ОБРӮЙИ ҚУРБОҚҚА (қисса)

Ҳар рӯз аҳволам ҳамин аст хоҳарҷон. Як рӯз нағз мешудагист, ақлаш медаромадагист, оддам барин тағйир меёфтагист гӯям, бадтар мешаваду беҳтар не.

Муаллима  Зеборо қариб бист сол инҷониб мешиносам. Шояд аз он сабаб, ки тез-тез мебинам ва чеҳрааш  ба чашмам нишаста аст, ки гӯё ин бист сол боз ҳамоно ҳамон ҳуснаш дигар намешавад. Дар синф назди толибилмон бадфеълу бовиқору сахтгир намояд ҳам, берун аз дарс ҳамеша хандонрӯй буд.  Чун доимо дар назарам болида менамуд, хандида, офтобак мегуфтам. Як рӯз тан гирифт, ки аз ин лақаб сад бор розист, чунки дарунаш даргирифта истад ҳам, бо ханда пинҳон мекунад. Ҳамкасбу ҳамрозу  ҳамдард будем.

 

Ӯ як  одат дошт,  хӯроки ошхонаи мактабро намехӯрд. Ман чунин мегумоштам, ки сахт парҳезгор аст.  Боре кадом як муаллим муруват карду аз ошхона бештар хӯрок харида наздамон омад. Зебо ҳам бечунучаро тановул кард. Баъд гумони хатоямро фаҳмидам. Пули хӯрокро сарфа мекардааст.

 

Духтарчааш мактабхон шуда буд, боз ду писари дигар дошт.  Аз либосҳои обшустаи кӯдаконаш ҳам пай бурдан мумкин буд, ки шароити зиндагиаш вазнинтар аст. Боре маошамонро гирифтему ҳарду ба бозори хӯрока рафтанӣ шудем. Қаблан пули маошро ба се қисм ҷудо кард. Баъд хеле ҳисоб карда навишт, баъд гуфт: “ Фақат сабзавоту каме гӯшт мегирам, тез бармегардем” Розӣ шудам. То бозор гапзанон  пиёда рафтем. Дар роҳ ба дарвозаи касе наздик шуду кӯфт ва қисмате пули аз маош ҷудокардаашро ба соҳиби он хона дод. Чун як оҳи сабук кашиду роҳро давом додем, чизе напурсидам, аммо худаш гуфта монд.

– Аз ин одам қарздор будам. Ба шавҳарам чиптаи тайёра харидам, то Русия рафта кор карда биёяд. Акнун аз маошам кам-кам медиҳам. Ҳоло шавҳарам кор ҳам наёфтаанд. Ним сол шуд аллакай.

 

Ростӣ дилам сӯхт ба ҳолаш, зеро бо пули омӯзгорӣ ҳам рӯзгору ҳам қарзи шавҳару ҳам…

Аз бозор ӯ  орду равған ва маводи озуқаи зарурӣ харид,  ман ду-се хел мева. Баъд дӯстона, насиҳатомез муроҷиат кард.

– Фасли зимистон, меваи қиматро харидед. Бо ин хароҷот як ҳафта дег ҷӯшонида мешавад.

Хандидаму ҷавоб додам : “Рӯзи маош аст, фарзандон умед  мекашанд. Ба пули як кило гӯшти Шумо мехаридагӣ ман як халтаи калон мева харидаму…”

Зебо ҳам табассум карду ҷавоб дод : “Гӯшти ман мехаридагӣ аз мева арзон аст.”  

 

Аввал аз гапаш чизе нафаҳмидам. Баъд вақто аз дӯконҳои гӯштфурӯшӣ гузашта рафтем, фаҳмидам, ки намехарад. Дар як канори бозор , ки қаблан ягон бор нарафта будаам, қарор гирифтем. Зебо халтаҳои сабзавоташро бо ман гузошту вориди як дарвоза шуд. Атроф бӯйи баланди чорво буд. Баъди каме фурсат дар дасташ халтачае баргашту боз ҳамроҳ раҳсипор шудем.   Акнун борамон вазнин буду оҳиста мерафтем. Дар давоми ин ҳама фурсати дӯстиамон бори аввал аламхалтаи дили Зеборо кушода дидам. Офтобак гуфтанам дар ҳақиқат бечиз набудааст. Ӯ мегуфту ман қоили таҳаммулу бардошти ин заъифа роҳ мепаймудам.

