Оғози фитнае, ки мунҷар ба шаҳодат

Хонандагон ҳодисаи ба шаҳодат расидани Усмон ибни Аффон (раз)-ро бо ривоёти мувассақ мунтазиранд. Агар хоҳони фаҳмидани ҷузъиёти он фитна ҳастем, ногузир аст он ҳодисаро аз оғоз ва аз масодири мувассақ бихонем, зеро то маҳаки асосии он таҳаввулутҳои ба вуҷуд омадаро агар надонем айнан ончӣ чаноби Абдуқодир Талбаков аз як ривояти ровии дурӯғгӯе, ки аз ӯ Табарӣ дар таърихаш ривоят намудааст бовар мекунед.

Оғози фитнае, ки мунҷар ба шаҳодати Усмон ибни Аффон (раз) гашт

(бахши ҳаштум)

 

Хонандагон ҳодисаи ба шаҳодат расидани Усмон ибни Аффон (раз)-ро бо ривоёти мувассақ мунтазиранд. Агар хоҳони фаҳмидани ҷузъиёти он фитна ҳастем, ногузир аст он ҳодисаро аз оғоз ва аз масодири мувассақ бихонем, зеро то маҳаки асосии он таҳаввулутҳои ба вуҷуд омадаро агар надонем айнан ончӣ чаноби Абдуқодир Талбаков аз як ривояти ровии дурӯғгӯе, ки аз ӯ Табарӣ дар таърихаш ривоят намудааст бовар мекунед. Албатта дар ин мақола аз таърихи Табарӣ мисли мақолаҳои қаблӣ истифода менамоем, вале бо диққати комил, то ба хатое роҳ надиҳем. Аз он ривоятҳое истифода менамоем, ки ровиёни он ривоятҳо мувассақ ва назди уламои ҷарҳу таъдил қобили қабул бошанд. Аз ин сабаб ҳатман ҷузъиёти ончӣ дар он замон қабл аз он фитна гузаштаро бояд бидонем, то ҳар нохалафе бар мо санги маломат назанад ва ҳар сухани ботилу ҳазёнҳои ровиёни муғризу козиб ва муттаҳам ба рафз бударо бар мо ҳамчун далел наоранд,то бар ин уммат ва саркардагони он таҳмил накунад. Кӯшиш мекунам дар ин мақола бештар ба ҳолати ошубталабон ва кӯшишҳои хомӯш намудани он ошӯбҳо бо роҳҳои мусолиматомезе, ки мехостанд ҳал намоянд бипардозам.Чун Усмон ибни Аффон (раз) ҳеҷ масъалаеро ҳаргиз бо хушунат ва қатлу куштор  ҳалу фасл накардааст.

 

 Оғози он фитна аз ин ҳодиса маншаъ мегирад. Пас аз муваффақияти  кинатузони дурӯғгӯ дар барканории Валид ибни Уқба аз волигии Куфа, Усмон ибни Аффон (раз), Саъид  ибни Осро  ба волигии ин шаҳр таъин намуд. Чун Саъид ба Куфа  расид, бар минбар рафт ва хитоб ба мардум эълон намуд, ки ў бар  хилофи  майли худ ва фақат ба хотири иҷрои дастури Усмон ибни Аффон (раз), ин мансабро пазируфтааст. Ў ҳамчунин хитоб ба онҳо гуфт, ки  замзамаи фитна ва нофармониро дар ин шаҳр мешунавад, аммо мардум  бояд бидонанд, ки ў бо  шиддат ба муқобила бо он  бармехезад  ва дар ин фитна ё ў  метавонад онро дар нутфа  аз байн бибарад  ва ё фитнаагезон  хоҳанд тавонист ўро шикаст диҳанд, аммо ҳаргиз бо онҳо мудоро ва мусолиҳа нахоҳад кард.[i] (1) Саъид баъд  аз муддати замони кӯтоҳе донист, ки авзои Куфа  бисёр нобасомон аст ва кинатузон ва аблаҳон ва  бадтинатон ва аъроби  бодиянишини тундхӯ ва  сангдил бар авзои шаҳр мусаллат ҳастанд[ii] (2) ва дар ин маврид ба Усмон ибни Аффон (раз) нома навишт. Усмон ибни Аффон (раз) низ дар ҷавоби он нома ба ў навишт, ки бояд  тамоми  талоши худро  дар ҷиҳати  сару сомон додан ба авзоъи он шаҳр ва бозгардондани  пешқадамон дар ислом  ва  муҷоҳидон ба саҳнаи қудрат ва муқаддам кардани  онҳо бар дигарон  ниҳоят талоши худро намоянд. Аз ҷумла дар ин  нома омада буд, ки: “ мардумеро, ки  соҳиби собиқа  ва ҷиҳод дар ислом ҳастанд, бар дигарон муқаддам бидор, зеро ки Худованд он  сарзаминҳоро ба дасти онҳо фатҳ намуд ва онҳоеро, ки  пас аз онҳо дар он сарзаминҳо сокин шудаанд дар мартабаи пас аз онон қарор бидеҳ  ва танҳо дар сурате, ки  собиқони дар ислом  аз  ҷиҳод худдорӣ кардаанд  ва дигарон дар майдонҳои набард ҳузур ёфтанд, он гоҳ ин муҷоҳидонро  бар он собиқин дар дин муқаддам гардон, манзалат ва ҷойгохи ҳар инсонеро бишнос  ва онро  риоят кун ва саҳми ҳар якро бар асоси ҳақ ва адолат ба онҳо вогузор кун. Бидон, ки шинохти мардум имкони иҷрои адолат дар мавриди онҳоро  муяссар месозад.[iii](3)

 Саъид ибни Ос (раз)  мў ба мў дастурот ва супоришҳои Усмон ибни Аффон (раз)-ро  иҷро мекард ва раванди корро  ба ў хабар медод. Дар Мадина  низ Усмон ибни Аффон (раз)   аҳли  ҳаллу ақдро, ки иборат аз бузургони  Саҳоба буд гирди ҳам овард ва ташаннуҷи авзои Куфа ва шароити ноором ва хатарноки он ҷо ва низ иқдомоти пешгиронаи Саъид дар он диёрро  ба маълумоти онон расонид.  Онҳо низ тайиди иқдомҳои ў ва Саъид хостори  бархурди ҷиддии Ҳукумат ва фитнаангезон ва дур кардани онҳо аз саҳнаи қудрат ва кӯтоҳ кардани дасти онҳо аз байтулмол шуданд ва аз Усмон ибни Аффон (раз) хостанд, то онҳоро аз мансабҳо ва мақомотҳое, ки шоистаи онҳо нестанд, дур нигаҳ дорад, зеро супурдани умур ба афроди нолоиқ  сабаби фасод ва табоҳ шудани манфиатҳо ва масолеҳ мегардад. Ҳамчунин уламо хитоб ба мардуми Мадина эълон намуд, ки: “ Эй мардуми Мадина! Бидонед, ки  афроде қасди фитнаангезӣ дар миёни умматро доранд, пас худро барои муқобила бо ин гуна афрод омода созед. Бидонед, ки ман  ахбор ва иқдомоти онҳоро ҷузъ ба ҷузъ ва ба таври пурра ба шумо маълумот хоҳам дод”.[iv](4)

Аввал: Дунёхоҳон ва ҳавопарастон аз истилоҳоти Саъид эҳсоси хатар мекунанд:

   Пас аз анҷоми истилоҳоте, ки Саъид дар назар дошт ва дар асоси он афроди пешқадам  дар ислом  ва муҷоҳидон ва фарзонагону адабомўхтагони ҷомеаи Куфа  масъулиятҳо ва мудириятҳои мухталифро бар уҳда гирифтанд, афроди аблаҳ ва аъроби  бодиянишин эҳсос карданд, ки  дар ин масъалаҳо, нисбат ба онон  табъиз ва ситам сурат гирифтааст ва бинобар ин оғоз  ба айб гирифтан аз волиҳо ва амирон намуданд. Кинатўзон ва душманони дин  низ фурсатро ғанимат шумурда ва талош карданд бо паҳн кардани дурўғҳо ва овозаҳо  тухми кина ва нафратро нисбат  ба халифа ва давлати ў дар дили мардум бикоранд, аммо чун бо мухолифат ва муқобилаи умуми мардум рў ба рў шуданд дар зоҳир сукут ихтиёр карданд, аммо дар пинҳонӣ ҳамчунон ба  таҳти таъсир қарор додани аъроб ва ошубгарону афроде, ки  бино ба далилҳои гуногун аз ҷониби Ҳукумат муҷозоти шуда буданд, идома доданд.[v] (5) Яҳудиҳо, масеҳиён ва зардуштиёни кинатўз ҳам, ки ҳамеша дар пайи фитнаангезӣ бар зидди Ислом ва мусалмонон буданд, даст ба кор шуданд ва ба паҳн кардани овозаҳои бепояву асос бар зидди халифа ва ашхоси вафодори ў пардохтанд. Онҳо хурдтарин хато ва лағзиши волиҳо ва амирон  ғанимат мешумурданд ва бо дамидан дар суру карнай ва сохтани дурўг ва тӯҳмат бар зидди онҳо, талош мекарданд мардумро ба зидди Ҳукумат таҳрик намоянд ва ба ин тартиб тухми ошуб ва тафриқаро дар миёни онҳо бикоранд. Дар воқеъ онҳо кинаи динеро дар дил доштанд, ки  динҳои  ботили ононро  ба чолиш кашида ва ҳукуматҳои фосид ва ситамкоронашонро аз миён бардошта буд. Онҳо дар роҳи зарба задан ба ваҳдати мусалмонон ва ноустувор кардани пояҳои ҳукумати Ислом афроди паст ва нодонро  олати дасти худ сохтанд ва тавонистанд ҳар он киро,  ки нисбат ба халифа ва ҳукумати ў кинае ба дил дошт гирди худ ҷамъ кунанд ва ҷамъияти пинҳонеро ташкил диҳанд. Онҳо ҳамчунин  поро фаротар гузоштанд ва талош карданд то монанди ин ҷамоати палидро дар дигар сарзаминҳои  зеро султаи хилофат ташкил диҳанд.[vi] (6) Муҳимтари шабакаҳои ин ҷамъияти хабис дар  Куфа ва Басра ва Миср қарор дошт, ки  баъдҳо тавонистанд тарафдоронеро низ дар Мадина ва Шом  низ ба худ ҳамроҳ созанд.[vii](7)

