Ғорати кумакҳои башардӯстона тавасути оилаи Азизмо.А

Ислоҳ нет

 

Ғорати кумакҳои башардӯстона тавасути оилаи Азизмо.Асадуллоева

 

Хлоппункт-корхонаи қабул ва коркарди пахтаи совхози Чапаеви Колхозобод. Аз шурӯи моҳи шарифи Рамазон як ҳафта ва ё даҳ рӯз пештар буд,ки мошинҳои боркаше,ки бо номи “Дулан” дар байни халқ машҳуранд, меоянду вориди ин холоппункт мешаванду баъди холӣ кардани борҳо пас мераванд.

 

Меҳмонгули хоҳари нотании Азизмои ҳамсари Эмомалӣ Раҳмонов якҷо бо бародарону хоҳарону ҷиянҳову дигар хешу табораш бар сари ин мошинҳо ҳозиранд. Гумпомош ё ҳамон ёриҳои башардӯстонаи созмонҳо ва давлатҳои дигарро,ки барои камтар кардани таъсири коронавирус ва оқибатҳои он,бахусус аз қаҳтиву гушнагӣ эмин доштани мардуми тоҷик меоянд,инҷо захира ва амбор карда ва бахши бузурги онро ба фурӯш ва як қисматеашро ба хонаҳои худ кашонида истодаанд.

 

Бародари азиз Муҳаммадиқбол, ман ончиро, ки бароят мегӯям 100% не200% рост аст,як калима ҳам дурӯғ нест. Ман худам дар фарору барори ин борҳо иштирок дорам. Мо чанд нафар ҳастем,ки дар ҳаминҷо зиндагӣ мекунем ва барои бародарони Азизмо,ки дар инҷо бо мо зиндагӣ мекунанд, хизматгорем. Пеш аз ин кор ҳам дар заминҳои онҳо кор мекардем, ҳоло ҳам агар коре пайдо шуд,ҳатман моро фарёд мекунанд.Аз он напурс,ки инҳо -7 бародари Азизмо,солҳои пеш чи гуна зиндагӣ доштанд. Кадомаш чупон буд,кадомаш обмон ва кадомаш посбони хлоппункт ва худи Ҳасан -заправшик. Инҳо дигар дар гузашта монданд. Ҳоло,барои мисол як хоҳари онҳо барои худ як хонаи боҳашамате рост кард, ки ҳатто тротуар-пиёдагарди мардумгузарро ҳам даруни ҳавлиаш гирифт. Вале аз ҳоло бигӯям,ки вазъият дар тарафҳои мо бениҳоят вазнин шуда истодааст. Мардумро муҳоҷират мебардошт,ки ҳоло нест. Инҷо кор,ки надорем. Аз тарси бемории нав ҳама дам дар дарун. Барои ҳамин ҳар гоҳе,ки ин мошинҳо биёянд,мо зуд барои фарору барори бори онҳо ҳозир мешавем. Гуфтам,ки инҷо аксарияти хешу табори Азизмои зани Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ мекунанд.

 

Масалан бародараш Раҳматулло.Раҳматулло диабетик аст.Фақат ҷурғот мехурад.Вай бо Маҳмадзоири домоди президент қудо шуд.Фирузаи зани Маҳмадзоир писари Раҳматулло-тағои худро домод кардааст. Қонуни танзими анъана ва манъи никоҳи хешу таборӣ барои инҳо аслан дахл надорад. Дахл медошт тағову ҷиян: Раҳматуллову Фирӯза қудову анда намешуданд. Инро ҳам гӯям,ки падари Азизмо-тағои Эмомалӣ Раҳмонов ду зан гирифтааст ва як духтар, ҳоҷӣ Хайрулло ва ҳоҷӣ Амир аз дигар модар ҳастанд. Боқии онҳо Ҳасану Ҳусейн,Муҳибулло, Амонулло ва Раҳматулло, Азизмо ва шаш духтари дигар аз холаи Узбакби ҳастанд. Раҳматулло раиси бозори Бохтар-Қурғонтеппа аст,ки чанд рӯз барои коронавирус баста шуд,аммо ҳоло ҳатто ба рағми қоидаву муқаррароти феълан ҷорӣ дар кишвар бозори ӯро ҳуй карданд. Ин мошинҳо,ки меоянд аз бари хонаи мардуми қашшоқу камбағал,ки ҳоло зиндагиашон боз ҳам бадтар шудааст,мегузаранд. Ҳама то кӯдакҳо медонанд,ки ин дуланҳо ба додарону хоҳарони Азизмо ва қайсингулу хусурбачаҳои Эмомалӣ Раҳмонов “помош” оварда истодаанд.

