Охирин хутба ва шаҳодат

Ислоҳ нет

Охирин хутбаи Усмон ибни Аффон (р) ва ҷузъиёти шаҳодаташ

 (бахши ёздаҳум)

Пас аз гузашти чанд ҳафта аз оғози муҳосираи хонаи Усмон (р), рўзе Усмон ибни Аффон (раз)мардумро фаро хонд то бо онҳо сухане бигўяд. Ҳамаи мардум аз шуришиён ва сокинони шаҳр гирди ў ҷамъ шуданд то сухани ўро бишунаванд. Дар пешопеши онон низ бузургоне мисли Алӣ (р), Талҳа (р) ва Зубайр (р) ҳузур доштанд. Сипас Усмон ибни Аффон (раз) хитоб бар онон чунин гуфт: “ эй мардум! бидонед, ки Худованд дунё ва неъматҳои онро ба шумо ато фармуд то ба он  охирататонро обод кунед, ҳушёр бошед то ба он дил набандед, зеро, ки дунё фанопазир аст ва охират ҷовидон. Пас   ин дунёи фонӣ шуморо ба гуноҳ накашад ва шуморо аз охирататон ғофил накунад. Охирати ҷовидонаро бар ин дунёи фанопазир бартарӣ диҳед, ки дунё аз миён меравад ва ҳамаи шумо назди Парвардигоратон боз мегардед. Аз Худованд битарсед ва бидонед, ки тақвои Ў сипаре аст дар баробари хашм ва азоби Ў. Ваҳдататонро ҳифз кунед ва аз тафриқа бипарҳезед, ки  Худованд мефармояд.

 Сухани Худо:

«Ва ҳамагон даст дар ресмони Худо (дини Худо) занед ва пароканда машавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки душмани якдигар будед ва Ў дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ў бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, то ки ҳидоят ёбед».

   (Сураи Оли Имрон, ояти 103).

 Онгоҳ хитоб ба мардум чунин идома дод: эй мардуми Мадина! Ман шуморо ба Худованд месупорам ва аз Ў талаб мекунам, ки баъд аз ман халифаи сазовореро бар шумо  гузорад. Ман аз имрўз дигар назди хеҷ як аз шумо нахоҳам омад ва мунтазири фаро расидани тақдир ва сарнавишти худ хоҳам монд. Бидонед, ки ман ин шуришчиёнро пушти дари хонаам ба ҳоли худашон раҳо мекунам ва ба ҳеҷ як  аз хостаҳои номашруъи онҳо тан намедиҳам  то онҳо дар зарба задан ба дин ва дунёятон ба кор набаранд ва дар интизори сарнавиште мемонам, ки Худованд барои ман муқадар намудааст”. Онгоҳ мардум ба манзилҳои худ баргаштанд ва танҳо ҷавононе мисли Ҳасан ибни Алӣ (р), Муҳаммад ибни Талҳа (р)  ва Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) ба амри падаронашон бар дари хонаи ў монданд. Оҳиста оҳиста мардум бисёре аз манзили Усмон ибни Аффон (раз) боз гаштанд ва бар дари хонаи  ў ҷамъ шуданд, то аз ў дар баробари  таҷовузгарон дифоъ кунанд.[i]

 Шаҳодати Усмон ибни Аффон (раз)

 Илова бар ҳаракати  сипоҳиёни мухталиф аз гушаву канори сарзаминҳои исломӣ ба самти Мадина, бо поён ёфтани маносики ҳаҷ, эҳтимоли равона шудани ҳоҷиҳо аз ҷониби Мадина низ қувват гирифт.      Хоссатан бузургоне мисли Ибни Аббос (р) ва Оиша (р) ва дигар Саҳоба (р) мардумро аз ташаннуҷи авзоъи Мадина огоҳ карда ва ононро ба рафтан ба ҷониби Мадина тарғиб менамуданд. Дар ин шароит шаётин ва раисони фитна танҳо роҳи наҷоти худро қатли халифа медонистанд, зеро  бо марги халифа мусалмонон ба ин  қазия саргарм шуда ва аз даргир шудан бо  раисони фитна ғофил мегаштанд.[ii]

