Омад моҳи фазил бишуй даст аз ҳама ончи дар олам аст!
Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон.Худоро шукр мегуям,ки моро боз ба ин моҳи раҳмату мағфирату наҷот аз оташи тафсони ҷаҳаннам расонид.Дар ин моҳи баҳори Қуръон моҳест,ки ҳама шаётин бо занҷирҳо баста мешаванд ва аз духули ин моҳ дар ҳаросанд.Боварии комил дорам,ки иншоаллоҳ шайтонҳои инсиҳам дар ин моҳ ба истироҳат хоҳанд баромад яъне дурустараш таътили тобистона доранд.Аз ҳама аъзоёни ин гурӯҳ ва ҳама фесбукиёни гиромӣ хоҳиш дорам дар ин моҳ аз ҳама он суханеки сабаби озори як мусалмон мегардад бо тамоми ҳасти худдорӣ намоянд.Вақтҳои худро на дар пеши кампютерҳо ва телефонҳои ҳамроҳ ба баҳсҳо гузаронанд.Балке вақтҳои гарони худро дар адои намозҳои панҷгона дар масҷид бо ҷамоъат ва қироъати каломуллоҳ ва зикри Худованд гузаронанд.Зеро боз Худованд ин фурсати тиллогинро дар ихтиёри мо ва шумо қарор додааст.Намедонем оё рамазони дигаре моро интизор аст ё на! Дар миёни мо бародарону хоҳароне буданд,ки рамазони соли гузашта бо ҳам будем вале ба ин моҳ онҳоро Худованд нарасонид ва аз ин олам рахти сафар бастанд.Пас барои ин моҳи мубораки рамазонро хуб ва пурсамар гузаронидан вақте хоҳиши баҳсу ҷадалу дар назди кампютер нишастани шудем он ашхосе дар рамазони гузашта бо мо буданду ин рамазон насиби онҳо набудааст то касби аҷру савоб намоянд.Онҳоро фикр намоем ва ақалан дар ин моҳ худро машғули корҳои хайр намоем ва як дақиқаи вақтҳои худро бе ҳуда нагузаронем.Ман ин шо Аллоҳ боварии комил дорам дар ин моҳ ҳадди ақал 5 маротиба хатми Қуръон менамоем.Онҳоеки тавонии бештар доранд 10 хатм ва онҳоеки бозҳам ҳиммати оли ва самимияту ихлоси том доранд 15 хатм хоҳанд намуд.Аввал аз худам оғоз менамоям ва худамро ба хатми охирон рақами навиштаам маҷбур менамоям ва аз Худованд барои ҳар яки шумо азизон таманнои муваффақият дар ин моҳи фазилро дорам ва дар анҷоми ибодатҳо камари ҳиммат бубандед ва ҳар сонияи онро қадр намоед.Ҳамеша фикр намоед ин охирон рамазони мо ва шумост!