 

Барои ҳар кадоме аз онҳо бист-ситоӣ қопчаи биринҷ,мош,нахӯд,гандум,гречка, наск, орд,шакар,қанд тақсим мекунад ва медиҳанд.Рӯғани пахта ҷудо,рӯғани офтобпараст ҷудо таъмин карда истодаанд. Ба ягон нафари муҳтоҷу камбағал чизе,ҳатто як килоӣ ҳам дода намешавад. Ин корро Азизмо карда истодааст ё Раҳмонов ва ё Ҳасан бароям маълум нест. Аммо ин мошинҳо аз бари хонаҳои камбағалҳо мегузарад ва ба ҳар як кадоме аз инҳо 20 қопчаӣ 30 қопчаӣ медиҳад. Ордҳое,ки барои онҳо тақсим карда шуд, ордҳои истеҳсоли Қазоқистон буданд. Ҳозир дар бозор як қопи он 260 то 270 сомонӣ аст. Ин ордҳо маълум,ки аз ҳамон 5000 тонна орди “помош”-и Қазоқистон аст. Шумо шояд фикр кунед,ки ман воҳима карда истодаам. Ихтиёри шумост.

 

Аммо як чизро бароятон гӯям,ки ба дараҷае талош доранд, ки ин корашонро аз чашми мардум пӯшонанд,ки масалан мо чаҳор нафарро барои борфарорӣ дар як мошин даъват кунанд, барои онки ҳама ҳолатро набинем барои фаровардани мошини дигар боз чор нафари дигарро мебаранд. Ҳар яке аз ин хусурбачаҳои Раҳмонов даҳтоӣ,бисттоӣ хонаву замин доранд. Гектар,гектар заминҳоро соҳибӣ кардаанд. Мардум барои онҳо кор мекунанд. Мисли ғулому батрак. Як хоҳари Азизмо дар инҷо 8 фарзанд дорад. Онҳо ҳам дар шумори гирандагони “помош” ҳастанд ва барои онҳо ҳам ҳамин линчаҳои мошу нахӯду гречкаву макарону биринҷ тақсим карда мешавад. Дар тухми инҳо қирон биёяд, ҳамаҷоро мисли мӯру малах зер карда гирифта истодаанд.Инҳо хело авлоди калонанд ва агар ҳамаи помошро ба ҳаминҳо диҳанд боз ками мекунад.

 

Имрӯз барои касалии короно даҳҳо кас касал. Аммо инҳо,ки тамоми ниқоб дигар чизҳои заруриро гирифта дар хонаҳояшон баҷо кардаанд ба воситаи духтурхонаҳо ва аптекаҳо фурӯхта истодаанд. Бо нархҳои гарон. Ҳоҷӣ Раҳматуллои бародараш аз садҳо каси мардуми камбағал қарздор аст. Онҳоро бурда дар сохтмони стадион кор фармуд,аммо пулҳояшонро надод. Ҳамин 600-700 сомонӣ маоши таъин кардаашро ҳам барои бисёрияшон надод. Корро партофта гурехтанд. Аммо барои ҳар кадоме аз онҳо аз 2500 то 2800 моҳона навишта мегирифтааст. Ҳоло ҳам ҳамон майдон се сол мешавад,ки нообод аст ва дар паҳлуи он як бинои литсей,як гимназия,бинои чаҳорошёна ва 8 ошёна сохтмонашон ҳеҷ не пеш биравад. Ягон раис ва ё ягон бизнесменро ба зӯри маҷбур мекунад,ки семент орад, хишт орад, қум орад ва ё ягон чизи дигар.

 

Ман аз барномаҳои шумо шунавидам,ки масчоиҳо гуфтанд Раҳмонро,ки назди мо наё! Аз худат ҳам безорем ва аз ҷашни Ваҳдат ҳам! Ман гарантия медиҳам,ки мардуми мо ҳам аз инҳо безор шудаанд. Тамоман чашми дидан надоранд. Рӯирост,дар пеши чашми халқ помоши меомадаро дуздида истодаанд. Мегуфтӣ,ки мисли мо-камбағалу бедаромад бошанд, гӯр ба сарашон. Бигиранд ҳаққи мардумро. Аммо ҳоло инҳоро бубин. Дар назди ҳавлии ҳоҷӣ Раҳматулло шумори мошинҳои ҶИПу Лендкрузеру Лексусу дигару дигарашро ҳисоб карда наметавонӣ.Фикр мекунӣ инҷо стоянкаи мошинҳост. Аммо зани ҳамин одам бо Меҳмонгули хоҳари шавҳараш барои намедонам як қобча кам гирифтани мош ё нахуд буд ҷангҷоли маҳшарро бардошт,то фарзандҳояшон,то шавҳарҳояшон “қӯш” шуда базӯр ором карданд. Ин қадар дороиву молу мулкро доранду соҳиб шудаанд, аммо ҳоло ҳам чашмгушнаву хасису зихна. Ман худам бо дастони худам ба хонаи инҳо садҳо пачка маска-ниқоби димоғбанд,маҳлулу моеъҳои спиртӣ,дастпӯшак ва доруҳои зиёдеро фаровардам. Барои ҳамаашон,мошин-мошин ҳамин гуна либосу доруву маскаҳое,ки бар зидди ин беморист оварда таъминашон карданд. Ҳатто барои ҳар кадоме аз онҳо бузу гӯсфанду буққа оварда доданд,то дар моҳи Рамазон кушта хуранд. Овардани буқаву гуспанду бузро ҳар сол дар моҳи Рамазон медидем.