1-    Охирин рўзи муҳосираи хонаи Усмон ибни Аффон (раз)

 Дар шаби охирин рўзи муҳосираи хонааш, Усмон ибни Аффон (раз) дар хоб Расули Худо (с)-ро ҳамроҳи Абубакр (р) ва Умар (р)  мебинад, ки ба ӯ мефармоянд то  назди онон ифтор кунад. Чун Усмон ибни Аффон (раз)қазияро барои атрофиён нақл намуд ба онҳо гуфт, ки ў боварӣ дорад, ки марги ў бисёр наздик мебошад[iii]ва ба ҳамин далил имрӯзро рўза гирифта то пас аз марг назди Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ифтор намояд ва ҳаминтавр низ шуд ва ў ҳамон рӯз ба шаҳодат расид.[iv]

2-    Моҷарои қатл

Дар рўзи охирин муҳосираи хонаи Усмон ибни Аффон (раз)шуришчиён тасмим гирифтанд ба хонаи Усмон ибни Аффон (раз)ҳуҷум кунанд ва халифаро бикушанд, аммо ҷавоне мисли Ҳасан ибни Алӣ (р), Абдуллоҳ ибни Зубайр (р), Муҳаммад ибни Талҳа (р), Марвон ибни Ҳакам (р), Саъид ибни Ос (р) ва чанд тан аз фарзандони Саҳоба (р) дар муқобили онон истодагарӣ карданд. Усмон ибни Аффон (раз)чун ин саҳнаи набардро дид, онҳоро фаро хонд  ва ба онон гуфт, ки ҳеҷ кас набояд худро вазифадор ба дифоъ аз ман бидонад ва ҷони худро ба хатар андозад. Ў ҳатто аз истодагирии ғуломони худ дар баробари шуришчиён пешгирӣ кард ва ононро аз даргир шудан ба эътирозчиён манъ намуд.[v]

 Дар воқеъ Усмон ибни Аффон (раз) медонист, ки ӯ дар ин моҷаро кушта хоҳад шуд  ва ба ҳамин далил намехост, ки ба хотири дифоъ аз ў касе кушта шавад ва дар ин миён фитнаи дигаре барпо шавад.[vi]

 Дар рўзҳои охири муҳосираи хонаи Усмон ибни Аффон (раз) низ Муғайра ибни Ахнас ҳамроҳи иддаи дигар пас аз анҷоми маносики ҳаҷ  худро зуд ба Мадина расонанд  то аз халифа дифоъ кунанд. Пас аз расидан ва бо шуришчиён даргир шуд ва дигар мусалмононро ба муқовимат дар баробари шуришчиён тарғиб менамуд ва ба онон мегуфт: “ мо, ки имрўз қудрат ва тавони дифоъ аз халифаи мусалмононро дорем агар дар ин ҳаракат кутоҳӣ намоем, фардо ва дар додгоҳи адли Илоҳӣ ҳеҷ узр ва баҳонае аз ҷониби мо пазируфта намешавад. Чун шуришиён диданд, ки бо вуҷуди муқовимати дифоъкунандагони халифа қудрати даромадан ба даруни хонаро надоранд, қасди оташ задани дарро карданд, ки боз ҳам бо ҳамлаи дифоъкунандагон аз ин кор худдорӣ карданд. Дар он рўз ҳамаи дифоъкунандагон бо шуҷоати комил ва имони холисона ба дифоъ аз халифа пардохтанд ва тавонистанд ҳамлаҳои парокандаи шуморе аз шуришиёнро дафъ кунанд. Аммо Усмон ибни Аффон (раз)бо дидани ин вазъияти хатарнок ба онҳо дастур медиҳад то аз ҷанг даст бардоранд ва онҷоро тарк намоянд. Онгоҳ ба намоз меистод ва сураи мубораки Тоҳоро то ба охир тиловат мекунад.

