзи 3юми апрел дар вақти намози шом ба масҷид зада даромада мардумро маҷбур кардааст,ки пул диҳанд. Ва боз таъкид кардааст,ки “Супориш аз боло”.

 

Мардуми ин маҳалла,ки дигар ин рафтору кирдор ба ҷонашон расид, ин бор доду фиғон бардошта ба корманди амният, шахсе бо номи Иброҳим,ки аз номи сардор омада буд, гуфтаанд,ки “эй,бародар ту дигар кор надорӣ,ки омада аз 10-12 мӯсафеди нафақахӯр пул- доля мегирӣ?”

 

Вақте ҳамаи мардум ба по мехезанд ӯ дарҳол баромада меравад аз масҷид. Аммо саҳари дигар рӯз ҳамаи ҳамон мӯсафедҳоро ба бинои шӯъбаи амнияти маркази ноҳия даъват карда аз ҳар кадоме баёнот мегирад.

 

Мӯсафедҳо бо овози баланд мегӯянд,ки мо дуо карда истодаем,ки ин касалии короно тарафҳои мо наояд, ватанамонро,халқу миллатамонро,давлатамонро Худо дар паноҳаш нигоҳ дорад,магар ин ҳама номумкин шудааст?

 

Аз Русия дигар фарзандҳоямон бароямон пул роҳӣ накарда истодаанд,охир дар хонаҳоямон орд надорем, ба ҷои оне,ки шумо омада кӯмак кунед,будагӣ нони хонамонро гирифта мебаред. Ҳамаи мо дастаҷамъона ба Президент шикоят мекунем. Ин чи гап аст?

 

Аммо ӯ бо таҳдид ба ин муйсафедон гуфтааст: шумо ҳамаатон провокатор,шумо ҳамаатон иғвогар гуфта ба сари мардум дод зада онҳоро маҷбурӣ ба шӯъбаи амният даъват карда оҳоро тарсу воҳима дода баёнот гирифт. Аз як масҷиди мо не,аз тамоми масҷидҳои ноҳия, аз ҷумла аз масҷидҳои ҷамоати Мучӣ ва Муҷахарф панҷ ҳазор сомонӣ ҳар сари моҳ ҷамъ карда мегирад. Хулоса, мардумро сӯзан зада хунашонро хурда истодаанд. Муаллифи нома, ки мегӯяд алҳол дар Русия асту таҳти карантин қарор дорад аммо ҳушу ёдаш бо падари намозхонаш банд аст ки аз дасти ҷавру ситами ин мақоми масъули амният ба кадом тӯҳмат ва бӯҳтоне печонида нашавад. Зеро мегӯяд, ӯ инак наздик ба як моҳ аст ки бекоранд ва пуле надоранд, ки интиқол бидиҳанд.

 

Аммо Сарафроз Қаюмов ва амсоли онҳо дар ғами онанд,ки аз чи роҳе пулҳои додаашон барои касби ин мақомро чи тавр “кор”кунанд. Барои ҳамин онҳоро ин қадар “воля”-салоҳият додаанд, ки ҳатто раиси ноҳияро ҳам писанд намекунад. Меоянд ба иҷбор пул меситонанд ва мегӯянд “супориш аз боло”.Боз ҳам маълум нест,ки боло Раҳмонов аст ё Ятимов. Муаллифи нома дар охир навиштааст,ки кор нест,пул нест, падарам мегӯяд бачам коре кун пул фирист,ки рӯз надорем аз дасти ин “супоришҳои боло”яшон.

 

Share This Article