 

Ин мавзеи бадбӯй дӯкони каллапочаи чорво аст, ки қариби  нархи гӯшт мефурӯшанд. Ҳар ҳафта як бор як метр барин рӯдаи гӯсфанд мехарам ва як миқдор  рӯдаҳои шикофшудаашро бепул, ё арзонтар медиҳанд. Он ҳамаро қима карда, каме пиёзу биринҷу зиравор ҳамроҳ  мекунам. Баъд ба як метр рӯда меандозему мепазем, гӯшти камбағал тайёр мешавад.

 

Муаллима андармони сӯҳбат ба хонааш  расиду риштаи сухан канда шуд. Ман боз роҳи зиёдеро то хонаам бо ғами Ӯ тай кардам.

 

Аз байн дар барномаи нақшаи корҳои беруназсинфӣ  қайди кадом як чорабинӣ баромаду ду-се рӯз бо толибилмон он қадар сахт машғул шудам, ки муаллимаро надидам ҳам. Баъд дар рӯйи ҳавлӣ дида мондам, ки хотираш парешону табъаш хира буд.  Ба утоқи кориаш даромад ва аз пасаш равон шудам, то дилбардориаш кунам. Гуфтам, ки Зебо, агар бетоб бошед, равед, ман дарсатонро мегузарам. Аммо бетоб набудааст.

Пул лозим гуфт. Ҳоли шавҳараш дар Русия ногувор будааст. Дар хонаи муҳоҷирони бе ин ҳам батангомада бо навбат шабро рӯз мекардааст. Кор пайдо нашудааст, боз касе латукӯб ҳам кардааст.  Бояд чипта харида фиристад, ки баргардад.

 

Хуллас дарду алам бисёру роҳи ҳаллаш душвор бошад ҳам, чорае пайдо кардем. Як нафар наметавонад пули як чиптаро қарз  диҳад. Бе ин ҳам муаллим дар Тоҷикистон, то рӯзи маош аз ҳама қарздор аст. Чора чунин шуд, ки аз чор-панҷ нафар кам-кам қарздор шудем. Боз ман дар ин кор ба таври худ миёнаравак шудам. Баъди ду рӯз шавҳари лабу рӯяш зарбхӯрдаи муаллима аз ғарибӣ баргашт. Аммо хотири Зебо боз ошуфтатар шуд.

 

Ҳанӯз занги баромади охирон дарс назада , баромада мерафт. Шавҳараш соатҳои омадану рафтанашро ҳам назорат мекард. Гоҳе як чашмаш аз шатта сурху кабуд шуда меомад, гоҳе ҳарду чашмаш. Як бор сараш чарх зада, қариб дар мактаб афтода буд. Сонӣ як  ҳафта наомад. Хавотир ба хонааш рафтам, ки бемор шудааст. Рангаш паридаву дасту пояш ларзида, аммо боз ҳам чехрааш хандида меистод – Офтобак. Гӯё ягон ҳодиса нашудааст.

 

Дар хоначаи сарду  фартуту дилгиркунандааш  ба танг омадам. Хостам берун шавам, вале духтари калониаш роҳамро дошт.

– Набароед хола, падарам маст омаданд. Даромада хоб кунанд, баъд оҳиста меравед.  

Чизе нагуфтам, гуфтание ҳам намонда буд. Ягон фурсат садои ҳақорату дашном ва тарақ-туруқи чиҳое шунида шуд.   Баъд баромада рафтанӣ шудам, ки муаллима ҳам барои гусел баромад. Шавҳараш қоматашро базӯр дошта, бо дасташ деворро қапида , ҳанӯзам ғур-ғур дошт. Худамро номаълум надидагӣ барин нишон доданӣ шудам, то Зебо изо накашад. Баръакс Зебо ҳолатро маълумтар кард.

– Ҳар рӯз аҳволам ҳамин аст хоҳарҷон. Як рӯз нағз мешудагист, ақлаш медаромадагист, оддам  барин тағйир меёфтагист гӯям, бадтар мешаваду беҳтар не.