Дар он рўзи сарнавиштсоз чаҳор нафар аз ҷавонони Қурайш, ки иборат буданд аз Ҳасан ибни Алӣ (р), Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) Муҳаммад ибни Ҳотиб ва Марвон ибни Ҳакам дар тули набард маҷруҳ мешаванд[vii]  ва далермардоне низ ба шаҳодат расиданд, ки онҳо иборат аз Муғайра ибни Ахнас, Ниёр ибни Абдуллоҳи Асламӣ ва Зиёди Фиҳрӣ.[viii]

 Чун Усмон ибни Аффон (раз)тавонист мудофиони худро қонеъ кунад, ки бояд маъракаро (ҷангро) тарк кунанд ва аз хона ба берун раванд.  Онгоҳ дарро ба рўйи эътирозгарон боз кард ва худ ва аҳли байташро бе муҳофиз ва нигаҳбон дар маърази хатари шуришиён қарор дод.[ix]

Пас аз рафтани мудофион, Усмон ибни Аффон (раз)ба даруни хонаи худ бозгашт,  мусҳафи худро кушод ва ба тиловати он пардохт. Дар ин ҳангом марде бар ў дохил шуд ва чун Усмон ибни Аффон (раз)ўро дид ба ў гуфт: “ Миёни ману ту Қуръон қарор дорад”. Он мард бо шунидани ин сухан хонаро тарк кард. Пас аз ў марде аз Бани Садус, ки ба “ Алмавтуласвад” машҳур буд, бар Усмон ибни Аффон (раз)ворид шуд ва ба ў ҳамла кард. Ў аввал  кушиш кард то Усмон (р)-ро хафа(бо ресмон буғӣ) кунад, онгоҳ шамшерашро аз ғилоф кашид ва бар пайкари Усмон ибни Аффон (раз)фуруд овард. Усмон ибни Аффон (раз)бо дасти росташ саъй намуд то пеши зарбаи шамшерро бигирад ва ба ҳамин далил дасташ бурида шуд. Ў ба он мард гуфт, ки: “ ба Худованд савганд, ин даст аввалин дасте буд, ки оёти Қуръонро назди Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) навишт.”[x] Усмон ибни Аффон (раз) аввалин котиби Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)буд, ки ба навиштани оёти Қуръон пардохт ва ҳоло ҳам дар баробари мусҳафи Қуръон ба шаҳодат мерасид. Чун  хуни он даст бар саҳифаи мусҳаф пошид, қатраҳои он бар ин ояти шарифа нақбаст:

 Сухани Худо:

«Агар ба он чӣ шумо имон овардаед, онҳо низ имон биёваранд, ҳидоят ёфтаанд. Аммо агар рўй бартофтанд, пас бо ту сари хилоф доранд ва дар баробари онҳо Худо туро кофист, ки Ў шунаво ва доност!».

   (Сураи Бақара, ояти 137)

Дар ривояти дигаре омадааст, ки аввал марди бо номи Равмони Ямонӣ ўро бо чуб  зад ва чун гурўҳи қотилон бар Усмон ибни Аффон (раз)ворид шуданд Усмон ибни Аффон (раз)барои он мард ин байтҳоро мехонд:

            Ба яқин ҳеҷ фарди қудратманде наметавонад аз чанголи марг раҳо ёбад,

            Ҳамонтавр, ки қавми Од (бо он қудрат ва ҳайбат) хеҷ гурезгоҳеро наёфтанд,

           То дар паноҳи он аз шарри марг наҷот ёбанд.

           Агар мардум худро дар қалъаҳои баланд ва мустаҳкам пинҳон намоянд,

    Боз марг аз он деворҳое, ки ба мисли куҳҳои баланд ҳастанд, мегузарад ва ба ҷони он мардум даст меёбад.[xi]

Чун қотилон пайкари нимаҷони Усмон ибни Аффон (р)-ро  иҳота карданд, ҳамсараш Нойла духтари Фарофиса ба онон фарёд зад, ки шумо мардеро мекушед, ки нимаҳои шаб тамоми Қуръонро дар як ракъат намоз тиловат мекард.[xii] Онгоҳ худро бар ҷисм шавҳари худ андохт то аз ў дифоъ кунад, аммо Савдон ибни Ҳимрони Сакунӣ дониста шамшерро бар он зани бе дифоъ фуруд овард ва ангуштони дасташро бурид.[xiii] Нуҷайҳ аз ғуломони Усмон ибни Аффон (раз)бо дидани ин вазъ, зуд худро ба Савдон расонид ва бо як зарбаи муҳкам он иблисро ба ҳалокат расонид. Қутайра ибни Фулони Сакунӣ аз қотилони ҳозир дар он саҳна ба дифоъ аз Савдон шитофт ва Нуҷайҳро ба шаҳодат расонд. Онгоҳ Субайҳ ғуломи дигар Усмон ибни Аффон (раз)шамшере бардошт ва Қутайра он хабиси нобакорро кушт.