Дуввум: Абдуллоҳ ибни Сабаъ сарсилсилаи ҷамъияти фитнаангезон:

 Ибни Сабаъ  ба пайравон ва ҳамфикрони худ тавсия мекард, ки бояд ин фитнаро густариш дод  барои ин кор аввал амирон ва волиҳо мавриди таъна ва интиқоди шадид  қарор дод. Аммо дар ҳоли  ҳозир мебояд чунин вонамуд кунед, ки  қасди амри ба маъруф ва наҳӣ аз мункарро доред, то битавонед мардумро ба худ ҳамроҳ созед.[viii](8)Абдуллоҳ ибни Сабаъ ҷиҳати иҷрои нақшаи шум, даъвогарони худро ба сар то сари сарзаминҳои исломӣ фиристод ва мукотиба  бо пайравони худ дар он сарзаминҳо пардохт ва ба онҳо эълон намуд, ки  бояд  ба по хезанд ва дар ҷиҳати барангехтани як миқёси фарогир  бар зидди  ҳукумат талоши худро сарф кунанд. Ин мардумони нопок ба зоҳир иддаҳои барпо доштани  амри ба маъруф ва наҳи аз мункар карданд,  аммо дар ниҳон қасд доштанд мардумро фиреб диҳанд ва ононро гирди худ ҷамъ кунанд. Онҳо дар ин роҳ ба интишори дурўғҳо ва туҳматҳо бар зидди амирон ва волиҳои Ҳукумат даст мезананд ва бо  мукотиба бо ҳамфикрони худ бар сарзаминҳои мухталиф ин овозаҳоро дар сар то сари сарзаминҳои исломӣ густариш медоданд, то битавонанд мардуми дигар шаҳрҳоро таҳти таъсири ин дурўғпардозиҳо ва таблиғоти бади худ қарор диҳанд. Ба ин тартиб ин бадтинатон ва ин сабаъиҳои нопок, ваҳдати мусалмононро халалдор карданд ва мардумро бар зидди волиҳо ва амирони худ шўронданд ва тавонистанд замини Худовандро ба фасод кашонанд.  Онҳо дар ин ваҳдати худ чунон маҳорати устодонае доштанд, ки  камтар касеро тавони он буд, ки ботини зишт ва хатарноки  ин зоҳири фиребандаи суханон ва иқдомоти онҳоро бубинад ва  ҳадафи шуми ононро, ки ҳамоно барканор кардани Усмон ибни Аффон (раз) ва нобуд кардани ҳукумати ислом буд, ташхис диҳад.[ix](9)

 Ибни Сабаъ  ҷиҳати иҷрои нақшаи палиди худ аввал қасди Шом намуд, аммо Муъовия (р) дар ҳол ба нияти ў пай бурд ва онро аз Шом берун кард.[x](10) Ибни Сабаъ пас аз ин моҷаро ба Басра рафт  ва назди Ҳаким ибни Ҷабала, ки як фарди дузд ва ҷинояткор буд, истиқомат намуд.[xi] (11)Чун ба Абдуллоҳ ибни Омир хабар доданд, ки як марди ношинос  назди Ҳаким ибни Ҷабала иқомат кардааст, ўро фаро хонд. Гуфтани ин нуқта лозим меояд, ки Ҳаким ибни Ҷабала ҳамроҳи сипоҳиёни ислом ба майдонҳои футуҳот мерафт ва чун сипоҳ ба ҷониби Басра боз мегашт, ў худро аз сипоҳ ҷудо мекард ва ба ғорат ва тороҷ  ва азияту озори аҳли зимма мепардохт. Аҳли зимма ва мусалмонон қазияро назди Усмон ибни Аффон (раз) матраҳ карданд  ва ў низ ба Абдуллоҳ ибни Омир дастур дод то Ҳакимр ро дар Басра нигоҳ доранд ва нагузоранд, ки аз шаҳр берун равад, магар ин ки ислоҳ шавад ва даст аз  ин корҳои худ бардорад. Ибни Сабаъ низ аз ин одати  зишти Ҳаким суд ҷуст ва ўро дар ҷиҳати манфиатҳои худ муҳайё намуд. Ҳаким низ тавонист афроди гумроҳ ва  ҳавасронро ба Ибни Сабаъ бипайвандад ва ба ин тартиб ҷамъияти пинҳон дар ростои ҳадафҳои шуми  Ибни Сабаъ ташкил мегардад.  Ҳамон тавр, ки  гуфтем  Ибни Омир бо шунидани хабари ворид шудани Ибни Сабаъ ба шаҳр  ва иқомати ў дар хонаи Ҳаким ўро фаро хонд ва дар мавриди ки будани ў аз омадан ба Басра суол намуд. Ибни Сабаъ низ вонамуд мекард, ки ў пештар аз аҳли китоб буда аммо пас аз шинохти ислом бо рағбат ба ин дин  гаравидааст ва қасд дорад дар Басра  иқомат кунад. Ибни Сабаъ сипас қасди Куфа кард ва дар он ҷо, ки фазоро муносиби афкор ва ақидаҳои ботили худ дид, аммо ба маҳзи ин, ки Саъид ибни Ос  хабари ворид шудани Ибни Сабаъ ба Куфаро шунид, дастур дод то ўро аз шаҳр берун кунанд. Пас аз берун кардани Ибни Сабаъ аз Куфа ў қасди сарзамини Миср  кард ва дар онҷо тавонист нақшаҳои шуми худро иҷро кунад ва афроди бисёреро гирди худ ҷамъ намояд.  Ў дар онҷо  бо пайравони худ дар дигар шаҳрҳо мукотибаҳои пинҳонӣ дошт ва дастуроти лозимиро  ба онон мерасонд.[xii](12)

 Талошҳои Ибни Сабаъ ва пайравони ў шаш сол идома ёфт то ин,  ки саранҷом дар соли  35 баъд аз ҳиҷрат ошубгарон  ва фитнаангезон шуриши худро  аз Куфа оғоз карданд ва бо қатили Усмон ибни Аффон (раз) онро ба поёнтарин дараҷаи густохӣ расониданд ва дар даврони хилофати Алӣ ибни Абитолиб (р) низ ҳамчунон  ва шайтанат ва хиёнати худ идома доданд.[xiii](13)

 Саввум: Фитнаангезон маҷлиси Саъид ибни Осро ба ошӯб мекашанд.

 Дар яке аз рўзҳои соли 33 баъд аз ҳиҷрат, ки Саъид ибни Ос дар як ҷаласа миёни мардум ҳузур ёфта ва ба онҳо дар заминаҳои мухталиф гуфтугў ва баҳс мекард, баъзе аз мунҳарифон ва ифротгарон вориди ин ҷаласа шуда  ва онро ба ошуб мекашанд.

 Дар воқеъ  моҷаро ба ин тариқ буд, ки  миёни Саъид ва фарде ба номи Хунайс ибни Ҳубайши Асадӣ муҷодилае даргирифт. Дар  маҷлис низ ифротгароне  мисли Ҷундуби Аздӣ, ки фарзандаш ба хотири иртикоби қатл,  қисос ва кушта шуда буд ва низ афроде монанди Молики Аштари Нахаъӣ, Инбни Кавоъ, Саъсаъа ибни Саҳвон ҳузур доштанд. Онҳо ин фурсатро  ғанимат шумурданд ва барои барангехтани фитна, ба зоҳир ва барои ҳимоят аз Саъид ба Хунайс ҳамла карданд. Падари Хунайс низ, ки барои  ба шиддат мавриди зарбу лат қарор гирифт, ба тавре, ки падар ва писар аз шиддати зарбаҳо беҳуш шудаанд.  Саъид низ ҳарчӣ кушид натавонист  монеъи ин иқдоми ваҳшиёнаи Ҷундаб ва  Молики  Аштар ва дигар ҳамдастонаш шавад. Ин иқдом сабаб шуд, ки  Куфа дар остонаи ҷанги  қабилаӣқарор гирад, ки ба кордонӣ ва амалкарди  ба мавқеъи Саъид,  оташи  он фитна  дар нутфа хомуш шуд.  Саъид дар як нома хитоб ба Усмон ибни Аффон (раз)  моҷароро барои ў  хабар дод ва Усмон ибни Аффон (раз) низ ба ў  супориш намуд, ки то  ҳадди имкон саъй намояд масъаларо ва як сурати фош ва дур аз ҳар навъ ташаннуҷҳаллу фасл кунад.[xiv](14)

