“Облава” ҳаст ва боқӣ мемонад

Азим Иброҳим ҳам мисли бақия мансабдорони тоҷик, пеш аз ҳама мисли худи Раҳмонов кӯшишҳо ба харҷ додааст,ки рӯйи ин раванди ғайриқонунӣ, ки тайи чандин сол аст дар кишвар характери саросарӣ касб кунад, сарпӯш бигзорад.

 

Шаш комиссари ҳарбӣ аз вазифаҳо барканор ва беш аз сӣ нафар кормандон ба ҷазои интизоми кашида шуданд. Дар ҷаласаи вобаста ба даъвати ҷавонон ба артиш, ки рӯзи 31 январ зери раёсати Азим Иброҳим- муовини Сарвазири Тоҷикистон дар вазорати мудофиаи кишвар доир гардид эътироф шуд, ки “облава” вуҷуд дорад ва масъулони комиссариатҳои ҳарбӣ дар амри корҳои “фаҳмондадиҳӣ” ба мардум кутоҳ омадаанд. Аммо Азим Иброҳим ҳам мисли бақия мансабдорони тоҷик, пеш аз ҳама мисли худи Раҳмонов кӯшишҳо ба харҷ додааст,ки рӯйи ин раванди ғайриқонунӣ, ки тайи чандин сол аст дар кишвар характери саросарӣ касб кунад, сарпӯш бигзорад. Муовини сарвазири Тоҷикистон гуфтааст,ки агарчанде мавсими даъвати тирамоҳӣ саривақт анҷом шуд аммо ҳолатҳои “облава” ҳам ба назар расид. Дар ин гуфтаи муовини сарвазири Тоҷикистон ду дурӯғи бузург маҳфуз аст.

 

Яке инки мӯҳлати даъвати тирамоҳӣ саривақт ба иҷро нарасид ва Раҳмонов маҷбур шуд, ки анҷоми мӯҳлати онро аз 30 ноябр то 10 декабр тамдид кунад. Дар фармони Раҳмон ва тибқи қонун мӯҳлати даъват ба хидмати сарбозӣ аз 1 октябр то 30 ноябр муқаррар шудааст. Ин 10 рӯз бар пояи кадом дастур ва меъёр изофа шуд, то ҳамин ҳоло номаълум аст.

 

Дурӯғи дуввуми Азим Иброҳим ин аст ки маврид ва ҳолатҳои “облава” на ба мушоҳида расидааст,балки беш аз 80% нақшаи даъвати тирамоҳӣ тавассути “облава” таъмин шудааст. Ва инки муовини Сарвазир талош кардааст, вуҷуди “облава”-ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артишро камранг нишон диҳад, аммо халқи Худо медонад, ки аз ин раванд то худи Раҳмонов огоҳанд ва худро ба нодонӣ ва нофаҳмидагӣ мезананд. Бо онки комиссарҳои ҳарбӣ гӯиё барои “облава” муҷозот мешаванд ва аз ин тарзи фарохон ба Нерӯҳои мусаллаҳ Раҳмонов бехабар бошад, як дурӯғи бузурге аст ки ба ҳеҷ ваҷҳ пӯшонида намешавад. Ҳеҷ падару модар ва ҳеҷ ҷавон намехоҳад,ки ду соли умри худро барои бонӣ ва ҳифзу ҳимояти Раҳмонов ва оилаи вай, ройгон бигзаронад.

 

Агар ки ҳамаи ин муҷозоту барканории комиссариатҳои ҳарбӣ ва кормандони он як саҳнасозӣ ва як мардумфиребӣ набуд, чи тавр барои мисол комиссари ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷуръат мекард, ки як яккаписарро бо роҳи фиреб ва ҷабран ба аскарӣ фиристад? Ин ҳам дар ҳоле, ки ин яккаписари бидуни модар ба камол расида ҳамагӣ баъди ду моҳи хидмат мурдааш аз дари хонаи падар дароварда мешавад. Мебоист ба чунин як қонуншиканӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ комиссари ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуд. Аммо номи ин комиссар ҳатто дар феҳристи барканоршудаҳо нест, балки ҳамагӣ танбеҳ шудааст,огоҳӣ додаанд. Ин гуна “ҷамъбаст”-у “натиҷагирӣ” шаҳодат ва гувоҳи он аст ки ҳеҷ гоҳ барои “облава” ягон комиссар ва ходими комиссариати ҳарбӣ ва дигар масъулон муҷозот намешаванд ва ин ҳама ҷаласаҳо ва ҳарфу ҳиҷоҳо аз барканориҳои комисариатҳои ҳарбӣ як ҳангома ва воҳимае беш нест.