 

Медидем,ки оварда медоданд. Боз дар пакетҳо барояшон пул меоваранд ва рӯи ҳар пакет исми онҳое,ки пакет ба ӯ дода мешавад навишта шудааст.Ин ба Меҳмонгул, ин ба Раҳматулло ин ба …. Дар даруни он пакетҳо пул аст. Як навбат як ҳодисаи ҷолиб шуд,ки боиси ошкоро гардидани сирри ин пакетҳо шуд. Нохост пакети кадоме ба кадоме дигар меравад. Маблағҳо фарқ мекардааст.Ва,ин сабаб шуд,ки байни ду ҷияни Азизмо,барои пул низоъу хархаша барпо шавад. Аммо ин пакетҳо ҳар моҳ аз Душанбе оварда мешаванд.

 

Аз инҳоки имрӯз ба синни сарбозӣ расидаанд,ягон кас хизмати ҳарбӣ нарафтааст. Ҳеҷ кас ҷуръат намекунад,ки бигӯяд чаро онҳо аскарӣ намераванд. Ягон тӯҳматро дар поят мепечонанду бурду шинонд. Ҳатто рӯзу шабҳое буд,ки ҳамсояҳои дарбадар, рӯбарӯ бесветанду инҳо бо рӯшноии барқ ва гармии он 100% таъмин. Ин тавр,ки гӯи аз хонаи онҳо ягон “линия” биёраму дар хонаи ман ҳам свет бошад, тамоман мумкин нест. Ҳамсояат.Солҳост,ки ҳамсояаат аммо имрӯзҳо тамоман дигар шудаанд. Барои ҳамаашон аз “красная линия” қӯш кардагианд. Як нафар аз бачаҳои хурдашон дар мактаб,ки бесвет буд,гуфтааст,ки мисли мо аз “красная линия” бояд пайваст кунед. Аксарияташон бекоранд, хӯрда хобанд.Ҷипсаворӣ карда мегарданд.Ҷипҳои “последний модел” ва сиёҳшиша таги поҳояшон.

 

Кас ҳайрон мешавад,ки ёриҳои мефиристодаи давлатҳо, масалан аз 11.3 миллион доллар кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ 3 миллиони он барои қишри камбағал ва муҳтоҷ барои таъмини маводди ғизоӣ пешбинӣ шудааст ва ё кӯмакҳои давлати Олмон ва ё Барномаи рушди СММ ва даҳҳо барномаҳои имдодии дигар,ки аз 100 миллион доллар ҳам боло шуд,куҷо меравад?

 

Имрӯз барои табибон ва парасторони бемористонҳо мардум довталабона пул ҷамъ карда сару либос ва лавозими тиббӣ харида истодааст. Ҳатто аз деҳот хабарҳо расида истодааст,ки 20,30 сомонӣ ҷамъ карда истодаанд то ба бемористонҳо,ки пури пур шудаанд ғизо ва маводди дору дастрас намоянд.

 

Чандин нафарон,аз ҷумла худи Эмомалӣ Раҳмонов ҳам маоши як моҳаашро барои беморон бахшидааст. Дар Русия ҳам барои муҳоҷирони тоҷик ҳам худиву ҳам бегона мадад расонида истодаанд.

 

Аммо дар Чапаеви Колхозобод чӣ? Чапаеве,ки ҳоло аҳлу авлоди Азизмову Ҳасан Асадуллозода,зан ва додарзани Эмомалӣ Раҳмонов зиндагӣ доранд. Бойҳое,ки барояшон “помош” оварда мешавад, бойҳои помошхӯр, бойҳои ҳаққи сағиру бечорахӯр. Бовар кунед,инҳо серӣ надоранд,асло сер намешаванд. Гуфтанд,ки мошин,мошин консервҳои гуногун,шарбату об ва ҳатто сухариро,ҳатто намку гӯгирдро барояшон дастрас карда истодаанд ва инҳо дар таҳхонаву дар коҳдону чердакҳояшон захира карда истодаанд…..Кӣ медонад,ки боз дар кадом гӯшаи Тоҷикистон инҳо маводи ғизоии хайру садақашударо барои “рӯзи мабодо”ашон захира карда истодаанд. Як нафаре аз камбағалҳо гуфтааст,ки Меҳмонгулу Хайрулло мо камбағалҳои аз гушнагӣ мемурдаро гӯр мекунанд вале худи онҳо муранд,кӣ гӯр мекарда бошад? Э,Азизмо,Азизмо… дуруст гуфтаанд,ки

Ҳар кӯҳнагадое,ки тавонгар гардад,

Сад сол гузарад,бӯи гадоиш нарвад.

Share This Article