ОХИРИН НАСИБА

Ислоҳ нет

Домулломасчоҳӣ мегуфтанд ӯро мардум. Чӣ ном дошт, намедонам. Аз саҳари солеҳон хонааш пур аз одам буд. Муштариёнаш хеле таъриф мекарданд, дамаш сабук аст, овозаш рӯҳнавоз аст, дуоҳояш мустаҷоб аст, гуфта . Кӣ тарсидаву ваҳмида меомад? Кӣ аз нобарории издивоҷу кору бори зиндагиаш меомад?! Киро сиёҳӣ пахш мекарду киро ҷину аҷина мезад?!

 

Ростӣ дар ақли кӯдаконаи ман сабаби ба хонаи домулломасчоҳӣ омадани мардум намеғунҷид. Ҳамин қадар мефаҳмидам, ки бояд биёянду шифо ёбанд. Як ибора дар он хона бисёр талаффуз мешуд. Ҷорӯби бадан. Тасаввури кӯчаки ман бошад ҷорӯберо рӯида дар тани инсон мепиндошту хеле метарсидам ҳам. Муйсафеди нуроние буд, ки чеҳраи сафеду чашму абрӯйи сиёҳу риши барф барин сап-сафеди марғула дошт. Дӯсташ медоштам, чунки ҳар боре бо наберааш бозикунӣ мерафтам қанд медод. Дар он хона ду кампир зиндагӣ мекард, ки якеро очаи бодом мегуфтем. Ин бӣбӣ доим дар киссааш бодом дошт. Дар хонааш халтаҳои пур-пури қурут ҳам буданд, ки моро хурсанд мекард, аммо ҳеҷ гоҳ очаи қурут намегуфтем, қаҳраш меомад. Гӯшти мағозаро намехӯрданд, ҳаром аст мегуфтанд ва аз қассобхона меоварданд.

 

Як бор аз духтари домулло пурсидам, ки чаро гӯшти мағозаро ҳаром мегӯянд? Гуфт : “ Чорворо бо қувваи барқ куштаанд, бе бисмиллоҳ куштаанд” , Боз пурсидам, ки магар гов мефаҳмад бисмиллоҳро, ё гӯсфанде, ки кушта мешавад? Гуфт: “Худо мефаҳмад, ки бо номи Ӯ забҳ карда истодаанд.” Ман ҳаромро чизи чиркин ва ҳалолро тоза мефаҳмидам, аммо ин фаҳмишам ҳам дуруст набудааст. Духтари домулло гуфта буд,ки ҳар қадаре тоза ҳам бошанд, нӯшокиҳои спиртдор ҳароманд, аммо рӯдаи гӯсфандро аз чиркиниҳои дохилаш пок карда, ҳасиб мепазем, ҳалол аст. Болохонаи хеле аҷиб сохташудаи қадима дошт ҳавлиашон. Ман бо набераҳои домулло руст-рустшавак мекардаму ҳамон ҷо мебаромадам. Токчаҳо пур аз китобҳои ҳаҷман калону хушбӯй буданд. Вақто аз болохона мефаромадам, бозӣ кайҳо тамом шуда, бачаҳо хонабахона шуда буданд. Болохонаи домулло ҷозиба дошт, ки одамро фурӯ мебурд.

 