 

Чи тавр ва чаро онҳоро барои “облава” муҷозот кунанд, ки дигар роҳи ба артиш даъват кардани ҷавонҳо вуҷуд надорад ва шояд аз ҳазорон як нафар бошад,ки ихтиёрӣ биравад, бақия ҳатмани ҳатман аз тариқи “облава” ба сарбозӣ гирифта шудаанд. Комиссарҳои ҳарбӣ ҳам мисли комиссари ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз ҳам бо дили пур ва нотарсона бачаҳои мардумро ҳатто бар хилофи қонун танҳо ба хотири пур кардани “план” “облава” мекунанд.

 

Сухан аз он меравад, ки Равшан Азизов-як ҷавони 23 солаи сокини ин ноҳия бо нақзи тамоми қавонин, ва ба хусус қонун дар бораи уҳдадории ҳарбӣ аз роҳи “облава” ба хидмати сарбозӣ ҷалб карда шуд. Ва,ин облаваро мустақим ва ошкоро худи комиссари ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров анҷом дод. Равшанро аз хона ва ё кӯча дастгир карда набурданд, балки даъват карданд, ки биёву санадатро бигир ва ту аз адои хидмат озод ҳастӣ, аммо вақте ӯ ба комиссариат рафт ӯро доштанду зӯран ба артиш фиристоданд. Дар ҳоле, ки Равшан ду моҳ пештар бо имзо ва мӯҳри ҳамин комиссари ҳарбӣ санад дар бораи яккаписарӣ гирифта ва аз адои хидмати сарбозӣ озод шуда буд. Равшан санади комиссари ҳарбиро моҳи август ба даст гирифт ва падараш дар тадоруки хонадоркунии ӯ буд. Чун модари ин ҷавон ҳанӯз дар ҳангоми бачагиаш дори фаноро тарк карда ӯро падараш ба воя расонида буд.

 

Аммо, ҳоло имрӯзҳо аз тараддуди хонадоршавӣ ва хонадоркунӣ ҳарфе нест.Ҳоло аз мӯрии манзили падари ин сарбоз дуди ғам ба афлок дакка мезанад. Дили вай тагдаргиронӣ ва ҷигараш ангишти бухориаш асту ҳамин чанд рӯзи пеш дар кулбаи муҳаққараш бегоҳи чили ягона писарашро якҷо ба хешу ақрабо баргузор кард. Ин навхати яккаву ягона оғӯши гарми арӯсро надид, хоки сард канораш гирифт. Падари ин сарбоз, ки ҳеҷ фаҳмида наметавонад, ки чаро комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ягона писари ӯро бо роҳи фиреб ва бо қонуншикании ошкоро, бо дуздии рӯирост ба артиш бурд, муҷозот намешавад? Барои ин падари мусибатзада боварнакарданист,ки як масъули ҳукумат, як низомипӯш,ки посбони назму қонуният бояд бошад, рафтору кирдори як ҷиноятпешаро анҷом медиҳад, аммо мижааш хам намехурад……

 

