Оё қотили Усмон(р) Муҳаммад ибни Абубакр буд

Ислоҳ нет

 Оё қотили Усмон(р) Муҳаммад ибни Абубакр буд?

(бахши дувоздаҳум)

1 – Таърихи дақиқи шаҳодати Усмон (раз)

 Аксарият ё ба иттифоқи муаррихон бар  асоси гуфтаҳои бузургоне мисли Абдуллоҳ ибни Амр ибни Усмон (р), Аммор ибни Шураҳбили Шаъбӣ, Нофиъ ғуломи Ибни Умар, Махрама ибни Сулаймон ва дигарон бар ин боваранд, ки ҳазрати Усмон ибни Аффон (раз)дар соли 35 – баъд аз ҳиҷрат шаҳид шуданд.[i] Танҳо ривояти мунфарид ва нодире аз Мусъаб ибни Абдуллоҳ нақл мешавад, ки соли шаҳодати ӯро 36 – баъд аз ҳиҷрат медонад.[ii] Ҳамчунин муаррихон иттифоқи назар доранд, ки моҳи шаҳодати он ҳазрат (р) “ Зилҳаҷҷа» будааст ва танҳо дар рӯз ва соати он ихтилофи назар доранд. Имом Табарӣ бо мутолиаи раъйҳои мухталифи уламо ва муаррихон, муътақид аст, ки  Усмон ибни Аффон (раз)дар ҳаждаҳуми моҳи Зилҳиҷҷа соли 35- баъд аз ҳиҷрат шаҳид шудаанд.[iii] Дар мавриди рӯзе, ки ӯ дар он шаҳид шудаанд, қавли ҷумҳури уламо  бар он аст, ки ӯ дар рӯзи ҷумъа шаҳид шуданд, ҳарчанд, ки дар ин робита ду қавли дигар низ вуҷуд дорад, аммо чандон қавӣ ва мустанад намебошанд.[iv]  Дар робита бо соати шаҳид шудани ӯ низ, ҷумҳури  уламо ва муаррихон бар ин иттифоқи назар доранд, ки ӯ субҳидам ба мақоми шаҳодат  шарафёб гаштанд.[v]

2 – Синну соли Усмон (р) ҳангоми шаҳодат

 Аз қадим муаррихон ва уламо дар синни ҳазрати Усмон ибни Аффон (раз)ҳангоми шаҳодат, дучори ихтилоф шудаанд то онҷо, ки  худи Имом Табарӣ низ эътироф мекунад, ки уламои  пеш аз ӯ низ дар ин масъала ихтилофи назар доштаанд.[vi] Аммо қавли ҷумҳур бар он аст, ки синни ӯ ҳангоми  шаҳодат ҳаштоду ду сол будааст ва  бар ин назар низ ду далил вуҷуд дорад:

А: Бо соли таваллуд ва соли шаҳодати он ҳазрат (р) метавон  ба ин натиҷа расид. Ӯ шаш сол пас аз Омул – фил ба дунё омад ва дар соли  35 – баъд аз ҳиҷрат ба шаҳодат расиданд.

Б: Ин қавл, назари ҷумҳури уламо аст ва ҳеч қавли қавӣ ва мустанадтар аз он вуҷуд надорад.[vii]

3 – Кафан ва дафни Усмон (раз)

Чун Усмон ибни Аффон (раз) ба шаҳодат расид, иддае аз Саҳоба мисли Ҳаким ибни Ҳизом, Ҳувайтиб ибни Абдилъуззо, Абулҷаҳм ибни Ҳузайфа, Янор ибни Мукримӣ Асламӣ, Ҷубайр ибни Мутъим, Зубайр ибни Аввом, Алӣ ибни Абитолиб(разияллоҳу анҳум аҷмаъин)  ва занону фарзандон ва ёрони ӯ монанди Ноила ва Уммулбанин духтари Утба ибни Ҳисайн ва ду писари ӯ иқдом ба ғусл ва кафан ва дафни ӯ намуданд. Дар ин, ки Ҷубайр ибни  Мутъим ё Зубайр ибни Аввом (р) ё Ҳакам ибни Ҳизом ё Марвон ибни Ҳакам ва ё Мисвар ибни Махрама намози ҷанозаи ӯро имоматӣ кард, ихтилофи назар вуҷуд дорад.[viii]

