Оғози муҳокимаи ҷиноёти Раҳмон дар ООН

Ислоҳ нет

 

    Раҳмон барои маҷмӯи ҷиноёти худ,бавижа ҷиноёт дар баробари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар оғози моҳи июл посух хоҳад дод. Муҳокимаи дастури ғайриқонунии манъи ҲНИ аз тарафи Раҳмон қарор аст тавассути Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар оғози моҳи июл дар Женева баргузор шавад.Раҳмон ва намояндагони ӯ аз ҷумла ба ин пурсиш: “дар бораи бо ангезаҳои сиёсӣ бастани Ҳизби наҳзати исломӣ ва муҳокимаҳои ноодилонаи аъзои ҳизб” бояд ҷавоб бидиҳанд.

 

     СММ, бо гузашти чаҳор сол аз баста ва мамнӯъ эълом кардани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамоно бар дурустии ин қарори ҳукумати Раҳмон бовар надорад. Раҳмон бо баста ва мамнӯъ эълом кардани ин ҳизби пурҷамъият ва пуртарафдор иктифо накарда онро террористӣ хонд ва аз кишварҳои ҷаҳон хост ҳизбро шомили листи созмонҳои тундрав ва даҳшатафкан бисозанд. Аммо то кунун ҳеҷ яке аз кишварҳои олам ба ин дархости бепоя ва асоси Раҳмон посухи мусбат надода баракс кишварҳои урупоӣ ин ҳизб ва роҳбарияти аз таҳдид ва таъқиби Раҳмон ва ниҳодҳои қудратии ӯ ҷон ба саломат бурдаро паноҳгоҳ доданд ва гузашта аз ин барои идомаи кору пайкори ин созмони қонунмеҳвар шароит ва замина дар қаламравҳои худро мусоид сохтанд.

 

   Албатта, Раҳмон ва намояндагони ҳукумати вай, ки дар баробари пурсишҳои СММ роҷеъ ба ин аъмоли ҷинояткоронаи худ посух хоҳанд гуфт, боз ҳам аз ба ном “ошуб”-и генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифои ҳукумати Раҳмон хоҳанд гуфт, ки гӯиё бо ҳамдастии Наҳзати исломӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади сарнагунии ҳукумати ӯ  ба амал бароварда шуда бошад.

 

   Аммо ин як дурӯғ ва беш аз ин як ҷинояти зиддибашариест, ки Раҳмон танидаву бофтаву бар пойи Наҳзат, ҳизбе, ки тавонист дар як муддати кӯтоҳи баъди бозгашт аз ҳиҷрат мавқеъи иҷтимоӣ ва сиёсии худро дар кишвар устувор ва муҳкам кард ва дар интихоботҳои парлумонии солҳои 2010 ва 2015 беш аз шаст дар сад аз орои ҷомеаи Тоҷикистонро  касб кард, бубаст. Ҳизберо, ки аз аз соли 1993 СММ зери назорат ва то охирин дақоиқи сулҳу сулҳсозӣ бо ӯ дар ҳамкории танготанг қарор дошт, дар бозгашти сарбаландонаи ӯ ҳиссаи босазо гузошта буд, Раҳмон наметавонад ва нахоҳад тавонист бо ин ребу риё террорист бихонад ва СММ ин МВД ва ё ФСБ-и Русия нест, ки бар вифқи муроди Раҳмон амал кунад. Ва, нозирони ин созмони муътабар  шоҳиди мустақими баргузории интихоботҳо, истиқболи оммавии мардум аз ҲНИТ ва Муҳиддин Кабирӣ шуда ҳамчунин  қонуншиканӣ, овоздуздии Раҳмону дастгоҳи вайро мушоҳида карда ва ҳеҷ ҷойгоҳу эътиборе дар ҷомеаи кишвар надоштани Раҳмонро бо чашмони худ дида буданд. Аз ин рӯ онҳо мутмаинанд, ки ҲНИТ кадом зарурате барои ташкили “кудето” надошт. То ва баъди интихоботи ахири парлумонӣ дар аввали марти соли 2015 Раҳмон тавассути дастгоҳи таблиғотӣ ва бахусус мақомоти амниятиаш тамоми талошҳояшро барои аз мадор берун кардани ҲНИТ ба харҷ дод, то ҳадде, ки ячейкаҳои ибтидоӣ ва ноҳиявию вилоятиашро баст, ҳамчунин дафтари марказиашро,аммо ҳизб сари мӯе шароит ва имконият барои бастанро надод. Вақте ҳама чораҳои мумкин ва ғайримумкинро ба иҷро гузошту муродаш ҳосил нашуд, ба “иқдоми ахир” -ташкили кудето ва бо тӯҳмату бӯҳтон ба пойи Наҳзат печонидани он даст зад.