Равшан чуноне гуфтем моҳи август бо мӯҳр ва имзои комиссариати ҳарбии ноҳия, санадеро, ки фарзанди ягона будани ӯро таъйид мекард, ба даст овард, чун бими сайд ва тӯъмаи “облава” шудан ҳарлаҳза ӯро таҳдид мекард. Вале моҳи октябр ба комиссариати ҳарбии ноҳия даъват карданд. Ӯ бо пойи худаш рафт. Гирифтанду аскарӣ фиристоданд. Фарзанди ягонаи хонаводаро. Комиссари ҳарбии ноҳия санади додаи худашо сарфи назар намуд. Ӯро Хоруғ,ба қисми ҳарбии 0438-и Нерӯҳои марзбонӣ фиристоданд. Тамоми талошу давутози падари ӯ ва ҳатто санади худи комиссари ҳарбӣ натиҷа бор наовард, ки ӯ аз хидмат озод бишавад. Суол ин аст ки чаро нафаре, ки қонунан аз аскарӣ озод аст, иҷборан ба хидмат ҷалб карда шуд? Ҷавоб ин ҷост ки комисариати ҳарбӣ ба хотири иҷрои нақшаи даъват қонунро нақз кард. Зеро ҳам комиссари ҳарбӣ ва ҳам боқии масъулони даъвати аскарӣ мутмаинанд, ки барои иртикоби ҳамчунин ҷурм ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Ҳокимият аз худи боло иҷоза ва дастур додааст, ки бо ҳар роҳу василаи мукин ва ҳатто ғайримумкин нақшаи даъватро иҷро бикунанд. Аз ин ҷост ки комиссари ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров танҳо танбеҳ шунид.

 

Аммо мушкил, балки фоҷеаи ин моҷаро ин аст ки ин ҷавонмарди 21 сола, ки тибқи гуфтаи падараш комилан сиҳату саломат буд ва ҳеҷ шикояте аз саломатиаш надошт ва дар асноди таҳиякардаи комиссияи тиббии комисариати ҳарбӣ ҳам ӯ солим ва барои адои хидмати ҳарбӣ мувофиқ дониста шудааст, баъди ҳамагӣ ду моҳ гӯиё бар асари бемории саратони гулӯ ва бинӣ аз ҷаҳон даргузашт. Аз ин ҳам аламовар ин аст ки ин ҷавони ятими бо саду як азоб ба камол расидаро аввал чанд вақт дар санчасти қисми ҳарбӣ бистарӣ мекунанд, сипас аз Хоруғ ба Душанбе меоваранд, ба Қарияи боло ва аз онҷо ба бемористони ноҳияи Ғафуров интиқол медиҳанд. Дар ҳоле ки ӯ мебоист дар госпитал хобонида мешуд аммо ба мурдан наздик карда оварда ҷисми нимҷонаш ва харҷу масрафи табобаташро бар ӯҳдаи падар мегузоранд. Ҳамин тавр рӯзи 17 декабр ӯ ҷон медиҳад ва ҷасадашро аз бемористони ноҳия оварда дар деҳааш гӯру чӯб мекунанд.

 

Ин як “ марги ба даста” ва як одамкушии ошкоро аст ки касе масъулияти онро ҳеҷ гоҳ бар ӯҳда нахоҳад гирифт. Чаро мегӯям,ки “марги бадаста”? Марги бадаста- дидаву дониста ва огоҳона ва қасдан як нафарро ба куштан додан аст. Дар мавриди Равшани 21 сола на танҳо амали куштор, ки як ҷинояти сангин ва ваҳшатнок мебошад, балки аз оғози овардан ба комисариати ҳарбӣ силсилаи ҷиноятҳо содир шудааст. Додситонии низомии вилоятро зарур буд, ки ба таври фаврӣ комиссари ҳарбии ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуровро боздошт карда алайҳаш бо чандин банду асли моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда ифтитоҳ кунад. Ин комиссар на танҳо саҳлангорӣ ва хунукназарӣ нишон додааст, аз мансаби давлатӣ сӯистифода кардааст, балки меъёри қонунгузориро,ки бо ҳарфҳои хоно пешбинӣ кардааст яккаписар аз адои хидмат озод аст сарфи назар намудааст. Нуктаи дигар ин аст ки саратон як дарде нест,ки ҳамин як моҳ омад, буруз кард шуюъ кард ва бо марг тамом шуд. Ин касалӣ марҳалаеро тай хоҳад кард, то инки кушанда бишавад ва бикушад. Чаро баробари саршавии он сарбозро бистарӣ накарданд? Чаро таъхир карданд?