 Пас аз ин моҷаро мунҳарифони  аз дин, иқдом ба  паҳн кардани овозаҳо ва дурўғҳо бар зидди Саъид  ва Усмон ибни Аффон (раз)  ва мардум ва бузургони Куфа карданд ва ба ҳамин далил  мардум аз Саъид хостанд то онҳоро муҷозот намоянд. Саъид ба онҳо посух дод, ки  Усмон ибни Аффон (раз) маро аз эҷоди  нооромӣ ва буҳрон  дар шаҳр манъ кардааст, аммо агар  тасмими  худ пофишорӣ мекунед аз худи Усмон ибни Аффон (раз)  иҷоза бигиред.  Мардум низ Усмон ибни Аффон (раз)-ро  дар ҷараёни авзоъ ва аҳволи шаҳр  қорор доданд ва аз ў  хостанд то ба Саъид фармон диҳад,  ки ин фитнаангезонро аз Куфа ихроҷ кунад ва Усмон ибни Аффон (раз) низ дархости ононро қабул кард ва ба Саъид дастур дод то он  ошубталабонро аз шаҳр табъид намояд. Саъид низ ин  нафаронро, ки  ҳудуди  даҳ то понздаҳ нафар мешуданд, ба Шом  назди Муъовия (р) фиристод ва дар як нома  ба Муъовия (р) чунин навишт: “ Ман афродеро назди ту мефиристам, ки  аҳли фитна ва ошуб ҳастанд. Онҳоро аз муҷозот битарсон ва талош кун то ислоҳ шаванд ва  ва агар эҳсос кардӣ, ки ба роҳи  рост омадаанд, бори дигар ба онҳо фурсати  ҷуброни гузаштаро бидеҳ.”[xv](15) Аз ҷумла афроде, ки  ба Шом табъид шуданд ин афрод буданд: Молики Аштарӣ Нахаъӣ, Ҷундаби Аздӣ, Саъсаъа ибни Саҳвон, Кумайл ибни Зиёд, Умайр ибни Забиъ ва Ибни Кавоъ.[xvi](16)

Чаҳорум: Фитнаангезон ба Шом табъид  мешуданд:

 Ба ворид шудани  ин афрод ба Шом, Муъовия ибни Абусуфён (р)  онҳоро  дар маконе ба номи “ Калисри Марям” ҷойгузин кард ва тибқи дастури Усмон ибни Аффон (раз)  ҳамон маошеро, ки дар Ироқ дарёфт мекарданд, ба онон пардохт намуд. Ў рўзу шаб бо онон хўрок мехўрд то битавонад шинохти дурусте аз онҳо ба даст оварад. Як рўз Муъовия (р) хитоб ба ин ҷамоат гуфт: “  шумо араб ҳастед ва шуҷоъ ва фосеҳ, ки Худованд ба дини Ислом ба шумо иззат ва шараф дод ва бо ин дин тавонистед бар дигар миллатҳо ғалаба намоед ва сарватҳои ононро дар даст гиред,  аммо  мебинам, ки нисбат ба Қурайшиҳо эҳсоси кина ва нафратмекунед.  Оё медонед агар Қурайшиҳо набошанд, шумо  ба ҳамон  даврони хорӣ ва заъфи пеш аз Ислом боз хоҳед гашт.[xvii](17)

 Дар воқеъ Усмон ибни Аффон (раз) медонист, ки Муъовия (р)  бо он фасоҳат ва балоғат, заковат ва ҳуш  ва гузашт ва ороиш ва  сабри камназари худ  метавонад ҳар мушкилеро  ҳаллу фасл намояд ва ба ҳамин хотир  ба маҳзи вуқуъи ҳар навъ ошуб ва фитнае онро ба писари Абусуфён вогузор мекард то гиреҳи онро  бикушояд.  Муъовия (р) дар робита ба ин масъала тамоми тавони худро  ба кор мебурд, то битвонад ин афроди ошубталабро ба роҳ дароварад.

  Ў аввал омадани онҳро ба Шом гиромӣ дошт , сипас талош намуд ба нишасту суҳбат бо онҳо аз ҳақиқати сирҳо ва ниятҳои  онон бохабар шавад ва пеш аз ин маҳкум кардани ин афрод, шинохти дуруст ва дур аз ончӣ дар мавриди онҳо шунида бударо ба даст овард.  Ба ин тартиб кушиш то тарс ва хавферо, ки дар  дили онҳо буд аз миён барад ва девори  нобовариро, ки миёнашон буд, аз миён бардорад. Ў пас  аз ин муддат, фаҳмида буд, ки  сабаби ин иқдомҳои  фитнаангези ингуна афрод  ҳамонон таассуботи қабилаӣ ва ҳисси ҷоҳталабӣ ва  қудратталабӣ аст. Бинобар ин барои ислоҳ кардани онҳо ду масъаларо матраҳ намуд:

 А: Таъсири ислом дар иззат ва қудрати  араб.

 Б: Нақши Қурайшиҳо дар назди ислом ва ҳаллу фасли мушкилот  ва гирифториҳои мусалмонон.

 Ин ошубталабон бо шунидани ин сухан ва таъсири чашмгири ислом дар вазъияти иззатмандонаи худ ва муқоисаи ин вазъият бо он шароити нобасомон ва қатлу ғорати пеш аз ислом, қоидатан бояд аз он иқдомоти вайронгари худ даст мебардоштанд.[xviii](18)

  Муъовия (р) дар идомаи гуфтугў бо онҳо чунин гуфт: “ роҳбарони имрўзи шумо ба сони сипари шумо ҳастанд,  пас сипарҳои худро аз худ наронед. Роҳбарони имрўзи шумо дар баробари саркашӣ ва зулму ситами шумо сабур ҳастанд, аммо  бидонед, ки Худованд шуморо муҷозот хоҳад кард ва ҳокимонеро бар шумо мусаллат мегардонад, ки бо вуҷуди сабри шумо дар баробари зулм ва ҷаврашон боз ҳам  шуморо саркуб мекунанд ва он вақт аст, ки  шумо низ бо ин сабри нобаҷо дар зулм ва ситами онҳо нисбат ба мардум шарикҳастед”. Як  нафар аз он ҷамъ ба Муъовия (р) гуфт: “  Чаро Қурайшиҳо, ки  ҷамъияти андаке ҳастанд ва дар даврони ҷоҳилият низ чандон қудратманд набуданд, ҳоло бар мо ҳоким шудаанд? Ҳоло агар мо ба ин қавли ту сипари худро аз ҳам бидарем,  ҳукуматро ба даст оварем.” Муъовия (р) дар посух гуфт: “  Ҳоло медонам, ки шумо танҳо аз рўйи ҷаҳолат ва нодонӣ даст ба чунин корҳое задаед. Ту ки сухангўи қавмат ҳастӣ ингуна меандешӣ, чӣ  бирисад ба дигар афроди қабилаат. Даврони ҷоҳилиятро ба ёд оваред ва бубинед ислом шуморо ба куҷо расонидааст. Ман  аз иззат ва шарафе, ки ислом ба шумо додааст суҳбат мекунам,  аммо шумо даврони ҷоҳилиятро ба ман мекашед. Фикр мекунед агар сипари ҳукумат аз ҳам дарида шавад, онгоҳ шумо метавонед соҳиби он шавед, аммо  сипаре шикаста бошад дигар ба кор намеояд. Бидонед, ки Худованд мардумонеро, ки  пайрави шумо бошанд ва бар зидди халифаи худ қиём кунад, хору залил мегардонад”.[xix](19)