 

   Ин ҳамаро  на танҳо мардуми кишвар пай бурдааст, ҳамчунин СММ низ бофаросат ва вузӯҳ дарк кардааст, ки бастани ҲНИТ на ба “аъмоли террористӣ” балки ба ҳузури фазояндаи мавқеъ ва эътибори сиёсии ҳизб дар кишвар иртиботи мустақим дорад ва Раҳмон танҳо ба хотири идомаи қудрат ва меросӣ кардани иқтидори сиёсӣ рақиби асосии худ –ҲНИ-ро басту мамнӯъ эълом кард. Бубинед, барномаи ҷаълии кудето, ки ба пойи Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҲНИТ бастанд, дар моҳи сентябр гирифт,аммо ҳанӯз, ки мурофиа ва муҳокимаи ҲНИТ дар Додгоҳ оғоз нашуда буд,Раҳмон онро террористӣ эълом кард ва фаъолияташро мутаваққиф. Худи ҳамин нукта бар “ангезаи сиёсӣ” доштани ин қарор шаҳодат медиҳад. Бозрасони СММ  хуб ҳам фаҳмидаанд, ки қарори манъи ҲНИТ сиёсӣ аст ва Раҳмон амсоли диктотурони дигар, ки аз фаъолиятҳои муассири ташкилоту аҳзоби пурнуфуз ҳамвора дар биму ҳаросанд,дар баробари ҲНИТ залил ва ҳақир шуда буд ва роҳу чораро барои бақои худ бар ҳазфи он аз саҳнаи сиёсӣ дарёфт.