 

Аслан чаро ин қисми ҳарбӣ як ҷавони маризро қабул кард, агарки мариз буд? Ва,агар ки мариз набуд, чаро дар қисми ҳарбӣ мариз шуда бошад, то ҳадди расидан ба марг ба табобат фаро нагирифтанд? Ҳоло мебинем, ки на масъулони воҳиди низомӣ ва бадтар аз он на комиссари ҳарбӣ ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд ва кашида нахоҳанд шуд. Як ҷавонро дидаву дониста куштанд, аммо Азим Иброҳим ба комиссари ҳарбӣ “виговор” медиҳад.

 

Аммо пушти сари инҳама моҷароҳо ва фоҷеаҳо дар Тоҷикистон кӣ ва киҳо меистанд ва заминаву сабаби ва ба чунин рӯзҳои даҳшатбор гирифтор шудани миллати тоҷик чӣ аст? Чаро ин қадар ҷони тоҷик беарзиш шуд? Зеро мо дар зери султа ва сайтараву сиёсати як нафаре гирифтор шудаем, ки дигар аз замину фазое, ки мову шумо дар он басар мебарем канда шудаст. Ӯ дар як олами дигар аст. Ӯ тамоми Тоҷикистонро онгуна мебинад, ки 24 соат, тамоми ҳафта, тамоми сол дар даруни он ба сар мебарад. ТВ-ҳои тоҷикӣ ва манобеи расонандаи иттилоъ, ки ҳатман аз “филтр”-и азимиброҳимҳо, саймуминятимовҳо, озодараҳмонҳо, шамсуллосоҳибовҳо гузашта, сипас ба дасти ӯ мерасад. Гумон намекунам,ки ҳоло Раҳмонов дастур бидиҳад,ки он комиссари ҳарбӣ барои ин ҷиноят ба трибунали ҳарбӣ кашида бишавад. Ва ё масъулони воҳиди низомии 0438-и Нерӯҳои марзбонӣ,ки раиси асосиаш Саймумин Ятимов аст. Комиссари ҳарбӣ санади яккаписар будани ин ҷавони ҳамакнун зеби гӯристонро худаш содир ва имзо кардааст, аммо ҳамзамон аз роҳи қочоқ ӯро дуздиваву супоридааст. Магар Азими Иброҳим,муовини сарвазири Тоҷикистон ин маълумотро надошт? Барои куштори як ҷавон “ҷазои интизомӣ”татбиқ карда шудааст.

Фикр мекунед, ки чаро Азизов Равшанҷон Баротовичи яккаписарро ба артиш фиристоданд? Барои он фиристоданд, ки вай як ятими фақир, камбағалбача ва беақориби пулдор буд. Ин воқеият ва ҳақиқати ҳукумати Раҳмонов аст. Вақте худи Раҳмонов мегӯяд, “ҳастанд ҷавононе,ки ҳангоми расидан ба синни хизмати ҳарбӣ бо роҳҳои гуногун Тоҷикистонро тарк карда ,аз ҷумла ба Русия мераванд “

 

ва таъкид мекунад: “ хизмат ба Ватан-Модар уҳдадории конститсионии ҳар як шаҳрванд ва мактаби мардонагӣ буда аз адои хизмат ба сарзамини аҷдодӣ саркашӣ кардан рафтори ҷавонмард нест”,ин паҳлуи масъаларо ҳам ба инобат мегирифта бошад, ки чаро ин дастур ба фарзандони худаш, ба набераҳои худаш, ба фарзандони мансабдораш сидқ намекунад? Ҳоло падари Равшанҷон Азизови 21 сола чи ҳол дорад? Иззати нафси ин одам чӣ шуд? Бе ин мусибат ва фоҷеа ҳам дарду доғҳои зиёд дошт. Аммо ҳоло аз ягона муттако ва умеду ҳавасу орзуҳояш ҳам маҳрум шуд. Зимистони сард кулбаи ӯро сардтар кардааст. Барои падар ҳатто хабар намедиҳанд,ки писари ягонааш бемор шудааст ва ниёз ба доруву дармон дорад.