 Муъовия (р) медонист, ки ин суханон наметавонад ин афродро қонеъ кунад, пас дар  идома чунин фармуд: “  Бифаҳмед, ки Қурайш дар ҷоҳилият ва ислом  танҳо ва танҳо ба хотири  лутфҳои Худованди азза ва ҷалла, иззат ёфт. Қурайш қавитарини арабҳо набуд, аммо  бо аслу насабтарин,  наҷибтарин, муҳшитарин ва ҷавонмардтарин қабилаҳо буд. Танҳо ва танҳо ба хотири инояти Худованд тавонист дар давроне, ки қабилаҳои араб якдигарро қатлу ғорат мекарданд дар амон бимонад, ки Худованд ҳаркиро азиз гардонад, ҳаргиз ў хорие набинад ва ба ҳар кӣ мартаба ва манзалати баланд диҳад, ҳаргиз ҳақир нашавад. Тамоми миллатҳои араб ва аҷам ҳар як ба бало ва  мусибати бузурге гирифтор омадаанд ва сарзамин ва ҳукуматашонро аз даст додаанд, аммо  ба хотири  фазли Худованд ҳарки чунин қасдеро  дар мавриди  Қурайш намояд, хору залил гардад ва чун Худованд  чунин ирода намуд, ки  онҳоро аз хории дунё ва азоби охират бираҳонад, Муҳаммад (с) –ро, ки беҳтарин халқи Ў аст аз миёни онҳо баргузид ва ёронеро дар атрофи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  ҷамъ овард, ки беҳтарини онҳо аз Қурайш буданд. Ин ҳукумат низ  ба хотири огоҳии онҳо устувор аст ва ба ҳамин далил хилофат дар миёни Қурайшиён қарор дорад. Худованд ононро  дар ҷоҳилият аз шарри подшоҳоне, ки ба дини  шумо буданд, ҳифз намуд ва имрўз низ, ки бар дини ҳақҳастанд, ҳатман аз онҳо ҳимоят ва муҳофизат  хоҳад намуд. Аз шумо ва дору дастаатон безорам! Ту  эй Саъсаъа!  Қабилаи ту бадтарин қабилаи араб  аст. Бадтарин навъи гиёҳон дар сарзаминатон  мерўяд дар  дуртарин  нуқта ҷойгир шудаед,  шаруртарини қабилаҳо ҳастед, бадтарин рафторро ба қабилаҳои ҳамсояатон доред. Ҳар киро, ки наздики шумо бошад  хор кунед ва дашном диҳед,  пастарин асолатро доред ва чун дар марзи мамлакати Форс қарор доред,  ҳамеша  залил ва хори онҳо будаед, аммо  чун даъвати Расулуллоҳ (с)  ба қабилаатон расид, шуморо  баландмартаба гардонид ва бар дигар миллатҳо фазилат дод. Ҳарчанд, ки ту эй Саъсаъа! Баъд аз қабилаат ва он ҳам аз рўйи ночорӣ имон овардаӣ, ҳоло қасд доред ин  дини азизро мунҳариф созед ва худро бори дигар ба хорӣ афканед. Бидонед, ки ҳаргиз наметавонед Қурайшро залил гардонед ва ба он осебе расонед. Шайтон бар шумо пирўз аст ва роҳи шар ва фитнаро ба шумо нишон дода ва тавонистааст шуморо бифиребад. Аммо ў сабаби марг ва ҳалокати шумо хоҳад шуд. Ў  наметавонад шуморо аз хости Худованд бираҳонад, пас агар шарре эҷод гардид, бидонед, ки Худованд низ дар муқобил шарри бадтареро насиби шумо хоҳад намуд ва шуморо  хор мегардонад ва онгоҳ шайтон шуморо раҳо  мекунад то дар заъф ва зиллат натавонед коре анҷом бидиҳед”.[xx](20)

 Ба ин тартиб  Муъовия (р) тамоми талоши худро намуд  то ин афроди ошубталабро сари ақл оварад:

–  Аввал дар мавриди вазъияти Қурайши дар ҷоҳилият ва ислом сухан гуфт.

–  Сипас дар мавриди вазъияти  асафбори қабилаҳои онон дар даврони ҷоҳилият ва  низ шароити маҳалли зиндагии он  қабилаҳо ва зиллат ва пастии онҳо дар баробари Ирониҳо суҳбат кард ва он авзоъро бо иззат  ва каромате, ки Ислом ба онҳо ато намуд, муқоиса кард.

–  Ў, Саъсаъа ибни Савҳонро, ки сухангўйи дўстонаш буд, мавриди хитоб қарор дод  ва ба ў ёдовар шуд, ки чун қабилааш имон оварданд, ў худдорӣ кард то ин, ки ба миёни қабилаи худ бозгашт ва ба ночор ислом овард.

–   Муъовия (р) нақшаҳои шуми Саъсаъа ва ҳамдастонашро, ки қасди эҷоди ошуб дар миёни уммат ва мунҳариф кардани онҳо аз дин доштанд, бармало сохт ва ба онон  гушзад намуд, ки сарриштаи ин фитнаҳо шайтон аст, ки ононро фиреб дода ва таҳрик мекунад.

–   Ҳамаи  онҳоро расво намуд, ки қасд доранд бо ин  дурўғҳо ва туҳматҳо мардумро аз дини Худо  мунҳариф сохта ва ба ҳамон  ақидаҳо ва бовариҳои  ҷоҳилият бозгардонад.[xxi](21)

Як ҷаласаи дигар миёни Муъовия (р) ва ошӯбталабон:

 Бори дигар Муъовия (р) назди он ошубталабон рафт ва ба онҳо чунин гуфт: “  Ё посухи дурусте ба ман бидиҳед ё хомуш бошед ва бештар биандешед. Бингаред, ки хайр ва салоҳи худ ва хонавода ва қабилаатон ва ҳамма уммати ислом дар чӣ чиз аст, ки пас аз дунболи ба даст овардани он бошед то битавонем дар сулҳу сафо дар канори ҳам зиндагӣ кунем.” Саъсаъа ҷавоб дод, ки: “ Ҳаргиз дар исён ва гуноҳ аз ту итоат нахоҳем кард”. Муъовия (р) посух гуфт: “ ман, ки шуморо ба итоат аз Худо ва Расулаш (р)  ва тақвои Ў ва ҳифзи ваҳдат миёни уммат фаро мехонам”. Аммо Саъсаъа ҷавод дод,  ки: “ Ту бар хилофи иддаъоят моро ба тафриқа ва итоат накардан аз Худо ва Расулаш (с) даъват кардаӣ”. Муъовия (р) дар посух ба ў гуфт: “ Бар фарз, ки иддаъои ту дуруст бошад, ҳоло ман аз он суханҳоям  тавба мекунам ва шуморо ба итоат аз  Худо ва Расулаш (с) ва тақвои Ў, ҳифзи ваҳдат ва  иҷтиноб аз тафриқа, итоат ва эҳтиром нисбат ба роҳбарони худ, мусоидат ва ишроди онон фаро мехонам”. Саъсаъа ҷавоб дод: “ Ҳоло мо низ аз ту мехоҳем аз мақоми худ канор равӣ то фарди лоиқтаре аз ту ба ин мансаб бирасад”. Муъовия (р) гуфт: “ Мувофиқам, аммо  он фарди лоиқ кист? “. Онҳо гуфтанд: “ ў марде аст, ки собиқаи ҳам худ ва ҳам падараш дар ислом аз собиқаи ту ва падарат бештар ва дурахшонтар аст”. Сипас Муъовия гуфт: “  Аммо ман боварӣ дорам, ки дар ин даврон ҳеҷ кас чун ман наметавонад бар ин авзоъ пирўз шавад. Умар ибни Хаттоб (р) низ ҳамин дидгоҳро нисбат ба ман дошт ва агар фарде тавонотар аз маро суроғ дошт, ўро бар ман бартарӣ медод, ки Умар (р)-ро дар амри дин ва ҳукумат бо ҳеҷ кас сари созиш ва мудоро надошт. Аз тарафи дигар ман ҳеҷ хатое накардаам, ки  мустаҳаққи барканорӣ бошам ва агар Амирулмўъминин ва шурои уммат чун хатои бузургеро аз ман медид ба яқин маро аз ин мансаб барканор мекард. Аз Худованд низ мехоҳам, ки агар Амирулмўъминин  рўзе бихоҳад маро  барканор намояд, ин кор комилан ба салоҳи ислом ва муслимин бошад. Аммо медонам, ки ин суханон бар асоси васвасаҳои шайтон ва ҳавову ҳаваси худатон аст ва агар қарор буд умури ҳукумат ва дин бар асоси  майлҳо ва хоҳишҳои нафси шумо устувор бошад, як рўз ҳам наметавонад давом биёварад. Аммо  Худованд умури дин ва ҳукумати исломро  бар асоси хости худ устувор гардонидааст. Бинобар  ин шумо низ худро ба умури хайр ва нек одат диҳед ва танҳо суханони  шоиста ва сазовори як мусалмонро бар забон оваред”. Онҳо гуфтанд: “ Мо боварӣ дорем, ки ту лайёқати ин корро надорӣ. Муъовия низ ба онҳо ҳушдор дод, ки мабодо аз васвасаҳои шайтон пайравӣ кунад ва ба исиёни Парвардигор бипардозад, ки азоб ва зиллати ин кор дар дунё ва охират домангири онҳо хоҳад буд.

 Онҳо ба Муъовия (р) ҳамла  карданд ва аз  ришу муйи сари ў гирифтанд, аммо ў ба онон гуфт: Инҷо сарзамини Куфа нест, ки ба Худованд савганд агар мардуми  Шом бохабар шаванд,  ки бо ман  чӣ рафторе доштаед, шуморо хоҳанд кушт ва дар он сурат низ ман нахоҳам тавонист, монеъи онҳо шавам. Сипас бархост ва гуфт, ки  ҳаргиз назди онҳо  нахоҳад рафт.[xxii](22)