Як бор дуздӣ кардам, ё аниқтараш ду бор дуздӣ кардам. Ду китоби якхелаи муқовааш сабз, ки “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ном дошт, аз хонаи домулло рабудам. Ҳардуро бардошта наметавонистам, барои ҳамин ду бор дуздӣ шуд. Чаро маҳз ин китобҳоро рабудам? Чунки ҳарфҳояш бароям шинос буданд. Дигар китобҳоро хонда наметавонистам. Як рӯз домулло ба ману наберааш боз канд дода истода , табассум кард. Аз чи бошад, ки изо кашида , чашмамро гурезонидам, аммо бо мулоиматӣ пурсид : “Чаро ин вақтҳо кам меомадагӣ шудӣ?” , Гуфтам:“Ман дар хона китоб мехонам” , Хандиду боз гуфт: “Эҳтиёт карда хону боз ба ҷояш гузор.”, Медонистааст, аммо чизе нагуфт. Баъзан ягон лаҳза муштариёнаш нашуда монанд, ба хонаи мо меомад, бо бобоям дурудароз сӯҳбат меорост, адабиётро таку рӯ мекарданд. Дами фароғат мебурд, ё бурданӣ мешуд, ки боз касе пурсида меомад. Моҳи рамазон қабл аз ифтор косаҳоро гирифта нишоллохарӣ мерафтем ва бо ҳамон косаи пур аз ширинии сафеду хушбӯй ба хонаи домулло ҷамъ мешудем. Интизор мешудем, ки кай азон мегӯяд. Барвақттар рафта монам, аз нишоллои коса бо ангушт кам-кам хӯрда меистодам. Як рӯз духтари домулло сарашро ҷунбонида, ҳай-ҳай-ҳай, айба намедонӣ магар , ки пеш аз азон гуфтан хӯрда истодаӣ – гуфт. Ҳайрон шудам, ки магар нишоллоро бояд баъди азон хӯрам?!

 

Домулло доимо дар як ҷойи муайян истода, ҳар рӯз ба як тарафи ҳавлиаш нигоҳ карда, дастонашро ба пушти гӯшаш бурда, баланд-баланд мегуфт: “Аллоҳ акбар! Аллоҳ акбар! “ Давомашро ҳанӯз нашунида, тир барин ҷаҳида медавидем ва то хонаамон тамоми кӯчаро ба сарамон бардошта фарёд мекардем, ки азон гуфта шуд. Чанги кӯча низ ҳамаро фаро мегирифт аз даво-дави мо.

 

Кӯчаҳои баччагиям файзе доштанд. Аз китобдуздиам ягон ду-се моҳ гузашта буд, ки домулло бемор шуд. Ҳанӯз китобҳоро бурда надода будам ва нияти бурданам ҳам набуд, модар бошад , ба хонаи домулло рафтанамро манъ кард. Гуфт, ки бемор асту даву този ту ба гӯшаш намефорад.

 

Охирҳои тирамоҳ кам-кам саҳаргоҳон бӯйи барф меомадагӣ шуд. Модар тамоми тобистон қариб ҳар рӯзи истироҳаташ мураббо пухта буд. Духтари домулло омад ба хонаамон ва пурсид : “ Мураббои анҷирин ҳам пухта будед? Анҷираш бутун-бутун бошад . Падарам беист анҷир мепурсад, ки аз ягон ҷой пайдо накардем. Дар бозор ҳам нест. “ Афсӯс ки дар хонаи мо ҳам набудааст . Каме ҳарду сӯҳбат карданд, маълум шуд, ки домулло об менӯшаду об кайъ мекунад, дигар чизе ба даҳон намебарад ва ҳолаш беҳад вазнин аст. Касеро намешиносад, чизе намегӯяд, ба ҷуз як калима – Анҷир. Лабони хушкидаашро базӯр ҷунбонида садояш нимшунаво баромада, аммо чӣ гуфтанаш маълум , анҷир мехоҳад. Анҷир бошад , аз ягон ҷой пайдо намешавад, зимистон аст охир.

 

Овозаи анҷир хостани домулло то ноҳияи Айнӣ меравад. Мардуми он ҷо ҳамон давраҳо низ ҳамел карда, хушк мекардаанд анҷирро. Касе ёфта меорад, андак фурсат дар об тар карда мемонанд, то хӯрданаш осон шавад. Баъд писари калониаш анҷири нарму тару тозашударо бо ангуштонаш майда-майда карда ба даҳони падар мегузорад. Гӯё лабонаш ҷон мегиранду забонаш беҳтарин таъми дунёро эҳсос мекунанд, ки падар анҷирпораҳоро ҳарисона фурӯ мебарад. Аҷибаш ин, ки кайъ намекунад . Сонӣ камтараке нимтабассум мекунаду хотирҷамъ барин чашмашро мепӯшад. Дигар намекушояд. Насибаи охирини домулло ҳамин анҷир монда будааст. Дар ин дунё касе ризқи касеро намехӯраду умри касеро намерабояд. Рӯзиамон қабл аз омаданамон муайян буд..

Share This Article