  Аз сӯи дигар то инки намояндагони ҳукумати Раҳмон ба суолоти бозрасони СММ дар иртибот ба ин ҷинояти бузурги ӯ ҷавоб бидиҳанд, дар чанд мавриде Раҳмон ва дору дастааш нохоста эътироф карданд, ки кадом кудето дар асл мавҷуд набуд ва ин худи онҳо буданд, ки ҳамчунин сенаряееро кашиданду ба бозӣ дароварданду ҷони даҳҳо танро гирифтанд, ба хотири рондани ҲНИ аз саҳна. Қабл аз ҳар чизе дигар агарки амали “кудето” ва “сарнагунии  ҳукумати конститутсионӣ” барнома неву дар асл вуҷуд медошт, мурофиаи додгоҳии аъзои Раёсати Олии ҲНИТ ба шумули муовинони раиси ҳизб аланӣ мегузашт, то инки ҷомеа бо чашм медид ва бовар мекард. Аммо он пушти дарҳои баста ва дур аз чашми мардум ва ба таъбири СММ”ноодилона”  баргузор гардид, ки худ бар сохта ва бофта будани “ошӯб”-и генерал Назарзода гувоҳӣ медиҳад. Дигар инки чи тур мешавад, ҳизбе, ки беш аз 40 ҳазор аъзо дошт, ба ин кудето, агарки роҳбарияти он тарроҳаш буд, ҳамроҳ ва ё шарик нашуд?  Ва дурӯғи дигар ҳам ин аст ки писари раиси ҲНИТ барои Назарзода 1 миллион доллар музди “ошуб” дода будааст. Дар ҳоле, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз сармоя ва молу маблағи Ҳоҷӣ Ҳалим барномаҳое ба нашр расониданд, ки аз миллионҳо доллари ин генерали ҷавран кушташуда маълумот медоданд. Шахсе, ки миллион-миллион дошта ва дар мақоми баланди давлат фаъолият дорад, магар барои 1 миллион мехезаду даст ба “сарнагунии ҳокимият” мезанад ва он ҳам бо даҳ –бист нафар? Ва он ҳам бо пойи кроссовки ва бо футболка бар тан?! Ва чаро ин ошӯбгар мили силоҳашро ба тарафи қасри раисиҷумҳур неву  ба куҳу камари Ромит бурд? Магар табаддулотчӣ бояд ҳуҷум ва ҳамла бикунад ва ё инки бигрезад? Дар посухи муқаддамотии худ Раҳмон гуфтааст, ки “аъзои ҳизб бо ҳадафи сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ “ҳамроҳ бо Абдуҳалим Назарзода,муовини собиқи вазири дифоъ бештар аз бист гурӯҳи ҷиноии 15 то 30 нафарӣ таъсис додаанд”.Фикр мекунед, ки дар СММ ҳама Шермуҳаммади Шоҳиёнҳо нишастаанду ҳар парту пало ва чирту пирте, ки мегӯӣ бовар ва бечуну чаро қабул мекунанд? Агар ки ҲНИТ мехост сарнагунат кунад, дар ҳамон соли 1997 вожгунат мекард. Зарби дасти ҲНИТро он вақт дар тамоми танат эҳсос карда будӣ. Ва, ин ҲНИТ буд, ки гузашт карду  ҳоло дар қудрат боқиӣ. Баъдан, Маҳмуд Худойбердӣ,агарки ҲНИТ набуд, кайҳо ба асфаласофиллинат фиристода буд. Дигараш ҳам ин аст, ки Назарзода ҳамагӣ 5 сол бо Наҳзат буд ё набуд, вале аз соли 1997 то 2015,наздик ба 20 сол дар ҳукуматат буд ва рутбаи генералиро ту дода будӣ. Магар Кумитаи амният ин қадар кӯру гунг буда, ки ӯ бист(!) гурӯҳ ва 15то 30(?) нафарӣ созмон диҳаду бехбар бимонад? Магар бо бист гурӯҳи 30 нафарӣ мешуд табаддулот кард? Ин ҳама суолҳову пурсишҳоро посух яке аст. Ҳарфи ин табаддулот як дурӯғи калон, як тӯҳмати маҳз, як ҷинояти бузурге аст, ки имрӯз ҳам бошад, фардо бошад ҳам Раҳмон посух хоҳад дод. Ҳамчунон, ки ҳоло Бутафлиқа, ҳамчунон ки ҳоло Умар Ал-Башир посух медиҳанд.

 

Нуктае дигарро ҳам мешавад бо камоли боварӣ тазаккур дод, ки ҳамин ду рӯзи қабл бародари  хешзеҳну хушқалами мо Сайидюнуси Истаравшанӣ ироа дошт. Агарки кудето як амали дастисохт ва нақшаи худи Раҳмон набуд, имкон надошт, ки ба ин зудӣ ба суроғи Ҷумҳурии Исломии Эрон биравад ва дам аз саргирии равобити дӯстона бизанад. Дар ҳоле, ки Раҳмон ва бахусус чокару навкарони амниятиаш Ҷумҳурии Исломии Эронро сарпарасти ин кудето муаррифӣ карда ва “хоҷаи хориҷӣ”-и ҲНИТ эълом доштанд. Онҳо бо инки ҳамчунин тағйири мавқеъ карданд, ба якбор фаромуш сохтанд, ки чӣ иттиҳоме ба ин давлат баста буданд. Магар мешавад, ки бо як давлате,ки  дар садади сарнагунии давлати ту баромада бошад ба ин зудӣ бо вай оштӣ кард? (Дар ин маврид алоҳида хоҳем гуфт ва дар замони баъд.М.С) Пас, ин ҳам як далели муваҷҷаҳ аст, ки не Ҷумҳурии Исломии Эрон,не ҲНИТ ва не Ҳоҷӣ Ҳалим ва…не кадом “кудето”.  Ва дасти дуздро худи дузд рӯ кард ва дуздии зери саргини хар ошкоро шуд. Кадом кудетое набудааст…. Аз ин ҷост ки гуфтем Раҳмон ва ҳукумати вай барои иртикоби ҷароими зиддибашарӣ дар баробари СММ посух хоҳанд дод, ҳарфи ҳавоӣ бидуни далел нест. Зеро бастан ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ аз сӯи Раҳмон ва давлати ӯ як амали саропо ҷиноӣ аст. Инро дархосту тавсияву тақозоҳои мукаррари СММ ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар низ таъйид мекунанд. Агарчанде Раҳмон ва дору дастааш худро ба нофаҳмӣ ва кариву гунгӣ мезананд, аммо ҳамагон огоҳанд, ки СММ ҳабси Муҳаммадалии Ҳайит, нойиби раиси ҲНИТ ва дигар аъзои ин ҳизбро ғайриқонунӣ хонда озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти онҳоро талаб карда аст. Ҳоло агарки ин ҳизбро террористӣ меҳисобид, яъне ба тӯҳмати Раҳмон гӯш медод, намебоист ҳамчунин қарореро иттихоз ва ҳамчунин талаберо  баён мекард. Ҳамчуноне, ки имрӯз ҳукумати Раҳмон, ки дар муқобили бозрасони СММ рост меистад аз ҳабсу зиндонӣ кардани вакили дифои маъруфи Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёров ҳам гузориш хоҳад дод. Ёровро барои он ба зиндон кашиданд, ки ҳимояти аъзои ҲНИТ ва худи ҲНИТ дар додгоҳро бар ӯҳда гирифта ва дар ҳамон оғоз хеле аз найрангу каззобии парвандаҳои дурӯғинро ба ҷомеа ошкор карда буд.