 Мебинем, ки Муъовия (р)  тамоми тавон ва нерўи худро ба кор бурд то битавонад ин қавми ошубталабро аз он роҳи нодурусти худ боз гардонад ва ба тақво ва итоати Худованд ва ҳифзи ваҳдати уммати ислом фаро хонд, аммо онҳо дар  муқобил посух доданд, ки ҳаргиз дар исён ва гуноҳи Муъовия (р) аз ў итоат нахоҳанд кард.[xxiii] (23) Муъовия бо вуҷуде, ки медонист онҳо фақат  қасди  сафсата ва муҷодила доранд ва намехоҳанд аз роҳи ботили худ  боз гарданд, боз сабр  пеша кард ва оромиш ва манотнат ба онон эълон  намуд, ки агар иддаъои онҳо дар  мавриди исён ва  нофармонии ў аз дастуроти  Худо ва Расули Худо (с) дуруст бошад, ки нест, бо вуҷуди ин ў тавба  мекунад ва худ ва ононро бо тақво ва итоати  Худо ва Расул (с) ва иҷтиноб аз тафриқа  ва ошуб дар миёни уммат  барҳазар  медорад то шояд битавонад ба қалби мисли санги онҳо нуфуз кунад ва онҳоро таҳти таъсир  қарор диҳад ва аммо  онҳо дар муқобили равиши нарм  ва мулоими Муъовия ва суханони зебо ва хайрхоҳонаи У, чунон ҷасур шуданд, ки ошкоро рози  дарунро  фош карданд ва эълон карданд, ки  аз Муъовия мехоҳанд то аз мақоми худ канор равад, то фарди  лоиқтаре ҷои ўро бигирад. Муъовия  низ, ки қасд ва нияти онҳоро  шинохта буд, пофишорӣ  кард то онҳо ин фарди  лоиқро ба у низ бишиносонанд,  аммо мебинем, ки ин фитнаангезони мунофиқҳаргиз номи ин фардро ошкор накарданд ва фақат ба як  мушт  ишораи даҳанпуркун  иктифо карданд. Онҳо  иддаъо  мекарданд, ки агар  Муъовия канор биравад, фарде ҷойгузини ў хоҳад шуд, ки  ҳам худи  ў ба ҳам  падараш дар ислом аз собиқаи бештар  ва дурахшонтаре нисбат  ба Муъовия ва падари ў  бархудор аст.  Муъовия бо вуҷуди ҷасорат ва густохӣ  ва рафторҳои паст ва суханони ношоистаи онҳо, боз дар баробари  онҳо оромиш ва сабри худро  ҳифз намуд ва бо далелҳои  муҳкам ба иддаъо  онон посух мегуфт.

Посухҳои Муъовия ба иддаъоҳои бе появу асоси  он ошубталабонро метавон дар чанд мавриди  зер хулоса ва ҷамъбандӣ намуд:

1-    Муъовия ба он афрод баён намуд, ки ўро низ собиқаи сазовори таваҷҷуҳ дар Ислом  аст ва ҳам ў аст, ки аз замони вафоти бародараш Язид ибни Абусуфён дар баробари румиҳо  аз марзҳои  қаламрави исломӣ  дифоъ мекард.

2-    Бе шак ҳастанд афроде, ки  дар ислом  аз собиқаи  бештар  ва дурахшонтаре нисбат ба  Муъовия  бархурдоранд, аммо бо ин вуҷуд Муъовия муътақид буд, ки ў тавонотарин фардест, ки метавонад аз марзхои  Шом  ҳифозат  намояд. Ў аз оғози ба қудрат расидан дар Шом  чунон авзоъи  он диёрро сарусомон бахшид, ки  мардуми он сарзаминро дўст ва ҳомии худ сохта буд.

3-     Ба яқин равиши Умар ибни Хаттоб (р) дар таъйини волиҳо ва коркунони давлати  худ бисёр  сахтгирона  ва дақиқ буд. Ҳоло агар ў  дар Муъовия инҳироф  ва заъфе  медид, ҳаргиз як рўз низ ўро ба волигии Шом таъйин намекард. Аммо бо вуҷуди он сиёсати мушикофона ва дақиқи Умар дар амри ҳукумат, Муъовия тавонист дар даврони хилофати ў волии  Шом  бимонад, ҳарчанд пештар ва дар  даврони Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва Абубакр (р) низ  шуғлҳоеро бар уҳда  дошт ва ин  баёнгари  мизони боварии  Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва Абубакри Сиддиқ (р) ба ў  буд то онҷо, ки Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)ўро котиби худ намуд.

4-     Барканорӣ аз ҳар  мақом  ва  мансабе бояд бино ба омилҳое сурат гирад,  ки барканории як нафарро аз мақоми худ одилона ва  дуруст ҷилва диҳад. Ҳоло омиле, ки фитнаагезонро бар он дошт, то хостори истеъфо ва  канорагирии  Муъовия шуданд, чӣ буд?!

5-     Танҳо фарде, ҳаққи   барканорӣ ва  таъйини волиҳо ва  амирони давлатро дошт, Амирулмўъминин Усмон ибни Аффон (раз) буд  ва ҳеҷ каси дигар  аз ҷумла  он ошубталабонро ҳақки  дахолат  дар ин масъала набуд.

6-     Дар сурате, ки Амирулмўъминин Усмон ибни Аффон (раз) тасмим бигирад, ки Муъовияро барканор намояд, бе шак бояд қабул кард, ки ин тасмим комилан ба салоҳи ислом  ва муслимин аст ва  Муъовия низ ба унвони як амири фармонбардор бояд ба ин хости  халифа  гардан ниҳад.[xxiv](24)

 Натиҷаи ин ҷаласаҳо ва гуфтугуҳои  Муъовия ва ошубталабон бисёр  таассуфбарангез буд. Муъовия, ки  борҳо  ва борҳо  онҳоро аз хашм ва  иқоби Парвардигор бим дод ва ба онон ҳушдор намуд то  мабодо аз васвасаҳои  шайтон пайравӣ кунанд ва муқаддамоти тафриқа ва ошуб миёни  сафҳои  мусалмононро фароҳам намоянд, бо вуҷуди ин,  ин  қавми лаҷуҷу  худсар дар  муқобили ин насиҳатҳои  дилсузона ба  ў ҳамла  карданд ва ришу муи сари ўро кашиданд ва аз он пас буд, ки Муъовия(раз) онҳоро аз худ меронад ва бо зур ва таҳдид бо ин гуна афроде, ки ҷуз забони  зур ҳеҷ забони дигареро намефаҳмонад, бархурд мекунад. Муъовия пас аз ҷаласа гуфтугӯ  ва  муҷодила  бо ин  бадтинатон донист,  ки ононро бо ҳақ коре нест ва ҳаргиз дар роҳи  ҳақ қадам  нахоҳанд ниҳод. Пас бар худ лозим дид то ҳақиқати вуҷудии ин нобакарон ва хатареро, ки аз ҷониби онҳо ҳастии ваҳдати мусалмононро таҳдид мекунад ба Амирулмўъминин Усмон ибни Аффон (раз) хабар диҳад.[xxv](25)

 

Номаи Муовия ба Усмон ибни Аффон (раз) дар робита бо ошӯбталабони Куфа.

 Бисмиллоҳир – раҳмонир – раҳим. Аз Муъовия ибни Абусуфён ба Амирулмуъминин Усмон ибни Аффон (р). Эй Амирулмўъминин! Шумо қавмеро назди ман фристодед, ки бо забони шайтон сухан  мекунанд. Онҳо ба гумони  худ бо забони  Қуръон бо мардум сўҳбат  мекунанд, аммо дар  воқеъ мардумро  дучори  шубҳаҳо  месозанд.  Мутаассифона ҳамаи  мардум низ ба асли суханони онҳо пай намебаранд ва иддаъоҳои ононро бовар мекунанд. Онҳо танҳо  қасд доранд умматро дучори тафриқа  кунанд ва мехоҳанд ислом ва мусалмононро ба торикии заъфу зиллат бифиристанд. Онҳо бисёре аз мардуми Куфаро  монанди худ аз роҳ берун кардаанд ва ҳоло аз он бим дорам, ки мардуми Шомро низ ба роҳи залолат бикашонанд, пас аз Шумо мехоҳам, ки ононро ба сарзаминашон боз гардонед.[xxvi](26)

Дар инҷо инро мехоҳам биафзоям,ки маҳз ана ҳамин куфиҳо буданд,ки Усмон ибни Аффон (раз) ,Алӣ ибни Абутолиб(раз) ва Ҳусайн ибни Алӣ (раз) ро ба шаҳодат расониданд.Албатта бо шеваҳои гуногӯн.Раҳми Усмон (раз) инҷо ба ин бадбахтҳо аслан кори хубе набуд.

Панҷум: Усмон ибни Аффон (раз) ошубталабонро ба Ҷазира табъид мекунад.

 Усмон ибни Аффон (раз) дастур дод то ошубталабонро назди Саъид ибни Ос  боз гардонанд. Аммо чун онҳо ба Куфа боз гаштанд, бори дигар бар зидди Саъид ва  Усмон ибни Аффон (раз) забон   кушоданд  ва ба дуруғ  ва тўҳмат пардотанд. Саъид  бори дигар  аз онҳо ба Усмон ибни Аффон (раз) шикоят кард ва Усмон ибни Аффон (раз) ин бор фармон дод то онҳоро ба Ҳимс  ва назди  Абдурраҳмон ибни Холид Валид  табъид кунанд.[xxvii](27) Чун онҳо ба ҳузури  Абдурраҳмон расиданд, ў бо онҳо бо хушунат  ва хашм сухан гуфт  ва аз онҳо чунин истиқбол намуд:

Эй олоти  дасти  шайтон! Дар инҷо ҳеҷ кас  аз ҳузури  шумо хушҳол нест. Шумо ислоҳ намешавед  ва ҳамчунон дар ботил ҳастед. Агар  Абдурраҳмон натавонад шуморо   ром кунад  ва ба хорӣ  кашонад, зиёни кор  хоҳад буд. Намедонам шумо аз чӣқавм  ва  миллате ҳастед, араб ҳастед  ё аҷам, ки  ингуна ислоҳнашаванда  нестед.  Эҳтиёт бошед бо ман  монанди  Саъид  ва Муъовия бархурд накунед. Ман  фарзанди  Холид  ибни  Валид (р)  ҳастам, ки  қаҳрамониҳои  беназире аз худ нишон дод ва ҳам ў буд, ки  муртадҳоро решакон намуд”.