Чун Усмон ибни Аффон (раз)ба шаҳодат расид, қотилон фарёд мезаданд: Ҳоло, ки хуни ў бар мо ҳалол аст, пас амволи ўро низ бар худ ҳалол медонем. Ба ин тартиб он қотилони шуришчӣ, даст ба ғорат ва тороҷи амволи хонаи Усмон ибни Аффон (раз)  заданд ва ҳама чиз ҳатто либосҳо ҷавоҳиролоти занонро низ ғорат карданд. Гуянд марде ба номи Гулсуми Таҷиби ба Ноила ҳамсари Усмон ибни Аффон (раз)ҳамла кард ва чун ўро аз тан дароварданд сухани зишт ва дағалеро ба ў гуфт, ки аз он нафси ҳавасрон ва лаҷомгусехтаи ў  сарчашма мегирифт. Субайҳ ғоломи Усмон ибни Аффон (раз)бо дидани ин саҳна худро бо Ноила расонид ва дар дифоъ аз он зан Кулсуми нопокро ба қатл расонд[xiv]

Аз он тараф яке дигар аз Сабаъиҳо, чун ғоратгарон амволи хонаи Усмон (р)- ро  ғорат карданд, фарёд зад: Ҳоло навбати гирифтани саҳми  худ аз байтулмол аст, пас пеш аз ин, ки дигарон ба он даст ёбанд, ба онҷо равед ва ҳамаи амволи онро ба даст оваред. Нигаҳбонони байтулмол низ, ки доду фарёди он саркашонро шуниданд, гуфтанд, ки ин мардумон ҷуз моли дунё ба чизи дигаре намеандешанд, пас ҷони худро  бардоред ва худро аз дасти ин хунхорон наҷот диҳед. Сабаъиёни дунёпараст чун ба байтулмол расиданд, диданд, ки  танҳо ду ҷуволи хўрока  дар онҷо вуҷуд дорад, аммо  боз аз ончиро, ки дар онҷо буд, ғорат карданд.[xv]

Ба ин тартиб Сабаъиёни мунҳариф ва гумроҳ ба ҳадафи шуми худ, ки ҳамоно куштани Амиримўъминон буд, даст ёфтанд. Дигар ҳамроҳони онон, ки чунин фарҷомеро тасаввур намекарданд ва гумон намебурданд, ки олоти дасти он саркашони хунрез қарор бигиранд, қатли Усмон ибни Аффон (раз)– ро  маҳкум карданд ва худро аз ин моҷаро мубарро  донистанд. Қазияи ин афрод айнан  моҷарои гусолапарастони қавми Мусо (а)- ро ба хотир меорад, ки нодониста  фиреби гумроҳони қавми қарор гирифтанд ва чун ҳақиқатро донистанд, изҳори тавба ва надомат мекарданд:

 Сухани Худо:

«Қавми Мўсо баъд аз ў аз зеварҳояшон шакли гўсолае сохтанд, ки бонг зад (садои гов дошт). Оё намебинанд, ки он гўсола бо онҳо сухан намегўяд ва онҳоро ба ҳеҷ роҳе ҳидоят намекунад?» Онро ба худоӣ гирифтанд ва бар худ ситам карданд. Ва чун аз он кор пушаймон шуданд ва диданд, ки дар гумроҳӣ афтодаанд, гуфтаанд: «Агар Парвардигорамон ба мо раҳм накунад ва моро наёмурзад, дар зумраи зиёнкардагон хоҳем буд».