 

Ман ақалан барои таскини дилаш гап наёфтам. Дунё ба умед аст гуфтаму хайрухуш  карда рафтам. Як ҳафтаи дигар ӯро надидам. Боз дар мактаб пайдо шуд. Хайрият, ки рангу рӯяш даромадааст. Пас аз се соати дарсӣ ба утоқаш даромадам, то андак ғубори дилашро барорам.  Ногоҳ шавҳараш омада монд ва боз ҳам майхуш буд. Сарвари мактаб пай бурд магар, ки зуд муаллимаро ҳам рухсати рафтан дод, то мастии шавҳараш ба толибилмон таъсири манфӣ нарасонад. Дар басти дуюм Зебо баргашта омад.

 

Беихтиёр худам нафаҳмида чунин гуфта мондам: “ Чи қадари дигар тоқат мекунед муаллима?” Баъд пушаймон шудам, зеро ҳуқуқи дахолат ба  зиндагии ӯро надоштам. Маъзарат пурсидам, ки шояд ранҷида бошад. Лекин Зебо тамоман дигар хел ҷавоб дод.

– Ягона одаме, ки  ҳамин суханро нагуфта буд, Шумо будед. Ана, Шумо ҳам гуфтед. Ман аз ҳама якчандборӣ шунидам ва одат ҳам кардам. Аслан дили ҳамзистӣ надорам, аммо маҷбурам, чунки дер шуд ба тағйири ҳолат. Ин се нафар фарзандро дар хонаи кадом марди бегона меғунҷонам? Дигар издивоҷ  накунам ҳам метавонам инҳоро бонӣ карда, аммо, ҳамин ки аз ин шавҳар баромадам, ҳар қадами гузоштаам вирди забони мардум мешавад. Бева, ки шудӣ, ҳама хӯҷаин мешавад. Ҳоло чӣ?

Шавҳар ҳаст-мӣ? Ҳаст!   “Қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад “ гуфта ба ҳамааш тан дода мегардам. Дар пешонаам бошад, як рӯз нағз мешудагист.

***

Он соли хониш ҳам поён ёфт. Соли ояндааш  ман ба кори дигар гузаштам. Бо ҳамин қариб даҳ сол якдигарро дер-дер дар ягон чорабиниҳои фарҳангӣ набинем, намедидем ҳам. Қадршинос баромад дӯстам. Рӯзе ба хона як писараки тахмин  понздаҳсола таклифнома овард. Зебо духтари калониашро ба хонаи бахт гусел мекард. Ростӣ, аз шодӣ гиряам омад. Ба кӯчаҳои орзу ҳам расидааст. Ҳар касе келин мекунад, ҳузур мекунад. Духтари пурбардоре буд модараш барин.

 

Ба   маъракаи духтарталабонаш рафта тавонистам. Арӯси нозанине шудааст. Дар шаҳри мо як одат ҳаст, ки духтар бори аввал меҳмон шуда ояд, падарашро оғӯш карда, гиря мекунад. Шояд эҳтиромаш, шояд пазмонӣ, ё худ миннатдориаш. Аммо духтари Зебо ҳамаро гирёнд. Падари бадмасти базӯр рост истодаашро  оғӯш карда, зор-зор мегирист. Агар сар диҳад, падар меафтаду назди қудои нав шарманда мешавад. Сар надиҳад, тамоми қувваашро ҷамъ карда , бояд рост истад ва гиря кунад. Сонӣ хешу табор ҷамъ шуда, гӯё арӯсро таскин доданд.

 

Дар ин лаҳзаҳо, кӣ барои чӣ гирист, намедонам. Шояд арӯсиашонро ба хотир оварданд, ё шояд ашки шодӣ рехтанд

 

Аммо ман ба ҳоли “Обрӯйи қурбоққа” гиристам. То ҳанӯзам пос медошт обрӯйи шӯдории қурбоққаро. Тасанно хонда мегиристам…

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

29.06.2020 Хабарҳо: Аз ҳар гӯша як хӯша

Ҳабашистон ҳамсояи Миср нӯҳ сол мешавад,ки ба сохтмони нерӯгоҳи азиме даст задааст,ки бунёди онро таҳдид ба Судон ва Миср меҳисобанд.Имтидоди он 1800 метр ва иртифоаш 145 метр аст ва ба яке аз баҳракҳои бузурги саноатии ҷаҳон табдил мегардад