Онҳо чанд  моҳе  назди  Абдурраҳмон монданд ва ў  дар тўли ин муддат  ва огоҳӣ ва ҷиддият  бо онҳо  рафтор  менамуд ва ҳаргиз  мисли  Саъид ва Муъовия (раз) дар баробари  онҳо  аз худ  нармиш нишон надод. Ў ҳар ҷо, ки мерафт онҳоро бо худ мебурд ва онҳоро дар ҷангу сулҳ назди  худ  нигоҳ медошт то комилан  рафтор  ва кирдори  онҳоро  зери назар дошта бошад  ва дар ҳар  шароите, ки муносиб менамуд, онҳоро хору шарманда мегардонид ва ҳар вақт, ки  саргуруҳашон  Саъсаъа ибни  Савҳонро  медид ў  мегуфт: “ Эй фарзанди  гуноҳ! Бидонҳаркиро, ки хайр ва салоҳ ба роҳи  рост  наёварад, шар  ва бало ўро  ислоҳ мекунад ва ҳар,  ки бо нарми  ва мулоимӣислоҳ нагардад, бояд бо хушунат ва шиддат ўро сари ақл овард”. Низ ба онон мегуфт: “ Чаро ҳамонгуна, ки  бо Саъид ва Муъовия муҷодила мекунед, бо ман  сўҳбат  намекунед ва ҷавоби суханҳои  маро  намедиҳед?!”.

 Ин шиддат  ва бар хурди ҷиддии  Абдурраҳмон муфид воқеъ шуд ва сабаб гардид то ошубталабон изҳори  пушаймонӣ кунад ва аз Абдурраҳмон бихоҳанд, ки онҳоро бибахшад ва рафтори мулоимтаре бо онҳо дар пеш бигирад. Абдурраҳмон низ аз миёни онҳо Молики Аштарро назди Усмон ибни Аффон (раз) фиристод то ба ў  хабар  диҳад, ки онҳо аз кирдори  собиқи  худ тавба карда  ва пушаймон шудаанд. Усмон ибни Аффон (раз) низ онҳоро  бахшид  ва ба онон иҷоза  дод то ба шаҳри  худ боз гарданд. Аммо Молики  Аштар  аз Усмон ибни Аффон (раз) дархост кард, то Усмон ибни Аффон (раз) ба онҳо  иҷоза диҳад  то дар  Ҷазира ва назди  Абдурраҳмон бимонанд ва ў бо ин дархости  онҳо  мувофиқат кард.[xxviii](28)

 Пас  аз ин ҳодисаҳо буд, ки  шўълаи  фитнаи Куфа  ором шуд. Дар воқеъ дар ҳодисаҳои  соли 33 – баъд аз ҳират  мунофиқон ва   фитнаагезон, ки шоҳиди  табъиди раисони худ буданд, сукутро беҳтарин роҳи  наҷоти  худ  донистанд.[xxix](29)

1 – Фитнаагезони Басра бар зидди  Ашҷаъи  Абдулқайс фитна мекунанд.

Дар Басра  низ  фитнаагезон он шаҳр ба раҳбарии  Ҳаким  ибни Ҷабала бар зидди  бузургон ва солеҳони шаҳр  фитна мекарданд ва дуруғҳо ва   тўҳматҳои  бисёреро ба онон  нисбат  медоданд. Аз ҷумлаи ин бузургон  Омир ибни  Абдулқайс  ва лақабаш Ашҷаъи  Абдулқайс буд, ки ҳамроҳи  ҳайати намояндагони қабилаи  худ назди Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)рафта ва  муддатеро  назди Ў (саллаллоҳу алайҳи васаллам)маорифи динро фаро гирифта  буд. Ин фард чунон мавриди  эҳтироми  Расули Худо (с) қарор дошт, ки Ў (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мавриди ў чунин фармуданд: “ Туро ду хислати неку аст, ки  Худо  ва Расулаш  онҳоро дўст медоранд ва он ду хислат  ақл ва  сабр  ва оромишу матонати ту аст”.[xxx](30) Омир ибни  Абдуқайс  аз фармондеҳони   Қодисия  ва дигар набардҳои  футуҳот буд, ки  дар Басра ҷузви  солеҳон ва парҳезкорони  он диёр маҳсуб мешуд. Аммо мунҳарифони аз дин ва  мунофиқон дар ростои рехтани обруи шахсият  ва эътибори  бузурогон ва обрӯмандони шаҳр, тўҳматҳои  норавоеро бар ў ворид карданд. Усмон ибни Аффон (раз) низ ўро ба Шом  ва назди  Муъовия фиристод ва чун Муъовия бо ў  ба гуфтугу нишаст, донист, ки ў аз тамоми он туҳматҳо пок аст. Аммо  саргуруҳи афроде, ки  ин тўҳматҳоро ба  Омир  ибни  Қайс нисбат  доданд,  Ҳимрон ибни  Аббон  буд, ки  ҷузви  афроди  бе дин ва ҷинояткор ба ҳисоб  меомад то онҷо, ки  занеро дар  айёми  иддааш ба никоҳи худ даровард ва чун Усмон ибни Аффон (раз) аз ин  моҷаро бохабар  шуд, он занро  талоқ дод  ва амр  намуд то  Ҳимронро дурра  зананд ва ба Басра табъид кунанд ва  дар онҷо буд, ки  бо  Ҳаким  ибни  Ҷабала саргуруҳи  Сабаъиёни  Басра   ошно шуд ва  ба гуруҳи онон пайваст.[xxxi](31)

2 –  Ибни  Сабаъ соли 34 и ҳиҷриро замони оғози  шӯриш  ва қиём эълон мекунад.

 Дар  ин сол буд, ки  Ибни Сабаъ тасмим  гирифт,  ки аввалин қадамҳои  шуриш ва қиём бар зидди низоми  хилофатро бардорад. Ў аз замоне, ки  дар Миср  ҷойгир шуда буд  ба таври доим  бо  пайравони худ дар  Куфа  ва Басра  ва Мадина дар иртибот  буд ва бо онҳо мукотиба мекард то ин, ки  саранҷом ба як  нақшаи  ягона даст  ёфтанд.  Пас аз  табъиди  он  ошубталабон ва Шом  ва сипас  ба Ҷазира,  саргурўҳи Сабаъиёни Куфа  марде ба номи  Язид  ибни Қайс буд.[xxxii](32)

 Дар соли  34 – авзоъи Куфа  комилан ба фоидаи  ошубталабон рақам  мехурд, зеро  дар ин сол мўъминони  ростин ва бузургони шаҳр ва қасди ҷиҳод аз Куфа  хориҷ  шуда буданд ва бештари  афроде, ки  дар шаҳр монданд, инсонҳои  сустимон ва  ошубталабон буданд, ки  таҳти  таъсири Сабаъиҳо  ва мунофиқон қарор  доштанд ва  метавонистанд онҳоро  бар зидди Саъид ибни  Ос  таҳрик кунанд.[xxxiii](33)

3 – Авзоъ ва  шароити Куфа  ҳангоми  шӯриши  ошӯбталабон:

Табарӣ дар таърихи худ  оид ба ҳодисаҳои  соли 34 – ум чунин менависад: дар ин сол  Саъид  ибни Ос ба  Мадина рафт.  Аммо пеш аз рафтани  назди Усмон ибни Аффон (раз), фармондеҳони худро ба минтақаҳои  мухталиф фиристод.  Ў Ашъас ибни Қайсро  ба Озарбойҷон, Саъид ибни  Қайсро  ба Рай, Насири  Аҷалиро  ба Ҳамадон, соиб ибни Ақраъро  ба Исфаҳон, молик ибни  Ҳабибро  ба Марв,  Ҳаким  ибни Саломаро  ба Муссил, Ҷарир ибни Абдуллоҳро  ба Гурҷистон, Салмон ибни  Рабиъаро  ба  Бобул абвоб (Нахҷавон), Утайба  ибни  Нуҳосро  ба Ҳилвон фиристод. Ў  Қаъқоъ ибни Амри  Тамимиро ба унвони  амири лашкари  Куфа  гузошт ва Умайр ибни  Ҳарисро ҷонишини худ дар Куфа  намуд.  Ба ин тартиб мебинем, ки  бо хориҷ шудани  бузургон ва фармондеҳони  Куфа, ин шаҳр амалан бе нигаҳбон дар ихтиёри  ошубталабон ва фитнаагезон қарор мегирад.[xxxiv](34)

Дар  ин шароит Язид ибни Қайс  раҳбари  Сабаъиҳо ин шаҳр, пас аз тавофуқ бо Абдуллоҳ ибни Сабаъ ба пайравону ҳамдастони худ дастур медиҳад то бар зидди ҳукумат бархезанд.[xxxv](35)

4 – Қаъқоъ ибни Амир  аввалин қиёми шӯришиёнро  саркӯб  мекунад:

 Чун Язид ибни Қайс  бар зидди  ҳукумат  эълони  қиём кард  ва масҷид рафт ва дар онҷо буд, ки  дигар  Сабаъиҳо ва  шуришиён гирди ў ҷамъ шуданд. Ба  мазҳи  ин, ки  Қаъқоъ  ибни  Амр  аз ин иқдоми  онон бохабар  шуд  ба масҷид рафт ва   онҳоро боздошт ва дастгир намуд. Язид  чун  ҷиддият ва огоҳии Қаъқоро медонист,  нияти  палиди  худро  пинҳон намуд ва иддаъо кард, ки  танҳо  хостори барканории Саъид  ибни Ос аст ва  қасд надошта  бар зидди ҳукумат ва Усмон ибни Аффон (раз) туғён кунад. Қаъқоъ низ  онҳоро озод кард, аммо  ба онҳо  дастур дод, ки  ба хонаҳои  худ боз гарданд ва ҳеч ҷо ҷамъ нашаванд  ва агар хостори  барканории Саъид  ҳастанд онро аз худи  халифа  дархост  кунанд.[xxxvi](36)

5 – Язид ибни Қайс бо ошубталабоне, ки  дар табъид ҳастанд, мукотиба мекунад:

 Чун Қаъқоъ тавонист  аввалин ҳаракати  Сабаъиҳо дар Куфаро  саркуб кунад, Язид ибни Қайс тасмим гирфит дар таҳаррукоти  худ миёнаравӣ  ва эҳтиётро  риоят кунад. Ба ҳамин  далил   ў фардеро маъмур  кард, то  номаеро бо шуришиёне, ки  дар табъид ҳастанд, бирасонад. Ў дар он нома хитоб ба онҳо гуфта буд, ки  ба маҳзи дарёфти ин нома, гурехта ва худро  ба Куфа бирасонед, зеро, ки бо  дустонамон дар Миср ба ин тавофуқ расидаам, ки қиём бар зидди  Усмон  (р) – ро оғоз кунанд. Чун Молики  Аштар  ин номаро дарёфт кард  ба суръат  худро  ба Куфа  расонид ва бори  дигар  ба Язид ибни Қайс пайваст. Онгоҳҳама  бо ҳам  дар  масҷид ҷамъ шуданд ва дар ин миён Молики  Аштар тавонист  афроди сустимон  ва соддалавҳро  бифиребад. Ў ба онҳо чунин вонамуд кард, ки  ў аз  Мадина ба Куфа омадааст ва хабар ёфта, ки  Саъид ва Усмон ибни Аффон (раз) тасмим гирифтаанд то маоши саронаи мардуми  Куфа  аз байтулмолро аз дусад дирҳам  ба яксад  дирҳам кам кунанд. Воқеият ин аст, ки Саъид  ва Усмон ибни Аффон (раз)ҳаргиз дар ин бора бо ҳам  сўҳбат  накарданд, аммо  Молики Аштар  тавонист бо сохтани ин дуруғ, мардуми соддалавҳ ва сустимон ва афроди ошубталаби  бисёреро  бо худ ҳамроҳ созад.  Чун масҷид ба  ошуб кашида  шуд,  Язид  ибни Қайс  онҳоро фаро  хонд то роҳи  даромади  Саъид ба Куфаро бар ў бибанданд ва  хостори  барканории ӯ шаванд ва ба ин тартиб тавонист ҷамъияте қариб ба як ҳазор  нафарро  ба ин кор тарғиб кунанд.[xxxvii](37) Дар  ин миён ҳар қадар  бузургон ва солеҳони шаҳр  мисли  Абу Мусои  Ашъарӣ (р), Абдуллоҳ ибни Масъуд (р), Қаъқоъ ибни Амр ва дигарон кушиш карданд то  он мардумро аз ин  иқдоми  нодуруст боз доранд, натавонистанд муваффақ  шаванд.[xxxviii](38)

6 – Қаъқоъ ибни Амр  куштани раисони ин ошӯбро танҳо  роҳи  ҳал медонад:

 Пас аз оғози ин ошуб ва балво, Умайр ибни  Ҳарис бар минбар  рафт  ва аз мардум  хост то ваҳдати худро ҳифз кунанд ва аз тафриқа  ва  пайравӣ аз фитнаагезон бипарҳезанд.[xxxix](39) Дар ин  асно Қаъқоъ ибни Амр хитоб  ба ў гуфт: Оё мехоҳед дар роҳи  ҷараёни сел биистед ва пеши онро бигиред?  Бояд  пеши онро аз сарчашма ва  сарманшаъ гирифт. Ман боварӣ дорам, ки шамшер танҳо  ҳалли хомуш кардани  оташи  ин фитна аст. Бояд  барқи  шамшерро ба онон нишон дод то дигар  даст ба чунин корҳое назананд. Ҳоло агар ба сухани  ман гуш намедиҳед сабр кунед ва бубинад, ки саранҷоми ин кутоҳии мо ба куҷо  меанҷомад.[xl](40)

7 – Шӯришҳо монеъи  ворид шудани  Саъид ибни Ос  ба Куфа мешаванд:

 Язид ибни  Қайс ва Молики Аштар ҳамроҳи як ҳазор нафар аз Куфа  хориҷ шуда ва дар  роҳи Куфа  ба Мадина дар маҳалле ба номи Ҷуръа  таваққуф карда ва  мунтазири бозгашти Саъид аз Мадина шуданд. Чун Саъид  аз Мадина бозгашт, роҳро бар ў  бастанд ва ба ў гуфтанд, ки ба Мадина бозгардад, чунки онҳо монеъи даромади ў ба Куфа  хоҳанд шуд ва  ба ў эълон карданд, ки  ба Усмон ибни Аффон (раз) хабар  диҳад  то Абу Мусо  Ашъариро ба ҷойи ў  ба волигии Куфа таъйин кунад. Саъид ба онҳо гуфт, ки агар мехоҳед волии дигаре ба ҷои ман  интихоб шавад, лозим набуд як ҳазор марди  оқил  ба инҷо биёянд то ин масъаларо ба ман хабар диҳанд, кофӣ буд номае  ба Усмон ибни Аффон (раз) мефиристодед ва   дархости худро  дар он  матраҳ мекардед ва як нафар низ ин  масъаларо ба ман хабар  медод.[xli](41)

 Дар воқеъ Саъид  чун  он вазъиятро  дид, салоҳ ва хайри умматро дар он  дид, ки  бо он даргир нашавад то оташи он фитна бештар аз пеш  шўълавар нагардад.[xlii](42)

Пас аз бозгашти Саъид ба Мадина,  Усмон ибни Аффон (раз) – ро аз воқеа  огоҳ кард. Усмон ибни Аффон (раз) аз ў  пурсид, ки оё қасди туғён бар зидди хилофатро доранд? Ва  Саъид посух дод, ки  ба зоҳир танҳо хоҳони барканории ман ва таъйини волии дигаре мебошанд. Усмон ибни Аффон (раз) аз ў суол кард, ки чӣ касеро мади назар доранд ва  Саъид гуфт, ки онон гуфтаанд, ки хостори волигии Абу Мусои Ашъарӣ ҳастанд. Усмон ибни Аффон (раз) низ мувофиқат кард то Абу Мусои Ашъариро ба ҷойи Саъид  ба волигии Куфа таъйин кунад, аммо  ҳушдор дод, ки мо дар баробари ин иқдоми Куфиҳо сабр пеша мекунем, аммо аз ин баъд дигар ҷеҷ баҳонае  аз онҳо қабул намешавад.[xliii](43)

  Пеш аз ин, ки номаи Усмон ибни Аффон (раз) оид ба барканории Саъид ва таъйини Абу Мусои Ашъарӣ ба волигии Куфа ба ин шаҳр бирасад, Саҳобаҳое, ки дар шаҳр буданд, талош карданд то авзоъро ором ва сару сомон диҳанд, аммо мунофиқон ва фитнаангезон чунон бар шаҳр ҳоким шуда буданд, ки ислоҳи авзоъ чандон осон наменамуд. Дар он замон ду нафар аз  Саҳобаи Расули Худо (с)  дар масҷид ҳузур доштанд. Он ду Ҳузайфа ибни Ямон ва Абу Масъуд Уқба ибни Амири Ансорӣ(раз) буданд. Абу  Масъуд, ки сахт аз ин иқдоми  шуришҳо ба хашм омада буд, муътақид буд, ки Усмон ибни Аффон (раз)  сипоҳеро ба ҷониби Куфа хоҳад фиристод ва ҳамаи шуришиёнро  саркуб мекунад. Аммо Ҳузайфа ибни Ямон  бар хилофи Абу Масъуд меандешид ва боварӣ дошт, ки Усмон ибни Аффон (раз)  чунон коре нахоҳад кард. Дар воқеъ Ҳузайфа солҳо пеш ва аз забони Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)эҳтимоли рух додани чунин фитнаеро шунида буд ва  ҳоло медид, ки суханони Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  таҳаққуқ ёфтаанд. Ў гуфт, ки Расули Худо (с)  ба мо фармудаанд: “ рўзгоре фаро мерасад, ки фарди мусалмон чун шаб кунад бар ислом  бошад ва чун рўзи баъд фаро расад,  бар куфр бошад. Онгоҳ бо дигар мусалмонон ба набард бипардозад. Ў қаблан аз дин  баргаштааст, аммо  Худованд шарри ўро  аз сари мусалмонон кам мекунад ва ўро ба ҳалокат мерасонад”.[xliv](44)

Ҳузайфа, ки комилан  ба  ҷараёни фитнаҳо ошно буд, талош мекард, ки бо мудоро фитнаро ором кунад ва бо  иноят ба суханони Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ҳаргиз аз рух додани чунин фитнае тааҷҷуб накард.[xlv](45)

8 – Абу Мусои Ашъарӣ авзоъро ором мекунад:

 Пас аз ин моҷаро, Абу Мусои Ашъарӣ бар минбар рафт ва ба мардум чунин гуфт: “ Эй мардум! Дигар иқдом ба чунин коре накунед ва аз исён ва нофармонӣ бипарҳезед. Ваҳдати худро  ҳифз кунед ва аз  роҳбарони худ итоат намоед. Аз шитоб ва саросемагӣ дар масъалаҳоятон иҷтиноб кунед ва бидонед, ки ба зудӣ Усмон ибни Аффон (раз) амиреро бар шумо таъйин хоҳад намуд”.