 Аммо ба эътиқоди муаллифи Ал мавсуъатул ҳадисия ва ба истинод ба ривояти Имом Аҳмади Ҳанбал, Зубайр ибни Аввом(раз)  имоматии намози ҷанозаи ҳазрати Усмон (р)- ро ба ҷо овард. Дар ин  ривоят баён шудааст, ки  Зубайр ибни Аввом (р) тибқи васияти худи Усмон ибни Аффон (раз) ҳам бар ӯ намози ҷаноза гузорид ва ҳам ӯро дафн намуд яъне дар қабр гузошт.[ix]  Бино ба ривояти Ибни Саъд ва Заҳабӣ, Усмон (р)-ро шомгоҳ ва дар фосилаи байни мағриб ва хуфтан дафн карданд.[x]

Акнун инҷо мепардозам ба кашфи шубҳаеки ҷаноби Абдуқодир Талбаков онро аз китоби таърихи Табарӣ оварда буданд.Сабаби ин ҳама навиштани мақолаҳои тӯлониҳам ҳамин мақтаъ аст хуб бо диққат бихонед.

 Дар ин ҷо  лозим меояд, ки ба баёни ривояте бипардозем, ки комилан нодуруст ва хилофи воқеият аст. Табаронӣ дар Муъҷами худ аз тариқи Абдулмалик ибни Маҷшун аз қавми Имом Молик(раҳ) нақл мекунад, ки “ Пас аз шаҳодати ҳазрати Усмон (р), ҷасади ӯ ба муддати се шабонарӯз дар миёни хасу хошоке ва ахлотҳои Бани Фулон раҳо шуда буд”.[xi] Инро Табариҳам овардааст,албатта бо изофаҳое дар матни ривоят. Бояд гуфт, ки ҳам санади ин ривоят ботил аст ва ҳам матни он. Санади он ба ду далил ғайри қобили қабул мебошад:

 А:  Эътибори худи Абдулмалик ибни Маҷшун аз назари уламои ҳадис ва риҷолшиносон заиф мебошад ва сиқаҳам нест.

 Б: Ин ривоят мурсал мебошад, зеро Имом Молик таваллудшудаи соли 93 –ҳиҷрӣ мебошад ва бинобар ин имкон надорад, ки  моҷарои қатли Усмон ибни Аффон (раз)–ро дида бошад.[xii]

 Матни он низ комилан нодуруст ва ботил аст. Ибни Ҳазм дар радди ин иддаъои ғалат мегӯяд, ки ҳар кас иддаъо намояд, ки ҷасади Усмон ибни Аффон (раз) се шабонарӯз дар миёни ахлотҳо раҳо шуда буд,  дурӯғи маҳз  ба забон рондааст. Ин суханонро танҳо афроде мегӯянд, ки ҳеҷ шарму ҳаёе аз Худо ва уммат надоранд ва ҳарчӣ дилашон бихоҳад мегӯянд. Магар интавр нест, ки пас аз ҷанги Бадр, Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба Саҳоба (р) дастур дод ,то  ҷасадҳои кофиронро дар чоҳ биандозанд?! Ҳамчунин дар ҷанги яҳудиёни Бани Қурайза амр фармуданд то заминро бикананд ва куштаҳои ононро дар онҷо дафн намоянд. Агар Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҷасадҳои бадтарин ва нопоктарини мардумро дафн мекард, бар мусалмонон низ воҷиб аст, ки ҷасадҳои мурдагони кофир ё мусалмононро дафн намоянд. Ҳоло ин суол матраҳ мешавад, ки чӣ тавр мумкин аст Алӣ ибни Абитолиб (раз)  ва дигар Саҳобагони киром (раз) ҳозир дар Мадина, ки худ комилан пойбанд ба Қуръон ва суннати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буданд ва инро хубҳам медонистанд, ҷасади мардеро се шабонарӯз дар миёни ахлотҳо раҳо карда ва онро дафн накунанд.[xiii] Ба ҳеҷ рӯ наметавон тасаввур намуд, ки он Саҳобае, ки Худованд дар тавсифи  онҳо мефармояд, ки онон дар роҳи дини Парвардигорашон аз маломат ва иҳонати ҳеҷ кас тарсе ба дил  роҳ намедиҳанд, ҷасади роҳбар ва имоми худро се шабонарӯз дар миёни ахлотҳо раҳо карда ва барои кафан ва дафни ӯ ҳеҷ иқдоме наменамоянд. Қудрати шуришиён ва комилан низ ҳар миқдор ки бошад бе шак ба ин тавҳини Амирулмуъминин Усмон ибни Аффон (раз) қодир набуданд .