 

Намедонад,ки чанд рӯз дар санчаст буд ва сипас ба Қарияи болои Душанбе меоваранд ва аз онҷо ба бемористони худи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ниҳоят рӯзи 17 декабр, ду рӯз пештар аз рӯзи таваллуди Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон,ки як дақиқа ҳам сарбоз набуд, аммо рутбаи генералӣ дорад, бо ҳазору як сахтӣ ҷон ба ҳақ таслим кард. Он пойҳое,ки бурда буданаш ба комисариати ҳарбӣ ва аз онҷо ба Хоруғ ба қисми ҳарбии 0438, дигар барои абад аз замин канда шуданд, дигар роҳ рафта наметавонанд.

 

“Тамоми даҳону дандону забону ҳалқу кому бинӣ варам кардаву кушода намешуданд, об чаконида намешуд. Йигити чор ишкели тамом буд,ҷавонмарди солиму бардам давоми ду моҳ ба ин ҳол гирифтор шуд,ва дар палатаи беморхона мурд”.

 

Ин ҳасрати падари ҷавоне аст ки сиҳату саломат ба артиши Эмомалӣ Раҳмонов бурданду аз он тараф мурдааш оварда шуд.

 

Инҷо ҳам муносибат ва бархурди маъмурони режими Раҳмонов ба мардуми одии кишвар, бахусус мардуми қисмати шимол,ки ҳоло беш аз ҳар минтақа мавриди иҳонат ва истеҳзову таҳқир қарор гирифтаанд, (номаи модари сарбози дигарро, ки дар фейсбук нашр шуд, бибинед, ки бо чи лаҳне ”ту қирғиз пирғиз ту узбак пузбак” ва ё гаравгонгирии волидони сокинони Ворух ва Чоркӯҳ)….. бори дигар маълум мекунад,ки дигар сахт аз худ рафтаанд. Касалиро гузаронида, куҳна карда ва баъди ин ҳама оварда ба дасти падар дар бемористони ноҳия мепартоянд. Мақсад, ки харҷу масрафи беморхонаро ҳатто бар ӯҳда нагиранд.

 

Як чунин шароити “беспределӣ”-ро ба ҷуз аз ҳукумати Раҳмонов дар кадом гӯшаи олам метавон пайдо кард?

 

Воқеият ин аст ки бо Равшан дар воҳиди низомӣ чи рух додааст, номаълум аст. Бемории ӯ сиҳат дорад? Ва,ё ӯро шадидан латтукӯб карданд? Ва бар асари ин латту кӯб ҷойҳои зарбдидааш варам кард.

 

Аммо як нукта мушаххас шуд, ки Раҳмонов минбаъд ҳам “облава”ро идома медиҳад, иҷборан ба сарбозӣ мегирад вале агар Худое нахоста ин ҷавон бемор шуд ва ё кушта ва ба ҳалокат расид, ҳеҷ гоҳ посух нахоҳад дод.

 

Вагарна, боз ҳам мегӯям, ки имрӯз комиссари ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров “вазои интизомӣ” не,балки дар зиндони “строгий” бояд менишаст.

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

“ Юбилей”и Азизмоҳ, ӯ 63 сола шуд

Азизмоҳ Асадуллоҳзода, соҳибхоназани №1-и Тоҷикистон имруз 17уми июл 63 –сола шуданд, ба синни пайғамбарӣ расиданд.Аз номи худам ва хонандагони пойгоҳи “Ислоҳ.нет” ва миллионҳо муҳоҷири меҳнатии СНГ ва ҳазорҳо паноҳандаву фирории тоҷик
Read More

Дар боздошт ё дар асорат?

Бар хилофи “муфассирон”-у “дӯстон”-у “сиёсатмадорон” –у намедонам “мухолифинимухолифин”-у ғайраҳу ва ҳоказоҳо нашри паёми мазкур бар манфиати ӯ кор карда истодааст.