Мардум аз ў хостанд, ки имомии ҷамоати онҳоро бар  уҳда гирад, аммо ў қабул  накард ва шарт гузошт, ки мардум эълон кунанд, ки аз дастуроти Усмон ибни Аффон (раз) итоат хоҳад кард. Мардум низ чунин карданд ва эълон намуданд, ки  Усмон ибни Аффон (раз)  ҳарчӣ бигўяд аз ў итоат мекунанд.[xlvi](46)  Аммо ҳақиқат чизи дигаре буд ва фитнаангезон ба дурўғ ва барои  фиреби мардум чунин аҳде бастанд. Ба ин тартиб Абу Мусо то замоне, ки Усмон ибни Аффон (раз) ўро ба волигии Куфа таъйин намуд,  имомии ҷамоати шаҳрро бар уҳда дошт ва чун  номаи Усмон ибни Аффон (раз)  оид бар таъйини ў  ба волигии он диёр ба ў расид, тавонист авзоъ ва аҳволи шаҳрро сару сомон диҳад. Пас аз  оромиши авзоъ низ Ҳузайфа ибни Ямон  ба Озарбойҷон бозгашт то раванди футуҳот идома ёбад. Ҳамчунин дигар волиҳо ва амирон низ  ҳар як ба минтақаҳои таҳти амри худ давр Ирон баргаштанд.[xlvii](47)

9– Номаи Усмон ибни Аффон (раз) ба шуришиҳои Куфа:

 Пас аз шуриши мунофиқон ва фитнаангезони Куфа, Усмон ибни Аффон (раз) номае хитоб ба онҳо навишт, ки баёнгари  андозаи дарки баланди ў аз масъалаҳо ва рўйдодҳои  он рўзгор аст. Ҳамчунин дар ин нома метавон равиши ҳакимонаи Усмон ибни Аффон (раз) дар маҳори фитнаҳо ва ошубҳоро айнан мушоҳида намуд,  ҳарчанд ў яқин дошт, ки тўғёни фитнаҳо дар роҳ аст ва ў  қодир  нахоҳад буд монеъи шуълавар шудани онҳо шавад. Ў дар ин нома чунин мегўяд: “ Ман он касеро, ки худ интихоб кардед ба ҷойи Саъид ба имроати бар шумо таъйин намудам. Бидонед, ки ман обрўямро ба хатар меандозам ва дар баробари шумо сабр пеша мекунам, то битавонам шуморо ислоҳ кунам. Шумо ҳарчиро, ки дӯст доред аз ман бихоҳед ва ман низ онро то замоне, ки мухолифи дастуроти Худованд набошад, ба шумо хоҳам дод ва ҳарчиро, ки намеписандед ба ман бигўед то онро модом, ки гуноҳе дар он набошад аз шумо дур созам. Инро мегӯяд то дигар шуморо бар ман  ҳуҷҷате набошад”.

Усмон ибни Аффон (раз) илова ба Куфа, номаҳое бо ин мазмунро ба дигар минтақаҳо фиристод, то бар мардум хонда шаванд. (48)

 Худованд аз Усмон ибни Аффон (раз) хушнуд бошад, ки ингуна некўкор буд ва дар баробари дурӯғҳо ва тӯҳматҳои Сабаъиҳо, то чӣ андоза кушодадил буд.

Идома дорад мақолаи баъдӣ “Равиши Усмон ибни Аффон (раз) дар фитна ва ошӯб”.

Мақолаи баъдӣ “Усмон ибни Аффон (р) дар муқобили фитна ва ошуб чӣ равише дошт?“ мебошад. Бо мо бошед,то ин бахши пурмоҷарои таърихро ба хуби фаҳмеду огоҳӣ дошта бошед.

Манобеъ ва сарчашмаҳои истифода шуда:

  1. 1.   Таърихи Табарӣ (5/380).
  2. 2.    Алхулафоур – рошидун, Алхолидӣ саҳ, 122. (الخلفاء الراشدون بين الاستخلاف والاستشهاد) Хело китоби ҷолибе мебошад.Салоҳ Абдулфаттоҳ Алхолидӣ
  3. 3.    Таърихи Табарӣ ( 8/280).
  4. 4.    Таърихи Табарӣ (5/ 281).
  5. 5.     Алхулафоур – рошидун, Алхолидӣ саҳ, 124.
  6. 6.     Алхулафоур – рошидун, Алхолидӣ саҳ, 14.
  7. 7.      Алхулафоур – рошидун, Алхолидӣ саҳ, 124.
  8. 8.      Таърихи Табарӣ  (5 / 348).
  9. 9.       Алхулафоур – рошидун, Алхолидӣ саҳ, 126
  10. 10.    Алхулафоур – рошидун, Алхолидӣ саҳ, 126.
  11. 11.    Алхулафоур – рошидун, Алхолидӣ саҳ, 128.
  12. 12.    Алхулафоур – рошидун, Алхолидӣ саҳ.129.
  13. 13.    Алхулафоур – рошидун, Алхолидӣ саҳ.130.
  14. 14.    Таърихи Табарӣ (5\323).
  15. 15.    Таърихи Табарӣ (5/324).
  16. 16.    Алхулафоур – рошидун, саҳ131.
  17. 17.    Таърихи Табарӣ (5/324).
  18. 18.    Муъовия ибни Асусуфён, Мунир Ғазбон, саҳ 101.
  19. 19.    Таърихи Табарӣ (5/324).
  20. 20.    Таърихи Табарӣ (5/326).
  21. 21.    Муъовия ибни Абусуфён, Мунир Ғазбон саҳ 111.
  22. 22.    Таърихи Табарӣ (5/330).
  23. 23.    Таърихи Табарӣ (5/330).
  24. 24.    Муъовия ибни Абусуфён, саҳобаи кабир ва  малики муҷоҳид, саҳ 114 -117.
  25. 25.    Муъовия ибни Абусуфён, Мунир Ғазбон саҳ 117 – 118.
  26. 26.    Таърихи Табарӣ (5/331).
  27. 27.    Таърихи Табарӣ (5/331).
  28. 28.    Таърихи Табарӣ (5/327).
  29. 29.    Алхулафоур – рошидун,  саҳ.134.
  30. 30.    Ба ривояти Муслим, китобул –имон ҳадиси 25.
  31. 31.    Таърихи Табарӣ (5/ 333).
  32. 32.    Алхулафоур – рошидун,  саҳ.135.
  33. 33.    Алхулафоур – рошидун, саҳ 135.
  34. 34.    Таърихи Табарӣ (5/ 337).
  35. 35.    Алхулафоур – рошидун,  саҳ.136.
  36. 36.    Таърихи Табарӣ (5/337).
  37. 37.    Таърихи Табарӣ (5/338).
  38. 38.    Таърихи Табарӣ (5/338).
  39. 39.    Алхулафоур – рошидун, саҳ. 139.
  40. 40.    Таърихи Табарӣ (5/ 338).
  41. 41.    Таърихи Табарӣ (5/338).
  42. 42.    Алхулафоур – рошидун, саҳ 140.
  43. 43.    Таърихи Табарӣ (5/339).
  44. 44.    Таърихи Табарӣ  (5/342).
  45. 45.    Ҳузайфа ибни Ямон, Иброҳим Алъалӣ, саҳ 86 ва Алхулафоур – рошидин, саҳ 141.
  46. 46.    Таърихи Табарӣ (5/339).
  47. 47.    Алхулафоур –рошидун, саҳ 142.
  48. 48.    Таърихи Табарӣ (5/343).



Total
0
Shares
Related Posts
Read More

“Ва-банк”

Тардид надошта бошед, ки дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ масоиле чун терроризму ифротгароии исломӣ ва мубориза бо онҳо дар авлавияти шиорҳои интихоботии Раҳмон ва ё инки валиаҳди ӯ қарор хоҳанд гирифт.
Read More

“Ҳавзаи №25 “ ҷойгузини қасри “Арбоб” мегардад

Рустами Эмомалӣ, 19-уми декабри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, “маълумоташ олӣ”. Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро
Read More

МАДРАСА

Раиси шӯъбаи кор бо ноболиғони шуъбаи корҳои дохилии шаҳр омадааст. Дидааст, ки ҷурме дар рафти таълиму вақти танаффус, ҳуҷҷатҳои омӯзгорону нақшаҳои тақвимӣ наёфтааст, ба либоси донишҷӯён эътироз кардааст.