Инчунин Саҳобаи бузургвор дар баробари  онҳо ҳеҷ ҳаросе ба худ роҳ надодаанд. Дар воқеъ пайи пои ин ривоятҳои ботил ва нодурустро бояд дар миёни рофизиён ҷуст, ки душманияшон бо Саҳоба (р) бар ҳамагон ошкор аст.[xiv]

Ҳангоми навиштан саре задам ба манобеъи шиъаён субҳоналлоҳ суханоне хондам аслан ба ҳеҷ колбуде ва мантиқе намеғунҷанд. Гӯё Алӣ ибни Абутолиб(раз) писаронашро барои ҳимояти Усмон (раз) фиристод ва худашҳам ҳимоят аз ӯ кард.Сабабаш ин будааст,ки мабодо зери туҳмат қарор нагирад дар қатли ӯ.Гоҳо мечаспонанд ин қатлро ба Ойшаи Сиддиқа (раз) ва мехоҳанд ӯро гунаҳгор намоянд.Инҷост,ки фикрҳои мусалмононро дигаргун менамоянд ва дигар шахсони форсӣ хон мисли ҷаноби китобхонадор ва Меҳрубон дурустро аз дурӯғ фарқ ва ташхис намекунанд.Дар ин ҳодисаи таърихӣ аслан ба масодири ташаюъ муроҷеъа накунед,ки хело заҳрогину дурӯғанд.

4-Муҳаммад ибни Абубакр  дар қатли Усмон ибни Аффон (раз) ҳеҷ даст надоштааст

 Ривоятҳо ба равшанӣ  номи қотили Усмон (р)-ро зикр накардаанд, аммо инро зикр кардаанд,ки  бе шак ӯ як марди Мисрӣ ва аз Бани Садус будааст, ки ба хотири сиёҳпуст буданаш ба “Ҷабала” ё “Алмаватуласвад” (марги сиёҳ) мулаққаб буд.Бояд инҷо барои хонандагон зикр намоям,ки чанд муаррих ва муҳақиқон ба ин ақидаанд,ки қотил худи Абдуллоҳ ибни Сабаъи яҳудӣ буд.Зеро танҳо дар таърих Ибн Алсавдо танҳо ӯ маъруф аст ва дар пушти ҳама ин фитнаҳо танҳо ӯ меистод.Инчунин қодир ба ин ҷиноят,ки қатли Амирулмуъминин Усмон (раз) мебошад танҳо ӯст.Агар касе хоҳад аз моҷарои ин масъала бештар огоҳӣ пайдо кунад ва арабиро донад, муроҷеъа кунад ба китоби ривоятҳои Сайф ибни Умар дар таърихи табарӣ таҳқиқи Холид ибни Муҳаммад Алғайс с 128-130.