     (Сураи Аъроф ояти, 148-149).[xvi]

Бо марги  Усмон ибни Аффон (раз) халифаи мусалмонон фазои Мадинаро  пур аз  ғаму андуҳ намуд ва ҳар фарди ҳақталаберо ночор кард, то  сар дар гиребони хеш барад ва  бар ҳоли ин халифаи барҳақ гуруҳаки гумроҳи Сабаъиҳо умури шаҳрро дар даст  гирифтанд ва яке аз шайтонҳои худ бо номи  Ғофиқӣ ибни Ҳарби Уккиро амири шаҳри  Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мадинаи мунаввара карданд. Дар ин миён Абдуллоҳи ибни Сабаъ раҳбар ва сарсилсилаи ин ҳаракати нопок аз даст ёфтан ба ин муваффақияти бузург бисёр шодмон буд ва  худро ба ҳадафҳои шайтонӣ ва аҳримании худ наздиктар медид.[xvii]

 Бузургони Саҳоба низ бо шунидани хабари шаҳид шудани Усмон ибни Аффон (раз) ин  иқдомро маҳкум мекарданд ва Усмон (р)- ро аз тамомии он туҳматҳо пок медонистанд. Мехоҳам инҷо гуфтаҳои чанд нафар аз бузургони Саҳоба (р) дар ин робитаро зикр кунам

А: Зубайр ибни Аввом (р): Ў бо шунидани хабари шаҳодати  Усмон ибни Аффон (раз)ғамгин шуд ва  чунин гуфт: “ Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Худованд, Усмон ибни Аффон (раз)–ро қарини раҳмати хеш созад”. Чун ба ў гуфтанд, ки эътирозгарон аз саранҷоми ин кор нороҳат ҳастанд ва пушаймон шудаанд, гуфт: онҳо дар тули ин муддат ҳамеша машғули нақша кашидан ва фитна намудан бар зидди Усмон ибни Аффон (раз)буданд, аммо саранҷоми онҳо ҳамин оят шуд

 Сухани Худо:

«Миёни онҳо ва он орзу, ки доранд (ки пазириши имони онҳо ва наҷот аз азоб аст), ҷудоӣ афтод. Ҳамчунон ки бо дигарон,  ки чунин меандешиданд ва сахт дар шубҳа буданд, низ чунин шуд. ҳаройна, онҳо сахт дар шубҳа буданд (ва зиндагиро пайваста бо гумони ботил ба сар бурданд)».

      (Сураи  Сабаъ, ояти 54).

Б:  Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р): Ў низ бо шунидани хабари шаҳодати Усмон ибни Аффон (раз)ғамгин шуда ва чунин гуфт: “ Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Худованд, Усмон ибни Аффон (раз)–ро қарини раҳмати хеш қарор диҳад”. Чун ба ў гуфтанд, ки эътирозгарон аз кори худ пушаймон шудаанд, гуфт: “ Худованд ононро ҳалок кунад”. Сипас ин оятро тиловат намуд:

 Сухани Худо:

«Инҳо интизории як бонги даҳшатнок мебаранд, то ба он ҳангом ки саргарми ситеза ҳастанд, фурў гирадашон, он чунон ки ёрои васияте надошта бошанд ва натавонанд назди касони хеш бозгарданд».

  (Сураи Ёсин оятҳои, 49 -50)

В: Алӣ ибни Абӯтолиб (р): Ў низ чун дигарон бо шунидани хабари шаҳодати Усмон ибни Аффон (раз)андуҳгин шуда ва чунин гуфт “ Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Худованд, Усмон ибни Аффон (раз)–ро қарини раҳмати хеш созад. Чун шунид, ки эътирогарон аз ин ҳаракати худ пушаймон шудаанд, гуфт: “ Масали онон,  масали  ин ояти Қуръон аст, ки:

Сухани Худо:

«Монанди шайтон, ки ба одамӣ гуфт: «Кофир шав!» Чун кофир шуд, гуфт: «ҳаройна, ман аз ту безорам. Албатта, ман аз Худо он Парвардигори ҷаҳониён метарсам!» Саранҷомашон он шуд, ки ҳарду ба оташ афтанд ва ҷовидона дар он бошанд. Ин аст ҷазои ситамкорон!»

   (Сураи Ҳашр оятҳои 16 -17).