 

Барои бозрасони СММ ин нукта ҳам мароқангез хоҳад буд, ки агарки ҲНИТ тундраву террорист буд, чи тавр имрӯз дар Урупо паноҳгоҳ ёфтааст? Ва на танҳо дар як кишвари урупоӣ? Ва аз кай шуда ,ки урупоиҳо ба террористҳо сарпаноҳ медодаанд?

 

   Дар баробари масъалаи ҲНИТ ҳамчунин  дар масъалаи юриш ба Бадахшон дар соли 2012 ҳам пурсида мешавад. Дар посухи катбии Раҳмон,ки таслими СММ кардааст, бо як бешармиву бепӯстрӯӣ гуфта шудааст, ки барои боздошти ҷинояткорон даст ба ҳамчунин амалиёт задааст. Аммо оё барои боздошти ду-се ҷинояткор магар бояд артиш истифода ва хуни даҳҳо нафари бегуноҳон рехта бишавад? Истифодаи артиш дар як минтақаи кишвар, ки кадом ҷангу ҳолати ҷангӣ ва кадом дахолати берунӣ вуҷуд надошт, то куҷо муҷоз аст?

 

    Мусалламан посухҳои Раҳмон ва намояндаҳои ӯ роҷеъ ба ҷиноёти зиддибашариаш алайҳи ҲНИТ бозрасони СММ-ро қонеъ нахоҳад кард. Ва онҳо шармандаву рӯсияҳ хоҳанд шуд. Зеро на танҳо барои  мардуми тоҷик, барои кишварҳои кафили сулҳ, на танҳо барои кишварҳои урупоӣ барои худи Созмони милали муттаҳид ҳам Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони як созмонҳои сиёсии динии муътадил шинос аст. Ҳузур ва фаъолияти алании он дар арсаи сиёсии Тоҷикистонро абарқудратҳои олам, кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ ва минҷумла СММ кафолати субот ва оромиш эътироф кардаанд. Ин Раҳмон ва дору дастаи заифу нотавони ӯст, ки ҳамакнун барои иртикоби як чунин ҷинояти ваҳшатнок посух хоҳад дод,посухе, ки мояи хиҷолат ва сарафкандагиаш хоҳад буд:-ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё.

 

  Аммо ин оғози силсилаи муҳокимаи парвандаҳои ҷиноятии ӯст, ки аз Кумитаи ҳуқуқи башари СММ шурӯъ ва то ба Додгоҳи ҷароими ҷангӣ дар Ҳейг ё Гаага кашонида мешавад.

 

 

Share This Article