Инчунин китоби хело муфд дар ин замина “Муҳаммад ибни Абубакри Сиддиқ бариъ фи мақтали Усмон ибни Аффон(раз)”

 Инчунин қавли дигар дар ин масъала Муҳиббудини Хатиб бар ин бовар аст, ки қотили Усмон ибни Аффон (раз) худи Абдуллоҳ ибни Сабаъӣ яҳудӣ буд. Ӯ дар исботи суханони худ баён менамояд, ки ба яқин Абдуллоҳ ибни Сабаъ ҳангоми рафтани корвони эътирозгарони Миср аз Фастот ба Мадина ҳамроҳи онон будааст. Ӯ дар тули  фаъолиятҳои худ талош менамуд, ки ҳеҷ кас кӣ будани ӯро нашиносад. Шояд ҳам ӯ лақаби “ Алмавтул –асвад”-ро бар худ ниҳод, то ба ин ном битавонад бо сурати ношиносе ба ҳадафҳои палид ва дасисаҳои нангини худ даст ёбад.[xv]   Аз тарафи дигар чун Алӣ ибни Абитолиб (р) низ ӯро муаррифӣ мекунад, ки мардро “ сиёҳи хабис”  мехонад[xvi]

 Ба асоси ривоятҳои саҳиҳ низ Муҳаммад ибни Абубакр  дар қатли Усмон ибни Аффон (раз)даст  надоштааст ва қотли ӯ як марди мисритабор буд ва ривоятҳое низ вуҷуд дорад, ки ӯро қотли Усмон ибни Аффон (раз)меноманд, заиф ва ботил мебошанд.[xvii]  Доктор Яҳё Аляҳё далилҳои зерро дар исботи ин иддаъо, ки Муҳаммад ибни Абубакр дар қатли Усмон ибни Аффон (раз)даст надоштааст, баён мекунад:

А: Ҳадафи Оишаи Сиддиқа (р) аз рафтан ба Макка ин буд, ки то қотилони Усмон ибни Аффон (раз)дастгир ва ҷазо дода шаванд ва агар Муҳаммад ибни Абубакр бародари Уммулмуъмини Ойшаи Сиддиқа (раз) ба ҳар тарзе дар қатли Усмон ибни Аффон (раз)даст дошта  буд,  Оиша (р) аз  қатли ӯ, ки дар Миср рух дод, нороҳот намешуд.

Б: Алӣ ибни   Абутолиб (р)  қотилон Усмон ибни Аффон (раз)–ро нафрин кард ва аз онон безорӣ ҷуст. Ҳоло агар Муҳаммад ибни Абубакр (р) ҷузви қотилони Усмон ибни Аффон (раз)буд, Алӣ ибни Абутолиб (р)  ҳаргиз ӯро ба волигии Миср таъйин намекард.

В:  Ибни Асокир аз Муҳаммад ибни Талҳа ибни Мусриф нақл мекунад, ки: аз Кинона ғуломи Сафия бинти Ҳуяй шунидам, ки гуфт: “Ман дар моҷарои қатли Усмон ибни Аффон (раз)шахсан ҳузур доштам. Дар ин ҳангом низ чаҳордаҳ сола будам. Як бор Сафия аз ман пурсид, ки оё Муҳаммад ибни Абубакр дар қатли Усмон ибни Аффон (раз)даст дошт? Ман гуфтам: ҳаргиз ӯ дар қатли Усмон ибни Аффон (раз)даст надошт. Танҳо ба ёд дорам, ки  чун бар Усмон ибни Аффон (раз)ворид шуд, Усмон ибни Аффон (раз)ба ӯ гуфт: “ эй фарзанди бародар! Ин ту нестӣ, ки маро мекушӣ”. Чун Муҳаммад инро бишнид аз онҷо хориҷ шуд ва ҳангоми қатли Усмон ибни Аффон (раз) дар онҷо аслан ҳузур надошт”.[xviii]

 Ҳамчунин Халифа ибни Хаёт ва Табарӣ дар ин ривояте, ки риҷоли он боваринок ҳастанд, аз  Ҳасани Басрӣ, ки худ  муҳосираи  хонаи Усмон ибни Аффон (раз)–ро дида буд,[xix] нақл мекунад, ки чун Муҳаммад ибни Абубакр  риши Усмон ибни Аффон (раз)–ро мегирад ба ӯ мегӯяд: “ ту бо ман ба гунае рафтор  мекунӣ, ки агар падарат ҷои ту буд, ҳаргиз чунин бархурде бо ман надошт”. Чун Муҳаммад инро шунид, хориҷ шуд ва хонаи Усмон (р)-ро тарк кард.[xx]