 Г: Саъд ибни Аби Ваққос (р): Ў низ чун дигар  мусалмонон бо шунидани хабари шаҳодати Усмон ибни Аффон (раз)андуҳгин шуд ва  аз Худованд хост, то ўро қарини раҳмати хеш қарор диҳад. Онгоҳ ин ояти Қуръонро тиловат намуд:

 Сухани Худо:

Бигў: «Оё шуморо огоҳ кунем, ки кирдори чӣ касоне беш аз ҳама ба зиёнашон буд? Онҳое, ки кўшиданашон дар зиндагии дунё табоҳ шуд ва мепиндоштанд, коре некў мекунанд. Онон ба оёти Парвардигорашон ва ба мулоқот бо Ў имон наёварданд, пас аъмолашон ночиз шуд ва Мо дар рўзи қиёмат барояшон вазне қоил нестем. Ҳамчунин ҷазои онон ба сабаби куфрашон ва низ ба он сабаб, ки оёту паёмбарони Маро масхара мекарданд, ҷаҳаннам аст»

     (Сураи Каҳф оятҳои, 103 -106)

 Сипас даст ба дуъо бардошт ва аз Худованд дархост намуд, то қотилони Усмон ибни Аффон (раз)–ро хору залил кунад ва  интиқоми хуни ба ноҳақ рехташудаи Усмон (р)-ро аз онон бигирад.[xviii] Гӯянд Саъд мустаҷобуддаъва буд ва чун ў дуъо бинмуд, Худованд онро иҷобат  мекард. Худованд низ ба ҳақ интиқоми хуни он халифаи мазлумро аз қотилони ў ба тарзҳои мухталиф гирифт ва ҳама бо ҳар василаҳои гуногӯн кушта шуданд. Ба унвони намуна Абдуллоҳ ибни Сабаъ, Ғофиқӣ ибни Ҳарб,  Молики Аштар, Ҳаким ибни Ҷабала ва Кинонаи Таҷиби баъдҳо ҳар як ба гӯнаҳои мухталифи фаҷеъ ба қатл расиданд.[xix]

Идома дорад дар мақолаи баъдӣ пас аз шаҳодат расидан чӣ гузашт? Чӣ гӯна ҷаноза карда шуд, ҳама ончӣ пас аз шаҳодат сурат гирифта аст онро мавриди баррасӣ қарор медиҳам,бо мо бошед.

Сарчашмаҳои истифодашуда:


[i] . Таърихи Табарӣ (5 / 400).

[ii] . Таърихи Табарӣ (5 / 402).

[iii] . Табақоти Ибни Саъд (3 / 75). Фитану мақтали Усмон (р) (1/ 172).

[iv]. Табақоти Ибни Саъд ( 3/ 75).

[v]. Аддавлутул – исломияти фи асрил – хулафоир – рошидин, с. 282. Албидоя Ванниҳоя (7 / 190).

[vi] . Аддавлутул – исломияти фи асрил – хулафоир – рошидин, с. 283.

[vii] . Фитнату мақтали Усмон (р) (1/169). Таърихи Табарӣ (5/ 404).

[viii] . Алхулафоур – рошидун, с. 184. Албидоя ванниҳоя, (7 /196).

[ix]. Фитнату мақтали Усмон (р) (1/188).

[x]. Таърихи Ибни Хаёт, с.174. Санади  ин хабар саҳиҳ ва бино ба қавле низ ҳасан аст.

[xi] . Албидоя ванниҳоя (7 / 192).

[xii] . Табақоти Ибни Саъд (3/ 76). Фитнату мақтали Усмон (р)  ( 1/ 191).

[xiii]. Таърихи Табарӣ (5/ 406).

[xiv]. Таърихи Табарӣ (5/407).

[xv]. Таърихи Табарӣ (5/407).

[xvi]. Албидоя ванниҳоя (7/197-198).

[xvii]. Алхулафоур – рошидун с.190. Албидоя ванниҳоя (7/197).

[xviii] . Таърихи Табарӣ (5/407). Албидоя ванниҳоя (7/189).

[xix] . Алхулафоур – рошидун с. 192.

Share This Article