Дар воқеъ бояд гуфт, ки айбдор кардани Муҳаммад ибни Абубакр дар қатли Усмон (р), монанди айбдор кардани гург дар куштани Юсуф (а) аст, ки бародаронаш ба он ҳайвон ворид карданд. Танҳо далили ин туҳмати нодуруст ин аст, ки Муҳаммад андаке пеш аз қатли Усмон ибни Аффон (раз)бар ӯ дохил шуда буд.[xxi]

Инро низ бояд зикр намоям,ки Муҳаммад ибни Абубакр саҳоба набуданд ва дар қатли Усмон (раз) иштирок надоштааст,инчунин дар ин ҷиноят аслан даст надоштааст.

Шайхулислом (раҳ) мегӯянд: Муҳаммад ибни Абубакр саҳоба набуданд ва ҳеҷ собиқае дар ислом надоранд ва ин чунин фазилати хосеҳам надоштанд.Инчунин на аз ҷумлаи муҳоҷирон маҳсуб буд ва на аз ҷумлаи ансор.Инчунин аз ҷумлаи олимони намоёни даврони худашҳам маҳсуб намеёфтанд.

Ибни Касир баён мекунад, ки чун Усмон ибни Аффон (раз)бо Муҳаммад сухан гуфт, ӯ аз кори худ пушаймон ва аз хонаи Усмон ибни Аффон (раз)хориҷ шуд.[xxii]

Умеддорам ин шубҳаеки миёни баъзе аз мардумони ноогоҳ мунташир ва шоеъ буд огоҳӣ пайдо намудед.Мехоҳам дар мақолаи баъди барои дур кардани шубҳаи баъзе аз муғризон.Мепардозам ба Аммор ибни Ёсар(раз),ки чӣ муъомилае Усмон(раз) бо ӯ дошт ва оё ӯ дар ин қатл даст дошт ва ё на. Инчунин як сайри гузаро дар мавриди Амр ибни Ос (раз),ки ӯ дар ин қатл чӣ иртибот дошт,ки баъзеҳо гуши оламро кар кардаанд.

Бо мо бошед,то дар ин маворидҳам огоҳии комил дошта бошед.

Сарчашмаҳо истифода шуда


[i] . Фитнату мақтали Усмон (1193).

[ii] . Алхулафоур – рошидун с.192.

[iii] . Таърихи Табарӣ (5/435).

[iv] . Таърихи Табарӣ (5/436).

[v] . Таърихи Табарӣ (5/437).       

[vi] . Таърихи Табарӣ (5 / 438).

[vii] . Фитнату мақтали Усмон (р) (1 / 204).

[viii] . Албидоя ванниҳоя (7/ 199).

[ix] . Алмавсуъатул – ҳадисияти, Муснади Имом Аҳмад (1 / 555),

ин ривоят ҳарчанд мунқатиъ мебошад, аммо ровиёни он боэътимоданд.

[x] . Табақоти Ибни Саъд (3 / 77). Таърихул Ислом (аҳдул хулафо) с. 481.

[xi] . Алмуъҷамул – Кабир (1 / 78).

[xii] . Аттаҳзиби Ибни Ҳаҷар (6 / 408).

[xiii]. Алмуфассал (4 / 204).

[xiv]. Ақидату аҳлис – суннати (3/ 1091).

[xv] . Фитнату мақтали Усмон (р) (1 / 207).

[xvi] . Лисонул – мизон (3 / 290).

[xvii] . Фитнату мақтали Усмон (р) (1/ 209).

[xviii] . Марвиёту Абимихнаф фи Таърихи Табарӣ с.243.

[xix] . Марвиёту Абимихнаф фи Таърихи Табарӣ с. 244. Таҳзибул – камол (6/ 97).

[xx] . Марвиёту Абимихнаф фи Таърихи Табарӣ с. 244.

[xxi] . Фитнату мақтали Усмон (р) (1 / 209).

[xxii] . Албидоя ванниҳоя (7/ 193).

Share This Article